Сотим Улугзода (1911-1997)


Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодӣ

Сотим Улуғзода 2 сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст (вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Волидони Сотимхон аз табақаи кишоварзони камбизоат, вале соҳибдил будаанд. Модараш зани босавод буда, гоҳе машқи шеър мекардааст.

Сотимхон дар синни нӯҳсолагӣ аз модар ва дар даҳсолагӣ аз падар бенасиб мемонад. Баъдан вай дар мактаби усули нав, ки дар Чуст ташкил шуда буд, ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Соли 1925 ба сафи донишҶӯёни Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд пазируфта шуда, соли 1929 онро хатм мекунад ва як сол дар ҳамин муассисаи таълимӣ ба касби муаллимӣ машғул мешавад.

Чор соли таҳсил ва як соли фаъолияти муаллимӣ дар дорулмуаллимин дар ташаккули шахсият ва ҳисси худшиносии Сотимхон мусоидати комил менамоянд. Ӯ дар ин муддат ба эҷодиёти Рӯдакиву Фирдавсӣ ва дигар шаҳсутунҳои адабиёти ҳазорсолаи тоҷик шинос мешавад, ба С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад, А. Фитрат барин шахсиятҳои фарҳангии тоҷик вомехӯрад ва аз забони профессори рус М.С. Андреев пандеро ба маънои “халқи худро шинос” ба гӯш мегирад.

Ҳамчунин, дар солҳои дар Дорулмуаллимини Тошканд таҳсил карданаш С. Улуғзода ба донишҷӯи факултети шарқшиносии Университети Осиёи Миёна Клавдия Благовешенская2 дўстӣ пайдо намуда, баъдҳо ба ӯ издивоҷ намуд ва онҳо соҳиби ду фарзанд – Азиз ва Норахон гардиданд.

Сотим Улуғзода соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод омада, дар идораҳои рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”), “Тоҷикистони Сурх” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ва маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” (ҳоло “Садои Шарқ”) фаъолият мекунад. Солҳои 1934 – 1937 вазифаи котиби масъули раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Фаъолияти журналистӣ С. Улуғзодаро водор менамуд, ки ба шаҳру ноҳия ва деҳоти тоҷик сафарҳо карда, зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар омӯзад. Дар айни ҳол, дар ниҳоди ӯ шавқу рағбати тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик торафт меафзояд. Ин аст, ки соли 1940 ба аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳонии Маскав дохил гардида, ҷиддан ба фаъолияти илмӣ мепардозад.

Соли 1941 баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сотим Улуғзода ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешавад ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ғарбӣ тааллуқ дошт, фаъолият менамояд. Адиб соли 1944 аз сафи армия ба ақибгоҳ даъват мешавад ва то соли 1946 вазифаи раиси раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ӯҳда мекунад. Нависанда аз соли 1946 то охири умр танҳо ба кори эҷодӣ шуғл меварзад.

Сарнавишти С. Улуғзода баъди солҳои панҷоҳум ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Писараш Азиз, ки хатмкардаи Университети давлатии ба номи Ломоносови Маскав буду он ҷо ба сифати омӯзгор фаъолият дошт, соли 1967 ҳангоми сафари расмӣ ба Ҳиндустон аз сафоратхонаи Англия паноҳгоҳи сиёсӣ хоста ба хориҷа муҳоҷират намуд. Баъди ин ҳодиса С. Улуғзода ба таъқиби сахти Ҳукумати Шӯравӣ гирифтор гардид. Нависандаро аз сафи ҳизби коммунист ронданд, чоп ва тадриси асарҳояш боздошта шуд.

Аз нимаи дуввуми солҳои 80-ум сар карда, вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт ва С. Улуғзода дар ҷодаи адабиёти тоҷик аз нав мавқеи муносиб пайдо намуд. Дар арафаи аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ адиб бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид. Нависанда соли 1992 шаҳри Маскавро истиқоматгоҳи поёни умр қарор дод.

Соли 1997 романи “Фирдавсӣ”-и С. Улуғзода ба сифати “романи сол”- и Ҷумҳурии исломии Эрон пазируфта шуда, нависанда ба баҳои чиҳил сикаи тилло (баробари чаҳор ҳазор доллари амрикоӣ) сазовор гардид. Ин охирин мукофоте буд, ки соҳибашро дар зиндагиаш дарёфт намуд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Сотим Улуғзода 25 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ҳазорон алоқамандону мухлисонашро абадӣ падруд гуфт. Бо амри Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади адиб ба Душанбе оварда шуд ва чанд соат сокинони пойтахти ҷумҳурӣ тавонистанд, ки дар толори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо нависандаи маъруфи тоҷик видоъ намоянд. Манзили ҳамешагии С. Улуғзода дар мазори Лучоб қарор гирифт.

Фаъолияти эҷодӣ

Сотим Улуғзода нависандаи сермаҳсул буда, аз худ мероси бойи адабӣ, илмӣ ва публитсистиву тарҷумавӣ боқӣ гузаштааст. Фаъолияти нигорандагии адиб аз айёми таҳсилаш дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд оғоз меёбад. Дар “Овози тоҷик”, “Раҳбари дониш”, “Барои адабиёти сотсиалистӣ”, “Комсомоли Тоҷикистон” барин рӯзнома ва маҷаллаҳо аввалин навиштаҳояш дар шакли хабару мақола чоп мешаванд.

С. Улуғзода 18 сол дошт, ки бо ҳамкории донишҷӯйи факултети шарқшиносии Университети Тошканд Понов повести “Сом ва Дик”-и М.А. Алексеевро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуд ва ин тарҷума бо кӯшиш ва дастгирии устод Айнӣ ба нашр расид. Баъдҳо С. Улуғзода ин соҳаро бомуваффақият идома дод ва чун сермаҳсултарин тарҷумон дар адабиёти садаи ХХ тоҷик эътибор пайдо кард. Тарҷумаҳои С. Улуғзода, аз ҷумла асарҳои Э. Л. Войнич “Занбӯр” (1931), В. Билл - Белосерковский “Ҳаёт даъват мекунад” (1935), Н. Погодин “Одами милтиқдор” (1940), К. Белсони “Хизматгори ду хоҷа” (1944), А.Н. Островский “Гунаҳкорони бегуноҳ” (1945), М. Горкий “Модар” (1953), Шекспир “Ҳамлет” (1970), Молйер “Табиби зӯракӣ” (1972), Сервантес “Дон Кихот” (1974), Ч. Айтматов “Қуллаи Фудзияма” ҳоло ҳам аз беҳтарин тарҷумаҳо дар адабиёти тоҷик маҳсуб мешаванд.

