БОИ ЗОЛИМ ВА КАЛИ ЗИРАК

Як зан буд. Шавҳараш бармаҳал вафот карда, се писараш ятим монд. Зан хунобаи дил хӯрда, бо чарху дуку захми сӯзан фарзандонашро калон кард. Онҳо ба воя расиданду охирин торҳои мӯи сари зан ҳам сафед шуд. Рӯзе кампир ба писаронаш гуфт:

- Акнун шумоён калон шудаед, бузбала шудаед, ман бошам пир шудам, дастони бемадорам дигар чарх ресида наметавонанд, чашмони хирагаштаам дигар сӯрохи сӯзанро намебинанд, равед, мардикорӣ кунед, нони худро ёфта хӯред.

Писари калониаш ин гапро шунида гуфт:

- Модарҷон, ман тани сиҳат, дастони пурқувват дорам, меравам, мардикорӣ мекунам, ҳар чӣ ёбам, гирифта меорам.

Кампир нон пухта, ба як рӯймол баста ба писараш дода, ӯро гусел кард. Ҷавон рафт, ба як шаҳр расид, суроғкунон ҳавлии як бойро ёфта, дарвозаашро тақ-тақ кард. Бой баромада дид, ки як ҷавон истодааст, пурсид:

- Ба ман чӣ кор дорӣ?

Ҷавон гуфт, ки:

- Ман мардикор ҳастам.

- Ҷуфт ронда метавонӣ?

- Метавонам.

Бой ҷавонро ба хонааш дароварда, гуфт:

- Хуб, ман туро мардикор мегирам, вале як шарт дорам, агар қабул кунӣ, хаққи хизмататро нағз адо мекунам, агар қабул накунӣ, ба роҳат рафтан гир. Ҷавон гуфт:

Шартатонро гӯед.

Ман ҳар чӣ фармоям, мекунию хафа намешавӣ, агар хафа шавӣ, гӯшу биниатро мебурам, агар ман хафа шавам, ту гушу бинии маро мебурӣ.

Ҷавон каме фикр карда, розӣ шуд. Ҳамон шаб хоб кард, рӯзи дигар бой сахарин барвақт ҷавонро аз хоби ширинаш бедор карда, якта нон дода, гуфт:

- Хез, вақти кор шуд!

Ҷавон хест, мувофиқи фармоиши бой ба як хар гандум, ба барзаговон юғу сипорро бор карда, ба сари замии равон шуд. Бой ӯро то дарвоза гусел карда, гуфт:

- Ҳамин рӯз ҳамаи ин гандумро ба замин мепошӣ, баъд аз он як хар ҳезум карда гирифта меоӣ!

Ҷавон хуб гуфту рафт. Вай бузбалаи пурқувват ва меҳнатӣ буд, як қисми калони заминро ҷуфт кард, гандумро пошид, ба кӯҳ баромада, як дарахти дӯлонаро ғалтонда, майда карда, ба хар бор карду ба хонаи хӯҷаинаш омад. Бой баромада пурсид:

- Хайр, монда нашудӣ, хафа нашудӣ?

Ҷавон баъди ин қадар кори зӯр хеле монда шуда буд, вале шартро ба хотираш оварда:

- Не, монда нашудаам, хафа нашудаам, - гуфт.

Рӯзи дигар ҳам бой ӯро барвақт бедор карда, фармоиши дирӯзаашро такрор намуд. Ҷавон гуфтаҳои миёншиканро базӯр иҷро карда, аввали шаб баргашт. Чанд рӯз аҳвол ҳамин буд. Меҳнати зӯр ӯро бемадору беҳол мекард. Як рӯз бевақт шуду вай ҳезум карда натавониста, маъюсу ғамгин ба хонаи хӯҷаинаш омад. Бой баромада дид, ки ҷавон ҳезум наовардааст, дар ғазаб шуда пурсид:

- Барои чӣ ҳезум наовардӣ?

Бевақт шуд, ҳезум карда натавонистам. Бой ӯро хеле дашном дода баъд пурсид:

Хафа шудӣ?

