Ҳафт додарон

Як марду як зан буд. Онҳо ҳафт писар доштанду аммо духтар надоштанд. Писарон ҳар вақт ба модарашон мегуфтанд: - Модарҷон, ба мо хоҳар лозим аст, хоҳараке бошад, ки мо дӯстдорӣ кунем, меҳрубонӣ кунем, ғамхорӣ кунем.

Баъди чанд вақт модар умедвори духтар, писаронаш умедвори хоҳар шуданд. Ҳафт додарон ҳамеша ба шикор рафта, дар кӯҳҳои баланд гашта, оҳу, кабки ҳилол, ҳар хел ҳайвонҳои ваҳшӣ шикор карда меоварданд.

Як рӯз онхо ба модарашон гуфтанд:

- Модарҷон, мо ба шикор меравем, агар ба мо хоҳар шавад, шумо фармоед, ки ба дарвоза чарх, агар боз ҳам писар шавад, камон овезанд.

Дере нагузашта, модарашон духтар таваллуд кард. Вай хеле хурсанд шуда, ба доя гуфт:

- Равед, ба дарвоза чарх овезед, писараконам оянд, хеле хурсанд мешаванд!

Кампир як чархро бурда ба дарвоза овехт. Ҳафт додарон як душман доштанд, ки вай доимо ба сайди бисёр овардаи онҳо ҳасад мебурд. Душман аз дарвоза чархро гирифта, камон овехта монд.

Ҳафт додарон аз шикор гашта омада диданд, ки ба дарвоза камон овехта мондаанд.

- Ҳаҳ, модари мо боз ҳам писар таваллуд кардааст! - гуфтанду ба ҳавлӣ надаромада, гашта рафтанд.

Рафта-рафта ба як мамлакати дигар расида, дар он ҷо зиндагӣ карда гаштанд.

Ба хоҳаракашон Гулмоҳ ном ниҳоданд.

Чанд сол гузашт. Гулмоҳ дувоздаҳсола шуд. Як рӯз Гулмоҳ бо дугонаҳояш бозӣ карда истода, бо духтарчаи ҳамон душмани акаҳояш гапаш гурехта монду духтарак таъна карда гуфт:

- Ту бепою қадам ҳастй, ту шудию акаҳоят гум шуда рафтанд, мо бо ту дигар бозӣ намекунем, набошад, ту барин беака мешавем.

Гулмоҳ гиря кард. Оби дидааш ҷӯйча шуда ба ҳавлии як кампир даромад. Кампир қад- қади ҷӯйча баромада дид, ки духтараки ҳамсояааш гиря мекунад, пурсид:

Чаро гиря мекунӣ?

Дугонаам «ту шудию акаҳоят гум шуда рафтанд» гуфта, таъна зад. Ин гап рост аст ё дурӯғ? - пурсид Гулмоҳ.

- Рав, ба модарат гӯй, ки гандумбирён кунад. Бо ҳар чӣ, ки дод нагир, гӯй, ки бо дасташ диҳад. Вақто ки бо дасташ доданӣ шуд, кафашро ба даруни дег пахш куну «акаҳои ман дар куҷоанд?» гуфта пурс.

Гулмоҳ ба хонаашон омада, ба модараш гуфт:

- Модарҷон, бисёр гурусна мондам, дилам гандумбирён меҷӯяд.

Модараш хесту гандумбирён кард. Гандумбирёнро аз дег бо кафлес гирифта ба Гулмоҳ дод, нагирифт. Бо қошуқ дод, нагирифт. Гуфт:

- Бо дастат деҳ! Бо дасташ доданӣ шуд, ки кафашро ба даруни дег пахш карда гуфт:

- Росташро гӯй, ман ака дорам ё не?

Модараш гуфт:

- Надорӣ, cap деҳ, ки дастам сӯхт! Гулмоҳ cap надода, боз пурсид:

- Ман ака дорам ё не?

Модараш гуфт:

- Ҳа, ака дорӣ, ҳафт ака дорӣ.

- Акаҳои ман дар куҷоянд?

- Намедонам, рӯзи таваллуд шудани ту ба шикор рафтанду дигар барнагаштанд. Дур аз дидорашон дилакам хонаи занбӯр шудааст.

Гулмоҳ ин гапро шуниду хеста, хамир кард, даҳ-дувоздаҳ кулча пухту дар як рӯймол баста, ба модараш гуфт:

- Модарҷон, ман акаҳоямро кофтанӣ меравам.