С. Улуғзода ҳанӯз аз солҳои 30-юм ба тадқиқи осори намояндагони шинохтаи адабиёти ҳазарсолаи тоҷик таваҷҷӯҳ зоҳир намуд ва дар ин соҳа низ хизмати бедареғ намуд. Ӯ чун узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) асару мақолаҳои зиёд таълиф намуда, дар инкишофи адабиётшиносии тоҷик саҳми муносиб гузошт.

Як қатор мақолаҳои олим, аз ҷумла “Лоҳутии мо” (1933), “Анҷумани якуми нависандагони шӯроии Тоҷикистон” (1934), “Садриддин Айнӣ” (1935), “Дар бораи шоирони Помир” (1935), “Барои асарҳои саҳнавии олисифат” (1947), “Дар бораи баъзе масъалаҳои танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар республика” (1954) ба адабиётшиносӣ ва нақди адабии давраи нави тоҷик бахшида шудаанд. Ҳамчунин, С. Улуғзода оид ба рӯзгор ва эҷоди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш барин шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ асару мақолаҳои пурқимат таълиф намудааст. Рисолаҳои “Аҳмади Дониш” (1946) 142 ва «Пири ҳакимони машриқзамин» (1980) дорои қимати калони илмӣ мебошанд.

Мақоми С. Улуғзода дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик чун нависанда ва драматург басо баланд аст.

Насри бадеии Улуғзода

Осори насрӣ. Дар эҷодиёти С. Улуғзода насри бадеӣ асосан баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеъ пайдо мекунад. Дар очерку ҳикояҳои “Атака” (1944), “Бибӣ” (1946), “Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ” (1950) “Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер” (1967) воқеаҳои даврони шӯравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Воқеаи ҳикояи “Марги ҳофиз” (1972) бошад, дар Ҳиндустон рӯй медиҳад. Падар – ҳафизи бузург фарзанди хоинашро мекушад ва баъдтар худро низ ҳалок месозад. Моҷарои падару писар ва ҳифзи ватан аз мавзӯъҳои қадимии адабиёти ҷаҳон мебошад, ки дар ҳикояи “Марги ҳофиз” тамоман ба таври нав тасвир ёфтааст.

Нахустин асари калонҳаҷми С. Улуғзода дар соҳаи насри бадеӣ қиссаи “Ёрони боҳиммат” (1947) мебошад, ки ба воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иртибот дорад. Дар асар образҳои Зайнаб, Ҷӯрабек ва Ориф мавқеъ доранд. Зайнаб аз майдони ҷанг “хатти сиёҳ” мегирад, ки шавҳараш Ҷӯрабек дар муҳориба қаҳрамонона ҳалок гардидааст. Ӯ баъди як соли мотам ба хотири аз гапу калочаҳои мардум раҳоӣ ёфтан ба Ориф Каримов ном муҳандис издивоҷ мекунад. Вале дере нагузашта аз шифохонаи низомиёни шаҳри Тошканд мактуби Ҷӯрабек ба дасти вай мерасад. Лаҳзаи ҳассоси асар он аст, ки Зайнаб ду шавҳари қонунӣ дорад ва интихоб дар ихтиёри ин зани дар ҳолати парешонӣ қарордошта мебошад.

Зайнаб баъди андеша ва муҳокимаҳои зиёди мантиқиву ахлоқӣ шавҳари аввалашро интихоб карда, дар беморхона мегӯяд: «Ман Ҷӯрабекро гирифта мебарам». Зайнаб бо ин сухан масъулияти азимеро дар зиндагӣ ба ӯҳда гирифт, то ки Ҷӯрабеки аз пову даст маҳрумгаштаро наҷот бидиҳад ва ӯро дубора ба ҷодаи зиндагӣ раҳсипор созад.

Аввалин романи С. Улуғзода “Навобод” (1953) мебошад, ки он ба масъалаҳои муттаҳидкунии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ободонии деҳоти тоҷик дар даврони шӯравӣ бахшида шудааст. Ин асар дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик мавқеи муайян дорад.

“Восеъ” (1967), “Ривояти суғдӣ” (1975), “Достонҳои “Шоҳнома” (1976; 1977), “Фирдавсӣ” (1985) барин асарҳои насрии С. Улуғзода ба мавзӯъҳои таърихӣ бахшида шудаанд. Дар эҷодиёти С. Улуғзода охирин асари калонҳаҷми ӯ – “Фирдавсӣ” мавқеи босазо дорад. “Фирдавсӣ” романи мӯҳташам буда, мавзӯъ ва масъалаҳои зиёди ватанпарастиву хештаншино- сиро дарбар мегирад. Нависанда дар маркази сужети роман нақши Ҳаким Фирдавсиро гузошта, ӯро ба сифати шоири ҳақҷӯ, ростгӯ, ватанпараст, додхоҳ ва олиҳиммат тасвир менамояд. Дигар образҳои асар, аз ҷумла Фотимабону (ҳамсари Фирдавсӣ), Манижа ва Ҳушанг (фарзандони Фирдавсӣ), Абӯ Дулаф, Муҳаммад Лашкарӣ, Ҳусайн Қутайб, Салоҳиддини дуредгар, Унсурии шоир дар такмили образи асосӣ саҳм гирифтаанд. Адиб бо эҷоди “Фирдавсӣ” дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик як навъи тозаи романнависиро кашф намуд.

