ПОДШОҲ ВА ДУХТАРИ ОҲАНГАР

Буд, набуд, як подшоҳ буду аз ҳамаи шаҳру деҳот донишмандон ва пирони хирадмандро дар пойтахти мамлакаташ ҷамъ карда буд ва ҳар пагоҳ онҳоро пеши худ даъват карда, саволе медоду ҷавобе мегирифт.

Як саҳарӣ подшоҳ дар чорбоғаш ҷанги ду гунҷишкро дида монд. Гунҷишкон дар шохи дарахти чанори калон, дар болои лонаашон чурчуркунон ба ҳамдигар ҳамла оварда ба замин афтоданду ҷанги худро дар рӯи замин давом доданд.

Подшоҳ ба сари онҳо рафта, пояшро тап-тап ба замин зад, аммо гунҷишкони саргарми часпу талош пай набурданд.

Ҳамон пагоҳ подшоҳ ба донишмандону пирони хирадманд воқеаро нақл карда, савол дод:

Гунҷишкакон чаро ҷангу ҷанҷол доштанд. Онҳо ба якдигар чӣ мегуфтанд?

Донишмандону пирони хирадманд ҷавоб гуфта натавониста се рӯз мӯхлат талабида, ба хонаҳои худ рафтанд.

Дар сари роҳи онҳо дӯкони як оҳангар воқеъ буд. Оҳангар духтаре дошт, ки номаш Адолатхон буд. Адолатхон мебинад, ки ҳар рӯз донишмандону пирони хирадманд ба қасри подшоҳ мераванду меоянд. Духтар боз онҳоро дар ҳамин ҳолат дид. Дид, ки донишмандону пирони хирадманд имрӯз аз пеши подшоҳ бо сари хам, маъюсу ғамгин баргашта истодаанд, аз дӯкон баромада аз як пирамарди ришсафед пурсид:

— Ба шумо чӣ шуд бобоҷон? Ҳар пагоҳ шумоён аз пеши подшоҳ шоду хурсанд мерафтед, барои чӣ имрӯз ғамгин баргаштед?

Пирамард оҳи чуқуре кашиду ба духтар гуфт:

— Подшоҳ имрӯз саволе дод, ки ҷавоб надорад. Ду гунҷишк ҷанг кардаанд, барои чӣ?

Инро ғайр аз худо каси дигар намедонад. Аз мо пурсид, ки сабаби ҷанги гунҷишкон чист ва онҳо ба якдигар чиҳо мегуфтанд. Мо он гунҷишконро надидаем, сабаби ҷанҷолашонро аз куҷо медонем. Подшоҳ се рӯз муҳлат дод, агар дар ин муддат ба саволаш ҷавоб нагӯем, сари ҳамаамонро аз танамон ҷудо мекунад.

Адолатхон ба пирамард гуфт:

— Зиқ нашавед, бобоҷон! Агар ҷавоб ёфта натавонетон, ки чаро гунҷишкон бо ҳам ҷангиданд, ман ҷавобашро ба шумоён мегӯям.

Пирамард ранҷида гуфт:

- Ту духтари беадаб моро масхара мекунӣ? Он чизеро, ки мо донишмандону пирон намедонем ту аз куҷо медони!

Донишмандону пирони хирадманд се шабу се рӯз фикру баҳсу мунозира карда ҷавоби саволи подшоҳро ёфта натавонистанд. Ноилоҷ ҳамон пирамардро ба пеши духтар фиристоданд.

Донишманд ба хонаи оҳангар омаду аз Адолатхон хоҳиш намуд, ки ба саволи подшоҳ ҷавоб гӯяд.

— Назди подшоҳ раведу аз ӯ пурсед: мулки падар ба писар мерасад ё каси дигар ҳам ҳақ дорад? Подшоҳ ҷавоби худро бояд ба варақе нависад.

Гуфт Адолатхон ва пирамард иҷро кард.

Подшоҳ навишта буд: "мулки падар — фақат хаққи писар".

Духтари оҳангар номаро хонда, пинҳон карда гуфт:

- Он ду гунҷишк барои лона меҷанганд. Ба яке лона аз падар мондааст, вале дигараш бегона аст, бо зӯри лонаро аз соҳибаш гирифтан мехоҳад. Гунҷишки аввал мегуфт, ки ин лонаи ман аст, гунҷишки дуюми мегуфт лона аз они зӯровар аст.

