Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ (858-941)


Зодгоҳ ва айёми ҷавонӣ

     Таърихи ҳазорусадсолаи адабиёти навини тоҷик, ки давоми бевоситаи адабиёти қадими он аст, бо номи асосгузори он устод Рӯдакӣ вобаста мебошад. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвоҳои ифтихории қофиласолори назми форс, соҳибқирони шоирӣ, устоди шоирон, султони шоирон ва одамушшуаро ёд мекунанд. Дар давоми ёздаҳ асри мавҷудияти адабиёти тоҷику форс анъанаҳои Рӯдакӣ ҳамеша зиндаву ҷовидон буданд. Имрӯз ҳам шӯҳрат, манзалат ва эҳтироми устод Рӯдакӣ оламгир аст.
     Соли 858 дар яке аз деҳотҳои зебоманзари водии Зарафшон Панҷрӯд, ки маркази ҷамоати Рӯдак буд, модари хушбахте писаре зод, ки номи уро Ҷаъфар ниҳоданд. Бо мурури замон ва гузашти айём кӯдак ба дараҷаи бузургтарин мардони номвари ҷаҳонӣ шинохта шуд. Номи пурраи Рӯдакӣ ва падару бобоёни ӯ чунин аст: Абӯабдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам. Ҷаъфар коми аслии ӯст, ки падару модар ба вай ин номро гузоштаанд. Абӯабдулло номи эҳтиромии ӯст. Ин гуна ном барон одамони баобрӯ, хусусан олимону шоирон баъди ба камол расидан ва шӯҳрат ёфтани онҳо онҳо гузошта мешуд. Сабаб он буд, ки мардум якнома гирифтани номи одамони соҳибэҳтиромро аз рӯи одоб намедонистанд. Муҳаммад номи падари Ҷаъфар буд, Ҳаким ва Абдурахмону Одам бобокалонҳои Ҷаъфар буд. Рӯдакӣ тахаллуси шоирии ӯстод аст, ки аз номи деҳаи зебои дурдасти худ Рӯдак гирифтааст.
     Ноҳияи Рӯдакӣ дар асри X ҷамоатҳои Ворӯ, Рӯдакӣ ва Колхозчиёни имрӯзаро фаро гирифта, дар маркази худ қалъаи мирнишин, чанд мактаб ва мадрасачае дошт. Падари Рӯдакӣ, ки аз табақаи боимтиёз ва шахсони обрӯманди ноҳия буд, ба тарбияи фарзанди заковатмандаш аҳамияти зиёд медод. Аз йн рӯ, Ҷаъфар дар зодгоҳи худ маълумоти муайяне мегирад.
     Рӯдакӣ аз хурдӣ осори истеъдод зоҳир мекунад. Ӯ “чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръон тамоман ҳифз кард ва қироат биомӯхт ва шеър гуфтан гирифт ва маонии дақиқ мегуфт, чунон ки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат шуд” (Муҳаммад Авфӣ). Аз ин хабар маълум мешавад, ки Рӯдакӣ дар бачагӣ саводи комил бароварда, ҳанӯз аз ҳаштсолагӣ шеърҳои пурмаънои аҷоибе мегуфтааст, мардум онҳоро меписандидаанд. Маҳз ҳамин писанду мақбули халқ афтодан дили Рӯдакиро ба гуфтани шеър гарм мекунад.
     Ҷаъфари хурдсол дар баробари ақли расо, зеҳни гиро ва хотираи тавоно овози хуш ва савти дилкаше дошт. Ба нн сабаб ӯ дар пайи мутрибӣ меафтад. Вай даставвал ин ҳунарро аз созандагону навозандагони халқ меомузад. Дере нагузашта ин ҷавони ташнаи дониш роҳи Самарқандро пеш мегирад. Вай дар мадрасаҳои Самарқанд илмҳои замони худро меомӯзад. Аз осори боқимондаи ӯ маълум мегардад, ки ӯ ба ғайр аз забони арабӣ илми балоғат ва луғат, дар мадраса ё пеши устодони хусусӣ фалсафа, ҳикмат, таърих, фиқҳ (қонуншиносӣ), риёзиёт (математика) ва нуҷум (астрономия)-ро ба дараҷаи аъло аз худ карда будааст. Маснавии Даврони офтоби Рӯдакӣ оид ба илми нуҷум баҳс мекунад. Маҳз дар Самарқанд истеъдоди мутрибии Рӯдакӣ диққати устоди ҳунари мусикӣ Абулаббоси Бахтиёрро ба худ ҷалб менамояд. Ӯ чанд сол таҳти тарбияи ин устоди омӯзгор навохтани ӯду рӯд, барбату чанг ва танбӯру найро машқ карда, дар мутрибӣ ва ромишгарӣ моҳир мешавад. Худи Рӯдакӣ чандин бор ба мусиқидониаш ишора мекунад:

Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт.
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.

     Истеъдоди шоирии Рӯдакӣ низ дар ин айём камол меёбад. Шӯҳрати ӯ дар гушаю канорҳои кишвар паҳн мегардад. Рӯдакии суханвар ва ромишгар зиндагии серу пур ва сафобахш дошт.

Рӯдакӣ ва Сомониён

     Рӯдакиро даставвал ба дарбори Насри I Сомонӣ, ки солхои 864-892 ҳокими Самарқанд буд, мекашанд. Ӯ ҳамчунин дар манзилҳои деҳқонон, яъне заминдорони давлатманд ва мулкдор ба сарояндагӣ, навозандагӣ ва шоирӣ машғул мешавад. Аммо ин вобастагии Рӯдакӣ бо он даргоҳҳо доимӣ набуд. Ӯ вақти худро бештар дар маҷлисҳо ва маҳфилҳои адабию илмӣ мегузаронд. Баъди ин Рӯдакӣ бо ташаббуси Абулфазли Балъамӣ, ки аз соли 892 то соли 938 вазир буд, ба Бухоро, ба пойтахти Сомониён даъват шуд. Рӯдакӣ дар он замоне, ки авҷи болоравии худшиносии халқи тоҷик буд, даъвати Балъамиро ба ҷон пазируфт. Зеро Сомониён дар сари ин ҳаракат истода, ба эҳёи фарҳанг ва расму одат ва муқаддасоти мардум мусоидат мекарданд. Иштироки Рӯдакӣ дар ин ҳаракат айни муддао буд.
     Ӯ бо дарбори Исмоили Сомонӣ (892-907) ва Аҳмад ибни Исмоил (907-914) беалоқа набудааст. Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни Сомонӣ, яъне Насри II (914-943) ба мартабаи азим соҳиб мешавад. Бинобар ҳамин худи Рӯдакӣ мегӯяд:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.