«Субҳи ҷавонии мо» «Субҳи ҷавонии мо» қиссаи тарҷумаиҳолӣ буда, соли 1954 ба табъ расидааст. Сотим Улуғзода анъанаи ёддоштнависии адабиёти тоҷик, аз ҷумла, «Ёддоштҳо»-и С. Айниро идома додаст. Қисса аз 57 боб иборат аст ва дар он воқеаҳое тасвир гардидаанд, ки солҳои 1916 – 1926 дар деҳоти атрофи шаҳри Тўси вилояти Намангон ва шаҳри Тошканд ба вуқўъ омадаанд. Мундариҷаи асар дар атрофи як оилаи деҳқони тоҷик (Умархон бо ҳамсараш ва писарҳояшон – Азиз, Собир ва Мухтор) баҳс мекунад.

Ҷараёни воқеа аз номи Собири хурдсол, ки таҷассуми даврони кўдакии нависанда мебошад, баён мегардад. Панҷ боби аввали қисса зиндагии оилаи Умархонро дар деҳа дар бар мегирад. Собир дар аввал дар хусуси деҳа, падар ва модари худ ва лаҳзаҳои беғамиҳои кўдакӣ ҳикоя мекунад. Шароити танги зиндагӣ ва махсусан хушксолию гуруснагии соли 1918 Умархонро маҷбур месозад, ки ба Тошканд кўч бандад ва ба заводи пахта ба кор дарояд.

Собир дар бобҳои «Ба завод», «Дўстони нав», «Лаклак», «Насиҳати падар», «Фаранҷӣ», «Рўшноии ҳаёти нав» дар бораи шароити мусоиди зиндагӣ ва дўстиву рафоқаташон ба ҳамсояҳои русзабони худ бо муҳаббату самимияти хос сухан меронад. Вале ин зиндагии осудахолонаи онҳо ҳамагӣ дуюним сол давом мекунаду халос. Модари Собир ногоҳ бемор шуда вафот мекунад. Падар ҳамроҳи Собиру Мухтор ба деҳа мекўчад. Баъди чанде ба дидорбинии Азиз ба Тошканд рафта бар намегардад. Собир ҳолати худро аз шунидани хабари вафоти падару бародараш дар боби «Ятимӣ» чунин баён кардааст: «Шабро зор-зор гириста саҳар кардам. Барои он ки Мухтор аз хоб бедор нашавад, сарамро ба кўрпа печонда бесадо мегиристам. Саргузаштҳои умри ёздаҳсолаам ба ёдам меомаданд…»

Дар бобҳои минбаъдаи асар Собир чанд муддат дар мактаби Муллозайниддин, чанд муддат дар мактаби нави деҳа ва баъд дар интернати шаҳри Тӯс таҳсили илм мекунад. Соли 1925 Собир чун талабаи пешқадам ба Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд роҳхат мегирад.

Дар чанд боби минбаъдаи «Субҳи ҷавонии мо» таҳсили Собир дар Дорулмуаллимин тасвир ёфтааст. Аз ҷумла, дар боби «Халқи худро шинос» Собир таассуроти худро аз сўҳбати профессори рус Михаил Степанович Андреев, ки бо лаҳҷаи софи тоҷикӣ «ассалому алайкум, бачаҳо!» гўён ба синф даромада буд, баён месозад: «Олими рус, ки нахустин бор ба ман «халқи худро шинос» гуфта буд, як умр дар хотири ман монд».

Собир айёми таътил ба деҳа меравад ва чанд муддат ба Мухтор ҳамроҳӣ карда, боз аз паи таҳсил дар Дорулмуаллимин мешавад.

Образҳои қисса. Дар қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» зиёда аз сӣ персонаж амал мекунад. Собир чун қаҳрамони асосӣ дар тамоми воқеаҳои қисса фаъолона ширкат дорад. Махсусан, дўстӣ ва рафоқат ба Леня, Паша, Серёжа барин кўдакони рус боиси забондонӣ ва инкишофи ҷаҳонбинии Собир гардид. Ҳангоми аз Тошканд ба деҳа кўч бастан Сережа ба Собир китоб медиҳад:

- Ма, Собир, ин ба ту ёдгорӣ, - гуфт вай китобро ба ман дароз карда.

Ин ҳамон китоб буд – китоби мусаввар бо суратҳои ҳайвонот ва мурғони ёбоӣ, ки ман онро ҳар дафъа бо шавқу ҳавас варақ мезадам ва аз тамошояш сер нашудам. Серёжа медонист, ки ман ин китоби ўро аз ҳамаи китобҳои дигараш дўсттар медорам, бинобар ин хостааст дар дами ҷудоӣ онро ба ман бахшад. Ман аз шодӣ саросема шуда гумон кардам, ки Серёжа ҳазл мекунад. Аммо вай ҳазл намекард ва бо табассуми гарми дўстона мегуфт:

– Ҳар вақте ки варақ задӣ, маро ба ёдат меорӣ.

– Хуб, - розӣ шудам ман. – Раҳмат.

Дар қисса симои падари Собир – Умархон низ барҷаста тасвир гардидааст. Дар тамоми асар зўри бозу ва қуввату ғайрати Умархон равшан эҳсос мешавад. Ў корро манбаи ризқу рўзии инсон медонад. «Дастони пурзўри кормуштоқашро ба ҳар коре, ки рост ояд, мезанад». Таркиби дастони пурзўри кормуштоқ майлу рағбати Умархонро ба меҳнати ҳалол басо дилчасп ифода намудааст. Умархон ба ҳар коре, ки даст мезад, онро бо тамоми ҳастӣ ба ҷо меовард. Бинобар ин фаъолияти кории ў чун гўштингириаш ба мушоҳидачиён ҳаловат мебахшид. Боре бародари Умархон аз каландзании додараш ба шавқ омада мегўяд:

– Худо ба ту аҷаб зўру қувват дода будааст, Умархон!

– Ҳо, лекин мулк надод, обу замин надод, ки ман ин зўру қувватро дар онҳо кор фармоям.

