ТӮТИҲОИ СУХАНГӮ

Буд набуд, дар замони қадим як подшоҳ, буд. Вай се зан гирифт, чандин бор лолаҳо ба кӯҳсор шукуфта, рӯи хазонро диданд, сабзаҳо дар марғзор рӯида хушк шуда рафтанду подшоҳ аз ҳеҷ кадом занаш фарзанд, надид.

Дили подшоҳро хори ғами бефарзандӣ рахна кард, дар сари ӯ хаёлҳои андӯҳовар сайр кардан гирифтанд. Вай як рӯз, баъд аз фикри дуру дароз, вазири дасти росташро ҷеғ зада гуфт:

- Дӯсти азиз, ба худи ту маълум аст, ки ман фарзандталаб ҳастам, вале то ҳоло аз дидани рӯи мубораки фарзанд шодоб нашудаам. Рав, тамоми оламро давр зада, барои ман зане пайдо кун, ки ягон писар ё ақаллан духтаре зоида диҳад.

Вазир ин гапи подшоҳро шунида, тааҷуб карда, гуфтанӣ шуд, ки ин хел занро дар пешонааш навиштагӣ набошад, вай аз куҷо пайдо мекунад, вале гапи подшоҳро рад кардан ба худ марг талабидан аст, бинобар ин вазир чизе нагуфта, баромада рафт.

Вай чандон дур нарафта, дар як деҳа овози духтарон ба гӯшаш расид. Истода нигоҳ кард, ки дар лаби як ҷӯи равон се духтар нишастаанд.

- Агар подшоҳ маро ба занӣ гирад, - мегуфт яке, - як дег ош пухта медиҳам, ки тамоми халқи мамлакаташ хӯрда сер мешаваду боз зиёдатӣ карда мемонад.

- Агар подшоҳ маро ба занӣ гирад,— мегуфт духтари дуюм,— як гилем бофта медиҳам, ки паҳн кунанд, рӯи дунёро гирад, ҷамъ кунанд, дар пӯчоқи писта ҷой шавад.

- Агар подшоҳ маро ба занӣ гирад, - мегуфт духтари сеюм, як писар ва як духтар зоида медиҳам: зарринкокул, холдор, чеҳраи нозанинашон монанди офтоб оламро равшан мекунад.

Ин духтар духтари подачӣ буд.

Вазир ин гапҳоро шунида, хурсанд шуду аз роҳаш гашта, ба пеши подшоҳ шитофт. Ва ба подшоҳ гапҳои духтаронро як-як гуфта дод.

Подшоҳ шод шуда, амр кард, ки духтареро, ки фарзанд ваъда кардааст, гирифта биёранд. Фармони ӯро иҷро кардаид.

Подшоҳ ҳафт шабу ҳафт рӯз тӯй дода, духтарро никоҳ карда гирифт.

Рӯзҳо гузашт, ҳафтаҳо гузашт, моҳҳо гузаштанду вақту соати таваллуд кардани зан наздик шудан гирифт.

Дар ин вақт подшоҳ ба шикор рафта буд. Шавқи шикор ба ӯ ғалаба карда, дар як шикоргоҳи серсайд муддати дароз андармон шуда монд.

Дере нагузашта, духтари подачӣ як писар ва як духтар таваллуд кард. Дар воқеъ мӯйҳои бачагон чун шӯълаи оташ медурахшиданд, чеҳраи офтобгунашон атрофро равшан мекард, ҳар ду дар байни абрӯвонашон яктагӣ холи сиёҳ доштанд.

Се зани аввалаи подшоҳ баробари дидани ин хел бачагони ғалатӣ, дар оташи рашку ҳасад сӯхтанду фикр намуданд, ки подшоҳ акнун ҳар сеи онҳоро «ҳамин қадар сол гузашту шумо ба ман фарзанд таваллуд накардед» гуфта аз дами теғ мегузаронад. Онҳо дар қасди нест кардани бачагон афтода, ба доя пулу чизи бисёре доданду фармуданд, ки коре кунаду писарчаю духтарчаро нест кунад.

