Меситезӣ,
Мегурезӣ,
Менавозӣ,
Мегудозӣ,
Панҷаҳоят мешуморад рӯзҳои рафтаро,
Мекунад ошуфтадилтар шоири ошуфтаро.
Бо парешонбозиҳои кокулони тобдор
Ёдам орӣ аз парешонбозиҳои рӯзгор.
Он чунон фаттону гиро,
Он чунон ларзону печон,
Он чунон зебою шево,
Он чунон ҷамъу парешон,
К-аз фиребоӣ кушоӣ уқдаи рози диламро,
Ёдам орӣ киштаамро, ҳосиламро.
Бо садои қарс-қарси панҷаат
Шохҳои нахли умрам бишканад.
Дил ба рақсу сар ба шӯр ояд маро,
Мурғи илҳомам ба сӯят пар занад.
Даст чун бикшоӣ сӯи осмон,
Бар кафат резанд бас истораҳо.
Аз хурӯши шавқи бозиҳои ту
Баршавад аз синаҳо фаввораҳо,
Чун парастуе ки орад муждаи фасли баҳор,
Доманафшон – болафшон бигзарӣ.
Гоҳ чун африштаи шеъру ҳунар,
Нимпайдо, нимпинҳон бигзарӣ.
Офарин хонанду каф кӯбанд мардум,
Дар ҷаҳон он лаҳза мисли ту касе хушбахт нест.
Лек гоҳо кас намепурсад ба меҳр
Баъди саҳна қисмату ҳоли ту чист.
Дастафшон меравию дилкашол,
Дилкашоли қадрдонию сипос.
...Бо парешонбозиҳои кокулони тобдор
Ёдам орӣ аз парешонбозиҳои рӯзгор.
1971
* * *
Одамизод шири хомхурда,
Мешавад ӯ ба ҳар замон дигар.
Борсанги ҷаҳон ба дӯши ӯст,
Гоҳ қубҳаш зи ҳуснаш авлотар.
Гоҳ аз ишқ тавба мегӯяд,
Бингарӣ, боз ишқ меварзад.
Дар дили хеш мекунад шӯриш,
Дар таҳи хобҷома меларзад.
Дафтари хотироти худро шаб
Мекунад хуб сафҳагардонӣ.
Ёфта сафҳаҳои холиро,
Мекунад дуд аз пушаймонӣ.
Хоҳад ӯ сафҳаҳои дигарро
Ҳеҷ нагзорад он чунон холӣ,
Лек як рӯз бингарад – сафҳа
Боз холист, боз бефоле.
Як ба хуршед бингарад ҳар субҳ,
Як ба маҳтоб бингарад ҳар шом.
Як ба оина бингарад худро,
Як ба чашмони кӯдакон ором.
Гарчи ӯ нест сер аз буда,
Гарчи носерам аст чашмонаш.
Лек розист – ҳар чӣ ӯро нест,
Ҳаст дар орзую виҷдонаш.
Зиндагӣ бо тамоми қолабҳош
Ранг-ранг аст чун пари товус.
... Одамӣ гар гуноҳ кам мекард,
Инчунин буд кай ҷаҳонафрӯз?!
1971
* * *
Қадди одам ба лаҳзаи мурдан
Гашта гӯё зи буда норозӣ,
Боз, гӯянд, қадре меёзад
Дар талошу набарди ҷонбозӣ.
Лаҳзаи разми зиндагию марг
Одамизод бо ҳазор умед
Хешро мешиносад аз дигар,
Мешавад гӯиё зи нав тавлид.
Охирин шуълаҳои ҷонашро
Ҷамъ созад чу шамъи миранда.
То бимирад чу ғолиби майдон,
То бимирад ба номи арзанда.
Дар тапишгоҳи бандагӣ одам
Ҳеҷ гаҳ ҷон намедиҳад осон.
Одамӣ дар дами аҷал ҳатто
Мекунад зидди марг сад исён,
Қадди ӯ боз қадре меёзад,
Дар сари дасти марги рӯҳгудоз.
Ғолибан, қадри ӯ чу қадди ӯ
Мешавад баъди марг афзун боз...
1971
* * *
Ало, шодоб соҳилҳо,
Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз,
Ки рӯзе хушк хоҳад шуд.
Ало, зебои маҳфилҳо,
Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имрӯз,
Ки рӯзе аз шамоли ҳодиса хомӯш хоҳад шуд.
Ало, раҳҷӯи манзилҳо,
Ба қадри раҳкушои аввалин бояд расид имрӯз,
Ки фардои шумо ҳам як замоне дӯш хоҳад шуд.
Шумо имрӯз агар аз толеъу бахту насиби хештан мастед,
Дар оғӯши биҳишти дилбарони гулбадан мастед,
Зи атри гесувону кокулони пуршикан мастед,
Замоне завқатон аз кори дунё пир хоҳад шуд,
Замоне навбати базми муҳаббат дер хоҳад шуд.
Ало, беақлу беғамҳо,
Ки фарқи сурату сират намедонед,
Ба қадри нозҳои ёр мебояд расид имрӯз,
Ба қадри лаҳзаи дидор мебояд расид имрӯз,
Ба қадри соқи симину ба қадри чеҳраи бечин,
Ба қадри ёри гулрухсор мебояд расид имрӯз,
Баҳори ҷилвааш пажмурдаву бенур хоҳад шуд.
Ба пои он ниҳоле, ки нишаста бо нигоре хуш
Даме аз ошиқӣ доред нақди рӯзгоре хуш,
Намедонед, рӯзе шохҳои он
Шуморо чӯби боми гӯр хоҳад шуд!
Ба базме пеши чашмони шумо гар ёр мерақсад,
Ба худ чун мавҷ мепечад, зи сар то пой меларзад,
Агар қадраш намедонед,
Ҳамчун Зӯҳраи раққоса
Рӯзе то фалакҳо дур хоҳад шуд!
Ало, эй соҳибони вақт,
Вақти хеш дарёбед.
Шумо ҳоло ҷавону комрону шодмону зиндаед охир!
Чу рӯзе бар мазори сард мехобед,
Аҷал баҳри шумо фурсат нахоҳад дод,
Ки ҳар нодидаро бинед,
Гули ночидаро чинед,
Ва як дам дар ғами гумкардаҳои хештан гирйед,
Ва як дам он чиро нагрифта будед аз ҷаҳон, гиред.
Шумо эй соҳибони вақт,
Биштобед! Биштобед!
1971
Дида шуд: 202