Аҳмади Дониш (1826-1897)


Зиндагинома

Нависандаи забардаст, шоир ва мутафаккир Аҳмад Махдуми Дониш, ки бо лақаби «Калла» ҳам шўҳрат дорад, соли 1826 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари Аҳмад Мулло Мирносир ном дошта, аслан аз тумани Шофирком буда, баъдҳо барои таҳсил ба Бухоро омада муқимӣ шудааст.

Падару модари Аҳмади Дониш аз аҳли фазл буданд. Аз ин рў, ў саводи ибтидоиро пеши модари бузургвораш баровардааст. Баъдтар Мулло Мирносир писарашро дар овони 12-солагӣ, яъне соли 1838 ба мактаби қоригӣ месупорад.

Соли 1842 Мулло Мирносир писарашро аз он мактаб гирифта, ба мадраса медиҳад. Аҳмади Дониш дар баробари таҳсили мадраса, инчунин нозукиҳои ҳунари хаттотию лавҳакории китобҳоро хеле хуб ёд мегирад. Ў барои таъмини зиндагӣ ва кўмак ба хонаводаашон девонҳои шоиронро бо хати зебои худ хаттотӣ ва бо ҳунари валои хеш лавҳакорӣ менамуд. Аз ин рў, ў дар ин ҳунарҳо низ ба тезӣ дар Бухорои онрўза шўҳрат пайдо мекунад.

Аҳмади Дониш ҳамаи илмҳои ҷории замонаашро аз қабили забони арабӣ, мантиқ, нуҷум, ҳайат, табииёт, риёзиёт, фалсафаи калом, тиб, таърих, адабиёт ва шеършиносиро хеле хуб аз худ менамояд.

Баъдҳо яке аз олимони шарифи дарбор, ки ба Аҳмади Дониш ҳақи устодӣ доштааст, ин марди шариф сармуҳандиси дарбор буда, ба Дониш некӣ намуда, ўро ба дарбор даъват менамояд. Аҳмади Дониш ба пешаи хаттотӣ ва асосан маслиҳатчии амир оид ба илми нуҷум дар дарбор ба фаъолият мепардозад. Пас аз вафоти устодаш Амир Насруллоҳ соли 1855 Аҳмади Донишро сарвори мактаби муҳандисону меъморони дарбор ба ҷои устодаш таъин мекунад. Ў боз ҳам ба амир наздиктар мешавад ва нуфузаш ниҳоят беш мегардад. Ин аст, ки дар ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмию мадании мамлакат амир аз Аҳмади Дониш маслиҳат мепурсад. Яъне Аҳмад ҳамчун яке аз тавонотарин олимон пазируфта мешавад. Бинобар ҳамин ҳам Аҳмад тахаллуси худро «Дониш» интихоб кардааст. Хусусан, амир дар илми нуҷум ягонаи замон будани Аҳмади Донишро ҳис намуда, дар ин ҷода низ танҳо бо маслиҳати ў амал мекунад.

Соли 1857 сафорати амир азми Петербург карда буд. Ин сафорат бо сардор элчӣ Муллоҷони Мирохур бояд ба вуқўъ мепайваст. Ҳадафи сафорат таъзия бар вафоти подшоҳи рус - Николаи I ва табрики ба тахт нишастани Александри I буд. Сафари мазкури сафорат дар шаҳри Петербург се моҳ давом намуда, ҳайати сафорат бояд дар ин муддат ба як қатор корхонаҳои саноатӣ, ёдгориҳои маданиву таърихӣ, китобхонаву музейҳо ва марказҳову доираҳои илмию фаннии пойтахти Россия ошно мешуданд. Чунин ҳам шуд. Аҳмади Дониш ва дигар бузургони қаламрави Бухоро тахмин мекарданд, ки шояд шаҳре, ки дар зебоӣ ба шаҳрҳои Осиёи Миёна рақобат мекарда бошад, нест.

Аҳмади Дониш акнун фаҳмид, ки гумони ў ва ҳамақидаҳояш ботил будааст. Сохтори давлатӣ ва усули мамлакатдорӣ, донишу ҷаҳонбинии амиру аморат ва ғайра то чӣ андоза пучу бемаънӣ ва ноўҳдабароёна буда, фарсахҳо аз пешравии давлатҳои ғарбӣ, ба хусус, аз Россия қафо мондаанд. Аҳмади Дониш қарор дод, ки мушоҳидаҳояшро ба амир хоҳад гуфт ва амир хоҳишҳои Донишро амалӣ хоҳад намуд. Албатта, маълум нест, ки амир маслиҳату машваратҳои Донишро то кадом андоза пазируфта буд. Вале ин ҷиҳат маълум аст, ки амир Насруллоҳ соли 1860 вафот намуд ва ба тахт амир Музаффар ба тахт нишаст. Ин амир бештар ба хушомалгўён таваҷҷўҳ дошта, ба олимон чандон эътиборе намедод.

Соли 1866 қўшунҳои рус ба Тошканд ҳуҷум мекунанд. Амир ба муқобили онҳо мехезад. Аҳмади Дониш ин амали амирро носавоб ҳисобида бошад ҳам, амир ўро гўш намекунад. Дар натиҷа Бухоро аз Россия сахт шикаст хурда, ҳам товони ҷанг ва ҳам як қатор заминҳояшро низ аз даст медиҳад.

Соли 1869 амир Музаффар барои изҳори дўстӣ ва мустаҳкам гардонидани иртиботи ду кишвар сафорати навбатӣ омода месозад. Аҳмади Донишро котиби сафорати мазкур таъин мекунанд. Аҳмади Дониш дар ин сафар Россия ва мамолики Аврупоро боз ҳам амиқтар меомўзад. Бори дигар яқин сохт, ки амиру аморат хеле аз давлатдорӣ дуранд. Ў дар ин бора менависад: «Салотини Бухоро дар боби суфаро (элчиҳо) одамони камтаомул ва бедонишро ихтиёр кунанд, ба гумони он ки асрори давлати мо фош наградад… Ва ҳол он ки ихтиёри ин маслак айни безайбӣ ва беназмии давлат бошад».

