Ҳар рӯз, ки дар майдон чавгон задан оғозӣ,
Бас кас, ки кунад пешат чун гӯй сарандозӣ.
Дилҳо ба думи рахшат ҳаст аз раги ҷон баста
Оянд кашон аз пай ҳар сӯй, ки метозӣ.
Ушшоқ ба майдонат бозанд ба ҷид сарҳо
В-ин турфа, ки сарбозӣ пеши ту бувад бозӣ.
Аз нанг намесозӣ гӯй аз сари мо ҳаргиз
Бо тангдилон гӯӣ дорӣ сари носозӣ.
То хоки суми аспат шуд тоҷи сарам ҳастам,
Аз тоҷварон яксар бартар ба сарафрозӣ.
Ҷуз бар сари ман машкан чавгон, ки маро набвад,
Чун гӯй дар ин маънӣ бо кас сари он бозӣ.
Ҷомӣ сухани нодир кай фаҳм кунад ҳар кас
Он беҳ, ки бидӯзӣ лаб аз нодирапардозӣ.
Дида шуд: 295