НАХӮТАК

Буд, набуд, дар як деҳае деҳқоне бо занаш зиндагӣ мекард. Онҳо фарзанд надоштанд. Барои ҳамин зиндагии онҳо бо ғаму ғусса мегузашт.

Боре дари ҳавлии онҳоро пирамарди ришсафеди ришдарозе тақ-тақ мекунад. Деҳқон дари ҳавлиро кушода пирамардро ба дарун даъват мекунад. Зани деҳқон ҳамон замон дастархони пурнозу неъматро паҳн кард. Дар чойники пурнақш чои кабуд овард, пиёлаи зебо ва кулчаи равғанин овард. Дар рӯи суфа кӯрпачаи мулоим партофта, пирамардро ба нишастан даъват намуд.

Пирамарди ришсафед чой нӯшид, нон хӯрд, ба чолу кампир миннатдорӣ изҳор карду ба

онҳо гуфт:

- Худоё, ҳар нияте, ки дошта бошед амалӣ гардад!

Ҳамин тавр, воқеан, орзуи деринаи деҳқону занаш амалӣ шуда дар хонаи онҳо писаре таваллуд шуд, ки хурдакак буд ва падару модараш ӯро Нахӯтак ном ниҳоданд.

Солҳо гузашт ва Нахӯтак ба корҳои хона ба модараш ёрӣ мерасонд. Агар модараш ба об равад, писарак сатилро аз ӯ пештар гирифта ба чӯй медавид. Модараш мастоба пухтан хоҳад, Нахӯтак Давида биринҷ меорад.

Боре модараш бо гӯшти қима угро пухта хост, ки ба саҳро барои шавҳараш барад, ҳамон замон Нахӯтак омаду гуфт:

— Модарҷон, ман мебарам!

Ӯ табақчаро бо хӯрок ба сараш гузошту ба саҳро рафт. Роҳравон суруд мехонд. Мардум ҳайрон буданд, ки дар роҳ гӯё сурудхонон табақе медавид! Касе, ки табақро мебарад ба назар наменамуд.

Нахӯтак ба саҳро расид ва давида ба назди падараш омада гуфт:

— Бишин падарҷон, хӯрок хур! Ман медаравам!

— Ту досро бардошта наметавонӣ! — табассум кард падараш.

— Метавонам! — ҷавоб медиҳад Нахӯтак.

То вақте ки падараш хӯрок хӯрд, Нахӯтак нисфи замини гандумро даравид. Падараш хушҳол шуда, офарин гуфт ба писараш.

Нахӯтак ба хона баргашт. Дар роҳ боз суруд мехонд. Ногаҳон ба ӯ гург рӯбарӯ шуд. Гург гурусна буд. Вай писаракро даст гирифт, вале фурӯ бурда натавонист, Нахӯтак дар байни дандонаш банд монд.

Гург аз гуруснагӣ медавид ва дар роҳ рамаи гӯсфандонро дид. Ҳамин, ки вай гӯсфандеро хост даҳан занад, Нахӯтак аз байни дандонҳои гург дод зад:

— Эй амаки чӯпон! Гург гӯсфанди туро хӯрдан мехохад!

Чӯпон ин садоро шунида, гургро ронд.

Гург боз рафтан гирифт. Дар ҷое дид, ки рамаи бузҳо мечаранд. Ҳамин, ки гург бузичаеро хӯрдан мехост Нахӯтак боз дод гуфт:

— Эй бузҳо! Эҳтиёт шавед! Гург бузичаро мехӯрад!

Ин садоро бузи шохдори калон шунида, шохҳои худро рост карда ба сӯи гург давид. Гург гурехт.

Ҳар куҷо, ки гург медавид ва бо забони тези худ чизе гирифтан мехост, Нахӯтак аз байни дандонҳои ӯ дод мегуфт.

Гург ба зӯр медавид. Аз гуруснагӣ беҳол шуд. Вай аз ин писарак безор шуд ва чи тавр халос шуданашро намедонист. Хост, ки ӯро аз байни дандонҳояш туф кунад, нашуд.

Нахӯтак дар байни дандонҳои гург мустаҳкам ҷойгир шуда буд. Гург сарашро меҷунбонд, ки вай ба замин афтад, ин ҳам нашуд.

Гург боз давид. Аз пеши роҳаш як чуқурӣ баромад. Гург истод. Кӯшид, ки писаракро бо забонаш аз байни дандонаш бароварда ба чуқур тела диҳад. Нахӯтак ба чуқури афтид.

Гург ҳам хушҳол шуду боз гурехт.

Нахӯтак дар таги чуқурӣ монд ва намедонист, ки аз он ҷо чи хел барояд. Писарак баланд садо бароварда аз дигарон ёри хост.

Пас аз фурсате дид, ки дар лаби чуқурӣ пирамарди ришсафеде пайдо шуд. Ба дасти ӯ асо буд. Нахӯтак хушҳол шуду бо садои баланд ҷеғ зад:

— Бобоҷон! Эй бобоҷон! Асоятонро ба ман дароз кунед! Ман даст гирифта мебароям.

Муйсафеди ришдарози ришсафед, ин ҳамон сеҳргаре буд, ки падару модари Нахӯтак ӯро зиёфат карда буданд. Муйсафед фаҳмид, ки ӯро касе ҷеғ мезанад. Сеҳргар ба даруни чуқури нигоҳ, карду писаракро дид. Ҳамон замон асояшро ба чуқури дароз кард.

Нахӯтак ба асо сахт часпиду зуд ба берун баромад.

Писарак ба пирамарди сеҳргар ташаккур гуфту ба сӯи хона давид.

Падару модараш Нахӯтакро дида бисёр хушҳол шуданд. Аз шодӣ барои мардуми деҳа зиёфат доданд.

Хама хушҳолӣ карданд: Нахӯтак боз ба хона баргашт!

Мо ҳам ҳамроҳи онҳо хушҳоли мекунем!

Аз афсонаҳои халқи тоҷик

Дида шуд: 2

2020 SHOIR.TJ