Баъд занҳо як гурбаю як сагбачаро ёфта, ба ҷои бачагон монданду ба подшоҳ хабар фиристоданд, ки зани ваъдагиаш як гурбаю як сагбача таваллуд кард.

Подшоҳ ин хабарро шунида, бисёр ғамгин шуду омада фавран амр дод, ки вазири дасти росту зани зоидагиашро ба зиндон андозанд.

Доя бошад, бачагонро аз кӯҳҳои баланд ва биёбонҳои беобу беканор гузаронида, ба як ҷои хеле дурдаст гирифта бурд. Вай аз як марғзор гузашта истода, бо як подачӣ вохӯрда монд. Подачӣ дар дасти кампир ду кӯдаки гирёнро дида пурсид:

- Эй кампир, чаро дар ин ҷойҳои бекасу беодам ду кӯдаки ширмакро гирифта гаштаӣ? Инҳо киҳоянд, ба куҷо бурда истодаӣ?

Кампир тарсида, аввал дудила шуда истоду баъд ноилоҷ хақиқати воқеаро гуфта дод ва ними тиллои аз занҳои подшоҳ пора гирифтагиашро ба подачӣ дода, зорӣ кард, ки ин сирро ба касе нагӯяд.

Подачӣ пинҳон доштани ин сирро ваъда карда гуфт:

- Бачагонро ба ман деҳ онҳо фарзандони ман мешаванд.

Ба занҳои подшоҳ бошад, ягон латтаро ба хун тар карда нишон деҳу гӯй, ки гуфтагиашонро карда омадӣ!

Подачӣ ба ӯ як баррачаро кушта дод. Кампир парпечҳои кӯдаконро хунолуд карда, бурда ба занҳо нишон дод. Занҳо хотирҷамъ шуданд.

Подачӣ кӯдаконро ба хонааш оварда, бо шири гӯсфанд парвариш кард.

Солҳо мегузашт. Бачагон, ҳар қадар ки калонтар мешуданд, ҳусну ҷамолашон зиёдтар мешуд.

Подачӣ барои бачагон иморатҳои хушрӯй сохт ва як боғи сермеваю сердарахт парвариш карда расонид. Бачагон дар боғи зебо сайр карда, дилхуш мешуданд. Кайфашон чоқ ва ғам аз дилашон дур буд.

Рафта-рафта хоҳару додар ба камоли балоғат расиданд. Писар тиру камон гирифта, ба шикор мерафтагӣ шуд. Вай дар кӯҳҳои cap ба фалак кашида ва бешаҳои беканор гашта, ҳар хел ҷондорҳоро шикор карда меовард. Духтар сайдҳоро тоза карда, ба падару додараш таомҳои балаззат мепухт.

Рузе подшоҳ дар як дараи кӯҳ шикор карда истода, аз дур ҷавонеро дида монд, ки нури рӯяш гирду атрофро равшан мекунад. Вай дар умри худ ин хел ҳодисаро надида буд ва бо тааҷҷубу ҳайрат ба сӯи ҷавон асп ронд.

Ҷавон як марди солхӯрдаро дида, пешвоз рафта, боадабона салом дод. Подшоҳ пурсид, ки вай кист ва дар куҷо истиқомат дорад.

- Ман писари як подачӣ ҳастам, - гуфт ҷавон,

- Хонаи мо дар ҳамин наздикиҳо, дар байни як марғзор аст.

«Кошкӣ ман ҳамин хел писаре медоштам» - фикр кард подшоҳ ва захми дилаш тоза шуда, оҳи сарде кашид. Ҷовони нозанини холдор ба ӯ бисёр-бисёр маъқул шуда монд. Подшоҳ бисёр фикр накарда, ӯро ба қасраш, ба меҳмонӣ таклиф кард.

- Агар падарам рухсат диҳад, меравам, - гуфт ҷавон ва бегоҳӣ воқеаро ба подачӣ гуфта дод.

