Бедили Деҳлавӣ (1644-1721)


Ҳаёт ва эҷодиёти Бедили Деҳлавӣ

Бузургтарин шоир, мутафаккир ва нависандаи забардаст Мирзо Абдулқодири Бедил, яке аз он эҷодкоронест, ки на танҳо ба адабиёти давр балки ба ҷараёни минбаъдаи таърихи адабиёт низ ҳамаҷониба таъсир расонидааст. Бедили Деҳлавӣ соли 1644 дар шаҳри Азимободи вилояти Банголаи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Баъдҳо ў дар қитъае роҷеъ ба санаи валодати хеш чунин ишораи судманд намудааст:

Ба соле, ки Бедил ба мулки зуҳур,

Зи файзи азал тофт чун офтоб.

Бузурге хабар дод аз мавлудаш,

Ки ҳам «файзи қудс» асту ҳам «интихоб».

Дар мисраи чаҳоруми қитъаи мазкур, ки моддаи таърих омадааст, агар адади ҳарфҳо тибқи ҳисоби абҷад гузошта шавад, соли 1054 ҳиҷрӣ ҳосил мешавад. Аз ин сана (1054) 32 тарҳ карда шавад, 1022 мемонад ва он бо 622 ҷамъ карда шавад, соли 1644 ҳосил мешавад, ки санаи володати Бедили Деҳлавӣ мебошад. Абдулқодир ном ва Бедил тахаллуси адабии шоир буда, унвони афтихории эҷодиаш Абулмаъонӣ мебошад. Бедил ба маънии дилдода, яъне ошиқ шарҳ дода шудааст. Падару бобоёни Бедил аз мардумони атрофи Самарқанд буда, аз сабаби нобасомониҳои авзои таърихии Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон рафта будаанд. Ба таркиби номи хешовандон ва номи худи шоир илова гардидани вожаи мирзо гувоҳи он аст, ки нафаре аз аҷдоди ў сардори бузург гузашта будааст. Гузаштагони Бедил аз тоифаи сипоҳиён будаанд.

Бедил дар овони тифлӣ аз падар ятим монда, тарбия ва таълими ибтидоиро аз модар гирифтааст. Ў дар 5-6 - солагӣ ба мактаб дода мешавад. Бедил, дар 7- солагӣ «Қуръон»-ро ҳифз намуд. Баъдтар илмҳои дигари замонаи хеш: сарфу наҳви арабӣ, мантиқу ҳикмат, фиқҳу калом, тафсиру ҳадис, адабиёт, тасаввуфу ирфон ва ғайраро комилан фаро гирифтааст. Устодони Бедил амакаш Мирзо Қаландар, тағояш - Мирзо Зариф, донишмандону орифони дигар: Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ, Шайх Камол, устод Абулқосим, Шайх Фозил ва дигарон будаанд.

Бедил аз мусоҳибаҳои аҳли илму фазл дар кошонаҳои - Мирзо Қаландару Мирзо Зариф баҳраи комил бардоштааст.

Истеъдоди шоирии Мирзо Абдулқодири Бедил дар синни 10-солагиаш ошкор шудааст. Зеро Бедил дар «Чор унсур» хотиррасон мекунад, ки солҳои мактабхониаш аллакай шеър мегуфтааст. Ў тақрибан дар 10- солагӣ ба яке аз ҳамсабақҳояш рубоии зайлро бахшидааст:

Ёрам ҳар гоҳ дар сухан меояд,

Бўи аҷабеш аз даҳан меояд.

Ин бўи қаланфур аст, ё накҳати гул,

Ё роиҳаи мушки Хутан меояд.

Бедил соли 1665 аз Биҳор ба шаҳри Деҳлӣ меояд.

Аз мулки Биҳор сўи Деҳлӣ

Чун ашк равон шудем бекас.

Бедил дар синни 25-солагӣ хонадор мешавад ва барои касби маош ба хидмати писари Аврангзеб – Аъзамшоҳ ба ҳайси сипоҳӣ ба фаъолият мепардозад. Нафаре аз наздикони Бедил шоир будани ўро ба Аъзамшоҳ хабар медиҳад. Шоҳ Бедилро даъват намуда, аз ў хоҳиш менамояд, ки барояш мадҳияе бинависад. Ин рафтори ҳоким Бедилро озурда мекунад ва ў аз хизмат даст мекашад. Аслан Бедил як марди сарбаланд, бовиқор, бонанг, худогоҳ будааст, ки мегўяд:

Ай басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро

Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли чоҳ аст.

В-ай басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ,

Рўсиёҳи адаб аз мадҳи амиру шоҳ аст.

Марҷаи маънии ин сустхаёлон дарёб,

То бидонӣ чӣ қадар фитраташон кўтоҳ аст.

Силамуштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд

Гар ҳама пой дар афлок ниҳад дар чоҳ аст.

Мирзо Абдулқодири Бедил баъд ба Акбаробод рафта дар маҳфилҳои адабӣ иштирок менамояд ва бо шоирони хушзавқу донишмандони замон - Иззат, Зуҳурӣ ва дигарон шиносоӣ пайдо мекунад.

Шоир баъдан ба шаҳрҳои Панҷоб, Лоҳур, Кашмир, Мултон, Сарҳинд ва ғайраро сайр карда, таассуроташро оид ба шаҳрҳои зикршуда дар асари худ «Чор унсур» хеле муфассал баён намудааст. Ин сафарҳо барои шоир як дарси зиндагӣ буд, чаро ки хоси ў тавонист ба ҳаёти табақаҳои мухталифи иҷтимоии ҷамъият шинос шавад.

Умуман, ин шоири мутафаккир аз нигоҳи тангии маишӣ басо танқисиҳо кашидааст. Бедил ҳатто то синни 41-солагӣ манзили истиқоматӣ надоштааст. Баъдтар бо дастгирии дўстон шоир соҳиби манзили шахсӣ мешавад. Зеро ихлосмандонаш ба ў аз шаҳри Деҳлӣ ҳавлии истиқоматӣ ёфта медиҳанд.

