Абдурраҳмони Мушфиқӣ (1525-1588)


Зиндагинома

Шоир ва воқеанигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ будани худ ишораҳо мекунад. Шоир дар шаҳри Самарқанд ба Абдуллохон қасидае навишта, аз мулки хеш- аз Бухоро дур афтодани худро хабар медиҳад.

«ғариби мулки хешам дар замони давлатат, шоҳо!»

Мушфиқӣ дар хурдсолӣ аввал аз падар ва сонитар аз модар ятим мемонад. Дар ин бора баъзе ишораҳои шарҳиҳолии ў гувоҳӣ медиҳанд. Чунончи:

Бо падар хурсанд будам, бевафоӣ кард умр,

Меҳр бар модар ниҳодам, ёфт модар ҳам вафот.

Мушфиқӣ аз сабаби тангии маишӣ ба хидмати яке аз ҳунармандони шаҳри Бухоро дохил шуда, аз ў бисёр дастгириҳо мебинад. Бо дастгирии ин марди шариф таҳсили ибтидоиро ба поён расонида, ба мадрса дохил мешавад.

Мушфиқӣ илмҳои ҷории замонааш: ҳикмат, ҳайат, нуҷум, рамлу ҳисоб, каломро хуб меомўзад. Хусусан умуми адабӣ ва аз миён назмро бештар дўст медорад:

Шеър оби ҳаёт аст, хуш он ном, ки монад,

Ҷовид зи оби сухани марди сухандон.

Давраи аввали сабзиш ва камолоти маънавии шоир дар шаҳри Бухоро сипарӣ мешавад. Ў шеъргўиро дар ҳамин шаҳр шурўъ кардааст. Мактабҳои адабии Бухоро Мушфиқиро ҳамчун шоири тавоно мепазиранд, вале ҳусудони дарборӣ ўро хеле фишор медиҳанд. Шоир дар ҷавонӣ ғолибан ашъори мутоибавӣ гуфтааст, зеро даврони ятимӣ ва бепарастории ў эҷоди чунин ашъор боис гардидааст.

Мушфиқӣ соли 1564 ба Самарқанд меояд, ки шояд сабаби сафари шоир ҳамоно тангии маишӣ бошад. Шоир дар Самарқанд ба вазифаи китобдори Султон Саид пазируфта мешавад ва даҳ сол дар ин шаҳр истиқомат мекунад. Ў дар ситоиши Султон Саид чанд қасида низ эҷод кардааст. Саид чанд қасида низ эҷод кардааст ва девони якуми ғазалиёти худро низ ба ин ҳоким бахшидааст. Аз баъзе ишораҳои шоир пайдост, кирўзгори ў дар Самарқанд низ чандон хуб набудааст:

Хони олиқадри кайвонманзилат Султон Саид,

Пеши даргоҳи ту гардуни муалло ҳеҷ нест.

Арзи ҳоли ман, ки ҳастам заррае беэътибор,

Назди хуршеди замири оламро ҳеҷ нест.

Шуд се соли рост, к-аз ҷинси ҷаву гандум маро,

Дона ҷуз дар мазраи парвину ҷавзо ҳеҷ нест.

Қуръа афкандам барои фол, мўрон саф заданд,

Нуқтаҳоро дона пиндоранду аммо ҳеҷ нест.

Ҳамин гуна ишораҳои шикоятӣ дар ашъори Мушфиқӣ хеле зиёд ба назар мерасад. Аксари ишораҳои шоир моҳияти иҷтимоӣ дошта, ҳасрати адиб аз тангии маишӣ мебошад:

Шаҳо, ту мардуми чашми саводи оламро,

Ба лутфу раҳмати ту мардуме намеёбам.

Шунидам, ки Самарқанд ҷаннати дунёст,

Чӣ одамам, ки дар ў гандуме намеёбам.

Баъзан чунин ҳолат ҳам рух додааст, ки инъомҳои хон ҳатто ба шоирё қисман ва ё умуман намерасидаанд. Чунин муносибат Мушфиқиро водор кардааст, ки бевосита ў ба худи шоҳ муроҷиат намояд:

Подшоҳо, чакмани инъомро меҳтар надод,

Дар либоси назм бо ў гуфтугў хоҳад шудан.

Чун ба таври оштӣ чизе аз ў ҳосил нашуд,

Ҷанги чакман дар миёни мову ў хоҳад шудан.

Дар баъзе мавридҳо Мушфиқӣ ба вазири хон-Осаф ҳам муроҷиат намуда ба ин восита шоҳу вазирро аз нобасомониҳои дохили дарбор огоҳ месозад, ки «об аз сар лой аст» ва бояд пеши чунин кирдорҳои зишт гирифта шавад:

Осафо, шаб омадам сўи висоқи худ савор,

Аспи мискини маро аз фикр сар боло нашуд.

Дар хаёли ҷав ҳамав шаб дидам ў мепарид,

Хостам бар чашми ў коҳе ниҳам, пайдо нашуд.

Албатта, чунин шикваҳои Мушфиқӣ оҳанги ҷолиби ҳазлу шўхӣ низ гирифтаанд ва шояд яке аз сабабҳои аз модди назари амиру вазир дур афтодани талабҳои шоир гардида бошад. Масалан, дар ин байт аз беманзилӣ чунин шикояд менамояд:

Дар Самарқанд имтиҳон кардам, ки ёбам хонае,

Беҳтар аз байти тахаллус хонае пайдо намуд.

Аз баъзе ишораҳои шоир бармеояд, ки дар ибтидо рўзгори шоир нисбатан беҳтар буда, ҳатто муҳити дарбор низ барояш созгор будааст. Мушфиқӣ он хушҳолиҳоро ба ёд оварда, дар як ғазали худ аз гузашти он рўзҳо афсўс мехўрад:

Хуни дил мегиряму ашки ҷигархун мехўрам,

Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехўрам.

