Ҳуҷҷатнигорӣ

Ҳуҷҷатнигорӣ ба услуби расмӣ (коргузорӣ) мансуб аст. Муҳимтарин талабҳо аз услуби ) ҳуҷҷатнигорӣ аз инҳо иборат аст, ҳуҷҷати расмӣ бояд:

  1. мухтасар бошад;
  2. далелнок бошад;
  3. равшану фаҳмо бошад;
  4. ҷавобгуи меъёрҳои сохторӣ (шаклӣ) бошад.



Ариза

Ариза ҳуҷҷатест, ки тавассути он хоҳиши нависандаи он ба тариқи расмӣ ба муассисаҳои давлатӣ ва гайридавлатӣ иброз дошта мешавад.

Намуна:

Ба ректори ДДХ ба номи
академик Б.Ғафуров
[Ному насаби ректор]
аз донишҷӯи курси [Курс]
факултаи [Номи факулта]
[Ному насаб]

АРИЗА

      Хоҳишмандам маро аз гурӯҳи шартномавӣ ба гурӯҳи буҷетӣ гузаронед. Ман имконияти пардохти маблағи таҳсилро надорам, Падарам дар соли 2007 вафот карданд, дар оилаамон касе кор намекунад, бародарам [Ному насаб], [соли таваллуд] дар сафи Артипш миллй дар хизмат аст.
      Ба ариза ҳуҷҷатҳои зеринро замима менамоям:
      -нусхаи шатҳодатномаи вафоти падарам;
      -тасдиқномаи комиссариати ҳарбии вилояти Суғд

      Бо эҳтиром:                                                            /имзо/
                                                                                      /сана/



Тарҷумаи ҳол

Тарҷумаи ҳол ҳуҷҷатест, ки дар он ҳаёт ва фаъолияти муаллиф мухтасар баён карда мешавад.

Намуна:

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

      Ман, [Ному насаб ва номи падар] 7 январи соли 1987 дар оилаи омӯзгор таваллуд ёфтаам. Соли 1993 ба синфи якуми мактаби миёнаи №5 ш.Хуҷанд рафта, он мактабро дар соли 2004 бо медали тилло тамом кардам. Дар солҳои таҳсил дар корҳои чамъиятӣ фаъолона иштирок доштам. Дар синфҳои 6-8 сардори синф, 9-10 роҳбари маҳфили умумимактабии “Табиатшиноси ҷавон” будам.
      Дар соли 2004 ба ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ба факултаи филологияи тоҷик дохил шудам, ҳоло дар курси 4-ум таҳсил мекунам. Имтиҳони се семестри охирро бо баҳои хубу аъло супоридам. Оилаи мо аз 5 нафар иборат аст. Падарам [Ному насаби падар] дотсенти Донишгоҳи ҳуқуқ, сиёсат ва бизнеси ш.Хуҷанд мебошад.
      Модарам [Ному насаби модар] дар боғча мураббия шуда кор мекунад.
      Бародарам ва хоҳарчаам мактабхон мебошанд.

(имзо)                                                (сана)



Хислатнома

Хислатнома ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби сардори муассиса дар бораи кормандон навишта мешавад. Дар он мухтасар сухан аз фаъолияти меҳнатӣ, ташаббус ва дастовардҳо, низоми кор, хислатҳои шахсӣ, шуғли дӯстдошта, эътибор дар ҷомеаи меҳнатӣ, мукофотҳои давлатӣ, оиладорӣ меравад. Роҳбари муассиса ҳуқуқ дорад дар бораи хислатҳои манфии корманд низ нависад. Дар ин сурат ба хислатнома имзои раиси иттифоқи касаба ҳатмист.