Ҳамсари аввалаи Бедил дар синни 38-солагии шоир аз олам чашм мепўшад ва ў бори дигар хонадор шуда, баъдҳо дар синни 64-солагӣ писардор гардидааст. Дареғо, писари шоир дар овони тифлӣ аз олам гузаштааст.

Шоири мутафаккир поёни рўзгори хешро дар шаҳри Деҳлӣ гузаронида, дар ҳамон ҷо, дар синни 77-солагӣ, яъне соли 1721 вафот кардааст.

Муаллифи тазкираи «Хизонаи омира» - Мир Ғуломалихони Озод дар вафоти Бедил қиъаи зеринро сурудааст:

Сару саркадаи арбоби сухан

Аз ғамободи ҷаҳон хуррам рафт.

Гуфт таърихи вафоташ Озод:

«Мирзо Бедил аз олам рафт».

Дар қитъаи мазкур моддаи таърих мисраъи чорум аст. Агар қимати ҳарфҳои ин мисраъ аз рўи ҳисоби абҷад дуруст гузошта шавад, соли 1133 ҳиҷрӣ ҳосил мегардад ва аз он 34 тарҳ карда шавад, 1099 боқӣ мемонад. 1099 бо 622 ҷамъ карда шавад, соли 1331 ҳиҷрӣ ҳосил мегардад ва аз он 34 тарҳ карда шавад, 1099 боқӣ мемонад, 1099 бо 622 ҷамъ карда шавад, соли 1721 ҳосил мегардад, ки он соли вафоти Бедил аст.

Куллиёти Бедил

Шеърам, ки ба сад забон фуруд омадааст,

Дар чандин вақт он фуруд омадааст.

«Таврот» набуд, то бигўям, ки ҳама

Якбора зи осмон фуруд омадааст.

Эҷодиёти ин шоири мутафаккир хеле гуногунмавзўъ ва серсоҳа буда, дар шаклҳои назму наср боқӣ мондааст, ки «Куллиёт»-и ўро фароҳам меорад. Муҳим он аст, ки Бедил аз овони хурдсолӣ ба корҳои эҷодӣ рў оварда, фузун аз 65 сол эҷод кардааст.

Таркиби «Куллиёт»-и Бедил дар маҷмўъ шомили 65 ҳазор байт буда чунин аст:

1) «Дебоча», 2) «Ирфон», 3) «Тўри маърифат», 4) « Нукот», 5) «Ишорот ва ҳикоёт», 6) «Руқаот», 7) «Чор унсур», 8) «Муҳити аъзам», 9) «Тилисми ҳайрат», 10) «Ғазалиёт», 11) «Рубоиёт», 12) «Қасоид», 13) «Қитъаот», 14) «Таркибот ва тарҷеот», 15) «Ташбеҳот ва тамсилот».

Девони Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар дохили « Куллиёт»-и ў омадааст, аз ғазалиёт, рубоиёт, қасоид, қитъаот, таркиботу тарҷеот, ташбеҳот ва тамсилот иборат мебошад. Миқдори умумии абёти таркиби девони Бедил 37500 байтро ташкил медиҳад.

Дар девон ҷои аввалро ғазалиёт ишғол менамояд, ки миқдоран 2165 ғазал буда, 23 ҳазор байтро дарбар мегирад.

Яке аз навъҳои адабии дигар, ки дар девони Бедили Деҳлавӣ мавқеи намоён дорад, рубоӣ мебошад. Дар девони шоир 3500 рубоӣ дарҷ гардидааст. Шояд сабаби асосии ба рубоӣ нисбатан таваҷҷўҳ зоҳир намудани Бедил он бошад, ки дар ин жанр ҷой додани афкори фалсафӣ, ирфонӣ-тасаввуфӣ, ишқӣ, панду андарзӣ хеле мувофиқу созгор аст.

Мавқеи жанрҳои дигари шеърӣ: қасоид, қитъот, таркиботу тарҷеот, ташбеҳот ва тамсилот, ки дар девон омадаанд, ба мавзўъҳои мухталифу масоили гуногун бахшида шудаанд. Аз ҷумла, ишқу ирфон, ситоиши инсон, тасвири манозири олам, масоили фалсафӣ, ҳаётӣ – иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, адабӣ-эстетикӣ ва ғайра.

Маснавӣ дар эҷодиёти Бедил мавқеи муҳим дорад, ки номгўи онҳо чунин аст:

1.«Тилисми ҳайрат». Нахустин маснавии Бедил буда, соли 1669 таълиф шудааст. Асар аз 3750 байт иборат мебошад ва дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси мақсур ё маҳзуф навишта шудааст, ки афоъили он чунин аст:

v - - - / v - - - / v - ~

Яъне, мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъўлон. Дар ин маснавии Бедил нуфузи таълимоти маҷзубия ба мушоҳида мерасад. 2. «Муҳити аъзам». Маснавии мазкур соли 1681 таълиф шуда, аз 4500 байт иборат мебошад. Асар дар жанри соқинома навишта шудааст ва вазни он Мутақориби мусаммани мақсур буда, шакли афоъили он чунин аст:

v - - / v - - / v - - / v ~

Яъне, фаъўлун, фаъўлун, фаъўлун, фаъўл. Маснавӣ дорои ҳашт боб буда, тасаввуфист ва тасвирҳои маҷозии асбоби тараб: май, хум, ҷом, даф, най, чанг, танбўр, қонун ва ғайра дар он мавқеи асосӣ доранд. Дар асар доир ба саргузашти симоҳои тасаввуфу ирфон ҳикоятҳо оварда мешавад.

3.«Тўри маърифат». Маснавии мазкур соли 1687 таълиф гардида, дорои 1500 байт мебошад. «Тўри маърифат» дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур эҷод шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:

v - - - / v - - - / v - ~

Яъне, мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъўлон. Маснавии «Тўри маърифат»- ро Бедил «Мактуби манзум» низ номгузорӣ намуда, онро ба дўсти худ, шоиру донишманди муосираш – Шукруллоҳхон мебахшад. Дар маснавии мазкур асосан кўҳи Байроти Ҳиндустон ба тасвир гирифта мешавад. Чунончи, шоир мегўяд:

Тапиш фарсуд шавқи нолатимсол,

Зи таҳрики нафас вомекунад бол.