Ваҳ, ки дар аҳди ҷавонӣ пир гаштам, Мушфиқӣ,

Чун нагардам пир аз ин ғамҳо, ки акнун мехўрам?!

Пас аз вафоти Султон Саид соли 980 (1573) бародари хурдии ў Ҷавонмардалӣ ба тахт мешинад, вале соли 1576 писарони Ҷавонмардалихон аз падар рў гардонида ба Абдуллохон забон як намуда буданд. Абдуллохон худи ҳамон сол Ҷавонмардалихонро қатл намуда, баъди чанд муддат он ду писари Ҷавонмардалихонро низ ба қатл мерасонад. Нобасомониҳо, албатта, ба Мушфиқӣ азми сафари Ҳиндустон мекунад, зеро дер боз чунин орзу дошт. Дар Мовароуннаҳр овоза шуда буд, ки гўё шоҳи Ҳиндустон Акбаршоҳ шеърпарасту шоирдўст аст. Мушфиқӣ низ соли 1577 ба Ҳиндустон меравад. Ўро Акбаршоҳ хуш пазируфта бошад ҳам, пас аз як сол, соли 1578 шоир боз ба диёри худ меояд:

Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо,

Гардид бадал рўзи сиёҳам ба шаби тор.

Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят,

Хуни ҷигарам мехўрад ин Ҳиндӣ ҷигархор.

Аз баъзе ғазалҳои Мушфиқӣ маълум мешавад, ки шоир аз сафари Ҳинд пушаймон баргаштааст:

Сафар кардам фироқи дилрабое пеши ман омад,

Намерафтам, зарурат шуд, балое пеши ман омад.

ғаму дарди ҷудоӣ кам шавад аз қатъи манзилҳо,

Ба ҳар манзил ғаму дарди ҷудое пеши ман омад.

Ба ғурбат мурдан осон менамуду зиндагӣ мушкил,

Чӣ кори мушкиле, осоннамое пеши ман омад.

Мушфиқи пас аз сафари Ҳинд бар барбори Абдуллоҳхон роҳ меёбад. Шоир дар як муддати кўтоҳ дар байни аҳли дарбор ва бевосита Абдуллоҳхон обрўю эътибор пайдо мекунад. Ў дар як муддати кўтоҳ ба мартабаи маликушшуароӣ мушарраф мешавад. Мушкилоти модии рўзгори ў низ беҳтар мегардад. Мутаасифона, ин ҳолат замоне даст медиҳад, ки умри шоир аз шаст гузашта буд. Ба ин маънӣ шоир чунин ишора мекунад:

Имтиҳон карданд пиру ҷавон,

Ҳеҷ кори фалак ба сомон нест.

Ком бахшад даме, ки ком намонд,

Нон ба вақте диҳад, ки дандон нест.

Поёни умри Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро гузаштааст. Ў соли 1588 дар ҳамин шаҳри бостонӣ аз ин олам чашм бастааст. Ўро дар ҷавори мазори Шайх Ҷамол дафн кардаанд. Дар санги мазори шоир байте аз як ғазали худи ў сабт шудааст:

Ба хоки Мушфиқӣ он дам, ки дўстон гузаранд,

Расад ба хотири эшон, ки хоксаре буд.

 

Мероси адабии Мушфиқӣ

Шуд Мушфиқӣ аз килкат ойини сухан тоза,

Мушкиннафасон бинанд анфоси ту мушкинтар.

Аз Абдурраҳмони Мушфиқӣ то рўзгори кунунӣ осори зерини адабӣ боқӣ мондааст:

1. Девони мутоибот.

2. Ду девони ғазалиёт.

3. Девони қасоид.

4. Се маснавӣ:

    а)«Соқинома»

    б) «Гулзори Ирам»

    в) «Ҷаҳоннамо»

Дар эҷодиёти Абдурраҳмони Мушфиқӣ ғазал мақоми аввалиндараҷа дорад. Ду девони ғазалиёти шоир аз чаҳор ҳазор байт иборат аст. Мавзўъҳои асосии ғазалиёти шоир асосан ишқу исёнҳои ботинии инсон, садои қаблҳои лабрези муҳаббат, сўзи ошиқу бемеҳрии маҳбуба, ниёзи ошиқу бениёзии маъшуқа, маю бодагусорӣ, мусиқиву навохоҳӣ, тасвири баҳору ситоиши табиат ва ғайра аст. Ин мавзўъҳо бо ангезаҳои дигари иҷтимоӣ: ноадолатиҳову золимӣ, бемеҳрию сустпаймонӣ, ҳавобаландиву кибр, фиребу дасисакорӣ, мунфиқиву авомфиребӣ ва ғайра хеле қавианд.

Шоир дар суннати ғазалсароӣ ғолибан ба Ҳасани Деҳлавӣ ва Камоли Хуҷандӣ пайравӣ мекунад:

Назми ту, Мушфиқӣ, ба Камоли Ҳасан расид,

Ту гуфтаӣ, ки пайрави пири Хуҷандиям.

Аз ин ҷост, ки ғолибан ҳаҷми ғазалҳои Мушфиқӣ 6-7-байтӣ буда, мавзўъҳои ишқӣ ҷои аввалиндараҷа доранд. Чунончи:

Дар ғамат дилро фигори хаста мегўем мо,

Аҳли дардем, ин сухан дониста мегўем мо.

Бар дили мо он чи аз тоқи ду абрўят гузашт,

Бо худ аз девонагӣ пайваста мегўем мо.

Меравӣ тунду дуогўён зи дунболи туанд,

Ваҳ, ки меранҷӣ агар, оҳиста мегўем мо.

Гуфтам, ай гул, он даҳонро пистаи хандон бигў,

Ин сухан гуфт аз даҳони писта мегўем мо.

Риштаи ҷони рақибон бар сари кокул мабанд,

Фитнае хоҳад шудан сарбаста мегўем мо.

Ҳар касе пурсад зи ашки мо ҷавоби ин сухан,

Чеҳра аз ханоби ҳасрат шуста мегўем мо.

