Қад бадассубҳу ало асъади фол,
Вазақиддику ало атяби ҳол.
Соқиё, мегузарад вақти сабӯҳ,
Қадаҳе чанд, бидеҳ моломол.
Ранҷи махмури шабона наравад,
Ҷуз ба майҳои сабӯҳ аз дунбол.
Субҳдам ташналабонро маи лаъл
Медиҳад хосияти оби зулол.
Ҳаббазо, оби зулоле, ки аз ӯст,
Шуста аз чеҳраи ҷон гарди малол.
Ҷомиё, бода хуру дор ҳарам
Ба ҳалолеш марав роҳи залол.
З-он ки май хоса ба ширинписарон
Мастӣ орад, чӣ ҳараму чӣ ҳалол.
Дида шуд: 213