Баъди бозгашт амир Музаффар ба Аҳмади Дониш рутбаи илмию ифтихории «Ўроқ»-ро медиҳад. Зеро Дониш обрўи Бухороро ҳимоя намуда, бисёр масъалаҳоро бар нафъи Бухоро ҳал карда буд. Аз ин рў, амир ўро ба яке аз мансабҳои баланди давлатӣ таъин карданӣ мешавад. Аҳмади Дониш ба тезӣ розӣ нашуда, то андозае корро ба таъхир меандозад. Зеро Аҳмади Дониш каме пештар ин қасидаро дар васфи амир Музаффар суруда буд, ки ҷое дар он қасида овардааст:

Шунидаам ки ҳакиме, ки подшоҳонро

Ба чанд тоифа бояд кушод роҳи висол:

Нахуст олими доно ба илми дин, зи усул

Фурўъро бишиносад ба ҷумлаи аҳвол.

Дигар табиби масеҳодаме, ки гоҳи касал,

Барад зи тинати гул сардии насими шимол.

Дигар дабири ҳумоюнхате, ки гоҳи рақам

Ниҳад зи хушқадамӣ бар рухи Уторуд хол.

Дигар, суханвари шоир, адиби болиғфан,

Ки васфи шоҳ кунад дар ҷамеи ҳолу муҳол (л).

Дигар мусаввири Беҳзоддасту Моникилк,

Ки нақшаи фалаку арзро кашад тимсол.

Вуҷуди ҳар як аз ин қавм зеби мамлакат аст,

Ҳузури ҳар як аз ин фирқа мулкрост ҷамол…

Вале амир Музаффар ниҳоят кўтоҳназарӣ зоҳир намуда, ба сари мамлакат шиканҷаҳои зиёде овард. Зеро Россия ба Бухоро ҷанг эълон кард. Ин дафъа ҳам Бухоро шикаст дид ва амир Музаффар шартномаи сулҳ имзо карду розигӣ ба супоридани товони ҷанг дод.

Пас аз ин амир соли 1869 ба Петербург сафорати нави худро омода месозад. Аҳмади Дониш боз ба ин ҳайат дохил карда мешавад. Ин дафъа Дониш сармушовир таъин мегардад.

Охирҳои соли 1873 ҳайати сафорат фиристода мешавад, ки Дониш дар ин сафар се моҳ дар он ҷо мемонад ва марти соли 1874 ба Бухоро бармегардад. Александри II дар ин сафар ба Аҳмади Дониш таваҷҷўҳи бештар зоҳир менамояд. Дар ин сафар Дониш андешаҳои худро ба таври ҷудгона дар «Рисола дар назми тамаддун ва «таовун» дохил намудааст. Ў баъдтар ин рисолаи худро ба таркиби «Наводир-ул-вақоеъ» ҷойгир кардааст. Таклифҳои Дониш ба амир писанд наафтод ва аз ин рў, амир Аҳмади Донишро аз Бухоро дур кард. Баъдтар амир Аҳмади Дониш ба Ғузор ва пас аз чанде ба Наҳрнай мефиристонад.

Соли 1885 дар Бухоро тағйирот ба вуҷуд меояд. Дар ин сол амир Музаффар вафот мекунад ва ба тахт писари ў Амир Абдулаҳад соҳиб мешавад. Ин амир худро илмдўст нишон дода, Аҳмади Донишро аз Наҳрнай ба Бухоро баъват мекунад.

Аҳмади Дониш ба Бухоро омада, танҳо ба фаъолияти илмӣ-эҷодӣ мепардозад. Ў тўли солҳои дароз дар дарбор кӣ будани амирони манғитиро донист ва омўхт, ки аз онҳо умеди некӣ нест. Се сафари Аҳмади Дониш ба Россия ўро ба кишвари пешрафтаи аврупоӣ, усули мамлакатдорӣ, низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра шинос намуд. Пеш аз ҳама, Аҳмади Дониш фарҳанги миллӣ, илм ва таърихи миллиро хеле хуб медонист. Аз ин рў, ў дар назария қиёс намуд, ки ҳукуматдорони Бухоро аз ин падидаҳо умуман хабар надоранд. Онҳо танҳо бо роҳи зўрӣ, қатл, зиндон мардумро дар чаҳорчўбаи сиёсат нигоҳ медоранду ҳукумат мекунанд. Аҳмади Дониш тавассути Россия то андозае ба Аврупои Ғарбӣ низ шиносоӣ пайдо намуд. Зеро ў бо шахсиятҳои ҷудогона ошно гардида, як андоза онҳоро омўхт. Масалан, Аҳмади Дониш соли 1869 ҳанўз дар шаҳри Тошканд бо П.И.Пошино ном тараққихоҳи рус шинос шуда, бисёр масъалаҳои иҷтимоиро бо ў машварат мекунад. Ё худ дар сафари аввалааш бо яке аз шарқшиносони рус В.Григорев дар Оренбург чандин мулоқотҳо барпо намуда буд. Аҳмади Дониш бо намояндагони артиши Россия низ шинос гардида, бо онҳо ҳам сўҳбат дошт. Аз он ҷумла, бо полковники рус Колзаков (дар сафари сеюм) ва дар бозгашти ҳамин сафар аз Тошканд то Шаҳрисабз бо капитан Стремоухов шинос гардида бо онҳо дар мавзўъҳои гуногун сўҳбатҳо меорояд.

Баъди сафарҳо Аҳмади Дониш мулоҳиза ва андешаҳои худро оид ба усули кишвардорӣ дар шакли китоб ба амир пешниҳод менамояд. Дар муқаддимаи он менависад, ки агар амир таклифҳои ўро қабул накунад, ў ба дарбор барои фаъолият дар ягон мансаби давлатӣ нахоҳад омад. Зеро амир боисрору пайваста аз Аҳмади Дониш талаб мекард, ки ягон мансаби давлатиро қабул кунад. Таклифҳои Аҳмади Дониш ва кушодагўиҳои ў амирро акнун хашмгин сохт. Амир дид, ки таклифҳои Аҳмади Дониш мавқеи ҳокимро суст мекунанд.

