Ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ 83

Муаллиф: Абдураҳмони Ҷомӣ

Эй пои дил зи зулфат дар анбарин салосил,

З-ин анбарин салосил мушкил халосии дил.

Орад ба ҳуш занҷир онро, ки гашт маҷнун,

Занҷири ту рабуда ҳуши ҳазор оқил.

Ҳаргиз нашуд хаёлат дурр аз муқобили ҷон

Моро хаёлат, оре, бо ҷон бувад муқобил.

Гулҳо ба васфи рӯят рангин расоил омад,

Карда сабо тако пӯ дар нашри он расоил.

Дил монду он занахдон гарчи баромадаш ҷон.

Ҳорутро чи имкон растан зи чоҳи Бобил.

Ҳовӣ зи оби чашмам гил шуд ҳама биёбон

Баҳри худо, ки тай кун зикри ҳабиби манзил.

Дар назму наср Ҷомӣ васфи ту гӯяду бас,

Лиллоҳи хайра нозим, лиллоҳи дурра қоил.

Дида шуд: 216