Соиби Табрезӣ (1603-1677)


Зиндагинома

Яке аз бузургтарин симоҳои адабию фарҳангии садаи ХVII, адиби навовару эҷодкори тозакор Мирзо Муҳаммадалии Соиб – фарзанди Мирзо Абдурраҳим аст, ки бо эҷодиёти ғаниву гуногунҷилои худ на танҳо ба адабиёти асри хеш, балки ба ҷараёни минбаъдаи адабиёт низ таъсири амиқу дақиқ гузоштааст.

Мирзо Муҳаммадалии Соиб соли 1603 дар шаҳри Исфаҳон по ба арсаи ҳастӣ ниҳодааст. Аз нигоҳи баромади иҷтимоӣ Соиб аз табақаи бозаргонони ҷомеъа буда, аҷдоди ў асосан аз Табрез будаанд ва дар рўзгори шоҳ Аббоси Кабир бо ташаббуси ин сиёсатмадор онҳо бо гурўҳе аз ҳампешагонашон ба Исфаҳон кўчонида шудаанд. Дар ин бора худи Соиб баъзе ишораҳо низ намудааст:

Соиб аз хоки поки Табрез аст,

Ҳаст Саъдӣ гар аз гили Шероз.

Азбаски Соиб аз табақаи бозаргонон буд, ба ў муяссар шудааст, ки ҳамаи илмҳои ҷории замони худро фаро бигирад ва чунин ҳам кардааст. Хусусан, илмҳои фалсафа, ҳикмат, «Қуръон»-у тафсир, ҳадису фиқҳ, сарфу наҳв, луғат, адабиёт, калом, мантиқ, қофия, арўз, бадеъ ва ғайраро ба хубӣ омўхтааст.

Ба хусус, дар илми хат баҳраи комил дошт, зеро назокати ин ҳунарро аз устоду амаки худ-Шамсуддини Табрезӣ (Шамси Сонӣ), ки лақаби Ширинқалам дошт, омўхта будааст. Ин аст, ки «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, «Куллиёт»-и Шамси Табрезӣ ва бисёр асарҳи дигар ба қалами ў китобат шудаанд.

Ба қавли сарчашмаҳо, гўё муосирони Соиб, бузургон Ҳаким Рукно, Масеҳи Кошӣ, Ҳаким Шифоӣ аз силки устодони Соиб дар ҷодаи илми шеъру адаб бошанд, вале аҳли таҳқиқ ин фактро тасдиқ накардаанд, зеро худи Соиб мегўяд:

Татаббўи сухани кас накардаам ҳаргиз,

Касе накарда ба ман фанни шеърро талқин.

Ба зўри фикр бар ин тарз даст ёфтаам,

Садаф зи обилаи даст ёфт дурри санин.

Соиб дар овони ҷавонӣ ба зиёрати Макка ва Мадина рафта, пас аз адои ҳаҷ дар ватан бисёр наистода, муддате дар Кобул истиқомат ихтиёр мекунад. Соиб дар Кобул бо ҳукмрони он ҷо Зуфархон наздикӣ пайдо менамояд. Зеро ҳоким дар симои Соиб шахси донишманду эҷодкори соҳибистеъдодеро дармеёбад. Худи Зуфархон низ табъи шоирӣ дошта, сухану суханварро аз ин сабаб хеле хуб қадршиносӣ мекард. Ин аст, ки Зуфархон Соибро ҳатто устоди хеш мехонад. Баъдтар бо дастгирии Зуфархон Соиб ба дарбори Султони Ҳинд - Шоҳиҷаҳон низ роҳ меёбад. Аз ишораҳои шоир чунин ба мушоҳида мерасад, ки ў дар Ҳиндустон шўҳрати беандоза пайдо карда будааст:

Пеш аз ин ҳарчанд шўҳрат дошт дар мулки Ироқ,

Сайри мулки Ҳинд Соибро баландовоза кард.

Ва ё ин ки:

Миллаҳулҳамд, ки буъд аз сафари ҳаҷ, Соиб,

Аҳди худ тоза ба султони Хуросон кардам.

Ё худ:

Баландном нагардад касе, ки дар ватан аст,

Зи нақш сода бувад, то ақиқ дар Яман аст.

Дили рамидаи мо шиква аз ватан дорад,

Ақиқи мо дили пурхуне аз Яман дорад.

Ё худ дар ҷои дигар низ ба ин маънӣ чунин ишорае дорад:

Шаш сол беш рафт, ки аз Исфаҳон ба Ҳинд

Афтодааст тавсани азми маро сафар.

Чун овозаи шеъраш паҳн шуд, шоҳ Аббоси Сонӣ ўро ба Исфаҳон хонд ва ҳатто бо унвони маликушшуаро сазовораш донист. Пас аз ў шоҳ Сулаймон низ Соибро қадршиносӣ кардааст. Ба қавли тазкиранависи тоҷик Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ, Соиби Табрезӣ муддате сайри диёри Мовароуннаҳр низ намуда, бо аҳли шеъру адаби қаламрави мазкур низ ошноӣ доштааст.

Соиби Табрезӣ баъдҳо хидмати дарборро низ истеъфо дода, беш аз даҳ сол берун аз дарбор ба эҷод пардохтааст.

Поёни умри ў низ дар Исфаҳон гузашта, соли 1677 олами фониро падруд гуфтааст ва оромгоҳаш дар Исфаҳон буда, онро рамзи «Анҷумани адабии Соиб» гуфтаанд.

Соиби Табрезӣ фарзандони хешро низ дар роҳи сухандўстию маърифатхоҳӣ парвариш намуда, яке аз писарони шоир, ки шахсияти шинохтае дар қаламрави онрўзаи диёраш будааст, Мирзо Раҳими Соиб ном дошта, дар шеъру адаб маъруфу эътирофшуда будааст.