Улуғзода дар чанд ҷои асар ба панду насиҳат майл доштани Умархонро ишора намудааст. Умархон мехоҳад, ки панду ҳикматҳои ўро ҳама аҳли оила шунаванд. Дар ин ҳолат, дар каломи ў баёни мантиқӣ, таркибҳои ҳикматомез ва мақолу зарбулмасалҳо мавқеъ пайдо мекунанд: «Падарам суханашро давом дода гуфт:

– Аз ҳама гандатар се чиз аст: якум дуздӣ, дуюм ятимонро озор додан, сеюм бахилӣ… Худо дуздро аз ҳама гандатар мебинад – аз барои чӣ? Худо ба одам зўру қувват медиҳад ва мефармояд, ки: ин зўру қувватро кор фармуда ризқи худатро пайдо кун… дузд бошад ин чизи табаррукро (яъне, зўру қувватро) ба гандагӣ сарф мекунад Дузд бекор аст, аз бекор Худо ҳам безор…»

Дар «Субҳи ҷавонии мо» образи занон, аз ҷумла, модари Собир, Зебӣ, Нисохон бо муҳаббату самимият ва воқеӣ ба тасвир омадааст. Модари Собир зани порсо, босавод ва оқила мебошад. Ӯ Зебӣ ном духтари хоҳаршӯяшро баробари фарзандонаш тарбия мекунад ва ба ин духтари ятим хондан ва навиштанро ёд медиҳад.

Дар маҳаллаи Шиблии Тошканд то ба кори завод даромадани Умархон оилаи онҳо рӯзҳои вазнинро аз сар мегузаронад. Дар ин айём модари Собир бори зиндагиро баробари шавҳар, ҳатто аз ӯ зиёдтар ба душ мегирад: «Модарам доим чеҳрааш хира буд, кам гап мезад. Саҳар аз ҳама барвақт мехест ва шаб аз ҳама дер мехобид. Кӯдакашро парасторӣ мекард, хӯрок мепухт, либос мешуст, аз субҳ то шом кор мекард ва шаб боз бача мемаконд ва гаҳвора меҷунбонд. Гули рӯяш хазон шуда буд».

Дар мисоли боло нависанда ба воситаи ҷумлаҳои содаи хуллас ва тафсилӣ вазъияти тоқатфарсои модари Собирро бомаҳорат тасвир кардааст. Махсусан, ҷумлаи «гули рӯяш хазон шуда буд» бо маънии рамзии худ ба ҷисму ҷони модар таъсири корӣ расонидани шароити ноҳинҷорро басо муассир ҷамъбаст намудааст.

Қиссаи тарҷумаиҳолии «Субҳи ҷавонии мо» бо забони фасеҳу дилкаш, услуби рехтаи баён, фарогирии ҳодисаву воқеаҳои давр ва ҷамъбастҳои бадеии онҳо дар адабиёти давраи нави тоҷик мавқеи сазовор дорад.

Романи Восеъ

Шӯриши Восеъ соли 1888 дар Бухорои Шарқӣ ба амал омада, пояи ҳукукмати Манғитияро ба ларза овард. Дар наси бадеӣ асари калонҳаҷме, ки образи Восеъро ба тамоми паҳлу мавриди тасвир қарор дода бошад, романи «Восеъ» аст.

С. Улуғзода ба таърихи муборизаҳои адолатхоҳонаи мардуми кӯҳистони тоҷик ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри ХХ мароқ зоҳир намуд. Баъдтар нависанда ба омӯзиши шӯриши мардуми тоҷик бо сардории Восеъ ҷиддан машғул шуда солҳои 1961-1967 романи «Восеъ»- ро таълиф кард ва соли 1969 аввалин чопи китобии он дастраси хонанда гардид.

Устухонбандии роман. “Восеъ” ба жанри романи таърихӣ тааллуқ дошта, аз 33 боб иборат аст. Хонанда дар ду боби аввал нахуст ба симои манфӣ – Мирзоакрамбой ва баъд ба қаҳрамони асосӣ – Восеъ шинос мешавад. Ин ду образ (махсусан Восеъ) аз аввал то охири асар иштирок намуда, дар ҳалли зиддият ва масъалаҳои асосии асар мавқеи марказӣ доранд.

Дар боби дуюм ҷувозкундае тасвир ёфтааст, ки онро Восеъ ба пушт бардошта ба хонааш мебарад: “Восеъ ҷувозкундаро бағал карду озод бардошта ба болои харсанге гузошт ва баъд онро ба пушташ гирифта, хам шуда, калавида-калавида равон шуд.

- Намурӣ, Восеъ! Ёдат ба хайр!.. Қанд бизан! – қоил шуда таҳсин мекарданд шариконаш аз қафо.

Восеъ бори вазнини худро ба ҳавлиаш расонда, дар пеши дари ҷувозхона бо эҳтиёт ба замин гузошт... Ва ба ҷувозкунда даст зада, мамнунона илова намуд:

-Соз! Аз тути пир тарошондамаш. Дар ин, иншооллоҳ, бист-сӣ сол ҷувоз мекашам, занак».

Ин ҷувозкунда дар охири боби 33-юм боз зикр гардидааст. Вақте ки хоҳари Восеъ – Фотима аз Шаҳрисабз баргашта, хабари ба дор кашидани бародарашро ба ҳамдиёронаш мерасонад, мардуми Дараи Мухтор ва деҳоти гирду атрофи он як ҳафта азо мегиранд: “Дар поёни ҳафтаи азодорӣ пирамарде ба ҷувозхонаи Восеъ ишора карда, ба ҷамоат чунин гуфт:

-Додарон! Дар ин ҷо Восеъ ҷувоз мекашид. Ин ҷувозкундаро худаш фармуда тарошонда буд. Биёед, аҳду паймон кунем, ки ҳаминро аз Восеъ ба ёдгор нигоҳ медорем. Восеи шаҳид дар ватанаш қабр надорад, ҳамин ҷувозхона ба ҷойи қабраш зиёратгоҳи ӯ шавад. Омин оллоҳу акбар! Хурду калон ҳама бо ҳамроҳии пирамард даст ба рӯй кашиданд”.

Ин ҷувозкунда, ки ҳоло ҳам побарҷо буда, чун зиёратгоҳи мардум эътибор дорад, маънои рамзӣ касб кардааст ва нишонаи он аст, ки халқи тоҷик Восеъ барин фарзандони баҳодуру сарбаланди худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Баъди боби дуввум боз дар боби охири асар такрор шудани ҷузъи ҷувозкунда робитаи мантиқии қисматҳои романро қувват бахшидааст.

