Абулқосими Лоҳутӣ (1887-1957)


Зиндагинома

Абулқосими Лоҳутӣ зодаи маҳаллаи Барзадимоғи шаҳри Кирмоншоҳи Эрон мебошад. Падараш Аҳмад марди бофарҳанге буда, ба касби гевакашӣ (чоруқдӯзӣ) машғул буд. Мавсуф бо тахаллуси «Илҳомӣ» шӯҳрат дошта, шеърҳои тасаввуфӣ менавиштааст. Аҳмади шоирро бо номҳои «усто Аҳмад», «Мирзо Илҳом», «Ҳакими Илҳомӣ» низ мешинохтаанд.

Абулқосим саводи ибтидоиро дар мактаби деҳаи Барзадимоғ ва дар назди падараш баровардааст. Тангии рӯзгор ва душвории маишати оила Абулқосимро маҷбур кард, ки бармаҳал таҳсилро қатъ намуда, чанде дар дӯконҳои челонгарӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ чун шогирд фаъолият намояд ва ба ҳунари гевакашӣ низ машғул шавад.

Дар айни ҳол Абулқосим ба тавассути падараш ба омӯхтани осори Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз барин суханшиносони ҷаҳонӣ машғул мешавад ва ба муҳити адабии Кирмоншоҳ ошноӣ пайдо мекунад. Абулқосим дар ин муҳит ҳунари шеъру шоириро омӯхта, худ низ ба шеъргӯӣ оғоз менамояд.

Ҷараёнҳои гуногуни мазҳабии давр чун «Баҳоия», «Неъматуллоиҳо» дар тарғиби ғояҳои худ аз истеъдоди фитрӣ ва маҳорати шоирии Абулқосими Лоҳутӣ истифода бурданӣ мешуданд. Ниҳоят, соли 1904 ташкилоти «Одамият» Лоҳутиро барои таҳсил ба Теҳрон мефиристад.

Таҳсили Лоҳутӣ дер давом накард. Дар зери таъсири инқилоби солҳои 1905-07 рус Эронро низ муҳити инқилобӣ фаро гирифт ва Лоҳутӣ аз эҷоди шеърҳои тасаввуфӣ даст кашида, ба инқилобиёни Эрон ҳамроҳ шуд.

Лоҳутӣ дар ибтидои ҳаракати машрутахоҳии1 мардуми Эрон бовар дошт, ки эълони машрута (соли 1907) ва интихобӣ шудани аъзои маҷлиси миллӣ вазъияти мамлакатро беҳтар мекунад. Дере нагузашта аз тарафи Муҳаммадалӣ (1907-1909), ки баъди фавти падараш – Музаффаруддиншоҳ (1886-1907) ба тахт нишаста буд, машрута (конститутсия)-и эълоншуда бекор карда шуд ва ин воқеа ҷаҳонбинии шоирро тағйир дод.

Вақте ки солҳои 1907-1911 дар Эрон инқилоб ва ҳаракати демократии халқ аз нав авҷ гирифт, Лоҳутӣ дар маркази ин ошӯбҳо буд. Аз ҷумла, дар шӯриши мусаллаҳонаи мардуми Гелони вилояти Рашт фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани ордени Сатторхон мушарраф гардид. Ва дар ғазали сиёсии «Ё ҳар ду» (1909) амалиёти зиддихалқию ватанфурӯшии вакилони маҷлисро фош намуд:

Вакилону вазиронанд хоин, фош мегӯям,

Агар дар зери теғам ё ба рӯйи дор, ё ҳар ду.

Ин ғазал дар рӯзномаи «Чантаи3 побараҳна», ки дар Теҳрон чоп мешуд, ба табъ расид ва муаллифи он барои ин шеър ҳабс шуд, вале дере нагузашта бо талаби халқи ба шӯр омада озод гардид.

Охирҳои соли 1911 инқилоби Эрон шикаст хӯрд. Шеърҳои «Қурбони рӯшноию нуру сафои Шарқ», «Шамъу парвона» дар мусофират эҷод шудаанд.

Абулқосими Лоҳутӣ охирҳои соли 1914 боз ба Эрон, ки дар ин ҷо ҳаракатҳои инқилобӣ аз нав қувват мегирифт, баргашт ва нашри рӯзномаи «Бесутун»-ро оғоз карда, дар ҷунбишҳои озодихоҳӣ фаъолона ширкат намуд. Ин ҳолат дар шеъри «Бозгашт ба ватан» (1915) ифода ёфтааст.

Дар ғами ошёна пир шудаам,

Боқӣ аз ҳастиям ҳамин номест.

Лоҳутӣ дар солҳои 1914 – 1917 гоҳ дар Кирмоншоҳ, гоҳ дар Теҳрон, гоҳ дар Хонақайн, гоҳ дар Кохи Ширин ва гоҳ дар Бағдод гуреза буд ва солҳои 1918 – 1921 низ барои шоир солҳои вазнинтарин маҳсуб меёфтанд. Дар ҳамин солҳо ӯ маҷаллаи «Порс»-ро таъсис медиҳад ва шеърҳои бисёре эҷод мекунад, ки бо номи ашъори истамбулӣ машҳуранд.

Соли 1921 Лоҳутӣ Истамбулро тарк карда, ба душвориҳои зиёд саҳрои Арабистонро пиёда тай намуда ба ватан баргашт ва моҳи октябр ба Табрез омада, сарварии шӯришро ба ӯҳда гирифт, ки он дар таърих бо номи «Шӯриши Лоҳутихон» машҳур аст. Якуми феврали соли 1922 ҳукумати Табрез ба дасти инқилобчиён гузашт, вале баъди ёздаҳ рӯз он аз дасти қувваҳои ҳукуматии аз Теҳрон фиристода ба шикаст дучор шуд. Ҳукумат барои сари Лоҳутӣ мукофоти калон ваъда кард ва шоири озодихоҳ ҳамроҳи чанде аз ҳаммаслаконаш ба Иттиҳоди Шӯравӣ панаҳ бурд.