Эҷодиёти Соиби Табрезӣ

Эҷодиёти Мирзо Муҳаммадалии Соиби Табрезӣ хеле бою рангин ва серпаҳлў буда, ҷолибан дар эҷодиёти ў ғазал мавқеи аввалиндараҷа дорад. Дар маҷмўъ ба қалами Соиб 120 ҳазор байт тааллуқ дошта, аз он ҷумла маснавии «Қандаҳорнома» низ ба ў нисбат дода мешавад. Гузашта аз он, Соиби Табрезӣ ба забони туркӣ низ эҷод карда будааст.

Муҳимтарин хусусияти таркиби девони Мирзо Муҳаммадалии Соиб он аст, ки ў ашъори худро-лирикаи хешро табақабандии аҷоиб мекунад. Яъне ашъори ишқии худро, ки дар он нозу истиғнои маъшуқа, васфи зебоиҳои вай, ҳусну ҷамоли ўро васф кардааст, таҳти унвони «Миръот- ул-ҷамол» (оинаи ҳусн) меорад. Ашъоре, ки дар он ҷузъиёти ҳусни зоҳирии маҳбуба: чашму абрў, холу зулф, асбобҳои ороишӣ мисли шонаву оина ситоиш карда мешавад, онро «Ороиши нигор» меномад ва ё худ шеърҳои ба васоити шодию нишот, хушгузаронии умр, рўзгор, зиндагӣ, яъне маю майгусорӣ, бодапаймоӣ ва ғайра бахшидаи худ, ин адиби мутафаккир унвони «Майхона»-ро гузоштааст. Инчунин, ашъори дидактикӣ-тарбиявӣ ва ахлоқиро бо мавзўъҳои дигари ҳаётию фалсафӣ ва ҷанбаъҳои дигари иҷтимоидоштаро «Воҷиб-ул-ҳифз» ном ниҳодааст. Бояд гуфт, ки худи ҳамин падида дар таърихи адабиёти тоҷик доир ба мураттабсозии девони ашъор нодир буда, дар чунин шакл корбаст намудани он хоси Соиби Табрезӣ аст. Ба ашъори дар боло зикргардида бахши қасоид илова шуда, ба ин восита «Куллиёт»-и Соиб фароҳам омадааст.

Мирзо Муҳаммадалии Соиби Табрезӣ на танҳо дар навъҳои лирикӣ: қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва ғ. табъи баланд доштааст, ў хусусан дар эҷоди ғазал шўҳрати махсус пайдо намудааст. Инчунин, мутафаккир дар эҷоди осори манзуми калонҳаҷм низ табъи баланд доштааст. Аз ин рў, аз ў маснавиҳои «Қандаҳорнома» ва «Маҳмуд ва Аёз» низ ба ёдгор аст.

Дар ин ҷо як нуктаи дигарро месазад хотиррасон созем, ки Соиб аз замони хеш то рўзгори кунунӣ на танҳо дар Шарқ, балки дар олам ҳамчун намояндаи мактаби сабки ҳиндӣ шўҳрат дорад.

То кунун оид ба рўзгору фаъолияти адабии ў ба ҷуз қайду ишорат, мақолаҳо, муаррифиномаҳо, баёзҳову тазкираҳои муосири адабиёти тоҷик, инчунин фаслҳои ҷудогонаи таърихҳои адабиёти форсӣ низ бахшида шудаанд, ки арзиши ниҳоят гарони илмӣ-тадқиқотӣ ва оммавӣ доранд. Зеро дар онҳо дар баробари адабиёти даври шоир, оид ба ҷараёни зиндагии Соиб, паҳлўҳои рўзгори ў, лаҳзаҳои ҳаёти адиб, камолоту эҷодиёти вай, таркиби девони адиб, саҳми ў дар таҳаввули адабиёти асраш ва таърихи минбаъдаи адабиёт, хусусиятҳои эҷодӣ, мавзўъҳои ашъор, сабки гуфтору шеваи баён, ҳунари эҷоду маҳорати суханварӣ, тарзи таълифу истеъдоди сухангустарӣ ва ғ. Маълумоти зарурӣ дода шудааст.

Мавзўъҳои асосии ғазалиёту мусамматҳои мухаммаси Соиби Табрезӣ

Соиб яке аз шоирони тавонои ғазалсарост, ки дар таҳаввулоти жанри мазкур саҳми арзанда дорад. Ў дар рушди мусаммати мухаммас низ хеле қавипанҷа мебошад. Мусамматҳои мухаммасҳои ў аз нигоҳи мавзўъ ва мўҳтаво, инчунин аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ асосан суннатӣ бошад ҳам, дар ҳунари эҷод навоваронаанд. Чунончи, мусаммати мухаммаси аввали девони шоир, ки аз нигоҳи унсурҳои шаклӣ низ тозакориҳо дошта, хеле ҳунармандона эҷод шудааст ва аз чаҳор банд иборат аст:

Тулўи субҳи содиқ сар зад аз пироҳани мино,

Насими рўҳравар мевазад аз гулшани мино,

Суроғи духтари раз кардаам аз маскани мино,

Агар ин бор меомад ба дастам гардани мино,

Чу дурди май нахоҳам дошт дасти аз гардани мино.

Маро савдои ишқи ў зи хобу хур бароварда,

Сарамро муншии тақдир аз дафтар бароварда,

Барои куштани ман осмон маҳзар бароварда,

Ду субҳи содиқанд аз як гиребон сар бароварда,

Яди байзои соқӣ бо баёзи гардани мино.

Банди сеюми мусаммати мухаммаси мазкур бо назардошти мавзўъ ва мазмуну мўҳтаво ишқӣ буда, тавъам бо маю соқӣ идома мекунад, ки байтеро аз он метавон зикр намуд:

Чу донистам, ки гаштам ошиқу шайдои бетобаш,

Ба бедорӣ тавонам дид он маҳро на дар хобаш…

Тозакорӣ дар шакл аз он иборат аст, ки дар банди чаҳорум тахаллуси адиб ба ҳайси радифи мураккаб оварда шудааст. Албатта, ин ҳолат ҳам таъкиди маъно ва ҳам бори ғоявӣ бардоштани унсури шаклӣ ва ниҳоят таъмини оҳангнокӣ дар бандро низ дорад:

Ба куфри зулфи ҷонон тоза шуд имон маро, Соиб,

Нигоҳи гарми оташ мезанад дар ҷон маро, Соиб,

Ду мисраъ дилнишин афтод дар девон маро, Соиб,

Ду чиз афтод хуш аз базми майхорон маро, Соиб,

Зи по афтодани соқӣ, ба сар ғалтидани мино.

