Ҳар киро бошад назар турки қабопӯши маро,
Офарин гӯяд тащаммул кардани ҳуши маро!
Аз хаёли қоматаш акнун асо мебоядам,
Бори сангини фироқаш карда хам дӯши маро.
Аз кадомин зумраам, ё Раб, ки дар базми вуҷуд
Ҷуз сари зону арӯсе нест оғӯши маро?!
Эй, ки мехоҳӣ ба силки бандагони даргаҳаш,
Ҳалқае ғайр аз хами зулфаш макун гӯши маро!
Дар дилам набвад ба ҷуз нақши хаёли ишқи ӯ,
Аз ғамаш бошад нигоре лавҳи манқуши маро!
Дӯстон, баҳри Худо, гӯед арзи ҳоли ман,
Ҳар куҷо бинед агар он шӯхи майнӯши маро!
Пеши арбоби сухан, Туғрал, набошад эътибор
Сафҳаи абёти номавзуни мағшуши маро!
Дида шуд: 297