Тақдири минбаъдаи Абулқосими Лоҳутӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва, махсусан, Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст мебошад. Шоир дар солҳои 1922- 1925 дар шаҳрҳои Нахҷувон, Тифлис, Боку, Маскав аввалҳо ба коргарӣ ва муаллимӣ шуғл варзида, баъд дар муассисаи Нашриёти марказии халқҳои Шарқ кор кардааст. Соли 1925, баъди он ки дар натиҷаи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна Ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон таъсис меёбад, Лоҳутӣ ба Тоҷикистон фиристода мешавад. «Чун шунидам, - қайд кардааст шоир, – кишваре ба номи Тоҷикистони советӣ ҳаст, ки дар он ҷо осори Фирдавсӣ ва Саъдиро халқ ҳамчун дар Эрони ман мехонад ва азиз медорад, аз партия хоҳиш намудам, маро ба он ҷо фиристад».

Устод Лоҳутӣ баъд аз устод Айнӣ дуввумин пояи фарҳанги тоҷик дар садаи ХХ буд, ки дар рушду камоли адабиёти давраи нави он саҳми муносиб гузошт. Вай чандин сол намояндаи Тоҷикистон дар назди Иттифоқи нависандагони шӯравӣ буда, ба сифати яке аз муовинҳои А.М.Горкий иҷрои вазифа намудааст. Дар ҳама анҷуманҳои нависандагони шӯравӣ дар паҳлӯи С.Айнӣ қарор дошт ва бахши шеъри тоҷикро аз минбарҳои расмӣ бештар ӯ муаррифӣ мекард. А.Лоҳутӣ ба М.Турсунзода, М.Миршакар, Б.Раҳимзода, А.Деҳотӣ, Ҳ.Юсуфӣ барин адибон дарси маҳорат омӯхт. Маҳз бо кӯшиши ӯ осори адибони тоҷик дар нашриёти Маскав бо чандин забон рӯйи чопро медид. Лоҳутӣ намунаҳои осори адибони тоҷикро ба дунёи форсизабон паҳн менамуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Ҳукумати Шӯравӣ ба устод Лоҳутӣ қадршиносиҳо намуда, мавсуфро ба нишонҳои давлатӣ мушарраф гардондаанд.

Охирҳои ҳаёти устод Лоҳутӣ дар Маскав гузаштааст. Оғози солҳои 50- уми садаи ХХ шоир дардманд мешавад ва саломатиаш торафт рӯ ба бадӣ меорад.16 марти соли 1957 устод Лоҳутӣ вафот мекунад ва ҷасади шоирро дар қабристони «Новодевиче»-и Маскав ба хок месупоранд. Номи шоир дар қалбу рӯҳи мардуми форсизабон зиндаю ҷовид аст. Дар Тоҷикистон чандин мактабу кӯча, китобхонаву театр ва қарияву ноҳия ба номи Лоҳутӣ гузашта шудаанд.Чунон ки худ дар ғазали «Лавҳи мазор» гуфтааст:

Гардад куҳан замонаву хомӯш намешавад

Он шӯълаҳо, ки ҷаста бурун аз даҳони ман.

Қабр аз барои ман чӣ зарур аст, чун бувад

Дилҳои поки фаълаву деҳқон макони ман.

Мероси адабии Лоҳутӣ

Аз Абулқосими Лоҳутӣ мероси адабии бой боқӣ мондааст. Маҷмӯаи шеърҳои шоир, аз ҷумла, ба номҳои «Девони Абулқосими Лоҳутӣ» (1946), «Асарҳои мунтахаб» (1949), «Сурудҳои озодӣ ва сулҳ» (1954), «Нидоҳои зиндагӣ» (1956), «Девони Абулқосими Лоҳутӣ» (1957) ва «Гавҳари ишқ» (1958) чоп шудаанд. Осори мукаммали А. Лоҳутӣ дар Куллиёти шашҷилда (1960 - 1963) дастраси хонанда гардиданд. Дар Куллиёт шеърҳо, достонҳо, тарҷумаҳо ва мақолаю суханрониҳои адиб гирд омадаанд. Соли 2004 китоби «Номаҳо»-и А. Лоҳутӣ (мураттиб ва муаллифи тавзеҳот Х. Отахонова) чоп гардид, ки дар он 133 номаи шоир ба аҳли хонадон, ба адибони тоҷик, адибони мамлакаҳои дигар, ҳамдиёрон, дӯстон ва мухлисон фароҳам омадаанд.

А. Лоҳутӣ «Эроннома», «Наврӯзнома» ва «Лаолӣ»1 ном асарҳое дорад, ки онҳо алҳол ба хонандаи тоҷик ба таври мукаммал дастрас нестанд. Баъзе шеърҳои «Лаолӣ» дар ҷилди аввали Куллиёти ҳафтҷилдаи Лоҳутӣ (1987) ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, «Девони Абулқосими Лоҳутӣ» дар Теҳрон бо кўшиши Аҳмади Баширӣ соли 1358 ҳ. ш. (1980 м.) чоп гардидааст.

 

Ашъори Лоҳутӣ дар солҳои 1907-1922

Абулқосим шеърнависиро аз синни 12-солагӣ оғоз намудааст ва аввалин шеърҳои ӯ зери таъсири ашъори падараш ва маҳфилҳои адабии Кирмоншоҳ эҷод гардида, фарогири мавзӯи тасаввуфӣ будаанд. Дар ҳамин давра ба худ Лоҳутӣ2 тахаллус кардааст:

Додӣ Лоҳутиям Худой лақаб,

Малаке бин ба сурати башарам

- гуфтааст шоир соли 1902.

Истеъдоди фитрӣ ва шавқу завқи беандоза ба ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Румӣ ва Саъдиву Ҳофиз барин классикони адабиёти тоҷику форс ба такмили маҳорати эҷодии Лоҳутӣ мусоидат намуд ва ӯ баъди ба Теҳрон рафта ба ҳаракати инқилобӣ пайвастан ба навиштани шеърҳои иҷтимоӣ шурӯъ намуд. Шеърҳои инқилобии Лоҳутиро, ки аз соли 1906 сар карда, дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо дарҷ мегардиданд, ҷавонони равшанфикр дар паҳлӯи ашъори инқилобии Адибулмамолики Амирӣ, Маликушшуарои Баҳор, Алиакбари Деҳхудо, Саид Ашрафиддини Гелонӣ мехонданд.

