Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1420-1505)


Зиндагинома

Камолиддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ тахминан дар солҳои 20- уми асри XV дар деҳаи Байҳақи ноҳияи Сабзавори Эрон ба дунё омадааст. Ӯ илмҳои забону адабиёт, фалсафа, нуҷум (ситорашиносӣ), ахлоқ, риёзиёт, фиқҳ (қонуни шариат) ва воизиро (панду насиҳаткунанда дар масоили динӣ) аз худ намуда, доир ба ин илмҳо асарҳои алоҳида эҷод кардааст.

Кошифӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон дар асрҳои XV-XVI ҳамчун воизи беҳамто ва нотакрор шӯҳрат ёфта буд. Аз ин хотир,муддате дар Нишопур ва Машҳад зиндагӣ карда, ба воизӣ машғуд будааст. Соли 1455 Кошифӣ ба Ҳирот меояд ва ба духтари олими тасаввуф Саъидиддини Қошғарӣ хонадор мешавад. Ҳусайн Воизи Кошифӣ баъдтар ба намояндагони мактаби адабии Ҷомӣ ва шахсан бо худи ӯ шинос мешавад. Ниҳоят соли 1505 дар Ҳирот Кошифӣ аз олам мегузарад.

Аз Кошифӣ мероси бузурги илмию адабӣ боқи мондааст. Миқдори асарҳои ӯро беш аз 40 адад медонанд, ки онҳо доир ба панду ахлоқ, ҳадис, нуҷум, риёзиёт, таърих, санъати иншонависӣ, санъати воизӣ, адабиётшиносӣ ва ғайра таълиф ёфтаанд. Кошифӣ дар "Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноъ-ул-ашъор" дар бораи 300 навъи санъатҳои бадеӣ, аз қабили ташбеҳ, талмеҳ, истиора, таҷнис, тазод, тавсиф ва ғайра маълумоти муфассали назариявӣ дода, фикрашро бо ашъори адибони гузашта ва муосири худ тақвият додааст.

"Кашф-ул-асрор" (доир ба тасаввуф), "Махзан - ул иншо" (доир ба санъати иншонависӣ), рисолаи "Ҳотамия" (нақлу ривоятҳо доир ба Ҳотами Той), "Анвори Суҳайлӣ" ("Калила ва Димна") ва "Ахлоқи Мӯҳсинӣ" (доир ба ахлоқ) аз ҷумлаи асарҳои пурарзиши Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба шумор мераванд.

Ҳикояти "КАЛИЛА ВА ДИМНА"

Ин ҳикоят тахминан дар асри IV ё соли 300 (яъне тақрибан 1700 сол пеш аз ин) аз тарафи муаллифи номаълуме дар Ҳиндустон таълиф гардидааст.

Аммо матни аслии он то замони мо омада нарасидааст. Он китобе, ки аз рӯи он таҳрирҳою тарҷумаҳои баъдина ба вуҷуд омадаанд, соли 1199 таҳрир ёфтааст. "Калила ва Димна" дар Ҳиндустон бо номи "Панчатанра" (яъне "Панҷ китоб") машҳур аст.

Ҳукмрони сулолаи Сосониён Хусрави Анӯшервон (531- 579) шунидааст, ки дар куҳҳои Ҳинд гиёҳе мерӯидааст ва агар онро ба мурда диҳанд, зинда мешудааст. Анӯшервон Барзӯя ном ҳакими худро ба Ҳиндустон мефиристад, ки он гиёҳро дастрас намояд. Барзӯя дар кӯҳсори Ҳиндустон ин гиёҳро бисёр ҷустуҷӯ мекунад, вале онро пайдо карда наметавонад. Аз донишманди куҳансоли Ҳинд сирри ин гиёҳи "ҷонбахш"-ро мефаҳмад: гиёҳи ҷонбахш китоби "Калила ва Димна" будааст, ки суханони пандомӯзи он одамони нодони ба мурда баробарро донову бино мекардааст. Барзӯя он китобро пайдо карда, аз он нусха мебардорад ва ба Эрон назди Анӯшервон меорад. Тахмин мекунанд, ки Барзӯя "Калила ва Димна”-ро ба забони паҳлавй тарҷума кардааст.

Дар натиҷаи ҳамлаи арабҳо бисёр осори тамаддун ва адабиёти халқҳои Эрону Осиёи Миёна аз байн рафт. "Калила ва Димна” дар қатори китобҳои нобуднашуда, хушбахтона, боқӣ монд ва дар асри VIII аз забони паҳлавӣ ба арабӣ бо қалами шоир ва мутарҷими машҳур Абдулло ибни Муқаффаъ тарҷума шуд.

"Калила ва Димна” баъдтар тадриҷан ба забонҳои юнонӣ славянӣ, яҳудӣ, лотинӣ, ҳамагӣ ба шаст забон тарҷума шуда дусад маротиба таҳрир ёфт.

