Шамсуддин Шоҳин (1859-1894)


Зиндагинома

Шамсуддин Муҳаммад махдуми Шоҳин соли 1859 дар Бухоро, дар оилаи мулло Амони Хатлонӣ таввалуд шудааст. Мулло Амони Хатлонӣ дар овони ҷавонӣ барои илмомўзӣ ба Самарқанд омада, баъди ду соли таҳсил азми Бухоро намуда, дар ин маркази илмию адабии Мовароуннаҳр мадрасаро хатм мекунад. Пас аз хатми мадраса Мулло Амон чанд муддат дар яке аз мадрасаҳои Бухоро мударрисӣ ҳам кардааст. Шоҳин баъдҳо дар маснавии «Тўҳфаи дўстон» ғамхории волидайнашро дар бораи худ аз забони падараш чунин ёдоварӣ мекунад:

Агарчанд умрам ба ҳафтод рафт,

Кунунам ғами пирӣ аз ёд рафт.

Падар чун ба модар суруд ин калом,

Ба таҳсили илмам намуд эҳтимом.

Шоҳин ҳангоми мактабхонӣ тахминан дар ҳашт ё нўҳсолагӣ ба шеър гуфтан шурўъ кардааст. Инчунин, ў дар хушнависӣ маҳорати том дошта, баъди хатми мактаб падараш ин ҳунари Шоҳинро дида, вайро пешаи мирзоӣ меомўзонад. Хаттотон нозукиҳои ин пешаро ба Шоҳин ёд медиҳанд. Ў тўли ду-се соли шогирдӣ тарзи хатнависӣ ва иншоро хуб ёд мегирад. Баъдтар дар синни 15-16- солагӣ Шоҳин барои таҳсили илм ба мадраса дохил мешавад.

Падару бобоёни Шоҳин аз тоифаи аҳли фазлу адаби Хатлон будаанд. Баъдтар падари Шоҳин ба Самарқанд ва аз он ҷо ба Бухоро меояд, ки мақсадаш танҳо таҳсили илм будааст. Аз рўи ишораи сарчашмаҳои ин аср, Шоҳин фарзанди хурдтарини хонадон мебошад ва аз баъзе ишораҳои шоир маълум мешавад, ки дар хонадони онҳо духтаре ҳам ба дунё омада будааст. Зеро Шоҳин вафоти хоҳарзодаҳои худро дар як қитъаи таърих ишора мекунад:

Таърихи фавти ҳар ду зи Шоҳин бихостанд,

Маъсумаву Муаззама гуфту кашид оҳ.

Ин ҷо моддаи таърих 1300 мешавад, ки ба соли 1883 мелодӣ баробар аст.

Баъд аз хатми мадраса Шамсуддин Шоҳин чанд гоҳе имоматӣ низ мекунад. Шоир дар «Тўҳфаи дўстон» 87сол умр дидани падарашро таъкид кардааст. Таъмини рўзгор пас аз вафоти падараш бар ўҳдаи ў меафтад. Дар ин айём яке аз шайхони Бухоро - Абўтоҳир Зарири Ҷўйборӣ ба шоир ҳаматарафа ёрӣ мерасонад. Ба ин маънӣ Шоҳин мегўяд:

Шукри Худо, ки чун падар аз ман канора ҷуст,

Шуд илтифоти хоҷаи офоқ ёварам.

Вале баъд аз чанде Зарири Ҷўйборӣ низ вафот мекунад ва Шоҳин дар ин бора низ дар як тарҷеъбандаш, ки ба номи қозикалони Бухоро - Бадруддин навиштааст, мегўяд:

Он ки будӣ маро ба ҷои падар,

Рахт барбаст аз ин сароча бадар.

Ман дар ин кунҷи узлат аз ғами ў

Чун сипанде, ки сўхт дар миҷмар.

Ман ятиму туӣ карим, зи лутф

Бармадор аз ятими хеш назар.

Дар ҳар сурат қозикалон низ ба шоир то ба ҳадде ёрии моддии хешро дареғ надоштааст, зеро баъзе ишораҳои Шоҳин ба он гувоҳанд. Аммо касби имоматӣ Шоҳинро қонеъ кунонида наметавонад ва ў дар баъзе шеърҳои худ ин ҳолро шарҳ додааст:

Соҳибо, гар накунад арзи ман эҷоби малол,

Аз имомат қадаре шарҳ диҳам сурати ҳол.

Ҳафтае нест, ки андар паи наъше наравам,

То сари пушта зи масҷид ману қавм аз дунбол.

Аз сари кўча гар овози муаззин ояд,

Ба умеди хабари мурда кунам истиқбол.

Гаҳ занад ханда ба ман ходиму гаҳ кадбону,

Гаҳ ниҳад таъна ба ман сўфию гаҳ оқсақол.

Ҳукми ҳар масъала гуфтам чи савобу чи хато,

Нони ҳар моида хўрдам чи ҳарому чи ҳалол!

Нест суре, ки дар ў ман наравам чун лўлӣ,

Нест сўге, ки дар ў ман наравам чун ғассол.

Ҳар чи ҳосил шавад аз мурдаву аз зинда маро,

Бе таваққуф равад аз даст чу об аз ғирбол.

З-ин ҳама бори ғаму ғусса, ки дар дил дорам,

Синаи ман шуда чун мўҳраи нушби ҳаммол.

Аз ин шеър маълум мегардад, ки рўзгори Шоҳин аз нигоҳи моддӣ чандон мувофиқи мақсуд набудааст. Аз ин рў, дар ин касб чандон зиёд машғул нашудааст. Баъдтар аз соли 1885 сар карда чанд гоҳе яке аз муқаррабони дарбори амир мешавад.

