Ҳар кас домани сулҳат ба чанг,
Бар сари ин аст мор обо ту ҷанг.
Сӯҳбати танги ту бо бегонагон
Ошноёнро ҳаме орад ба танг.
Меҳнати ҳаҷри ту пояд солҳо
Давлати васли ту бошад бедиранг.
Мӯҳри хаттатро ҳунар донад дилам,
Гарчи бошад айб бар ойина занг.
Чеҳраам шуд каҳрабо, ашкам ақиқ
Беш аз инам нест аз лаъли ту ранг.
Кай расад дар ишқ ақли тезпой
Чун равад бо маркаби Ҷам мӯри ланг.
Некномӣ кам талаб Ҷомӣ, ки ҳаст,
Ишқбозонро зи номи нек нанг.
Дида шуд: 213