Подачӣ ба хаёл ғӯта хӯрд. «Кори нагз нашудааст, - фикр кард ӯ, - беҳтар буд, ки ӯ бо подшоҳ шиносоӣ пайдо намекард. Оқибати ин хуб намешавад. Аммо илоҷе нест, гардондани гапи подшоҳ хатарҳо дорад». Вай ноилоҷ ҷавонро бароварда, ба меҳмонӣ гусел кард.

Занҳои калони подшоҳ мӯи заррину холи мушкини ӯро дида, фаҳмиданд, ки ин ҳамон писари подшоҳ аст. Ба дилашон алав афтода, ба хонаи доя рафтанд.

- Канӣ гӯй! - гуфт зани аз ҳама калонии подшоҳ дандонҳояшро шақаррос занонида, - ҷон ширин-мӣ, тилло ширин?

- Ҳам ҷон ширину ҳам тилло, - ҷавоб дод кампир тарсидаю ларзида.

- Агар ҷон ширин бошад, - гуфтанд занҳо, - рости гапро гӯй: ту кӯдакони подшоҳро чӣ кор кардӣ?

Кампир фаҳмид, ки сирраш фош шудааст ноилоҷ ҳақиқати воқеаро ҳикоя карда дод.

- Ба мани мӯйсафед. Раҳм кунеду аз як қошуқ хунам гузаред! - гуфт кампир. - Ман ин дафъа шумоёнро ба муроду мақсадатон мерасонам.

Занҳои подшоҳ ба кампир тиллои зиёде ваъда карда, каме хотирҷамъ шуда рафтанд.

Кампир ба бозор рафта, сӯзану ӯсмаю сурма хариду аз кӯҳу биёбон гузашта, ба ҷои подачӣ омад.

Духтар дар як кунҷи боғ мева ғундошта истода буд. Ногаҳон ба гӯшаш овози касе расид ки:

- Молҳои атторӣ, сақичу сӯзан, ӯсмаю сурма овардам, - гуфта фарёд мекард. Духтар ба назди дарвоза омада, аз қабати панҷараи он нигоҳ кард, ки халтаеро дар китфаш гирифта, як кампири фартут истодааст.

- Духтари азизам, - гуфт кампир, - ба дугонаҳоят хабар деҳ, ки як кампир аз шаҳр молҳои атторӣ овардааст.

- Дар ин ҷо ғайр аз ман каси дигар нест, - гуфт духтар.

- Наход? - гуфт кампир худро ба ҳайрат андохта, - ҳамеша ту танҳо ҳастӣ?

- Ҳа, акаам ҳар рӯз ба шикор баромада мераванд, падарам бошанд, ба ҷойҳои дур мол ронда, ҳафтаҳо намеоянд, ман аз пагох то шом танҳоям.

- Ҳай-ҳай, - гуфт кампир, - аз танҳоӣ зиқ шуда кафида рафтан мумкин аст. Ба ту оинаи ҷаҳоннамо лозим аст, ки ба пешат монда тамоми оламро тамошо карда шинию хафагӣ аз дилат равад. Ин хел оина ҳузури ҷон аст.

- Ман он қадар ҳам хафа намемонам-куя, - гуфт духтар, - рӯз то бегоҳ ба ҳар хел корҳо овора шуда, зик ҳам намешавам. Албатта, оинаи шумо гуфтагӣ мебуд, нағз мешуд. Аммо онро аз куҷо меёбам?

- Ёфтан он қадар ҳам душвор нест, - гуфт кампир, - бародарат сайёд будааст, илтимос кун, наход ки оварда надиҳад. Агар «не» гӯяд гиря кун, оби дидаи туро дида, раҳмаш меояду, албатта, хоҳиши туро иҷро мекунад.

Бегоҳӣ духтарак ба пешвози додараш набаромада, дар кунҷи суфа гиря карда нишаст.

Ба ту чӣ шуд, чаро гиря карда нишастаӣ? - пурсид бародараш.