Мусаммати мухаммаси мазкур хеле ҳунармандона эҷод шудааст. Ҳолати хеле табиии соқӣ, ҷом, мино, ошиқ, маҳбуба ва ҷузъиёти дигари марбути он басо ҳунармандона, мушоҳидакорона ва устодона ба тасвир гирифта шудаанд. Ҳадаф висол ва хушгузаронии умр буда, баҳрабардорӣ аз ҳаёт, ғанимат донистани рўзгор шарти асосии он дониста мешавад. Ҳар чаҳор банди мусаммати мухаммаси зикршуда дар як вазн:

v - - - / v - - - / v - - - / v - - -

v - - - / v - - - / v - - - / v - - -

Ҳазаҷи мусаммани салим таълиф шудааст.

Ба ҳамин тариқ, дар девони шоир 8 мусаммати мухаммаси аз чаҳор то 7- бандӣ буда, дар маҷмўъ 42 банд мебошанд ва 210 мисраъ ё ин ки 105 байтро ташкил медиҳанд. Ҳамаи мусамматҳои мухаммаси Соиб дар мавзўъҳои ишқӣ, маю бода, баҳору зебоиҳои табиат ва ғайра эҷод шудаанд. Аз тарафи дигар, хеле сабук бошад ҳам оҳангҳои иҷтимоиро низ фаро гирифтаанд. Вале оҳангҳои хеле қавии иҷтимоӣ, ки дар ғазалиёти шоир дида мешаванд, дар мусамматҳои мухаммаси ў дучор намеоянд.

Чунончи, банди аввали мусаммати мухаммаси дуюми девонро барои намуна зикр менамоем:

Гаҳ ба ман теғи тағофул он парирў мезанад,

Гоҳам оташ бар ҷигар аз тундии хў мезанад,

Рў матоб, ай дил, агар теғ он ҷафоҷў мезанад,

Ҳар ки худро бар дами шамшери абрў мезанад,

Чун ҳилоли ид бар хуршед паҳлу мезанад.

Мусаммати мухаммаси мазкур дорои панҷ банд (басту панҷ мисраъ) буда, ишқист ва маҳбуба аз ҳама ҷиҳат (ҳам заҳиран ва ҳам ботинам) бартарӣ дорад. Маҳбуба ҷафоҷў, бераҳм, бемеҳр, пурноз, фохир, ношикебо, бадзабон аст. Ошиқ баръакс: ҷафокаш, шикебо, содиқ, ҳалим, ботавозўъ, хоксор, хушмуомила, заҳматкаш мебошад.

Мусаммати мухаммаси зикршуда мураддаф (ридфи сода) ва дорои қофияи муқайяд буда, қофияҳо бо ҳарфи равӣ («ў») интиҳо ёфтаанд. Аз нигоҳи вазн бошад, ҳамаи бандҳо (5 банд) дар як вазн-Рамали мусаммани маҳзуф (баъзан мақсур) эҷод шудаанд, ки афоъили он чунин аст:

- v - - / - v - - / - v - - / - v

- v - - / - v - - / - v - - / - v ~

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё фоъилон.

Умуман, мусамматҳои мухаммаси Соиб аз нигоҳи мавзўъ, мазмуну мўҳтаво маҳдуд буда, асосан аз баёни ишқу исёнҳои қалбии инсон, васфи ҳусну ҷамоли маҳбуба, ситоиши маънавиёти маъшуқа ва якҷоя бо ҳолати ошиқ дар иртиботи масъалаҳои мазкур бо авзои замон ва ғайра иборат мебошад. Вале аз нигоҳи ҳунари эҷод дар сатҳи ғазалиёташ эҷод шудаанд. Ин ҷиҳат барои муайян намудани пояи шоирии Соиб хеле хуб мусоидат мекунад.

Қисмати асосии девони Соиби Табрезиро ғазал фароҳам овардааст. Албатта, чун ғазал ба забон гирифта мешавад, ҳатман ишқ фарорўи инсон меистад. Мо аз ин ҷиҳат мавзўи мазкурро дар ашъори Соиб хеле хуб эҳсос менамоем. Аз силки чунин ғазалҳо метавон ғазали зеринро чун намуна зикр намуд, ки тобиши хеле қавии фалсафӣ низ дорад, чунончи:

Зиҳӣ рўят баҳори зиндагонӣ,

Ба лаълат зинда номи бенишонӣ,

Бадомўзи ҳавас ошиқ нагардад,

Намеояд зи гулчин боғбонӣ.

Ба ҳарфи ишқ саргармам, ки бошад

Ҳаёти шамъ аз оташзабонӣ.

Ду зулфат шоҳроҳи лашкари Чин,

Ду чашмат хобгоҳи нотавонӣ.

Макун чун Хизр бар худ роҳро дур,

Ки наздик аст роҳи ҷонфишонӣ.

Шароби кўҳнаву ёри кўҳанро

Ғанимат дон чу айёми ҷавонӣ.

Агар ошиқ намебудем, Соиб,

Чи мекардем бо ин зиндагонӣ?!

Аз мўҳтавои ғазали мазкур пайдост, ки мавзўи марказии он ишқ буда, дар он васфи маҳбуба, ҷузъиёти зебоиҳои ҳусни ў, то андозае дур афтодани ошиқ ва тадриҷан ба ҳиҷрон гирифтор шуданаш, шикебоии ошиқ, нози маҳбуба, дурӣ ҷустани ў аз ошиқ, вале ин ҳамаро аз гардиши рўзгор, аз ҳукми тақдир, аз печидагиҳои зиндагӣ дидани ошиқ ба назар мерасад.