Абдулаҳад ба хизмати мирзоӣ Шоҳинро пазируфта, ў дар дарбор ҳамчун хушнависи машҳур ва хаттоти номӣ маълум мегардад. Парвоначии дарбор - Абдулқодир шоири ҷавонро ҳамаҷониба месанҷад. Яъне на танҳо касби ўро, балки илму дониш ва фазилату истеъдоди Шоҳинро пай бурда, вайро ҳамчун фарзанди худ эҳтиром менамудааст. Ҳатто бо дахолати парвоначӣ Шоҳин дар ситоиши Абдулаҳад қасидаҳо низ менависад. Ин ҳолат ҳасудони Шоҳинро бедортар менамояд ва онҳо ба шоир фишор меоваранд. Аз тарафи дигар, бо фармони амир Абдулқодири парвоначӣ ҳокими Шеробод таъин карда мешавад ва ў аз Бухоро меравад. Дарбориён аз фурсат истифода намуда ба Шоҳин сахттар ҳуҷум мекунанд. Ин аст, ки парвоначӣ Абдулқодир бо баҳонаи ҳимояи Шоҳин ба ў духтарашро хонадор менамояд. Домод шудан ба ҳокими Шеробод Шоҳинро аз ҳамлаи ҳасудон то андозае эмин мегардонад. Аз тарафи дигар, амир Абдулаҳад низ ба Шоҳин аз наздик шинос гардида, донишу маҳорати шоирро ҳис намуда, мехоҳад ўро ҳамсўҳбати бевоситаи худ намояд. Амир чунин ҳам кард ва ҳатто дар сафарҳояш Шоҳинро бо худ гирифта мебурд.

Дар ин миён завҷаи шоир вафот мекунад ва ин мусибат ба Шоҳин таъсири сахт менамояд. Аз тарафи дигар, Шоҳин баъзе нуқсонҳои мушоҳидакардаи худро мехоҳад, ки таввасути панду андарз бевосита ба худи амир расонад. Бинобар ин ў асари «Тўҳфаи дўстон»-ро менависад ва мехоҳад ба ин восита баъзе нуқсонҳои ҷиддиро нишон бидиҳад. Аммо ин ба амир Абдулаҳад писанд намеояд.

Каме пештар аз ин Шоҳин достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро таълиф намуда буд. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, шоир ин достонашро дар вафоти завҷаи худ-духтари Абдулқодири парвоначӣ эҷод кардааст. Санаи таълифи достони «Лайлӣ ва Маҷнун» соли 1305 (1887-1888) буда, асар зоҳиран ба амир Абдулаҳад эҳдо шудааст. Аз баъзе фахрияҳои Шамсиддин Шоҳин бармеояд, ки ў басо оқилу фарзона, донишманду закӣ, фозилу доно будааст:

Ман аз ин воқеа бишкуфтаму гуфтам, ки манам,

Истиқоматчии дарбори шаҳаншоҳи ҷаҳон.

Чун шуниданд ҳадиси ман аз ҷумла касе,

Натавонист намудан ба камолам китмон.

Алҳақ, аз халқи ҷаҳон гўи фатонат бурда,

Ҳар ки шуд ходими ин боргаҳи файзрасон.

Албатта, Шоҳин дарборро аз рўи зарурат «боргаҳи файзрасон» мегўяд.

Агар эҷодиёти Шамсуддин Шоҳин нозуку дақиқ омўхта шавад, пай бурдан душвор нест, ки аз оғози солҳои 90-уми асри XIX дар лирикаи ў оҳангҳои шикоятӣ, майлҳои хеле қавии танқидӣ қувват гирифтаанд. Намунаи чунин оҳангҳову майлҳо, ки боз тобиши фахриявӣ низ гирифтаанд, ғазали зерини Шоҳин шуда метавонад:

Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,

Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.

Вале чӣ суд, ки умрам ба ғунчагӣ бигзашт,

Ба бод рафтаму чун гул ба боғ нашкуфтам.

Надидам ин ҳама ҳосил зи рўзгори вуҷуд,

Ҷуз ин қадар, ки ба шоми адам фурў хуфтам.

Набаста сурати ҷамъияте ба худ Шоҳин,

Зи тундбоди аҷал чун ғубор ошуфтам.

Албатта, ин бесабаб набуд. Шоир дар ин давра ба асари оламшумули Аҳмади Дониш «Наводир- ул-вақоеъ» ошноӣ пайдо намуда буд. Мутолиаи асар тафаккури сиёсии адибро қавитару гиротар намуд. Ҷуръати Шоҳин аз таълифи «Тўҳфаи дўстон» тақвият пайдо менамояд. Ў ҳатто бевосита ба худи амир муроҷиат намуда мегўяд:

Ту бишнав манорам сухан дар сурўш,

Ки аз аҳди пешин барояд хурўш.

Гаҳе мадҳ, гаҳ панд гўям туро,

Раҳи расми некӣ биҷўям туро.

Ва гар ҳарфи талхе ба маъҷуни панд,

Сириштам чу Сабри Сақутар ба қанд.

Ба нафъаш нигар, не ба талхии он,

Ки талх оварад суду ширин зиён.

Гар аз панд холӣ бувад мадҳи шоҳ,

Масал осмонест холӣ зи моҳ.

Чунин тарзи таҳаввули фикрӣ амирро водор намуд, ки дар хусуси ин шоири ҷавон андешаи дигар дошта бошад. Ин тарзи баёни андеша миёни шоиру шоҳ мухолифати фикрро тезонд. Шояд яке аз сабабҳои нотамом мондани маснавӣ низ ҳамин низоъи шоир бо шоҳ бошад.

Бо вуҷуди ин ҳама Шоҳин аз эҷоди адабӣ даст накашид. Танҳо инро ҳам ҳис кард, ки тавассути ҳикмату панд, мавъизоту андарз ақидаи ин амирони ҷаҳилро тағийр дода намешавад. Бинобар ҳамин ҳам Шоҳин асари дигари худ - «Бадоеъ-ус-саноеъ»-ро таълиф намуд.

Мо ошноии комил пайдо намудани Аҳмади Донишро аз як маснавии хурди ў, ки дар охирҳои умраш навишта буд, пай бурда метавонем. Зеро Шоҳин аз мадҳу санои салотин ва амирон сахт мутаассир гардида, пушаймонии худро чунин изҳор кардааст:

Ду-се рўз ҷўёи эҳсон шудам,

Сарояндаи мадҳи дунон63 шудам.

Бибурдам ба ороиши назм ранҷ

В-аз он кардам офоқро пур зи ганҷ.

Хареро Масеҳо насаб рондаме,

Суро Сурайё лақаб хондаме.