Донишмандону пирони хирадманд назди подшоҳ рафта, ҷавоби духтарро аз номи худашон карда гуфтанд. Вале онҳо нагуфтанд, ки ин ҷавобро барои онҳо духтари оҳангар гуфт.

— Ин суханҳои шумоён не! — гуфт подшоҳ. — Агар шумоён медонистед. субҳ ҷавоб мегуфтед. Рости гапро гӯед, кӣ ҷавоб гуфт?

Илоҷе набуд, пирону донишмандон маҷбур шуданд, ки рости гапро гӯянд, ки ба онҳо ин ҷавобро духтари оҳангар Адолатхон гуфтааст.

Подшоҳ фармон дод, ки Адолатхонро ба назди ӯ биёранд. Навкарҳои подшоҳ омада духтарро пеш андохта ба қасри подшоҳ оварданд.

— Ту духтари доно боши, — пурсид подшоҳ — кани гӯй, ба чӣ сабаб ҷанҷол кардани гунҷишконро аз куҷо донистӣ?

— Дар қаламрави шумо, — гуфт духтар, — чизу чораи бечорагонро кашида мегиранд, онҳоро азоб медиҳанд, ба онҳо рӯз намедиҳанд, лекин ба ин ҳеҷ кас коре надорад.

Бечорагонро касе ҳимоят намекунад. Ба падари ман аз падараш як боғ мерос монда буд. Хамсояи мо ба падарам тӯҳмат карда он боғро кашида гирифт. Падарам ба қозихона давид, пеши вазирони шумо омада арз кард, ҳеҷ, кас ба гапи вай гӯш надод, ҳама тарафи бойро гирифтанд. Бесабаб нагуфта буданд, ки «даҳонаш каҷ бошад ҳам, гапи писари бой — гап». Шумо хат карда навиштаед, ки «мулки падар — . фақат хаққи писар». Ин гап дуруст, лекин, ҳукми шумо дар рӯи қоғаз мемонаду одамони шумо кори худашонро мекунанд.

Подшоҳ ки ҳеҷ вақт аз ҳеҷ кас ин хел суханони талх нашунида буд, дар ғазаб шуда хитоб

кард:

— Ту агар ҷонатро азиз донӣ, аввал ба саволи ман ҷавоб деҳ!

— Шумо дидаед, ки гунҷишкакон дар шохи дарахт, дар болои лона ҷанҷол cap карданд, — ҷавоб дод духтар.

— Яке мегуфт, ки ин лона аз падари ман мерос мондааст, дигаре мегуфт, ки ман зӯраму онро аз ту мегирам, ту ҳеҷ кор карда наметавонӣ. Барои фаҳмидани ин ақли зиёд даркор не!

Подшоҳ дигар ҳеҷ чиз нагуфта, духтарро ҷавоб дода, вазиронашро оваронда пурсид:

— Ин духтари бешарм ҳамаи моро муттаҳам кард, бо ӯ чӣ кор кунем?

Вазири дасти рост ба ӯ ҷавоб дод:

— Ӯро ба зани гиред, зани шумо, ки шуд, канизи шумо мешавад, чӣ ҷазое раво донед, медиҳед.

— Ҷазояш ҳамин, ки ба болояш боз Маликаподшоҳро ба зани мегиреду духтари оҳангарро ба вай каниз карда мемонед — гуфт вазири дасти чап. Маликаподшоҳ бо ҳусни беҳамтою ақли расои худ дар тамоми олам шӯҳрат ёфта буду талабгоронашро ҳадду ҳисобе набуд. Эълон карда буд, ки якчанд саволу якчанд шарт дорад. Ҳар касе, ки ба саволҳояш ҷавоб гардонаду шарташро иҷро кунад, ба ҳамон кас мерасад, агар натавонад, ӯро ғулом карда мегирад. Бисёр ҷавонони нозанин ба саволҳои Маликаподшоҳ ҷавоб дода натавониста, ба ӯ ғулом шуда, фахр мекарданд, ки ғуломи Маликаподшоҳ ҳастанд.

Маслихати вазирон ба дили подшоҳ алав андохт. Вай ба хонаи оҳангар хостгор фиристода, зӯри карда духтари оҳангарро никоҳ карда гирифту ба духтар гуфт:

— Ту ҳар чӣ қадар доно бошӣ, муносиби ман нести. Туро барои он гирифтам, ки Маликаподшоҳро ба зани гирифта, ба ӯ канизаки дастобрез карда монам.