Ки хомўшӣ навосоз аст имрўз,

Ғубори сурмаву соз аст имрўз.

Зи тўри маърифат маънӣ сароям,

Ба чандин кўҳ менозад садоям.

Шоир манзараҳои зебои кўҳи Байротро дар қиёс бо кўҳи Тўр, ки Мусо дар он ҷо нури Илоҳиро дидааст, ба тасвир гирифтааст:

Кунун дар кўҳи Байрот обу рангест,

Ки ҳар сангаш ба дил бурдан фарангест.

4. «Ишорот ва ҳикоёт». Ин асари Бедил аз маҷмўи пораҳои шеърӣ, ки дар шакли маснавӣ таълиф шудаанд, иборат аст. Шеърҳо дар шакли маснавӣ навишта шуда бошанд ҳам, дар вазнҳои гуногун иншо шудаанд. Ҳаҷми умумии абёти маснавӣ 1300 байт буда, асосан мавзўи асар тасвирҳои хеле сершумори табиатро низ фаро мегирад. Масалан, намунае аз ишороти якум:

Саҳар оина ҳампардози дил буд,

Сафое имтиёзи обу гил буд.

Нахустин, ки зи таҳқиқ кардам оғоз,

Ба рамзи обу хокам чашм шуд боз.

Тааммул сарфи кори ину он шуд,

Чароғи хилвати ҳар як аён шуд.

Ниҳол аз хоки гулшан дар қафас дошт,

Ҳубоб аз оби худ ҷўши нафас дошт.

Яқинам шуд, ки дар ҳар қатра ҷонест,

Ниҳон дар ҳар кафи хоке ҷаҳонест.

5. «Ирфон» дар мероси адабии Бедил калонтарин асар буда, аз 11 ҳазор байт иборат аст ва дар шакли маснавӣ эҷод шудааст. Санаи таълифи асар соли 1712 буда, дар ин асар шоири мутафаккир ба муҳимтарин масъалаҳои ирфону тасаввуф, масоили мухталифи ҳаёт, қонуниятҳои рушди ҷомеа, мақоми инсон дар ҳаёт, воқеияти зиндагии пурзиддиятҳои инсонӣ рў овардааст. Инчунин, дар он ақидаҳои илмӣ, фалсафӣ, ирфонӣ, тасаввуфӣ, иҷтимоӣ, ахлоқии мутафаккир инъикос ёфтаанд, ки басо муҳиму арзишманданд. Дар асар зарару офатҳои бекорӣ баён гардида, пешаи кишоварзӣ, деҳқонӣ аз тамоми касбҳои дигар афзалиятнок дониста мешавад. Махсусан, дар ҳикояти «Комде ва Мадан» адолат ва ноадолатӣ қиёсан ба тасвир гирифта шуда, бебақоии зулму истибдод нишон дода мешавад.

Маснавии «Ирфон» дорои 10 боб бошад ҳам, иртиботи мантиқии бобҳо ба мушоҳида мерасад. Асар асосан ақоиди фалсафӣ – ирфонӣ, тасаввуфӣ, ҳаётӣ – иҷтимоӣ, ахлоқӣ – тарбиявӣ ва ғайраро фаро мегирад. Аз ин рў, маснавии «Ирфон» барои муайян намудани ҷаҳонбинии Бедил, мақому мартабаи ў дар таърихи адабиёт, ҳунари шоир дар эҷоди маснавӣ ва умуман пояи суханварии ў арзишманду муҳим ва ҷолибу зарурист.

Асарҳои насрии Бедил

Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, файласуф, мутафаккир ва инчунин нависандаи забардаст низ ҳаст. Асарҳои насрии Бедил мақому пояи ўро дар рушду таҳаввулоти насри адабии аҳди таназзули феодализм нишон медиҳад. Осори насрии Мирзо Абдулқодири Бедил низ дар мавзўъҳои мухталиф эҷод гардидаанд ва онҳо низ дар дохили «Куллиёт»-и ў омадаанд:

1.«Дебоча». Бедил бо чунин унвон бар муқаддимаи девони ашъори худ ба наср навиштааст. Муҳим он аст, ки дар ин асар аз пораҳои шеърӣ низ хеле устодонаву огоҳона истифода кардааст. Адиби мутафаккир пас аз ҳамду наът, моҳияти каломи бадеъ, равобити шаклу мазмуни бадеӣ, машаққат ва назокати ҷараёни эҷоди бадеъ ва умуман кори эҷодӣ, хусусиятҳои эҷодиёти хеш, хусусан осори манзум ва коргирӣ аз мавзўъҳои мадҳӣ, ҳаҷвӣ ва ғайра баҳсҳои судманд ба миён меорад.

2. «Нукот». Ин асари Бедил насрӣ буда, дар он аз зикри пораҳои гуногуни шеърӣ хеле фаровон кор гирифта шудааст. Дар ин асар Бедил ақоиди фалсафӣ, тасаввуфӣ-ирфонӣ, иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, ҷомеашиносии худро баён намудааст. Ў барои таҳким бахшидан ба андешаҳову ақидаҳои гуногуни худ дар ин асар аз пораҳои шеърӣ хеле устодона кор гирифтааст.

Назм ҳатто нисбат ба наср дар ин асар нуфуз дорад. Аз ҷумла дар асар бештар жанрҳои рубоӣ, мусаммати мухаммас, қитъа, ғазал, фард ё муфрадот истифода шудаанд. Чунончи: «Нукта – Маҷоз, яъне олами эътиборро ниҳоле тасаввур намудан аст, ки тухми он ҷуз ҳақиқат нест, дар мартабаи ниҳол аз тухм асло нишон натавон ёфт ва ҳамчунон аз шоху барг ҳеч натавон шикофт.

Рубоӣ:

Ай он ки гаҳе хилвату гаҳ анҷуманӣ,

Пайваста ба ваҳми ғайр оташ фиканӣ.