Сагеро, ки ҷома даридӣ ба дев,

Фаришта аз ў даргирифтӣ ғирев.

Чунон барзадам сирати мардумӣ,

Ки гўӣ назода ҷуз ў одамӣ.

Камоле, ки аз ҳар фан омўхтам,

Ба тавсифи бедонишон сўхтам.

Ба подоши он нуқтаҳои баланд,

Ба по қайдам уфтод, дар ҳалқ банд.

Турушҷабҳагон сирка ангехтанд,

Сириштанду дар коми ман рехтанд.

Нагуфтанд, к-ин ринди ширинзабон,

Табарзад66 ба мо карда буд армуғон.

Ба лавзинааш сир чун афканем.

Чаро шири софӣ ба хун афканем?

Шоҳин нимаҳои аввали солҳои навадум ба дарбор сахттар ҷалб карда шуда буд. Ўро дар ҳар як сафари дуру наздики хеш амир ҳамроҳ мебурд. Бар болои ин шоир ба бемории сил мубтало гардида буд. Боре дар яке аз сафарҳои амир, ки Шоҳин бо шоҳ ҳамроҳ буд, ҳолаш хеле бад мешавад. Ин сафари навбатӣ ба Қаршӣ буд. Амир ўро дар Қаршӣ гузошт ва Шоҳин соли 1894 дар ҳамон ҷо вафот намуд. Оромгоҳи шоир дар шаҳри Қаршӣ воқеъ гардидааст.

Мероси адабии Шоҳин

Ба навиштан натавон шеъри маро кард тамом,

Гарчи з-ошуфтадилӣ завқи сухан кам дорам.

Осори Шамсуддин Шоҳин ба таври нисбатан ҷомеъ танҳо пас аз 42 соли вафоти шоир гирдоварӣ шудааст. Дар мероси адабии лирикии Шоҳин ҷои асосиро, пеш аз ҳама ғазал ишғол менамояд. Пас аз ғазал қасида, рубоӣ, қитъа, мусаммати мухаммас, тарҷеот таркиби девони ўро фароҳам овардаанд. Инчунин, осори достонӣ: «Лайлӣ ва Маҷнун», «Тўҳфаи дўстон» ва асари мансури «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и адиб то кунун дастрас шудааст.

 

Ғазалиёти Шоҳин

Кунад ба шеъри ту, Шоҳин, ақидаи комил,

Касе, ки мухлиси ашъори табъи мавзун аст.

Дар лирикаи Шамсуддин махдуми Шоҳин ғазал мавқеи марказӣ дорад. Ў дар ин ҷода давомдиҳандаи анъанаҳои назми беш аз ҳазорсолаи тоҷик мебошад. Хидмати таърихии ў ҳамчун шоир аз он иборат аст, ки дар заминаи суннат навпардозиву тозакориҳо кард. Аз ин рў, дар лирикаи Шоҳин ва хусусан дар ғазалиёти ў ишқу ошиқӣ, нозу ҷафои маҳбуба, васфи ҳусну ҷамоли маъшуқа, исёнҳои қалбиву садои дилҳои лабрези муҳаббат, ҳолати ошиқи ҳайрону истиғнои маҳбубаи бемеҳр, пойдорию устувории ошиқу ношикебоию аҳдшиканиҳои маҳбуба, муҳаббати қалбию садоқати ошиқ ва носабуриву ҷафопешагии дилбар, азоби ҳиҷрону фироқ, нозбардориву пуртоқатии ошиқу кибру ғурур, фахру таннозии маҳбуба аз мавзўъҳои аввалиндараҷаи ғазалиёти Шоҳин аст. Ба ин маънӣ, «ман»-и қаҳрамони лирикӣ маънии васеътар мегирад. Ба мавзўъҳои иҷтимоӣ: қувват гирифтани зулм, пешгириии ноадолатиҳо, ҳимояи бенавоёну бечорагон, софдиливу раҳмхорӣ, дурандешиву назарбаландӣ ва ғайра бештар ворид мешавад. Дар баробари мавзўъҳои мазкур: васфи табиат ва махсусан манзаранигорӣ, ситоиши баҳорон ва ҷузъиёти пурнафосати ин фасли зебои сол: абрҳои нилгуну мурғобипайкар, пахтамонанду кўҳҷусса, резиши борони найсону шилдир-шилдири обҳои ҷўйборон, вазидани насими субҳу накҳати гулҳои муаттари баҳорӣ, чаҳ - чаҳи булбулону нағмаи гунҷишкҳо, дамидани сабзаҳои махмалину гулҳои гуногунранги дарахтон ва ғайра, ки ин ҳама дар ғазалиёти Шоҳин ҷанбаъҳои қавии иҷтимоӣ мегиранд, ифодагари ҳадафҳои муайяну розҳои гуногунанд. Ин мавзўъҳоро ҷузъиёти дигар: маю бодагусорӣ - ҳамчун рамзи хушгузаронии умр, баҳрабардорӣ аз ҳаёт, дурӣ аз ғаму кулфат ва ноҷуриҳои рўзгорон ва ғайра пурра мегардонад.

Дар баробари инҳо мавзўъҳои боз ҳам қавитари иҷтимоӣ: шикоят аз зулму золимӣ, норизоӣ аз ноадолатиҳову ноодилии зимомдорон, нотавонбинию ҳасудхуриҳо, найрангбозиву мардумфиребӣ, кибру ғурур, бўҳтону дурўғгўӣ ва ғайра низ сахт маҳкум карда мешавад, ки Шоҳин дар ҷузъиёти ифодаву тасвири онҳо низ тозакориҳо дорад.

Албатта, дар ғазалиёти Шамсуддин Шоҳин ишқу ошиқӣ, васфи ҷамоли маҳбуба бо кулли ҷузъиёт, ҳолати ошиқ ва саргузашти пурпечутоби ў дар ҷои аввал меистад, ки шоир дар ин ҷода хеле қавипанҷа ва соҳибҳунар аст. Чунончи, ба ин ғазали ишқии шоир рў меорем:

Ай, ки аз қадди расо ғояти сарви чаманӣ,

Сарвӣ, ай моҳ, ба қад, лек ба ораз суманӣ.