Мушфиқӣ, ҳар кас чӣ донад мастиву ворастагӣ,

Бо гирифторони аз худ раста мегўем мо.

Беҳуда нест, ки устод С.Айнӣ ғазали болоро «ғазале, ки сар то ба пояш мисли ин ғазал хуб, латиф, равон афтад, кам аст»-мегўяд.

Бешубҳа, чунин ғазалҳои шоир хеле ҳунармандона, дилкаш, хушадо, мақбулу матлуб эҷод шудаанд. Хусусан, вобаста ба мавзўъ, мазмуну мўҳтавои ғазал ҳунари шоир комилан ҷавобгў буда, тасвиргарӣ ва маъниофариву мазмунсозӣ барҷастааст. Дар иртибот бо ин ҷанбаъ хусусиятҳои шаклии ғазал низ ҷолиб мебошад.

ғазал мураддаф буда, радифи он мураккаб аст ва аз ду калима фароҳам омадаву пас аз қофия ҷой гирифтааст. Қофияҳои ғазал калимаҳои хаста, дониста, пайваста, оҳиста, писта, сарбаста, шуста, роста мебошанд. Қофияҳои мазкур асосан муқайяд буда, таҳкими ғоявии ғазалро таъмин намудаанд.

ғазал ишқӣ бошад ҳам, ҳаҷру фироқ, сўзу гудоз, нозу истиғно, бераҳмиву бемеҳрии маҳбуба ба тасвир омадааст. Аз ин рў, оҳангҳои иҷтимоӣ пайдо намудани он бесабаб нест. Зеро шоир барои таъсирнокии сухан ва дилнишинии баён, ҳолати образҳои лирикиро хеле нозук муоина мекунад. Ў чунин назокати ҳунари эҷодро дар офариниши ғазал аз Ҳасани Деҳлавӣ ва камоли Хуҷандӣ бештар омўхтааст.

Мушфиқӣ ишқи инсонӣ, муҳаббати заминиро ҳамчун як воситаи хеле ҳалкунандаи ҳаёти инсонҳо, сарнавиштсоз ба тасвир мегирад. Аз ин рў, ишқи инсонӣ низ бояд поку покиза ва беолоишу мусаффо бошад. Вале ин ҷанбаъ дар тасвири Мушфиқӣ моҳияти илҳомбахшӣ ҳам дорад ва аз ин рў, мушаххас карда мешавад. Барои шоир он лоларўёни Самарқанд аст:

Мушфиқӣ бе лоларўёни Самарқанд ин қадар,

Сўхтам, к-аз доғҳо шуд синаам нақши ҷаҳон.

Дар ғазалиёти Мушфиқӣ ҷузъиёти образҳои лирикӣ хеле ўҳдабароёна васф карда мешавад. Шоир ба воситаи тавсифҳои «хусни хати голиябў», «бандаи рў», «ҳаваси ҳар сари мў» «хоки сари кў» ва ғ. Ба маҳбуба сидқан изҳори муҳаббат мекунад. Дар ишқи маҳбуба садоқати асили худро баён менамояд. Зикри ҷузъиёти васфшаванда сўзу гудози ошиқро ҷонгудозтару синасўзтар ҷилва медиҳад.

Чунончи:

Волои ҳусни хати ғолиябўи ту шавам,

Ваҳ чӣ зебо шудаӣ, бандаи рўи ту шавам.

Гар шавад ҳар нафасе дар тани ман ҷони дигар,

Ҳар нафас ҷон диҳаму зинда ба бўи ту шавам.

Ман на он ошиқам имрўз, ки чун булҳавасон,

Талабам коми дилу ранҷа зи хўи ту шавам.

Сари мўе шудаам аз ғаму дорам ҳавасе,

Ки фидои ҳаваси ҳар сари мўи ту шавам.

Зиндаву мурда бар инам, ки ба ҷое наравам,

Дар қадам бошаму хоки сари кўи ту шавам.

Сад накўӣ зи рухат дидаму як ҷон додам,

Чӣ аҷаб, гар хиҷил аз рўи накўи ту шавам.

Мушфиқӣ аз ҳама сў рўи ту дорад ғаму дард,

Шавқро раҳгузаре нест, ки сўи ту шавам.

Дар лирикаи ишқии Мушфиқӣ мавзўъҳои пурракунандаи ишқу ошиқӣ: май, бодапаймоӣ, садои мусиқӣ, навозандагӣ, баҳор, насими субҳгоҳӣ, садои булбулону ҳазордастон, резиши борони найсону садои ҷўйчаакҳати гулзорҳову бахмалосо гардидани намуди зоҳирии замин ва ғ. мебошанд:

Рухат имшаб, ки ҳамчун гул зи тоби май арақ карда,

Аҷаб дорам, ки моҳ аз ҳола худро дар табақ карда.

Ё ин ки:

Баҳор шуд, кадаҳ он беҳ, ки ранги лола намояд,

Бунафша дар назар ояд сари ғизола намояд.

Зи доғи лола расад дар чаман ба хотири мастон,

Саводи наргиси соқӣ чу дар пиёла намояд…

Рў овардани шоир ба маю бода, мусиқиву суруд рамзи хушгузаронии умр, ғанимат донистани лаҳзаҳои зиндагӣ, баҳрабардорӣ аз ҳаёт, барҳамзании нобасомониҳои рўзгор, печидагиҳои ҳаёт, канораҷўӣ аз ғаму дарди замона мебошад. Бо назардошти ҳамин ҷанбаъ шоир таъкид менамояд, ки:

Гар нишоти умр хоҳӣ, бе маи гулгун мабош,

Ҳамчу даври гул ғанимат дор ин айёмро.

