Мавҷ дар саҳро

Муаллиф: Мӯъмин Қаноат

Мавҷро оё ба саҳро дидаӣ?
Шарфаи онро магар бишнидаӣ?
Дидаи уқёнуси беобро,
Мавҷҳои хушки нилитобро?...
Ман чунин баҳри аҷибро дидаам,
Дар сари ҳар мавҷ дил варзидаам.
Буд ин баҳри кабуди беканор
Дар канори Украини номдор.
Мавҷи қулзум, мавҷи гандум буд он,
Ризқи мардум, нони мардум буд он.
Мешиносам, мешиносам бӯи он,
Бӯи ширин, бӯи дерин - бӯи нон.
Ман зи хурдӣ баҳра аз он бурдаам,
Дар Бадахшон аз ҳамин нон хӯрдаам.

Аз достони "МАВҶҲОИ ДНЕПР" (1963 с.)

Дида шуд: 336