Намуна:

ХИСЛАТНОМА

ба [Ному насаб] муаллими
кафедраи услуби таълими фанҳои табиатшиносии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б.Ғафуров

      [Ному насаб], соли таваллудаш 1976, миллаташ тоҷик, ғайриҳизбӣ дар кафедраи услуби таълими фанҳои табиатшинос аз соли 2007 инҷониб дар вазифаи муаллим кор мекунад. Ӯ хатмкардаи факултаи табиатшиносии ДДХ мебошад ва бо қарори комиссияи имтиҳоноти давлатӣ ба ҳамин кафедра ба сифати муаллим ба кор тавсия шудааст. Ӯ дар солҳои 2002-2006 дар шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи ДДХ аз рӯи ихтисоси 03.00.05 ботаника таҳсил дошт ва дар ин муддат рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Навъҳои гулҳои ороишии Шимолии Тоҷикистон ва парвариши онҳо» ба итмом расонида ба муҳокимаи кафедра пешниҳод намуд.
      [Ному насаб] аз рӯи ихтисоси усули таълим дониши хуб дорад, дарсҳои амалӣ, лабараторӣ, семинарӣ мебарад, ба таҷрибаи омузгории донишҷӯён роҳбарӣ менамояд. Тибқи соҳаи услуби таълим муаллифи чаҳор мақолаи праблемавӣ мебошад, ҳамаи имтиҳоноти минимуми номзадиро супоридааст.
      [Ному насаб] дар корҳои ҷамъиятии факулта ва донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд: узви /котиби/ Шӯрои таълимӣ-методии факултаи табиатшиносии ДДХ, ноиби раиси Шурои олимони ҷавони ДДХ мебошад. Шуғли дӯстдоштааш паррандапарварист, мухлиси назми тоҷик буда, ашъори бисёр аз ёд кардааст.
      Ӯ соҳиби оила ва ду нафар фарзанд аст. Мукофоти давлати надорад, бо айбе маҳкум нашудааст, дар ҷoмeaи факулта ва донишгоҳ соҳибиззат мебошад.

Декани факултаи табиатшиносии ДДХ                 /ном ва насаб/

Раиси иттифоқи касаба                                         /ном ва насаб/



Кафолатнома (забонхат)

Кафолатнома (забонхат) ҳуҷҷатест, ки нависандаи он дар бораи иҷрои амале ӯҳдадорӣ мегирад (кафолат медиҳад). Кафолатнома аз ҷониби сардор ё масъулини муассиса тасдиқ карда мешавад.

Намуна:

КАФОЛАТНОМА
(забонхат)

      Ман, [Ному насаб] сардори гурӯҳи 402 факултаи таърих, шиносномаам А1234567 ШВКД-и шаҳри Хуҷанд 18 марти соли 2001 додааст, кафолат медиҳам, ки идрори донишҷӯёни гурӯҳи 402-ро /22 нафар/ маблағи... сомонӣ ба соҳибонаш расонам ва феҳрасти №414 идрорро ба хазинадор [Ному насаб] то 5 майи соли равон баргардонам.


(имзо)                                                (сана)


Кафолатномаи [Ному насаб]-ро тасдиқ мекунам.
Декани факултаи таърих: [Ному насаб]

(мӯҳр)                                                (сана)



Маълумотнома
(справка)

Маълумотнома (справка) ҳуҷҷатест, ки муассисаи давлатӣ ё ғайридавлатӣ барои ҳалли масъалаҳои маишиву меҳнатӣ маълумоти расмӣ медиҳа.

Намуна:

МАЪЛУМОТНОМА


      Дода шуд ба [Ному насаб] соли таваллудаш 1987 рақами шиносномааш А1234567, ки аз тарафи ШВКД-и шаҳри Хуҷанд 14 октябри соли 2004 дода шудааст, дар ин бора, ки ӯ дар курси сеюми шӯъбаи рӯзонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров мехонад.
      Маълумотнома ба камиссариати ҳарбии вилояти Суғд дода шуд.


      Декани факултаи ҳуқуқшиносии ДДХ: [Ному насаб]
      Коргузори факулта: [Ному насаб]

/мӯҳр/



Баённома
(баёнот)

Баённома (баёнот) ҳуҷҷатест, ки муаллиф дар он асли воқеаро чун гувоҳ, ё иштирокдор баён менамояд. Баённома бештар ба ҳалли масъалаҳои баҳснок нигаронида мешавад.