Вобаста ба рўзгори нисбатан қашшоқонаи Мушфиқӣ, ҳатто лирикаи ишқии шоир саршор аз мазўъҳои дигари иҷтимоист. Оҳангҳои иҷтимоӣ, хусусан дар ғазалҳои Мушфиқӣ хеле баландсадо буда, ҳатто баъзан ғазалҳои алоҳидаро фаро гирифтаанд. Дар баъзе ғазалҳои иҷтимоии шоир ҳам радиф (агар мураккаб бошад, боз бештар) ва ҳам қофия бори ғоявӣ мекашанд. Ин ҳолат саргузашти қаҳрамони лирикиро боз ҳам возеҳтару равшантар ва ошкоротар чилвагар месозад:

Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам,

Шамъро сўзам, дили парвонаро оташ занам.

То ба рағми ман насозад хонаи ишрат рақиб,

Пеш аз мурдан ба кўят хонаро оташ занам.

Бо ҳама раъноӣ аз оҳи дилам андеша кун,

Хирмане сўзад агар як донаро оташ занам.

Ин ҳама оташ ба ҷони ман зи дасти дил афтод,

Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам.

Ҷои ҳар оташ дар ин вайрона доғи ҳасрат аст,

Ҷои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.

Мушфиқӣ дар дафтари айём мазмуни фаност,

Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.

Бешубҳа ғазали боло яке аз ғазалҳои шоир аст, ки мазмуни басе баланди иҷтимоӣ дорад. дар эҷоди чунин шеърҳо Мушфиқӣ хеле қавипанҷа мебошад, зеро ҳолати мазкур дар иртибот бо авзои таърихии замони ў шояд пеш омада бошад. Ў мегўяд:

Ҳаргиз нафасе шод надидам дили худро,

Аз банди ғам озод надидам дили худро.

То ғам нахурад кас нашавад манзиле обод,

ғам хурдаму обод надидам дили худро.

ва ғайра. Бовуҷуди он Мушфиқӣ комилан навмед нест. Ў дар ин  ҷода шоири некбин аст:

Замона Мушфиқӣ меҳтарсарой аст,

Бувад рўзе, к-аз ин меҳнат бароем.

Оҳангҳои иҷтимоӣ дар навъҳои дигари лирикии шоир низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад. Ба ин маънӣ Мушфиқӣ дар ин рубоӣ мегўяд:

Султон сухан аз сипоҳу зар мегўяд,

Тоҷир сухан аз суду сафар мегўяд.

Дар ҳар сухане шеваи мо тадбир аст,

Тақдир, вале ҳарфи дигар мегўяд.

Дар ин рубои масъалаи қазову қадар баён шудааст. Адиб се тоифаро зикр намуда гуфтан мехоҳад, ки андешаи инсон вобаста ба кору пешаи ўст. Аз тарафи дигар, инсон дар кадом ҷой ва кадом пешае, ки фаъолият кунад, хатман суду зиёнро пеши назар меорад. Мақсади ў ба даст даровардани фоида мебошад. Аз ин ҷост, ки новобаста ба касбу кор мақмад, ҳавасу орзу пайваста дар сари инсон ҳаст. Диле бе ҳавасу саре бе орзу нест. Масалан, султон пайваста меандешад, ки тавассути зўрӣ, қувва яъне сипоҳ, суду фоида яъне зар аз куҷо ба даст биёрад. Ё ин ки тоҷир, бозаргон, аҳли савдо ҳамеша саъй дорад, ки ба куҷо сафар кунад ва аз куҷо ба куҷо чӣ биёраду бубарад. Вале ин ҳама аз доираи сарнавишт берун нест. Яъне ин ҳама тарбут ба тақдир аст.

Мушфиқӣ дар баробари мадҳи султонҳо, ситоиши шоҳону амирон, онҳоро танқиду сарзаниш ҳам мекунад. Ў дар ин рубоӣ мегўяд:

Султон, ки зи ҷоҳ рў ба дарвеш накард,

Сад хона кам аз симу зари хеш накард.

Бо он ки замину осмон мулки Худост,

Як хона барои худ бино беш накард.

Ҳадаф дар ин рубоӣ низ қазову қадар аст. Ба шоҳ баландии мартаба имкон намедиҳад, ки ҳамнишини дарвеш бошад. Инчунин шоҳон соҳиби зару сими давлатанд, яъне хазинадоранд, вале аз як хона зиёд барояшон зарурат надорад. Ин ҷо мисраи рубойи халқӣ, ки «На шоҳаншоҳ бурда як кафан беш» ба ёд меояд, ки ба рубоии зикршудаи Мушфиқӣ ҳаммазмун мебошад.

Умуман дар лирикаи Мушфиқӣ аз нигоҳи мазмуну мўҳтаво ва мавзўъ ғазалиёту рубоиҳои ў хеле ва хеле наздиканд. Зеро ишқу ошиқӣ, ҳаҷру висол, сўзу фироқ, вафову бевафоӣ, садоқату носодиқӣ, сабуриву носабурдӣ, ҳассосиву беҳисӣ ва ғайра дар ғазалиёту рубоиҳо хеле маълум буда, шоир ин навъҳои адабиётро хеле ба ба зиндагии мардум наздик намудааст. Ё худ бо рамзу кинояҳои андаке иктифо мекунад. Масалан, ҳадаф аз май ва мастӣ ба андешаи шоир, фориғ будан аз ғами замон, ғанимат донистани оддитарин лаҳзаҳои рўзгору зиндагӣ ва ғайра:

ғараз аз бода хурдан Мушфиқиро ғайр аз ин набвад,

Ки месозад даме фориғ аз ин дайри ғамободаш.

Мушфиқи ба таълифи қасида ҳанўз хеле барвақт оғоз кардааст ва дар эҷодиёти шоир пас аз ғазал қасоиди ў меистад. Девони қасидаҳои Мушфиқӣ аз 3000 байт иборат аст. Ў дар шакл ва мазмуну мавзўи қасидаҳо асосан аз қасоиди анъанавӣ берун нарафтааст. Вале дар шеърияти эҷод, мазмунсозию маъниофарӣ, ҳунари шоирӣ, коргирӣ аз санъатҳои бадеӣ ва ғайра хеле ва хеле шоири навовар ва эҷодкори тозакор аст. Ў ғолибан дар қасоиди мадҳӣ қавипанҷа буда, дар мадҳи Султон Саид ва амир Абдулоҳхон ва дигарон қасидаҳо эҷод кардааст.