Ашъори давраи машрута. Ашъори давраи машрутаи Лоҳутӣ, ки фарогири солҳои 1906 – 1911 мебошанд, бештар дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Ҳаблулматин», ки дар Калкаттаи Ҳиндустон чоп мешуд ва «Эрони нав» ба табъ расидаанд. Шеъри «Эй ранҷбари сиёҳтолеъ» (аз 90 мисраъ иборат буда, дар шакли маснавӣ суруда шудааст) собит месозад, ки Лоҳутӣ ба назарияи инқилобҳои Фаронсаву Англия ва Русия ошноӣ доштааст. Шоир кӣ будани ранҷбар ва як умр дар азоб будани ӯро ошкор сохта, ягона роҳи аз ин варта раҳоӣ ёфтани ин табақаро дар иттиҳод ва талош варзидан баҳри соҳиб шудан ба ҳукумат медонад:

Ҳар вақт ҳукумат аз шумо шуд,

Дарди ту, яқин бидон, даво шуд.

Дар шеърҳои «Фарёди миллат» (1909), «Маънии одам» (1910) «Эй хуш он рӯзе, ки дунёро даруни хун бубинам» (1912) назари Лоҳутӣ ба сохти ҳамонвақтаи Эрон боз ҳам амиқтар ифода ёфтааст. Ба хусус, ғазали машҳури "Ё ҳар ду» дар масъалаи фош сохтани ниятҳои манфиатҷӯёнаву зараровари вакилону вазирони давр, ки ба ҷомеаи Эрон хиёнат кардаанд, ҷолиб мебошад. Ғазали «Ё ҳар ду», ки аз ёздаҳ байт иборат аст, сар то по ифодагари ғазаб ва нафрати миллати Эрон ба ҳукуматдорон мебошад:

Ватанро фитнаи маснаднишинон дод бар душман,

Ва ё ин мардуми бедониши бозор, ё ҳар ду?

Бинои зулму истибдоди синфи муфтхӯр вайрон

Зи чаккуш мешавад, ё доси ҷавҳардор, ё ҳар ду?

Дар дигар шеърҳои давраи машрутаи Лоҳутӣ низ мавзӯъҳои ватандӯстӣ ва озодихоҳӣ мавқеи муҳим доранд. Умуман, шеърҳои давраи машрутаи Лоҳутӣ аз лиҳози мавзӯъ ва мундариҷа давоми якдигар буда, яке дигареро тавқият медиҳад.

Ашъори давраи муҳоҷират ва пинҳонкорӣ Ашъори солҳои 1914-1921 эҷод кардаи Лоҳутӣ аз ҷи- ҳати жанру услуби нигориш инкишоф ёфта, ҷаҳонбинӣ ва ақидаҳои сиёсӣ – иҷтимоии шоирро боз ҳам амиқтар ифода мекунанд. Дар ғазали «Шарқ», ки дар Бағдод эҷод гардидааст, мавзӯъҳои инқилоб ва танқиди сиёсати мустамликадорӣ ба ҳам омадаанд. Қаҳрамони лирикӣ дар шахсияти шоир тайёр аст, ки дар роҳи саодати ватан ҷонашро дареғ надорад:

Лоҳутиё! Чу аз ҳама ҷо ранҷбартар аст,

Бояд, ки зудтар бидиҳӣ ҷон барои Шарқ.

Дар байни шеърҳое, ки солҳои 1914 – 1917 таълиф ёфтаанд, маснавии «Шамъу парвона», ки ба тарзи тамсил навишта шудааст, мавқеи арзанда дорад. Ин шеър аз 60 мисраъ иборат буда, дар асоси муколамаи шамъу парвона сохта шудааст:

Шабе парвонае бо шамъ мегуфт,

Ки: «Эй гардида дардат бо дилам ҷуфт!...»

Ҷавобаш дод шамъи нуктапардоз,

Ки: «Эй нопухта ошиқ, ғофил аз роз!...»

Дар адабиёти асримиёнагӣ парвона рамзи ошиқи содиқ ва шамъ рамзи маъшуқаи асилу покдоман аст. Дар шеъри Лоҳутӣ парвона рамзи ватандорони мубориз ва шамъ рамзи ватани онҳо мебошад. Шоир ба воситаи сӯҳбати шамъу парвона таъкид менамояд, ки ватандӯсти ҳақиқӣ ҳамеша аз сӯзу гудози ватан огоҳ буда, кӯшишу ғайрати хешро сарфи роҳи осудагию оромии ватан менамояд. Шамъ мегӯяд:

Ту то дур аз манӣ, аз ишқ сардӣ,

Дар ин оташ чу сӯзӣ, пухта гардӣ.

Ту бояд аз шикоят лаб бидӯзӣ,

Агар парвонаӣ, бояд бисӯзӣ.

Маснавии «Шамъу парвона» оғози услуби фардӣ ва диди бадеиву зебоишиносии Лоҳутӣ мебошад. Шеърҳои то ин давра эҷод кардаи шоир бештар дорои хусусиятҳои тарғиботию ташвиқотӣ буданд. Вале дар «Шамъу парвона» ҷойи оҳанги ҳангоматалабонаро як навъ садои ҳазину дилнавоз, ҷойи ҳукму таҳдидҳои урёнро андешаҳои хаёломезу орзупарвар гирифта, ғояи шеър ба воситаи тасвирҳо (шамъу парвона) ва баёни воқеа (сӯҳбати шамъу парвона) сурат мегирад. Дар ин шеър аввалин бор дар эҷодиёти Лоҳутӣ шамъ ҳамчун тасвири рамзии ватан ва парвона чун баёнгари қаҳрамони лирикӣ мӯҳтавои сиёсӣ пайдо мекунад.

Дар ин солҳо дар эҷодиёти Лоҳутӣ дар баробари равияи рамзӣ тасвири публитсистӣ низ мавқеъ дорад, ки ба он шеърҳои «Яке Руму яке Юнон парастад», «Яке аз ранҷи мардум ризқ мехӯрд», «Ба духтари Эрон», «Зоҳид, ин даъвии ту лоиқи изҳор, ки нест» ва як қатор рубоиҳо мансубанд:

Яке Руму яке Юнон парастад,

Яке куфру яке имон парастад...