Лабу дандони ту, ай сарвқади симандом,

Беҳтар аз лаъли Бадахшониву дури аданӣ.

Гуфтамаш шонасифат панҷа ба зулфи ту занам,

Ханда зад, гуфт: Илоҳӣ ба бало панҷа занӣ.

Турки ман дўш ғазаб карду бигуфт: «ўлдураман»,

Гуфтам оҳиста ба гўшаш, ки киро? Гуфт: Санӣ.

Кард хосияти лаъли лаби ҷонон, Шоҳин,

Тўтии табъи маро шўҳра ба шаккар шиканӣ.

Ғазали боло ишқӣ буда, дар он симои маҳбуба аз ҳар ҷиҳат: рўй, лабу дандон, қаду баст, мўю зулф, инчунин олами ботинии дилбар: оташин шудану ғазаб кардан, хандаи зоҳирӣ намудану қасди ҷон доштан ва ғайра басо зебою дилкаш, гуворову ҷолиб, ҷаззобу назаррабо ба тасвир гирифта шудааст. Тасвирҳо низ ўҳдабароёна ва мувофиқи ҳадафанд.

Бо мақсади кор гирифтан аз хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали зикршуда ҳунармандона мебошад. Ғазал радиф надорад, вале қофияҳои он хеле ҷолибанд ва ҳатто калимаи ўзбекӣ низ ҳамқофия оварда шудааст, ки аз забондонии шоир дарак медиҳад.

Дар ғазали боло калимаҳои чаманӣ, суманӣ, аданӣ, занӣ, санӣ, шаккаршиканӣ ҳамқофияанд. Решаи қофия дар шакли -анӣ буда, «н» ҳарфи равӣ ва ҳарфи «ӣ» васл аст. Қофия аз нигоҳи навъии он мутлақ мебошад.

Аз нигоҳи коргирӣ аз вазн бошад, ғазали мазкур дар баҳри Рамали мусаммани махбуни маҳзуф иншо шудааст ва шакли афоъили он чунин аст:

- v - - / v v - - / v v - - / v v –

- v - - / v v - - / v v - - / v v –

яъне, фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун фаъилун.

Аз нигоҳи ҷилои ҳунарӣ бошад, шоир бо ёрии санъатҳои шеърӣ: таносуби сухан-чаман, сарв, суман; даҳон, лаб, дандон, гуфтан, лаъли лаби ҷонон, шаккаршиканӣ ва ғайра истиора-эй моҳ, турки ман, сарвӣ ва монанди инҳо. Умуман санъатҳои ташбеҳ, нидо, тавсиф, муболиға, ширу шакар, суолу ҷавоб, ташхис ва ғайра истифода гардидаанд, ки хеле гуворову мақбулу матлубанд. Онҳо барои тасвири зебоиҳои дилбар, ҷузъиёти ҳусни ў, олами ботинӣ, офаридани хулқу атвор, муносибату гуфтори вай, адаби муомила ва шахсияти қаҳрамони лирикӣ ва ғайра истифода шудаанд.

Аз мутолиаи ғазал маълум мешавад, ки шоир хеле маҳорату дониш, истеъдоду ҳунар, завқу салиқа, табъу тавони воло дошта, аз ин суннати адабӣ ва таърихи пайдоишу рушду инкишофи ғазал ва саромадани он: Саъдии Шерозӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва Бедил басо хуб бехабар мебошад.

Дар ғазалиёти Шоҳин маҳбуба бештар яклухт баҳо дода намешавад. Шоир ин образи лирикиро хеле эҳтиёткорона ва бо ҷузъиёти симои зоҳирӣ ва олами маънавии ў ба тасвир мегирад. Барои мисол ба ғазали зерин рў меорем ва мебинем, ки қаҳрамони лирикӣ-ман, мани эҷодкор, мушоҳидакор, ҳунарманд, донишманд низ ҳаст.

Ҳама аҷзои ту хубу ҳама аъзои ту хуш,

Ҳама ҷои ту ба хубӣ зи ҳама ҷои ту хуш.

Нест сарве ба чаман чун қади раънои ту хуб,

Нест моҳе ба фалак чун рухи зебои ту хуш.

Хуштар аз ҷон набувад тўҳфа агар фармоӣ,

Кунам ин тўҳфаи хуш назри кафи пои ту хуш.

З-он чунон зиндагие, к-аз ту ба ҳирмон гузарад,

Ба ту савганд, ки мурдан ба таманнои ту хуш.

Хуш бувад таъми шакар, лек ба коми ман аз ўст,

Заҳрханде зи лаби лаъли шакархои ту хуш.

Ҳама дилбастагии хуш ба яке дораду ман,

Бастаам дил ба ҳама зулфи сумансои ту хуш.

Пеши он моҳ бинеҳ ҷону дилу сар, Шоҳин,

То кадомин кунад аз ин ҳама колои ту хуш.

Ғазали зикршуда бо тақозои мавзўъ, мазмуну мўҳтаво ишқӣ буда, дар он симои маҳбуба ҳам куллӣ ва ҳам ҷузъ-ҷузъ васф карда мешавад. Ҳадаф аз аъзо ҷузъиёти аъзост. Зеро ҳар аъзо дар навбати худ, аз маҷмўи ҷузъҳо иборат аст. Аз ин рў, шоир ҷузъҳоро алоҳида ва узвҳоро ҷудогона ба тасвир гирифтааст. На моҳи осмон мисли рўи ёр асту на сарви чаман монанди қади ў. Шакар сарчашмаи шириниҳост, вале коми шоир на аз ў, балки аз лаъли лаби ёр ширин аст. Касон бо ҳар чизе дилбастагие доранд, вале шоир ба зулфайни сумансои ёр дилбаста мебошад. Аз ин рў, аз ҷон хуштаре барои инсон ва азизтаре дигар вуҷуд надорад. Қаҳрамони лирикии шеър-ошиқ розест, ки онро нисори кафи пои маҳбуба созад. Зеро зиндагӣ бидунӣ ў бемаъност. Байтулавҷи шеър бо байти тахаллус якҷо эҷод гардида (дар ғазали боло), шоир зимни он се узве, ки бе ҳар кадоми онҳо инсон наметавонад зинда бошад, ба маҳбуба пешниҳод месозад, то кадоми онҳоро ихтиёр кунад. Ин аст, ки ғазали мазкур дар ғояти шевоию равонӣ, салисиву ширинӣ, гувороиву дилнишинӣ, марғубиву мақбулӣ эҷод шудааст.