Намуна:

Ба декани факултаи таърих
[Ному насаб]

БАЁННОМА


      Ман, сардори гурӯҳи 102 [Ному насаб] ба Шумо маълум менамоям, ки аз донишҷӯёни гурҳи мо барои ташкил ва гузаронидани Иди дониш ҳеҷ гуна маблағ ҷамъ оварда зиёфат ташкил карда нашудааст. Иди дониш бе ҷамъи маблағ аз суханронӣ, шеъру сурудхонӣ иборат буд.


      Сардори гурӯҳи 102:                                           [Ному насаб]
                                                                                    [имзо]
                                                                                    [сана]



Талабнома

Талабнома ҳуҷҷатест, ки тавассути он масъулон барои пешбурди кори муассиса (шӯъба) аз хазина ё анбори хоҷагӣ маблаг ё таҷҳизот мегиранд.

Намуна:

Ба ноибректори қисми хоҷагии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б.Ғафуров
[Ному насаб]

Талабнома


      Хоҳишмандам барои ҷиҳозонидани кабинети нави таълимии назди кафедраи забони олмонӣ аз анбори Донишгоҳ гирифтани ашёи зерин мусоидат намоед:
1. Ҷевони китоб - 1 дона
2. Мизи корӣ - 2 дона
З. Курсӣ - б дона


      Мудири кафедраи забони олмонӣ:                   [имзо]
                                                                                    [Ному насаб]
                                                                                    [сана]



Суратҷаласа

Суратҷаласа ҳуҷҷатест, ки дар он рафти маҷлис инъикос мегардад.

Намуна:

Суратҷаласаи


      маҷлиси гурӯҳи 401 шӯъбаи филологияи тоҷик аз 22 январи 2008

      Иштирок доштанд: Ҳамаи аъзоёни гурӯҳ ва мураббии гурӯҳ [Ному насаб].


Рӯзнома:

      1. Дар бораи ташкили фонди /хазинаи/ гурӯҳ.
      2. Баррасии нақшаи чорабиниҳо ба муносибати Иди забон.
      3. Масъалаи ҷорӣ.


      ШУНИДА ШУД: [Ному насаб] - сардори гурӯҳ қайд кард, ки барои муташаккилона ва ба сифати баланд гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ, ҷашнӣ, маросимҳои суннатӣ, мавлуди ҳамкурсон ва ғайра ҳар дафъа маблағи муайян сарф мешавад, ки ҷамъоварии он фурсат ва пули нақд металабад. Бо мақсади тезтар ва босифат гузаронидани чорабиниҳо таклиф ҳаст, ки фонди /хазинаи/ гурӯҳ ташкил карда шавад.
      [Ному насаб] - донишҷӯ - таклифро дастгирӣ намуда гуфт, ки дар ҳақиқат на ҳамеша сари вақт маблағ ҷамъ карда мешавад, дар натиҷa чораҷӯӣ дар вақти зарурӣ ташкил нашуда мемонад.
      [Ному насаб] - донишҷӯ - ман таклиф дорам, ки барои ҷамъ кардан ва бо тартиб харҷ кардани маблаӯи хазина иборат аз се нафар комиссия ташкил карда шавад ва он дар назди гурӯҳ дар ним сол як маротиба ҳисобот диҳад.
ҚАРОР КАРДА ШУД: 1. Аз ҳисоби идрори донишҷӯён фонди /хазина/ гурӯҳ ташкил карда шавад. Ҳар моҳ аз ҳисоби идрори донишҷӯён 3 (се) сомонӣ дар фонд нигоҳ дошта шавад.
      2. Бо мақсади назорат аз дахлу харҷи мақсадноки фонд дар ҳайати 3 нафар: [Ному насабҳо] комиссия созмон дода шавад.
      З. Донишҷӯ [Ному насаб] хазинадор таъин карда шавад.
      ШУНИДА ШУД: [Ному насаб] - аз рӯи масъалаи дуюм рӯзнома - гуфт:...
      [Ному насаб] - қайд намуд, ки...
      [Ному насаб] - мураббии гурӯҳ чунин гуфт...
      ҚАРОР КАРДА ШУД: 1. Нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи 401 ба муносибати Иди забои тасдиқ карда шавад /нусхаи он ба қарори замима мегардад/.
      2. Шахсони масъул вазифадор карда шаванд, ки чораҷӯҳои дар нақша зикршударо саривақт ва босифат иҷро намоянд.
      3. Назорати рафти иҷрои нақша ба зиммаи сардори гурҳ [Ному насаб] гузошта шавад.


