ТОҲИР ВА ЗӮҲРО

Буд набуд, як подшоҳ буду як вазир. Ҳар ду муддати дароз бефарзанд буданд. Фақат вақте ки мӯи сарашон мошу биринҷ шуда, ришашон ба рӯи синаашон наздик омадан гирифт, занҳои онҳо умедвор гардиданд. Шоҳу вазир аз ин ҳодиса бисёр хурсанд шуда, зуд-зуд базму зиёфат ташкил мекардагӣ, ҳар моҳ як бор - ду бор ба сайру шикор мерафтагӣ шуданд.

Рӯзе онҳо дар як дараи хушманзараи кӯҳе шикор карда истода буданд, ки вазир оҳуеро дида таъқиб кард. Оҳу хеле оҳиста мегурехт. Вазир нишон гирифта, тир кушоданӣ шуда дид, ки шиками оҳу калон. Вазир фаҳмид, ки оҳу ҳомиладор аст. Ӯ худ ба худ «зани ман ҳам монанди ҳамин дуҷон аст, магар куштани он убол нест» гуфта, тир накушоду пас гашт. Подшоҳ ҳайрон шуда пурсид:

- Эй вазир, чаро аз сайд даст кашидӣ?

Вазир воқеаро гуфта дод. Рафтори вазир ба подшоҳ- маъқул афтоду онҳо қарор доданд, ки ба ягон ҷои дигар рафта шикор кунанд.

Дар шикоргоҳи дигар якчанд кабкро зада, пар канда, кабоб карда, хӯрда нишаста буданд, ки подшоҳ оҳуи ҳомиладорро ба хотир оварда гуфт:

- Дӯсти азиз, солҳост, ки ту ба ман аз ёру бародар зиёдтар хизмат мекуни, дар ҳалли бисёр масъалаҳои мушкили корҳои давлатӣ ба ман ёрӣ мерасони. Ман қарор додам, ки агар занҳои ҳардуямон писар зоянд, коре мекунем, ки онҳо монанди ману ту дӯстони ҷонӣ шаванд. Агар зани ту духтар зояд, духтарат келини ман, агар зани ман духтар зояд, писарат ба ҷои ман подшоҳ ва духтари ман келини ту шавад.

Ин гап аз таги дили вазир буд, вай бо хурсандӣ ризогӣ доду ҳар ду аҳду паймон бастанд.

Рӯзи дигар ҳадягирҳо омада хабар доданд, ки чашми занҳои шоҳу вазир равшан шуд.

Баъд вазирро бо писар муборакбод карданд. Вазир аз ин хабари нек бисёр - бисёр хурсанд шуда:

- Шукр, сад бор шукр, - гӯён асп давонда, ба хонааш омад. Ба хонааш расида, писарро ба дасташ гирифта бӯса кард, ба дидааш молид ва «чӣ хушбахтист, ки дар зиндагиам рӯи фарзандро медидаам», гуфта писарашро бардошта, ба қасри подшоҳ равон шуд.

Ин вақт подшоҳ аз шикор баргашта буд. Вазир дар як даст писараш ва дар дасти дигараш духтари ба матоъҳои зарбофт печонидашудаи подшоҳро гирифта, ба пеши ӯ бурд. Подшоҳ вазирро дида, аз ҷояш, хест, бачагонро аз дасти ӯ гирифта бӯса кард, сонӣ ба маслиҳати калонсолтарини дарбориён ба писар Тоҳир ва ба духтар Зӯҳро ном монд.

Тоҳиру Зӯҳро дар дасти мураббиёни кордида тарбия ёфта ба воя мерасиданд. Онҳо ҳамеша, ҳам дар сари дастархон, ҳам дар вақти сайру гашт дар чорбоғи подшоҳ як ҷо буданд ва ҳамеша бо ҳам бозӣ мекарданд. Вақте ки ба синни мактаб расиданд, ҳар дуро дар як мактаб супориданд, ҳар ду ҳамсабақ гардиданд.