Аз нигоҳи коргирии ҳунар низ ғазал басо ҳунармандона мебошад. Шоир тасвирҳои лирикиро тавассути санъатҳои шеърии таносуби сухан, ташбеҳ, истиора, муболиғаву иғроқу ғулув, маҷозу рамзу киноя, тавсиф ва ғайра хеле ва хеле ўҳдабароёна ба кор мебарад. Дар натиҷа баёнаш- гуворо, тасвирҳо-зебову дилнишин, ҷобаҷогузории калимаҳо, ибораҳо мувофиқи табъ ва мазмунсозиву маъниофаринӣ басо устодона мебошад. Чунин ҳунари эҷод, албатта на ба ҳар адиби қаторӣ даст медиҳад. На ҳар эҷодкори хоҳишдошта метавонад бо чунин санъату бо чунин ҳунари эҷодӣ асари санъату адабиётро таълиф намояд. Аз тарафи дигар, агар Шамсуддин Шоҳин шоири камҳунару пастистеъдод мебуд, бо саромадони жанри ғазал, шоирони дараҷаи аввали таърихи адабиёти форс-тоҷик пайравӣ намекард. Ҳол он ки худи пайравӣ, дар навбати аввал омўзиш, мутолиа, ҷустуҷў аст. Шоир барои он ки пайравӣ кунад, онро хуб меомўзад.

Аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали боло ҷолиб мебошад. Ғазали зикршуда мураддаф буда, радифи он мураккаб («ту хуш») аст. Радиф дар ин ғазал дар баробари таъкиди маънову мақсад, бештару зиёдтар бори ғоявӣ мекашад. Мақсади шоир дар ҳадди баланд васф намудани маҳбуба буда, аъзову аҷзои васфшавандаро бо беҳтарин шабеҳот, ҷолибтарин қиёсҳо, накўтарин хисол мехоҳад ҷилва бидиҳад, то писанди омма бошад. Аз ин рў, бештар меҷўяд, меомўзад, муқоиса мекунад ва натиҷа мегирад. Дар мантиқи оддии ифода ҳунару дониш, маҳорату истеъдод, санъату заковати худро ба намоиш мегузорад. То хонанда қазоват кунад, ки асари санъат барои ў чӣ арзише дорад ва оё қалби ўро тасхир мекунад?! Радифи мураккабе, ки Шоҳин барои ғазали боло пайдо кардааст, ана ҳамин гуна ҷанбаъҳо, таъкидҳоро фаро гирифтааст. Аз ин рў, маҳз радифи мазкур ба ғазал оҳанги хубу марғуб низ дода тавонистааст. Дарёфти қофияҳо низ дар ғазали мазкур хеле ҷолиб ва ҳунармандона мебошад. Дар ғазал калимаҳои аъзои, ҷои, зебои, пои, таманнои, шакархои, сумансои, колои бо ҳамдигар ҳамқофия шудаанд. Кофияҳо аз рўи навъ мутлақ буда, дар калимаҳои ҳамқофия ҳарфи равӣ «о» мебошад ва пас аз равӣ унсури дигар - васл омадааст. Ҳадаф ваҳдати мавзўъ ва таъмини адои хуш дар ғазал аст. Ғазали мазкур аз нигоҳи интихоби вазн ҳам хеле ҷолиб мебошад. Зеро дар баҳри Рамали мусаммани махбуни маҳзуф иншо шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:

- - v / v - - v / v - - v / v - -

- - v / v - - v / v - - v / v - -

яъне: мафъўлу мафоъӣлу мафоъӣлу фаъўлун.

Вазни мазкур яке аз маъмултарин авзон дар эҷоди ғазал ва ба хусус ғазалҳои ишқӣ ба шумор меравад.

Дигар аз хусусиятҳои ғазалҳои Шоҳин аз он иборат аст, ки вобаста ба авзои сиёсӣ-таърихии замон оҳангҳои шиквоӣ, ҳасбиҳолӣ нисбатан қувват мегирад. Албатта, баландтарин нуқтаи чунин оҳангҳо ҳанўз дар асри XIII ба назар мерасанд. Эҷодиёти Сайфи Исфарангӣ, Сайфи Фарғонӣ, Камоли Исмоил ва дигарон оҳангҳои бисёр қавии иҷтимоӣ доранд. Вале бунёди оҳангҳои иҷтимоии ин давра дар эҷодиёти Шамсуддин Шоҳин комилан дигар хел аст.

Тозакориҳои Шоҳин пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки ноҷуриҳои рўзгор, ноадолатиҳои зимомдорон, зулму золимӣ, бухлу ҳасад, яъсу ноумедиҳо, нокомиҳо ва ғайра дар омезиш бо мавзўъҳои ишқӣ хеле дилнишину гуворо ва басо ҳунармандона рўи кор омадаанд. Муҳимтар он аст, ки ошиқ ноком ва маҳбуба комёб мебошад. Чунончи:

Касе чу ман набувад дар ҷаҳон нишони фироқ,

Ҳазор тири бало хўрда аз камони фироқ.

Нахуст рўз, ки ошиқ шудам ба завқи висол,

Набуд дар дили ман ҳеҷ аз ин гумони фироқ.

Чӣ сон ба ғунчаи табъам шукуфтагӣ бахшад,

Баҳори васл, ки дорад зи пай хазони фироқ.

Ҳаёти ман ҳама вобаста бар висоли ту буд,

Аҷал, биё, ки кунун мерасад замони фироқ.

Ҳамон наволаи заҳри аҷал бувад, Шоҳин,

Нахуст тўъма, ки гирӣ агар зи хони фироқ.