- Чӣ хел гиря накунам, - гуфт духтарак. - шумоён маро партофта мераветон, ман рӯз то бегоҳ танҳо зиқ шуда мешинам. Дар дунё оинаи ҷаҳоннамо гуфтагӣ чизҳо будааст, агар ин хел оина дар пешам мебуд, дунёро дида менишастаму ин қадар зиқ намешудам.

Гапи духтар ба додараш маъқул афтоду ӯ пагоҳии рӯзи дигар ба кофтукови оинаи ҷаҳоннамо баромада рафт. Рафт-рафт, аз як ағбаи кӯҳ гузашт, аз ду ағбаи кӯҳ гузашта, оқибат ба кӯҳе расид, ки монанди булур шаффоф буд. Дар таги кӯҳ, дар лаби чашмае, ки ҳар чиро чун оина акс мекард, асо бар даст як кампир меистод.

- Салом, модари нек, - гуфт ҷавон ба кампир.

- Салом, гуфт кампир, - агар саломат намебуд, туро ба як табақи булурин мубаддал мекардам. Бо кадом мақсад омадӣ, куҷо рафта истодаӣ?

Ҷавон мақсадашро фаҳмонид.

- Вазифаи хатарнокеро ба гардан гирифтаӣ, - гуфт кампир, - ин оина дар дасти девон аст, вале хотирҷамъ бош, ман ба ту мадад мерасонам. Мана, ин асои маро гир, хосияти ин асо ҳамин, ки ҳар кас гирад, ба назар наменамояд. Ана қафои ин кӯҳи булурин манзили девҳост, рав номаълум карда, ба қасри шоҳи девҳо дарою вақте ки ҳамаашон хоб рафтанд, оинаро гирифта омадан гир.

Ҷавон асоро гирифта равон шуд. Вай ба манзили девҳо расид. Ба қасри шоҳи девҳо даромад, ки ҳама хобанд, оинаро гирифту рафт.

Хоҳараш оинаи ҷаҳоннамро дида, бисёр шодӣ кард. Дар оина ҳар киро ва ҳар чиро аз ҳар куҷо, ки мехост, дида метавонист.

Подшоҳ ҷавонро якчанд рӯз надида, хеле пазмон шуда буд. Вай кас фиристода, ӯро ба қасраш гирифта бурд.

Занҳои подшоҳ «меҳмони шавҳарамон кӣ бошад?» - гуфта аз зиҳи дар нигоҳ карданд, ки подшоҳ бо писараш гарму ҷӯшон чақ-чақ карда нишастааст. Онҳо тозон ба хонаи кампир рафтанд.

- Ту ноҷинс, боз ҳам моро фиреб додӣ! - гуфтанд ба сари ӯ мушт бардоштанд. - Акнун мо адаби туро медиҳем!

- Хотирҷамъ бошед, - гуфт кампир, - ин дафъа вай аз дасти ман сиҳат намемонад.

Кампир баромада, ба ҷои подачӣ равон шуд. Духтарак овози кампирро шунида, ба назди дарвоза тохта омад.

- Вай-вай, очаҷон! - гуфт ӯ кампирро хурсандона пешвоз гирифта, - гапатон рост баромад, ин оинаи ҷаҳоннамо чизи ғалатӣ будааст.

- Ҳоло, ин ҳеҷ гап не, - гуфт кампир, - дар дунё чизи аз ин ҳам ғалатӣ ҳаст. Ба акаат гӯй, ки ба ту як ҷуфт тӯтии сухангӯй гирифта биёрад. Тӯтиҳо бисёр ҳикояҳои ширин мегӯянд, гӯш карда, кайф мекунӣ.

Бача бегоҳӣ аз пеши подшоҳ омада, боз оби дидаи шашқатори хоҳараки ягонаашро дида раҳмаш омаду ба ҷустуҷӯи тӯтиҳои сухангӯй баромада рафт. Рафт-рафт, ба ҳамон кӯҳи булурин расида, бо ҳамон кампир вохӯрд.

- Ин дарди ту бедаво аст, - гуфт кампир, - агар ба ҷони ҷавонат ҷабр накарданӣ бошӣ, гашта рав. Бисёр одамони далер ба ҷустуҷӯи тӯтиҳои сухангӯй рафта, нобуд шуданд.