Ин воқеа дар дили душманони вазир - падари Тоҳир оташи рашку ҳасадро фурӯзон кард. Дили чун таги дег сиёҳи онҳо аз заҳри қасду ниятҳои бад лабрез шудан гирифт.

Онҳо дар ҳар як мавриди мувофиқ дар назди подшоҳ вазир ва писари ӯро ганда карда, ба таърифи Зӯҳро cap мекарданду мегуфтанд:

- Эй подшоҳи аъзам! Духтари дар ҳусн беҳамто ва дар ақлу дониш беназири ту сазовори беҳтарин подшоҳи олам аст, сазовори подшоҳест, ки мамлакатро боз ҳам васеътар, давлататро боз ҳам зиёдтар карда тавонаду ба шӯҳратат шӯҳрат зам кунад.

Ин гапҳо ба дили подшоҳ беасар намонданд. Вай дар ин бора бисёр фикру хаёл мекардагӣ шуд. Ҳар қадар, ки вай зиёдтар фикр мекард, ҳамон қадар дар атрофи вазир оташи фитна баландтар забона мезад. Рафта - рафта дили подшоҳ аз вазир хунук шуда, дар қасди нобуд кардани ӯ афтод.

Як рӯз дар вақти шикор тири яке аз қарибони подшоҳ «хато хӯрда», байни ду шонаи вазирро шикоф кард. Ҳамон лаҳза чашмони вазир пӯшида шуданду вай дигар рӯи фарзанди азизашро надид.

Подшоҳ дар назди мардум худро «мусичаи бегуноҳ» нишон дода, вазири як вақтҳо аз таҳти дил дӯст медоштагиашро бо обрӯю иззати зиёд дафн карда, азо гирифт.

Дар ин вақт дар болои лаби Тоҳир мӯи навсабзи сип-сиёҳ дуд мекард, вай ҷавони нозанин ва зебоқомате шуда буд.

Марги ногаҳонии падараш ҳама гуна хаёлҳои хоми ҷавониро аз сараш дур карданд. Фақат ишқ, ишқи Зӯҳрои монанди хирмани гул зебову ботароват, дар дили ӯ ҷӯш мезаду шиддат мегирифт.

Подшоҳ инро медонист. Бинобар ин ба балоғат расидан ва нағз набудани оқибати вохӯриҳои Тоҳиру Зӯҳроро баҳона карда, фармон дод, ки онҳоро аз якдигар ҷудо кунанд.

Фармони подшоҳро иҷро карданд. Аммо Тоҳирро тоқати ҷудоӣ набуд. Вай дар гирди қасри подшоҳ мегашту ба умеди дидани маъшуқаи ширинаш ба ӯ муроҷиат карда мегуфт:

Рухи худро намоён кун,

Назар бар ҳоли моён кун,

Ниқоб аз худ парешон кун,

Шавад ҷонам фидои ту.

Аммо садоеро аз Зӯҳро нашунида ӯ такрор менамуд:

Эй бути нозанини ман,

Дасти ман асту доманат.

Сарви суманбарини ман,

Дасти ман асту доманат.

Бори ситам шикаст миён,

Тира ба чашми ман ҷаҳон,

Ҷони маро гирифтӣ, ҷон,

Дасти ман асту доманат.

Суруди дилхароши Тоҳир ба гӯши одамон расид. Онҳо дар атрофи Тоҳир ҷамъ шуда, ба ин ҷавони номурод ҳамдардӣ карда, подшоҳи бераҳмро, ки писари вазирашро ба ин ҳол андохта буд, сарзаниш мекарданд.

Шаъми манаст рӯи ту,

Умри манаст мӯи ту,

Ёди ман аст кӯи ту,

Дасти ман асту доманат.

Қиблаи дил сарои ту,

Каъбаи дил ҳавои ту,

Рӯяму хоки пои ту,

Дасти ман асту доманат.