Косаи сабри ҷавон лабрез шуда буд, вай дигар тоқат карда натавониста гуфт:

- Албатта, то кай ба ин азоб тоқат кардан мумкин аст, ту хеле золим будаӣ!

Бой дарҳол гушу бинии ӯро бурида, бароварда пеш кард.

Ҷавон бо гӯшу бинии бурида ба пеши модараш омад. Кампир ӯро ба ин ҳол дида, дуди фиғонаш ба осмон печид. Гиряю нола карда пурсид:

- Писари азизам, ба ту чӣ шуд?

Ҷавон воқеаи шудагиро гуфта дод. Писари миёна аз ин воқеа дар ғазаб шуда гуфт:

- Ту танбалӣ карда, ба ин ҳол афтодаӣ, ман рафта ба ҷои ту хизмат мекунам ва шартҳои бойро иҷро карда, аз ӯ моли зиёд мерӯёнам.

Вай хеста ба хонаи бой равон шуд. Ба хонаи бой расида, дари ӯро тақ-тақ кард. Бой баромада пурсид:

- Ба ман чӣ кор дорӣ?

Писарак гуфт:

- Ман омадам, ки ба ҷои акаам ба шумо хизмат кунам.

Бой дар пеши ӯ низ ҳамон шартро монд. Писарак қабул кард. Вай ҳам ҳар рӯз ба як хар гандум, ба барзаговон юғу сипорро бор карда, ба сари замини бой равон мешуд, ҷуфт мекард, ҳамаи гандумро мечошид ва бегоҳӣ як хар ҳезум карда бармегашт. Чанд вақт ҳамин хел давом кард. Дар охир, рӯзе баъд аз меҳнати вазнин, ҷавон беҳад монда шуда, ҳезум карда натавонисту ба хонаи бой бе ҳезум омад.

Бой баромада дид, ки хизматгор ҳезум наовардааст, норозӣ шуда гуфт:

- Барои чӣ бе ҳезум омадӣ?

Ҷавон дар ҷавоб гуфт:

- Монда шудам, ба ҳезум кардан мадорам нарасид.

Бой дар ғазаб шуда, ӯро ҳам хеле ҳақорат доду баъд пурсид:

- Хафа шудӣ?

Тоқати ин ҷавон низ тоқ шуда буд, вай дигар сабр карда натавониста гуфт:

- Албатта, чӣ хел аз ин зулму таҳқир кас хафа нашавад!

Бой дарҳол гӯшу бинии ӯро ҳам бурида, бароварда пеш кард.

Ҷавон гирёну нолон ба пеши модараш омад. Фиғони дилхароши кампир баланд шуд, вай ба бинию гӯши буридаи фарзандонаш нигоҳ мекарду мегуфт:

- Хонаат сӯзад бой, рӯзи некиро набинӣ бой!...

Писари аз ҳама хурдии кампир - кал аз воқеа хабардор шуда гуфт:

- Акаҳо, шумоён сустӣ ва нодонӣ кардаед, ман рафта шарти бойро иҷро мекунам. Вай ба «нарав, ту ҳам ба ҳамин ҳол гирифтор мешавӣ, ман чӣ кор мекунам» гуфтанҳои модараш гӯш накарда, баромада рафт. Омада дари бойро тақ-тақ кард. Бой баромада пурсид:

- Ҳа, кал, ба ман чӣ кор дорӣ?

Кал гуфт:

- Акаҳои ман омада, хизмати шуморо ба ҷо оварда натавонистаанд, ман мехоҳам ба ҷои онҳо хизмат кунам.

Бой ҳамон шарташро гуфт. Кал қабул кард.

Фардо шуд. Бой саҳарӣ калро бедор карда, ба ҷуфтронӣ фиристод. Кал омада, як хар гандуми бойро ба чуқурие рехту баҳузур дар сояи дарахт хоб кард. Бегоҳӣ шуд, кал юғу сипори бойро шикаста, ба хар бор карда, омадан гирифт, омада хӯҷаинашро ҷег зада:

- Мана, ҳезум, гиред! - гуфт.

Бой пурсид:

- Эй калҷон, ин ҳезуми қоқро аз куҷо ёфтӣ?