Ҳарчанд модараш:

- Нарав, онҳоро аз куҷо меёбӣ, аз ту ҳам ҷудо мешавам! - гуфта, зорӣ кард, Гулмоҳ аз роҳаш нагашт.

Вай аз дашту дарё гузашт, аз кӯҳу сахро гузашт, бисёр шаҳру қишлоқро гузашта рафтан гирифт. Вақте ки гурусна мемонд, як кулчаро мехӯрду боз ба роҳаш мерафт.

Рафта-рафта фақат як кулча монд. Кулчаро ғелонда, аз ақибаш равон шуд. Баъди чанд вақт гурусна монд. Ноилоҷ як лаби кулчаро шикаста хӯрда, боз ғелонд, ки кулча дигар ғелон нашуд.

Кулчаро ба дасташ гирифта, ҳамин қадар гиря кард, ки замин лой шуд. Як порча лойро гирифта, ба ҷои шикастаи кулча молиду ба офтоб монд. Кулча қоқ шуд.

Гулмоҳ онро аз нав ғелонда, аз пасаш рафтан гирифт. Ба як кӯҳ, расид, ки дар он ҷо як ҳавлӣ буд. Кулча ба таги дари ҳамон ҳавлӣ расида афтид.

Гулмоҳ ба ҳавлӣ даромад. Дид, ки дар хонаҳо ҳеҷ кас нест, дар деворҳои хона сайди бисёре овехтагӣ: ана оҳую ана гӯсфанди кӯҳию ана кабку ана мурғи ҳилол; кӯзаҳо пури равған, сандуқҳо пури орд. Ҳама чиз ҳаст.

Вай аз сандуқ орд гирифта, хамир кард, нону кулчаҳои болаззат пухт, кабкҳоро бирён карда, як ошаки бамазаи сергӯшту серравған пухт. Ҳамаро тайёр карда монду худаш дар даруни як сандуқ руст шуд.

Дере нагузашта ақаҳояш омаданд. Ба хона даромада, ба таомпазӣ cap карданӣ шуда диданд, ки оши палаву нону кулчаҳои дилкаш пухта шудааст. Ҳайрон шуданд: охир, ҳеҷ кас то ҳол ба ҳавлиашон қадам намонда буд. Кӣ омада ин таомҳоро тайёр карда бошад? Баъд «хайр, ҳар кӣ бошад, пагоҳ мефаҳмем» гуфтанду ошу кулчаҳоро бо завқ хӯрданд.

Пагоҳ шуд, шаш додар ба шикор рафтанду бародари аз ҳама калонӣ, воқеаро фаҳмиданӣ шуда, дар хона монд. Вай поида шишт-шишту як вақт хобаш бурда монд. Гулмоҳ оҳиста нигоҳ кард, ки акааш хоб рафтааст, аз сандуқ баромад. Ӯ боз хамир кард, нону кулчаҳои хушрӯй пухт, се-чор зувола тушбера пухта, ба даруни сандуқ даромада руст шуд.

Акааш бедор шуд, ки нону кулчаҳои гарму тушбера тайёр.

Ҳайрон шуда нишаста буд, ки бародаронаш омада монда, пурсиданд:

- Кӣ будааст?

- Хобам бурда мондааст, бедор шавам, ҳама чиз тайёр - гуфт бародари калонӣ.

Додаронаш ба серхобии ӯ хандиданду хӯрокҳоро хӯрда, хоб карданд.

Рӯзи дигар додари дигарашон дар хона монд. Инро ҳам хоб бурда, аз корҳои духтар хабардор нашуд. Ҳамин тавр, шаш додар хоб карда монда, сирри духтарро фаҳмида натавонистанд.

Рӯзи ҳафтум бародари аз ҳама хурдӣ посбонӣ кард. Вақти пешин ӯро ҳам хоб пахш кард. Хеста, кӯрпача андохту ба таги сараш болишт монда дароз кашид, ки боз зиёдтар хобаш омад.

Хоб, ки бар вай ғалаба кардан гирифт, хесту ангушти хурди дасташро каме бурида намак пошид. Ҷароҳат сӯхтан гирифту хобаш набурд. Як вақте дид, ки як духтари нозанин аз сандуқ баромад. Хост, ки зуд хеста дастгираш кунад, боз фикр кард, ки «канӣ бинам, чӣ кор мекунад».

