Моҳии тилло

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Оби Ому як замон мерехт дар баҳри Хазар,

Як замон аз назди ҳавлии ту мекардам гузар.

Ман ҷавони сода будам,

Бо ту ман дил дода будам.

 

Дер шуд,

Ман аз муҳаббат дер мондам.

Аз дари дарвозаам бахти фиребоям гузаштаст,

То дарамро боз кардам, рафту н-омад бори дигар.

То кунун ман дар лаби дарёи қисмат мунтазир,

Мунтазир бар моҳии тилло чу он сайёди пир...

 

Лек моҳии тило як бор меояд ба шаст,

Оҳ, ман сайёди навомӯз будам.

Ман ба сайди бастапо дилсӯз будам,

Моҳии заррин фитоду чанги зарринам шикаст.

 

Чашми ту чун чашми гулмоҳӣ ба ёдам меравад,

Дасти ту мелағжад аз дастам чу моҳӣ аз кафам.

Ту зи ман рафтӣ ба дарё,

Бе ту мондам ман ба хушкӣ,

Аз ту рафтам, оқибат аз хештан ҳам меравам.

 

Оби Ому як замон мерехт дар баҳри Хазар,

Як замон аз назди ҳавлии ту мекардам гузар...

1970

 

* * *

Бо ту будам як шабе танҳо ба танҳо то саҳар,

Бо ту будам як шабе дар боғи гулҳо то саҳар.

 

Як шабе зуд аз «Ҳазору як шаб» он ҷо рӯз шуд,

Ин дили девона бо васли ту бадомӯз шуд.

 

Мову ту ҳамқисмату ҳамдарди дерин будаем,

Гарчи дур аз ҳамдигар чун Моҳу Парвин будаем.

 

Як шабе моро ғанимат буд аз тақдири мо,

Шикваҳо аз содагиҳо буду аз тақсири мо.

 

Шиква аз носозию ноомади тақдир буд,

Гарчи ин сон шиква аз тақдир моро дер буд.

 

Лек андар зиндагӣ носозгориҳо бувад,

Дар талоши ҳар бароре нобарориҳо бувад.

 

Ошиқони номуносиб ҷуфт мегарданду мо

Дилмувофиқ будаем, аммо зи ҳамдигар ҷудо...

 

Бояд акнун зиндагӣ чанде ба коми мо шавад,

Лаҳзае аз умри ҷовидон ба номи мо шавад.

 

Зиндагиро чун ғуломи ҳалқабаргӯше кунем,

Бахти худ бирбуда аз ӯву ҳамоғӯшӣ кунем.

 

Гарчи дер аст, эй санам, бояст дил бандем мо,

То ба кору бори дунё талхтар хандем мо...

1970

* * *

Туро рӯзе ман аз тақдир медуздам,

Туро рӯзе ман аз ту мерабоям.

 

Ба мисли одамони болдори қиссаву афсонаҳо

Туро дар рӯи боли хештан мегираму парвоз месозам.

 

Барои ту, барои ишқи ту

Бо қисмати худ шӯру исёни дигар оғоз месозам.

 

Зи зиндони таомулҳои аҷдодӣ,

Зи занҷири хурофотӣ,

Зи банди расму одатҳо,

Зи доми фарзу суннатҳо,

Зи ҷамъи ҳилаву буҳтон туро озод хоҳам кард.

 

Аз он савдогарони ҳусн,

Аз он хешони бевиҷдон,

Аз он кӯрони зебоӣ,

Аз он дунёи бесомон

Ба монанди балогардон туро озод хоҳам кард.

Барои ту

Замоне ман ҳам аз ин хонаву дар

Меравам берун.

Ба мисли ҳазрати Одам, ки аз ҷаннат

Барои донаи гандум бурун омад.

 

Барои ту

Зи ҳабси сарнавишти хеш

Рӯзе мегурезам.

Ва он сон к-аз худои Зевс

Прометей рабуд оташ,

Туро медуздам аз қисмат,

Ки рӯҳамро диҳӣ қудрат

Ва шаҳболи умедамро туӣ қувват...

1970

 

* * *

Ишқи аввал – ғӯраи сармозада,

Норасида мефитад аз шохсор.

Реша гар дар об дорад нахли умр,

Боз орад бор дар дигар баҳор,

Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!