- Не, - гуфт ҷавон, - ман аз роҳам намегардам. Фақат гӯед, ки ба кадом тараф равам.

- Нарав! - такрор кард кампир. - Бехуда нобуд мешавӣ!

- Не, ман бояд равам! - гуфта, ҷавон боз як бор аз кампир илтимос кард, ки роҳро нишон дихад.

- Аз паҳлӯи рости кӯҳи булурин гузашта рав, - гуфт кампир.

Ҷавон ба роҳи гуфтагии кампир рафта, ба як ҷои хушобу ҳавои сабзу хуррам расид. Дар як боғи калон бисёр-бисёр ҳайкалҳои хушрӯи сангин гузошта шуда буданд. Ногаҳон ба гӯши ӯ овози маҳину форами ду ҷонвар расид;

-Хоҳар!

- Ҷони хоҳар!

- Ин ҷавони кӯтоҳфикр ҳам ба кофтукови мо омадааст.

- То зонуяш санг шавад!

Ҳамин вақт ҷавон дид, ки пойҳояш то зонуяш санг шуда монданд.

Ҷонварон такрор мекарданд;

- Хоҳар!

- Ҷони хоҳар!

- Вай мехоҳад моро дастгир карда равад.

- То миёнаш санг шавад!

То миёни ҷавон санг шуд.

- Хоҳар!

- Ҷони хоҳар!

- Ин ҷавон мехоҳад, ки моро ба қафас андохта, ғуломи хоҳараш кунад.

- Тамоман санг шавад!

Духтарак як ҳафта интизор шуд, ду ҳафта интизор шуд, як моҳ гузашт, аз додараш дому дараке набуд. Вай ғамгину ҳайрон шуда, ба оинаи ҷаҳоннамо нигоҳ кардан гирифту ногоҳ дид, ки додараш дар як боғи бошукӯҳ дар байни бисёр - бисёр ҳайкалҳои сангин санг шуда мондааст. Вай бо ғами зиёд «оҳу - воҳ» гуфта ба пешонааш якта заду либосҳои мардона пӯшида, баромада рафт.

Рафт-рафт, ба кӯҳи булурин ба назди ҳамон чашма расид.

- Ҳа, духтарам, - гуфт кампир ба чашми ӯ бодиққат нигоҳ карда, - барои чӣ ин хел либоси мардона пушидӣ ва ба куҷо роҳ пеш гирифтаӣ?

Духтар рӯи чун барги гул нозуку зебояшро бо оби дидагонаш тар карда, воқеаи санг шуда мондани акаашро гуфта дод.

Кампир як дақиқа фикр карда гуфт:

- Аз паҳлӯи рости ин кӯҳ гузашта, ба манзили тӯтиҳо мерасӣ. Ба боғ наздик нашав, ки ту ҳам санг шуда мемонӣ. Аз дур истода бо тамоми овозат номи акаатро гирифта фарёд кун.

Духтарак равон шуд. Вай ба наздикии боғ омада, бо тамоми овозаш номи акаашро гирифта чунон баланд фарёд кард, ки гирду атроф ба ларза даромад. Ҳамон лаҳза ба ҳамаи ҳайкалҳои сангин ҷон даромад. Онҳо:

- Аҳ ин чӣ овозе буд? - гуфта ба тарафи лонаи тӯтиҳо равон шуданд. Ҳар кадомашон «ман мегирам» гуфта, ҳамдигарро тела дода, ба тӯтиҳо даст дароз мекарданд.

- Хоҳар!

- Ҷони хоҳар!

- Овози ин духтар ба ҳамаи одамони сангкардаи мо ҷон бахшид.

- Дигар мо қудрати санг кардани онҳоро надорем.

- Ягона илоҷ ба он духтар таслим шудан аст.

- Каси дигар ба мо ҳақ надорад.