Аҳду вафо намекунӣ,

Тарки вафо намекунӣ,

Ҳеҷ нигоҳ намекунӣ,

Дасти ман асту доманат.

- мегуфт Тоҳир аз он ҷое, ки мебоист Зӯҳро дар он ҷо бошад, чашм наканда.

Вақте ки Тоҳири озурдахотир дар гирди қасри шоҳи маҳбубаи дилороми худро нидо мекард, подшоҳ дар болои тахти заррини худ нишаста, вакилони яке аз золимтарин ва зӯртарин шоҳҳои ҳамон замон - Қароботурро интизорӣ мекашид. Дере нагузашта, вакилон ҳам омада монданд. Онҳо мактуби Қароботурро ба дасти подшоҳ, дода, интизори ҷавоб шуда истодаанд. Дар мактуб чунин навишта шуда буд:

«Чанд вақт боз хостгорҳои ман дар тамоми мамлакатҳои дунё барои ман арӯси мувофиқеро кофта мегаштанд. Кофта - кофта дар ҳеҷ, ҷо монанди Зӯҳрои ту духтари нозанинро пайдо накарданд. Бинобар ин ман қарор додам, ки духтари туро ба занӣ гирам. Агар розӣ шавӣ, хеш мешавем, агар розӣ нашавӣ, ба ҷанг тайёр бош!»

Подшоҳ хатро хонда, ба вакилон гуфт, ки ду - се рӯз пас ҷавоби мактубро мефиристад. Вакилон рафтанду подшоҳ вазиронашро ҷеғ зада, воқеаро гуфта дод. Вазирон ҳама бо як овоз гуфтанд, ки:

- Қароботур подшоҳи тавоно ва бузург аст. Ин ҳамон подшоҳест, ки давлататонро зиёд, шӯҳрататонро афзун карда метавонад.

Ин қарор муддаои дили подшоҳ буд. Вай бо фикри вазирон розӣ будани худро маълум карда, онҳоро ҷавоб доду духтараш - Зӯҳроро ҷеғ зада оваронид.

- Духтари азизам, - гуфт - туро аз таҳди дил муборакбод мекунам. Подшоҳи аз ҳама зӯри олам - Қароботур ба ту хостгор фиристодааст. Ту хушбахтӣ, ки зани чунин шоҳи бузург мешавӣ.

- Не, не! - гуфт Зӯҳро. - Ман ғайр аз Тоҳир ба ҳеҷ каси дигар намерасам. Ман ӯро дӯст медорам, бо ҷону дилам дӯст медорам, бе ӯ зиндагӣ ба ман талх аст.

Подшоҳ ин гапро шунида, дар хашм шуд. Вай бо қаҳр ба рӯи Зӯҳро нигох карда гуфт:

- Ту гапи номаъқул мегӯӣ! Тоҳир кӣ? Як нодони бепадар, вай ба нохуни пои Қароботур баробар шуда наметавонад. Ту беақлӣ накуну ӯро аз хотират барор!

- Раҳм кунед, падари азиз! - гуфт Зӯҳро.

- Тоҳир ба ҷони ман баробар аст. Агар хоҳед, ки духтгаратон бадбахт нашавад, аз ниятатон гардед!

Ин гапҳои духтари ягонаи гадоияшро шунида, подшоҳ ба андеша монду гуфт:

- Хайр, духтарам, ту рав, ман фикр карда мебинам.

Зӯҳро рафт. Подшоҳ фармон дод, ки вазиронро ҷеғ зананд. Вазирон омаданд. Вай ба онҳо воқеаи рӯйдодаро гуфта дод.

Якеҳо гуфтанд, ки:

- Тоҳирро дар назди духтар бад карда, аз шаҳр рондан зарур аст. Баъд аз ин дили Зӯҳро аз ӯ хунук мешаваду ба Қароботур не намегӯяд.

Дигарҳо гуфтанд, ки:

- Беҳтараш, Тоҳирро ҷеғ зада, насиҳат додан даркор аст, ки вай аз ин роҳ бо ихтиёри худ гардаду аз ишқи Зӯҳрои нозании даст кашад.

