Урун Кӯҳзод (Урунбой Ҷумъаев) — нависандаи адабиёти муосири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1975). Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1977), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1996).
Таърихи ҳазорусадсолаи адабиёти навини тоҷик, ки давоми бевоситаи адабиёти қадими он аст, бо номи асосгузори он устод Рӯдакӣ вобаста мебошад. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвоҳои ифтихории қофиласолори назми форс, соҳибқирони шоирӣ, устоди шоирон, султони шоирон ва одамушшуаро ёд мекунанд