Мавзўи қасидаҳои Мушфиқӣ ба ғайр аз мадҳу сано, инчунин пеш аз ҳама аз ҳамду наъти Худо, Муҳаммад ва ёрони ў, симоҳои мўътабари дин, майлҳои сўфиёна, тасвири манзараҳои диёр, фаслҳои сол, ишқу муҳаббат, саргузашти худи эҷодкор, ҳасби ҳолу ҳолу шиква аз замон, танқиди ноадолатиҳо ва ғайра мебошанд.

Мушфиқӣ яке аз сабабҳои асосии рў ба дарбор овардани худро дар осудагиву оромии дарбор медонад ва аз ин рў мегўяд:

Ба ин даргоҳи олӣ Мушфиқӣ баҳри дуо омад,

Паноҳ овард аз ҷаври замону фитнаи даврон.

Ў Султон Саидро «шоҳи иқлими каромат», «соҳиби фазлу карам», менамояд ва ин ҳокимро басо ситоиш мекунад:

Адли ў то хори зулм аз пои мискинон кашид,

Нест саҳрое, ки бошад бесуруди хоркаш.

Кас ба аҳди ў наафтодааст дар чоҳи бало,

Ҷуз дили ошиқ, вале он низ дар чоҳи закан.

Мушфиқӣ дар санои Абдулоҳхони Шайбонӣ ҳам, хеле сидқӣ камар бастааст ва ўро арбоби давлат дониста, асоси муваффақияти эҷодиёти худро аз шарофати давлатдории ҳамин ҳоким меҳисобад:

Шеъри ман гар зиннате дорад, зи юмни мадҳи туст,

Хона орояд, бале, ҳар кас ба қадри меҳмон.

Мушфиқи мамдўҳи худ-шоҳро баъзан ба шоҳони пешин шабеҳ дониста, ҳатто гоҳо афзал меҳисобад. Чунончи, мегўяд:

Хусраво, аҳди сухан тоза шуд аз давлати ту,

Натавон аҳде аз ин нодиратар пайдо кард.

Наи хушки қалам аз файзи баҳори карамат,

Барги эъҷоз бароварду самар пайдо кард.

ва ғайра. Хусусан мавзўъҳои танқидӣ ва тасаввуфию панду насиҳатии Мушфиқӣ хеле ҷолиб ва ҷаззобанд.

Шоир сарвазир Осафро беибо дев меномад, ки чунин ҷуръат кам андар кам аст. Агар дев роҳбар бошад, пас чӣ гуна низом барқарор хоҳад гашт? Чунончи, мегўяд:

Осаф, ки дев бошаду девон ба қукми ў,

Назми умури мулки Сулаймон чӣ сон диҳад?

Ў масти ҷоми мансабу ҳар дам ба пеши ў,

Соғар даҳон кушояду шиша забон диҳад.

Дар бештари ашъори лирикии Мушфиқӣ хусусан дар ғазалиёташ, шоир оҳангҳои шиквоӣ, танқидӣ ва эътирозӣ хеле баланд садо додаанд. Зеро шоир аз тангии маишӣ, аз рўзгори нобасомон, аз ҳаёти вазнин басо бо сўзу гудоз ва бо ҳасрат сухан мегўяд. Албатта, қаҳрамони лирикии ў ҳангоми тасвир маҳдуд нест ва аз ин ҷиҳат, шояд шоир умуман аҳволи аҳли қаламро дар назар дошта бошад. Ба ҳар ҳол пеш аз ҳама шахсияти шоир бояд фаҳмида шавад. Ў ҷое тамоман ноилоҷ мондани худро таъкид кардааст:

Дармони дил куҷост, ки баҳри даво равам,

Бечораам, илоҷ надорам куҷо равам?

Ё ин ки:

Рўи муроде ҳаргиз надидам,

Аз номуродӣ умрам сар омад.

Ин аст, ки шоир барои тасалӣ ёфтан ва таскин додани дили худ, ба сўзи дилу ашки чашм (гиряи ҷигарсўз) дар ин дунёи бевафо созиш кардан мехоҳад. Аз ин ҷост, ки танқиди рўирости шоҳону амирон ва вазирону ҳокимон дар эҷодиёти ў хеле кам аст. Яъне ў созиш кардааст. Аз тарафи дигар, шояд аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки шоир бештар ба ҳазлу шўхӣ ва ашъори мутоибавӣ рў меорад. Албатта, ин мазўъ низ як навъ эътирози сахт, як шакли танқиди зимомдорони замона мебошад:

Ба ашку оташи дил сохтем аз олами фонӣ,

Хаёли сим кам дорему савдои заре камтар.

Дигар аз масъалаҳои бисёр ҷиддӣ дар лирикаи Мушфиқӣ тасвири табиат, манзараҳои диёр, гулу гиёҳ, абру борон, офтобу гармо, насиму боди баҳорон, накҳати баҳориву махмалинпўшшавии дашту даман,назаррабоии кўҳу ҳомун, хаёлангезии водиҳои гулпўш ва ғ. мебошад. Ин ҳолат на танҳо дар ғазалиёту рубоиёт, инчунин дар қасидаҳои ў хеле ҷолиб ба тасвир омадааст:

Май хўрдаву афрўхта рухсор шукуфа,

Гул-гул шуда аз хандаи бисёр шукуфа.

З-он пеш, ки дар боғ саропарда занад гул,

Зад хаймаи худ пеш ба гулзор шукуфа.

Азбаски ба ташрифи раёҳин гуҳар афшонд,

Шуд абр тиҳикисаву зардор шукуфа.

То сабза бар атрофи гулистон пари тўтист,

Аз синаи боз аст намудор шукуфа.