Дар баробари ин ҳама, то ҳадде моҳияти андарзӣ гирифтани образи лирикии ошиқ ба мушоҳида мерасад, ки яке аз сифатҳои хеле нозуки сабки сухани Соиб, хосса услуби ғазалсароии ўст.

Дар ашъори Соиб оҳангҳои тасаввуфию ирфонӣ низ хеле қавист, зеро боре сари ин масъала ўро муосирин имтиҳон низ кардаанд. Нафаре аз шогирдон боре мисраи зеринро ба санҷиши устод мефиристад:

Аз шишаи бе май маи бешиша талаб кун,

Соиб фавран мисраи мазкурро чунин комил месозад:

Ҳақро зи дили холӣ аз андеша талаб кун.

Аз тарафи дигар, ў дар ин ҷода то ба ҳадде ба ашъори Ҷалолуддини Балхӣ, Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, Бобофиғонии Шерозӣ асосан рў овардааст ва чун дар ғазал пайгири ин тоифа аст, маълум мешавад, ки табъу салиқаи солиму баланд дорад ва аз тарафи дигар, ирфону тасаввуф дар ғазали ў мақоми асосӣ дорад. Чунончи, дар ин ғазалиёти, ки дар пайравии Ҳофиз эҷод шудааст, мегўяд:

То манзили ман бодияи бехабарӣ буд,

Ҳар мавҷи саробам ба назар болу паре буд.

Чун сарв дар ин боғ зи озодагии хеш,

Боре, ки маро буд ба дил, бесамарӣ буд.

З-он рўз, ки шуд дидаи ман боз чу наргис,

Авроқи дилам сарфи парешонназарӣ буд.

Буд аз дами шамшер дами субҳи нишотам,

То ҷавшани довудии ман бехабарӣ буд.

Расвоии шамъ аст зи пироҳани фонус,

Дар парда сухан гуфтани ман пардадарӣ буд.

Аз аҷз чу шабнам нафитодем дар ин боғ,

Афтодагии мо гули равшангуҳарӣ буд.

Ёре, ки ғубор аз дили ғамдидаи мо бурд,

Беминнату бемузд насими саҳарӣ буд.

Чун партави хуршед, ки дар оина уфтод,

Аз умр ҳамин баҳраи ман ҷилвагарӣ буд.

Соиб, чӣ тавон кард ба таклифи азизон

В-арна тарафи Хоҷа шудан бебасарӣ буд.

Ғазали мазкур, ки хеле ҳунармандона эҷод шудааст, мураддафу муқаффо буда, аз нигоҳи вазн низ ҷолиб аст. ғазал дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф эҷод шудааст, ки аркони он чунин аст:

-- -- V I V -- -- V I V -- -- V I V -- – ё: V -- ~

яъне: мафъўлу, мафоъӣлу, мафоъӣлу фаъўлун ё мафоъӣл.

Дар ғазали мазкур бевафоии дунё, назарфиребии он, гузашти умр мисли лаҳзае нигаристан ба оина таъбир карда мешавад, ки ҳадаф ҳушдор додан аз тағофул варзидан мебошад. Гузашти умри ройгон монанд ба чизест, ки ба дами шамшер мувоҷеҳ мегардад ва аз раҳоӣ дигар илоҷу чорае надорад ва ҳадафи эҷодкор он аст, ки барои баҳра бардоштан аз умр, аз зиндагӣ кореро метавон интихоб кард, роҳеро метавон пеш гирифт, то ин ки дар охир лабу ангушти ҳайрат нагазӣ.

Яъне ин роҳи ирфон, маърифати Ҳақ мебошад. Дар таълимоти ирфонии ў роҳи мазкур роҳи камолот, роҳи мукаммалӣ ва ҷавонмардона аст, ки агар зарра ба он макон худро расонад, зарра нахоҳад монд ва ё шабнам агар комёб шавад, офтоб хоҳад гашт:

То дида маҳви рўи ту шуд, комёб шуд,

Шабнам ба офтоб расад, офтоб шуд.

Як чашм хоби талх ҷаҳон дар бисот дошт,

Он ҳам насиби дидаи шўри ҳубоб шуд.

Аз шарми зулфу рўи ту дар нофи оҳувон

Сад бор мушк хун шуду хун мушки ноб шуд.

Аз рафтани ҳубоб чӣ парвост баҳрро,

Ишқи туро аз ин чӣ ки олам хароб шуд.

То чеҳраи ту дар арақи шарм ғўта зад,

Ҳар орзу, ки дар дили ман буд, об шуд.

Оби ҳаёти Хизр гилолуди миннат аст.

Хуш вақти ташнае, ки диёри сароб шуд.

Соиб зи файзи ҷозибаи ишқ оқибат,

Бо офтоб зарраи ман ҳамрикоб шуд.

Агар каме амиқтару дақиқтар зеҳн монда шавад, гумон карда мешавад, ки чанд байти аввали ғазали мазкур давоми мантиқии ғазали боло бошад. Зеро давоми он роҳ дар ин ғазал тавзеҳ дода мешавад.

Ғазали боло ишқӣ буда, ифодаҳои шоир, оҳангҳои дигари иҷтимоӣ: хоби талх, бисоти ҷаҳон, дидаи шўри ҳубоб, шарми зулфу рў, сайри ҳубоб, харобии олам, арақи шарм, об шудани орзу, ҳамрикоби офтоб ва ғайра хеле сахт омезиш дода шудааст.

Дар тасвири ошиқона, ки васфи ҷузвиёти ҷамоли маҳбуба аст, бо ҷузъиётҳои пуртазоди ҳаёт ба қиёс гирифта мешавад.

Вале масоили ноҳамвори рўзгорро бо печидагиҳои сершумори зиндагӣ ишқ мувофиқи мурод сохтааст.

Ғазал бо хусусиятҳои шаклӣ низ қобили қабул аст: он мураддаф буда, радифи сода (шуд) дорад, ки бори ғоявӣ бар ўҳда дорад ва то андозае барои оҳангнокӣ ба қофия низ таҳким мебахшад.