- Хайр, илоҷи ин душвор нест, - гуфт подшоҳ.

Вазиронро ҷавоб дода, Тоҳирро ба назди худ оваронид.

Дили Тоҳир аз чунин илтифоти ногаҳонии подшоҳ пурумед шуда буд, аммо суханони аввалини подшоҳро шунида тарбузи ӯ аз бағалаш афтод.

Подшоҳ ба ӯ таклиф кард, ки аз ишқи Зӯҳро дасту умед канда, аз шаҳр баромада равад.

- Не! - гуфт Тоҳир. - Ман то ҷон дар бадан дорам, дар ёди Зӯҳро хоҳам буд.

- Ин ба ту муяссар намешавад! - гуфт подшоҳ. - Беҳтараш ба ҷони ҷавонат ҷабр накарда, гуфтаи маро кун!

Тоҳир дар ғазаб шуда гуфт:

- Ту золим, падари маро куштӣ, модари бечораамро бева ва фарзанди ягонаи ӯро ятим кардӣ. Акнун мехоҳи ба гапи ту даромада, ман ҳам зинда дар гӯр шавам?! Не, ин хел намешавад!

Подшоҳ беҳад хашмнок шуда, фармон дод, ки ӯро дасту пою чашм баста, ба ягон канори дурдасти мамлакат бурда партоянд ва агар ягон рӯз баргашта биёяд ҳам, ба шаҳр роҳ надиҳанд. Баъд аз ин подшоҳ ду кампири золро ба назди Зӯҳро равон карда гуфт:

- Рафта, ба духтарам гӯед, ки Тоҳир ба майли худ аз ишқи Зӯҳро даст кашида, дар ҳаққи вай падараш гапҳои нолоиқ гуфта, аз шаҳр баромада рафт.

Кампирон ин хабарро зуд ба Зӯҳро расонданд. Зӯҳро, ки ба ҳар як хабаре дар бораи Тоҳир бесаброна интизор буд, гапҳои кампиронро шунида, аввал каме ранҷид.

Баъд хислатҳои Тоҳир, муносибати ҳамеша меҳрубонона ва пурнавозиш, дӯстии пурсафои аз бачагӣ дар байнашон ба амал омадаро ба хотир оварда, ба дурустии гапҳои кампирон шубҳа карду қарор дод, ки навмед нашуда интизорӣ кашад.

Подшоҳ бошад, баъд аз ронда шудани Тоҳир хотирҷамъ шуда, ба Қароботур навишт, ки розӣ аст. Қароботур хурсанд шуда, ба ҳузури подшоҳ омад ва хоҳиш кард, ки Зӯҳроро ба ӯ нишон диҳанд.

Зӯҳроро оварданд. Рӯи чун моҳ тобон, қомати мавзун ва чашмони шаҳлои пурҷозибаи ӯро дида, ҳуш аз сари Қароботур париду дар дили сиёҳаш муҳаббат лона андохт.

- Ман ин духтари нозанинро мегирам, - гуфт ӯ ба падари Зӯҳро, - ва дар ивази ӯ ҳарчӣ хохӣ, иҷро мекунам!

Падари Зӯҳро хурсанд шуда гуфт:

- Эй подшоҳи олам ва эй султони муаззам, шумо маро бағоят сарфароз кардед!

Ин танҳо чун тири заҳролуд дили поки Зӯҳроро ранҷур карданд.

- Ин хел намешавад! - фарёд кард ӯ - Ман каси дигар - Тоҳирро дӯст медорам. Тоҳир барои ман аз зиндагӣ ҳам ширин ва пурқимат аст.

Подшоҳ гуфт:

- Тоҳир дар ҳаққи ту бисёр гапҳои нолоиқ гуфт, вай туро дӯст намедорад, вай аз ту дилхунук шуда, баромада рафтааст.