Дар бод мабодо, ки ба шўхӣ фитад аз шох,

Худраставу тифл асту сабўксор шукуфа.

Ё худ:

Абри найсон ба гулистон чу гуҳарбор шавад,

Настаран пургуҳари сода садафвор шавад.

Фалаки шох, к-аз ў сўбҳи шукуфа бидамад,

Авфақи тарфи чаман матлаи анвор шавад.

Сабза шона диҳад аз ғолиядон лола барад,

То насим ояду машшотаи гулзор шавад…

Ва ё лаҳзае аз фасли тирамоҳро чунин бо хусусиятҳои хоси он дар қасидаи «Васфи хазон» ба қалам медиҳад:

Ба рўи об хазонро сари тамошо шуд,

Ҳазор заврақи заррин зи барг пайдо шуд.

Зи баски хуни гул аз шох рехт наштари хор,

Зи чеҳрааш асари заъф ошкоро шуд…

Яке аз мавзўъҳои хеле марказӣ дар эҷодиёти Мушфиқӣ ҳаҷву мутоиба мебошад. Ў ба ин мавзўъ ҳанўз аз овони ҷавонӣ-солҳои таҳсил дар мадраса оғоз кардааст. Тақрибан солҳои 1557-58 шоир ашъори ҳаҷвии худро мураттаб намудааст. Ин аст, ки «Девони мутоибот»-и шоир ашъори ҳаҷвӣ- мутоиботии ўро фаро мегирад. Мушфиқӣ дар бораи арзиши ҳаҷву мутоиба мегўяд:

Шамшери ҳаҷв олату афзони шоирист,

Ин ҷинс бад мадону аз ин навъ бад мабар.

Бештар ҳаҷви ў доираи васеи ҳамкасбон, зиёиёни замони Мушфиқиро дар бар мегирад. Инчунин ҳаҷву мутоиботи Мушфиқӣ ба табақаҳои ҳокими замон, амалдорон, соҳибмансабон, сармоядорон низ равона гардидааст:

Хоҷа гандум ваъда карду ним ҷав ҳосил нашуд,

Дар садои ваъда доим ҳиммати дун асту доҳ

Ў разолат карда бошад, мо қаноат мекунем,

Бигзарад ин соли қаҳту монад он рўи сиёҳ.

Мушфиқӣ аз табақаҳои, соҳибмансабон:

Арбобзода, қозӣ, Масъуди сармоядор ва дигаронро ҳаҷв кардааст. Ў дар бораи Масъуди сармоядор мегўяд:

Дар кори ту, Масъуд, аҷал дер кунад,

Вақт аст, ки зўр овараду зер кунад.

Аз симу зари ҷаҳон нашуд чашми ту сер,

Чашмони туро хоки лаҳад сер кунад.

Ё ин ки Маҳмуд ном муллои Гелонӣ, ки баъд ба Самарқанд омада муқимӣ шудааст, Мушфиқӣ ўро ҳаҷв мекунад:

Зи Гелон омадӣ, Маҳмуд, берун,

Кулоҳ аз Хусрави Дайлам гирифтӣ.

Задӣ саркалла бо Заҳҳоки морон,

Ту ҳам мағз аз сари одам гирифтӣ.

Дигар аз хусусиятҳои ҳаҷви Мушфиқӣ ва мутоиботи ў дар мушаххас ва ҳаётӣ будани мавзўъ аст.

Ў шахсонро бо касбу фаъолияташон номбар мекунад ва кирдори зишти онҳоро ҳаҷву танқид менамояд.

Лексикаи ҳаҷвӣ- мутоибавии ашъори Мушфиқӣ хоси ҳамон касбу пеша, оддӣ, бозорӣ ва баъзан туркист. Аҳёнан аз одоб берун низ мебошанд.

Барои намуна ғазали ҳаҷвии «тақсими мерос»-ро зикр хоҳем кард, ки хеле ҳаҷви малеҳ дорад. дар ин ғазал тавассути санъати таҷову муҳобила аз оғоз то анҷоми он нобаробарии зану мард ва ҳатто хоҳару бародар бошанд ҳам, нобаробарӣ сарфи назар карда намешавад, ба тасвир гирифта мешавад. Аз сўи дигар, ҳарисӣ нисбат ба молу чиз, сарвату неъмат нишон дода шудааст. Ҳатто шеъри мазкур моҳияти шарҳиҳолӣ дорад:

Ҳамшира хакрҷи мотами бобо аз они ту,

Сабр аз ману тараддуди ғавғо аз они ту.

Анбори пур зи ғаллаи бобо аз он ман,

Он қоҳҳои монда ба саҳро аз они ту.

Ин ҷомахобу бистару болин аз они ман,

Бетоқативу нолаи шабҳо аз они ту.

Танбўри пур зи хотами бобо аз они ман,

В-он нағмаҳои тарнатороно аз они ту.

В-он ҷои хоби мондаи бобо аз они ман,

Тасбеҳи пора-пораи бобо аз он ту.

Дастор, ҷома, фўтаи бобо аз они ман,

Бетоқативу нолаи шабҳо аз они ту.

Кафгиру дегу дегчаи бобо аз они ман

Дастгиру дегхонаи бобо аз они ту.

Ҳамёни пур зи тангаи бобо аз они ман,

Занги фулуси мондаи бобо аз они ту.

Ҷумла гилему қолини бобо аз они ман,

В-он нақшҳои мондаи бурё аз они ту.

Аз рўи ҳавлӣ то ба лаби бом аз они ман,

Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.

Мардум гусел кардану шиштан аз они ман,

Такфини хоб кардани бобо аз они ту.

Рафтан ба сўи қабру нишастан аз они ман,

Дастархони чалкаку ҳалво аз они ту.