Найранги дуӣ боз надорад ин ҷо,

Ман бо ту туам, чунон ки бо ман ту манӣ.

Асари мазкур барои муайян намудани ақидаҳову ҷаҳонбинии Бедил, барои таъин намудани мавқеъ ва пояи адиб дар таҳаввули насри бадеии асримиёнагии тоҷик арҷманд аст.

3. «Руқаот». Руқаот ё номанигорӣ яке аз жанрҳои машҳури адабиёти асримиёнагии форс-тоҷик аст, ки дар ду шакл - назму наср дучор мешавад. Санъати номанигорӣ махсусан дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ниҳоят устодона ва дар ғояти фасоҳату малоҳат ба мушоҳида мерасад. Аз асри XI сар карда намунаҳои мансуру мустақили он зуҳур мекунад. Шояд асосгузори он Ҳаким Саноии Ғазнавӣ бошад. Маълум аст, ки дар ин жанри адабӣ хусусиятҳои насри адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ, ёддоштӣ дар шакли омехта низ меояд.

«Руқаот»-и Бедил асари насрӣ буда, дар он пораҳои шеърӣ низ истифода шудааст. Яъне маҷмўи номаҳоест, ки Бедили Деҳлавӣ онҳоро дар вақтҳои гуногун, бо шахсони алоҳида навиштааст. Касоне, ки Бедил ба онҳо нома навиштааст, онҳо дўстону муқаррабон, ҳамфикрону ҳамақидаҳояш, умуман шахсиятҳои боэҳтироми даврони эҷодкоранд. Мактубҳо бештар ҷавобӣ буда, ҷавоби номаи нафаре аз хамфикрону наздикони Бедил аст. Мактубҳо аз ин рў, арзиши адабӣ-шарҳиҳолӣ дошта, равобити адабӣ – эҷодӣ, муносибати шахсиятҳо, симоҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангии замони мутафаккирро баён менамояд. Дар номаҳо бисёр лаҳзаҳои рўзгори Бедил, муносибату гуфтор, рафтору равобити ў бо муосирон инъикос ёфтааст.

4. «Чор унсур». Асари калонтарини насрии Бедили Деҳлавӣ буда, соли 1705 ба табъ расидааст. Ин асар насрӣ бошад ҳам, бо пораҳои шеърӣ ақоиду андешаҳои муаллиф таҳкиму тақвият дода мешавад. «Чор унсур» дорои чор боб буда, асосан масъалаҳои фалсафӣ, чаҳор унсури офариниш: об, хок, бод, оташ, доир ба рўҳи мутлақ, рўҳи табиию наботӣ, ҳаёвонию инсонӣ баҳс ба миён овардааст. Дар асар фалсафаи офариниш, ҳаёту мамот, камолёбию заволпазирӣ, фано ва бақо хеле ба тафсил баён карда шудааст.

Гузашта аз ин, асар саршор аз ҳаводису воқеоти таърихӣ - лашкаркашиҳои Шоҳшуҷоъ, задухурду кашмакашиҳои сиёсӣ, нооромиҳои даврро фаро мегирад. «Чор унсур» ҷанбаҳои гуногуни ҳолномаи Бедил, муқаррабону дўстон, хешовандону пайвандон, ҳамсўҳбатону устодони мутафаккирро низ дар бар мегирад. Дар асар баъзе аз доираҳои адабии замон, бурду бохти сухангустарони аср, муносибати Бедил бо баъзе аз шоирони муосири худ низ инъикос ёфтааст. «Чор унсур» боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар он оид ба овони хурдсолии шоир, давраи мактабхонӣ, таҳсили мадраса ва то ба охир идома наёфтани таҳсили Бедил дар ин таълимкада, хонадоршавии ин симои эҷодӣ ва ба сипоҳгарӣ рў овардани ў ба тасвир омадааст.

Умуман «Чор унсур»-и Мирзо Абдулқодири Бедил барои баҳо додан ба адабиёти асри XVII, ба хусус насри бадеӣ, барои адибони ҷудогона ва муайян намудани ҳунари эҷодии онҳо, баҳри қиёсу тарҷеҳи пояи суханварии суханварон, оид ба сафарҳои Бедил ва дар маҷмўъ, афкори адабию шеваи эҷодиаш маълумоти арзишманди илмӣ, адабӣ ба даст даровардан мумкин аст.

 

Таркиби девони Бедили Деҳлавӣ

Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил асосан дар ҳамаи навъҳои адабӣ эҷод кардааст. Ў махсусан дар кадом навъи адабие, ки эҷод карда бошад, хатман тозакору навовар эътироф шудааст.

Девони ў дар дохили «Куллиёт»-аш ҷойгир буда, 37500 байтро дар бар мегирад. Девони Бедил аз нигоҳи навъҳои адабӣ низ нисбатан боғановат буда, аз ғазалиёт, рубоиёт, қасоид, қитъаот, таркибот ва тарҷеот, ташбеҳот ва тамсилот иборат мебошад. Навъҳои адабии мазкур дар давраҳои гуногун эҷод карда шудаанд.

Таҳлили ғазалиёти Бедили Деҳлавӣ

Аз нигоҳи мавзўъ, мазмуну мўҳтаво низ девони шоир хеле ҷолиб буда, асосан ишқ (ҳам ишқи ирфонӣ - тасаввуфӣ ва ҳам ишқи заминӣ – байни инсонҳо), масъалаҳои фалсафӣ – ҳакимона, ҳаётӣ – иҷтимоӣ, тарбиявӣ – ахлоқӣ, васфи табиату манзаранигорӣ, тавсифи хисоли ҳамидаи инсонӣ ва мазаммати кирдорҳои разила, ҳимояи адолату ҳақиқат, танқиди золимон, васфи хирад, илму дониш, маърифату ақл, хоксориву фурўтанӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Чунон ки қаблан ёдовар шудем, дар девони Бедили Деҳлавӣ пеш аз ҳама, ғазал мавқеъ дорад. Ба қавли худи ў, ғазалсаро беҳтарину тавонотарин эҷодкор аст:

Бедил, гуҳари назм касерост, ки имрўз,

Дар баҳри ғазал заврақи андеша давонад.

