Замин (2)

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Замин модархудои мутлақи мо,

Барои кӯдакон шабзиндадор аст.

Ба чашмонаш шикаста хоб гӯӣ,

Ба тифлон қисмати нек интизор аст.

 

Мисоли ошиқони покпаймон

Замин месӯзад андар оташи худ.

Мисоли модарон ошуфтахотир

Зи ишқи духтарони маҳваши худ.

 

Барад фарзандҳои баркамолаш,

Чу бадбахтӣ бар ӯ офат расонад –

Чунон ки тундбоде гар бишӯрад,

Бирезад себи пухта, хом монад.

 

Ба рӯи ӯ яке бори гароне,

Яке чун деҳқону киштманд аст.

Ба рӯи ӯ хилофи хоҳиши ӯ

Садои зарби мис аз зар баланд аст.

 

Замин озор хурда, дард хурда

Зи тирафшонию аз позаданҳо.

Ба зери осмони дуру бемеҳр

Замин танҳост мисли бевазанҳо.

 

Халад дандонаҳои тонк бар ӯ

Чу ашки шер бар ҳалқи ғизоле.

Ба рӯи ӯ бимонад захми ҳар тир

Чу доғе бар рухи соҳибҷамоле.

 

Замин пир аст, лек аз мо ҷавонтар,

Ҷавон асту валекин пир аз мост.

Лагадкӯбаш кунад як нокаси дун,

Замин бечора домангир аз мост.

 

Замин чун боғҷома – мо дарахтем,

Ба рӯяш меваи дил бояд афшонд.

Замин боғи раҳи боди хазон аст,

Ба рӯяш тухмаи гул бояд афшонд.

 

Замин – як ҷуръа оби охирин аст,

Ки бар қадраш расӣ дар ташнагиҳо.

Замин – як охирин нон аст, мардум,

Ки бар қадраш расӣ дар гушнагиҳо.

 

Замин дар зери по аз мо баланд аст,

Ба рӯяш нақши ҳар як пой панд аст.

Макӯбаш бо қадамҳои халалгор,

Замин чун фалсафӣ дар фикр банд аст...

1971

* * *

Бӯалӣ – бихради накӯфарҷом

Рози дилро ба ду забон мегуфт.

В-он ҳакими нишобурӣ – Хайём

Дурри маънӣ ба ду забон месуфт.

 

Шоирон беш дузабон буданд:

Бо забони худу забони халқ,

Бо забони ҳақиқату дили худ

Шеър гуфтанду достони халқ.

 

Лек, афсӯс, дар ҳама айём,

Гарчи мардум закиву ҳушёранд,

Шоири дузабон чи кампайдост,

Шоирони дурӯя бисёранд...

1971

 

* * *

Араб гӯянд Синоро гурӯҳе,

Гурӯҳе форс ё тоҷик донанд.

Гурӯҳе ӯзбакаш гӯянду лекин

Агар сад бор осораш бихонанд,

Нафаҳманду паи тафсири ҳар ҳарф

Ҳама муҳтоҷи некӯ тарҷумонанд.

 

Ҳама даъво кунанд – «Аз миллати мост,

Фалон модар фалон солаш бизода.

Дигар миллат ба дунёи тамаддун

Чу Сино зуфунунеро надода...»

 

Чӣ лозим ин ҳама фарёду даъво?

Чӣ лозим ин ҳама исботу бурҳон?

На аъробӣ, на ӯзбак будааст ӯ,

Фақат будаст инсони ҳамадон.

 

Бухоро пойтахти тоҷикон буд,

Дар он ҷо Бӯалӣ омад ба олам,

Дарӣ буда забонаш, лек омӯхт

Забони ҷумла давру ҷумла одам.

 

Дарӣ буда забонаш, лек буда

Забони ҷон, забони рӯҳи озод.

Забони эҳтиёҷеву ниёзе,

Забони дардҳои одамизод.

 

Забони ҳар нигаҳ, ҳар вазъ, ҳар дам,

Забони ҳар гияҳ, ҳар барг, ҳар гул.

Забони нисбату пайванди аҷсом,

Забони имтизоҷи ҷузв бо кул.

 

Забони дил, забони сактаи дил,

Забони сактаҳои зиндагонӣ.

Аз ин рӯ бо ҳама дарди ҳама халқ

Ба ҳар айём дорад ҳамзабонӣ.

 

Аё даъвогарони асли Сино!

Чӣ лозим ин ҳама ғавғою даъво?

Чу доруҳои ӯ бо ҳар забоне

Табобат мекунад дарди шуморо,

Ба ҳар ҳолат, ба ҳар давру замоне

Кифоят мекунад дарди шуморо...

1971

 

* * *

Ман аз ин қофияпардозиҳо бисёр дилгирам.

Дилам шеъру суруди бетавофутро набипзирад.

Суруде хоҳаму шеъре,

Ки мадду ҷазри дарёи дили моро фаро гирад.

 

Суруде хоҳаму дастон,

Ки мисли нақбканҳо кӯҳ бишкофад.

Ба мисли шоҳибофон шоҳӣ бофад.

Ба мисли селаи мурғон кунад парвоз,

Замину осмонро пур кунад аз хонишу овоз.

Дар ӯ дил муҳтавӣ бошад,

Равон ҳарфи равӣ бошад.

Дар ӯ ҳар зинда монад зиҳаёту шод,

Дар ӯ куҳна навӣ бошад.

 

Суруде хоҳаму дастон,

Ки мисли модарон шабҳо нахобад,

Чунон дастон, ки чун маъданшиносон

Зи хоки хоксориҳои мо кони тило ёбад.

Дарахтонро кунад пайванд ҳамчун боғбони пир,

Чу пири ишқ дилҳоро ба дилҳо роҳ бинмояд.

Аз ӯ ҳам бӯи ашку хун,

Аз ӯ ҳам бӯи дил ояд.

 

Суруде хоҳаму шеъре

Ки он аз дарди мо огоҳ бошад.

На чун афсона тӯлонӣ,

Чу умри шоирон кӯтоҳ бошад.

Ба мо моро шиносонад,

Ба мо моро бифаҳмонад.

Сари моро ба шӯр орад,

Дили моро биларзонад, –

Бигӯяд то кӣ ҳастему чӣ корему чӣ мехоҳем?

Зи дунёи муаммо ё магар мо ҷумла огоҳем?

 

Суруде хоҳаму дастон –

Дар ӯ ҳар як ибора бо ибора,

Ҳар ҳиҷое, бо ҳиҷое,

Нуктае бо нуктае,

Андеша бо андешае

Чу ду ёри қарину ҳамзабон бошанд,

Чу ду ёри ҳамоғӯши зи дунё шодмон бошанд.

Чу медонам, ки пайванди ҳиҷое бо ҳиҷое

Камтар аз пайванди ду ирқу ду миллат нест.

Чу медонам, ки пайванди ҳиҷое бо ҳиҷое

Камтар аз пайванди ду қитъа,

Ду кишвар ё ду давлат нест.

 

Суруде, хоҳаму дастон

(Шумо, эй мутташоирҳо, ҳама хомӯшӣ бигзинед,

Дили танги шумо аз қофия ҳам тангтар бодо!)

Суруде хоҳаму дастон,

Ки дунё ҳамсадою ҳамнаво бошад.

Заминҳову замонҳоро висолу иттисол орад,

Барои ҳар забону миллату ирқу нажоди даҳр

Фаҳмову раво бошад.

1971

Дида шуд: 196