РӮБОҲИ МАККОР ВА ГУРГИ НОДОН

Буд-набуд, як рӯбоҳ буд. Вай чанд вақт боз роҳи як боғи сермеваро ёфта буд. Ҳар шаб рафта, аз ангури ширину болаззат шикамашро пур мекарду баъд аз он ки шикамаш серу ғамаш дур мешуд, дар рӯи сабзаи мулоим хоб карда, пагоҳии барвақт хеста, баромада мерафт.

Соҳиби боғ омада медид, ки сарҳои ангур кандагӣ, чала-чулпа хӯрда, ба чор тараф партофтагӣ, гулу сабзаҳо помол кардагӣ. Вай чанд рӯз ин аҳволро дида, қасд кард, ки дузди беномусро дастгир карда, ҷазо диҳад.

Бо ҳамин мақсад як қапқон оварда, ба он як думбаи гӯсфандро махкам карда, дар сари марза монда рафт.

Шаб шуду рӯбоҳ омада, дар сари роҳи худ думбаи гӯсфандро дид. Ҳамон замон фаҳмид, ки дар қафои он дом аст. Аммо думбаи пӯсткандаи мулоимро дида, иштиҳояш карнай шуд, даҳонаш об кушод, шикамаш ба танбӯр навохтан cap кард. Фикр кард, ки рафта аз думба каме хурда нафсашро ором кунад, боз худ ба худ «фирефтаи нафс нашав, ки гирифтори дом мешавӣ» гуфта аз нияташ гашту чашм ба ангур дӯхт.

Вале дилаш дигар ангур наметалабид, ангур ба назараш туршу бемаза менамуд. Рӯбоҳ боз ба думба нигоҳ карда, оби даҳонашро фуру бурда, лабонашро лесидан гирифт. Қариб нафс ғалаба карда, ӯро ба дом тела дода буд, ки вай худдорӣ карда, аз боғ баромада рафт. Мерафту думбаи болаззат аз пеши чашмаш дур намешуд.

«Чӣ илоҷ кунам, ки дандонакони аз меваи турш кунд шудаам ба думбаяки мулоим расида, роҳат кунанд, чӣ илоҷ кунам, ки рӯдаҳои хушкшудаам аз равғанаки қарт нарму мулоим шаванд» - мегуфт рӯбоҳ роҳравон оҳи бадард кашида.

Дар хамин хаёл рафта истода буд, ки аз пешаш ногаҳон як гург баромада монд. Гург пеши рӯбоҳро гирифта гуфт:

Эй рӯбоҳи маккор, кайҳо боз дар орзуи дидори ту будам, шукр ки ба пои худат омада монди! Пеш аз маргат дуо хон, ки худо гуноҳҳои бешуморатро бахшад!

Ман ҳам дидори шумо, паҳлавони номдорро орзу мекардам, - гуфт рӯбоҳ табассум карда, - вале на бо ин хел нияти бад. Ман мехостам шуморо ба боғи худ ба меҳмонӣ таклиф кунам. Он боғи оддӣ не, бӯстони диловез, як сӯ себу ангур, як сӯ ноку анҷир пухта хобидааст. Як сӯи дигар оби равону гулҳои гуногун - хулоса ҷаннати рӯи замин аст. Ғайр аз ҳамаи ин, ман барои шумо як думбаи бутунро тайёр карда мондаам, ки хӯрда кайф мекунед.

- Дуруғ мегӯи, рӯбоҳи маккор! - гуфт гург. - Ту ҳамаро фиреб диҳи хам, маро фиреб дода наметавонӣ!

Рӯбоҳ қоҳ-қоҳ хандида, гуфт:

- Оҳ чӣ қадар шумо бадгумон ҳастед! Бадгумонӣ одати зарарнок аст, беҳтараш ҳамроҳи ман биёеду думбачонро хӯрда ҳузур кунед.

Даҳони гург ҳам аз шунидани номи думба об кушода, ҳамроҳи рӯбоҳ равон шуд. Рӯбоҳ пеш- пешу гург аз думболи ӯ ба боғ омаданд.

Боғи сабзу хуррамро дида, гург хурсанд шуд. Рӯбоҳ бошад, аз гург ҳам зиёдтар шодӣ карда, ба чор тараф ғелак мезад. Баъд рӯбоҳ гургро ба пеши думба оварда гуфт:

- Бубинед, ки ман дуруғ гуфтаам ё рост. Ана думба, то ба дилатон задан хӯрдан гиред!

Гурги чашмгурусна бесаброна худро ба болои думба андохту ҳамон замон ду пои пешаш ба қапқон банд шуда монд.

Вай ҳарчанд кард, халос шуда натавонист. Ноилоҷ ба рӯбоҳ рӯ оварда гуфт:

- Эй ҷӯра, пои маро чизе дошта гирифт, ман чи хел халос шавам?

Рӯбоҳ гуфт:

- Ту паҳлавон ҳасти, қуввати зиёд дорӣ, як зӯр занӣ, халос мешавӣ.

Гург бо тамоми қувваташ худро ба қафо кашида буд, ки харду пояш шикаста, беҳуш шуда афтод. Рӯбоҳ омада бо кайфи тамом думбаро то сер шуданаш хӯрду ба ҳоли гурги нодон хандида баромада рафт.

Аз афсонаҳои халқи тоҷик

Дида шуд: 318

2020 SHOIR.TJ