Амир дигар Донишро на танҳо таклиф накард, балки мехост ўро аз худ дур нигоҳ дорад. Амир Музаффар боре ба наздикони худ гуфта будааст, ки: «Ман фалониро бо суфарои (элчиёни) давлат ба ҷониби Россия ҳамроҳ кардам, дар охир ба ман насиҳатгар шуд. Ман баъд аз ин ўро намефиристонам» Аҳмади Дониш пас аз фаҳмидани чунин ҷавобҳои ноадешидаи амир ба назидикони худ гуфтааст, ки: «Ман ҳам ба нўкарии ин каллахарон толиб нестам».

Аҳмади Дониш соли 1889 аз мадрасаи Мири Араб як ҳуҷра мегирад ва танҳо ба корҳои илмӣ-эҷодӣ машғул мешавад. Яъне он корҳоеро, ки то ин муддат ба итмом нарасонида буд, хотима мебахшад.

Поёни умри ин мутафаккир низ дар Бухоро гузаштааст. Ў дар байни моҳҳои март-апрели соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

Мероси адабӣ ва илмии Аҳмади Дониш

Аҳмад Махдуми Дониш нависанда, шоир, мутафаккир, файласуф ва ҷомеъашиноси бузурги тоҷик аст, ки тўли 71-соли умри хеш аз ў осори гаронарзиши адабӣ-бадеӣ ва илмӣ боқӣ мондааст. Осори Дониш гуногунмавзўъ, серсоҳа ва серпаҳлу буда, доир ба мўҳтавои осор ва арзиши он худи адиб чунин ишора дорад:

Ҳунар кадом, ки бо ман нагашт рўй ба рўй.

Кадом илм, ки бо ман накард, истиқбол?

 

Асарҳои Аҳмади Дониш

1. «Манозир-ул-кавокиб» («Манзараи ситораҳо»). Асари мазкур доир ба илми нуҷум-ситорашиносӣ буда, оид ба мавқеъ, мақому ҳолоти ситораҳо, ҷойгиршавии онҳо ва зуҳури бисёр ҳаводису воқеоти марбути ситораҳо ва ғайра баҳс мекунад. Муаллиф ин асари худро ба яке аз дўстонаш бахшидааст. Санаи таълифи китоб соли 1865 мебошад.

2. «Рисола фӣ аъмол ил-кўра» («Рисола доир ба амалиёт бо кўра»). Аҳмади Дониш дар ин рисола оид ба кашфиёти илмии асри худ, доир ба кайҳон маълумоти нодири илмӣ медиҳад. Хусусан, баъди мулоқоти ў бо капитани рус Стреомухов, ки капитан ба Дониш ду глобус: ҳам глобуси замин ва ҳам глобуси саморо тўҳфа менамояд. Аз ин рў, Дониш баъзе ахбори тоза оид ба ҷанбаъҳои ҷуғрофӣ ва астрономӣ медиҳад.

3. «Таъодули хамсаи мутаҳайира» («Ҳаракати панҷ ситора»). Ҳадафи Аҳмади Дониш ҷойгиршавӣ ва ҳаракати Уторуд, Зўҳра, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал буда, рисолаи мазкур низ ба илми нуҷум бахшида шудааст. Яъне ҳар яке аз ин ҷирмҳои самовӣ бо хосиятҳои ҷудогонаи худ шарҳ дода мешавад. Аҳмади Дониш ин асарашро соли 1883 дар шаҳри Ғузор таълиф намудааст.

4. «Меъёр-ут-тадайюн» («Ҳадди диёнат»). Аҳмади Дониш ба масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятиву ҳуқуқӣ аз нигоҳи илми шариат низоми муайян таъин менамояд. Ҳадафи муаллиф амиру аморат ва сохтори роҳбарии ҷомеъаро, ки аҳли диёнат мебошанд, ба адлу адолат ва инсоф даъват мекунад. Дониш ин асарро соли 1894 таълиф намудааст.

5. Дар мероси илмии Аҳмади Дониш боз як асари таърихии ўро низ метавон номбар кард, ки мутахассисон онро «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития»- ном ниҳодаанд. Дар ин асар сари қудрат омадани амирони манғития аз Дониёл то Абдулаҳад маълумот дода мешавад. Асар оид ба шахсияти амирон, усули кишвардории онҳо, муносибатҳои дохилӣ-дарборӣ ва хориҷии онҳо, хусусан бо Россия, ҳолати раъият ва ғайра хеле маълумоти пурарзишу судманд медиҳад, ки дар ин бора баъдтар маълумот хоҳем дод.

Мероси адабии Аҳмади Дониш асосан аз анвои гуногуни манзум ва мансур иборат мебошад. Осори манзуми Аҳмади Дониш жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғайраро дар бар мегирад. Адиб ин шаклҳои шеъриро дар вақтҳои гуногун эҷод кардааст. Осори манзуми Дониш дар шакли пароканда дастрас шудааст. Ў осори манзуми худро дар шакли девон ба таври алоҳида боқӣ нагузоштааст.

Мавзўъҳо ва мандариҷаи ғоявии ашъори Аҳмади Дониш гуногун буда, дар онҳо васфи инсонҳои соҳибкасбу соҳибмаърифат, ҳунарварону санъаткорони хориҷӣ, дўстию рафоқат, хислатҳои неки одамӣ, тарғиби маданияти пешқадам, васфи хираду дониш, некиву накўкорӣ, адлу адолатхоҳӣ, васфи илму фарҳангу ҳунар ва ғайра мебошад. Масалан, дар ин қитъа шоир зоҳирпарастии инсон, ба шакл таваҷҷўҳ намудани касон, оҷилу шитоб, бесабриро танқид мекунад. Баръакс сабру таҳаммул, ботинбинӣ, рў овардан ба сират-маънавиёти инсон, подоши ҳаётро ҷонибдорӣ мекунад. Ў таъкид мекунад, ки инсон пок ба дунё меояд, набояд нопок равад, балки пок бояд зиндагӣ кунад ва пок биравад. Ў мегўяд:

Ба шакли ҳайати инсон зи раҳ марав зинҳор,

Тавон ба сабру таҳаммул шинохт ҷавҳари мард.

Агар на пок бувад, аз бало нахоҳад ҷаст

В-агар дар асл бувад пок, сабр хоҳад кард.