     Насри аввали Сомонӣ дӯстдор ва ташвиқкунандаи адабиёти дарӣ буд. Худаш ҳам шеър мегуфт. Насри 2 Рӯдакиро надим, яъне аз наздикони худ мегардонд. Рӯдакӣ бо ӯ дар бисёр сафарҳояш ҳамроҳӣ карда, Нишопур, Марв, Сарахсу Ҳирот ва бисёр шаҳрҳои дигарро дидааст.
     Нуфузи Рӯдакӣ дар дарбор ниҳоят бузург буд. Дар назди шахсияти ӯ амир ва вазиронаш сари таъзим хам мекарданд. Наср ибни Аҳмад ва сарлашкарону ҳокимони қаламрави ӯ ба шоир барои қасидаву достонҳояш мукофотҳои калон медоданд. Инро аз гуфтаҳои худи Рӯдакӣ, шоири асри XI Унсурӣ ва Муҳаммад Авфӣ (асри ХШ) фаҳмндан мумкин аст. Шӯҳрати Рӯдакӣ дар суханварӣ ба дараҷае буд, ки Абулфазли Балъамӣ, ки аз сарпарастони устод Рӯдакӣ буд, гуфтааст: Дар Аҷаму Араб мисли Рӯдакӣ шоирс нест.
     Рӯдакӣ тарбиятгар ва пешвои тамоми адибони замонаш буд. Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ ва Фароловӣ аз ин қабил буданд.
     Далелҳои зиёди таърихӣ аз таъсири фавқулоддаи ашъори Рӯдакӣ шаҳодат медиҳанд. Боре Наср ибни Ахмад ба Ҳирот сафар кард. Ба сабаби хушии обу ҳаво ва зебоии табиати он чор сол он ҷо монд, пойтахти худ шаҳри Бухороро гуё аз ёд баровард. Вазирону сарлашкарони ӯ, ки муштоқи ёру диёр ва пазмони аёлу фарзандон буданд, майли Бухоро доштанд. Азбаски замони осоишта буд, амир аз фароғат даст намекашид. Саркардаҳо хоҳиши худро ба амир маъқул карда наметавонистанд. Онҳо аз устод Рӯдакӣ мадад ҷустанд, ки чорагарӣ кунад. Рӯдакӣ ба доди онҳо расид. Вай дар васфи Бухор қасидае навишта, бо самимият, ташбеҳу муболиға шеъри гушнавозе эҷад кард. Пагоҳонӣ, вақте ки амир хумори шабонаро мебаровард, он суруди пур аз нишоту шодмониро бо чанг дар пардаи Ушшоқ сароид:

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Э, Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме.

     Аз таъсири шеъри олӣ, овози хуш ва нолаи ҷонбахши чанги Рӯдакӣ Наср чунон мафтун гардид, ки мӯзаро напӯшида савори асп шуд ва бо дарбориёну лашкариёни худ роҳи Бухороро пеш гирифт. Рӯдакӣ низ бо ғуломон ва амволи зиёди худ, ки аз чаҳорсад шутур ва дусад ғулом иборат буд, ба Бухоро баргашт.

Пирӣ ва вафоти шоир

     Ба ҳамин минвол замони камолоти эҷодии Рӯдакӣ дар Бухоро гузашт. Ӯ на танҳо дар дарбор, балки дар байни халқ ва хосса гуруҳҳои равшанфикри аҳли шаҳр низ шӯҳрати тамом ёфта буд. Ин шӯҳрат ва нуфузи шоир хусусан дар замони калонсолӣ ва пирии ӯ афзун гардид. Дар бораи пирӣ ва нотавонии худ Рӯдакӣ аз ҷумла дар қасидаи Модари май ишораҳо дорад. Вале ранҷу азобҳои Рӯдакӣ дар ин айём бо кулфатҳои табиии пирӣ маҳдуд намешуд. Зеро хонадони сомонӣ дар аввали ҳукмронии худ ба пайравони мазҳабҳо, ҳатто динҳо бетараф буданд. Аз соли 919 cap карда дар хоки Сомониён, аз як тараф таблиғоти қарматӣ авҷ мегирад, аз тарафи дигар, дар охирҳои замони Насри ибни Ахмад (914 - 943) таассуб ва хурофоти мазҳабӣ хеде боло рафт. Бисёр одамони равшанфикр бо тӯҳмати қарматӣ будан ба ҷазоҳо гирифтор карда мешуданд. 
     Қарматиҳо кӣ буданд? Қарматиҳо гурӯҳи пурқуввати сиёсие буданд, ки дар асри IX пайдо шуда, деҳқонон, бодиянишинҳо ва аҳли ҳунар, хусусан, онҳоеро, ки аз мазҳаби расмии ислом ва сиёсати нажодпарастонаи халифаҳои аббосӣ, ки худро ҳокими ҳамаи мусулмонҳо мешумориданд, норозӣ буданд, муттаҳид мекарданд. Дар замони Сомониҳо он ҳамчун ҳаракати халқӣ моҳияти зиддифеодалӣ дошта, бо баъзе хусусиятҳои озодихоҳӣ ва демократиаш эътибор пайдо карда буд. Таъсиру нуфузи он ба дараҷае буд, ки амирону вазирон ва шахсони дигари соҳибэътибор низ ба он майл мекарданд. Наср ибни Аҳмад ҳам ба онҳо таваҷҷӯҳ дошт. Маънои қармат кутоҳқад аст. Сабаби чунин ном гирифтани ин ҷараён дар он аст, ки асосгузори он Ҳамдон ибни Ашъас қад ва пойҳои кӯтоҳ дошт. Аммо мухолифати рӯҳониён ва сарлашкарони сомонӣ бо қарматиҳо дар он буд, ки қарматиҳо хавфи таназзули давлати сомонӣ ва ҳуҷуми бодиянишинҳоро пай бурда, мехостанд, ки рӯҳи нажодиро дар байни халк пурқувват намоянд. Онҳо аз сарлашкарони туркнажоди мамлакати худ низ бим доштанд. Ҳамаи инро ба ҳисоб гирифта, аҳли хирад тадбир меҷуст. Таълимоти қарматӣ, ки бузургии нажоди эрониро нисбат ба арабу турк таблиғ мекард, чун мафкура такягоҳи хубе буд. Равшанфикрони он замонинро фаҳмида, ба он пайравӣ мекарданд. Аммо рӯҳониёни ислом ва дарбориёни иртиҷоӣ нуфузи рӯзафзуни ин мафкура ва бар зарари худ будани онро дарк намуда ҳама мухолифони худро қарматӣ меномиданд, онҳоро ба бединӣ бадмазҳабӣ айбдор мекарданд. Лашкариён бошанд, онҳоро мекӯфтанду ғорат мекарданд. Аз ҷумла соли 938 Абулфазли Балъамӣ бо ҳамин “гуноҳ” аз вазирӣ фуроварда шуд. Балъамӣ дар моҳи ноябри соли 940 вафот кард. Ин воқеа ба тақдири Рӯдакӣ, ки аз наздикони Балъамӣ буд, бетаъсир намонд.
     Рӯдакӣ аз фитнаҳо, бетартибиҳо, амалиёти зиддихалқии қувваҳои ҷудоиҷӯи марказгурез ва ривоҷи хурофоти мазҳабӣ, ки ҳаёти шоирро талх карда, ба кори эҷодии ӯ халал мерасонданд, ба танг омада, дар сафи одамони пешқадам, ватандӯст ва халқпарвар меистад. Вай ҳатто аз он пушаймон мешавад, ки дар дарбор хизмат кардааст:

