То ба рухсори чу моҳи ӯ назар дорем мо,
Як чаҳон ойина аз ҷавҳар ба бар дорем мо!
Ғунчаи лаъли лабашро ҳоҷати тафсил нест,
Нусхае аз дафтари ӯ мухтасар дорем мо!
Эй насиҳатгӯ, магӯ ҳаргиз маро дарси адаб!
Ҷуз сулуки ишқ дигар кай ҳунар дорем мо?!
Ашки хунин аз фироқаш гарчи тӯфон мекунад,
Чашм мепӯшем, з-ин дарё гузар дорем мо.
Ҳеҷ кас бе арзи изҳори камоли хеш нест,
Лоласон аз доғи ишқи ӯ асар дорем мо!
Бас бувад пероҳани мо кисвати хоки дараш,
Ҷомае ҳар дам зи урёнӣ ба бар дорем мо.
Ҳар чӣ ҷуз рӯяш бувад манзури ошиқ, гӯ мабош,
Оламеро ғайри ӯ кай дар назар дорем мо?!
Нест ғайр аз шоми навмедӣ ба арзи муддаъо,
Дар нафас кофур, гӯё, чун саҳар дорем мо!
Баъд аз ин чун мо нарӯяд ҳеҷ дар боғи сухан,
Нахли ашъорему аз маънӣ самар дорем мо!
Офарин бар мисраъи Бедил, ки Туғрал, гуфтааст:
«Ҳасрати дидору сомони сафар дорем мо».
Дида шуд: 290