Духтар орд гирифт, хамир кард, нон пухт, гӯшт гирифт, пиёз реза кард, сабзӣ тоза кард. Шӯрбо пухт, чой ҷӯшонда дам карда, чойникро ба лаби оташдон монда, ба пеши сандуқ рафту ба он даромаданӣ шуда буд, ки чавон тохта хеста аз пояш махкам дошта, пурсид:

- Ту инсӣ, ҷинсӣ, париӣ, паризодӣ, чӣ касе ҳастӣ, ки хонаи моро манзил кардӣ?

Гулмоҳ гуфт:

- На инсам, на ҷинсам, на париям, на паризод, одами оддӣ ҳастам, хоҳари шумо.

- Мо ҳафт додарем, хоҳар надорем, - гуфт бародари хурдӣ тааҷҷуб карда.

Духтар ҳамаи воқеаро як-як нақл карда, хоҳари онҳо буданашро маълум кард. Бародару хоҳар ҳамдигарро ба оғӯш кашида бусиданд, ҳолпурсӣ карданд, хурсанду дилшод гапзанон карда нишастанд. Вақти омадани бародаронашон шуда буд, ки ҷавон гуфт:

- Ту руст шав, ман аз акаҳоям шодиёна мегирам.

Духтар пинҳон шуд. Фурсате нагузашта, бародаронашон ҳам омаданд. Бародари аз ҳама калонӣ пурсид:

- Хӯш, додар, чӣ гап?

- Ҳеҷ гап не, - гуфт додари хурдӣ, - шинед, таом хӯред, ман як гапи ғалатӣ дорам.

Бародарон нишаста, ба таомхӯрӣ cap карданд. Бародари хурдӣ нон шикаста монду баъд ба бародаронаш рӯ оварда гуфт:

- Шодиёна диҳед, ки - гуфтанд шаш додар якбора.

Бародари хурдӣ ба тарафи сандуқ рӯ оварда гуфт:

- Гулмоҳ, баро, акаҳоямон интизоранд!

Духтар аз даруни сандуқ баромад. Шаш бародар ба сӯи ӯ давиданд, оғӯшу бӯсагирӣ cap шуд. Бародарон ба ҳамдигар навбат надода, духтарро ба канор мекашиданд, ҳолпурсӣ мекарданд.

Бародари хурдӣ бошад, як сӯ нишаста аз хурсандӣ қанотак мезад.

Баъд аз ин Гулмоҳ бо бародаронаш зиндагӣ карда гашт. Ҳамаашон хурсанд ва хушҳол буданд. Ҳафт додарон рӯзҳо ба шикор мерафтанд. Гулмоҳ меғундошт, рӯбучин мекард, мешусту медӯхт.

Рӯзе бародаронаш «ба хоҳаракамон ҳамроҳ мешавад» гуфта як гурба ёфта омаданд.

Гурба шарики Гулмоҳ шуд. Гулмоҳ бе ӯ ҳеҷ чиз намехӯрд. Ҳар чӣ, ки ёфт, гурбаро ҷеғ мезаду бо ҳам медиданд. Як пагоҳӣ хона рӯфта истода, аз пеши ҷорӯб як дона мавиз ёфт. Бе хавотир онро гирифту тоза карда, ба даҳонаш андохт. Гурба, ки ба ними мавиз умедвор шуда буд, дар қаҳр шуда, тохта рафта алавро кушт.

Гулмоҳ, хамир кард, хамираш расид, танӯрро тафсонданӣ шуда ба пеши оташдон омад, ки алав мурдааст. Вай ғамги шуда берун баромада, ба чор тараф нигоҳ карда дид, ки аз даруни як бешазор дуди борике баромада истодааст. Ба ҳамон дуд нигоҳ карда рафтан гирифт. Наздик шуда дид, ки як Кӯрбарзангӣ дар як даст бачаашро макконда, бо дасти дигараш гандум бирён карда истодааст. Гулмоҳ ноилоҷ ба пеши вай рафта:

- Ассалом, очачон! - гуфт.

Кӯрбарзангӣ cap бардошта гуфт:

- Ваалайкум ассалом! Агар саломат намебуд, як луқмаи хомам мекардам! Барои чӣ омадӣ?

- Алавам мурд, алавгирӣ омадам, - ҷавоб дод Гулмоҳ.

Кӯрбарзангӣ каме алав ва як қадар ҷав дароз карда гуфт:

- Ин ҷавро то хонаат чошида-чошида рав! Гулмоҳ чавро чошида-чошида омад, танӯрро

тафсонд, нону самбӯсаҳои гӯштин пухт, хӯрок тайёр кард.