- Бовар намекунам! - гуфт Зӯҳро, - Тоҳир ин хел одам не.

Қароботур аз ишқи Зӯҳро хабардор набуд ва аз ин воқеа огоҳ шуда гуфт:

- Ин тавр бошад, ман чил рӯзи дигар мунтазир мешавам, боварӣ дорам, ки дар ин муддат Зӯҳрои нозанин аз Тоҳиру аз муҳаббати ӯ безор мегардад ва маликаи дилороми ман мешавад. Шарт ҳамин!

Подшоҳ ба Тоҳир лаънатҳо хонда, ноилоҷ розӣ шуд ва Зӯҳроро ҷавоб дод.

Навкарони подшоҳ Тоҳирро баста, ба як канори дурдасти мамлакат, дар як биёбони беобу бегиёҳ бурда партофтанд.

Зӯҳрои бечора, хабар ёфт, ки Тоҳирро ба кадом як биёбони хушку холӣ бурда партофтаанд. Вай ба воситаи канизаконаш аз ҳар як корвон илтимос мекард, ки ҳар куҷо, ки раванд, Тоҳирро ҷустуҷӯ карда, хабарашро гирифта биёранд.

Кори Зӯҳро гиря буд, дурдонаҳои ашк дар нӯгҳои мижгони дароз ва дар рӯи монанди барги гул латифу зебои ӯ ҳамеша дурахшон буданд.

Ӯро на хоб буду на қарор, вай ҳасрати дидори Тоҳирро мехӯрду мегуфт:

Хобам намебарад, ки хобат бинам,

Дар курта намеғунҷад тани мискинам.

Не шаб қарор дорам, не рӯзи дароз,

Таҳсин, ки намекафад дили сангинам.

Сорбонҳо суруди дилхароши Зӯҳроро дар ҳар ҷо суруда мегаштанд.

Тоҳир бошад, дар ҳамон биёбони хушку хароб гушнаву ташна мегашт. Танҳо муҳаббати Зӯҳрои азизаш ба ӯ қувват мебахшид.

Як рӯз аз доманаи як кӯҳ гузашта истода буд, ки навҳаи дилхароши касе ба гӯшаш расид. Марди навҳакунанда гаштаву баргашта номи Тоҳирро такрор мекард. Тоҳир ҳайрон шуда, ба сӯи сароянда шитофт. Наздик шуда дид, ки корвоне мегузараду яке аз корвониҳо Тоҳирро ёд карда, бо оҳанги дилхароше. Месарояд:

Эй Тоҳири хору зор,

Зӯҳро ба ту интизор

Бо дили пора-пора

Бо дидаи ба раҳ чор.

 

Ғами ӯро канор нест,

Дили ӯро қарор нест.

Бахти ӯро барор нест,

Бе Тоҳири дилафгор.

 

Хоб аз ӯ парида,

Шодӣ аз ӯ рамида,

Қомати ӯ хамида,

Зи кулфати бешумор.

- Одами нек, - гуфт Тоҳир, - аз суруди садои дили Зӯҳрои меҳрубонамро мешунавам гӯй, ки аз куҷо меоӣ ва ин сурудро аз кӣ шунидаӣ?

Корвоне ба Тоҳир бо диққат нигоҳ карда гуфт:

- Аз кӣ мегӯӣ? Аз худи Зӯҳрои нозанин шунидаам. Вай ба мо фармудааст, ки cap тоI сари олам гардему Тоҳири азизашро суроғ кунем, агар дар ягон ҷо дида монем, гирифта барем.

Тоҳир хурсанд шуда гуфт:

- Тоҳири хору зор, Тоҳири дилафгор ман ҳастам.

- Ин тавр бошад, - гуфт корвон, - баро, ба ин шутур бишин, мо туро пеши Зӯҳро мебарем.

Корвон равон шуд. Чанд шабу чанд рӯз гашта, ба манзили дилхоҳ расиданд.