 

Ман сафар кардам ба мулки шоирӣ,

Кӯлворам ғайри ту чизе надошт.

Аз тамоми ганҷҳои кӯҳсор

Ғайри ту санги шарархезе надошт.

Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!

 

Мекунӣ дар синаам гаҳ кӯрдуд,

Гоҳ оташ мезанӣ бар пайкарам.

Бохта худро ба бозиҳои ишқ,

Мекунӣ бозӣ ту гоҳе бо сарам,

Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!

 

Аз биёбони пушаймонӣ гаҳе

Сӯи ёри рафта ово мекунӣ,

Гоҳ бо ҳар чӣ насибат шуд зи умр,

Шукр мегӯӣ, муросо мекунӣ.

Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!

 

Зиндагӣ маҷмӯъаи бешу камист,

Ҳар шабе дар осмон маҳтоб нест.

Ҳусн бошад, дӯст медорад касе,

Сар амон бошад, кулаҳ ноёб нест,

Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!

 

Тунд шав дар ин сипеҳри тундрав,

Шоирию ошиқӣ – девонагист.

Ҳар кӣ бикшояд дари бикшодаро

Кори ӯ парвози мурғи хонагист.

Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!

 

Боз мо нӯшем бояд ҷомҳо,

Боз афрӯзем бояд шомҳо.

Бар ҳазорон кӯдаки навзодае

Боз бигзорем бояд номҳо.

Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!

Шӯрида бош!

1970

 

* * *

Даштҳо пурсукуту холиянд,

Рӯдҳо бехурӯшу камобанд.

Монда урён дарахтҳои сабз,

Аз хазон рангзарду нотобанд.

 

Ғаллазорон тиҳӣ шуданд аз файз,

Ҳамчунон хонаҳои баъд аз тӯй:

Ҳар куҷо осиёст, гардон аст,

Мардумон чашмсеру хандонрӯй.

 

Дар сукути муқаддаси саҳро

Базми неъмат, ҳамосаи серист.

Дар хамӯшии форами паяҳо

Достони ҷавонию пирист.

 

Нури хуршед бемадор бувад,

Чун нигоҳи мусофири раҳдур.

Лек дар нимараҳ нахоҳад монд,

Меравад боз, меравад мағрур.

 

Марди деҳқон ба паллаи Мизон

Баркашад хому пухтаи худро.

Дилкушоду кушодадаст шавад

Ҳамчу саҳни кушоди саҳроҳо.

 

Боз як соли умри мо гузарад,

Як баҳори дигар хазон гардад.

Зиндагӣ боз бо раҳи хуршед

Сӯи фардо ҳаме равон гардад.

 

Зиндагию баҳору тирамаҳаш

Наву кӯҳнаст, гирдгардон аст.

Дар фазои ҳаёти ҷовидон

Ёди мо ҳам чу ғози мизон аст.

1970

 

* * *

Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,

Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.

 

Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,

Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме.

 

Боз гултоқӣ бибофам аз гули худрӯи кӯҳ,

Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ.

 

Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам,

Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам.

 

Боз бо ҳамсолҳоям ҷангбозиҳо кунам,

«Қаҳрамон»-и ҷанг бошам, сарфарозиҳо кунам.

 

Ошиқе зорӣ кунад бар ман, чу ояд бовараш,

Хат барам аз ӯву хат орам – ҷавоб аз дилбараш.

 

То таги тори арӯс андар шаби сури висол

Ноаён оям, бибинам чеҳраашро бемалол.

 

Тоҷи тиллоӣ ба рӯи абруи пайвасти ӯ.

Бӯи умри тоза ояд аз ҳинои дасти ӯ.

 

Лек бинам, то магар розист аз тақдири худ,

Розӣ аст аз бахт ё менолад аз тақсири худ.

 

Ё ҳамегиряд зи шодӣ ё ҳамехандад зи ғам,

Ёд карда ошиқи деринаашро бо алам...

 

Боз дар тоқии худ барчош чинам бо мурод,

Хонда бо ҳамсолҳоям ёр-ёру шодбод.

 

То саҳар дар тӯйхона байтхониҳо кунам,

Дар ҳақи навхонадорон байтмониҳо кунам.

 

Ман чӣ мехоҳам, худоё?

Ман дигар кӯдак нахоҳам шуд, дареғо!