Акаҳояш омаданд, хӯрданд. Ҳама чиз хеле бомаза буд. Шикамашон сер, ғамҳояшон дур шуд. Аз хоҳараки ҳунармандашон миннатдор шуданду хеле чақ-чақ карда нишаста, баъд хоб карданд. Саҳар шуд, хеста рафтанд.

Рӯз шуд. Гулмоҳ ҳавлӣ рӯфта истода буд, ки ногаҳон ҳамон Кӯрбарзангӣ таккасавор даромада омад. Вай омада истода, фарёд мекард: Ӯй ноҷинс, биё, таккаамро гирифта банд! Гулмоҳ тохта омаду таккаро гирифта ба мех баст.

Акнун биё, сарамро бин! - гуфт Кӯрбарзангӣ. Ҳамон ҷавҳои пошидагии Гулмоҳ сӯзан шуда, Кӯрбарзангӣ чида-чида омада буд. Кӯрбарзангӣ як сӯзанро гирифта, ба сони Гулмоҳ халонд. Сонаш сахт дард карда бошад ҳам, Гулмоҳ дандон ба дандон монд.

Гулмоҳ cap медиду Кӯрбарзангӣ хуни ӯро мемакид.

Чанд рӯз ҳамин хел гузашт. Духтараки нозанин хазон мешуд. Як рӯз акаҳояш аз ӯ пурсиданд, ки;

- Ба ту чӣ шуд: нотоб ҳастӣ, зиқ шудӣ? Чаро рӯз аз рӯз хазон шуда истодаӣ?

Гулмоҳ воқеаро гуфта дод. Рӯзи дигар бародари аз ҳама хурдӣ ба шикор нарафта, дар назди дар чоҳе канду пеши чох як санги калон оварда монду дар паси дар пинҳон шуд.

Дере нагузашта, Кӯрбарзангӣ ҳам омад. Вай омада истода фарёд мекард:

- Ӯй ноҷинс, биё, таккаамро гир!

Гулмоҳ тохта рафта, таккаро гирифту ба сӯи дар равон шуд. Кӯрбарзангӣ аз ақиби ӯ меомад. Кӯрбарзангӣ ба дар наздик шуда буд, ки акаи Гулмоҳ тохта баромада, ӯро ба чоҳ тела дод ва ҳадаҳа сангро ба болояш партофта, хок кашид.

Бегоҳӣ бародаронаш аз шикор гашта омада пурсиданд:

- Ҳа, додар, чӣ гап будааст?

- Ба хонаи мо Кӯрбарзангӣ одат кардааст, - ҷавоб дод ӯ. - Хайриҳат, ки барвақттар хабардор шудем, набошад, хоҳаракамонро кушта мемондааст.

Бача бо Кӯрбарзангӣ чӣ хел рафтор карданашро гуфта дод. Баъд акаи калониаш ба духтар гуфт:

- Мабодо ба болои чоҳ об нарез, ки Кӯрбарзангӣ зинда мешавад.

Чанд вақт гузашт. Рӯзе Гулмоҳ дегу табақ шуст ва фаромӯш карда, юндиро ба болои ҳамон чоҳ рехта монд. Як замоне болои чоҳ шибит рӯид, чунон шибити хушбӯй, ки ҳеҷ ногуфтанӣ.

Чанд вақти дигар гузашт. Як бегоҳ Гулмоҳ, ғамгинона ох, кашид.

- Барои чӣ оҳ мекашӣ? - пурсиданд бародаронаш.

- Ба дидори падару модар пазмон шудам. Бародарон гуфтанд:

- Мо ҳам падару модару ватанамонро ёд кардем. Ин тавр, ки бошад, пагоҳ роҳи сафарро пеш мегирем.

Рӯзи дигар ҳафт додарон ба ғундоштани чизу чораҳояшон машғул шуданду Гулмоҳ як мастоваи болаззат пухта аз ҳамон шибит канда, қайла тайёр карда, ба косаҳо андохт.

Бародарон ба сари дастархон нишаста, як қошуқӣ хӯрда буданд, ки кабӯтар шуданду парида рафтанд. Гулмоҳ дар ҳайрат монд. «Оҳ, ин шибити дар рӯи чоҳ рӯидагӣ буд, мани нодон фаромӯш карда, ба хӯрок андохтам, додараконам кабӯтар шуданд. Акнун чӣ кор мекунам? Хайр ман ҳам кабӯтар шавам» гуфту аз мастова як қошуқ хӯрд ва ин ҳам кабӯтар шуда, парвоз карда, ба бародаронаш расида гирифт.