Дар асри XII Абулмаолии Насруллоҳ "Калила ва Димна"-ро аз забони арабӣ аз нав ба забони форсӣ тарҷума намуд. То асри XV тарҷумаи форсии Абулмаолии Насруллохҳ шӯҳрати калоне дошт. Бо мурури замон баробари тағйироти сиёсию иқтисодӣ, ақидаву афкори иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, завқу писанди бадеӣ низ тағйир ёфт. Акнун зарурати аз нав таҳрир намудани "Калила ва Димна" ба вуҷуд омад. Нависандаи барҷаста, олими намоён ва воизи беҳамтои асри XV Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба тарҷумаи Абулмаолии Насруллоҳ либоси нав пӯшонида, "Калила ва Димна”-ро аз нав таҳрир намуд. Ӯ ба шарафи Шайх Аҳмади Суҳайлӣ, ки аз хосони Султон Ҳусайни Бойқаро (1468-1506) буд, ба ин китоб "Анвори Суҳайлӣ" ном гузошт.

Ҳикояти "Калила ва Димна" таърихи дуҳазорсола дорад ва дар муддати бист аср, бешубҳа, аз ҷиҳати мазмун, сабк ва услуб борҳо тағйир ёфтааст.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба китоби "Калила ва Димна” ҳикояти подшоҳи Чин ва ба воситаи он ҳикояти Рой Добшилим ва Бараҳман Бидпойро дохил намуд.

Дар мамлакати Чин подшоҳи адолатпарваре буд, ки ӯро Ҳумоюнфол мегуфтанд. Ӯ Ҳуҷистарой ном вазири донишманд ва соҳибтадбире дошт. Рӯзе шоҳу вазир бо лашкари зиёд ба шикор баромаданд. Рӯзи дароз онҳо дар дашту кӯҳсор ҷонварону  ҳайвонотро сайд намуданд. Баъди шикор шоҳ лашкари худро ҷавоб дода, ҳамроҳи вазир ва чанд тан аз сипоҳиён ба тарафи шаҳр равона шуд.

Ҳумоюнфол ба Ҳуҷистарой таклиф намуд, ки дар ягон ҷои сояву салқин каме истироҳат намуда, пас ба роҳ дароянд. Ҳуҷистарой ӯро ба доманаи кӯҳе, ки марғзори сабзу хуррам ва чашмасорҳои бешумор дошт, овард. Онҳо дар лаби ин чашмаҳо

ва сояи дарахтҳо нишаста истироҳат мекарданд. Дар марғзор дарахти кӯҳнаи себ буд, ки аз нашъунамо монда, танаи он аз захми кирмон холӣ шуда буд. Дар ковокии ин дарахт занбурҳои асал хона сохта буданд ва бо навбату тартиб даробаро мекарданд. Ҳумоюнфол, ки ин ҳолро пеш аз ин надида буд, чӣ будани ин занбурҳо ва сабаби таку дави онҳоро аз вазири худ пурсид. Ҳуҷистарой ҷавоб дод:

-Ин занбурҳо гурӯҳеанд, ки манфиати бисёру зарари андаке доранд. Онҳо подшоҳе доранд, ки ба ҷусса аз онҳо бузургтар аст ва ҳамаи онҳо ба ӯ сари итоат хам кардаанд: барои идора намудани онҳо вазир, ҳоҷиб, дарбон, посбон ва нақиби лашкар таъин намудааст. Ҳар як аз ин занбӯрҳо барои худ аз мум хонаи шашкунҷае сохтааст ва ба ҳукми султонашон аз хонаҳояшон берун меоянд. Амирашон мефармояд, ки онҳо тани худро ба ҳар чизи нопок олуда насозанд. Аз ин сабаб онҳо фақат болои гулу шукуфаҳои тоза нишаста, гардҳои онро мехӯранд.

Аз гарди ин гулу шукуфаҳо дар дохили онҳо шарбате ҳосил мешавад. Вақте ки ба хонаҳои худ меоянд, дарбонон онҳоро тафтиш мекунанд, агар мабодо аз онҳо бӯи баде ояд, ҳамон замон онҳоро ду пора карда мекушанд. Агар дарбонон тағофул кунанд ва дар ҳамин ҳол онҳоро ба хона роҳ диҳанд, подшоҳ аз ин бӯи бад хабардор шуда, ҳам он занбӯр ва ҳам он дарбонро мекушад. Агар фарзанди занбӯре аз занбӯрхонаи дигар ба хонаи онҳо даромаданӣ шавад, онро манъ мекунанд, агар гӯш накунад, ӯро низ ба қатл мерасонанд. Ривоят мекунанд, ки Ҷамшед тарзи давлатдориро бо усули ҳамин занбӯрҳо сохта будааст.

