Сайидои Насафӣ

Муаллиф: Сайидои Насафӣ

Аз шикоят дил намесозад зи мо андешае,
Ошнои мо бувад ёри маломатпешае.
Подшоҳе, к-ӯ намегирад зи мулки худ хабар,
Мурдаи шере бувад афтода дур аз бешае.
Пойдорӣ дар сутуни қасри давлат аблаҳист,
Бар набояд ҷуст аз нахле, ки набвад решае.
Бар дуои хайр руҳи рафтагонро шод кун,
Хоксоронро набошад ҷуз гадоӣ пешае.
Медиҳад килкам зи файзи олами боло хабар,
Дар сухан чун хомаи ман нест дурандешае.
Сайидо, чун Кӯҳкан дорам ба ҷон кандан саре,
Кори худро мекунам охир ба пушти тешае.

Дида шуд: 335