Аз ин ғазал бармеояд, ки шоир урфу одати ҷории замонро, ки дар онҳо ба занон чандон эътибор дода намешавад, сахт ҳаҷв мекунад. Зоҳиран он чизҳое, ки ба хоҳар аз мероси бобо пешниҳод карда мешаванд, ҳам аз нигоҳи миқдор, доираи фарогирӣ, ҳаҷм, саршумор, андоза, арзишманди ҳиссаи ба хоҳар пешниҳодшуда бештар аст. Вале амалан ба хоҳар чизе мушаххас дар даст намемонад. Ва он чи ки моли меросист, ба бародар расидааст. Аз ин рў, шоир мантиқан ҳамшираро ҳимоя мекунад.

Ё ин ки намунае аз як ғазали дигари шоир, ки бисёр ба мавзўи муҳим-ишқу масъалаҳои дигари иҷтимоӣ: нодорӣ, тангдастӣ, бенавоӣ, сўзу фироқ, ҳаҷру зурӣ ва ғайра, ки қаҳрамони лирикиро ҷон ба лаб овардаву ноилоҷ сохтааст, рў меорем.

Дар ин ғазал ҳатто хавфи афзалияти рақиб ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки ошиқ-қаҳрамони лирикӣ мехоҳад рў ба қатъияту ҷиддият биёрад.

Мушфиқӣ мегўяд:

Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам,

Шамъро сўзам, дили парвонаро оташ занам.

То ба рағми ман насозад хонаи ишрат рақиб,

Пеш аз мурдан ба кўят хонаро оташ занам.

Бо ҳама раъноӣ аз оҳи дилам андеша кун,

Хирмане сўзад агар як донаро оташ занам.

Ин ҳама оташ ба ҷони ман зи дасти дил фитод,

Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам.

Ҷои ҳар оташ дар ин вайрона доғи ҳасрат аст,

Ҷои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.

Мушфиқӣ дар дафтари айём мазмуни фаност,

Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.

- ғазали мазкур ишқӣ буда, дар он содди чиноиро (девори хитоӣ) маҳбуба тавассути ҳаҷру ҳиҷрон ва дурӣ аз висол гузоштааст. Ошиқ ҳеҷ илоҷи дигаре барои дарёфти висол намеёбад. Аз ин рў, маҳз ба хотири он ки рақиб аз ин пешомад комёб нашавад, дигар ҳеҷ чизро дареғ намедонад. Ошиқ бар хонаву ҷой, шамъу парвона, хирману дона ва умуман аз ҳастӣ мегузараду оташ меафканад. Оташи афкандаи ошиқ, оташи вақеӣ нест, балки дуди оҳи дил аст, ки сўзону оташосо аст. Аз сабаби он ки ин оташ аз дил аст, пас ҳастӣ дучори фано мебошад. Зеро воситае, илоҷе, дастасие, умеде дигар барои висол дар ў намондааст. Албатта, чунин сурат гирифтани мазмунсозиву маъниофарӣ дар ашъори Мушфиқӣ, пеш аз ҳама дар ғазалиёти ў аз нобасомониҳои замони шоир, аз тангии маишӣ, аз дасткўтоҳӣ пеш омадааст. Ин аст, ки чунин оҳангҳои на танҳо дар ғазалҳои Мушфиқӣ дучор мешаванд, балки ҳамаи шаклҳои шеъриии эҷодиёти ўро ҳам фаро гирифтаанд. Омўхтани ин масъала барои равшан намудани бисёр масъалаҳои зиндагиномаи шоир кўмаки бевоситаи ҷиддитарин хоҳанд намуд.

Маснавии «ГУЛЗОРИ ИРАМ»

Абдурраҳмони Мушфиқӣ на танҳо дар эҷоди ғазалу қасида, рубоиву шеъри тасмит, муқаттаоту марсия ва ғ. машҳур аст, балки ў дар маснависароӣ низ табъи баланд доштааст. Шоир маснавиҳои «Соқинома», «Гулзори Ирам» ва «Ҷаҳоннамо»-ро эҷод карда дар таҳаввули суннати маснависароӣ низ саҳми сазовор гузоштааст.

Маснавии «Гулзори Ирам» нахустин маснавии Абдурраҳмони Мушфиқӣ буда, аз нигоҳи мавзўъ, мазмуну мўҳтаво, образҳову қаҳрамонони асосӣ хеле ҷолиб мебошад. Таърихи таълиф, миқдори абёти онро худи шоир чунин ишора кардааст:

Чун адад хостам аз ин ашъор,

Шуд ҳазору саду чиҳил ба шумор

Баҳри таърихи ин саҳифа қалам,

Ҳафтро дар ду нуҳ ниҳод рақам.

Яъне маснавии мазкур соли 1571/72 таълиф гардида, зоҳиран ба абдулоҳхони Шайбонӣ эҳдо шудааст:

Ай шаҳи нуктадон, ки ҳусни камол,

Аз ту дар мулки назм ёфт низом.

То ба номат сухан шудаст қарин

Сўфаи байт гашта шоҳнишин.

Асар ба таври анъанавӣ: ҳамди Худо, наът, муноҷот, санои Пайғамбар (с.) ва ёрони ў оғоз мешавад. Баъд сабаби таълифт достон зикр мегардад, ки хоҳиши дўстон будааст.

Достон аз нақли шахси солхурдае, ки аз достонсароии гузашта хуб огоҳӣ дошт, шурўъ мегардад:

Дар Мағрибзамин Ақл ном шоҳе буд. Ақл шоҳи одилу доност. Ў фарзанд надошт. Ақл баъдтар соҳиби фарзанд шуду тифлро Дил ном кард. Дил ба балоғат расида ҳамаи илму ҳикмати замонро омўхт. Падараш ўро ба мулки Бадан қалъае буд, ки Димоғ ном дошт ва Дил дар он ҷо зиндагӣ мекард. Халқ аз усули мамлакатдории Дил розӣ аст. Надиме дар яке аз базмҳо пинҳонӣ ба Дил дар бораи Чашмаи Ҳаёт хабар медиҳад. Дил баъдтар талаби чашмаро мекунад. Дил мамлакатро ба ҳоли худ гузошта бо ғаму гиря барои чашма дар пинҳонӣ менишинад. Дил дар кишвари худ Назар ном ҷосусе дорад. назар аз ҳоли Дил пурсон мешавад. Дил ба Назар асрорро мегўяд. Назар Дилро мегўяд, ки ту оромона мулкро идора кун ва ман илоҷи Чашмаи Ҳаётро меёбам. Назар ҳангоми сайр ба мулке мерасад, ки ягон каси бегона ба ин сарзамин пой нагузоштааст. Мардумони он шоду ғанианд ва ин шаҳр Офият ном дорад:

Муддате чун Назар сафарҳо кард,

Ҳар тараф, ҳар тараф назарҳо кард.