Мисли ҳамин, истифодаи бамаврид ва моҳиронаи манзараи табиат, қиёфа (портрет), муколама ва порчаҳои шеърӣ бандубасти лаҳзаҳои алоҳидаи “Восеъ”–ро таъмин намуда, боиси афзоиши ҷозибаи тасвир гардидааст.

Сужети роман. “Восеъ” ҳодисаву воқеаҳоеро, ки дар охирҳои асри ХIХ дар қаламрави Бухорои Шарқӣ ба вуқӯъ пайваста буд, дарбар мегирад. С. Улуғзода хонандаро аввал ба амалиёти ҳарисонаи Мирзоакрамбой ном мансабдори аморати Бухоро шинос намуда, баъд ба тасвири зиндагии Восеъ ном марди кӯҳистонӣ ва аҳли оилаи ӯ мегузарад. Восеи ҷувозкаш бо ҳалолкорӣ, қавииродагӣ ва ёриву мададгорӣ дар байни ҳамдиёрон эътибори калон пайдо мекунад.

Дар Бухорои Шарқӣ хушксолӣ ба вуҷуд меояд ва аҳволи мардуми меҳнатӣ сол то сол бад ва тоқатфарсо мешавад. Дар ҳамин вазъияти барои аҳолии мавзеъҳои Ховалинг, Балҷувон ва Сарихосор сангин амири нави Бухоро Абдулаҳадхон (1885-1910) Мирзоакрамбойро мири Балҷувон таъин менамояд ва супориш медиҳад, ки аз аҳолӣ андози сесоларо ҷамъ намояд. Мирзоакрамбой молу пули зиёде сарф карда, ба ин мансаб соҳиб шуда буд. Бинобар ин, дар бадали ду ҳафта хароҷоташро ду баробар рӯёнда, барои хазинаи амир ҳам ҳадяи муносиб тайёр намуд. Ин амали беадолатона ва аз даҳони мардум кашида гирифтани охирин луқмаи нон косаи сабри аҳолиро лабрез намуд ва боиси сар задани шӯриш гардид.

Деҳқонону чӯпонон ва дигар табақаҳои камбизоати аҳолии бекигарии Балҷувон бо калтаку шохину белу каланд ва тешаву табар мусаллаҳ гардида, “дод аз дасти манғит” гӯён сарбозони бекии Балҷувонро торумор намуданд. Бек фирор кард. Амир Абдулаҳадхон ба кӯмаки мири шикастхӯрда ҳазор тан сарбози варзидаву мусаллаҳ фиристод. Ҳокими ҳисор Остонақул – қушбегӣ ба сарбозони аз Бухоро омада дастаеро илова намуда, ба Балҷувон сафар намуд.

Шӯришгарон ба муқобили сарбозони аз Ҳисор омада, мири Кӯлоб ва дастаи ғоратгари Туғай мардонавор ҷангиданд. Аммо бо белу каланд ба муқобили сарбозони мусаллаҳ истодагарӣ кардан душвор буд.

Оқибат шӯриш ба шикаст рӯ ба рӯ омад. Восеъро бо дӯстонаш (Назир, Одина, Саид мерган, Нозим, Давлат Аюб) дастгир намуда, аввалан ёронашро ба қатл расонданд ва баъд худашро ба ҳузури амир Абдулаҳадхон бурданд. Чун амир дар Шаҳрисабз буд, Восеъро баъди ба амир нишон додан ба дор овехтанд. Сужети асар бо таъкиди қадршиносии ҳамдиёрон, ки ҷувозкундаи Восеъро то ҳол аз харобшавӣ эмин дошта, деҳаи Дараи Мухторро ба зиёратгоҳ табдил додаанд, ба охир мерасад.

Образи Восеъ. Дар маркази роман образи Восеъ қарор дорад. Тасвири ин образ аз лаҳзаи ба дуредгари Дараи Мухтор тарошидани ҷувозкунандаро супориш кардан оғоз меёбад. Дар ин ҳолат Восеъ соҳиби зан, се фарзанд ва обрӯю эътибор мебошад. Баъдтар нависанда руҷӯъ намуда, воқеаҳои даврони ҷавонӣ, ба Назири сайёд бародархонд шудан, Аноргул ном духтарро ба занӣ гирифтан ва Шакар ном падари ғамхору ҳалолкор доштани Восеъро тасвир менамояд. Ин лаҳзаҳо сарчашмаи ташаккули характери қаҳрамон мебошанд.

Восеъ аз ҳама хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бархурдор аст. Мудом меҳнат мекунад, паҳлавон аст, нангу номусро дар ҷойи аввал мегузорад ва меъёри асосии ӯ дар зиндагӣ ҳақиқату адолат аст.

Восеъ Ризо ном ятимбачаро ба тарбияи худ мегирад ва ба занаш, ки ба хона овардани ин бачаи оворагардро намехост, мегӯяд: «Аммо, ман мегӯям, ӯ бачаи хуб аст. Писархондаш кунем, савоб мешавад. Фоидааш ба ӯ, савобаш ба мо. Ту ба шумии ӯ, ба қилиқҳои бемазааш нигоҳ накун, ҷони ширин, инҳо ҳама аз бесариву бенасибӣ аст. Ман донистам, ҷавҳари бача пок аст, тарбияташ кунем, одам мешавад, ба ман дастёри хуб мешавад».

Восеъ дар ҷӯстҷӯйи бародархондаш Назир – ба Ҳисору Қаршӣ ва Шаҳрисабзу Самарқанд сафар мекунад, дар мусофират ба беадолатӣ ва ноинсофиҳои мансабдорон дучор мешавад. Дар Самарқанд ба воситаи Муллосафар ном ҳамдиёраш ба ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш шинос мегардад. Ошноӣ ба зиндагии пурмоҷарои сокинони шаҳрҳои номбурда ҷаҳонбинӣ ва ҳисси худшиносии Восеъро афзун гардонда, мантиқи гуфтори ӯро боз ҳам қувват мебахшад. Пешвои шӯришгарон ба ҳар гуна таҳқир оҷизона тан додани шахсеро чунин маҳкум менамояд: “Худо туро одам офаридааст, агар туро хар карда савор шаванду ту ба ин тан диҳӣ, тоқат кунӣ, одам нестӣ. Офарандаатро муттаҳам кардаӣ. Туро ба ноҳақ хор кунанд, зери по кунанду ту хап истӣ, номардӣ, ору номус надорӣ; занат ва фарзандонат, ёру дӯстонат ҳақ доранд, ки аз ту рӯй гардонанд”.