Албатта, мавзўи марказии ғазал ишқ ва ҷозибаҳои қалбии инсон, ҳиссиёту ҳаяҷонҳои рўҳӣ, эҳсосоти ниҳодию сиярӣ, ғалаёнҳои ботинӣ ва ғайра мебошад. Аз ин рў, ишқи тасаввуфӣ – ирфонӣ дар ғазалиёти Бедил мақоми махсус дорад. Ин ишқи ҷўё буда, асли хешро меҷўяд ва аз ин рў, он маънавиётсоз, тафакурсоз ва давронсоз аст. Аз тарафи дигар, ин ишқ инсони комилро ба воя мерасонад, зеро ногузиран ин инсон марҳалаҳои камолотро мепаймояд. Он вораҳидан аз олами нафсонӣ ва пайвастан ба олами рўҳонист.

Барои намуна чанд ғазалеро аз девони шоир хоҳем санҷид, ки дар онҳо офаридани мазмун, интихоби мавзўъ, коргирӣ аз ҳунари эҷод, истифодаи радифу қофия, хусусиятҳои вазнӣ ва ғайра то кадомин поя сомон дода шудааст.

Чунончи, ғазали «Ҷоҳил аз ҷамъи кутуб соҳиби маънӣ нашавад»-ро аз назар хоҳем гузаронид:

Айш донад дили саргашта парешониро,

Нохудо бод бувад киштии тўфониро.

Ашк дар ғамкадаи дида надорад қиммат,

Аз буни чоҳ барор ин маҳи канъониро,

Ишқ набвад ба иморатгарии ақл шарик,

Сел аз каф надиҳад санъати вайрониро.

Аз хату зулфи бутон тоза далел аст, ки ҳусн

Карда чатри бадан асбоби парешониро.

Бор ёбӣ чу ба хоки дари соҳибназарон,

Чини домони адаб кун хати пешониро.

Резиши ашки надомат зи сияҳкориҳост,

Лозим аст абри сияҳ қатраи найсониро.

Зери гардун натавон ғайри касофат андўхт,

Нохуну мў-ст расо мардуми зиндониро.

Лофи озодагӣ аз аҳли фано нозебост,

Домани чида чӣ лозим тани урёниро?

Ҷоҳил аз ҷамъи кутуб соҳиби маънӣ нашавад,

Нисбате нест ба шероза сухандониро.

Нафаси сўхта бояд ба тапиш равшан кард,

Нест шамъи дигар ин анҷумани фониро.

Натавон ёфт аз он ҷилваи беранг суроғ,

Магар оина кунӣ дидаи қурбониро.

Бозгаште набувад пои талабро, Бедил,

Сели мо нашнавад афсуни пушаймониро.

Ғазали мазкур муқаффо буда, калимаҳои парешонӣ, тўфонӣ, канъонӣ, вайронӣ, пешонӣ, найсонӣ, зиндагӣ, урёнӣ, сухандонӣ, фонӣ, қурбонӣ ва пушаймонӣ ҳамқофия шудаанд, ки беистисно бо пасоянди ро омадаанд. Ҳарфи рави дар калимаҳои қофия «н» буда, танҳо дар вожаи «пешонӣ» риоя нашудааст. Ҳуруфи решаи қофия дар калимаҳои қофияшаванда «- ониро» буда, «о»-ридфи муфрад, «и»-васл, «р»-хурўҷ ва «о» мазид аст. Яъне як унсур (ридф) то ҳарфи равӣ – «н» ва се унсур (васл, хурўҷ, мазид) баъди равӣ омадаанд. Аз ин рў, қофияи мазкур мутлақ аст.

Ғазал дар баҳри Рамали мусаммани махбуни аслам эҷод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

- v - - / v v - - / v v - - / - -

Яъне: фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун, фаълун. Аз нигоҳи мавзўъ, мазмуну мўҳтаво ғазали боло ишқӣ-иҷтимоӣ буда, оҳанги хеле қавии андарзӣ дорад. Дили саргашта - қалби ошиқ, нохудо – маллоҳ, бод аст. Парешонии дил – айши он, бод – маллоҳ ҳодии роҳи мурод мебошад. Ашк – Юсуф, чашм-чоҳ ва гиристан – зоҳиршавии Юсуф буда, ишқ – сел; хату зулф – ҷузъи ҳусн, ки боиси парешонии ошиқанд, хеле ҳунармандона корбаст шудаанд. Дар ин абёт ҳолати ошиқ мавриди тасвир қарор дорад.

Аз байти 5-ум ҷанбаи ирфонӣ қувват мегирад, ки ҳангоми мушарраф гардидан ба сўҳбати соҳибназарон – пирон, муршидон бояд солик сахт одоби шогирдиро риоя бикунад. Агар заррае риоя нашавад, ашки пушаймонӣ рехтан фоида надорад. Тибқи назарияи сўфиҳо ҷаҳони моддӣ – зиндон, тан ҳам барои ҷон зиндон аст. Аз ин рў, дунёдўстӣ ва танпарварӣ норавост. Ҳадаф аз ҷамъи кутуб фаъолияти амалӣ накардани ориф аст. Ҳадаф аз ҷилваи баранг қурб аст, ки он на ба воситаи дидаи зоҳир, балки ба воситаи дидаи ботин муяссар мегардад.

Ибораи изофии «пои талаб» – ҳадафи ниҳоӣ, зеро он бебозгашт буда, пазирандаи афсуни пушаймонӣ нест. Яъне дар роҳи расидан ба ҳадафи ниҳоӣ пушаймонӣ ҷой нахоҳад дошт. Ориф ҳеҷ гоҳ пушаймон нахоҳад шуд.

Ғазали дигари шоири мутаффаккир, ки бо матлаи зерин шурўъ мешавад, хеле ҷолибу ҳунармандона ва марғуб рўи кор омадааст;

Маоли кор нуқсонҳост ҳар соҳибкамолиро,

Агар моҳат кунанд, аз даст нагзорӣ ҳилолиро.