- Ин хаёли хомро аз саратон дур кунед! — гуфт духтар. — Маликаподшоҳро гирифтан осон не. Шумо баринҳоя ҳазортааш рафта, ба саволҳои ӯ ҷавоб наёфта, ғуломи дари ӯ шуда гаштаанд.

Подшоҳ дар ғазаб шуд ва ба суханҳои Адолатхон ҷавоб пайдо карда натавонист. Подшоҳ донишмандону пирони хирадмандро ҳамроҳ гирифта ба мулки Маликаподшоҳ равон шуд. Онҳо ба қасри Маликаподшоҳ расиданд.

Малика ба подшоҳ саволхои худро дод. Подшоҳ ҳарчанд бо донишмандону пиронаш маслиҳат кард, ҷавоб гардонда натавонист. Малика ӯро ғулом карда, ба ҷувозкашӣ андохт.

Пас аз чанд рӯз подшоҳ ба вазирони худ нома фиристод, ки ӯро аз банд озод кунанд. Донишмандони подшоҳ, ба кишвари худ расиданд ва ба қаср омада ба вазирон ин номаро доданд. Вазирон номаро ба Адолатхон нишон доданд. Адолатхон номаро хонда, либосҳои мардона пӯшида, шоф ба миён овехта, қамчин ба даст гирифта, аспсавор ба сафар ба ҷониби кишвари Малика равон шуд.

Чанд рӯз гашта ба мамлакати Маликаподшоҳ расид. Ва аз дарбонҳо хоҳиш кард, ки ба ӯ иҷозат диҳанд то ба қаср дарояд. Дарбонҳо ба ин ҷавони нозанин нигариста, дарвозаро кушода бо раҳм пурсиданд, ки ӯ кист, чӣ мехоҳад.

— Эй ҷавони зебо, — гуфтанд дарбонон, — аз ту донотарҳо омада, ба саволи Малика ҷавоб гардонда натавониста, ғулом шуда гаштаанд, ту худро беҳуда ба азоб мононда, юги ғуломиро ба гардан гирифта чӣ кор мекунӣ?! Беҳтараш ба роҳи худ рав!

— Маро ба пеши Малика баред! — хоҳиш кард бо ҷиддият Адолатхон.

Дарбонон ӯро ба назди Малика бурданд.

Малика Адолатхонро рӯ ба рӯи худ шинонда саволҳои худро дод.

- Одам бо чӣ зинда аст? — пурсид Малика.

— Бо умед. — ҷавоб дод Адолатхон.

— Нишонаи пирӣ чист? - Ноумедист.

Нияти нек чию нияти бад чӣ?

— Нияте, ки нияти ҳамаи мардум аст, нек аст, нияте, ки нияти як касу бар зарари мардум аст, бад аст.

— Бадниятӣ аз чӣ маълум мешавад?

- Аз чашму аз гапу аз рафтор — ҷавоб дод духтари оҳангар.

Малика ҳамин хел ба Адолатхон боз як чанд савол дод. Духтари оҳангар ҷавоб гуфт.

— Ту доно будаи, ба ҳамаи саволҳо ҷавоб гардонди, — гуфт Малика. — Акнун шартамро шунав. Падари ман ангуштарине доштааст, ки ба он се девкампир итоат мекардааст. Баъди вафоти падарам девҳо ангуштаринро дуздида рафта, аз итоати падарам баромадаанд. Ҳамон ангуштаринро ёфта омада, девҳоро ба итоати ман медарори.

Адолатхон чил рӯз мӯҳлат гирифта, аз қасри Маликаподшоҳ баромада рафт. Ӯ хеле гашт, дар дашту соҳили дарёю кӯҳҳо гашта, нишоне аз девҳо наёфт. Маъюсу ноумед шуда «аз рафта ғуломи Малика шудан дар замин кӯҳу саҳро мурда рафтанам беҳтар» гӯён зини аспашро гирифта, зери cap гузошта, дар таги як чанор хоб кард.

Адолатхон баъди чанд вақт бедор шуд, ки дар пешаш як хату як шамшер. «Эй духтари оҳангар, нияти ту пок аст, — гуфта шуда буд дар хат, — ин шамшери пирони мададгор мушкили туро осон мекунад. Гирифта ба ақиби Кӯҳи Сиёҳ равон шав».

