Ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ 92

Муаллиф: Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳаргиз надидам расми ҳабибон,

Ҳамчун ту кардан хӯ бо рақибон.

Ғавғои зоғон бубрида гулро

Пайванди сӯҳбат аз андалебон.

Ҳаргиз наёри ёди асирон,

Ҳаргиз напурсӣ ҳоли ғарибон.

Аз бас заифам гаштаст оҷиз

З-эҳсоси набзам дасти табибон.

Хуш он ки гардад дар қатли воиз,

Шамшери  ғозӣ, теғи хатибон.

Доди касонро аз худ насибе

Раҳме накардӣ бар бенасибон.

Ҷомӣ, ки ишқат кардаш муаддаб,

Кай гӯш дорад панди адибон.

Дида шуд: 203