Албатта, мавзўи ишқ ва исёнҳои қалбии инсонӣ, эҳсосоти нозуки одамӣ ва васфи маҳбубаву назокати гуфтори ошиқ яке аз мавзўъҳои ҷовидона дар таърихи адабиёт мебошад. Ин яке аз мавзўъҳои асосии лирикаи Аҳмади Дониш низ ҳаст. Чунончи, дар ин ғазал мегўяд:

Абрўи чун ҳилоли ту ҷонро шикор кард,

Мижгони обдори ту дил беқарор кард.

Дасти булўрранги ту қадри гуҳар шикаст,

Лабҳои чун ақиқи ту ёқут хор кард.

Аз хоки пираҳан чу намуд он тани ҳарир,

Олам пур аз таровати бўи баҳор кард.

Калпўши зар, ки маст ба торак ниҳодааст,

Бо қомати чу дурру гуҳар интишор кард.

Ту осмону ман чу замин, чун кунам, валек,

Лутфи дигар ба бўсаам уммедвор кард.

Ғазали мазкур хеле хуб аст, вале дар ҳар сурат ҳунармандона нест. Зеро Аҳмади Дониш нависандаи забардаст, мутафаккир, файласуфу ҷомеъашинос аст. Ашъори ў пеш, аз ҳама, бо ягон сабабе, баҳонае ва ё дар мавридҳои зарурӣ рўи кор омадааст.

Сохт ва мундариҷаи «Наводир-ул-вақоеъ»

«Наводир-ул-вақоеъ» дар мероси адабии Аҳмади Дониш мавқеи марказӣ дорад. Ин асар заҳмати 15-сола ва маводи якумраи гирдовардаи муаллиф аст. Нависанда ба таълифи асар соли 1870 оғоз намуда, онро соли 1885 ба итмом расонидааст. Таълифи ин асар муаллифи онро миёни аҳли ҷомеаи онрўзаи Бухоро ҳамчун адиби тавоно ва мутафаккири забардаст шиносонид. Аҳмади Дониш дар ин асар бисёр масъалаҳои муҳимми фалсафию иҷтимоиро, ки мавриди қазовати файласуфон ва мутафаккирони гузашта буд, аз дидгоҳи нав ва дар аҳди бархурдҳо бо тамаддуни Аврупоӣ ба таҳлилу тасвир гирифтааст. Аз ин рў, «Наводир- ул-вақоеъ» барои бедории фикрӣ, барои ҷунбиши мафкуравии миллат ва умуман муосирони Аҳмади Дониш, пайравони ў ва зиёиёни пешқадами охири асри XIX ва ибтидои садаи ХХ таъсири амиқу дақиқ гузоштааст. Зеро солҳои таҳсил дар мадраса, робита бо дарбору дарбориён, махсусан сафарҳои ў ба Россия, муносибат бо олимон, ҳарбиён, сиёсатмадорони Аврупо ҷаҳонбинӣ ва тафаккури ўро нисбат ба сиёсат ва иқтисодиёти аморати бухоро тағйир дода буд.

Сохтори асар. «Наводир-ул-вақоеъ» аз нигоҳи сохту таркиб бисёр ҷолиб аст. Асар хати яклухти дорои сужети муайян нест ва қисматҳои сужетро ҳам дар бар намегирад. Асар дар маҷмўъ аз бисту се боб иборат мебошад, вале боби 15-уми он фарқ дорад. Зеро ин боб «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ном дошта, дорои муқаддима ва се боби ҷудогона мебошад, ки баъдтар онро шарҳ хоҳем дод. Бобҳои «Наводир- ул-вақоеъ» гуногунмавзўъ буда, чаҳордаҳ боби асар таҳлилу тадқиқи муаллиф аст, ки дар боби понздаҳ ҷамъбасти он ба сифати як навъ рисолаи ҷудогона оварда шудааст.

Умуман, ҳамаи бобҳои асар аз нигоҳи ғояву мазмун ва мақсади муаллиф ба ҳам як навъ пайванди минтиқӣ дошта, яке дигарро тақвият медиҳад, пурра мекунад. Мушоҳидакор ё таҳлилгар, ки баёни бобу нақли ҳикоёт низ ба ў тааллуқ дорад, шахсияти олиму доно, мутафаккир ва ҷомеъашиноси бузургест, ки Шарқро бо тамоми ҷузъиёт ва Ғарбро ҳам хуб медононад. Метавонад мушоҳидакор шахсияте бошад, ки ҷаҳонбинии ниҳоят васеъ, сафаркарда, таълимдида ва қиёскунанда бошад. Дар асл чунин ҳам ҳаст. Аҳмади Дониш ҳамчун ҷомеъашинос ҷамъиятро бе сардор имконпазир медонад. Аз ин рў, дар «Наводир-ул- вақоеъ» оид ба тарбияи авлоди инсон, муносибати ниҳоят ҷиддӣ ва эҳтиёткорона нисбат ба фарзандон ва тарбияи мунтазами онҳо, хусусан оид ба ахлоқ ва муомилаи табақаҳои ҷамъиятӣ, ахлоқи табақаҳои ҳукмрон, риояи адолат ва маҳкум намудани ноадолатӣ, нақши амир, қозиву муфтӣ, вазиру қушбегӣ ва ғайра дар бобҳои ҷудогонаи асар андешаҳои шахсии худро баён намудааст.

Аҳмади Дониш маориф, таҳсил ва таълиму тарбияро асоси ҷомеа медонад. Вай барномаи таҳсил, сабку усули таълим, китобҳои дарсӣ, ҷараёни дарсҳо ва ғайраро дар таълимдиҳандаҳои Бухорои замони муаллиф, яке аз масъалаҳои марказии асари худ медонад.

Масъалаҳои мазкур дар бобҳои «Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн (падару модар) ва ҳадду ҳуқуқи онҳо», «Дар таҳқиқи матои дунё ва ҳақиқати муомилоти он», «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбу пешаҳо» ва ғ. хеле бо далелу бурҳони қотеъ баён шудааст.

Мазмуну мўҳтавои асар. Мазмуни мухтасари «Наводир-ул-вақоеъ» тақрибан чунин аст:

Муқаддима. Дар ин ҷо муаллиф сабаби таълиф шудани асарро бо мазмуну мундариҷаи он зикр мекунад.

