Ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ 91

Муаллиф: Абдураҳмони Ҷомӣ

Теғи мижгон ба хуни ишқбозон тез кун,

Ғамзаромдар қатли покон ханҷари хунрез кун.

Бо чунин шакли пурошӯб о бурун як бомдод,

Шаҳрро дармондаӣ ғавғои растохез кун.

Талхкомам аз турушрӯии ту баҳри худо,

З-он ду лаб як хандаи ширини шӯрангезмкун.

Зоҳидо, гар бор хоҳи дар сафи дурдикашон

Субҳа бифган в-аз сабӯи бода дастовез кун.

Хуфтаам чун чашми ту бемор, пурсиш кун маро,

Шарбати бемориям аз лафз шаҳдомез кун.

Менишонам з-остонат аз сиришки  дида гард,

Хуни ноб аст ин на об, эй ҷон, аз ин парҳез кун.

Шуд Ҳарӣ, Ҷомӣ, зи зулми ғамзаи туркон хароб,

Рӯй дар маҳрусаи Шероз ё Табрез кун.

Дида шуд: 232