Омадани Тоҳирро шунида, мурғи дили Зӯҳро аз нав зинда шуду вай маҳбуби хаставу беҳол шудаашро ба қаср гирифта бурд.

Тоҳир аз ғамхории доимии маҳбубаи дилоромаш зуд ба худ меомад. Олиҳаи васл ин ду дилдодаи ранҷу азобкашидаро ба оғуши фораму дилнавози худ гирифт. Аммо бахти Тоҳиру Зӯҳро дер давом накард. Ҷосусони Қароботур аз воқеа пай бурда, ба ӯ хабар расониданд. Ҳамон замон Қароботур бо лашкари зиёд ба пеши падари Зӯҳро омада, гуфт:

- Тоҳир баргаштаасту чанд вақт боз бо духтари ту айшу ишрат доштааст, агар ҳозир ӯро нест накунӣ, тахту тоҷатро зеру забар карда, ҳам сари туро мегираму ҳам сари духтаратро!

Подшоҳ бисёр тарсид ва ҳамон замон вазиронашро ҷеғ зада маслиҳат пурсид.

- Як илоҷ карда аз Тоҳир халос шудан зарур аст! - гуфт вазири дасти росташ. - Илоҷи беҳтарин ин аст, ки ба сандуқе андохта, ба об равон кунем.

Подшоҳ ин фикрро маъқул донист ва устоҳои сандуқсозро оваронда фармуд, ки як сандуқи калон созанд.

Устоҳо сандуқро буд карда, ба подшоҳ хабар доданд. Подшоҳ фармон дод, ки сандуқро ба лаби дарё баранд. Зӯҳро ғамгину маъюс ба лаби дарё ҳозир шуда, бо чашми гирёну дили бирён ба Тоҳир нигоҳ карда гуфт:

Чашми бади кас ҳеҷ ба чашмат нарасад,

Оташ ба вуҷуди ишқпарастат нарасад!

Мардуми ҷаҳон ҳама дуо мегӯянд:

«Ҳар ҷо рафтӣ, ҳеҷ шикастат нарасад».

Тоҳир гашту гуфт:

Зулфи сияҳат мусалсалои дили ман,

Лаъли лабакат гираҳкушои дили ман,

Ман дил надиҳам ба кас барои дили ту,

Ту дил надиҳӣ, ба кас барои дили ман.

Зӯҳро ҷавоб дода, гуфт:

Дарё, ки калон шавад, адояш кӣ кунад?

Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш кӣ кунад?

Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш мушкил,

Ҳар кас, ки ҷудо кунад, ба ғам дармонад!

Подшоҳ фармон дод, ки Тоҳирро зудтар ба сандуқ дароранду махкам карда, ба об партоянд. Навкаронаш фармони подшоҳро иҷро карданд.

Сандуқ лап-лапкунон рӯй-рӯйи об равон шуд ва дере нагузашта аз назарҳо ғоиб шуда рафт. Рафт, рафт, баъди чанд шабу чанд рӯз аз паҳлӯи як нимҷазира гузашта истода буд, ки онро се духтари подшоҳ дида монданд.

Онҳо духтарони подшоҳи ҳамин мамлакат буданду ҳар рӯз ба ин ҷо омада, оббозӣ мекарданд.

- Ҳар кас ки ҳамон сандуқро гирифта барорад, моли сандуқ аз они ҳамон! - гуфт духтари калонӣ.

Ин гапро ҳар се маъқул донистанду духтари калонӣ ба дарё парид. Шино карда, рафта ҳар чанд даст андохт, мавҷи дарё ӯро ба ақиб ронд сандуқро гирифта натавонист. Баъд духтари миёна парид, ин ҳам ҳарчанд кард, гирифта натавонист. Духтари хурдӣ, ки Гавҳар ном дошт, гуфт, ки:

- Апаҳо, шумо аз об бароед, канӣ ман як кӯшиш карда бинам!