метавон онро ба пуррагӣ зикр намуд, ки то як андоза шарҳу таҳлили он аз аҳамият холӣ нест:

Рамиданҳо зи авзои ҷаҳон тарзи дигар дорад,

Ба ваҳат пеш бояд бурд аз ин саҳро ғизолиро.

Ба нақши неку бад равшандилонро дасти рад набвад,

Кафи оина мечинад гули беинфиъолиро.

Бисоти гуфтугў тай кун, ки дар анҷоми кор охир,

Ба ҳукми хомушӣ печидан аст ин фарши қолиро.

Вуболи ранҷи пирӣ барнатобад соҳиби ҷавҳар,

Чанор оташ занад ночор далқи кўҳнасолиро.

Дар ин водӣ, ки хок аст эътибори ҷаҳлу донишҳо,

Ғуборе бар ҳаво дон қасри фиратҳои олиро.

Ба ваҳдатхонаи дил ғайри дил чизе намеғунҷад,

Бар ин оина ҷуз тўҳмат мадон нақши мисолиро.

Агар хунсардии дил обёри мазраъат бошад,

Чу тухми обила нашъунамо кун поймолиро.

Ба чанги ағниё домони фақр осон намеафтад,

Ба чинӣ хок гардад, то шавад қобил сафолиро.

Чӣ имкон аст, Бедил, мунъим аз ғафлат бурун ояд,

Ҳуҷуми хоби харгўш аст яксар шери қолиро.

Ғазали мазкур мураддаф нест, муқаффост. Калимаҳои саҳибкамолиро, ҳилолиро, ғизолиро, беинфиъолиро, қолиро, кўҳнасолиро, олиро, мисолиро, поймолиро, сафолиро ҳамқофия шудаанд. Решаи қофия «олиро» буда, ҳарфи решагии калимаи қофия ё худ равӣ «л» мебошад. Яъне; «о» ридфи мудрад ва «и»-васл, «р»- хурўҷ, «о»-мазид буда, пас аз рави се унсур ва пеш аз равӣ якто омадааст. Шакли қофия мутлақ мебошад. Бояд гуфт, ки дар ғазали мазкур қофия ба ҷуз талаботи жанрӣ, инчунин вазифаи хушоҳангӣ, равонӣ ва бештар аз он бори маънибофӣ, мазмунофаринӣ низ мекашад.

Аз нигоҳи истифодаи вазни ин ғазал хеле ҷолибу ҷаззоб аст. Он дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани солим иншо гардида, дорои афоъили зерин мебошад:

v - - - / v - - - / v - - - / v - -

яъне, мафоъӣлун, мафоъилун, мафоъӣлун, мафоъӣлун.

Ғазал аз нигоҳи мазмуну мўҳтаво комилан мазмуни иҷтимоӣ дошта, таҷрибаи ҳаёт, ҳикмати зиндагӣ, андарзи рўзгор бунёди тематикии онро фароҳам овардааст. Фалсафаи инкишофи оламу одам ва таҷрибаҳои ҳасилкардаи инсон асоси онро ташкил намуда, аз оғоз то анҷом давом мекунад. Яъне махлуқ пас аз ҳадди камол дучори нуқсон аст. Пас ғизолиро низ гоҳе метавон касб кард, ки мақсад сифат аст, яъне рамандагӣ аз миёни мардум ва тарки дунёву афзал донистани уқбо баён шудаасат.

Равшандилон истиора буда, киноя аз орифону сўфиён аст, ки ба неку бад яксонанд ва ин сифати онҳо монанд ба кирдори ойина аст, ки зишту накўро яксон инъикос менамояд. Водӣ ё худ ин водӣ-дунёи моддӣ, хок-камарзишӣ ва фитрати олӣ-шахсиятҳои соҳибмаърифат буда, ҳадафи Бедил бевафоии олам ва Ҳақшиносии инсон мебошад. Дил-каъбаи сират ва ваҳдатхона-хона барои як нафар – Худо, яъне хонаи Худо аст. Аз ин рў, ба ҷуз худи дил дар ў (дар дидаи зоҳир) чизи дигаре нест.

Мунъим – сармоядор, касе ки умре ҷуз ғановати моддӣ – танпарварӣ чизи дигареро намедонад ва инро Бедил ба ду чиз шабеҳ донистааст: яке хоби харгўш, дигаре расми шери рўи қолӣ ва ҳадаф аз ҳар ду монандӣ ғафлатварзӣ ва бехабарӣ аз гузашти умр ва газидани ангушти ҳайрат мебошад.

Умуман, мазмуни ғазал паймудани мароҳили камолот ва ҳушёриву зиракӣ дар ин ҷода ва беш аз он эҳтиёт аз тағофул аст, ки боиси пуштидастгазиҳо мегардад.

Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои назми Бедил ва аз ҷумла, ғазалиёти шоири мутафаккир дар он аст, ки ў шеъри андеша мегўяд. Аз ин рў, дар гузашта низ пас аз омўзиши «Каломи шариф», «Чаҳор китоб», «Девон»-и Ҳофиз, баъд ба омўхтани эҷодиёти Бедил шурўъ менамуданд.

Умуқи андеша, паҳнои фикр, ҷавлони тахаёюл, санъати вожасозиву суханороӣ, дарёфти ҷузвиёти суварӣ ва назокати тасвир танҳо хоси ҳунари эҷодии абулмаонӣ аст. Аз ҷумла барои ифодаи мушаххастар ба ғазали зерин рў меорем:

Чашми ту ба ҳоли ман гар ним нахар хандад,

Хорам ба чаман нозад, айбам ба ҳунар хандад.

То чанд бар он ораз бар рағми нигоҳи ман,

Аз ҳалқаи гесўят гулҳои назар хандад.

Дар кишвари муштоқон бепартави дидорӣ

Хуршед чаро тобад? Баҳри чӣ саҳар хандад.

Дил мечакад аз чашмам, чун абр агар гирям,

Ҷон медамад аз лаълат, чун барқ агар хандад.

Бо аҳли фано дорад ҳар кас сари якрангӣ,

Бояд, ки ба ранги шамъ аз рафтани сар хандад.