Боби якум. «Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн…» Оид ба тарбияи фарзандон ва шинохти падару модар аст.

Боби дуюм. «Дар таҳқиқи матои дунё ва ҳақиқати муомилоти он». Др ин боб бештар кормандони корҳои давлатӣ ва фаъолияти онҳо ба таҳлил гирифта шудааст, ки бояд онҳо маънавияти бой дошта бошанд, то аз ҳарисӣ парҳез кунанд.

Боби сеюм. «Дар таҳқиқи таърихи олам ва тафтиши ҳудусу қидам». Ҳатто аз унвони боб пайдост, ки оид ба пайдоиши олам ва умуман фалсафаи офариниш баҳс рафтааст.

Боби чаҳорум. «Дар иллати накбати уқало ва сабаби давлати суфаҳо». Дар ин боб оид ба сабабҳои бадбахтии оқилон ва хушбахтии бедонишон баҳс меравад. Аҳмади Дониш таъкид мекунад, ки инсон маҳз ба хотири манфиатҳои моддӣ талош наварзад, балки бештар ба маънавият таваҷҷўҳ зоҳир намояд. Бояд инсон танҳо нафърасони ҷомеъа бошад.

Боби панҷум. «Дар ҳикояти фаромўшхона ва баёни қурби соат».

Боби шашум. «Дар ҳикояти Ҳоҷӣ ва манофеи сафар ва хислати занон» Доир ба саргузашти марди бухороӣ, ки ба сайҳат баромада хеле тўлонӣ сафар кардааст, нақл карда мешавад.

Боби ҳафтум. «Дар ҳикояти Абулқосимбӣ ва сафари русия».

Боби ҳаштум. «Дар сафорати Абулқодирбек ва аҷоиби ҷашни Руссия».

Боби нўҳум. «Дар ҳикояти гирдоби Искандар ва ғанои марди аҷамӣ».

Боби даҳум. «Дар таҳқиқи ишқу муҳаббати ҳақиқӣ ва маҷозӣ ва одоби ишқбозӣ». Ин боб низ мисли дигар бобҳо бо усули суолу ҷавоб навишта шудаанд.

Боби ёздаҳум. «Дар одоби никоҳ ва баёни хусусияти модаршў».

Боби дувоздаҳум. «Дар таҳқиқи қазову қадар» Дар ин бахш Аҳмади Дониш вуҷуди зиндагиро дорои чор рукн: хўрдан, пўшидан, зану фарзанд кардан ва маскан сохтан медонад.

Боби сездаҳум. «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбҳову пешаҳо».

Боби чордаҳум. «Дар таҳқиқи рўҳ ва нисбати тааллуқи он ба абдон».

Боби понздаҳум. «Рисола дар назми тамадун ва таовун». Ин ягона боби «Наводир-ул-вақоеъ» аст, ки комилан мустақил буда, аз муқаддима, се фасл ва хотима иборат мебошад. Дар муқаддима сабабҳои пайдоиши одамӣ, хайри он ва ихтиёри ў дар чист… ва ғ. баҳс рафтааст. Фасли аввал - «Дар фазилати аморат ва раёсат ва муомилати салотин бо Ҳақ».

Фасли дуюм - «Дар сулуки умаро бо сипоҳ ва хадам ва ҳашам».

Фасли сеюм - «Дар тариқи раиятдорӣ ва фуқаропарварӣ ва расидан ба ғаври муҳоммии зердастон».

Хотима. Дар таъйини мулук ба нудамо ва муқаррабон. Дар ин рисолаи хурд оварда мешавад, ки инсон шарифтарини махдуқот аст. Ҳама чиз барои инсон офарида шудааст. Зоти инсон аз ақли шарифа ва нафси касифа мураккаб аст. Инсон бояд илму маърифат омўзад ва аз рўи илму маърифат ва ақлу фаросат роҳи дурустро паймояд.

Боби шонздаҳум. «Дар таҳқиқи ҳайати арз ва такаввуни маодин ва мо юносаба золика». Дар ин боб Аҳмади Дониш оид ба ҷинсҳои кўҳӣ, конҳо, маъданҳои зеризаминӣ, заминҷунбӣ, вулконҳо маълумот медиҳад.

Боби ҳабдаҳум. «Дар фараҷ баъд аз яъсу хамул».

Боби ҳаждаҳум. «Дар наводири ҳолоти ашхос, ки аз ҷанги сибоъ ҷастанд».

Боби нуздаҳум. «Дар таъбири рўъёи ҳоила, ки далолат бар ҳудуси воқеа мекард». Муаллиф доир ба хобҳои дидаи хеш ҳикоят мекунад. Ин хобҳо баъзе лаҳзаҳои шарҳиҳолии худи муаллиф низ ҳаст. Яъне бисёр лаҳзаҳои тарҷумаиҳолии Донишро низ равшан месозад.

Боби бистум. «Дар таҳрири маъноии баъзе абёт, ки афозили аср истадъо намуда буданд». Дар ин боб Дониш баъзе байтҳои Бедилро шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Боби бисту якум. «Ҳикояти бўзинаи таббох».

Боби бисту дуюм. «Дар маънии ҳадиси «Сақф-ул-ҷаннати аршу-р- Раҳмони ва баёни ҳашру Нашр».

Боби бисту сеюм. «Дар ташхиси ахлоқи инсон». Аҳмади Дониш дар ин боб менависад, ки инсон дар хулқу атвор мисли тилло ва нуқра аст, зеро тилло ва нуқра то ин ки холис шаванд, аз чандин кўраву бўта мегузаранд. Инсон ҳам бояд аз чандин таҷрибаҳои рўзгор гузарад, то ин ки хислатҳои разилаву бади худро рафъ созад. Ў бештар аз сокинони ҷомеаи онрўзаи Бухоро намунаҳо меорад. Барои он ки инсони оқил ва инсони ҷоҳилро аз ҳам фарқ гузоред, бояд онҳоро санҷид.