Ҳашт кабӯтар парвозкунон ба ватанашон расида, ба рӯи боғи худашон рафта нишастанд. Ҳафт додарон ҳафт сафедор шуданду Гулмоҳ - як дарахти себ.

Як вақте модарашон ба боғ даромада дар ҳайрат монд: худ аз худ ҳафт сафедори баланду як дарахти сершохи себ пайдо шуда, боғ аз ин дарахтони аҷиб хеле хушнамуду зебо гаштааст.

Баъд аз ин ӯ ҳар рӯз ба бог даромада, ин дарахтони ғалатиро тамошо мекард.

Фасли баҳор омад, себ ғарки гул шуд, мева кард, тобистон шуд, себҳо пухтанд, суп-сурх, хушрӯю хушбӯй.

Рузе писари подшоҳ ба шикор баромада, чашмаш ба ин тараф афтод. Омада истода буд, ки ба димоғаш бӯи хуши себ расид. Аспи худро нигоҳ дошта, ба навкаронаш гуфт:

- Ин чӣ бӯест, ин қадар форам? Зуд рафта фаҳмед, ки аз куҷо меояд!

Ду навкар асп давонда, ба назди боғ омаданду диданд, ки як дарахт гарки себу гирдогирдаш ҳафт сафедори баланд. Хостанд аз ин себ ду-сета ба шоҳзода бурда, ӯро хурсанд кунанд. Ба дарахт наздик шуда, даст дароз карда буданд, ки аз танаи себ садо баромад:

- Эй раҳгузарон, даст нигах доред!

Навкарон ҳайрон шуда, худро ба қафо кашиданд. Яке аз онҳо гуфт:

- Моро шоҳзода фиристод, мехоҳем барои ӯ ду-се дона себ барем.

Дарахт боз садо дод:

- Эй бародарони азиз, одамони шоҳзода барои себ омадаанд, диҳам ё не?

Ҳамин вақт аз танаи ҳафт сафедор овоз баромад:

- Шоҳзода чӣ некӣ кардааст, ки ба ӯ себ медиҳӣ?

Навкарон бошитоб асп давонда, ба пеши шоҳзода омаданду гуфтанд:

- Эй шоҳзодаи олимақом, ин бӯй аз боғ меояд, дар даруни боғ як дарахти себ, гирдогирдаш ҳафт сафедор. Дарахтон гап мезананд.

Шоҳзода гуфт:

- Номаъқул кардед, кадом дарахт гап задааст, ки он дарахтон гап зананд?!

Баъд худи писари подшоҳ ба боғ омада, ба себ даст дароз кард. Ҳамин вақт танаи он овоз дод:

Эй раҳгузар, дастатро нигаҳ дор! Шоҳзода гуфт:

- Ман писари подшоҳи мамлакатам, мехоҳам ду-се дона себ гирам.

- Эй бародарон, писари подшоҳ барои себ омадааст, диҳам ё не?

Сафедорон садо доданд:

- Писари подшоҳ чӣ некӣ кардааст, ки ба ӯ себ медиҳӣ;

Ба себи ту касе ҳақ дорад, ки тамоми умри худ ба мардум некӣ карда бошад.

Шоҳзода фикр карда дид, ки дар умри худ ба касе некӣ накардааст. Ноумед шуда, баргашта рафт.

Рӯзе чашми як марди солхӯрда ба ин ҷо афтода монд. Дарахти сархамшудаи себро дида ҳаваси ӯ омаду ба боғ даромада, як себ канданӣ шуд. Ногаҳон аз танаи себ овоз баромад:

- Эй бародарон, ин марди мӯйсафед себ гирифтан мехоҳад, диҳам ё не?

- Бидеҳ - гуфтанд бародаронаш. - Ин ҳамон касест, ки тамоми умри худ, ғайр аз некӣ ба мардум, кори дигар накардааст.

Пирамард хурсанд шуда, як себ гирифта буд, ки якбора танаи дарахти себ кафиду аз даруни он як духтари хушрӯю нозанин баромад ва танаи ҳафт сафедор ҳам кафиду ҳафт ҷавони хушрӯй берун шуданд.

Ҳафт бародар ва як хоҳар ба назди модарашон давиданд. Модар ҳамаро як-як ба оғуш кашида бӯсиду ба муроду мақсадаш расид.

Аз афсонаҳои халқи тоҷик

Дида шуд: 254