Басе нишастам ман бо акобиру аъён,
Биозмудамашон ошкору пинхонӣ.
Нахостам зи таманно магар, ки дастурӣ,
Наёфтам зи атоҳо магар пушаймонӣ.

     Ҳукуматдорон ин рафтори бебоконаи шоирро бардошта натавонистанд. Онҳо молу мулки Рӯдакиро мусодира карда, ба чашми ӯ мил кашида, кӯр карданд. Мил кашидан аз қабеҳтарин ҷазоҳои ҳокимони феодалӣ буд, ки бо лӯлачаи оҳанини тасфон гавҳараки чашми одамонеро, ки аз ҷиҳати мафкуравӣ хавфноктарин шумурда мешуданд, доғ мекарданд.
     Рӯдакии пири нотавон, озорёфта ва ҷазогирифта ба деҳаи худ баргашт. Ҳамдиёрон ӯро дар оғуши навозиш ва ғамхорӣ гирифтанд. Баъди бозгашт ба зодгоҳ Рӯдакӣ зиндагии пурҷӯшу хурӯш ва осудаи худро ба ёд оварда, мулоҳиза меронд, ки чаро ӯро аз майдони мубориза берун карданд? Бале, гуноҳе надошт. Шоири ранҷур навишта буд:

Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон,
Чунон ки ҷоҳи май афзун буд аз амиру мулук.
Қунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон,
Маро нагуй, ки аз чӣ шудаст шодӣ сук?

     Баъди се соли ба зодгоҳи худ баргаштан, яъне соли 941 Рӯдакӣ аз олам гузашт. Ҷасади ӯро дар саҳни бӯстони Панҷрӯд ба хок супурданд. Оромгоҳи ӯ то имрӯз зиёратгоҳи мухлисони назми пок ва сухани олӣ мебошад.

Рубоиёт

Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,
Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.
Бӯйи ҷигари сухта олам бигирифт,
Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост.

* * *
Бо он ки дилам аз ғами ҳаҷрат хун аст,
Шодӣ зи ғами туам зи ғам афзун аст!
Андеша кунам ҳар шабу гӯям, ё раб,
Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст?

* * *
Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст,
Он ҷо ду ҳазор найза болои хун аст.
Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд,
Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст!

* * *
Дил хаставу бастаи мусалсалмӯйест,
Хунгаштаву куштаи бути ҳиндуест.
Суде накунад насиҳатат, эй воиз,
Ин хонахароб турфа якпаҳлуест.

* * *
Тақдир, ки ба куштанат озарм надошт,
Бар ҳусну ҷавони-т дили нарм надошт.
Андар аҷабам зи ҷонситон, к-аз чу туе
Ҷон бистуду аз ҷамоли ту шарм надошт.

* * *
Чашмам зи ғамат ба ҳар ақиқе, ки бисуфт,
Бар чеҳра ҳазор гул зи розам бишкуфт.
Розе, ки дилам зи ҷон ҳамедошт нуҳуфт,
Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт.

* * *
Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!
Бо васли ту касс чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам он рӯз мабод!

* * *
Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад,
В-ар бикшойӣ, ҷангали боз андозад,
В-ар печу хамаш зи якдигар бикшоянд,
Доман-доман мушки Тароз андозад.

* * *
Чун субҳ алам зад ба ҳисомат монад,
Чун якшаба шуд моҳ, ба ҷамоат монад!
Тақдир ба аспи тезгомат монад,
Рӯзӣ ба ато додани омат монад!

* * *
Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад,
Як пурсиши гарм ҷуз табам касс накунад
В-ар ҷон ба лаб оядам ба ҷуз мардуми чашм
Як қатраи об бар лабам кас накунад.

* * *
Номат шунавам, дил зи фараҳ зинда шавад,
Ҳоли ман аз иқболи ту фархунда шавад.
В-аз ғайри ту ҳар ҷо сухан ояд ба миён,
Хотир ба ҳазор ғам пароканда шавад.