 

Лаҳзаҳои тарҷумаҳолии Дониш дар асар хеле зиёданд. Дар «Наводир-ул-вақоеъ» аз оғоз то анҷом мо нақши эҷодкори онро мушоҳида мекунем. Зеро аксари бобҳои асар ба тариқи суолу ҷавоби муаллиф бо образи асосии боб, ки дўстони муаллиф мебошанд, сомон ёфтаад. Чунончи, дар боби панҷум «Дар ҳикояти фаромўшхона ва баёни қурби соат» омадааст:

«Навбате муҳаррири сутурро бо ҷамъе аз дўстон дар зиёфате иттифоқи маҷлисе афтод. Мизбон ба тақрибӣ ҳикояте овард, аз он чи бар ў гузашта буд. Ва ман чун гўшу чашм ба иборат кушода доштам, сурати он базмро дар силки тақрир кашидам.

Мизбон чун аз нақизу радди сухани ёрон оҷиз буд, дар аксари муқаддимот муҳаррири сутурро ба шаҳодат мекашад, ки агар бовар надоред ва дар шак бошед, аз меҳмон пурсед, ки вай дидааст ва хуб шунида ва медонад ва дар аксари ин маорику маҷолис расида ва хуб медонад.

Ва ман низ дар он чи дида будам ва яқин дониста, гувоҳӣ медодам…»

Агар дар ин бобҳо ҷараёни воқеаҳо ба тариқи суолу ҷавоб сурат гирифта бошад, дар баъзе ҳикоёти дигар адиб комилан саргузашти худро баён месозад. Масалан, бобҳои ҳафтуму ҳаштумро метавон номбар кард. Ин бобҳо сафарҳои Аҳмади Донишро ба Россия дар бар мегирад. Чунончи: «Навбате, ки ба масҳуби Сайид Абдулфаттўра ва рафоқати Абулқосим-бӣ ба сафорати Рус иттифоқи вуруд афтод, расм аст, ки дар ҷо элчиёнро барои изҳори ҷоҳу дастгоҳи давлати хеш ва маҷолису маҳофили бузург ва тамошохонаҳо имороти олия ва хазоину дафои мегардонанд ва бад-он тафохуру мубоҳот мекунанд…

Ва билҷумла шабе мутарҷим аз қибали вазир омада, моро ба маҷлисе «сурония» ном таклиф намуд. Бо чаҳор нафар дар он базм рафтем… Дар иморате рафеъ ва манеъи олии зарандуд даромадем, мабно бар хонаҳо ва ҳуҷароти бисёр ва дарҳои ойинакорӣ ва аз ҳама дарҳо пардаҳои ҳарир фурўҳишта, муштамил ба кату каровати зарнигор ва ойинаҳои ситабри бузург баробари қадди одамӣ ниҳода»… ва ғайра. Яъне фаъол гардидани симои адиб дар ин боб, чунон ки маълум шуд, бештар ба назар мерасад. Зеро мушоҳидагар ва нақлкунанда худи адиб аст. Аз тарафи дигар, боби мазкур холӣ аз ҳама гуна хаёлбофиву тасвирсозиҳост. Зеро муаллиф ҳар он чизеро мебинад, мушоҳида мекунад, онро айнан ба қалам меорад. Ин бобро метавон очерки сафарӣ номид. Воқеан чунин тарзи сафарноманависӣ дар таърихи адабиёти тоҷик аз Носири Хусрав («Сафарнома»-асари насрӣ) шакли манзуми он бошад аз Ҳоқонии Шарвонӣ («Тўҳфат-ул-Ироқайн») оғоз шудааст. Давоми мантиқии боби ҳафт боби ҳаштум ба шумор меравад, ки «Дар сафорати Абдулқодирбек ва аҷоиби ҷашни Русия»-ном дорад. Ин боб низ мисли очерки сафарӣ буда, Аҳмади Дониш саргузашти худ ва мушоҳидаҳои сафарашро ба қалам додааст. Чунончи: «Навбате ба масҳуби Абдулқодирбеки Додхоҳ дар мавриди тўи императури Рус ҳам ва ҳукми давлати Бухорои Шариф ва пойтахти давлати Русия ба расми таҳният ва сафорат бо тўҳаф ва ҳадоёи лоиқа иттифоқи вуруд воқеъ шуд… Ва ҳар боре, ки мутарҷим бо мо мулоқот мекард, аз ман мепурсид, ки:

-Охир агар шеъре бастаӣ, дар назар ор, то бинам, ки чӣ мазмун гуфтаӣ?

-Ман гумон кардам, ки мабодо маро имтиҳон кунад ва оҷиз ёбад. Дар охир номи домод ва номи арўс пурсидам.

-Гуфт:

Алфред ва Морӣ… Маҷмўъ нўҳ ҳарф буд. Пас нўҳ ҳарфро ба аввали нўҳ байт мувашшаҳ намуда ба дасташ додам…» ва ғайра.

Ин аст, ки «Наводир-ул-вақоеъ» баробари таълиф як ҷунбиши фикрӣ, ангезаи зеҳнӣ ва бархурдҳои мафкуравиро ба вуҷуд овард. Махсусан, барои адибони ибтидои асри ХХ. Устод С.Айнӣ, ки бо ин асари Аҳмади Дониш дар охири солҳои 90-уми асри XIX шинос шуда буд, аҳволи рўҳия ва таассуроти одамони пешқадами он даврро аз хондани ин асар аз забони худ чунин баён намудааст:

«Ҷоҳои ба ман таъсирбахши «Наводир-ул-вақоеъ» он ҷоҳо буданд, ки ман он ҳодисаҳоро дар зидагӣ дида будам ва аз он аҳвол дилтанг мешудам, аммо ҳеҷ гоҳ ислоҳ кардан ва ислоҳ шудани он аҳвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки дунё ҳамин тарз омадааст, ҳамин тарз ҳаст ва ҳамин тарз ҳам меравад, чӣ бояд кард? Аммо вақте ки ман он аҳволи фалокатиштимолро дар мундариҷоти «Наводир-ул- вақоеъ» бо тасвири реалӣ, бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, хондам, ба ман ҳолати дигар рўй дод. Ман дар дили худ гуфтам, ки ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст. Инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рўй дод».