Қофияҳои ғазали боло муқайяд буда, бо ҳарфи равӣ - «б» интиҳо ёфтаанд.

Ғазал дар баҳри Музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф эҷод шудааст, ки афоъили он чунин аст:

- - v / - v - v / v - - v / - v -

яъне: мафъўлу фоъилоту мафоъилу фоъилун.

Дар баробари мавзўъҳои ишқӣ, маю мусиқӣ, баҳору васфи табиат ва ғайра дар ғазалиёти Соиб мавзўъҳои дигар: дўстию рафоқати инсонҳо, дастгирии ҳамдигар, ёрӣ ба дармондагону бечорагон, ҳимояи аҳли меҳнату фуқаро, васфи илму дониш, хираду ақл, маърифату маънавиёт, мувофиқати қавлу амал, гуфтору кирдор ва ғайра манзур мегардад. Дар баробари ин амалу кирдорҳои зишт, қабоҳати инсонӣ, авомфиребиву мардумозорӣ, танбалию пурхўрӣ, хобу хашм, бадтинатию сиёҳдилӣ, муфтхўриву дилозорӣ, такаббуру ҳавобаландӣ, худхоҳиву худписандӣ, ғаммозиву ҷоҳилӣ, дунҳиммативу пасттинатӣ, мумсикиву бахилӣ, золимпешагиву ҳақимардумхўрӣ, ҷафокориву бепарвоӣ ва ғайраро сахт ба зери танқид мегирад. Ба ин маънӣ, ки шахси пастҳиммат ба сарманзили мақсуд нахоҳад расид, мегўяд:

Ба ҳеч ҷо нарасад ҳар кӣ ҳимматаш паст аст,

Пари шикаста хасу хори ошёна шавад.

Ҳол он ки агар шахс ҳимматбаланду саховатманд бошад, барояш дар ду олам мушкилие садди роҳ нахоҳад шуд. Ў мегўяд:

Ба ҳиммат метавонӣ қатъ кардан осмонҳоро,

Чаро бо ин чунин теҷе ниҳон зери сипар бошӣ?

Яке аз хусусиятҳои хеле муҳимми лирикаи Соиб ва хусусан, ғазалҳои ў он аст, ки дар ғазал аз саромадони он Ҷалолуддини Балхӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Урфии Шерозӣ, Бобо Фиғонии Шерозӣ, Назириву Файзӣ ва дигарон ба некӣ ёд мекунад, нозукиҳо ва латофату лаҳни сухани онҳоро хеле хуб омўхтааст ва аз ин рў, ҳамин ҷиҳат аз баландии табъу тавоноии шоир Соиб гувоҳӣ медиҳад.

Ба ин маънӣ, донишманди Ҳинд Шиблии Нўъмонӣ дар «Шеър-ул- аҷам» қазоват мекунад, ки: «Соиб, агарчи тамоми устодону ҳамасронашро ба адаб ёд мекарда, лекин ба баъзе асотиди (устодҳои) сухан ниҳоят ақидаманд будааст. Зиёда аз ҳама, ба Хоҷа Ҳофиз иродат меварзад ва ин далели умдаест бар завқи салими ў…»

Соиби Табрезӣ дар ғазалҳои ҷавобия низ қавипанҷа аст. Аввал ин, ки ў ба ғазалиёти ғазалсароёни дараҷаи аввали таърихи адабиёт даст мезанад ва ҷавобияҳое рўи кор меорад, ки агар аз ғазали аввал баланд набошад, паст ҳам нест. Масалан, яке аз ғазалсароёни хеле маъруф - Бобо Фиғонии Шерозӣ ғазале дорад бо матлаъи зерин:

Ба бўят субҳдам нолон ба гулгашти чаман рафтам,

Ниҳодам рўй бар рўи гулу аз хештан рафтам…

Соиби Табрезӣ ба ин ғазал чунин ҷавобия дорад:

Ба бўят субҳдам гирён чу шабнам дар чаман рафтам,

Ниҳодам рўй бар рўи гулу аз хештан рафтам.

«ташбеҳи шабнам шеърро рўҳ дода ва даъвиро комилан собит кардааст».

Яке аз далелҳои осори пешиниён ва хосса ашъори гузаштагонро хеле нозук донистани Соиб он будааст, ки ў аз ашъори бузургон дар шакли мунтахаб баёзе мураттаб намуда будааст ва албатта, барои он ки ин корро сомон бидиҳад, ашъору девон ва куллиёти бисёр саромадони суханро такрор ба такрор санҷидаасту мутолиа намудааст ва бешубҳа, ин кор бетаъсири мусбат нест. Зеро баёзи мураттабнамудаи Мирзо Муҳаммадалии Соиб дорои бисту панҷ ҳазор байт буда, беш аз ҳаштсад нафар шоирро фаро гирифтааст.

Соиб аз шуарои гузашта, чунон ки қаблан зикр шуд, ба Шайх Саъдии Шерозӣ ва махсусан ғазалиёти ў таваҷҷўҳи махсус дорад, чунончи: байти Саъдӣ:

Қиёмат мекунӣ, Саъдӣ, бад-ин ширин сухан гуфтан,

Мусаллам нест тўтиро дар айёмат шакархоӣ.

Аз Соиб:

Дар ин айём шуд хатми сухан бар хомаи Соиб,

Мусаллам буд, гар з-ин пеш бар Саъдӣ шакархоӣ.

Дар ғазалиёти Соиб ишқи байни инсонҳо, шўру валвалаҳои қалбии инсонӣ, ҳиссиёти латифи одамӣ, нози ошиқу истинҷнои маҳбуба, тараннуми муҳаббати поки ошиқон хеле мавқеъ дорад. Ў дар ин ҷода аз пешиниён ба ашъори Саъдӣ бештар рў меорад. Тафовути тасвири Соиб дар он аст, ки дар ин ҷо ҷолибан байтҳои ғазал ҷанбаи ирсолимасалӣ мегиранд. Масалан, ба ин ғазали Соиби Табрезӣ зеҳн монед:

Онро, ки чашми масти ту беихтиёр кард,

Осудааш зи пурсиши рўзи шумор кард.