* * *
Омад барии манн. Кӣ? Ёр. Кай? Вақти саҳар.
Тарсанда зи кӣ? Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар!
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар!
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар!

* * *
Ҳон ташнаҷигар, маҷӯй з-ин боғ самар,
Бедистонест ин риёзи ба ду дар!
Беҳуда мамон, ки боғбонат ба қафост,
Чун хок нишаста гиру чун бод гузор!

* * *
Чун кушта бибинам ду лаб гашта фароз
В-аз ҷон диҳӣ ин қолаби фарсуда ба оз.
Бар болинам нишину мегӯй ба ноз,
К-ай кушта туро ману пушаймон шуда боз!

* * *
Дар ҷустани он нигори пуркинаву ҷанг
Гаштем сарпойи ҷаҳон бод дили танг.
Шуд даст зи кору монд пой аз рафтор,
Ин баски ба сар задаему он баски ба санг!

* * *
Бар ишқи туям на сабр пайдост, на дил,
Бе рӯйи туям на ақл бар ҷост, на дил!
Ин ғам, ки марост кӯҳи қоф аст, на ғам,
Ин дил ки турост, санги хорост, на дил!

* * *
Воҷиб набувад ба кас-бар афзолу карам,
Воҷиб бошад, ҳаройина, шукри ниъам,
Тақсир накард хоҷа бар новоҷиб,
Ман бар воҷиб чи гуна тақсир кунам?!

* * *
Юсуфрӯйе, к-аз ӯ фиғон кард дилам,
Чун дасти занони мисриён кард дилам.
З-оғоз ба бӯса меҳрубон кард дилам,
Имрӯз нишонаи ғамон кард дилам!

* * *
Дар пеши худ он нома чу булклиа ниҳам,
Парвин зи сиришки дида бар ҷома ниҳам,
Дар посухи ту чу даст бар хома ниҳам,
Хоҳам, ки дил андар шикани нома ниҳам.

* * *
Дар манзили ғам фиканда мафраш моем
В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем,
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,
Дастихуши рӯзгори нох(в) аш моем.

* * *
Рӯят дарёи ҳусну лаълат марҷон,
Зулфат анбар, садаф даҳан, дур дандон,
Абрӯ каштию чини пешонӣ мавҷ,
Гирдоби бало ғабғабу чашмат тӯфон.

* * *
Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон
В-аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон.
Алқисса, ки аз дасти азоби ҳиҷрон
Дар оташи рашкам дигар аз дӯзахиён!

* * *
Дидор ба дил фурӯхт, нафрӯхт гарон,
Бӯса ба равонфурӯшаду ҳаст арзон!
Оре, ки чу моҳ бувад бозаргон.
Дидор ба дил фурӯшаду бӯса ба ҷон!

* * *
Аз ҳаҷри маҳи рухи ту, эй мояи ҷон,
Пурдур карданд чун даҳони ту ҷаҳон.
Аз нохуни даст хаста кардам дилу ҷон,
Фарёдраси ғамат на ин буду на он.

* * *
Ай аз гули сурх рангбирбудаву бӯ,
Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ!
Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ,
Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ ҳама кӯ!

* * *
Аз нолаи пири хонакоҳ аз ғами ту,
В-аз гиряи тифли бегуноҳ аз ғами ту,
Афғони хурӯси субҳгоҳ аз ғами ту,
Оҳ аз ғами ту, ҳазор оҳ аз ғами ту!

* * *
Чархи каҷабоз то ниҳон сохт каҷа,
Бо неку бади дойира дар бохт каҷа.
Ҳангоми шаб гузашту шуд қисса тамом,
Толеъ ба кафам яке наяндохт каҷа!

* * *
Зулфат дидам сар аз чамон печида
В-андар гули сурхи арғавон печида,
Дар ҳар банде ҳазор дил дар бандаш,
Дар ҳар пече ҳазор ҷон печида!

* * *
Чун кори дилам зи зулфи ӯ монд гиреҳ,
Бар ҳар раги ҷон сад орзу монд гиреҳ.
Уммед зи гиря буд афсус, афсус,
К-он ҳам шаби васл дар гулӯ монд гиреҳ!

* * *
Аз Каъба калисёнишинам кардӣ,
Охир дар куфр беқаринам кардӣ!
Баъд аз ду ҳазор саҷда дар даргаҳи дӯст,
Эй ишқ, чи бегона зи динам кардӣ!

* * *
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кӯру кар ар нуқта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

* * *
Он харпадарат ба дашт хошок задӣ,
Момот дафи дурӯя чолок задӣ.
Он бар сари гӯрҳо таборак хондӣ.
В-ин бар дари хонҳо табурок табурок задӣ.

* * *
Дил сер нагардад зи бедодгарӣ,
Чашм об нагардад, чу бар ман нигарӣ
Ин турфа, ки дӯсттар зи ҷонат дорам,
Бо он ки зи сад ҳазор душман батарӣ!

* * *
Бо дода қаноъат куну бод од бизӣ!
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махур,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!

* * *
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ!
Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!
Вайронии худ мангару ободии даҳр,
Вайронии даҳр бину обод бизӣ!

* * *
Нарафта ба шаҳроҳи васлат гоме,
Ноёфта аз ҳусну ҷамолат коме,
Ногоҳ шунидам зи фалак пайғоме,
К-«аз хумми фироқ нӯш бодат ҷоме!»

 

Қасидаи "Шикоят аз пирӣ"

     Қасидаи "Шикоят аз пирӣ " эҳсосу ҳаяҷони махсусро фаро гирифта ва аз аввал то охир бо сӯзи риққат навишта шудааст. Рӯдакӣ қариб тамоми умр рӯзҳои хушу нишотро аз сар гузаронидааст, ғаму кулфаташ кам, баръакс, ҳаёташ бо тантанаю шодмонӣ ҳамроҳ будааст. Фақат дар охири умр ӯ азоби гушношунид дидааст.