Як хандаи ў барқи бунёди ду олам шуд,

Дигар чӣ бало резад, гар бори дигар хандад?

Дар ҷўи дами теғат ширинии обе ҳаст,

К-аз ҷўши ҳаловатҳо захмаш ба шакар хандад.

Сомони тараб саҳл аст з-ин нақш, ки мо дорем,

Субҳ аз ду нафар фурсат бар худ чӣ қадар хандад?

Ҳар шабнам аз ин гулшан тамҳиди гуле дорад,

Бо гиря мадоро кун, чандон ки асар хандад.

Аз саъйи ҳавас бигзар, Бедил, ки дар ин гулшан.

Гул низ агар хандад, аз паҳлуи зар хандад.

Ғазали мазкур мураддаф буда, калимаи «хандад» радифи сода аст ва калимаҳои назар, ҳунар, саҳар, агар, сар, дигар, шакар, қадар, асар, зар ҳамқофия шудаанд. Қофияҳои дар ғазали боло зикршуда муқайяд буда, бо равӣ (ҳамсадои «р») интиҳо ёфтаанд.

Ғазал дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраб эҷод гардида, афоъили он чунин аст:

- - v / v - - - / - - v / v - - -

яъне, мафъўлу/ мафоъӣлун/ мафъўлу/ мафоъӣлун.

Ҷузъиёти ҳунарӣ ва дарки маънӣ вобаста ба маърифати маъноию вазифаи бадеии лафз аст, ки барои дарёфти ҳадафи эҷодкор мусоидат менамояд. Чунончи, хандидани чашм – назарафканӣ, нози хор дар чаману тамасхури айб бар ҳунар – киноя аз барҳамзании ғаразҳо ва дарки асолати сидқ аст. Рағми нигоҳ, гули назар, ҳалқаи гесў… ибораҳои маъмулӣ буда, ошиқ аз наззораи ҷамоли маҳбуба бенасиб аст, зеро ҳалқаҳои мў чун ҳиҷобанд ва ин ба он монанд аст, ки чашми холдор низ аз наззора маҳрум мебошад. Ҳадафи аслӣ висол буда, шиква аз фироқу ҳиҷрон басо шоирона рўи тасвир омадааст. Фано – оғози бақост ва нурафкании шамъ – гузаштан аз сар – бақои ўст, ки дар вуҷуди маҳбуб бақоро мебинад. Хадаф аз теғу ҷўши ҳаловатҳо ибораи рамзии теғи нигоҳ аст, ки ҳаловати гуворо дорад, ки киноя аз захми теғ-қурбони нигоҳ гардидан мебошад. Дар байтҳои минбаъда низ ҳадафҳои иҷтимоӣ матраҳ шудааст, зеро татбиқи орзуву ниёзҳои инсонӣ, ба қавли шоири мутафаккир, ки сомони тараб, мадоро, тамҳид, ҳавас ва ғайра ҷузъиёти онанд, он гоҳ даст медиҳанд, ки ғановати моддӣ бошад. Масалан, агар гул дар замири хеш зар (зардии дохили ғунча) надошта бошад, намешукуфад. Яъне аз хандидан маҳрум аст. Албатта, муроди шоир ҷаҳони моддист, зеро ин гулшан ҳамин маъниро дорад.

Дигар аз нозукиҳои санъати ғазалсароии ин мутафаккир он аст, ки ҷузъиёти лирикии тасвир комилан махсус, воқеӣ, мушаххас, дастрас, рўзгориву табиӣ, ҳаётианд. Ў аз чунин ашёву ҷузъиёти табиат тасвирсозиву маъниофаринӣ мекунад, ки он танҳо хоси ҳунари эҷодии Бедил аст. Касе аз пайравонаш дар баробари шоир ҷой гирифта натавонистаанд. Ё худ саъйи ҳавас – орзу кардан, ин гулшан – дунёи моддӣ, палў – ба маънии нерў, мусъидат дастгирӣ ва ғайра, зар – гарди дохили гул, ки барои нашъунамояш мусоъидат мекунад.

Яъне, шоир беҳбудии сатҳи зиндагиро марбут ба дороӣ ё ғановати моддӣ медонад, ки дуруст аст.

Мақсади адиб дар ин ҷо он аст, ки дар олами моддӣ бе ғановати моддӣ, бе боигарӣ зиндагӣ кардан маҳол аст. Ҳамчунон ки агар гул ҳам аз зардии дохили худ маҳрум бошад, ёрои шукуфтан намекунад.

Дарёфти мақсад, дарки маънӣ, фаро гирифтани ҳадафи асосии шоир дар назми Бедил ва ба хусус, дар ғазалиёти ў тез ва ба осонӣ даст намедиҳад. Ў асосан сарбаста сухангўӣ мекунад. Маънии шеър, моҳияти мақсади адиб печида аст ва аз ин рў, маънии шеърро тавассути заҳматҳои шабонрўзӣ метавон сарфаҳм рафт.

Барои мисол ба ғазали дигари Бедил рў оварда мебинем, ки он аз нигоҳи ҳунар, маҳорату малака, завқу истеъдоди шоирӣ дар кадомин поя қарор дорад. Инчунин, ғазали мазкур ба кадом мақсад эҷод шудааст ва дарки мазмуну мўҳтаво ва маънии он чӣ гуна даст медиҳад. Чунончи:

Аз ғубори ҷилваи ғайри ту то бастам назар,

Чун сафи мижгон ду олам маҳв шуд дар якдигар.

Бастаам маҳмил ба дўши яъсу аз худ меравам,

Боли парвозӣ надорад субҳ ҷуз чоҳи дигар.

Хидмати мўи миёнат то киро бошад насиб,

Гулрухонро з-ин ҳавас зуннор мебандад камар.

Ваҳдати ҳасрат ба ин камфурсатӣ махмури кист?

Сурати ҳамёза дорад чини домони саҳар.

Оламеро аз тағофул рабти улфат додаем,

Нест мижгон қобили шероза бе забти назар.

Ин таносонӣ далели ваҳшати саршор нест,

Ҳар қадар афсурда гардад санг, мебандад камар.