- Ҳамон юғу сипоратонро шикастаму бор карда овардам.

- Барои чӣ ин тавр кардӣ?

- Хӯҷаин, магар хафа шудед?

Бой ғазабашро ба зӯр фурӯ нишонда гуфт:

- Не, хафа нашудаам.

- Хафа нашуда бошед, - гуфт кал, - то пагоҳ як ҷуфту сипори дигар тайёр карда монед!

Кал боз пагоҳии барвақт ба ҷуфтронӣ рафт, гандумро рехта, баҳаловат хобро заду бегоҳӣ юғу сипорро ҳезум карда баргашт. Бой дид, аммо ин дафъа ҳам чизе нагуфт. Як моҳ ҳамин тавр давом кард. Бой тарсида, ҳеҷ хафагӣ изҳор намекард.

Кал худ ба худ мегуфт, ки «ин золим ҳеҷ хафа шуданашро нишон намедиҳад-ку, ман бо ин чӣ кор кунам?». Як рӯз Кал ҷуфт ронда истода фикр кард, фикр карду яке аз барзаговҳои бойро кушт, гӯшташро ба ҷуволи гандум андохт, ба хар бор кард, юғу сипорро шикаста, ба болои он баста, ба хонаи хӯҷаинаш омад. Бой диду гуфт:

- Эй кал, як барзагови дигар канӣ?

- Онро куштам, - гуфт кал, - гӯшташ дар ин ҷувол аст, магар хафа шудед?

Бой дандон ба дандон монда гуфт:

- Не, хафа нашудаам.

Кал ҳамин хел ҳар рӯз гандуми бойро мерехт, юғу сипорашро мешикаст, яктогӣ барзаговашро мекушт. Бой дид, ки хонахароб шуда истодааст, ба занаш гуфт:

- Ин кал ҳамаи боигарии моро нобуд кард, охир тоқати ман тоқ мешаваду гӯшу бинии маро ҳам мебурад, ягона илоҷи халосӣ аз дасти ӯ гурехта рафтан аст.

Занаш маслиҳатро маъқул донист. Аввали шаб бою занаш бору бандашонро тайёр карда, чизҳои қиматбаҳояшонро дар як сандук андохта, охири шаб гурехта рафтанӣ шуда, хоб карданд.

Кали ҳушёр аз нияти онҳо воқиф шуда, хобашон ки бурд, чизҳои сандуқро бароварда, дар якҷо пинҳон намуду худаш ба сандук даромада хоб кард.

Бою занаш нимишабӣ хестанд, бору бандашонро гирифта, роҳи гурезро пеш гирифтанд. Рӯз шуд, монда шуда дар лаби як чашма дам гирифтанд. Бой ба занаш гуфт:

- Чой ҷӯшон, ягон чиз хурем.

- Кал мешуд, ҳезум меовард, - гуфт занаш. Кал ин гапро шунида, аз сандуқ овоз баровард:

- Ман дар ин ҷо, ба хизмататон тайёрам.

Бой ин ҳодисаро дида, дар ғазаб шуда, бо тамоми овозаш фарёд кард:

- Эй кали лаънатӣ, тамоми ғаллаамро барҳам задӣ, ҳамаи барзаговҳоямро куштӣ, як тӯда юғу сипорамро шикаста нобуд кардӣ, боз як сандуқ чизҳои қиматбаҳоямро ғорат намуда, аз қафои мо омадаӣ?!

- Эй хӯҷаин, мебинам, ки хафа шудаед, - гуфт кал.

Бой худдорӣ карда натавониста, боз ҳам баландтар фарёд кард:

- Баъди ҳамаи ин ман хафа нашавам, кӣ хафа мешавад?!

- Ана шартро бой додед! - гуфта кал кордро аз миёнаш кашиду гушу бинии бойро бурида партофт ва ба хонаи бой бозгашта омад. Ҳамон моли русткардааш ва чизҳои боқимондаи бойро ғундошта, ба хонааш оварду аз бои золим интиқоми акаҳояшро гирифта, ба муроду мақсадаш расид.

Аз афсонаҳои халқи тоҷик

Дида шуд: 116

2020 SHOIR.TJ