. . . Маро бисуду фурӯ рехт ҳар чӣ дандон буд, 
Набуд дандон, ло - бал чароғи тобон буд.
Сапеду симзада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд. 
Яке намонд кунун з - он, ҳама бисуду бирехт,
Чӣ наҳс буд? - Ҳамоно, ки наҳси Кайвон буд. 
На наҳси Кайвон буду на рӯзгори дароз,
Чӣ буд ман - т бигӯям, қазои яздон буд.
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст,
Ҳамеша то буд, ойин - ш гирдгардон буд.
Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷои дард шавад 
Ва боз дард ҳамон, к - аз нахуст дармон буд.
Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд 
Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд. 
Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд
Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд.
Ҳаме чӣ донӣ, эй моҳрӯи мушкинмӯй,
Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд?
Ба зулфи чавгон нозаш ҳамекунӣ ту бад - ӯ,
Надидӣ он гаҳ ӯро, ки зулфчавгон буд.
Шуд он замона, ки рӯяш ба сони дебо буд,
Шуд он замона, ки мӯяш ба сони қатрон буд.
Чунон, ки хубии меҳмону дӯст буд азиз, 
Бишуд ки боз наёмад, азизмеҳмон буд. 
Басо нигор, ки ҳайрон будӣ бад - ӯ бар чашм,
Ба рӯи ӯ дари чашмам ҳамеша ҳайрон буд.
Шуд он замона, ки ӯ шод буду хуррам буд, 
Нишоти ӯ ба фузун буду бими нуқсон буд. 
Ҳамехариду ҳамесохт бешумор дирам, 
Ба шаҳр ҳар кӣ яке турки норпистон буд.
Басо канизаки некӯ, ки майл дошт бад - ӯ, 
Ба шаб зи ёрии ӯ назди ҷумла пинҳон буд, 
Ба рӯз чунки наёрист шуд ба дидани ӯ,
Ниҳеби хоҷаи ӯ буду бими зиндон буд.
Набиди равшану дидори хубу рӯи латиф,
Агар гарон буд, зӣ ман ҳамеша арзон буд.
Дилам хазинаи пурганҷ буду ганҷ сухан, 
Нишони номаи мо мӯҳру шеър унвон буд. 
Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад,
Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд.
Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър, 
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд. 
Ҳамеша чашмам зӣ зулфакони чобук буд,
Ҳамеша гӯшам зӣ мардуми сухандон буд.
Аёл на, зану фарзанд на, маунат на, 
Аз ин ситам ҳама осуда буду осон буд.
Ту Рӯдакиро, эй моҳрӯ, ҳамебинӣ, 
Бад - он замона надидӣ, ки инчунин он буд.
Бад - он замона надидӣ, ки дар ҷаҳон рафтӣ
Сурудгӯён, гӯӣ ҳазордастон буд.
Шуд он замона, ки ӯ унси родмардон буд,
Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд. 
Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон аст,
Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон буд 
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд. 
Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон, 
Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳамён буд. 
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ, 
Варо бузургию неъмат зи оли Сомон буд.
Бидод мири Хуросон - ш чил ҳазор дирам, 
Дар ӯ фузунии як панҷ мири Мокон буд. 
Зи авлиёи пароканда низ ҳашт ҳазор, 
Ба ман расид, бад - он вақт ҳоли хуб он буд.
Чу мир дид сухан, дод доди мардии хеш, 
Зи авлиёш чунон, к - аз амир фармон буд. 
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам, 
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд.