Ҳумоюнфол аз ин суханони Ҳуҷистарой дар ҳайрат монда гуфт:

"Аҷаб дар он аст, ки бо вуҷуди сирати ҳайвонӣ доштанашон якдигарро озор намедиҳанд ва ҳарчанд неш дошта бошанд ҳам, ҳосили он фақат шарбати нӯш аст. Мо дар байни одамон хилофи ин одатро мебинем, ки ҷамъе аз онҳо ба гурӯҳи дигаре зарар мерасонанд ва мехоҳанд, ки бунёде ҳамчун худро барандозанд".

Пас шоҳу вазир аз ахлоқи инсонӣ ва муносибати одамон бо ҳамдигар хеле сӯҳбатҳо карданд. Дар зимни ин сӯҳбат Ҳуҷистарой гуфт:

"Ҳар подшоҳи одил, ки мадори кори худро бар ҳикмат ниҳод, панду насиҳати ҳакимон ва донишмандонро дастуру амали кори худ кунад, ҳам мамлакаташ ободон ва ҳам раияташ хушдилу шодон хоҳанд шуд. Чунончи Рой Аъзами Добшилими ҳиндӣ, ки асоси салтанати худро аз рӯи қоидаҳои ҳакими донишманд Бараҳман Бидпой сохта буд, рузгори худро ба комронӣ гузаронида.

Ҳумоюнфол мегӯяд, ки ӯ ҳам аз қиссаи ин Ройи Аъзам бисёрҳо шунидааст, аммо тафсили он то ҳол ба ӯ маълум нест. Сипас аз Ҳуҷистарой хоҳиш намуд, ки ин қиссаро батафсил ба ӯ ҳикоят кунад.

Ҳуҷистарой гуфт:

-Дар яке аз кишварҳои Ҳинд подшоҳе буд, ки ӯро Рой Добшилим мегуфтанд. Добшилим ба забони ҳиндӣ подшоҳи бузург гуфтан аст. Добшилим шоҳи ниҳоят раиятпарвар ва саховатманд буд. Дар сӯҳбати ӯ пайваста ҳакимони донишманд ва олимони фозил ҳозир буданд.

-Рузе Добшилим маҷлисе ишрат ороста буд. Дар ин маҷлис аз хислатҳои писандида ва сифатҳои сутудаи одамон ва шоҳон сухан мерафт. Дар айни сӯҳбат сухан аз саховатмандӣ ва эҳсону инъом ба миён омад. Ҳама гуфтанд, ки барои инсон ва махсусан, шоҳон хислати беҳтарин ва писандатарин саховатмандӣ аст.

Добшилим чун ин суханҳо шунид, фармуд, ки дари хазинаро кушоянд ва зару сим ба хосу ом бидиҳанд. Аз ин саховат ва инъомҳои бисёру бешумори шоҳ хурду калон хурсанду хушдил шуданд.

Ҳамин шаб Добшилим дар хоб дид, ки пирамарди нуроние пеши ӯ омада гуфт:

-Имрӯз ту ганҷи гаронмояро ҳадяи хосу ом ва хурду калон кардӣ. Субҳидам бархез ва ба сӯи Машриқ бирав, ки дар он ҷо ганҷе ниҳон аст ва он насибаи туст.

Пагоҳии барвайт Добшилим аз ҷой бархеста, савор ба Шарқ равон шуд. Ӯ ба домани кӯҳи баландқуллае расид, ки дар зери он ғори бетаге буд. Бар дари он ғор пирамарди равшандиле нишаста буд. Добшилим чун назди он пир расид, салом кард, пирамард аз дидҷӯии шоҳ хурсанд шуда ӯро таҳният хонд ва гуфт:

-Шоҳо, ман ба расми туҳфа ганҷномаеро, ки аз падарам мерос мондааст, ба ту тақдим медорам. Дар он ганҷнома навишта шудааст, ки дар гӯшаи ин ғор ганҷи фаровоне хаст. Ман, ки аз давлати дунё даст кашидаам, мехоҳам, ки ин ганҷро ту бибарӣ ва сарфи давлати худ бисозӣ.

Добшилим ба хидмадгорон фармуд, ки атрофи он ғорро бикованд.

Дар андак муддате хидматгорон сандуқҳои бисёре пайдо карда, пеши шоҳ оварданд. Добшилим фармуд, сари сандуқҳо кушоданд, дар онҳо симу зари фаровон ва тӯҳфаҳои бешумор диданд. Аммо дар байни ин сандуқҳо сандқе диданд, ки бо бандҳои маҳкам баста ва қулфи румие ба он зада буданд. Ҳарчанд ҷустуҷӯ карданд, калиди ин қулф пайдо нашуд. Бо фармоиши Добшилим оҳангарони чобукдаст мувофиқи он қулф калиде сохта сандуқро кушоданд ва аз он дурҷе берун оварданд. Даруни он дурҷ ҳуққае буд. Ҳуққаро пеши шоҳ оварда кушоданд, ки аз он пораи ҳарире берун омад, дар рӯи ҳарир ба хати суриёнӣ чизе навишта буд.