Дар ғазали боло ба ҷои висол фироқ пеш омадааст, ки хеле ҷонгудоз, дилхарош, ҷигарсўзу синакабоб аст. Ин ҳама шўридагию сўзи ошиқро баландтар намуда, баръакс маҳбуба ҳамфикру қарини рақиб мебошад. Ошиқ ҷонибдори висол аст, вале маҳбуба дўстдори ҳаҷру фироқ. Ошиқ ҷидду ҷаҳд дорад, ки висолро дарёбад, вале маҳбуба гурезпо ва фироқҷуву ҳиҷронхоҳ аст. Аз ин рў, ошиқ ғарқи яъсу нокомиҳо ва навмедиву номуродиҳост, вале маҳбуба бераҳму золимтабиат ва бемеҳру бевафо мебошад. Ошиқ ягона илоҷи воқеаро дар шикваю ноилоҷӣ дармеёбад, вале маҳбуба бепарвою фориғбол аст. Ин аст, ки Шамсуддин Шоҳин баҳри таъкиди маъно ва таъсирпазирии мазмуни ғазал фироқро ҳамчун радиф интихоб кардааст. Ў фироқро хазони умр ва висолро баҳори ҳаёт меномад, ки дар маъниофарӣ падидаи тозаву ҷолиб аст.

Аз нигоҳи бадеиёт ва ҷанбаъҳои ҳунарӣ низ ғазали боло хеле хушоянда аст. Дар ғазали зикршуда санъатҳои бадеии таносуби сухан, тазод, муболиға, иғроқу ғулув, ташбеҳ, тавсиф, киноя, маҷоз ва ғайра басо ҳунармандона истифода шудаанд.

Унсурҳои шаклии ғазали зикршуда: қофия, радиф, матлаъ, мақтаъ, истифодаи тахаллус, интихоби вазн ва ғайра низ матлуб аст. Ғазал дар баҳри Муҷтасси мусаммани махбуни маҳзуф ё мақсур иншо шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

v - v - / v v - - / v - v - / v v ~

яъне: мафоъилун, фаъилотун, мафоъилун, фаъилон.

Аз нигоҳи радифу қофия бошад ғазали боло боз ҳам ҷолибтар аст. Зеро ғазали мураддаф бо он характернок аст, ки дар матлаъ алакай мазмуну мўҳтаво ва моҳияту мақсад аз эҷоди он барои хонанда комилан маълум мегардад. Чунки тавассути радиф таъкиди маъно ва шаҳомати ғоявии ғазал ба намоиш гузошта мешавад.

Радифи ғазали боло аз нигоҳи шакл радифи сода аст.

Ғазали мазкур аз нигоҳи қофия ҳам ҷолиб мебошад. Дар он калимаҳои нишони, камони, гумони, хазони, замони, хони ҳамқофия буда, шакли қофия муқайяд мебошад. Дар калимаҳои қофияшуда ҳарфи равӣ «н» буда, пас аз равӣ ҳарфи дигаре наомадааст. Калимаҳои қофияшаванда ҳам ҳадафи муайян доранд, ки ҳолати қаҳрамони лирикиро ифода менамоянд. Зеро нишони фироқ, камони фироқ, гумони фироқ, хони фироқ ҳамагӣ ибораҳое ҳастанд, ки ҳолати рўҳӣ ва ҳадафу мақсади қаҳрамони лирикиро ифода кардаанд. Ҳолати мазкур қариб дар ҳамаи ғазалҳои Шоҳин ба мушоҳида мерасанд. Вобаста ба авзои замон ва муҳити зиндагии Шоҳин қаҳрамони лирикии ғазалҳои ў, хусусан ошиқ парешону нотавон, ноилоҷу шикастадил аст. Шикояти Шоҳин тадриҷан дар баъзе ҳолатҳо оҳангҳои эътирозӣ низ гирифтаанд:

Ҳама чун куштаи теғи ту шуд инак, Шоҳин,

Биниҳод аз сари таслим ба поят гардан.

Ҳамаро куштӣ, агар мекушиям, зуд бикуш,

То бубинам, ки маро кушта чӣ хоҳӣ кардан.

Шикояти қаҳрамони лирикӣ аз омилҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеъа, аз ноўҳдабароии зимомдорон нест, бошад ҳам хеле ҷузъӣ аст. Ў бештар аз тақдиру аз саршавишт, аз чархи гардун шиква дорад. Чунончи:

То кай, ай чархи муарбад, зи паи кинаи ман,

Фитнаи даҳр барангезиву ошўби замон.

Ё худ:

Бар далели дониши ман гўш нанҳод осмон,

Варна бар даъвии худ чандин ривоят доштам.

Дар баъзе мавридҳо шоир зиндагии хешро дар ҳадди интиҳо мебинад, ки нишони лашкари ғаму кулфатҳои рўзгор шудааст. Дар чунин ҳолат ба Офаридгор муроҷиат мекунад, ки дигар ба зимомдорон боварӣ надорад:

Ҷаҳонпарвардигоро, нотавонам,

Ягона нотавоне дар ҷаҳонам.

Яке мурғам ҷудо аз ошёна,

Зи ҳар сў новаки ғамро нишона.

Ба дўшам баски бори ғам нишастаст,

Сарам бар дўши зону нақш бастаст.

Чӣ бадбахтам, ки ҳар сўе ниҳам рўй,

Зи оби дида бинам пеши рў чўй…

Чунин оҳангҳои қавии иҷтимоӣ дар ашъори Шоҳин кам нестанд. Қариб дар ҳамаи шаклҳои шеърии эҷодкардаи шоир шиква аз гардиши айёму чархи тезрав ба назар мерасад.

З-ин сон, ки хоҳиши даҳр ҷуз шўру шар набошад,

Бадтар дар ин замона айб аз ҳунар набошад.

Дар баъзе ҳолатҳо андешаҳои ў то андозае ба ақидаҳои Аҳмади Дониш шабоҳат пайдо мекунад. Аз ин монандӣ метавон чунин натиҷа гирифт, ки ин ҳолат пас аз мутолиаи «Наводир-ул-вақоеъ» рух додааст:

Ҳар давлате, ки бинам, омодаи завол аст,

Дар даҳр бо чунин ҳол будан басе маҳол аст.