Яке аз дасти зулми Инглистон

Халоси мулки Ҳиндустон парастад...

Агар аз кеши Лоҳутӣ бипурсӣ

Наҷоти фаълаву деҳқон парастад.

Дар байни ашъори солҳои 1914-1921 ашъори истамбулии Лоҳутӣ, ки маҳсули муҳоҷирати маҷбурии ӯ дар Истамбул (1918-1921) мебошанд, мавқеи намоён доранд. Ашъори истамбулии шоир 67 шеърро дарбар карда, қисми кулли онҳо дар шакли ғазал эҷод шудаанд ва фарогири мавзӯъҳои ватан, инқилоб, озодии занон, навсозии маориф ва ғ. мебошанд.

Дар ғазалиёти истамбулӣ ифодаи рамзию маҷозии мақсад мавқеи асосӣ дарад ва тасвирҳои лирикии ошиқонаи адабиёти классикӣ ба баёни мазмунҳои сиёсиву иҷтимоии давр тобеъ карда мешавад. Гул, булбул, хор, сайёд, шамъ, парвона, ёр, ағёр, гургу шубон, мурғ, лона, ошёна, рақиб барин мафҳумҳои бадеӣ дар ғазалиёти истамбулии Лоҳутӣ илова ба маъниҳои аслӣ мазмунҳои таҳтонӣ гирифтаанд.«Ин ашъор, - қайд кардааст баъдҳо шоир, - аксаран бо рамзу киноя гуфта шудаанд. Сабаби ин ҳам возеҳ аст. Агар матлабро ошкор мегуфтам, сензураи3 ҳарбии Туркия, ки дар зери назорати инглисҳо буд, ашъори зиддимпериалистии маро ҳаргиз ба матбуот роҳ намедод. Ин аст, ки худамро булбул, ватанро боғи вайрона, Англияро гоҳ зимистони манфур номидаам, ки гулҳои боғро хазон мекунад ва гоҳ сайёди бераҳме хондаам, ки булбули маҷрӯҳро ба доми худ асир кардааст». Ба чанд мисраи ғазали «Аё сайёд» таваҷҷӯҳ намоед:

Аё сайёд, шарме кун, маранҷон нимҷонамро,

Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро...

Дар ин кунҷи қафас дур аз гулистон сӯхтам, мурдам,

Хабар кун, эй сабо, аз ҳоли зорам боғбонамро...

Мани бечора он рӯзе ба қатли худ яқин кардам,

Ки дидам тоза бо гург улфате бошад шубонамро.

Чу Лоҳутӣ ба ҷон минатпазирам то абад онро,

Ки бо ман меҳрубон созад бути номеҳрубонамро.

Калимаву таркибҳои ғазал дар маънои аслӣ низ ҷолиби диққат буда, аз ҳикмати зиндагӣ бархурдор мебошанд. Дар ҳақиқат, муросо кардани чӯпон ба гург боиси қатли рама мегардад ва мурғи дар қафас буда ниёзманди боғбон аст. Вале маҳз ифодаи маҷозии калимаю таркибҳо бадеият ва образнокии ғазалро таъмин намуда, боиси баёни ҷозибаноку нишонрастари ақидаҳои сиёсиву иҷтимоии шоир гардидаанд.

Ҳамин тариқ, дар Истамбул ашъори сиёсии Лоҳутӣ мавқеъ пайдо намуд. Шоир дар ғазалҳои истамбулиаш аз ҳама латофату назокати сухани бадеӣ истифода намуда, дар адабиёти халқҳои форсизабон ғазали сиёсиро инкишоф дод.

 

Ашъори Лоҳутӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ

Барои Лоҳутӣ ворид шудан ба тарзи ҳаёти ҷомеаи шӯравӣ осон буд, зеро шоир ҳанӯз солҳои 1914-1917 дар Эрон ба тавассути аскарони рус ба ғояҳои инқилоби Октябр шинос гардида, қаламаш ҳанӯз аз давраи машрутияи Эрон дар ифодаи мазмунҳои инқилобӣ суфта гардида буд. Зиёда аз ин, Лоҳутӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқӯъ пайвастани ормонҳои инқилобии худро эҳсос намуд. Дар ин мамлакат фароҳам омадани имкониятҳои чоп низ боиси фараҳмандӣ ва самаранокии фаъолияти эҷодии Лоҳутӣ гардид. Соли 1923 дар Маскав, дар Нашриёти марказии халқҳои Шарқ бо дасти худ ҳуруфчинӣ кардани аввалин китобаш барои шоир басо шодиовар буд.

Чунин муҳити созгори корӣ боис шуд, ки эҷодиёти Лоҳутӣ ба марҳалаи нави инкишоф қарор гирифта, аз ҷиҳати ҳаҷм, жанр, мавзӯъ ва услуби баён боз ҳам фарогиру ғанитар гардад. Дар солҳои 20-уми асри ХХ шеърҳои зиёди устод Лоҳутӣ, аз қабили "Дар Калкатта ", "Чамани сēхта", "Дар фабрики сармоядорон","Ваҳдат ва ташкилот","Ман фарзанди як деҳқоне будам", "Эй духтари номдори Эрон", "Писари ҳафтуми сотсиализм" эҷод гардида, дар Маскаву Душанбе "Рубоиёт" (1924) ва "Адабиёти сурх" (1925) барин маҷмӯаҳои ӯ ба табъ расиданд.

Машҳуртарин асари Лоҳутӣ, ки шоирро ба адабиёти шӯравӣ дохил намуд, қасидаи "Кремл" мебошад. "Дар соли 1923 ман аввалин бор Кремли Маскавро дидам, -қайд кардааст шоир. – Азбаски аз забони русӣ як калима ҳам намедонистам, яккаву танҳо аз зал ба зал гузашта тамошо мекардам. Он гоҳ вайронаҳои қасри Анӯшервон2, ки Хоқонӣ васф намудааст, ба хотирам омад...Ман ҳамоно қалам ба даст гирифтаму ба як қалам кашидан достони  "Кремл"-ро навиштам. Ман ин асарро ба як нишастан тамом кардам, пас ягон калимаашро дигар карда ё ягон калима ба он илова карда натавонистам".

