Буд набуд, бозаргоне буд. Ӯ рӯзе азми сафари Ҳиндустон кард. Аз зану фарзандонаш пурсид, ки аз он ҷо барояшон чӣ биёрад. Ҳар яки онҳо аз тӯҳфаҳои гуногуне ном бурданд.

Бозаргон як тӯтии бисёр зебо ва хушовоз ҳам дошт, ки бисёр дӯсташ медошт. Бозаргон аз тӯти пурсид: “Аз Ҳиндустон бароят чӣ армуғон биёрам?” Тӯтӣ гуфт: “Вақте ба Ҳиндустон мерасӣ, ҳамҷинсонамро мебинӣ. Ҳоли маро ба онҳо арза бикун, то насиҳате ба ман бигӯянд”.

Базргон ба роҳ баромад. Баъд аз сафари дуру дароз ниҳоят ба Ҳиндустон расид. Боғе дид, ки дар он тӯтиҳо буданд. Назди онҳо рафт ва аз ҳоли тӯтии худ ҳикоят кард. Ӯ гуфт, ки тӯтии ман аз шумо насиҳате мехоҳад.

Вақте ки бозаргон ин суханро гуфт, яке аз он тӯтиҳо ба ларза даромад ва аз шохи дарахт ба замин афтода беҳаракат шуд. Бозаргон ин ҳолатро дида, гумон кард, ки тӯтӣ мурдааст. Ӯ дар ҳайрат афтода, роҳашро идома дод. Сипас, ба бозори Ҳиндустон омада, корҳои бозаргониашро анҷом дод ва ба хонааш баргашт.

Ҳангоми бозгашт аҳли оилааш ӯро бо шоливу хушӣ пешвоз гирифтанд. Боҳаргон аз Ҳиндустон барои онҳо ҳадяҳои гуногун оврда буд. Ӯ ҳадяи тӯтиашро ҳам фаромӯш накарда буд ва салому пайғоми ҳамҷинсонашро овард.

Ҳамни тавр бозаргон ба тӯтии дӯстдоштааш дар бораи зиндагии тӯтиҳои Ҳиндустон нақл кард. Ҳодисаи тӯтии аз шохи дарахт афтодаро низ гуфт. Вақте ки ӯ воқеаро то поён нақл кард, тани тӯтӣ якбора ба ларза даромад ва он аз пой афтод.

Бозаргон бениҳоят ғамгин шуд. Ӯ гумон кард, ки тӯтиаш мурдааст. Онро аз қафас берун овард ва дар канори тиреза гузошт. Ногаҳон тӯтӣ ба худ омада пару бол кушод ва парвоз намуд. Бозаргон аз ҳамаи ин воқеаҳо ҳайрон шуд.

Тӯтӣ ба бозаргон гуфт:
-Дӯстони Ҳиндустониам ба василаи ту маро ҳамин гуна насиҳат карданд. Ман ба панди онҳо гӯш додам ва худро мурда вонамуд кардам. Акнун аз қафас озод шудам.

“Барои ҷалби таваҷҷӯҳи дигарон зиндагӣ макун. Худро ба намоиш магузор. Аз худнамоиву ҳавобаландӣ парҳез бикун. Ба панди дӯстони худ гӯш бидеҳ.”
Аз афсонаҳои халқи тоҷикДида шуд: 245