Пас олимеро, ки аз хату забони суриёнӣ воқиф буд, ҳозир карданд ва он олим мазмуни ин хатро чунин шарҳ дод:

-Ин ганҷнома мактубест, ки анвои манфиату фоидаҳо дар он дарҷ ёфтааст. Мазмуни мухтасари он ин аст: Ман, ки Ҳушанг подшоҳам, ин нома ва хазинаро барои Ройи Аъзам Добшилим ниҳодаам. Медонам, ки вақте ки ҳамаи ин ганҷҳо насиби ӯ мешавад, ин васиятномаро низ байни ин ганҷҳо ниҳодам, то ки ӯ ба зару сим фирефта нашуда, аз рӯи ҳамин васиятнома корҳои худро анҷом диҳад. Васияти аввал он аст, ки агар подшоҳ ҳар касро аз чумлаи мулозимонаш ба худ наздик созад, ҳаргиз бадгӯии дигаронро дар хаққи ӯ қабул насозад. Зеро ҳар кӣ ба подшоҳ наздик шуд, албатта, ҷамъе аз ҳамкорон ба ӯ ҳасад мебаранд ва дар ҳаққи ӯ ҳар гуна бадгӯӣ мекунанд, то ӯро аз пой дароваранд.

Васияти дуввум: ба маҷлиси худ касони хабаркаш ва ғараздорро роҳ надиҳад ва агар ин сифатро аз касе мушоҳида кунад, ҳар чӣ зудтар дар пайи пешгирии зарари ӯ шавад.

Васияти саввум: бо арбоби давлати худ ҳамеша тариқи мувофиқат ва накӯхоҳиро риоя намоянд, зеро ба иттифоқи дӯстони якдилу якҷиҳат кор ҳамеша пешрав аст.

Васияти чорум: ба лутфу меҳрубонии душман ҳаргиз бовар накунад, ки аз душман ҳаргиз дӯстӣ наояд.

Васияти панҷум: чун гавҳари мурод ба даст даромад, дар муҳофизати он ғафлат накунад, ки агар мабодо мақсуд аз даст равад, ба даст овардани он басо душвор аст ва дар рафтани он пушаймонӣ суд надорад.

Васияти шашум: дар корҳо шитобзадагӣ ва сабуккорӣ накунад, балки тааммулу таанниро пеш гирад, ки зарари таъҷил бисёру манфиати сабру сукун бешумор аст.

Васияти ҳафтум: ҳеҷ гоҳ тадбиру чораандеширо фурӯ нагузорад. Чун бинад, ки ҷамъе аз душманон ба қасди вай иттифоқ кардаанд, салоҳ дар он бинад, ки бо яке аз онҳо дӯстиву меҳрубонӣ карда, ба ин васила роҳи халосӣ кунад.

Васияти ҳаштум: аз касони ҳасуд ва бадкина ҳазар кунад ва ба нармзабонии онҳо мағрур нашавад, чун ниҳоли кина дар замини сина нишонда шуд, самари он танҳо зарару озор хоҳад буд.

Васияти нӯҳум: анвор ва бахшидани гуноҳро шиори худ созад ва мулозимони худро ба андак ҷарима ба азобу шиканҷа гирифтор насозад.

Васияти даҳум: гирди озори ҳеҷ кас нагардад, то ки ба тариқи мукофот ба худи ӯ зарар нарасад.

Васияти ёздаҳум: ба коре, ки мувофики тавру лоиқи ҳоли ӯ набошад, майл накунад.

Васияти дувоздаҳум: дар корҳо ҳамеша ҳалиму вазнин ва босубот бошад.

Васияти сездаҳум: мулозимони азим ва боварибахш ба даст оварда, аз мардуми хоин ва ғаддор дурӣ гузинад. Ҳар як аз ин васиятҳо, ки ёд кардем, достоне ва ҳикояте дорад. Агар Рой хоҳад, ки ба тафсили ин достону ҳикоёт хабар ёбад, бояд ба Сарандеб равад, ки сирри ин гуфтор дар ҳамон ҷо кушода хоҳад шуд.

Добшилим чун ин суханҳо шунид, бо чанде аз арбоби давлат азимати сафари Сарандеб намуда, ба роҳ баромад. Ӯ ба шаҳри Сарандеб расида, ду-се рӯз аз ранҷи роҳ баросуда, баъд бо ду-се тан маҳрамони худ ба сӯи кӯҳи Сарандеб равон гашт. Вақте ки ба болои кӯҳ расид, назараш ба ғоре афтод, ки он маскани ҳакими донишманд Бидпой будааст. Маънии Бидпой ба забони ҳиндӣ табиби меҳрубон гуфтан аст. Добшилим ба зиёрати ӯ рафт. Бараҳман Бидпой ӯро бо меҳрубонӣ қабул намуд, сабаби ранҷи қадам пурсид. Добшилим қиссаи худ ба Бараҳман бозгуфт ва аз васиятномаи Ҳушанг сухан ба миён овард. Добшилим як-як аз ин васиятҳоро ба ҳакими донишманд Бидпой Бараҳман арз мекард ва Бараҳман дар он боб ба Добшилим ҳикоятҳо мегуфт. Китоби "Калила ва Димна" баёни ҳамин суолу ҷавоби Рой ва Бараҳман аст.