Раҳме накард бар ҷигари оташини мо,

Машшотае, ки лаъли туро обдор кард.

Нагзошт чашм боз кунад дил ғубори чашм,

Ин гарди шўхчашм чӣ бо ин савор кард.

Аз дил мапеч рўй, ки шаккарсухан нашуд,

Ҳар тўтие, ки пушт бар оинадор кард.

Беинтизор домани хуршедро гирифт,

Чун шабнам он ки оинае беғубор кард.

Дар коми шер бистари роҳат фикандааст,

Ҳар кас, ки хоби амн дар ин рўзгор кард…

Ин он ғазал, ки Саъдии Шероз гуфтааст,

«Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард».

Аҷоибии баёни Соиб ҳатто дар лирикаи сирф ишқӣ он аст, ки баёни ў тамоман тобиши иҷтимоӣ мегирад ва дар девони Соиб шеърро, ки дур аз оҳангҳои иҷтимоӣ бошад, пайдо намудан муяссар намегардад. Ишқи ў муҳаббати андарзомез аст, ки аз ноҳамвориҳои зиндагӣ, печутобҳои рўзгор, пастиву баландиҳои ҳаёт, шебу фарозҳои умр, гиру дорҳои олами инсонӣ, дороиву нодороҳо маншаъ мегирад, сарчашма пайдо мекунад. Намунаи қазовати боло ғазали зерини Соиб метавонад бошад:

Соқӣ аз ҷоме агар хотири мо шод кунад,

Беҳ аз он аст, ки сад майкада обод кунад.

Чашми хуфтаст ғизоле, ки надорад шўхӣ,

Ману он сайд, ки хун дар дили сайёд кунад.

Охир, ай подшаҳи ҳусн, чӣ инсоф аст ин,

Ки дар айёми ту ишқ ин ҳама бедод кунад.

Ёди айёми ҷунун бар сари ман борад санг,

Кўдаконро чу зи мактаб касе озод кунад.

Мотами воқеии Лайливу Маҷнун дорад,

Ҳар дарое, ки дар ин бодия фарёд кунад.

Бар забонаш ба ҷуз аз номи худо н-ояд ҳеч,

Ҳар ки наззораи он ҳусни Худодод кунад.

Хандаи кабк шавад нолаи хунин, Соиб,

Бесутун ёд чу аз рафтани Фарҳод кунад.

Ғазали мазкур низ ишқӣ буда, бо қавитарин оҳангҳои иҷтимоӣ қобили вуқўъ шудааст, ки танҳо як ишораи сабуке метавон бар мўҳтавои он намуд, то ҳадафи эҷодкор ошкортар гардад. Масалан, дар кўтоҳтарин муддат, ки хуршед ба шабнам рух намуд, шабнам бо хуршед гўё мепайвандад. Яъне бухор шуда ба ҳаво меравад. Вале ойинаи беғубори шабнам ҳамин маъниро дорад, ки шабнам болои чизе афтода бошад, аз сабаби софу пок буданаш, ранги ҳамон предметро мегирад. Яъне бо ў муқобилу мухолиф нест ва ғайра.

Хусусиятҳои шаклии ғазал низ хубу ҷолиб аст, зеро мураддаф (радифи сода) ва муқаффо буда, зеро қофияҳои он муқайяд аст, зеро бо равӣ (ҳарфи «р») интиҳо мёбад. Бори ғоявӣ дар ғазали боло бештар бар ўҳдаи радиф қарор гирифта, ҳадафи қофия таъкиди маъно ва таъмини оҳангнокӣ мебошад. Аз нигоҳи вазн низ ғазали зикршуда ҷолиб аст. Ғазал дар баҳри Музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф (ё мақсур) эҷод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

- - v / - v - v / v - - v - / v ~

яъне: мафъўлу фоъилоту мафоъӣлу фоъилон.

Замони Соиб низ мисли асрҳои пешина асри ғазал, айёми ғазал, замони ғазал буда, рушду инкишофи навъи адабии мазкур қонуниятҳои инкишофи адабиёти бадеиро то андозае муайян намудааст. Аз ин рў, як хусусияти ғазали Соиб, ғазалсароии ў ва адабиёти даврони ин шоири баландпоя аз доираи лирикаи сирф ишқӣ берун баромада, ба масъалаҳои рўзгору зиндагӣ, ба ҳаёти ҷомеъа пайвастани ғазал аст ва ин ҷанбаъ пас аз асри ХIV, пас аз Хоҷа Ҳофиз рўи кор омадааст. Ба андешаи мо, ин тамоил махсусан тавассути ашъори Соиб ривоҷу равнақ пайдо намуда, боиси таваҷҷўҳи муосирони шоир ва аҳли қалами минбаъда низ шудааст.

Беш аз ин гуфтан мумкин аст, ки ин хусусияти лирикаи ишқӣ, яъне дахолату фарогирии иллату нуқсонҳои рўзгор ва танқиди он яке аз

ҷиддитарин таҳаввулот дар таърихи инкишофи навъи адабии ғазал буд, ки тавассути ашъори Соиб ҳукми суннатӣ касб кард. Чунончи:

Эмин аз душмани хомўш шудан мумкин нест,

Хатари роҳравон аз саги ғофилгир аст.

Ё ин ки:

То шавӣ чашму чароғи ин ҷаҳон чун офтоб,

Пўшиши ҳар тангдасту фарши ҳар вайрона бош.

Шоир онҳоеро, ки аз номи падар, мансабу кори ў ифтихор доранд, сахт коҳиш мекунад. Ба қавли ў, бояд худи шахс боиси паҳн гардидани шўҳрати хеш дар рўзгор бошад:

Гавҳарнамои ҷавҳари зотии хеш бош,

Хокаш ба сар, ки зинда ба номи падар бувад.