«Кремл» аз 68 байт иборат буда, чун "Харобаҳои Мадоин", дар вазни ҳазаҷи мусаммани ахраб ва қофияи қасида (аа, ба, ва ...) суруда шудааст ва ба чунин байт оғоз меёбад:

То чанд кунӣ гиря бар маснади Нӯшервон?

Дар қасри Кремл, эй дил, асрори ниҳон бархон!

Лоҳутӣ дар ифодаи мазмунҳои нав аз анъанаҳои адабиёти классикии форсу тоҷик моҳирона истифода мекард, ки ин ҳолатро, алалхусус, аз муқоисаи образи хок мушоҳида кардан мумкин аст. Дар "Харобаҳои Мадоин хок ба бебақо будани умри инсон ишора карда, аз гузашти рӯзгор панд гирифтани одамиро талқин менамояд:

Дандонаи ҳар қасре панде диҳадат нав - нав,

Панди сари дандона бишнав зи буни дандон

Гӯяд, ки: " Ту аз хокӣ, мо хоки туем акнун

Гоме ду - се бар мо неҳ в-ашке ду-се ҳам бифшон"…

Дар қасидаи «Кремл» бошад, хок инсони заҳматкашро ба ҳушёрӣ даъват мекунад, то дастовардҳо ва комёбиҳояшро аз ҳодисаҳои номатлуби рӯзгор ва ниятҳои нопоки душманон муҳофизат карда тавонад. Қаср ба муздурон

Гӯяд, ки: " Ту аз моӣ, мо низ чу ту будем,

Мо хок шудем эдар3, ту соҳиби ин майдон.

Зинҳор пас аз ин фатҳ ғафлат манамо, зинҳор,

То бар сари мо з-ин пас душман назанад ҷавлон !"

Замони шӯравӣ аз пурмаҳсултарин давраҳои эҷодиёти Лоҳутӣ ба шумор меравад. Асарҳои "Мо зафар хоҳем кард" (1930), "Сафари Фарангистон" (1934), "Тоҷу байрақ" (1935), "Ду нишон" (1936), "Одами оҳанпо" (1933), "Шамшери фотеҳ" (1933), "Мардистон" (1941), "Ғалабаи Таня" (1942), "Се қатра" (1932), "Парии Бахт" (1947) ва ғайра маҳсули эҷодии даврони шӯравии адиб мебошанд.

Тамсил дар эҷодиёти Лоҳутӣ. Абулқосими Лоҳутӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ анъанаи тамсилнависии адабиёти классикии тоҷику форсро дар муҳити нави адабӣ идома дод. Асарҳои тамсилии шоир, аз қабили "Се қатра", "Одами оҳанпо", "Шамшери фотеҳ", "Кēҳ ва ойина", "Мӯр ва офтоб", "Паҳлавон Оштӣ", "Парии Бахт" дар ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳм гирифтаанд. Персонажҳои тамсилҳои шоир парандагон, ҳайвонот, ҳашарот, ҷисмҳои беҷон ва одамон мебошанд. Масалан, дар тамсили "Кӯҳ ва ойина" (1933) кӯҳ, ойина, ҷавони ойинадор ва падари ҷавон ширкат меварзанд. Дар домани як дашти пуршукӯҳ кӯҳи азиме қарор дорад. Ҷавоне пушт ба кӯҳ карда бо ойинаи дасташ кӯҳро дидан мехоҳад, то асрори дар он бударо ба одамон нақл намояд.Чун кӯҳи бузург дар ойинаи хурд пурра акс намеёбад, ӯ пештар рафтан мегирад. Ба андозаи хеле дур рафтан кӯҳ дар ойинаи дасти ҷавон акс меёбад, лекин аз бузургиву ҳашамати он дигар осоре намемонад: Падар ин амали писарашро маҳкум мекунад:

Аз бед самар наметавон чид,

Дар ойина кӯҳ наметавон дид.

Тамсилоти Лоҳутӣ дар асоси ҳодисаву воқеаҳои зиндагӣ ва таҷрибаи ҳаётии шоир фароҳам омада, ба талаботи давру замон мувофиқати комил доранд ва дорои аҳамияти маърифатию тарбиявӣ мебошанд.

Аз асарҳои дар давраи ҷанг навиштаи Лоҳутӣ достонҳои «Мардистон» ва «Ғалабаи Таня» дар асоси воқеаҳои мушаххас эҷод гардидаанд. Агар сабаби таълифи «Мардистон» корномаи панфиловчиён1 бошад, пас «Ғалабаи Таня» тасвири бадеии корнамоии хонандаи мактаби миёнаи москвагӣ Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Зоя Космодемянская (1923-1941) ба шумор меравад.

Достони «Мардистон» дар шакли тамсил навишта шудааст. Ҳамаи мардони деҳаи Мардистон дар роҳи муҳофизати деҳаашон ҳалок гардиданд. Танҳо як марди тарсончак, ки аз майдони ҷанг гурехта буд, зинда мондааст. Зани шахси зиндамонда либоси сиёҳ пӯшида, худро «бевазан» меномад. Занони дигар ба шарафи шавҳарони қаҳрамонона ҳалок гаштаашон якдигарро бо номи шаҳвар (зани Баҳром, зани Сангин ва ғ.) ном мебаранд:

Номи ин зиндамарди шарманда,

«Мурда» шуд, номи дигарон «Зинда».

Дар достони «Ғалабаи Таня» сужет ба воситаи тасвири ду манзара – яке лаҳзаи пурсиш ва дигаре лаҳзаи қатли Таня сохта мешавад. Тасвир дар асоси далелҳои рӯзномаҳо сурат мегирад. Вале ифода чунон самимӣ ва барҷаста ҳаст, ки хонанда рӯҳи матину бешикасти як духтари ҷавонро назди душмани сар то по мусаллаҳ равшан эҳсос мекунад. Дар ифодаи маъно тазод ва дигар воситаҳои тасвир саҳм гирифтаанд. Ӯ, яъне фармондеҳи фашист, як шабонарӯз Таняро бозпурсӣ карда, оқибат аз фатҳи худ ноумед мешавад:

Аз олоти ҷанг он чи дар дунё

Тасаввур кунӣ, ў дорад, аммо

Рӯҳи ин якро он як надорад

Ӯ ба худ имон, ин шак надорад.