Восеъ ба зарбаҳои зиндагӣ мардонавор тоб меорад. Вақте ки сарбозони амир бандиҳоро мебурданд, ду нафар зани сарбараҳна, пойлуч ва саропо хоколуд ба муқобилияти сарбозон нигоҳ накарда пеш баромаданӣ мешаванд. Восеъ онҳоро мешиносад: яке духтараш Гулъизор ва дигаре хоҳараш Фотима буд.

-Ота –а-а!.. Ота –а-а!.. – рӯканону мӯканон дод мезад Гулъизор.

Восеъ қадам нигоҳ дошт.

-Духтарҷонам!.. Хоҳаракам! – аз ҷигар фарёд кашид ӯ.- Алвидоъ! Ба модарат бигӯ, Гулъизор, ба додараконат бигӯ, падари шумо ба золимон сар хам накард, ҷангид, шаҳид шуд!..

С. Улуғзода дар тасвири характери фардӣ ва симои ҳақиқии Восеъ аз ҷузъҳои бадеии сар хам накардан, қад барафрохта рост истодан бо маҳорат истифода кардааст. Аз ин ҷиҳат, вохӯрии Восеи асир ба амир Абдулаҳадхон омӯзанда аст. Амир Абдулаҳадхон сарвари шӯришгарони тоҷикро, ки пояи ҳукуматашро ба ларза оварда буд, дидан мехоҳад. Вохӯрии Восеъ ба амир дар ҳавлии қалъаи Шаҳрисабз ташкил мешавад. Вақте ки амир аз дари қалъа намудор мегардад, мансабдорон, сипоҳиён, нӯкарон-ҳама якбора ба таъзим хам мешаванд. «Дар байни саллаҳои сафеду сабзу кабуд ва телпакҳои сиёҳу сурхтобу хокистарранги қафқозии қариб то ба замин хамшуда танҳо Восеъ қад барафрохта рост меистод. Амир ба вай чашм дӯхт, вай ҳам ба амир чашм дӯхт, Восеъ гӯё бо нигоҳаш ба вай мегуфт: “Ту маро дидан хостӣ. Инак ман! Бубин! Душманони ту ҳама монанди мананд! Ман ҳоло асири туам, аммо ба ту сар хам намекунам, аз ту наметарсам!”

С. Улуғзода дар шахси Восеъ симои барҷастае офарид, ки аз корномаҳои он мардуми тоҷик солҳои сол дарси хештаншиносӣ меомӯзад. Аз ҷумла, Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов, Саидаҳмад Каримов барин ҳамдиёрони Восеъ ба хотири дифоъ аз нангу номуси инсонӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонии ҳамватанони хешро такрор карданд.

Дигар образҳои роман

Ёрон ва ҳаммаслакони Восеъ. Дар роман Назир, Ризо, Нозим, Одина, Давлат, Аюб, Муллосафар, Саидалӣ барин персонажҳои мусбат ширкат меварзанд ва ҳар кадоми онҳо дар инкишофи воқеаҳо ва ҳалли зиддияти асар саҳми муайян доранд.

Дар байни ёрон ва наздикони Восеъ образи писархонд ва баъдҳо домоди ӯ – Ризо зиёда диққатҷалбкунанда аст. Покиву роскорӣ, шавқу завқи ҷавонӣ, далерию чобукӣ ва ҷуръату кордонии ин ҷавон хонандаро ба ваҷд меорад. Махсусан, муқобилияти Ризо ба сарбозони Остонақул – қушбегӣ ҳангоми гузаштан аз дарёи Вахш симои ӯро хеле хуб намоён месозад. Ризо ба муқобили душман аввал гулӯлапаронӣ ва баъд сангпаронӣ мекунад ва чун як қисми сарбозон ба воситаи амад аз дарё гузаштанӣ мешаванд, ӯ худро ба об андохта ба амад мерасад ва бо кордча гупсарҳои таги амадро чок карда, сарбозонро бо тиру туфангу шамшерҳояшон ғарқ мекунонад. Ризо вақте ки ба соҳил мебарояд, тир мехӯрад. Нозим Ризоро дар бағал гирифта чунин нола мекунад:

– Садқаат шавам, Ризоҷон, ту коре кардӣ, ки ҳеҷ фарзанди одам накардааст. Номи туро дар қиссаҳо нависанд, меарзад. Кошки тир ба ман мерасиду ту сиҳат мемондӣ.

Дар қатори симоҳои мусбат образи Муллосафар мавқеи муносиб дорад. Муллосафар типи ҷавонони кӯҳистоние мебошад, ки дар шаҳр таҳсил карда, илмҳои гуногун ва ҳунарҳои заргарӣ, наққошӣ, мӯҳрканӣ, хаттотиро аз худ кардааст. Баъди шиносоӣ ба ақидаҳои маорифпарварии Алломаи Дамирӣ дар ӯ инқилоби фикрӣ пайдо мешавад. Восеъ ва Назир дар Самарқанд чанд муддат дар хонаи Муллосафар зиндагӣ мекунанд ва аз андешаҳои маорифпарварии ӯ баҳра мебардоранд. Муллосафар дар бораи давлатдорони замонаш, аз ҷумла, чунин андеша дорад: «Худои таоло аз ин амирони ҷоҳил, вазирони коҳил, сипоҳиёни гумроҳи ғофил кайҳо рӯй гардондааст”. Ва муҳокимаҳои мантиқиашро чунин хулоса мекунад: “Давлати амир дер намепояд”.

Мутаассифона, Муллосафар то охир ба ақидаҳои иҷтимоии худ устувор намемонад, оқибати нохуши шӯришро ҳис карда, дар таҳлука меафтад. Хатои калони Муллосафар ин буд, ки ӯ ба савганди риёкоронаи Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис оид ба бахшидани “гуноҳи” Восеъ бовар карда, дар паси обпари Гулдара паноҳ бурдани дӯсташро ошкор месозад.