Апаҳояш аз дарё баромаданду ин духтар худро ба дарё партофт. Вай шино карда, ба сандуқ наздик шуда, даст андохт. Гӯшаки сандуқ ба дасташ омад. Гӯшакро махкам қапида, сандуқро кашида, ба лаби дарё овард.

Хоҳарон сандуқро аз дарё бароварда, нигоҳ карданд, ки ҳеҷ, ҷои мекушодагӣ надорад. Қарор доданд, ки шикананду бинанд, ки дар дарун чӣ ҳаст. Ҳамин вақт аз даруни сандуқ шақар-шуқур садо баромада, сарпӯши сандуқ кушода шуд. Диданд як ҷавони нозанине хоб аст, чунон нозанин, ки ҳеҷ мислу монанд надорад.

Даррав ба подшоҳ хабар доданд. Подшоҳ одам фиристода, сандуқро бо ҳамроҳии Тоҳир ба қасраш оваронид. Ба табибон фармуд, ки Тоҳирро, ки бемор шуда буд, табобату парвариш кунанд.

Чанд рӯз гузашт. Тоҳир ҳол гирифт, фарбеҳу тоза шуд, боз ҳам нозанинтар ва зеботар гардид. Баъд аз ин хоҳарон аз маслиҳати кардагиашон подшоҳро хабардор намуданд.

Подшоҳ розӣ шуд, ки Гавҳарро ба Тоҳир диҳад. Тӯй cap шуд. Вале Тоҳир бехабар буд. Тӯй тамом шуду Тоҳиру Гавҳарро ба хонаи подшоҳ ҷудо кардагӣ монда рафтанд.

Тоҳир ба Гавҳар саргузашташро нақл карда дода гуфт:

- Зӯҳро нури дидагонам, ақлу ҳушам, хурсандии дилам, орзую умедам аст, ман намехоҳам, ки ба ӯ бевафоӣ кунам!

- Ман туро аз Зӯҳро зиёдтар дуст доштам, - гуфт Гавҳар, - якравӣ накуну муҳаббати аввалини самимӣ ва гарму ҷӯшони маро пешпо назан.

Тоҳир оҳи бадард кашида гуфт:

Бе Зӯҳраи ҷон ман ин ҷаҳонро чӣ кунам!

Бе ӯ гули сурхи арғувонро чӣ кунам!

Бе ӯ гули сурхи арғувон бисёр аст,

Дил майл ба ӯ дорад, дигаронро чӣ кунам!

Гавҳар бисёр зорию тавалло мекард, ки Тоҳир ӯро азоб надиҳад, Тоҳир бошад, аз Гавҳар илтимос мекард, ки ӯро ором гузорад, ёди пурсафои Зӯҳрои дилоромашро тира накунад. Ҳамин хел то саҳар гапзанон карданд ва қариби рӯз шуда буд, ки хоби Гавҳар бурда монд.

Ҳамон замон Тоҳир хеста, либосашро дигар кард ва роҳи кӯҳу биёбонро пеш гирифт. Рафт, рафт, баъди чанд шабу рӯз ба пойтахти мамлакаташ расид.

Дар ин ҷо ӯ худро ба шакли хизматгор дароварда, канизи Зӯҳро шуд. Хурсандии беканор аз нав дили софи ду дилдодаро манзил гирифту онҳоро хушбахт гардонид.

Вале ин дафъа ҳам шодии Тоҳиру Зӯҳро дер давом накард. Қароботур аз гашта омадани Тоҳир хабар ёфта, фавран ба пеши падари Зӯҳро омада, воқеаро гуфта дод.

Подшоҳ дар ғазаб шуда, ҷаллодонашро ҷеғ зада фармон дод, ки Тоҳирро ёфта ба дор овезанд. Ҷаллодон Тоҳирро оварда, дар пеши чашми подшоҳу Қароботур ба таги дор бурданд Тоҳир ба таги дор мерафту мегуфт:

Зӯҳраам, офтоби бахтам, меҳрубонам, алвидоъ!

Нури чашму сабри дил, ороми ҷонам алвидоъ!