Ҳикояти "ГУНҶИШК ВА СУСМОР"

Шунидаам, ки ду гунҷишк бар шохи дарахте ошёна ниҳода ва аз матои дунё ба обу дона қаноат карда буданд. Бар сари куҳе, ки он дарахт дар поёни вай истода буд, бошае мақом дошт, ки дар вақти сайд кардан чун барқ аз гӯшае берун меҷаст ва соиқавор хирмани ҷони мурғони заифболро пок месӯхт.

Ҳар гоҳ ки гунҷишкон бача мебароварданд ва онро паррончак мекарданд, боша аз камингоҳ берун ҷаста, бачаи онҳоро рабуда, тӯъмаи бачагони худ месохт. Он гунҷишкон аз ошёнаи худ дил канда наметавонистаад. Боша бошад, ҳамеша бачаҳои онҳоро нобуд мекард.

Навбате бачагони онҳо қувват ёфта ва пару бол бароварда харакат мекарданд. Падару модар ба дидори фарзандон хурсанд шуда аз вақти парвози онҳо хуррамӣ менамуданд. Ногоҳ андешаи боша ба хотири онҳо гузашт ва якборагӣ аз хурсандӣ боз монда ба изтиробу беқарорӣ нолаву зорӣ оғоз карданд. Яке аз фарзандонаш сабаби ин ҳол пурсид. Гуфтанд:

Аз мо мапурс, к-оташи дил то чӣ ғоят аст,

Аз оби дида пурс, ки ӯ тарҷумони мост.

Пас қиссаи зулми бошаро батафсил гуфтанд. Он писар гуфт:

-Ҳар дарде даво ва ҳар ранҷе шифое дорад. Мумкин аст, ки дар дафъи ин бало саъй кунед, ӯ аз сари мо бардошта шавад.

Ин сухан ба гунҷишкон мувофиқ омад. Яке аз онҳо ба бачагони худ нигоҳ карда истода, дигаре ба чораҷӯӣ парвоз кард, Чун қадре роҳ бипарид, дар андешаи он афтод, ки оё куҷо равам ва дарди дили худро ба кӣ гӯям:

Ба дарди дил гирифторам, давои дил намедонам,

Давои дарди дил корест бас мушкил, намедонам.

Охир ба хотираш омад, ки ҳар ҷонваре, ки ба назари ӯ аввал афтад, сухан ба вай бигӯяд ва илоҷи дарди дил аз вай биталабад. Иттифоқо Самандаре аз маъдани оташ берун омада дар фазои саҳро сайругашт менамуд. Гунҷишк онро дид ва бо худ гуфт: "Биё то дарди дил ба ин мурғи булъаҷаб бигӯям, шояд, ки гиреҳ аз кори ман бикшояд ва маро ба сӯи чора роҳ намояд". Пас аз таъзим назди Самандар омад. Самандар ӯро дида гуфт:

-Дар башараи ту осори малол пайдост, агар аз ранҷи роҳ бошад, чанд рӯз дар ин ҷой иқомат кун, агар ҳолати дигар бошад, бигӯй, то ки чораи он ба қадри тоқати худ бубинам.

Гунҷишк забон бикшод ва ҳоли зори худ пеши Самандар арз кард:

Бар ҳар касе, ки шарҳ диҳам достони хеш,

Сад доғи тоза бар дили он нотавон ниҳам.

Самандар ин суханхоро шунида гуфт:

-Ғам махӯр, ки ман ин балоро аз сари ту дафъ гардонам ва имшаб чунон кунам, ки хонаву ошёнаи ӯро бисӯзам. Ту ба ман манзили худ нишон деҳ ва худ ба сари фарзандон рав, то вақте ки назди ту оям.

Гунҷишк нишони макони худ ба Самандар нишон дод, бо хотири шод ва аз бори ғам озод рӯ ба ошёнаи худ ниҳод.

Чун шаб даромад, Самандар бо ҷамъи ҳамҷинсони худ ҳар як миқдоре нафт ва гӯгирд бардошта ба он манзил равон шуд ва ба раҳнамунии гунҷишк худро ба назднкии он ошёнаи боша расонд. Боша бо фарзандон сер хӯрда ва дар хоб шуда буданд. Самандарон он чӣ аз нафту гӯгирд ҳамроҳ доштанд, ба ошёнаи онҳо рехта бозгаштанд. Аз шӯълаи оташ ошёнаи он золим афтод ва ҳамаи онҳо ба як бор бо хонаву ошёна хокистар шуданд.

Ситамгар зи зулм оташе барфурӯхт,

Чу зад шӯъла аввал ҳам ӯро бисӯхт.