Адолатхон шамшерро бӯса карда, ба чашмонаш молида, ба миёнаш овехта, ба ақиби Кӯҳи Сиёҳ равон шуд. Дар саргаҳи кӯҳ хиргоҳе буд сап-сафед, дар даруни хиргоз як девкампири сафед менишаст.

— Ассалому алейкум, — гуфт духтар ба кампир.

— Ваалейкум ассалом, эй луқмаи ҳалол, эй насибаи имрӯзаам! Саломат намебуд, ҳозир мехӯрдам, салом, ки доди, дертар мехӯрамат! — қаҳ-қаҳа зад кампир.

Адолатхон шамшерро бароварда, нишон дода гуфт:

— Инро шинохтӣ? — пурсид ӯ.

— Балояшонро гирам, ин шамшери пирони мададгор аст, — гуфт дев.

— Чанд рӯз аст, ки дар Самарқанд боронгарӣ, тарновҳо дошт надоданд, пирони мададгор ин аҳволро дида, маро фиристоданд, ки аз пушти ту як тасма пӯст гирифта барам, то ки мардум пора карда, барои бомҳо тарнов дуруст кунанд.

— Вой, пуштам дард мекунад! — гуфт деви сафед ларзида. — Ба ҳоли ман раҳм кун!

— Ба ҳоли ту раҳм мекунам, ба шарте, ки ҷои нигини падари Маликаподшоҳро гӯи.

— Болотар аз ин ҷо хиргоҳи сурх ҳаст, хиргоҳи апаам, — гуфт девкампири сафед, — ҷои нигинро вай медонад.

Адолатхон болотар рафта, хиргоҳи сурхро дид. Дар даруни хиргоҳ девкампири сурх мӯй шона карда нишаста буд.

— Ассалому алейкум, — гуфт духтар ба хиргоҳ даромада.

— Ваалейкум ассалом, эй луқмаи ҳалол, эй насибаи имрӯзаи ман! — гуфт деви сурх.

— Саломат намебуд, ҳозир як луқмаи хомат мекардам!

Адолатхон ба девкампир шамшерро нишон дода пурсид.

— Мешиносӣ?

— Балояшонро гирам, ин шамшери пирони мададгор аст, аз гуноҳи мани пир гузар, — илтиҷо кард дев.

— Ту ба ман ҷои нигини падари Маликаподшоҳро гӯй, агар нагӯи, аз пуштат бо ҳамин шамшер як тасма пӯст ҷудо карда мегирам! — гуфт Адолатхон.

— Ҷои нигинро апаамон медонад, — гуфт деви сурх, — хиргоҳи вай аз ин ҷо болотар аст. Вай дар хиргоҳи сиёҳ аст.

Духтар болотар рафта, як хиргоҳи сиёҳро дид. Дар хиргоҳ девкампири сиёҳ, гирду атрофро дуд зер кунонида, хӯрок мепухт.

— Ассалому алайкум, — гуфт духтар.

— Ваалейкум ассалом, эй луқмаи ҳалол, — гуфт деви сиёҳ, — ба пои худ омадӣ, эй насибаи имрӯзаам!

— Ба пои худ омадам барои гирифтани ҷони ту. Агар нигини падари Маликаподшоҳро ёфта надиҳи, бо ҳамин шамшер пӯст меканамат! — гуфт Адолатхон.

Деви сиёҳ шамшерро дида ва ларзида гуфт:

— Кори душворро ба ман фармуд, эй соҳиби шамшери пирони мададгор, мо заминро ба андозаи ҳафтод қади одам кофта, руст карда будем, ки касе ёфта, моро боз ғулом накунад.

Деви сиёҳ як наъра зада писарони худро ҷеғ зад.

Аз чор тараф, аз сари кӯҳу кутал «чӣ шуд? чӣ шуд?» гӯён чил деви сиёҳ тозон омад.

— Писаронам, — гуфт кампир, — ангуштарини падари Маликаподшоҳро кофта ба ман биёред! Чил дев бо панҷаҳояшон заминро кофта, ангуштаринро ёфта ба модарашон оварда доданд. Девкампири сиёҳ ангуштаринро гирифта, ба дасти Адолатхон дода гуфт:

- Мо ҳама озод будем, боз ғулом шудем! Чӣ фармони дигар дорӣ?

— Маро ба пеши Маликаподшоҳ бар! — ҷавоб дод духтар.

Девкампири сиёҳ духтарро бардошта, дар як он пеши Маликаподшоҳ, оварда монд. Адолатхон ангуштаринро бароварда ба Малика дод.