Ӯ чун масруон меларзад аз кин,

Ин чун ҳайкали фӯлодин - сангин.

Тасвирҳои мухтасар, муроҷиатҳои шӯълавари Зоя ва истифодаи сарфакоронаи калимаву таркибҳо ба асар рӯҳи некбинона бахшиданд. Ғалабаи Таня дар он аст, ки ӯ моҳияти зиндагии ҷовидонаро дуруст дарк намудааст:

Гиря мекунед… Ба мурдани ман?

Ман аммо шодам аз ин сон мурдан.

Дар роҳи Ватан мурдан – зиндагист

Мурдан – зиндагонӣ дар бандагист.

Ҳамин тариқ, Лоҳутӣ дар достонҳои «Мардистон» ва «Ғалабаи Таня» як қатор образҳои мусбату манфие офаридааст, ки амалиёти онҳо боиси дарки амиқи қувваҳои неку бад дар майдони набард гардиданд.

Фаъолияти тарҷумонии Лоҳутӣ

Лоҳутӣ мутарҷим. Тарҷумаи намоишномаҳои «Отелло», «Ромео ва Ҷулетта», «Шоҳ Лир»-и драматурги англис Шекспир, «Дод аз дасти ақл»-и адиби рус А.С. Грибоедов, «Чашмаи гӯсфандон»-и драматурги испанӣ Лопе де Вега, асарҳои адибони маъруфи ҷаҳонӣ А.С. Пушкин, Т.Г. Шевченко, А.М. Горкий ба хонандаи калонсол нигаронида шудаанд.

Устод Лоҳутӣ асарҳои зиёди бачагона низ тарҷума кардааст, ки «Почта»-и С. Маршак, «Достони Олеги дилогоҳ», «Ҳикояти моҳигир ва моҳии тилло», «Парии об», «Афсонаи шоҳ Салтан»-и С. Пушкин, «Сангари хунин»-и В. Гюго, «Бузургии безавол»-и Р. Патканян намунаи онҳо мебошанд.

Устод Лоҳутӣ намоишномаҳои В. Шекспир – «Отелло», «Ромео ва Ҷулетта» ва «Шоҳ Лир»-ро ҳамроҳи ҳамсараш С. Бону бевосита аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст. Намоишномаи «Отелло» соли 1939 дар Театри драмаи тоҷик ба саҳна гузошта шуда, соли 1941 дар Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав бо муваффақият намоиш дода шуд. Агар дар тарҷумаи «Отелло» ибораҳои рехта ва панду ҳикматҳои тоҷикӣ истифода шуда бошад, дар тарҷумаҳои «Ромео ва Ҷулетта» ва «Шоҳ Лир» шакли аслии намоишномаҳо – шеъри сафед нигоҳ дошта шудааст.

Намоишномаи «Отелло». «Отелло» фоҷиаи барҷастаи ҷаҳонӣ мебошад ва аз панҷ пардаву даҳ намоиш иборат аст. Воқеаҳои пардаи аввал дар шаҳри Венетсия1 ва пардаҳои минбаъда дар ҷазираи Кипр2 мегузаранд. Дар намоишнома дожи3 Венетсия, сенатор Брабансио, генерал Отелло, муовини ӯ лейтенант Кассио, байрақбардор Яго, ашрофзода Родриго, духтари Брабансио – Дездемона, зани Яго – Эмилия ва дигарон ширкат доранд.

Сужети намоишнома дар асоси рашку ҳасад фароҳам омадааст. Генерал Отелло шахси далеру шуҷоъ, таҷрибадида ва якрӯю якзабон мебошад ва назди хосу ом обрӯю эътибор дорад. Отелло аз миллати араб ва сиёҳпӯст аст, вале хушрӯтарин ва покдомантарин духтари венетсиягӣ, ки падараш сенатор буд, ба ӯ дил медиҳад. Дездемона бе иҷозати падар ба Отелло ба шавҳар мебарояд. Отелло ҳам Дездемонаро баробари ҷон дӯст медорад.

Байрақбардор Яго ба комёбӣ ва обрӯю эътибори генерал Отелло ҳасад мебарад ва дар фикри рӯҳану ҷисман нест кардани сардораш меафтад. Яго нақшаҳои махсуси худро бо роҳи дахл кардан ба муносибатҳои оилавии Отелло ба амал баровардан мехоҳад. Зеро хуб медонад, ки генерали араб ба «хиёнати» маҳбубааш тоб оварда наметавонад. Пардаи аввал бо андешаҳои Яго дар бораи ба амал баровардани нақшаҳои хоинонааш ба анҷом мерасад. Хонанда аз монологи Яго ботини нопок ва хислатҳои манфури ӯро равшану возеҳ мушоҳида мекунад: «Отелло ба ман боварӣ дорад. Беҳтар! Бо ҳамин ман нақшаи худамро осонтар иҷро мекунам. Кассио мардаки хушрӯст… Каме баъд ба гӯши Отелло пичир- пичир сар кунем, ки гӯё Кассио бо зани вай аз андоза берун хонагӣ шудааст… Отеллоро аз бинӣ кашонда бурдан ҳамон қадар осон аст, ки харро рондан».

Минбаъд воқеа дар соҳили ҷазираи Кипр мегузарад. Туркҳо ба ҷазираи Кипр ҳуҷум мекунанд ва генерал Отелло бо ҷанговаронаш ба он ҷо фиристода мешавад. Генерал Дездемонаро низ бо худ оварда буд, бинобар ин баъди хотима ёфтани ҷанг низ чанд вақт дар Кипр мемонад. Дар ҳамин ҷо Яго ба амалӣ кардани нақшаҳои нангини худ шурӯъ мекунад. Ӯ аз содагӣ ва дилсофии Отелло истифода карда, нахуст Кассиоро дар чашми генерал бад мекунад, ба дараҷае ки Отелло лейтенанташро «ту дигар дар хизмати ман нестӣ» гӯён аз кор пеш мекунад. Баъд Кассиоро водор мекунад, ки муносибаташро ба Дездемона наздик карда, ба воситаи ӯ аз генерал авф пурсад. Яго, аз як тараф, мулоқоти Кассиоро ба Дездемона таъмин мекунад ва, аз тарафи дигар, ин мулоқотро ба чашми Отелло намоиш дода, дар ботини генерал нисбат ба занаш шубҳа ва нобоварӣ ба вуҷуд меорад:

Отелло: Ин Кассио набуд, ки аз пеши занам рафт?