Ҳикояти "МОҲИХОР"

Моҳихоре бар лаби обе ватан карда буд ва ба сайди моҳӣ рӯз мегузаронд. Чун заъфи пирӣ ба ӯ роҳ ёфт, аз шикори моҳӣ боз монд ва ба доми ғам гирифтор шуда бо худ мегуфт:

Дареғо қофилаи умр, к-он чунон рафтанд,

Ки гардашон ба ҳавои диёри мо нарасид.

Афсӯс, ки умри азиз ба бозича барбод додам ва чизе, ки дар мавсими пирӣ пои мардӣ тавонам намуд ё дастгирӣ тавон кард, захира наниҳодам. Имрӯз қуввате намондааст, ҳамон беҳтар аст, ки бинои кор бар ҳила ниҳам.

Пас чун андӯҳгин оҳзанону нолакунон бар канори об нишаст. Харчанге ӯро аз дур бидид, пештар омад ва гуфт:

-Эй азиз, туро ғамнок мебинам, сабаб чист?

Моҳихор ҷавоб дод:

- Чӣ гуна ғамнок набошам, ту медонӣ, ки сармояи зиндагии ман он буд, ки ҳар рӯз як-ду мохӣ мегирифтам ва ба он хӯроки ҳаррӯзаам ҳосил буд. Имрӯз ду сайёд ин ҷо мегузаштанд ва мегуфтанд, ки "дар нм обгир моҳӣ бисёр аст, чораи онро дидан лозим аст”. Яке гуфт "дар фалон обгир моҳӣ аз ин бештар аст, аввал кори онҳоро тамом кунем, пас ба ин ҷо меоем". Агар ҳол ҳамин хел бошад, ман бояд дил аз ҷони ширин бардошта бар талхии марг ниҳам.

Харчанг, ки ин хабар шунид, зуд бозгашт ва назди моҳиён рафт ва ин хабари шумро ба онҳо гуфт. Дар миёни моҳиён ҷӯшу хурӯш афтод, ба иттифоқи харчанг рӯй ба моҳихор ниҳоданд ва гуфтанд:

Аз ту ба мо ин хабар расиду инони тадбир аз дастамон рабуд:

Чандон ки саропои муҳим менигарем,

Паргорсифат зи аҷз саргаштатарем.

Ҳоло бо ту машварат мекунем ва ту худ мегӯӣ, ки ҳастии ояндаи мо ба ту вобастааст. Пас дар ин кори мо чӣ андеша дорӣ?

Моҳихор ҷавоб дод:

         -Ман худ ин сухан аз забони сайёдон шунидаам ва бо онҳо муқовимат кардан фоида надорад. Ба хотири ман ҳамин ҳила расид, ки дар ин наздик обгиреро медонам, ки обаш ба ҳадде мусаффост, ки донаи peг дар қаъри ӯ дидан мумкин аст. Бо ин ҳама ҳеч кас ба қаъри он расида наметавонад ва дидаи доми ҳеқ сайёде ба он обгир наафтодааст:

Обгире ба сони дарёест,

Лек дарёи бесару поест.

Агар ба он ҷо кӯчида тавонед, бақияи умрро дар осоишу роҳат ва айшу фароғат хоҳед гузаронид.

Моҳиён гуфтаанд:

         -Фикри хубест, аммо бе ёрии ту мо ба он ҷо рафта наметавонем. Моҳихор ҷавоб дод:

-Ман ҳар чӣ аз қуввату қудрат дорам, аз шумо дареғ нахоҳам дошт. Аммо фурсат танг аст, мумкин аст, ки соат ба соат сайёдон биёянд ва фурсат аз даст равад.

Моҳиён тавалло намуданд ва ба илтимоси бисёр қарор ба он афтод, ки моҳихор ҳар рӯз чанд моҳиро бардошта ба он обгир мерасонад.

Пас моҳихор ҳар пагоҳӣ чанд моҳиро мебурд ва ба болои он пушта, ки дар наздикӣ буд, нишаста мехӯрд. Вақте ки боз меомад, дар кӯч-кӯч таъҷил мекарданд ва ба якдигар пешдастӣ меҷустанд. Ҳар кас, ки ба зорию лобаи душман фирефта шавад ва бар бадгавҳарон эътимод раво дорад, сазои ӯ ин аст.

Чун рӯзҳо бигзашт, харчанг ҳам ба он обгир рафтанӣ шуд. Моҳихорро аз он фикр огоҳӣ дод. Моҳихор андеша кард, ки "ман аз  ӯ душмани сахттар надорам, беҳтар он аст, ки ӯро низ ба пеши ёронаш расонам". Пас пеш омад ва харчангро ба гардан гирифта рӯй ба ҳамон пушта ниҳод. Харчанг, ки аз дур устухони моҳиёнро дид, донист ки ҳол чист. Бо худ андешид, ки: хирадманд чун бинад, ки душман қасди ҷони вай дорад, агар фурсатро аз даст диҳад, дар хуни худ саъй карда бошад:

Чу хасм қасди ту кард, аз барои дафъи зарар,

Ба ҷидду ҷаҳд бикӯш, ар ба ақд машҳурӣ.