Ҳасби ҳол ва оҳангҳои баланди иҷтимоӣ дар ғазалиёти Шоҳин каме ба ҷилои нав ва хос садо медиҳанд. Шоҳин тавассути чунин оҳангҳои ҷасуронаи шикоятиву ҳасбиҳолӣ на танҳо ҷомеаи онрўзаи феодалиро танқид менамояд, балки сарварону зимомдорони вақтро низ сахт мазаммат мекунад:

Ман он гулам, ки зи ошўби бесуботии даҳр

Накарда тоза димоғи касе, хазон шудаам.

Ба ҳеҷ боб маро нест рўи хурсандӣ,

Ҷуз ин қадар ки ғуломи шаҳи ҷаҳон шудаам.

Оҳангҳои ҳасбиҳолӣ ва шиквоию танқидии ашъори Шамсуддин Шоҳин арзишманд низ ҳастанд. Зеро мо пеш аз ҳама рўзгори зиёиёни эҷодкор, табақаҳои дигари иҷтимоӣ ва умуман мардумро дар давраи муайяни таърихӣ меомўзем. Аз тарафи дигар, хонанда муносибати эҷодкоронро бо зимомдорон, бо шахсиятҳои сиёсӣ ва пеш аз ҳама, шоир ва шоҳро пай бурда метавонад. Ҳолати мазкур барои баҳо додан ба адабиёти давр ва муайян намудани арзишҳои адабӣ мусоъидат менамояд. Эҷодиёти Шоҳин аз он шаҳодат медиҳад, ки ў дар нимаи дуюми асри XIX яке аз намоёнтарин симоҳои адабиёти тоҷик будааст.

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ва мазмуни мухтасари он

Дар эҷодиёти Шоҳин достони «Лайлӣ ва Маҷнун» аз чанд ҷиҳат муҳим ва арзишманд аст. Аз як тараф, пазируфтани суннати адабӣ ва иртиботи ў ба эҷодиёти пешиниён муайян карда шавад, аз тарафи дигар, саҳму ҳиссаи Шоҳин дар эҷоди маснавиҳои ишқӣ-лирикӣ маълум мегардад. Инчунин барои донистани пояи шоирӣ ва ҳунари эҷодии шоир низ достони мазкур дорои аҳамият мебошад.

Агар сабаби таълифи достон тақозои замон бошад, баҳонаи эҷоди достон мусибати оилавӣ-вафоти завҷаи шоир аст. Чунончи:

Ай дидаи дудмони исмат,

Навбоваи бўстони исмат.

Ай хонаи сад ҳазор нозам

В-эй пардаи сад ҳазор розам.

Ай хуфта миёни хоку хора,

Ҷуста зи канори ман канора…

Шамсуддин Шоҳин достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро соли 1305ҳ. (1888м.) барои хотираи поки ҳамсари худро пос доштан дар тўли як моҳ эҷод кардааст.

Оид ба мўҳлати таълиф, санаи эҷод ва писанди умум гардидани он мегўяд:

Сад шукр, ки шуд пазира ин ганҷ,

Дар соли ҳазору сесаду панҷ.

Дар муддати як маҳ андаке кам,

Ин ҳисни рафеъ гашт маҳкам.

Миқдори абёти асар беш аз 2242 байт буда, дар таърихи адабиёт яке аз асарҳои басо ҷолиб ба мавзўи анъанавист.

То Низомӣ ишораҳои шоирон ба қаҳрамонҳои марказии он – Лайлӣ, Маҷнун дар ашъори шоирон хеле зиёд аст. Низомӣ аввалин касест, ки ин қиссаро ба шакли достон даровардааст. Пас аз ў Хусрави Деҳлавӣ, Хоҷўи Кирмонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон чунин достон навиштаанд. Достон аз фаслҳои суннатӣ оғоз ёфта, сонӣ марсия дар вафоти завҷааш, зерфаслҳои насиҳат ба фарзанд ва сабаби назми китоб меояд. Баъд аз ин ҳама асли достон шурўъ мешавад.

Яке аз сарватмандони араб Саиди Омирӣ бефарзанд буд. Пас аз назру ниёз дар роҳи Худо соҳиби писар мешавад, ки ўро Қайс ном мениҳанд. Қайсро пас аз чанд сол ба мактаб медиҳанд. Дар мактаб духтаре бо номи Лайлӣ ҳамсабақи Қайс буд. Лайлӣ духтари сардори қабилаи Наҷд мебошад. Қайс Лайлиро дўст медорад. Ин овоза дар ҳар ду қабила паҳн мешавад:

Моҳе, ки ниҳода даври айём,

Аз нисбати зулф Лайлиаш ном.

Чун номи худаш зи тура донист,

Озодию дигараш равонист.

Акнун, ки маҳе бад-он тамоме,

З-он тура кашад сиёҳноме.

Чун Қайс сафедном гардад

В-он сайд буруни дом гардад.

Чун кори хирад тамом кардаш,

Маҷнуни замона ном кардам.

Алқисса ба ҳам асир гаштанд,

Омеза чу шаҳду шир гаштанд.

Маҷнун рақами камол мешуст,

Лайлӣ варақи хаёл меҷуст.