Муллосафар чанд лаҳза халосӣ ва озодии Восеъро дар хаёл оварда, дар дил хурсандӣ мекард. Вале чун яқин кард, ки Восеъ, Назир ва Давлат Аюбро ба Бухоро бурда мекушанд, фаҳмид, ки беихтиёр ба дӯстони худ хиёнат кардааст. Ин фоҷиа барои ӯ бисёр вазнин буда, оқибат боиси ҳалокаташ гардид. Муллосафар ба дастаи бандиён расида, дар назди Восеъ худро хиёнаткор номид ва баъд ба хонаи Ҳоҷӣ Яъқуб рафта ба ӯ дарафтид: «Эй беимон! Каззоби қасамзада!- дар нимторикии маҳтобшаб ба гиребони мударрис бехудона чанг зад Муллосафар. – Фиребгари дӯзахӣ! Восеъ куҷост?! Ту ӯро ба куштан додӣ? Ту дағопешаи кофиркеш динат, имонатро ба манғит фурӯхтӣ!»

Ин марди фиребхӯрда дар коҳдони Ҳоҷӣ Яъқуб ҷон дод. Фоҷиаи Муллосафар фоҷиаи зиёиёне буд, ки ба ҷараёни пурталотуми зиндагӣ назари воқеъбинона дӯхта натавонистанд.

Образи занон. Дар роман дар қатори Фотима, Аноргул, Гулъизор ва Заррагул бари образҳои мусбат симоҳои манфие чун Марзия ва Лутфия низ тасвир ёфтаанд.

Аз образҳои мусбат, пеш аз ҳама, хоҳари Восеъ – Фотима дар хотири хонанда нақш мебандад. Фотима ҳамагӣ дар се лаҳза (дар бобҳои IV, ХХV ва ХХХIII) фаъолият дорад. Симои Фотима махсусан дар боби охири асар хеле муассир ба назар мерасад. Вақте ки сарбозон Восеъ ва ду нафар бандии дигарро аз Балҷувон ҷониби Ҳисор мебаранд, “Фотима монанди девонаҳо афтону хезон дод зада” ба корвон ҳамроҳ мешавад. Сарбозон ҳарчанд кӯшиш мекунанд, ӯро аз корвон дур карда наметавонанд. Дар роҳ Фотима пӯшокҳои Восеъро мешӯяд, нон, қурут, меваи хушк барин хӯрданиҳоеро, ки бошандагони маҳаллаҳои сари роҳ ба ӯ медоданд, ба бародараш пешкаш менамояд. Хоҳари дилсӯз то пояи дори Шаҳрисабз ба бародараш қувват бахшида, охирин нигоҳи ӯро дар худ эҳсос мекунад ва боз пойи пиёда, танҳову саргардон ба зодгоҳаш баргашта, хабари сарбаландона ба марг рӯ ба рӯ гаштани бародари шаҳидашро ба ҳамдиёронаш мерасонад: “Акама ба дори баланд кашидан. Акам натарсид, сарбаланд ҷон дод. Халқон гуфтанд: «Ёдуш ба хайр, баҳодур будай!”

Нависанда бо тасвири пурсӯзи ҷонфидоиҳои Фотима нисбат ба бародари гирифтораш ба офаридани симои миллии духтари тоҷик муваффақ гаштааст.

Дар боби ХХI лаҳзаи хайрбоди Восеъ бо аҳли оилааш тасвир ёфтааст. Восеъ ба шӯриш печидани норозигии мардумро дида, аҳли оилаашро ба деҳаи кӯҳии Баландсар гусел менамояд ва ҳангоми хайрухуш ҳамсари азизашро дилбардорӣ менамояд. Аноргул низ ба шавҳараш хайрухуш мекунад ва аз ҳар ибора ва ҷумлаи ӯ бӯйи меҳр, садоқат ва вафодорӣ меояд:

- Доғ кардӣ маро, Восеъ, диламро об кардӣ, - гуфт Аноргул. –Илоҳӣ сиҳат – саломат, хушу хуррам гашта биоӣ. Хонаи манғит бисӯзад, ки ба сари мо ин аламу кулфат, ин зиндаҷудоиро овард... Ман агар мард мебудам, дар ҷойи ту ман ҳам ба манғит теғ мекашидам. Ман туро аз барои шердилӣ, мардонагӣ, ростқавлиат дӯст доштам, ҳозир аз пештара ҳам зиёд дӯстат медорам... Тани зори ман дар ин ҷо ё дар Баландсар мемонад, аммо дилам, ҷонам бо туст. Ман ҳам аз ту розиям, Восеъ, сад бор розӣ...

Марзия ва Лутфия бошанд, аз образҳои мусбат бо ҷоҳилӣ, беномусӣ ва бадтинативу бахилӣ фарқ доранд. Макру ҳилла ва рашку ҳасад дар ниҳоди онҳо чунон пурқувват мебошанд, ки ҳар ду ба куштор даст задаанд.

Марзия зоҳиран бадрӯй ва ботинан нопок аст ва ба ҳар ҷое, ки қадам гузорад, он ҷо ба вайрона табдил меёбад. Назири сайёд баъди вафоти занаш ба Марзия хонадор шуда, дар андак муддат хонахароб ва сарсону саргардон мегардад. Ягона дилхушии Назир набераи дӯстрӯяки дусолааш Азиза буд. Марзия ҳамин тифли бегуноҳро ба ҷарӣ тела дода мекушад ва бо ҳамин оилаи Назирро тамоман бадбахт мегардонад. Умуман Марзия ва Лутфия симоҳои манфур боиси бадбахтиҳои мардуми бегуноҳ гардиданд.

