Бадӣ гарчи кардан тавон бо касе,
Чу некӣ кунӣ, беҳтар ояд басе.
Ғами он касе хӯрдан ойин бувад,
Ки ӯ дар ғамат низ ғамгин бувад.
Ба сад сол як дуст ояд ба даст,
Ба як рӯз душман тавон кард шаст.
Ба масту ба девона мадиҳед панд,
Махандед бар пиру бар дардманд.
Маяндоз санги гарон аз барат,
Ки чун боз гардад, фитад бар сарат
Ба гетӣ ба ҷуз дасти некӣ мабар,
Ки ояд яке рӯз некӣ ба бар.
Ба гетӣ мазан ҷуз ба некӣ нафас,
Ки ин аст ойини некону бас
Дида шуд: 294