 

Лек одам ҳар қадар солору пурармон шавад,

Боз мехоҳад, ки боре кӯдаки нодон шавад...

1970

 

* * *

Нарафт ӯ як қадам берун зи Шероз,

Ҷаҳон аз баҳри ӯ Шероз буда.

Канори оби Рукнобод умре

Варо ҷои ниёзу ноз буда.

 

Басо аз тангии Аллоҳу Акбар

Накӯтар дид паҳнои ҷаҳонро.

Чу сайёҳе ҷаҳонро дарнавашт ӯ

Фақат аз тарфи гулгашти Мусалло.

 

Басо дар оби Рукнобод рӯ шуст,

Ки ёбад обрӯи ҷовидона,

Ки бошад шеър чун ойинаи об,

Чу дарё лаб занад шеъру тарона.

 

Басо биншаст ӯ андар лаби ҷӯ,

Ки нахли шеър бошад реша дар об,

Ки шеъраш доимо тар бошаду сабз

Ба мисли сабзаҳои тарру шодоб.

 

Басо биншаст бо ёре лаби кишт,

Ки пошад дар ҷаҳон тухми суханро.

Кунад ёде зи кишту ҳосили умр

Дар ин дунё, дар ин дунёи зебо.

 

Лаби кишту лаби обу дами хуш,

Лаби ҷому лаби ёри гуландом –

Ҳамин будаст нақди зиндагонӣ

Варо аз ин ҷаҳони бесаранҷом.

 

Нарафт ӯ як қадам берун зи Шероз,

Вале олам ба Шероз ояд имрӯз.

Тавофи хоки поки Ҳофизи ринд

Ҳама одам ба Шероз ояд имрӯз.

1970

 

* * *

Чу афтад ахтаре аз боми гардун,

Чунин ёбам, ки афтод ахтари ман.

Дарахти пир чун афтод вожун,

Бигӯяд фоли ҳоли модари ман.

 

Чу роҳе кӯр гардад беравуо,

Бигардад кӯр роҳи манзили ман.

Чу аз сарчашма хушкад оби дарё,

Бихушкад гӯӣ дарёи дили ман.

 

Ту гӯӣ мебуранд ангушти моро,

Агар бурранд нарти навдарахте.

Хурем афсӯс дида марди аъмо,

Ки шояд буд чашми кӯрбахте.

 

Чу мирад аз қазо фарзанди одам,

Ҳар он к-ӯ бишнавад, озурда бошад.

Бигиряд ҷумла безурёти олам,

Ки гӯӣ тифли ӯ ҳам мурда бошад.

 

Чаро мо ин қадар дардошноем?

Куҷо дардест, дарди худ бидонем,

Ғами дунё ҳама андар дили мо,

Ҷаҳон дар мост ё мо дар ҷаҳонем?

1970

 

* * *

Равам бегаҳ лаби дарё нишинам,

Ки рӯзи рафтаи худро бибинам.

Бибинам, то ба чини рӯи дарё

Чи монанд аст ожанги ҷабинам.

 

Биомӯзам зи дарё шоириро,

Ки шеъраш обдору бас равон аст.

Балеғ асту бадеъ афсонаи ӯ,

Агарчи бесаводу безабон аст.

 

Ҷунун омӯзам аз дарёи кӯҳӣ,

Ғуруру шӯришу туғёну мастӣ,

Ки ӯ бо шеъри ҷовидон равонаш

Накарда худситоӣ, худпарастӣ.

 

Бибӯсам аз лаби соҳил чу мавҷе,

Ки ӯ ҳам мисли шоир беқарор аст.

Канори рӯд биншинам, ки гӯяд:

Махур андӯҳ, дунё беканор аст...

 

Ғуруби офтоб омад, азизон,

Равам як дам лаби дарё нишинам,

Бигӯям саргузаштамро ба дарё,

Гузашти рӯзорамро бибинам.

 

Бибинам: рӯд сарозод, аммо

Ба по завлонаи ҳастӣ равон аст.

Миёни соҳили шодию андӯҳ

Суруди ӯ бад-ин сон ҷовидон аст:

 

«Ғаму шодӣ ба монанди ду соҳил,

Манам дарё, ҳаме ҷористам ман.

Ду соҳил гар набошад, ман чӣ рӯдам?

Ду соҳил гар набошад, нестам ман!»

1970

Дида шуд: 201