Меравам аз ин ҷаҳон бо сад фиғону номурод,

Хуш бимон, хушбахт бош, Зӯҳраҷонам алвидоъ!

Зӯҳро якчанд рӯз ба хотири Тоҳир либоси сйёх пӯшида, азо гирифт. Ғами ёри ҷавонмаргшудааш ӯро чун шамъ об мекард.

Вай чун шамъ об мешуду Тоҳирашро ёд карда, мегуфт:

Тоҷ будӣ бар сарам,

Лола будӣ бар рухам,

Тоҷ афтид аз сарам,

Лола парид аз рухам!

Дод аз дастат, фалак!

Сад дод аз дастат, фалак!

Вай мехост, ки ба сари қабри Тоҳир раҳсипор шавад, аммо бо фармоиши подшоҳ чил канизак шабу рӯз ӯро посбонӣ мекарданд. Зӯҳро илоҷе наёфта, рӯзе либоси сиёҳашро кашида сару либоси идона пушид, сару дасту гарданашро пур аз зару зевар карда, ба канизон гуфт:

- Мебинам, ки аз ин хел азо гирифта гаштани ман на ба Тоҳир фоидаву на ба худи ман. Аз ҳамин рӯз cap карда, азодориро бас мекунам, дилам хурсанд шудан мехоҳад, сайри чорбоғ мехоҳад.

Як канизак зуд ба пеши подшоҳ рафта. гапҳои Зӯҳроро гуфта дод. Подшоҳ шод шуда гуфт:

- Майлаш, хурсандӣ кунад, сайри чорбоғ кунад.

Зӯҳро бо ҳамроҳии чил каниз ба чорбоғи падараш равон шуд. Ба ин тараф, он тарафи чорбоғ сайру гашт карда, баъд ба канизакон рӯ оварда:

- Ман имрӯз ҷудо хурснд ҳастам, мехоҳам, ки шумо ҳам ман барин хурсанд бошед! - гуфта тамоми зару зевари сару дасту гарданашро ба чор тараф пошида партофт:

- Ана чинда гиред!

Чил каниз ҳамдигарро тела дода, ба чиндан андармон шуданд.

Зӯҳро фурсатро ғанимат дониста, ба сари гӯри Тоҳир омад. Вай дар пеши хоктӯдаи қабр нишаста зор - зор гиря карду баъд аз бағалаш ханҷари тезу обдорро бароварда, дили софу некашро пора кард.

Канизакон зару зеварро чида шуда, ин сӯ он сӯро кофта диданд, ки дар ҳеҷ ҷо Зӯҳро нест. Доду фиғонкунон пеши подшоҳ рафтанд. Подшоҳ дар ғазаб шуда, ба навкаронаш фармон дод, ки тамоми шаҳрро ҷустуҷӯ карда Зӯҳроро ёбанд.

Навкарон кофта - кофта, ба сари қабри Тоҳир омаданд. Диданд, ки Зӯҳро ғарки хун хоктеппаи гӯрро оғӯш карда хобидааст. Зуд рафтанду аз ҳодиса подшоҳро хабардор карданд. Подшоҳ гирёну нолон омад... Аммо гиряи ӯ ҳарчанд, ки дилхарош буд, суде надошт. Вай ду дилдодаи бегуноҳро ба ғаму машаққати зиёд гирифтор карда, акнун азобашро худаш медид.

Зӯҳрои нокомро дар паҳлӯи Тоҳир дафн кард. Аз рӯзи дафн ду ҳафта нагузашта, одамон омада диданд, ки аз гӯри ҳар ду як буттагӣ гул рӯидаасту гулҳо ба ҳамдигар печидаанд. Мардум ин гулро ошиқи печон ном карданд.

Гули ошиқи печон, ки ҳоло дар ҳама ҷо мерӯяд, аз ишқи Тоҳиру Зӯҳро ёдгории ҷовидонӣ аст.

Аз афсонаҳои халқи тоҷик

Дида шуд: 260