Гар фалак беэътиборат кард, ҷои шиква нест,

Бар ҳаловат бастаи дил чун гиреҳ дар найшакар.

Сайри рангу бў ҳавас дорӣ, зи гул ғофил мабош,

Шўхии парвоз натвон дид ҷуз дар болу пар,

Чанд бояд шуд ҳавасфарсуди пар, касби эътибор,

Марҳам, ай ғофил, намеарзад ба чандин дарди сар.

Манзили саргаштагони роҳи аҷз афтодагист,

То дили хок аст, Бедил, ашкро ҳадди сафар.

Ғазали мазкур дорои матлаъ ва мақтаъ, тахаллус буда, аз 10 байт иборат аст. Ғазал радиф надорад ва қофияҳои он аз калимаҳои зерин: назар, якдигар, ҷигар, камар, саҳар, найшакар, пар, сар, сафар фароҳам омадаанд. Решаи қофия «ар» буда, «р»-и ҳарфи равӣ мебошад. Аз сабаби он ки қофия бо равӣ тамом шудааст ва пас аз он унсури дигаре иштирок надорад, чунин шакли қофияро қофияи муқайяд мегўянд.

Ғазал дар баҳри Рамали мусаммани маҳзуф эҷод гардидааст, ки афъили он чунин аст:

- v - - / - v - - / - v - - / - v -

яъне фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.

Дар байти аввал шоир мегўяд, ки ба ҷуз ту ман аз ҳама рўй гардонидам ва ду олам барои ман ҳеҷ аст. Маҳмил бастан – ихтиёри сафар кардан, дўши яъс – ҷониби навмедӣ, аз худ рафтан – нест гардидан ва ғайра, ки омадан ба ин ҷаҳон омодагӣ ба ҷаҳони дигар (боқӣ) аст. Ин мисли субҳ аст, ки баробари фароравӣ, нест мешавад ва мўҳлати ҳастиаш низ хеле кўтоҳ аст. Мўи миён – нозукӣ, хидмат – омодагӣ ба кор, зуннор бастани камар – ба хидмат тайёр будан мебошад. Яъне ба умеди шарафёбӣ ба хидмати маҳбуба ҳама омодаи хизмат ҳастанд. Ваҳшат – рамандагӣ, ваҳшати ҳасрат – лаҳзаи ҳавасҳо, махмур – хуморолуда, хамёза – даҳанвоҷак – кўтоҳии фурсат. Чини домон – ҳаракати босуръат ва ғайра. Маънии ин ифодаҳо он аст, ки умр чунон шитоб дорад, ки ҳатто кирои орзуҳову ҳавасҳо намекунад. Ё ин ки: оламе – ҷаҳоне, дунё, ки киноя аз инсонҳост. Тағофул – ғафлат, бехабарӣ; рабти улфат – низоми хушҳолӣ, шероза – васлкунандаи авроқ ё чизи дигар, забти назар – сарфи назар ё боз доштани нигоҳ. Мақсад он аст, ки бехабарии мо боиси хушҳолии дигарон шудааст. Ҳолати қаҳрамони лирикӣ ҳолати чашм дар пайкари инсон аст. Агар боз ё пушида аст, аз фоида холӣ нест. Дар ҳолати боз будан мушоҳида мекунад, мебинад. Дар ҳолати пўшидани чашм мижгонҳо ба ҳам меоянду осуда мешаванд.

Ва ё вожаҳои таносонӣ – танпарварӣ, осудагӣ; далел – аломат, нишонӣ… ваҳшат – одамгурезӣ; саршор – фаровон, бисёр; афсуда гаштан – корношоямӣ, фарсудашавӣ, яъне киноя аз қувватгирӣ ва омодашавӣ буда, камар бастан бошад сифати ҳамон тайёрӣ мебошад. Яъне манзури адиб соликони роҳи ҳақ аст, ки онҳо ҳар қадаре дунёбезору неъматбадбин бошанд, ба ҳамон андоза омодаву дастандаркоранд. Зеро таносонӣ инсонро ба дунёву неъматҳои он пойбанд месозад.

Лафзи ҳаловат – гувороӣ, ширинӣ киноя аз нозу неъматҳои дунёӣ;гиреҳ - пардаҳои дохили найшакар, ки пас аз гирифтани ҳосил онҳо нолозим мешаванд.

Мақсади шоир он аст, ки аз беэътиборӣ шиква кардан хуб нест, зеро худи шахс гунаҳкор аст, ки ба нозу неъмат дилбастагӣ дорад. Яъне шахси ҳарис – каси беэътибор, хору залил мегардад.

Ифодаи сайри рангу бў – майл ба сўи бўю ранг, яъне дунё; гул – манбаъ, маншаъ аст, зеро манбаи накҳат ҳамоно гул аст. Шўхии парвоз – азми парвоз, бавуқўъоӣ, ҳадафи адиб он аст, ки инсон олами мўъҷизаосоро набояд зоҳирбинӣ кунад, мисли он ки ҷавҳари накҳат – гул, ҷавҳари олам – Холиқи он аст. Яъне парвозро ҳамагон мебинанду медонанд, вале асоси он болу пар аст, ки бе он парвоз номумкин мебошад.

Ё ин ки калимаҳои ҳавасфарсуд – дар ҳасрати чизе умрро сарф кардан; касби эътибор – бообрў шудан; марҳам – дорў; яъне то кай баҳри эътибор саъй мекунӣ? Агар обрўю эътибор барои инсон марҳам бошад, талош баҳри он ранҷ аст.

Ниҳоят калимаи «манзил» роҳи - ҳадафноки мусофир; роҳи аҷз – роҳи тариқат; ҳадди сафар – масофаи тайкардаи солик аст. Мақсади шоир он аст, ки нозукии роҳи соликро мисли роҳи ашки мижгон медонад, ки хеле нозук мебошад. Ҳамин ки заррае азм аз низом дур шуд, ба хок афтода нобуд мешавад.

Дигар аз хусусиятҳои ғазалиёти ин симои бузург

Дида шуд: 3


2020 SHOIR.TJ