Образи мардони ҷафопеша. Дар байни образҳои манфии асар Мирзоакрамбой, амир Абдулаҳадхон, Ҷобирдоруға, Саидасрор ва Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис мавқеи бештаре доранд. Махсусан, кирдор ва фаъолияти Мирзоакрамбой ҷолиб аст. Ҳирси манфиатҷӯйӣ ва мансабталошӣ тамоми вуҷуди Мирзоакрамбойро фаро гирифтааст. Симои Мирзоакрамбойи мансабталош ҳангоми ба амри Абдулаҳадхон мисли бедона ба “ҷанг” дромаданаш хеле ночиз ва нафратовар ба назар мерасад: “Мирзоакрами шӯрбахт хоҳу нохоҳ хам шуда, ҳамчунин ҳолати чорпо ба худ гирифту ба ҷойи бедонаи хоини худ ба ҷанг даромад. Ҳоҷиқул ва ӯ ба якдигарашон нӯл мезаданд, каллаҷанг мекарданд, якдигарашонро ба тагашон пахш менамуданд. Ҳоҷиқул мисли бедона бол меафшонд, питпилиқ мекард ва гоҳо бедона буданашро фаромӯш карда монанди хар ҷуфтак мезад. Оқибат Мирзоакрамбойи фарбеҳу ғафс ба обу арақ ғӯтида, нафасаш танг шуда ғалтида монд. Пешхизматони ҳоким ӯро ба пойгаҳ кашида ба сараш аз сатил оби хунук рехтанд. Бечора тамом аз ҳол рафта қариб буд, ки қолиб тиҳӣ кунад”.

Хислату характери манфури Мирзоакрамбой аз забони зани сеюмаш ба таври возеҳ ошкор гардидааст. Вақте ки модари Зебӣ хабари ба Адбулаҳадхон пешкаш намудани духтари ноболиғашро мешунавад, ӯ ба Мирзоакрамбой дарафтода, дар зери қамчинзании шавҳараш фарёд мекашад: “Куш маро! Ё зиндаву зор дар гӯрам тиққону баъд духтарамро бурда ба ҳокимат тортуқ кун! Шумо шармандаҳо, беномусҳо, мансаб гуфта бачаҳотонро мефурӯшед, ҳатто духтарҳои ноболиғатонро ба фоҳишагӣ медиҳед!..”

Образи Мирзоакрамбойро симои Абдулаҳадхон боз ҳам тақвият медиҳад. Абдулаҳадхон, чи дар замони валиаҳд буданаш ва чи дар замони амириаш, танҳо ба айшу нӯш, дилхушӣ, бедонабозӣ, шаҳватпарастӣ ва ришваситонӣ машғул аст.

Дар боби ХIV лаҳзаи марги падараш – амир Музаффарро интизорӣ кашидани Абдулаҳадхони валиаҳд ҷолиби диққат аст. Абдулаҳадхон дар Кармина хабари вафоти падарро бесаброна интизор аст. Зеро “ин хабар ӯро якбора соҳиби тахти аморат, молики рақоби3 сею ним миллион фуқарои мамлакат хоҳад кард. Ба назари тӯра вақт хеле ба оҳистагӣ мегузарад. Ӯ хавотир кашида фикр мекунад, ки мабодо мисли ду моҳ пеш падараш боз сиҳат ёбад! Инро фикр мекунаду ба худ ларзида дар дилаш мегӯяд: не, не, ҳеҷ мумкин нест, ки вай намирад! Бояд бимирад!”

Ҳирси бемайлони ба мансаби олӣ ва сарвату ҷоҳу ҷалол соҳиб гардидан Абдулаҳадро аз камтарин ҳиссиёти инсонӣ ва одатҳои одамгарӣ маҳрум гардонидааст, ба дараҷае ки ҳарчи тезтар вафот ёфтани падарашро бо ҷону дил хоҳон аст.

Нависанда дар офаридани характерҳои мусбату манфии роман услуби тазодии тасвирро истифода кардааст. Барои Назири шикорчӣ вафоти набераи дусолааш фоҷиаи бузургест, аммо Абдулаҳадхон хоҳони ҳарчи тезтар вафот ёфтани падараш мебошад; чун Фотима хабари қатли Восеъро ба ҳамдиёронаш расонд, мардум азо гирифт ва “маъракаи азодорӣ як ҳафта давом кард. Аз деҳу дараҳои дуру наздик ба Дараи Мухтор тӯда–тӯда мардумон саллаҳошонро ба миён баста, ба даст асо гирифта меомаданд, мотам мегирифтанд”, аммо мурдаи амир Музаффарро “бо шитобу ҷадал... ба хок супурданд. Аз пушти тобути ӯ на вориси тахташ рафт ва на ягон писари дигараш.”

Ҳамин тариқ, образҳои романи “Восеъ” ҳар кадом дорои хислату характери ба худ хос буда, дар маҷмӯъ зиндагии як давраи таърихии халқи тоҷикро хеле табиӣ ва бо тамоми паҳлуҳояш инъикос намудааст.

Фаъолияти драматургии С. Улуғзода

Сотим Улуғзода аз аввалин драманависҳои касбии тоҷик аст. Нахустин песаҳои ӯ “Шодмон” (1939), “Калтакдорони сурх” (1940) ва “Дар оташ” (1944) аз ҷиҳати ҳунари нависандагӣ нисбат ба драмаҳои ин давра таълиф гардидаи адибони тоҷик баландтар ва мукаммалтар буданд.

Баъдҳо С. Улуғзода чун «Ҷўяндагон» (1951),“Рӯдакӣ” (1958), “Ҷавонии Ибни Сино” (1960; ҳамроҳи В. Виткович), «Гавҳари шабчароғ» (1962), «Темурмалик» (1968), «Алломаи Адҳам ва дигарон» (1971), «Восеъ» (1971) асарҳои саҳнавии бисёре офаридааст, ки онҳоро намунаи беҳтарини драматургияи тоҷик номидан мумкин аст. Дар намоишномаҳои таърихии адиб симои Рўдакӣ, Ибни Сино, Темурмалик, Аҳмади Дониш, Восеъ барин шахсиятҳои таърихӣ воқеӣ ва ҳунармандона офарида шудааст.

Драмаи «Ҷавонии Ибни Сино». Зиндагӣ ва шахсияти алломаи бузурги Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино таваҷҷӯҳи Сотим Улуғзодаро ҳанӯз солҳои 30 – юми асри хх ба худ ҷалб намуда буд. Адиб аввалин маротиба бо ҳамкории В

Дида шуд: 352


2020 SHOIR.TJ