ВАЗИРИ ЗИРАК

Боре дар мамлакате хушксолӣ омад. На барфи дуруст бориду на борон, ғалла дар саҳрову мева дар боғ норасида ва ҳосили деҳқон нодаравида монд. Гуруснагӣ омад, байни мардум муромурӣ cap шуд.

Подшоҳ аҳволи халқу мамлакатро дида, ба тахлуқа афтода, намедонист, ки чӣ кор кунад ва мардумашро аз марг чӣ гуна наҷот диҳад. Бисёр фикр кард, вале ба натиҷае расида натавонист. Ба чунин қароре омад, ки сарварии кишварро барон як сол ба вазираш супорад ва худаш ба назди бародараш, ки подшоҳи кишвари ҳамсоя буд рафт.

Вазир сарвари мамлакат шуд. Акнун ӯ фикр мекард, ки мамлакатро чӣ тавр аз гу-руснагии марговар наҷот диҳад. Баъди фикри дуру дароз вазир тасмим гирифт. Ӯ ба хазинаи подшоҳ рафта, тамоми тиллову тангаро баробар ба мардум тақсим кард. Баъд ба мардум рӯ оварда гуфт:

— Ман ин пулҳоро ба шумо барои қарз медиҳам. Шумо ба кишварҳои дигар равед, ки дар он ҷо хушксолӣ нашудааст ва онҳо ҳосили фаровон ба даст овардаанд. Аз он ҷо гандуму орд харед. Ҳамон қадар харед, ки то соли оянда аз гуруснагӣ намуред ва то ҳосили оянда зинда монед. Қарзи худро пас аз фавти подшоҳ ба хазина месупоред.

Мардум хушҳол шуданд ва рафтанд ба кишварҳои дигару ба он пул гандуму орд хариданд. Ҳамин тавр аз марг наҷот ёфтанд. Мардум хушҳол шуда, дуо мекарданд, ки подшоҳ умри дароз бинад.

Аз байн як сол гузашт. Подшоҳ ба қасри худ баргашт. Ҳоло ӯ аз асп нафаромада, лаганбардорон ба подшоҳ гуфтанд, ки вазир ҳамаи тиллову тангаи хазинаро ба мардум тақсим кард.

Подшоҳ асабонӣ шуда, ба вазир ҳукми қатл дод. Ҳамон даме, ки ҷаллод сари вазирро буридан мехост, ӯ ба подшоҳ рӯ оварда гуфт:

— Эй сарвари олам! Иҷозат диҳед, ки пеш аз маргам ба шумо чанд сухан гӯям.

— Гап зан! — розӣ шуд подшоҳ. Вазир гуфт:

— Воқеан ҳам ман ҳамаи хазинаи шуморо ба мардум тақсим кардам. Мардум тиллову тангаҳоро гирифта ба кишварҳои дигар рафтанд ва аз он ҷо ғаллаву орд хариданд. Ана ҳамин тавр ҷони худро аз гуруснагии марговар наҷот доданд. Ман ин пулҳоро ба онҳо ба қарз додам, ки ин қарзро пас аз вафоти шумо бояд баргардонанд. Эй подшоҳи олам, ҳоло тамоми мардум ба ҳаққи шумо дуо мекунанд, ки саломатии подшоҳам пойдор ва умрашон дароз бошад!

Ин суханхоро шунида, подшоҳ фаҳмид, ки воқеан ҳам вазири ӯ доно аст. Охир, вай на фақат мардумро аз гуруснагии марговар наҷот дод, балки онҳоро водор намуд, ки подшоҳи худро дӯст доранд ва барояш умри дароз хоҳанд. Подшоҳ инро фаҳмида вазири донои худро накушт.

Ана ҳамин тавр вазири доно ҳам мардум ва ҳам худашро аз марг наҷот дод.

Аз афсонаҳои халқи тоҷик

Дида шуд: 3

2020 SHOIR.TJ