Модари май

Модари майро бикард бояд қурбон, 
Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон. 
Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ, 
То - ш накӯбӣ нахусту з - ӯ накашӣ ҷон. 
Ҷуз, ки набошад ҳалол дур бикардан, 
Баччаи кӯчак зи шири модару пистон. 
То нахӯрад шир ҳафт маҳ ба тамомӣ, 
Аз сари урдибиҳишт то буни обон. 
Он гаҳ шояд зи рӯи дину раҳи дод, 
Бачча ба зиндони тангу модар қурбон. 
Чун бисупорӣ ба ҳабс баччаи ӯро, 
Ҳафт шаборӯз хира монаду ҳайрон. 
Боз чу ояд ба ҳушу ҳол бубинад, 
Ҷӯш барорад, бинолад аз дили сӯзон. 
Гоҳ забар зер гардад аз ғаму гаҳ боз 
Зер - забар ҳамчунон з - андӯҳи ҷӯшон. 
Зар(р) бар оташ куҷо бихоҳӣ полуд, 
Ҷӯшад, лекин зи ғам наҷӯшад чандон. 
Боз ба кирдори уштуре, ки бувад маст, 
Кафк барорад зи хашму зояд шайтон. 
Марди ҳарос кафкҳош пок бигирад, 
То бишавад тирагишу гардад рахшон. 
Охир, к - ором гираду наҷаҳад тез, 
Дар - ш кунад устувор марди нигаҳбон. 
Чун бинишинад тамому софӣ гардад, 
Гунаи ёқути сурх гираду марҷон. 
Чанд аз ӯ сурх чун ақиқи ямонӣ, 
Чанд аз ӯ лаъл чун нигини Бадахшон. 
В - ар - ш бибӯӣ гумон барӣ, ки гули сурх
Бӯй бад - ӯ доду мушку анбари бобон. 
Ҳам ба хум андар ҳамегудозад чунин, 
То ба гаҳи навбаҳору нимаи найсон. 
Он гаҳ агар ними шаб дараш бикушоӣ, 
Чашмаи хуршедро бубинӣ тобон. 
В - ар ба булӯр - андарун бубинӣ, гӯӣ,
Гавҳари сурх аст ба кафи Мӯсии Имрон 
Зулф шавад родмарду суст диловар, 
Гар бичашад з - ӯю ройзард - гулистон.
В - он, ки ба шодӣ яке қадаҳ бихӯрад з - ӯй,
Ранҷ набинад аз он фарозу на аҳзон. 
Андӯҳи даҳсоларо ба Танҷа рамонад, 
Шодии навро зи рай биёраду Уммон. 
Бо майи чунин, ки солхӯрда бувад чанд,
Ҷом бигардад фарози панҷаи хулқон. 
Маҷлис бояд бисохта маликона, 
Аз гулу в - аз ёсуману хайрии алвон.
Неъмати фирдавс густурида зи ҳар сӯ, 
Сохта коре, ки кас насозад чунон. 
Ҷомаи заррину фаршҳои навойин, 
Шӯҳра раёҳину тахтҳои фаровон. 
Барбати Исову фаршҳои фаводӣ, 
Ҷанги Мудакниру нойи чобуки ҷонон.
Як саф мирону Балъамӣ бинишаста, 
Як саф Ҳаррону Пирсолеҳи деҳқон. 
Хусрав бар тахти пешгоҳ нишаста, 
Шоҳи мулуки ҷаҳон амири Хуросон. 
Турк ҳазорон ба пой пеши саф - андар,
Ҳар як чун моҳи бар ду ҳафта дурахшон. 
Ҳар як бар сар басо - к мӯрд ниҳода, 
Рӯш майи сурху зулфи ҷаъдаш райҳон. 
Бодадиҳанда буте бадеъ зи хубон, 
Баччаи хотуни турку баччаи ҳоқон. 
Чун - ш бигардад набид чанд ба шодӣ, 
Шоҳи ҷаҳон шодмону хурраму хандон. 
Аз кафи турке сиёҳчашми парирӯй, 
Қомати чун сарву зулфакон - ш чавгон,
З - он майи хушбӯй соғаре биситонад, 
Ёд кунад рӯи шаҳриёри Саҷистон. 
Худ бихӯрад нӯшу авлиёш ҳамэдун 
Гӯяд ҳар як чу май бигирад шодон: 
"Шодии БӯҶаъфар Аҳмад бинни Муҳаммад, 
Он маҳи озодагону мафхари Эрон, 
Он малики адлу офтоби замона, 
Зинда бад - ӯ доду рӯшноии кайҳон,
Он - к набуд аз нажоди одам, чун ӯ,
Низ набошад, агар нагӯӣ бӯҳтон. 
Ҳуҷҷати якто худою сояи ӯяст, 
Тоати ӯ карда воҷиб ояти Фурқон. 
Халқ зи хоку зи обу оташу боданд, 
В - ин малик аз офтоби гавҳари Сосон. 
Фар(р) бад - ӯ ёфт мулки тираву торӣ, 
Адн бад - ӯ гашт низ гетии вайрон. 
Гар ту фасеҳӣ, ҳама маноқиби ӯ гӯй, 
В - ар ту дабирӣ, ҳама мадоеҳи ӯ хон. 
В - ар ту ҳакимию роҳи ҳикмат ҷӯйӣ, 
Сирати ӯ гиру хуӣ мазҳаби ӯ дон. 
Он - к бад - ӯ бингарӣ ба ҳикмат, гӯйӣ
Инак Суқроту ҳам Фалотуни Юнон. 
В - ар ту фақеҳию сӯйи шаръ гиройӣ, 
Шофеӣ инак ту, БӯҲанифаву Суфён. 
Гар бикушояд зуфон ба илму ба ҳикмат,
Марди хирадро адаб физояду имон. 
В - ар ту бихоҳӣ фариштае, ки бубинӣ,
Инак ӯяст ошкоро Ризвон". 
Хуб нигаҳ кун бад - он латофату он рӯй, 
То ки бубинӣ бар ин, ки гуфтам, бурҳон.
Покии ахлоқи ӯву покнажодӣ 
Бо нияти неку бо макорими эҳсон.
В - ар сухани ӯ расад ба гӯши ту як роҳ,
Саъд шавад мар туро нуҳусати Кайвон. 
В - ар - ш ба садр - андарун нишаста бубинӣ,
Ҷазм бигӯйӣ, ки зинда гашт Сулаймон. 
Сомсаворе, ки то ситора битобад, 
Асб набинад, чун ӯ савора ба майдон. 
Боз ба рӯйи набарду кину ҳамият, 
Гар - ш бубинӣ миёни миғфару хафтон. 
Хор намояд - т зиндапил бад - он гоҳ 
В - арчи бувад масту тез гаштаву ғуррон. 
В - ар - ш бидидӣ Сифандиёр гаҳи разм, 
Пеши синонаш ҷаҳон давидаю ларзон. 
Гарчӣ ба ҳангоми ҳилм кӯҳ тани ӯй, 
Кӯҳи Сиём аст, ки кас набинад ҷунбон. 
Душман ар аждаҳост, пеши синонаш 
Гардад чун мум пеши оташи сӯзон. 
В - ар ба набард оядаш ситораи Баҳром,
Тӯшаи шамшери ӯ шавад ба гаравгон. 
Боз бад - он гаҳ, ки май ба даст бигирад,
Абри баҳорӣ чун ӯ наборад борон. 
Абри баҳорӣ ҷуз оби дида наборад, 
Ӯ ҳама дебо ба тахту зар(р) ба анбон. 
Бо ду каф ӯ зи бас ато, ки бубахшад, 
Хор намояд ҳадису қиссаи тӯфон. 
Лоҷарам, аз ҷуду аз саховати ӯяст, 
Нарх гирифта мадеҳу сомити арзон. 
Шоир зӣ ӯ равад фақиру тиҳидаст, 
Бо зари бисёр боз гардаду ҳамлон.
Марди суханро аз ӯ навохтану бир(р),
Марди адабро аз ӯ вазифаи девон. 
Боз ба ҳангоми доду адл бар халқ 
Нест ба гетӣ чун - ӯ набилу мусулмон.
Дод биёбад заиф ҳамчу қавӣ з - ӯй, 
Ҷавр набинӣ ба назди ӯву на удвон. 
Неъмати ӯ густурида бар ҳама гетӣ, 
Он чи кас аз неъматаш набинӣ урён. 
Бастаи гетӣ аз ӯ биёбад роҳат, 
Хастаи гетӣ аз ӯ биёбад дармон. 
Бо расани авфи он муборак хусрав,
Ҳалқаи танг аст ҳар - ч дашту биёбон.
Пӯзиш бипазираду гуноҳ бибахшад, 
Хашм наронад, ба авф кӯшаду ғуфрон. 
Он малики Нимрӯзу Хусрави пирӯз, 
Давлати ӯ юзу душман - оҳуи нолон. 
Амр бин(н) ал - Лайс зинда гашт бад - ӯ боз,
Бо ҳашами хешу он замонаи эшон. 
Рустамро ном агар чи сахт бузург аст,
Зинда бад - ӯяст номи Рустами Дастон. 
Рӯдакиё, барнавард мадҳи ҳама халқ,
Мадҳи ӯ гӯю мӯҳри давлат бистон!
В - ар - ч бикӯшӣ ба ҷаҳди хеш бигӯйӣ
В - ар чи кунӣ тез фаҳми хеш ба сӯҳон,
В - ар чи дусад тобеа фаришта дорӣ, 
Тезпаре бозу ҳар - ч ҷинию шайтон. 
Гуфт надонӣ сазошу хезу фароз ор,
Он - к гуфтӣ, чунон - к гуфтӣ натвон.
Инак мадҳе чунон, ки тоқати ман буд, 
Лафз ҳама хубу ҳам ба маънӣ осон. 
Ҷуз ба сазовори мир гуфт надонам, 
В - ар чи ҷарирам ба шеъру Тойию Ҳассон.
Мадҳи амире, ки мадҳ з - ӯст ҷаҳонро, 
Зиннат ҳам з - ӯю фарру нуҳзату сомон.
Сахт шикӯҳам, ки аҷзи ман бинамояд, 
В - ар чи Сареам або фасоҳати Саҳбон. 
Бар духти мадҳ арза кард замоне 
В - ар чи бувад чира бар мадоеҳи шоҳон.
Мадҳи ҳама халқро карона падид аст, 
Мидҳати ӯро карона неву на поён.
Нест шигифте, ки Рӯдакӣ ба чунин ҷой,
Хира шавад беравону монад ҳайрон.
В - арна маро БӯУмар диловар кардӣ 
В - онгаҳ дастуре гузидаи Аднон. 
Заҳра куҷо будаме ба мадҳи амире,
К - аз пайи ӯ офарид гетӣ яздон.
В - ар - ам заифию бебудам набудӣ 
В - он - к набуд аз амири машриқ фармон.
Худ бидавидӣ ба сони пайк мураттаб
Хидмати ӯро гирифта ҷома ба дандон.
Мадҳи расул аст, узри ман бирасонад,
То бишиносад дуруст мири сухандон.
Узри раҳи хешу нотавонию пирӣ, 
К - ӯ ба тани хеш аз ин наёмад меҳмон.
Давлати мирам ҳамеша бод бар афзун, 
Давлати аъдои ӯ ҳамеша бар нуқсон! 
Сар - ш расида ба моҳ - бар ба баландӣ
В - они муодӣ ба зери моҳӣ пинҳон. 
Талъати тобандатар за талъати хуршед,
Неъмати пояндатар зи Ҷудию Саҳлон.