Ки гар мурод ба даст оядат, ба ком расӣ

В-агар ба ҳам нарасад, он замон ту маъзурӣ.

Пас харчанг худро бар гардани моҳихор ва халқи ӯ фишурдан гирифт. Моҳихор пиру заиф буд, аз андак халқфишорӣ беҳуш шуда аз ҳаво дарафтод ва ба хок яксон гашт. Харчанг аз гарданаш фуруд омад ва сари хеш гирифт ва наздики моҳиёни боқимонда омад, онҳоро аз сурати ҳол хабар дод. Дӯстонаш шод гашта, вафоти моҳихорро умре тоза ва ҳаёте беандоза шумурданд.

Ҳикояти "ТАДБИРИ МАЙМУНҲО"

Овардаанд, ки ҷамоате бузинагон дар кӯҳе маьво доштанд ва ба меваю гиёҳҳои он рӯзгор мегузарониданд. Иттифоқо дар шабе сиёҳтар аз дили гунаҳкорон ва тиратар аз даруни табоҳрӯзгорон лашкари сармо ба онҳо тохтан овард ва аз сахтии сармо асари хун дар дили онҳо фушурдан оғоз кард. Бечорагон аз сармо ранҷур шуда паноҳе меҷустанд ва ба талаби он ба ҳар гӯшае медавиданд. Ногоҳ ба тарафи роҳ ёраи дурахшоне афканда диданд ва ба гумони он, ки оташ аст, ҳезум ҷамъ оварданд, гирдогирди он чида дам дар ӯ медамиданд. Дар баробари онҳо мурғе бар дарахте овоз медод, ки "он оташ нест", аммо онҳо илтифот нанамуданд ва аз он кори бефоида боз наистоданд. Иттифоқо дар ин асно мурғе дигар он ҷо расид ва он мурғро гуфт:

-Ранҷ мабар, ки ба гуфтори ту аз ин кор бознамемонанд ва ту беҳуда ранҷур мешавӣ. Дар тарбияти чунин касон саъй намудан ҳамчунон бошад, ки шамшерро бар санг озмудан:

Ҳар кӣ дар асл бадниҳод афтод,

Ҳеҷ некӣ аз ӯ мадор умед.

3-он ки ҳаргиз ба ҷаҳд натвон сохт,

Аз қулоға сиёҳ бози сафед.

Мурғ чун дид, ки сухани ӯ намешунаванд, аз ғояти шафқат аз дарахте фуруд омад, то насиҳати худро дурусттар ба гӯши онҳо расонад ва онҳоро дар ин ранҷи беҳуда, ки мекашанд, танбеҳ кунад. Бузинагон гирдогирди мурғ даромада сараш аз тан ҷудо карданд.

Ҳикояти "КАБКИ ДАРӢ"

Овардаанд, ки кабки дарие дар доманаи куҳе мехиромид ва ғулғулаи садои қаҳқаҳааш дар гунбади сипеҳр мепечид. Иттифоқан, бози шикорие дар он ҳаво мегузашт, чун кабки дариро дид, дилаш ба муҳаббати ӯ моил гашт ва ба худ андешид, ки дар ин олам ҳар касе бояд ёри мувофиқ ва рафиқи меҳрубоне дошта бошад:

Касе к-андар ҷаҳон ёре надорад,

Дарахти ишраташ боре надорад.

Ва ин кабк ёри хушманзар, хандонрӯ, сабукрӯҳ, ширинзабон ва латифҳаракот аст, дил дар сӯҳбати чунин рафиқ тозаву хуррам гардад:

Ёре бояд, чӣ гуна ёре бояд?

Ёре, ки гиреҳ зи кори май бикшояд.

Ҳар гаҳ, ки ҷамоли хештан бинмояд,

3-оинаи дил ғубори ғам биздояд.

Пас оҳиста ба ҷониби кабк моил шуд ва кабкро назар бар вай афтод ва ҳазаркунон худро ба шикофи санге расонид. Боз аз ҳаво даромада, пеши он сӯрох нишаста гуфт:

- Эй кабк, пеш аз ин аз ҳунарҳои ту ҳофил будам ва фазлу камоли ту бар ман зоҳир набуд. Имрӯз ба воситаи қаҳқаҳаи ту кушоише дар дили ман падид омад ва хиромидани дилфиреби ту маро сайд карда. Умед аст, ки минбаъд аз ман тарсону ҳаросон набошӣ ва ба сӯи ман майл намоӣ.

Кабк овоз дод, ки "Эй қаҳрамони комгор, даст аз ин бечораи меҳнатзада боздор, ҳар гоҳ ки обу оташ бо ҳам якҷоя шаванд, ману ту рафиқ шуда метавонем".