Яго: Кассио? Не, генерал. ҳаргиз наметавонам бовар кунам, ки Кассио шуморо дида дузд барин гурезад.

Отелло: Ман яқин дорам, ки ӯ буд.

Акнун барои исботи «муносибати маҳрамонаи» Дездемона бо Кассио ҳуҷҷат лозим буд, ки Яго онро ҳам пайдо намуд. Отелло аз модараш рӯймолчаи пурқимате ба ёдгор дошт, ки онро ба ҳамсараш – Дездемона тӯҳфа карда буд. Вақте ки Дездемона шавҳарашро парешонхотир мебинад, рӯймолчаро аз дилсӯзӣ ба сари ӯ мебандад. Вале Отелло «рӯймолчаи ту хеле хурд аст» гӯён онро аз сараш мегирад ва рӯймолча ба замин меафтад. Рӯймолчаро зани Яго – Эмилия меёбад ва бо хоҳишҳои пайдарпайи шавҳараш онро ба ӯ медиҳад.

Яго рӯмолчаро ба хонаи Кассио мепартояд. Вақте ки Отелло барои пурра бовар кардан ба «хиёнакориҳои» занаш аз Яго ҳуҷҷат талаб мекунад, ӯ дар дасти Кассио дидани рӯймолчаи Дездемонаро далел меорад. Ҳамчунин, имконият фароҳам меоварад, ки генерал рӯймолчаи ба занаш тақдим намударо дар дасти Кассио бинад. Макру ҳилла ва дасисаҳои Яго Отеллоро аз Қиматтарин дороияш--муҳаббати Дездемона маҳрум сохт ва генерали фотеҳро дар андак муддат ба шахси раҳгум, кӯтоҳандеш ва интиқомҷӯ табдил дод.

Отелло дар рӯзҳои аввали ба Кипр омадан Дездемонаро чунин истиқбол гирифта буд.

Отелло: Ифтихорам, ту дар Кипр азизтарин меҳмон хоҳӣ буд… Ҷони ширинам, ман аз шодиям гапҳои бетартиб мезанам… Равем, Дездемона! Боз ҳам хуш омадӣ ба Кипр.

Генерал баъди найрангҳои Яго дар ҳақққи ҳамсаре, ки ифтихораш мехонду ҷони ширинаш меномид, қабеҳтарин алфозро раво мебинад. Аз ҷумла, ба «чӣ гуноҳи номаълуме кардам?» гуфтани Дездемона ӯ чунин ҷавоб медиҳад. Отелло: Эй, зани фосиқ! Агар ман корҳоятро мегуфтам, рухсораҳоям монанди кӯра1 мешуданд. Чӣ кардаӣ? –Осмон бинии худашро мебандад, моҳ чашмашро мепӯшад; ҳатто боди бешарм, ки ҳар чизро дар роҳи худаш мебӯсад, ба чуқуртарин партгоҳ рафта пинҳон мешавад, киинро нашунавад. – Чӣ кардаӣ? Фоҳишаи беҳаё!

Саҳнаи қурбони макру фитна гардидани Дездемона хеле муассир ва ғамангез аст. Отелло ба хонаи хоби Дездемона медарояд. Аз муколамаи онҳо, аз як тараф, самимият, садоқат, табиати орому мусаффо ва асолати Дездемона ва, аз тарафи дигар, зудбоварӣ, кӯтоҳандешӣ, ва сабукфикрии

Отелло маълум мешавад.

Отелло: Аз гуноҳат фикр кун.

Дездемона: Гуноҳи ман дӯст доштани шумост.

Отелло: ҳазар кун аз қасами дурӯғӣ. Ту дар бистари марг ҳастӣ.

Дездемона: Худатон ҳам раҳм кунед. Ман дар умрам шуморо ҳақорат надодаам. Нисбат ба Кассио ғайр аз дӯстии умумӣ, ки Худо онро иҷозат додааст, ҳеҷ эҳсоси дигар надоштам. Ҳеҷ вақт ба ӯ ҳадя надодаам…

Отелло: Бимир, фоҳиша!

Дездемона: Фардо кушед. Бигузоред, як шаб зинда монам!

Отелло: Кор, ки шуданист, таъхир чаро?

Дездемона: Танҳо барои он ки як дуо хонам.

Дездемонаи покдоман бегуноҳ кушта мешавад ва баъд маълум мегардад, ки Отелло ба фитна дода шуда, хатои авфнопазире содир намудааст. Дигар зинда мондани Отелло маъно надошт. Генерал ашкрезон ба ҳозирин васият карда, худашро бо ханҷар мезанад ва:

Бӯсакунон куштаамат, эй бути нозанинам,

Изн деҳ, акнун туро бӯсакунон бимирам

- гӯён ба рӯйи мурдаи Дездемона меафтад.

Дар тарҷумаи «Отелло» хусусиятҳои миллӣ ва назокати забони образноки тоҷикӣ моҳирона истифода шудааст. Мақолу зарбулмасалҳо, таркибҳои маҷозӣ, суханҳои пандуахлоқӣ, ташбеҳ, таҷнис ва муболиғаву тавсиф барин санъатҳои бадеӣ тарҷумаи намоишномаро ба завқу салиқаи хонандаи тоҷик мувофиқ намудаанд. Масалан, Кассио ҳусну ҷамоли Дездемонаро чунин тавсиф менамояд: «Отелло як духтареро гирифт, ки кӯшиши ҳамаи қаламҳои дунё ба таърифу тавсифи ӯ намерасанд». Ё худ Отелло аз ғояти хашм Кассиоро дар назар дошта мегӯяд: «Оҳ, кошки он бешараф чил ҳазор ҷон медошт! Барои сер кардани интиқоми ман як ҷонаш бисёр ночиз аст».