КАЛИЛА ВА ДИМНА

     Асли ин достони машҳури ҷахонӣ ҳиндӣ буда, дар асри VI аз ҳиндӣ ба паҳлавӣ тарҷима шуда буд. Баъд онро дар асри VIII Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ аз паҳлавӣ ба арабӣ гардонд. Дар аҳди Наср ибни Аҳмади Сомонӣ Калила ва Димнаро Балъамӣ аз арабӣ 6а форсии дарӣ бо наср тарҷима карда буд.
     Калила ва Димна маҷмуаи қиссаю ҳикояҳои пандомезест, ки аз забони ҳайвонот нақл шуда, масъалаҳои муҳимми ахлоқию иҷтимоиро дар бар мегирад. Онро ба Рӯдакӣ мехонданд. Чашмони Рӯдакӣ он вақт хира буд. Вай онро аз рӯи тарҷумаи тоҷикии Балъамӣ ба риштаи назм кашид. 
     Калила ва Димнаи Рӯдакӣ асари панду ахлоқӣ буда, дар он масъалаҳои тарғиби одоби баланд, ахлоқи пок, одамгарӣ, дӯстӣ, рафоқат, дониш ва баръакс мазаммати нуқсонҳои инсонӣ ва иллатҳои ҷамъиятӣ тасвир мешавад. Ба ақидаи устод Рӯдакӣ, барои пеш рафтани инсон ду чиз аз ҳама заруртар аст: омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва ба даст даровардани илму дониш. Аммо сарчашмаи муваффақиятҳои шахсии одам ба кӯшиши мақсадноки ҳамешагӣ, сабру тоқат ва солорию бурдборӣ вобаста мебошад. Дар Калила ва Димна устод Рудакй ягонагии дониши инсоният, иштироки халқҳои гуногуни дунё дар кори ба вуҷуд овардани хазинаи маданият, ҳамеша дар такомул будани илм ва нури маърифат будани онро таъкид менамояд.

Муқаддама

Ҳар киро эзад-ш лахте ҳуш дод, 
Рӯзгор ӯро басанда устод. 
Ҳар ки н-омухт аз гузашти рузгор, 
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омузгор. 

То ҷаҳон буд аз сари Одам фароз,
Касс набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Рози донишро бо ҳар гунна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст…
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рав Туву ин ганҷ неҳ.

 

Боби Барзӯяи табиб

Аз ҳамолон в-аз бародар ман фузун,
З-он ки манн умедворам низ юн.

Боз кард аз хоб занро нарму х(в)аш,
Гуфт: «дуздонанду омад ройпаш».

Шав бад-он кунҷ андарун ҳумме биҷӯй,
Зери ӯ самчест берун шав бад-ӯй.

Марди муздур андар оғозид кор,
Пеши ӯ дастон ҳамезад бе киёр.

Чоҳ пуркарбосаву пуркаждумон,
Хӯрди эшон пӯсти рӯйи мардумон.

 

Боби Шеру Гов

Доштӣ он тоҷири давлатшиъор,
сад қатор сор андар зери бор.

Ҳамчунон Сурма, ки духти хубрӯй,
Ҳам ба сони гард бардорам за ӯй.
Гарчи ҳар рӯз андаке бардорадаш,
Бофдум рӯзе ба поён орадаш.
Об ҳарчи бештар Неру кунад,
Банду варғи сусту пуда барканад.