Умуман, дар «Наводир-ул-вақоеъ» масъалаҳои сиёсӣ: усули мамлакатдории Бухоро ва Россия, муносиботи давлат бо раъият, мақомоти қудратии ин ду кишвар; масъалаҳои иқтисодӣ: зироатӣ будани Осиёи Миёна ва саноатӣ будани Россия; фарҳангӣ: нашри рўзномаву маҷаллаҳо, нашриёту китобчопкунӣ, шаҳрсозӣ ва зебу зинати хиёбонҳову гулгаштҳо, толорҳои консертӣ ва биноҳои мўҳташам; ороиши кушкҳову манзилҳои истиқоматӣ, системаи абёрии шаҳрҳо ва ғайра.

Дар масъалаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ бошад, баъзе ҳикоёту бобҳои асар хеле ҷолибанд. Хусусан боби панҷум «Дар ҳикояти фаромўшхона» ё худ дар он ҷойҳое, ки Шукурбек ширкат варзида ва ў ба аҳли ҷоҳу мансаб бархурдҳои фикрӣ зоҳир намудаву аҳли заҳматро ҷонибдорӣ кардани вай ба тасвир омадаанд ва ғайра.

Дар асар андешаҳои Аҳмади Дониш ҳамчун адиби маорифпарвар дар баъзе бобҳо бисёр ҷолиб аст. Андешаҳои адиб дар ҳикоят ва қиссаҳои бадеӣ хеле хуб ифода шудааст. Мутафаккир ба воситаи образҳои бадеӣ ҳадафи худро ифода мекунад. Масалан, «Дар ҳикояти Ҳоҷӣ ва манофеи сафар ва хислати занон» чунин омадааст, ки марди Бухорие, ки ба мақсади зиёрати Каъба сафар кардааст. Нависанда дар ин фасл нишон додааст, ки аз қаламрави Бухоро ба берун баромадан ва сайри олам кардан то чи андоза инсонро аз нигоҳи маънавӣ ғанӣ мегардонад. Марди ҳоҷӣ ҳангоми сафар ба Ҳиндустон меравад, дар он ҷо бо шахсони олиму фозил сўҳбат мекунад, дар шаҳрҳои Ҳиндустон иншоотҳои саноатӣ, киштиҳои азими боркашу сафарӣ ва ғайраро тамошо мекунад, дар шаҳрҳо ба маърифату маориф, илму фарҳанг то андозае шинос мешавад. Марди сафарӣ ин пешравиҳоро дида, хаёлан ин шаҳрҳоро ба Бухоро муқоиса мекунад. Кўчаву хиёбонҳои пур аз лой, роҳҳои каҷу ноҳамвор, иморатҳои бетартиби бе нақша сохташуда ва гилин, хусусан шабҳангом торику ваҳмнок ва ғайра. Ё худ:

«-Марди ҳоҷӣ бо ҳусни хати хеш ба саркори як шаҳр хеле маъқул мешавад ва он саркор, ки аслан забону адабиёти форсиро намедонист, марди хоҷиро ба хидмат қабул карда, ба ў пули бисёре дода, асарҳои олимони форсу тоҷикро нависонда мегирад. Марди ҳоҷӣ дар шаҳр сайр мекард ва боре дид, ки одамони бисёре ба лаби баҳр хок мерехтанд ва мехостанд дар он ҷо банде андохта, дўконҳо кушоянд. Марди ҳоҷӣ дар ҳайрат афтода меандешад, ки барои як оё ин қадар заҳмат кашидан раво бошад? Саркор дар ҷавоб мегўяд:

-Ақли шумо (мардуми Бухоро) ба ин кор намерасад ва агар гўем ҳам, дарк карда наметавонед. Ва моро ба дунё оварданд, ки ҷаҳонро обод дорем ва баҳрҳову конҳо бикшоем ва аҷоиботи олами моддиро зоҳир гардонем… Миллатҳои гуногуни олам аз ҷаҳон манфиати бисёре бардоштанд, аммо онро ба ҳоли худ гузоштанд, наздик буд, ки ҷаҳон хароб шавад… Набинӣ, ки токи ангур, агар тарбият накунӣ, ҳар соле мева аз соли гузашта камтар медиҳад ва охир хушк мешавад. Шумо мева аз ток мехўред, дигар ғам надоред, агар бехи ўро кирм занад ва сарашро сармо»…

Дар қазовати боло назири Аҳмади Дониш ба қафомондагии Бухорои феодалӣ баён шудааст.

Дар лаҳзаҳои боло Бухорои замони Аҳмади Дониш тасвир шуда бошад, акнун мебинем, ки Петербург-пойтахти давлати Россия дар муқоиса чӣ гуна аст. Яъне Аҳмади Дониш Петербургро чӣ гуна дарёфтааст.

Аҳмади Дониш мушакпарониеро, ки дар ҷашни шоҳона дар Петербург барпо гардида буд, чунин тасвир кардааст: «Ва аз ҷумлаи аҷоиботи он тўй яке чароғоне тартиб дода буданд дар болои яхбанди дарё, ки тахминан шаш ҳазор қадам мушаки рангин дар ҳаво сар дода буданд, ки рўи осмон пўшида шуд ва ҳаво ҳама аз моҳҳои сурху зард ва сапеду зангорӣ пур шуда буд, то ки зарраҳо бар рўи замин намоён мешуд»… ва ғайра.

Чунон ки дида мешавад, дар мамлакатҳои пешрафта аҳволи мардумонаш, ки нисбатан хуб аст, ҷаҳонбинӣ ва муносибати мардум, сатҳи зинагӣ ва тафаккури онҳо дигар аст. Албатта, ин пеш аз ҳама, ба системаи сиёсии давлатдорӣ, усули роҳбарӣ, ҷаҳонбинию маҳорат ва донишу истеъдоди сиёсатмадорон сахт вобастагӣ дорад.

Боби аввали «Наводил-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш чунон ки қаблан ҳам зикр намуда будем, «Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн ва ҳадди уқуқи онҳо»-ном дошта, боби мазкур асосан ҷанбаи назариявӣ дорад. Яъне назари Аҳмади Дониш ба фарзанд, падару модар, оила, одоби муошират, инсон ва ҷомеа ва ғайра баён шудааст».