Соиб аз шуарои қаблӣ таҷрибаи хислатҳои ҳамидаи инсониро аз қабили: халқдўстӣ, некўкорӣ, мардумнавозӣ, илмдўстӣ, ҳунаромўзӣ, ёрӣ ба дармондагону ниёзмандон, нафърасонӣ, хоксориву фурўтанӣ, шикастанафсиву нармдилӣ, дурандешиву олиҳимматӣ, саховатмандиву хайрхоҳӣ, меҳнатқаринию суботкорӣ, шикебоию бурдборӣ ва ғайраро пазируфта, онро бо тобишҳои нав пешкаши мардум намудааст:

Дона беҳтар дар замини нарм боло мекашад,

Сарфарозӣ бештар, чун хоксорӣ бештар.

Ё ин ки:

Шабнам ба офтоб расид аз фитодагӣ,

Бингар, ки аз куҷо ба куҷо метавон расид.

Ва ё:

Даъвии дониш бувад, Соиб, ба нодонӣ далел,

Ҳар ки нодон мешуморад хешро, донотар аст.

Ё ки:

Хоксорӣ на биноест, ки вайрон гардад,

Селҳо оҷизи кўтоҳии ин деворанд.

Аз ин рў, Ҳазрати Соиб ба ин масъалаҳо ақидаи хоссаи худро дорад ва агар оддитар карда гўем, ў дар ин ҷода истиқлоли андеша дорад. Ба андешаи ў:

Пок кун аз ғайбати мардум даҳони хешро,

Ай, ки аз мисвок доим мекунӣ дандон сафед.

ва аз ин рў ғайбатро сарчашмаи аъмоли бад меҳисобад. Ба назари шоир, махсусан забонро бояд эҳтиёт кард, зеро бурротарин шамшер аст, ки дигар ба ҳам намеояд:

Ҳар киро теғи забон нест ба фармон, Соиб,

Оқибат куштаи шамшери забон мегардад.

Дигар аз қавитарину муҳимтарин хусусиятҳои лирикаи Соиб ҷанбаи андарзӣ, моҳияти мавъизатӣ касб намудани он аст. Албатта, ин яке аз хусусиятҳои сабки ҳиндӣ буда, маҳз тавассути ашъори Соиби Табрезӣ тақвият пайдо намуд. Чунончи:

Умр рафту хор-хораш дар дили бетоб монд,

Мушти хошоке дар ин вайрона аз селоб монд.

Иқди дандон дар канорам рехт аз тори нафас,

Риштаи хушке зи чандин гавҳари ноёб монд.

Танпарастӣ фурсати молидани чашме надод,

Рўи матлаб дар ниқоби пардаҳои хоб монд.

Дил зи беишқӣ даруни синаам афсурда шуд,

Доғи ин қандили равшан дар дили меҳроб монд.

Ақл аз кори дили саргашта сар берун набурд,

Дар дили баҳри вуҷуд ин қатраи ноёб монд.

Корвони Юсуф аз Канъон ба Миср овард рўй,

Давлати бедор рафту пои мо дар хоб монд.

Аҳли дарде, Соиб, аз олам дучори мо нашуд,

Дар дили мо ҳасрати ин гавҳари ноёб монд.

Ғазали мазкур комилан ба мавзўъҳои иҷтимоӣ бахшида шудааст. Ҳадаф ва муроди шоир пушаймонӣ аз умри барҳадар рафта ва тағофулварзӣ буда, қаҳрамони лирикӣ аз рўзгори сипаришудааш пушаймон аст. Мақсад аз хор- хори умр ҳасрат аст, ки дар дил мондааст ва мурод аз селоб гузашти ноайёни рўзгор мебошаду мушти хошок ҷисми фарсудаи рўзгордида. Шоир ҷузъиёти ин тасвирро низ хеле таъсирнок баён кардааст: риштаи истеҳкоми лаззатҳои моддӣ – дандонҳо, фарсудашавии риштаи гавҳарҳо ва гусастани он-рехтани дандонҳову холӣ мондани даҳон. Ҳадаф аз танпарастӣ – ҳавою ҳавасҳо, неъматҳои инҷаҳонист, ки ҷўяндагонаш мунтаҳо пушаймонанд. Вале чӣ илоҷ?

Мақсад аз дили беишқ-фармудаҳои нокарда ва акнун он ҷисми афсурдаи қафаси сина доғи қандилест, ки танҳо ҷойро холӣ кардаасту осораш (доғаш) пайдост.

Аз сабаби ин ки мо аз аҳли дард-ҳабибони Ҳақ дур мондем, пас аз ин гавҳари ноёб-файзи эшон баҳравар нагаштем. Аз ин рў, мо ҳасратзадагонем.

Ғазал радифдор (радифи сода-монд), дорои қофия (қофияҳои муқайяд) буда, ҳар кадом ба ҷуз аз вазифаи адабӣ-бадеӣ, инчунин бори ғоявӣ бар ўҳда доранд. Ғазал дар баҳри Рамали мусаммани мақсур эҷод шудааст ва аз ин ҷост, ки моҳияти панду андарзӣ дорад. афоъили ғазали мазкур чунин аст:

- v - - / - v - - / - v - - / - v ~

- v - - / - v - - / - v - - / - v ~

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.

Ҳатто аз ҳамин ғазали зикршуда ҳам қиёс кардан мумкин аст, ки лирикаи ишқӣ тавассути ашъори Соиби Табрезӣ ҷанбаи бисёр қавии иҷтимоӣ-эътирозӣ касб намудааст ва он қариб ба кулли ашъори шуарои ин аҳд ва хосса Соиб хос аст. Чун Сайидо, ки яке аз пайравони Соиб аст ва пайравии ў ба эҷодиёти Соиб бесабаб нест, ин мавзўъҳоро ба олитарин дараҷа расонидааст. Ин аст, ки Соиб мегўяд:

Дар коми аждаҳо наравӣ то ҳазор бор,

Соиб, гули мурод начинӣ зи рўи ганҷ.

Ё худ:

Аз тири оҳи мазлум золим амон наёбад,

Пеш аз нишона хезад аз дил фиғон камонро.