      Раиси маҷлис:                   [Ному насаб]
      Котиб:                               [Ному насаб]



Пешниҳод

Пешниҳод ҳуҷҷатест, ки тавассути он ба муассиса (шӯъба, кумита, камиссия ва ғайра) таклиф пешниҳод карда мешавад.

Намуна:

Ба раиси Кумитаи тадорукоти
конфронси илмии донишҷӯёни
ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
бахшида ба 15-солагии
Истиқлолияти Тоҷикистон


Пешниҳод

      Хоҳишмандем аз рӯи шартҳои конфронс маърӯзаҳои зерини донишҷӯёнро ҳамчун корҳои беҳтарин бо мукофоти кумитаи тадорукоти конфронс сарфароз гардонед.
      Ҷои аввал - барои маърӯзаи «Истиқлолият ва забони давлатии тоҷикон».
      Маърӯзачӣ: [Ному насаб], донишҷӯи курси 4-уми шӯъбаи рӯзноманигорӣ.
      Роҳбари илмӣ: дотсент [Ному насаб].
      Ҷои дуюм - барои маърӯзаи «Таълими забон ва талаби айём»
      Маърӯзачӣ: [Ному насаб], донишҷӯи курси 4-уми шӯъбаи филологияи тоҷик.
      Роҳбари илмӣ: дотсент [Ному насаб].
    Маърӯзаҳо дар бахши забон ва усули таълими он муҳокима ва ба мукофот тавсия шудаанд.


      Роҳбари бахш:                   [имзо] [Ному насаб]
      Котиб:                                 [имзо] [Ному насаб]



Гувоҳнома
(Акт)

Гувоҳнома (акт) ҳуҷҷатест, ки тавассути он бо имзои иҷрогарони амал ва шахсони салоҳиятдор харҷи чорабиниҳо ба расмияти муҳосибот ворид карда мешавад.

Намуна:

Гувоҳнома
(Акт)

          ш. Хуҷанд26 июли 2001сол


      Мо, дар зери имзокунандагон, сардори гурӯҳи 202 ихтисоси «биология» /гурӯҳи русӣ/ [Ному насаб], донишҷӯёни ҳамин гурӯҳ [Ному насаб], [Ному насаб], мураббии гурӯҳ [Ному насаб] ин гувоҳномаро тартиб додем дар ин бора, ки аз хазинаи гурӯҳ, барои ташкил ва гузаронидани Иди забон 42/чилу ду/ сомонӣ ба тариқи зайл сарф шуд.

      1. 0роиши зал 4с. бОд.
      2. Хариди тӯҳфа ба ғолибони озмун 22с.
      З. Чопи таклифнома 4с. 40д.
      4. Гулдастаҳо барои меҳмонон 11с.
      Ҳамагӣ: чилу ду сомон 42с.
    Гувоҳнома ду нусха ба имзо расид, ки дар дасти хазинадор ва сардори гурӯҳ нигоҳ дошта мешавад.

                       [имзо]                   [Ному насаб]
                       [имзо]                   [Ному насаб]
                       [имзо]                   [Ному насаб]
                       [имзо]                   [Ному насаб]



2020 SHOIR.TJ