Сўи шаҳре фитод чашми Назар,

Ки назираш надида буд дигар.

Халқ бар вай зи фитнаҳо эмин,

Ҳама дар кўи Офият сокин.

Назар аз номи шаҳр чун пурсид:

«Кишвари Офият»- ҷавоб шунид.

Ҳокими шаҳри Офият Номус ном дошта, Назар бо ў ҳамсўхбат мешавад. Номус мегўяд, ки оби ҳаёт нест ва ин ҳамон обрўи инсонӣ аст. Вале Назар ноумед нашуда, ҷустуҷўро давом медиҳад. Ў ба кўҳе мерасад, он уқобон зиндагӣ мекунанд. Ранги кўҳ сиёҳ ва ҳавлнок мебошад. Дар он кўҳ қалъаест, ки Зўҳву Риё ном дорад. ҳокими қалъа Зарқ аст. Ў шахси маккору дилозор аст. Назар ба назди Зарқ омада қиссаи оби Ҳаётро арз мекунад. Зарқ бар хилофи гуфтаи Номус мегўяд, ки Оби Ҳаёт ҳаст, вале дар ҷаннат. Чамаеро, ки ин ҷо оби Ҳаёт мегўянд, ҳамон ашки чашмони инсон мебошад. Агар хоҳӣ, ки онро ёбӣ гиряву зорӣ бикун. Назар боз сафарро давом дода ба қалъаи дигар дучор мешавад, ки ҳокими он Ҳиммат буд. Ҳиммат покдил, бофазлу камол буд.

Назар аз Ҳиммат низ имдод мепурсад. Ҳиммат мегўяд, ки он чашма пинҳон нест, вале роҳ ёфтан ба он ҷо душвор аст, Назар зориҳо мекунад. Ҳиммат мегўяд:

- Дар мулки Шарқ Ишқ ном шоҳ аст. Ишқ духтаре дорад, ки Ҳусн ном дорад. ишқ барои духтари худ аз нуқраи шаффоф дар кўҳи Қоф қалъае бино кардааст. Ин қалъа дар шаҳри Дидор мебошад. Дар шаҳри Дидор боғе мавҷуд аст, ки онро Гулшани Рухсор мегўянд. Чашмаи Оби Зиндагонӣ он ҷост. Ҳусн пайваста аз он чашма менўшад. Ҳиммат боз мегўяд, ки: Эй Назар, ман ҷои Оби Ҳаётро гуфтам, вале роҳи он пурхатар аст. Дар сари роҳ шаҳри Сагсор аст ва ҳокими он Рақиб мебошад ва ў тобеи Ишқ ва нигоҳбони Дидор аст. Пас аз Дидор ҷовушон манзил доранду баъд манзили дигар аз ҳабашизодагони зангичеҳр аст. Ду камондор онҷо тороҷгарони ақлу дин ҳастанд. Ҳиммат ба бародари худ Қомат, ки сипаҳсолори Ҳусн аст, номае навишта ба Назар медиҳад. Ҷовушони Рақиб-Ҷафо ва Ситам Назарро бандӣ мекунанд. Назар ҳунари зарсозии худро ба Рақиб изҳор мекунад. Рақиб мегўяд, ки сангро зар мекунад. Рақиб мегўяд, ки Лола аз Рум ва Сунбул аз Чин биёр ва то гули Форс аз наргиси Ҳабашӣ дар назар накашӣ кор душвор мешавад.

Инҳо дар шаҳри Дидоранд. Пас назару Рақиз ба шаҳри Саломат меоянд, ки дар он ҷо бародари Ҳиммат-Қомат мезист. Дар шаҳри саломат Рақиб хоб меравад. Қомат аз Назар мақсад мепурсад ва Назар рамаи Ҳимматр ба Қомат медиҳад. Қомат назарро ба шаҳри Дидор равон мекунад. Яке аз амирони Ҳусн, ки Зулф ном дошт, аз Ҳиндустон ба Туркистон омада буд, аз гармои ҳаво дар камари кўҳ истиқомат мекард. Назар, ки падараш аз Туркистон ва модараш аз Ҳиндустон буд, бо Зулф ошно мешавад. Зулф канд афканда Назарро ба он кўҳ мебарад ва Назар он ҷо гул, сарв ва булбулу тазарвро тамошо мекунад. Назар Зулфро видоъ мекунад ва Зулф ба ў чанд тор аз Зулф медиҳад, ки агар лозим шавад, дар болои сангу оҳан оташ афрўз ва торе бар рўи оташ гузор, ман ҳозир мешаваму туро халос хоҳам кард. Назар ба дасти морпоён дар шаҳри Шом асир меафтад ва аз онҳо халос шуда ба шаҳри Дидор меояд он ҷо зангибачаҳоро мебинад:

Ҳама дар рангу бўй мушкинон,

Гулу насрину ёсуманчинон.

Назар кӣ будани онҳоро пурсид. Онҳо гуфтанд, к ғуломони Холи Ҳусн ҳастанд. Назар ғамза ном бародаре дорад. ғамза ҳароҳи Ҳусн аст. Назар ғамзаро мебинад, ки ?

Дида шуд: 3


2020 SHOIR.TJ