Устод Лоҳутӣ ҳангоми тарҷума гоҳо аз шакли анъанавии шеъри тоҷикӣ истифода кардааст. Масалан, сенатор Брабансио дар маҷлис фикрашро дар шакли маснавӣ мекунад:

Кӣ дида, чу дарди дил занад ҷўш,

Дору бикунандаш аз раҳи гўш?

Ҳамин тариқ, тарҷумаҳои устод Лоҳутӣ дар баробари нигоҳ доштани хусусиятҳои услубии матнҳои асл, рӯҳи бадеии адабиёти тоҷикро низ фаро гирифтаанд.

Шеърҳои Тоҷикистонии Лоҳутӣ

Шеърҳои тоҷикистонии устод Лоҳутӣ аз соли 1925, аз шеъри "Сарои тамаддун" оғоз меёбад ва баъдтар як қисми ин силсилаи шеърҳо бо номи "Шеърҳои тоҷикистонӣ" (1940) дар шакли китоби алоҳида ба табъ мерасад."Сарои тамаддун", "Духтари инқилоб," "Одами оҳанпо" "Хар ва трактор", "Тоҷикистон шуд мунаввар", "Ман фарзанди як деҳқоне будам», "Хабар", "Тоҷу байрақ" аз беҳтарин асарҳои ин силсила буда, дар онҳо ҳаёту маишати халқи тоҷик тараннум ёфтаанд. Устод Лоҳутӣ аз шинохти аввал таваҷҷēи хонандаро ба решаҳои ҳазорсолаи фарҳанги мардуми тоҷик ҷалб менамояд:

Дар сарсутуни сардару айвони сақфи он

Бо хатти зар навишта ҳазорон катибаҳо.

Аммо сиёҳ гаштаву яксар шуда ниҳон

Дар зери дуд он ҳама осори пурбаҳо.

Ҳо, як китоби пора!

Бихонем аз ин китоб.

Шояд шавад падид, ки ин хона мулки кист...

Оҳ,

Ин бино тамаддуни тоҷик будааст,

Он хонае, ки нур фишондӣ ба коинот.

Шеърҳои тоҷикистонии Лоҳутӣ мувофиқи талаби замони шӯравӣ ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии мардуми заҳматкаш ба таври содаву оммафаҳм эҷод гардида, дорои хусусиятҳои публитсистӣ ва тарғиботӣ мебошанд. Бинобар ин ҳар кадом ба дили хонанда зуд роҳ ёфта, ӯро ба корномаҳо раҳнамун месозад. Соли 1929 ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистонро Лоҳутӣ дар шеъри "Тоҷикистон" табрик мекунад.

Шеъри "Ба Тоҷикистон" бошад, соли 1939 ба муносибати 10-солагии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон эҷод гардида, эҳсосоти шоирро аз ин ҳодисаи фараҳбахш ба таври амиқ ифода менамояд:

Эй умеди дили рамидаи ман,

Қуввати дасту нури дидаи ман .

Ватани кору хонаи ишқам,

Табъи шеъру таронаи ишқам.

Ваҳ, чӣ рахшонӣ, эй шарораи сурх,

Ҷон фидои ту, эй ситораи сурх.

Бурҷи машриқ агарчи хонаи туст,

Лекин олам пур аз фасонаи туст.

Хитобаҳо, ташбеҳу истиора ва тавсифу муболиға барин воситаҳои тасвир ва махсусан се маротиба такрор ёфтани байти зерин қувваи ифоданокии шеъри "Ба Тоҷикистон"– ро афзун гардондаанд:

Эй умеди дили рамидаи ман,

Қуввати дасту нури дидаи ман.

Таркибҳои умеди дили рамида, қуввати даст, нури дида таъкид бар он доранд, ки Тоҷикистон чун сарвати бебаҳо барои ҳар тоҷик басо азизу мукаррам аст.

Абулқосими Лоҳутӣ дар "Хабар","Мо ранҷбарзодагонем" , "Озодии занҳо", "Таронаи партизанӣ" "Духтари Тоҷикистон" аз шаклҳои нави шеърӣ, ки дар адабиёти русу Аврупо роиҷ буд, истифода кардааст. Масалан, таронаи "Духтари Тоҷикистон" аз шаш банди чаҳормисраъгӣ (қофияи ҳар банд а а б а) иборат мебошад ва дар охири ҳар банд таркиби "Ҷони манӣ ту!" чун мисраи васила такрор мешавад:

Духтарак, эй духтарҷон,

Духтари Тоҷикистон,

Пахта ба фабрик додӣ,

Газвора кардӣ арзон

Ҷони манӣ ту!

Такрори таркиби Ҷони манӣ ту! дар вазну қофияи алоҳида самимият ва ҷозибаи шеърро афзун намудааст.

Дар миёни шеърҳои тоҷикистонии Лоҳутӣ асарҳои калонҳаҷм низ ҳастанд, ки достони "Тоҷу байрақ" намунаи хуби онҳост. Ин асар назираи ҷавобия ба "Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсӣ мебошад. Лоҳутӣ аз як лаҳзаи «Шоҳнома» иқтибос оварда, баъд дар ҳамон вазну қофия асари ҷолиби диққате меофарад, ки дар ҳашт боби он масъалаи нангу номуси инсонӣ дар шароити нави таърихӣ ба тасвир омадаст.

Қаҳрамони "Шоҳнома" Баҳроми гурд.баҳри ба даст овардани тоҷи подшоҳӣ, ки дар майдони душман ба замин афтида буд, ҷонбозиҳо мекунад ва оқибат тоҷро ба даст дароварда, шарафу номуси инсонӣ ва ватандориро ба ҷо меорад. Дар достони "Тоҷу байрақ" чунин корнамоиро Ориф дар майдони меҳнат ба ҷо меорад. Ориф чун сардори гурӯҳи пахтакорӣ ба воқеаи аз даст додани байрақи шараф муросо карда наметавонад ва шабу рӯз мардона талош меварзад, то гурӯҳи ӯ аз нав ба байрақи шараф соҳиб гардад.

Дар "Тоҷу байрақ" рӯҳи мутантани тасвири "Шоҳнома" нигоҳ дошта шу?

Дида шуд: 3


2020 SHOIR.TJ