Ман он рӯдам, ки андар роҳи туғён
На санги раҳ, на соҳил мешиносам.
Ман он дарёи пурошӯбу якрав,
Ки танҳо шеваи дил мешиносам.
Равонам аз миёни тангноҳо,
Чу сайди рамгирифта мегурезам.
Намедонам чӣ дорад интиҳоям,
Валекин худ ба худ ман меситезам.
Гаҳе чун шоири ошуфтаам ман,
Ки аз тангӣ гурезад сӯи паҳно,
Гаҳе чун ошиқи ҳиҷронкашида
Бигирам домани дашту даманҳо.
Равам дар даштҳо, гардам парешон,
Ки худро дар парешонӣ шиносам.
Ба сад шохобае сад пора гардам,
Дили сахти заминро нарм созам.
Ба сӯи дашт ҳар шохобаи ман,
Мисоли панҷаҳои дасти боз аст.
Ба ман муҳтоҷ ҳар як зарраи хок,
Ба ман ҳар ташнаро рӯи ниёз аст.
Ман он рӯдам, ки аз кӯҳи баланде
Ба пастиҳо равам бо ҳукми сармад.
Худамро гум кунам дар дашту саҳро,
Ки аз ман ҳар кӣ боғи тоза ёбад.
Ман он рӯдам, ки оғози ман аз санг,
Вале анҷоми ман гул бошаду гул.
Ман он рӯдам, ки аз он мардуми даҳр
Гузар созанд бо ихлос бепул.
Ман он рӯдам, ки рӯзе соҳили ман
Маро гум мекунад дар роҳи туғён.
Барои ташнагон чун хушк гардам,
Дигар обам наяфзоянд онон.
Дигар бар соҳили ман духтари кӯҳ,
Барои об н-ояд кӯзабарсар.
Набӯсад дар лаби ман аз лаби ёр,
Нагирад танг ёри хеш дар бар.
Ду соҳил – ду лаби хушкидаи ман –
Бинолад: доду фарёд аз ҷудоӣ!
Бимонад оброҳа – санглохе,
Зи ҳар санге савол ояд: куҷоӣ?
Ало, эй чашмаҳои ибтидоям,
Маро он вақт оё мешиносед?
Ало, эй дӯстони қадрдонам,
Маро ҳоло чу дарё мешиносед?
29.5.1968
* * *
Маро дар кӯчаҳои шаҳр бинӣ
Гаҳе сархам, гаҳе шӯридахотир.
Маро гаҳ шӯху гаҳ бадқаҳр бинӣ,
Гаҳе розӣ, гаҳе қаҳрӣ зи тақдир.
Ғами ту куҳна шуд дар синаи ман,
Ғами ту ёдгори хотирам шуд.
Ало, ҳамсуҳбати деринаи ман,
Суханҳоят китоби нодирам шуд.
Ту ҳар боре маро мебинӣ дар роҳ,
Дилат меларзаду мекоҳад, эй гул.
Нигоҳат мерамад аз дур ногоҳ,
Дилат аммо маро мехоҳад, эй гул.
...Ҷавонӣ буду дунёи ҳавасҳо,
Замони ошиқию бедилӣ буд.
Дили мо ҷӯш мезад мисли дарё,
Валекин худсару бесоҳиле буд.
Ба мисли рӯдҳои навбаҳорон
Дили мо якраву гапнодаро буд.
Сари мо масту пурсавдову ҳайрон,
Дили мо дар муҳаббат худнамо буд.
Кунун чун рӯдҳои тирамоҳӣ
Дили мо камхурӯшу саҳмгин аст.
Чӣ тадбире дигар? Хоҳӣ-нахоҳӣ
Аз ин пас зиндагии мо ҳамин аст.
Кунун ноланд соҳилҳои камоб
Ба ёди он ҳама оби гузашта.
Кунун гаҳ-гоҳ мебинем дар хоб,
Ки мо ҳар ду лаби дарё нишаста...
1970
* * *
Шаҳри зебою кӯчаю гулгашт...
Дар ҳамин кӯчаҳои пурғавғо
Ошиқию ҷавониям бигзашт.
Ҳар ғурубе нигори атласпӯш,
Як гул аз боғи хеш меовард.
То дили шаб нишаста пеши ман,
Ба табу тоб дарди дил мекард.
Ноаён мегурехт аз хона,
То ба он ваъдагоҳи ҳаррӯза.