Маликаподшоҳ хушҳол шуд. Туи калоне дода, гушнаҳоро сер карда, лучҳоро пӯшонида, эълон кард ба ҷавоне, ки ба ҳамаи саволҳои ӯ ҷавоб додааст ба шавҳар хоҳад баромад.

Ин дам Адолатхон ба ӯ гуфт:

— Эй Маликаподшоҳ пеш аз арӯси аввал ба ман молу мулку қасратро нишон дех!

Маликаподшоҳ ба Адолатхон тамоми қаср ва сарваташро нишон дод. Ба як ҷое рафтанд, ки аз таҳхона садои ҷувоз мебаромад. Духтар фаромада дид, ки подшоҳ дар гарданаш югак зӯр зада, гирди кундаи ҷувоз мегардад, ҳар бор, ки сустӣ кунад, ҷувозрон ба пушти вай як қамчин мезанад.

Адолатхон подшоҳро нишон дода ба Маликаподшоҳ гуфт:

— Ҳамин аспбонро ҳамроҳ мегирем, дар роҳ ба аспҳоямон нигоҳубин мекунад. Розӣ шуд Малика ва подшоҳро ба аспхона фиристоданд. Баъд Адолатхон ба Малика гуфт:

— Акнун ба кишвари мо меравем. Ҳамон аспбонро ҳам ҳамроҳ гир ба аспҳоямон нигоҳубин мекунад.

Онҳо се кас ба роҳ баромаданд. Рафтанд, рафтанд ба сари як чашмае расиданд. Ба аспҳо хӯрок доданд ва худашон ҳам дам гирифтанд. Баъд Адолатхон аспбон-подшоҳро ҷеғ зада гуфт:

— Эй аспбон, ҳамин Маликаподшоҳро ба ту додам. Гир ӯро ва ба дарбори худ рав. Ман ба роҳи худам меравам!

Подшоҳ ҳайрон шуд ва бо хушнудӣ розӣ шуд. Адолатхон ба як асп савор шуда, бо роҳи дигар пештар омад. Ба қаср даромада, либосҳояшро иваз карда, ба ҷои худ нишаста, подшоҳ ва Маликаподшоҳро интизор шуд. Вазир ва дигар дарбориёнро ба пешвоз фиристод. Ба дарбори подшоҳ Маликабону вазирон ва дарбориён дохил шуданд. Подшох Адолатхонро дида гуфт:

— Мана, ман Маликаподшоҳро гирифта омадам. Туро ман се талоқ, кардам. Акнун ту хизмати ӯро мекунӣ.

Адолатхон рафт. Боз ҳамон либоси мардонаро ба бар, телпаки қазоқӣ ба cap, мӯзаи булғорӣ ба по пӯшида, камарбанди тилло ба миён баста, шофу қилич ба камар овехта, қамчин ба даст гирифта омад.

Подшоҳ дар дарбори худ он ҷавонеро, ки шавҳаршавандаи Маликаподшоҳ буд, дида ҳайрон шуд. Малика хушҳол гардид. Ҷавон боақлу зебо буд, подшоҳ нодону гумроҳ. Аз ин рӯ ӯ намехост, ки зани подшоҳ шавад.

Адолатхон ба подшоҳ нигох карда гуфт:

— Эй подшоҳи аблаҳ, магар ҳамин духтари оҳангар набуд, ки туро аз ҷувозхона озод карда Маликаподшоҳро ба дасти ту дод?!

Маликаподшоҳ бошад, ин воқеаро дида, ба ғазаб омад:

— Лаънат ба ин хел подшоҳ, ба ин хел одам, ки қадри ин хел занро надониста, аз паи зани дигар равад! Ман ба кишвари худам ба қасри худ меравам.

Ин гапро гуфта Малика аз чилики худ ангуштари сеҳромезро бароварда ба Адолатхон дод.

— Ин ангуштариро гир, хоҳарам Адолатхон — гуфт ӯ — ту инро бо ақлу ҷасорати худ ба даст овардӣ, ин азони туст!

Баъди ин суханро гуфтан Маликаподшоҳ ба аспи худ савор шуда, ба кишвари худ, ба қасри худ рафт.

Духтари оҳангар — Адолатхони боақлу зебо ба хонаи падари худ оҳангар баргашт, подшоҳи нодону бефаросат дар қасри худ монд.

Аз афсонаҳои халқи тоҷик

Дида шуд: 5

2020 SHOIR.TJ