Боз гуфт:

Эй азиз, андеша кун, ки ман аз дӯстӣ бо ту ҳеҷ ғаразе надорам, чанголи ман нуқсоне надорад, ки аз сайд бозмонда бошад; минқори ман қусуре надорад, ки аз хӯрдан оҷиз шуда бошам. Ман ғайр аз бо ту дӯстӣ ҳамдам шудан дигар мақсаде надорам. Ту аз сӯҳбати ман чандин фоидаҳо хоҳӣ дид. Аввалан, чун дигар бозҳо мебинанд, ки ту дар сояи парвариши ман ҳастӣ, ба ту тааддӣ намекунанд ва ба дидаи ҳурмат ба ту менигаранд; дуввум, ман туро ба ошёнаи худ мебарам ва ту аз кабкҳои дигар чӣ қадарҳо баланд зиндагӣ мекунӣ; сеюм, аз кабкҳо ҳар мокиёнеро, ки хохӣ, наздат меорам, бо вай бо хушиву хурсандӣ рӯз мегузаронӣ.

Кабк гуфт:

-Ту амири мурғонӣ ва инони ихтиёри мурғон ба қабзаи иқтидори туст ва ман яке аз фуқарои ту ҳастам. Агар аз ман кирдоре содир шавад, ки мувофиқи табъи ту набошад, пас сарпанҷаи ғазаби ту маро ба ҳалокат расонад. Беҳтар ин аст, ки дар гӯшаи хилват бинишинам.

Боз гуфт:

Эй бародар, нашунидаӣ, ки дидаи дӯстӣ айбро намебинад ва ҳар зиштӣ, ки аз дӯстӣ падид ояд, бағоят зебо менамояд.

Заҳри туро дӯст чӣ донад? - Шакар!

Айби туро дӯст чӣ бинад? - Ҳунар!

Ман, ки кирдори туро ба дидаи муҳаббат мебинам, дар гуфту шуниди ту чӣ гуна хати хато кашида метавонам?

Дидаи дӯст айббин набувад.

Кабк ҳарчанд узрҳои писандида мегуфт, боз ҷавобҳои маъқулу дидпазир дар муқобили он меовард. Дар охир ба аҳду паймон кабкро аз сӯрох берун овард ва боз ӯро бардошта ба ошёнаи худ овард. Ҳар ду бо якдигар хуш баромада рӯзҳоро бо айшу тараб мегузарониданд.

Ду-се рӯз аз ин миён гузашт, кабк ба боз тамоман боварӣ карда далерона сухан мегуфт ва беиб қаҳқаҳа мезад. Боз ҳам худро ба ношуниданӣ зада аз сари интиқом дармегузашт, аммо кинаи он дар синааш ҷо мегирифт.

Рӯзе боз каме бемор шуд ва барои хӯрок аз ҷой ҳаракат карда наметавонист. Ҳама рӯз дар ошёна буд, чун шаб даромад, хеле гурусна монд ва кинаҳои кабк, ки ба мурури замон ҷамъ шуда буд, бозро хашмолуд сохт. Ҳарчанд аҳду паймонҳои гузашта ба хотираш меомад, аммо ҳеҷ ба ақлаш қабул намешуд ва барои хӯрдани кабк баҳона меҷуст. Кабк осори ғазаб дар башараи ӯ мушоҳида намуда, ба ақли хирад ҳалоки худро медид ва оҳи сард аз диди пурдард кашида, ба худ мегуфт: "Ки аз аввали ҳол назар ба поёни кор наяфгандам ва бо ғайри ҷинси худ пайвастам, Бинобар ин киштии умрам имрӯз ба гирдобе дарафтода, ки мӯҳоли тадбир аз халоси он оҷиз аст:

На аз рафиқ вафою на аз ҳаёт умед.

На аз сипеҳр башорат, на аз замона навид!

Боз бошад, чанголи озор кушод ва минқори хунхор ба заҳри ситам об дода, баҳонаҷӯӣ мекард. Кабк аз рӯи эҳтиёҷ риояти одоб менамуд ва аз ин сабаб баҳонае барои боз пайдо набуд. Охируламр боз бетоқат шуда аз рӯи асаб ба кабк гуфт:

- Оё раво бошад, ки ман дар офтоб бошаму ту дар соя нишинӣ?

Кабк гуфт:

- Эй амири ҷаҳонгир, ҳоло шаб аст ва ҳама оламро сояи зулмот фурӯ гирифта, шумо аз тоби кадом офтоб ба заҳматед ва ман дар сояи чӣ чиз истироҳат дорам?

Боз гуфт:

- Эй беадаб, маро дурӯғгуй месозӣ ва сухани маро рад мекунӣ, сазои туро додан лозим аст. Инро гуфту кабкро аз ҳам дариду хӯрд.

Дида шуд: 23


2020 SHOIR.TJ