Модари пири бемадораш буд,
Интизораш ба назди дарвоза.
Дошта кокулони маҷнунбед,
Бо адояш маро адо мекард.
Милаашро ба гарданам мебаст,
Аз сари ноз пас раҳо мекард.
Дастҳояш чу ширмоҳӣ буд,
Соқҳои базебу симин дошт.
Абруи сабзу мӯи хурмоӣ,
Хандаҳои банозу ширин дошт.
Ҳар ғуруб офтоб чун мерафт,
Ӯ тулӯи умедҳоям буд.
К-ӯ ба ҳусни расою беҷурмаш,
Гӯиё толеи расоям буд.
Як ғурубе наёмад ӯ дигар,
Гӯиё рафт ҳамраҳи хуршед.
Солҳо интизори ӯ будам
Дар сари чорроҳаи уммед.
Пас шунидам ба ҳукми тақдираш,
Хона кардасту хонаобод аст.
Лек бар ёдгори он айём,
Номи манро ба кӯдакаш додаст.
1970
* * *
Ҳамешорид ҳамчун обшорон.
Висолат бӯстони пургуле буд,
Канорат ҳамчу оғӯши баҳорон.
Даме озод аз ғавғои ҳастӣ
Чу гул андар канори ман бирустӣ.
Бихандидӣ ба бозиҳои қисмат,
Гуноҳи хеш дар борон бишустӣ.
Ва як дам хешро аз қисмати худ
Бидуздидӣ, чу гул бахшидӣ бар ман.
Зи худ рафтию пеши ман расидӣ,
Гули печон шудӣ, печидӣ бар ман.
Ту мегуфтӣ, ки дар ман ёфтӣ боз
Ҳамон дар орзу парвардаатро.
Маро чун ёфтӣ, аз ман биҷустӣ
Ҳамон ишқи ба раҳ гумкардаатро.
Замоне шояд андар орзуҳо
Туро нодида ошиқ будаам ман.
Туро, ё чун туеро ҷуста аз бахт,
Ба ӯ ҳамбахти лоиқ будаам ман.
Кунун мо рӯ ба рӯ гаштем дар роҳ,
Ба ҳам мо ношинос, аммо шиносем.
Ба бахти ногаҳонӣ шубҳа дорем,
Зи ишқи ногаҳонӣ меҳаросем.
Дареғо аз ҷавонии гузашта,
Зи кишти дери мо акнун чӣ ҳосил?
Дили кас гар барои мо насӯзад,
Бисӯзем оқибат дар оташи дил...
Ту дузди қисмати худ будӣ, эй гул,
Ба ман худро бидуздидӣ зи тақдир.
Аз ин як лаҳзаи ширини дуздӣ
На ман серу на ту серу на дил сер.
... Гузашт ин лаҳзаи дуздию дигар
Равад ҳар кас паи бешу ками худ.
Аз ин пас боз бо ҳам ношиносем,
Ту бо дарди худу ман бо ғами худ.
1970
* * *
Рӯи саҳна тарона мехондӣ
Аз ҷавонию орзуи ман.
Гӯӣ бо як назора мехондӣ
Қисматамро зи чашму рӯи ман.
Дар навои басӯзу ғамгинат
Дардҳои ҷавонии ман буд.
Дар садои маҳину ширинат
Талхии зиндагонии ман буд.
Ман туро аз ҳаёт меҷустам,
Аз ҳама роҳҳои дунёӣ.
То бо овози дардноки худ
Зиндагии маро биороӣ.
Тирамоҳ асту барг мерезад,
Пушти саҳна ҳама хазонрез аст.
Аз мани дилшуда чӣ парҳезӣ?
Зиндагонӣ на ҷои парҳез аст.
Ошиқӣ ҳам чу саҳнаи санъат –
Гоҳ бозист, гаҳ фиғону дод.
Он яке ошиқ аст дар нақше,
Дигаре ошиқ аст модарзод.
Ошиқӣ ҳам чу дарди меросӣ
Монда мерос аз ниёгон аст.
Шоирон ҷумла мурдаанд аз ишқ,
Банда аз пайравони эшон аст.
Бо суруду тарона ворид шав
Бар дили ман, ба рӯзгори ман!
Зуд о, зуд, зиндагӣ сипарист,
Тирамоҳ аст, эй баҳори ман!
1970
Дида шуд: 235