Дар ин боб омадааст, ки дар маҷлисе ҳар кас аз ҳар бобе сўҳбат мекарданд. Баъзе аз бедирамӣ, ҷамъе аз душвории касбу зироат, ҷавқе аз суубати роҳи ишқу муҳаббат. Яке мегуфт: Падарам ҷафокор аст. Дигаре мегуфт: Модарам саросар озор, то сухан дар ҳадди ҳуқуқ ва меъёри ҳуқуқи абавайн қарор гирифт. Яке мегуфт:

-Чун ман дар иёли падарам, агар изҳори эҳтиёҷ кунам ва дар мутолаба ибром барам, ҳукм ба куфру исёни ман мекунад. Дигаре мегуфт: Дар умури саҳлатулҳусул, ки карду нокарди он дар шариату футувват базаҳ ва исме надорад, агар иқдом намоям, модар садои иқоқу ишқоқ мезанад. Яке гуфт: Падар маро барои инфоқи явмия ба умури номашрўъ рухсат медиҳад ва агар ибо кунам, озурда мешаваду оқ мекунад. Дигар мегуфт: Модарам мутриба аст, хоҳарамро ба рақсу самоъ тарғиб мекунад, вай мутанаффир аст, бонг бар ў мезанад…»

Дар муҳокимарониҳои боло муносибатҳои гуногуни оилавӣ дар хонадони мардуми Бухоро дида мешавад. Падаре фарзандро бо баҳонае бо роҳи носавоб ҳидоят мекунад. Модаре барои ривоҷи кори худ, духтарашро ба он роҳ ғайри ихтиёри фарзандаш бурданӣ мешавад.

Бисёрҳо мешавад, ки ин корҳои абавайн хилофи ахлоқи исломист, вале онҳо ин корро барои рўзгорашон пеш мегиранд.

Баъзан чунин ҳам шудааст, ки бисёр оилаҳо аз рўи талаби волидайн дигар шудаанд. Яъне аз ҳам ҷудо шуда, оилаҳои дигар бунёд кардаанд:

«-Дигаре истифто менамуд, ки модаре дорам ҳариф шуда, агар саранҷоми муҳимми манзил ба модар супорам, аз ўҳда барнамеояд, агар ба дасти зан ниҳам, норозӣ аст. Ва бар сари ҳар обу таом ғавғо бунёд мекунад ва зиёдасарию зиёдаталабӣ мекунад, то ҳадде, ки гўё дигаронро ҳеҷ ҳаққе намемонад, гўё ҳама аз они ўст ва барои ў. Собиқ ду зан аз ман ба талоқу фироқ овард ва дар зани сеюм низ ҳол ҳамон аст, ки дар аввал ва дуюм. Агар ба ҳуқуқи зан қиём орам, модарам хушнуд намешавад, магар ба талоқ, ки ҷабре ихтиёр кунам… Ман ташхис наметавонам кард, ки риояти кадом тараф кунам. Агар ҷониби модар гирам, бояд, ки аз ҳаққи зан даст бардорам ва агар тарафдории зан кунам, бояд ки оқи модарро ихтиёр намоям.»

Албатта, ҳамаи масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳое, ки марбут ба рўзгори инсонист, дар асоси қонунҳои исломӣ матраҳ, ҳаллу фасл шудаанд. Аз ин рў, Аҳмади Дониш ин масъалаҳоро дар ҳамин замина хеле нозук ба муоина мегирад. Ў ба баҳсҳои дар боло оварда аз ҳамин мавқеъ, вале на чун мутаассиб, балки басо ҷиддӣ ва огоҳ ба кор мегирад. Аз ин ҷост, ки Аҳмади Дониш ба он баҳс чунин ҳамроҳ мешавад:

«Гуфтаанд: Бале, матлаб ҳамин аст, ин ишколро аз пеш бардорӣ ва ҳақиқати ҳолро камоҳӣ мутобиқи офоқу анфус шарҳ диҳӣ.

Гуфтам: Падару модар мавриди эҳсону шукранд, бар тақдире, ки солеҳ бошанд ва ба фарзанди худ некихоҳанда ва салоҳи ҳоли ў ҷўянда, ки агар фосиқ бошанду ба фарзанд некӣ намехоҳанд ва салоҳи ҳоли ўро наметалабанд, балки ғарази худро меҷўянд, мавриди он ҳуқуқ, ки дар оёту аҳодис омада нестанд. Ва ҳол он ки ҳар як аз абавайн муддаии инанд, ки мо дар ҳама ақволу афъол, ки аз мо содир мешавад, хайри фарзандро мехоҳем… Яъне бояд, ки қавлу феъли абавайн муфзӣ ба хилофи шаръ нашавад ва дар дину муруввати фарзанд халал наёрад, то фарзанд барои дарёфти ризогии онҳо муртакиби маҳзуроту маҳҷурот нагарад. Масалан, барои нафақаи онҳо дуздию қимор пеша накунад ё барои дарёфти хушнудии модар зани солеҳаи худро талоқ дода ба фисқу фасод ва зинову ливотат наяфтад.»

Ё худ агар масъалаҳои боло тамоман иҷтимоӣ бошанд, дар «Наводир-ул-вақоеъ» масъалаҳои сиёсӣ низ ҷои намоён доранд. Масалан, дар боби «Муомилаи салотин ба фуқаро ва раъият»… омадааст, ки:

«…Раъият маҳалли дахли вилоятанд ва аскария маврии харҷ. То дахл набувад, харҷ мутаҳаққиқ нашавад, балки салтанат бе раъият мутасаввир нагардад ва раъият бе истимолату марҳамати султон муҷтамеъ нагардад. Пас подшоҳ, ки мушфиқи дарвеш аст, нигаҳбони мулку давлати хеш аст, адлу раъфати султон муҷиби амну истиқомат аст мар раъиятро, то иморату зироат беш иттифоқ афтад. Ва чун иморату зироат ва адлу раъфати султон ва арзонӣ баландовоза шавад, бозаргонумусофирон дар ин шаҳр рағбат оранд ва ғаллаву қумош ва дигар матоъ биёваранд, пас мулк ободон шавад ва хазоин маъмур гардад. Ва бад ин сабаб лашкариён серу фарохдаст гарданд. Ва чун лашкар қавӣ бошад, ҳавзаи миллат м?

Дида шуд: 3


2020 SHOIR.TJ