Хоягони ту чу кобили шудаст,
Ранги ӯ чун ранги потили шудаст.

Чун яке хошоки афканда ба кӯй,
Гӯшхоронро ниёз ояд бад-ӯй.

Димнаро гуфто, ки то ин бонг чист
Бо ниҳебу саҳм, ин овойи кист?
Димна гуфт ӯро: ҷуз ин ово дигар
Кори ту на ҳасту саҳме бештар!
Дил гусаста дорӣ аз бонги баланд,
Ранҷаке бошад-ту озору газанд!

Пас табире дид наздики дарахт,
Ҳар гаҳе бонге биҷастӣ тунду сахт.
Гурусна рӯбоҳ шуд то он табир,
Чашм зӣ ӯ бурда, монда хир-хир.

Зан чу ин бишнида шуд, зомӯш шуд,
Кафшгар конову марде лӯш буд…
Мардро наҳмор хашм омад аз ин,
Ғовшанге бар каф овардаш газин.

Кард бояд маар маро в-ӯро раван,
Шер то темор дорад хештан.

Шер хашм оварду ҷаст аз ҷойи хеш,
В-омад он харгӯшро олуға пеш.

Ҳам худ омада бувӣ в-ороста,
Ҷанги ӯро хештан пероста.

Ҳамчунон кабте, ки дорад ангубин,
Чун намонад достони ман чунин?
Кабт ногаҳ бӯйи нилуфар биёфт,
Хушаш омад сӯйи нилуфар шитофт.
В-аз барии хушбӯй нилуфар нишаст
Чун гаҳи рафтан фароз омад наҷаст.
То чу шуд дар об нилуфар ниҳон,
Ӯ ба зери об монд аз ногаҳон.

Чун кашаф анбӯҳи ғавғоӣ бидид,
Бонгу жаххи мардумон, хашм оварид.
Мода гуфто, ҳеҷ шармат нест, век!
Бас сабуксорӣ, на бад донӣ, на нек!

Подшо Симурғ дарёро бибурд,
Хонаю бачча бад-он Тайту супурд.

Шаб зимистон буд каппӣ сард ёфт,
Кирмаке шабтоб ногоҳе битофт.
Каппиён-ш оташ ҳаме пиндоштанд,
Пуштаи ҳезум бар ӯ бардоштанд.

В-аз дарахт-андар гувоҳӣ хоҳад ӯй,
Ту бад-он вақт аз дарахт-андар бигӯй,
К-он табангу, к-андар он динор буд,
Он ситад з-эдар, ки ноҳушёр буд.

Андар он шаҳре, ки муш оҳан хурад,
Боз парад дар ҳаво, кӯдак барад.

Танг шуд олам ба ӯ аз баҳри гов,
Шӯр-шӯр андар фиканду ков-ков.
Бори кажмардум ба кангара-ш андаро,
Чун аз ӯ суд асту маар шодӣ туро.

Нозди он шоҳи замин кардаш паём:
«Доруе фармой зомаҳрон ба ном»…
Сус парварда ба май бигдохта,
Нек дармоне занонро сохта.
Дастгоҳи ӯ надонад к-аз чӣ рӯй,
Танбулу канбураву дастони ӯй.

Песиву носуркуну гурбапой,
Хоя ғур дорӣ ту чун уштурдироӣ.

 

Боби дӯстии кабӯтар ва зоғу муш ва бохаву оҳу

Бар сари шохи чанор истода зоғ,
Бонг барбурда зи ҳар сӯ коғ-коғ.

Аз замӣ барҷастаме то чошдон,
Хӯрдаме ҳар-ч андар он будӣ зи нон.

Манн сухан гӯям, ту конӣ кунӣ,
Ҳар замоне даст бар дастат занӣ…
Марди динӣ рафту овардаш кананд,
Чун ҳаме меҳмон дари манн хост канд…
Гуфт диниро, ки ин динор буд,
К-ин фажокин мушро парвор буд!

Гар хурӣ аз хӯрда бигсорат-т ранҷ,
Гар диҳӣ мину фароз орад-ту ганҷ!

Офарида мардумон маар ранҷро,
Пеша карда ранҷи ҷоноҳанҷро.

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз диори рӯйи дӯстон!
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар!

Худ туро ҷӯяд ҳама хубиву зеб,
Ҳамчунон чун навҷаба ҷӯяд нишеб!

Чун фароз омад бад-ӯ оғози марг,
Диданаш бегор гардонду маҷарг.

Ҷой кард аз баҳри будан козае,
З-он ки карда будашон андозае.

Оҳу аз дом-андарун овоз дод,
Посухи гурза ба дониш боздод.

Чун бигардад пойи ӯ аз пойдон,
Худ шикӯҳида бимонад ҳамчунон.
Ошикӯхад бар замин душвортар.

Бо курузу хуррамӣ оҳу ба дашт,
Мехиромад чун касе к-ӯ гашт маст.

 

Боби буф ва зоғ

Заш аз ӯ посух даҳам андар ниҳон,
Заш ба пайдоӣ миёни мардумон.

Гуфт бо зарғуш: «хона-хони ман,
Хезу гашта, бод хокаш бехта»

Пар биканда, ҷангу ҷангал рехта,
Хок гашта, бод хокаш бехта!

Зишта нофарҳехтаву нобихраде,
одамирӯеву дар ботин даде.

Аз фаровонӣ, ки хушкомор кард,
З-он ниҳон маар мардро бедор кард.

Кор чун баста шавад, бикшоядо
В-аз паси ҳар ғам тараб афзоядо!

Он киро донам, ки ӯям душман аст,
В-аз равони пок бадхоҳи ман аст.
Ҳам ба ҳар гаҳ дӯстӣ ҷӯям-ш ман.
Ҳам сухан б-оҳистагӣ гӯям-ш ман.

 

Боби бӯзина ва боха

Бӯзина ҷасту гурез андар замӣ,
Бонг барзад аз куруз хуррамӣ.

Баски бар гуфта пушаймон будаам,
Баски бар ногуфта шодмон будаам.

 

Дида шуд: 4


2020 SHOIR.TJ