Падари Лайлӣ пас аз шунидани овозаи ишқи онҳо Лайлиро аз мактаб мегирад. Қайс худ мактабро тарк намуда, ба кўҳу биёбон меравад. Аз ин рў, мардум ўро Маҷнун ном мениҳанд. Саиди Омирӣ ба ҷустуҷўи писараш баромада ўро пайдо мекунад. Ба Қайс қавл медиҳад, ки онҳоро ба мақсад хоҳад расонид. Қайсро ба хона меорад ва Лайлиро хостгорӣ мекунанд. Вале падари Лайлӣ Маҷнунро девона мегўяд ва таклифи хостгориро рад мекунад. Маҷнун боз ба кўҳ меравад. Падараш боз ўро пайдо карда ба Каъба мебарад. Ҳангоми иҷраи маносики ҳаҷ Маҷнун пуршўр гардидани ишқи Лайлиро илтиҷо менамояд. Солори қабилаи Омирӣ - Навфал бо Маҷнун шинос шуда, ба ў қавл медиҳад, ки ўро ба муродаш хоҳад расонид. Навфал воқеан Лайлиро барои Қайс хостгорӣ мекунад, вале падари Лайлӣ ҷавоби рад медиҳад. Навфал ба қабилаи Наҷд ҳуҷум мекунад. Қабилаи Наҷд шикаст меёбад. Падари Лайлӣ мехоҳад духтарашро нобуд созад, то ин ки асир наафтад. Маҷнун хоҳиш менамояд, ки ҷанг бас карда шавад. Навфал ҷангро бас карда ба падари Маҷнун ваъда медиҳад, ки духтари зебое дорад ва агар хоҳанд, ўро ба Маҷнун медиҳад. Бо розигии тарафайн тўй мешавад ва Маҷнун аз ҷамоли маҳбубааш хело шод мешавад. Лайлӣ ин хабарро шунида таввасути нома ба Маҷнун ва чунин сурат гирифтани ҳолат гилаҳо мекунад. Маҷнун сабабгори ҳамаи нокомиҳо Лайлиро дониста, завҷаи худро ситоиш менамояд. Аз баъзе ишораҳои Маҷнун дар мактуби ҷавобӣ Лайлӣ хеле мутаассир мешавад. Лайлӣ бовар мекунад, ки Маҷнун ҳанўз ҳам содиқ аст ва ўро дўст медорад. Бинобар он Лайлӣ дар номаи ҷавобиаш аз Маҷнун узр мехоҳад. Ин узрхоҳӣ ба Маҷнун таъсири сахт расонида, арўсро ба ҳоли худ мегузорад ва боз роҳи кўҳу саҳроро пеш мегирад.

Саиди Омирӣ боз ба ҷустуҷўи Маҷнун рафта, ўро меёбад ва панд медиҳад, вале ин кораш чандон натиҷа намедиҳад. Падари Маҷнун мактуби қалбакие навишта ба Лайлӣ меорад. Ў аз ғами писари худ вафот мекунад. Маҷнун ба мазори падар омада зор – зор мегиряд. Лайлӣ низ барои тасаллии Маҷнун ба хонаи онҳо меояд, вале дар роҳ Ибни Салом ўро дида ошиқ мешавад. Ибни Салом ба хонаи онҳо хостгор мефиристад. Онҳо тўй мешаванд. Маҷнун ин воқеаро шунида, Лайлиро накўҳиш мекунад ва Лайлӣ устувор будани худро таъкид менамояд. Дар ин айём модари Маҷнун вафот мекунад. Лайлӣ барои тассалӣ додани дили Маҷнун ба назди ў меояд. Онҳо ба ҳам дидор дида хеле хуб сўҳбат мекунанд. Лайлӣ аз Маҷнун ҷудо шуда аз ғаму дарди Маҷнун вафот мекунад. Зайди араб, ки қосиди онҳо буд, ин хабарро ба Маҷнун мерасонад. Маҷнун ҳангоми дафн ба қабри Лайлӣ даромада, ўро оғўш намуда ҷон медиҳад. Бо ҳамин достон ба охир мерасад.

 

Таҳлили образҳои достон

Дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Шоҳин мисли дигар достонҳо образҳои доимӣ ва лаҳзагӣ, мусбат ва манфӣ амал мекунанд. Дар асар образҳои марказӣ: Лайлӣ, Маҷнун волидайни онҳо ва махсусан, падарони онҳо, қосид мебошанд. Образҳои мусбати достон: Маҷнун, Лайлӣ, падару модари Маҷнун, Навфал ва лашкариёни ў, духтари Навфал, қосид, устодону ҳамсабақҳо мебошанд. Образҳои манфии асар: падару модари Лайлӣ, Ибни Салом, сардори қабилаи Наҷд ва ҷонибдорони онҳоянд.

Ибни Салом, Навфал ва ҷонибдорони онҳо образҳои машҳур, вале лаҳзагианд, ки дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи хатти сужет иштирок намуда, воқеаро басо мураккабу тезутунд менамоянд.

Маҷнун ҳамчун образи асосӣ ва ҳалкунанда дар достони Шоҳин хеле фаъол аст. Ҳатто ў духтари Навфалро дўст медорад ва қариб ки баробари бо ў хонадор шудан, аз зиндагӣ қонеъ шавад. Ўро номаи Лайлӣ ба шўр меорад. Аз ин рў, Лайлӣ дар муҳаббат устувортар аст. Зеро пас аз тўй ҳам аз Ибни Салом дурӣ меҷўяд ва устуворию садоқати ў дар ишқ зоҳир мешавад. Ў талаби дигар ё норизоии дигареро аз ягон ҷиҳат ҳатто тасаввур ҳам намекунад. Дар достони мазкур образҳои падари Лайлӣ ва падари Маҷнун ҳалкунанда мебошанд. Онҳо хеле фаъоланд. Танҳо фарқ дар он аст, ки яке аз рўи хоҳиши фарзанд амал мекунад (падари Маҷнун), дигаре тамоман муқобил (падари Лайлӣ).

 

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Шоҳин ва муносибати он бо баъзе достонҳои ҳамноми гузаштагонаш

Дар таърихи адабиёт, ба қавле 147 кас дар ин мавзўъ асар навиштаанд, ки ҳамаи онҳо дар пайравии Низомист. Аввалин касе, ки ба Низомӣ ҷавобия гуфтааст, Хусрави Деҳлавист. Аз ин рў, бо асарҳои ин ду тан эҷодкор такя намудан бисёр қонуниятҳои адабиро муайян ҳам месозад. Маълум аст, ки унвони асарҳо ва сужети онҳо дар маҷмўъ як аст. Фарқият дар лаҳзаҳои ҷудогонаи хатти сужет мебошад. Зеро ба ин мумкин нест. Аз ин ҷост, ки Шоҳин мегўяд:

То кай ба саманд медиҳӣ дав,

К-он ҳарфи Низомӣ асту Хусрав.

Он сони вай аст, ту зи худ гўй,

Гард аз рухи худ ба оби худ шўй.

З-ин бехирадӣ бувад фузунтар,

Гар ҷой равӣ ба пои дигар.

Албатта, Шамсуддин Шоҳин ҳангоми эҷоди асар таҷрибаи хуби эҷодӣ дошт. Аз

Дида шуд: 190