Талабгорон ин гапҳои тӯтиҳоро шунида, ба тақдирашон тан доданду ба зинда шуданашон шукр карда, монда рафтанд. Духтар тӯтиҳоро гирифта, ҳамрохи акааш ба хонаашон омад.

Подшоҳ ба дидори бача пазмон шуда, пайваста ӯро ҷустуҷӯ мекард. Вай аз омада мондани ӯ хабар ёфта, даррав кас фиристода, оваронду сабаби муддати дароз ғоиб шуда рафтанашро пурсид.

Бача воқеаи аз сараш гузаштагиро гуфта дод.

- Магар ту хоҳар ҳам дорӣ? - пурсид подшоҳ ҳайрон шуда ва ба ӯ фармуд, ки пагоҳ хоҳару падарашро ҳамроҳ гирифта биёяд.

Рӯзи дигар, вақте ки подачию духтар дар тараддуди рафтан буданд, тӯтиҳо ба гап даромаданд.

-Хоҳар!

- Ҷони хоҳар!

- Ҳамин вақт дар қасри подшоҳ аҷоиб корҳое шуда истодааст. Инро бо оинаи ҷаҳоннамо дидан мумкин аст.

Подачию писару духтар даррав оинаи ҷаҳоннаморо нигоҳ карда диданд, ки се зани подшоҳ ба таомҳои тайёр, қанду ширавор, чою мева, ба пояндозу кӯрпачаҳо заҳр пошида истодаанд.

Подачӣ бо писару духтараш ба қасри подшоҳ омада дид, ки аз таги дарвоза то меҳмонхонаи қаср пояндози дарозе паҳн карда шудааст.

Подачӣ ба рӯи пояндоз қадам намонда, аз паҳлӯи он гузашта рафт. Писару духтар аз қафои он раҳ гаштанд.

Дар меҳмонхона кӯрпачаҳои шоҳию атлас, кимхобу бахмал партофта шуда буд. Меҳмонон ба рӯи кӯрпачаҳо нагузашта, дар пойгаҳ ба рӯи гилем нишастанд.

Ҳар хел таомҳои болаззат оварданд. Меҳмонон ба онҳо нигоҳ ҳам накарданд.

Подшоҳ бошад, духтарро дидан замоно нагз дида монда буд, аз ин рӯ, ба ҳамаи ин эътибор надода, фақат ба рӯи нозанини вай менигарист.

Вақте ки меҳмонон хеста рафтанӣ шуданд, подшоҳ онҳоро нигоҳ дошта гуфт:

- Не, шумо ҳеҷ чо намеравед! Духтарро ман ба занӣ мегирам. Ҳозир фармон медиҳам: тӯю тамошои калон барпо намуда, мардуми ҳафт кишварро ба тӯй хабар мекунанд.

Подачӣ ин гапҳоро шунида, ноилоҷ ба подшоҳ воқеаҳои шудагиро як-як нақл карда гуфт:

- Эй подшоҳи аъзам, инаш писари шумо ва инаш духтари шумо. Шумо дар вақташ бовар карда будед, ки занатон гӯё гурбаю сагбача зоида бошад.

Подшоҳ ҳайрону пушаймон нақли подачиро гӯш карда, фармон дод, ки он се занашро гирифта биёранд. Занҳо тарсидаю ларзида, ба гуноҳашон иқрор шуданд.

Бо амри подшоҳ модари бачагон ва вазири дасти ростро, ки дар зиндони сарду торик ба мурдан наздик шуда буданд, озод карда оварданд.

Баъд подшоҳ гунаҳкоронро ба ҷазо расонида гуфт:

- Фарзандони азизи ман ёфт шуданд, равед, духтари қолинбофро биёред, колинашро паҳн кунад, ки рӯи ҷаҳонро гирад, духтари ошпазро ёфта биёред, оше пазад, ки тамоми мардуми олам сер шавад!

Тӯю тамошои калон барпо гардид. Мо ҳам он ҷо будем, дар рӯи қолин нишастем, оши палав хурдему кайфу тамошо кардем.

Аз афсонаҳои халқи тоҷик

Дида шуд: 137

2020 SHOIR.TJ