Ва ё:

Гиряи шамъ аз барои мотами парвона нест,

Субҳ наздик асту дар фикри шаби тори худ аст.

Соиб, дар баробари васфи хислатҳои ҳамида, дар ҳамин поя сифатҳои разилаи инсониро сарзаниш мекунад ва аз ҷумла ў худхоҳиву танпарварӣ, фиребгарию ҷоҳилӣ, нодонию мардумозорӣ, суханчинию авомфиребӣ, бодахориву бадмастӣ, кибру ғурур, такаббуру худписандӣ, дурўғгўиву ғайбаткунӣ, зиёнкориву фисқу фуҷур, бепарвоиву бўҳтонкорӣ, ғафлатварзиву ҳақимардумхўрӣ, тамаъкориву дунҳимматӣ, сифлагиву беҳаёӣ ва ғайраро сахт накўҳиш намуда, боиси ҳама гуна футуру пастравиҳо гардидани ҷомеъаро таъкид менамояд, ки дар сифатҳои зикршуда мебошад:

Садои оби равон хобро гарон созад,

Зи хушнамоии умр аст хоби ғафлати мо.

Ва ё:

Дар номаи мо ҳарфи насанҷида набошад,

Аз ҷайби садаф суфта барояд гуҳари мо.

Услуб ва сабки баёни Соиб

Сабки сухани Соиб дорои ду ҷанбаъ аст. Шеваи эҷоди шоир, тарзи гуфтору услуби баён, ҳунари таълифи ў аз нигоҳи фардияти эҷодӣ хоси худи ўст. Яъне ҳамоно ҷанбаи ҳаётӣ, оҳанги воқеӣ-реалистӣ гирифтани лирикаи ишқӣ пас аз Саъдӣ дар шеъри ин симои эҷодӣ ба назар мерасад. Ҷузъиёте, ки дар сухани ў ҳангоми арзи матлаб ва тасвири ҳолат ба назар мерасад, воқеӣ, мушаххас, дастрас, ҳаётӣ мебошад. Ин ҳолат пеш аз ҳама, аз муносибати қаҳрамони лирикӣ ба воқеият замина мегирад. Аз ин рў, қаҳрамони лирикии ў ғолибан дар такопўю тараддуди рўзгор баҳри дарёфти ризқу рўзӣ, баҳри нафъи мардум аст. Ў орзую ҳавас, хоҳишу таманнои муосирони хешро дар рўзгор дарк намуда, барои татбиқи он ҳаддалимкон мусоидат мекунад:

Ин ки гоҳе мезадам бар обу оташ хешро,

Равшанӣ дар кори мардум буд мақсудам чу шамъ.

Дар ин байт калимаҳои ифодагари ҳадаф: об, оташ, худ, афкандан, равшанӣ, кор, мардум, шамъ калимаҳои ҳаётию ҳаррўзаи рўзгори инсони меҳнаткашу хайрхоҳ аст. Ба андешаи мо, низоъҳо, тазодҳо, конфликтҳо, бархўрдҳо, зиддиятҳо ва гиру дорҳои байтҳо, мисраъҳо, бандҳо ва ғазалу жанрҳои дигари девони Соиб аз таносуби фикрии шоир, қиёси шахсият ва ҷомеъа, муҳити зист ва фард сар мезанад, ки ба ин восита истиқлоли ақоид, фардияти андешаи эҷодкор мушоҳида карда мешавад.

Бо назардошти бардоштҳои ғоявию бархўрдҳои мафкуравӣ фардияти сабки Соиб ва услуби эҷодии ў муайян карда мешавад.

Яке аз ҷанбаъҳои ҳунарии Соиб дар ин ҷода кор гирифтан аз тамсил аст, ки дар ғазали ў мисраъҳо, байтҳо, дар маҷмўъ ҳамин гуна хусусият дорад. Гумон меравад, ки шоир аз мақолу зарбулмасалҳо ба таври фаровон кор гирифтааст, вале дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Беш аз он ин мисраъҳо, байтҳоро худи шоир сохтааст, эҷод кардааст, ки хусусияти ирсолимасалӣ ё ирсолимасалайнӣ доранд. Чунончи:

Ба матлаб мерасад ҷўёи ком оҳиста-оҳиста,

Зи дарё мекашад сайёд дом оҳиста-оҳиста.

Ба Мағриб метавонад рафт дар як рўз аз Машриқ,

Гузорад ҳар кӣ чун хуршед гом оҳиста-оҳиста.

Ба ҳамворӣ баландӣ ҷў, ки теғи кўҳро орад,

Ба зери пой кабки хушхиром оҳиста-оҳиста.

Зи тадбири ҷунуни пухта кори ақл меояд,

Ки Маҷнун оҳувонро кард ром оҳиста-оҳиста.

Ҳамон маънист бар ҳусни мадори ҳуҷҷати нотиқ,

Ки тўтӣ мешавад ширинкалом оҳиста-оҳиста.

Агарчи ришта аз тори гуҳар беҷону лоҷар шуд,

Кашид аз мағзи гавҳар интиқом оҳиста-оҳиста.

Машав аз зердасти хеш эмин дар тиҳидастӣ,

Ки хуни шишаро нўшид ҷом оҳиста-оҳиста.

Дилам аз оҳ, мегуфтам шавад холӣ, надонистам,

Ки печад бар саропоям чу дом оҳиста-оҳиста.

Ба шаккарханд аз он лабҳои хушдашном қонеъ шав,

Ки хоҳад талх гардид ин мудом оҳиста-оҳиста.

Агар номи баланд аз чарх хоҳӣ, сабр кун, Соиб,

Зи пастӣ метавон рафтан ба бом оҳиста-оҳиста.

Дар сабки шеъри Соиб печидагии маъно, таваҳҳумии тасвир, баёнҳои зеҳнӣ қариб, ки дида намешавад. Шеъри ў шеъри пандомез, ҳикматомез, мавъизатомез, андарзнома аст.

Албатта, аз мақолу зарбулмасалҳо низ бархурдор ҳаст, вале ғолиб

Дида шуд: 183