Саттор Турсун (таваллуд 1946-)


Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодӣ

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун, вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Саттор Турсун соли 1970 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм мекунад. Аз соли 1970 то соли 1990 дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» ба сифати мудири шӯъба ва ҷонишини сармуҳаррир фаъолият менамояд.

Саттор Турсун як муддат дар муассисаҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Нависанда солҳои 1994 – 1996 мухбири рӯзномаи  «Ҷумҳурият» ва солҳои 1996 -1997 сармуҳаррири маҷаллаи «Памир» буд. Аз соли 1997 сармуҳаррири рӯзномаи «Баҳори Аҷам» мебошад.

Фаъолияти эҷодӣ. Саттор Турсун фаъолияти эҷодиашро ҳанӯз айёми донишҷӯйӣ оғоз намудааст. Нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда бо номи «Дили гарм» соли 1971 чоп гардидааст, ки он ҳафт ҳикояро фароҳам овардааст. Баъдтар Саттор Турсун ба навиштани асарҳои калонҳаҷми насрӣ низ мепардозад ва аввалин қиссаи нависанда «Сукути қуллаҳо» (1974) ном дорад. Минбаъд китобҳои «Камони Рустам» (1976, 1982), «Аз субҳ то шом» (1979), «Барф ҳам мегузарад» (1983), «Дувоздаҳ ҳикоя» (1986) пай дар пай ба табъ мерасанд.

Соли 1988 романи Саттор Турсун «Се рӯзи як баҳор» бо қиссаи «Девор» чоп гардид. Маҷмӯаҳои дигари нависанда «Дарахти ҳазорсола» (1991), «Садама» (1994) ва «Санг дар бағал ба тӯфон» (1998) ном доранд. Қиссаи «Девор» барои кино навишта шудааст. Ҳамчунин, нависанда як қатор мақолаҳои публитсистӣ таълиф намудааст. Мақолаҳои публитсистӣ ва мусоҳибаҳои адиб ба мавзӯъҳои муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоии давр бахшида шудаанд.

Аксари асарҳои Саттор Турсун ба забони русӣ ва қисме аз асарҳои бадеии ӯ ба забонҳои ӯзбекӣ, эстонӣ, арабӣ тарҷума ва чоп гардидаанд. Дар навбати худ Саттор Турсун асарҳои ҷудогонаи Л. Н. Толстой, Ҷек Лондон, Ш. Андерсен, А. Упит, Г. Матевосян, И. Друсе, У. Камол барин нависандагони барҷастаи ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Мавзӯъҳои асосии эҷодӣ. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар тамоми эҷодиёти ӯ мавқеи марказӣ дорад, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад. Мавзӯи ахлоқ дар ҳикояҳои «Нисфирӯзӣ» (1972), «Падар» (1972), «Аз субҳ то шом» (1973), «Ситораи корвонкуш» (1973), «Қиссаи марди гаҳворасоз» (1984 – 1985), «Панҷаи нарми шафақ» (1985) мушоҳида мешавад. Образи асосии «Ситораи корвонкуш» - Назар дар деҳа танҳо ба корҳои роҳбарӣ умр гузарондааст: раиси колхоз, ҷойнишини раис, мудири ферма, саркор, сардори звено. Лекин мардум ӯро ягон маротиба белақаб ном набурдаанд.

Аввал мардум ӯро Назари қоқ мегуфтанд. Баъд, вақте ки дар давраи ҷанг худ пояшро маҷрӯҳ намуда ланг шуд, ӯро гоҳ Назари қоқ, гоҳ Назари ланг ном мебурдагӣ шуданд. Баъдтар, вақте ки пеш аз нафақа тиловати Қуръонро ёд гирифту номи муллоиро бардошт, ӯро боз Домуллои ланг мегуфтагӣ шуданд. Назар бемори бистарӣ шуд, тамоми ҳаёти гузаштаи худро пеши назар овард ва бо сӯзу гудоз дарк намуд, ки ғайр аз бадӣ, фиребгарӣ, ҳаққи мардумхӯрӣ дигар коре накардааст. Аз ҳама хислатҳои баде, ки мӯйсафедро дар дами марг ба ором ҷон додан имкон намедоданд, бахилӣ ва ҳарисӣ буданд: «Вай бахил буд… Ба дараҷае бахил буд, ки касе бо ягон одами дуруст ҷӯрагӣ кунад ҳам, ман аз кӣ кам, чаро ин одам бо вай ҷӯрагӣ мекунаду бо ман не гуфта, дилу ҷигараш еми мору каждум мешуд. Ҳатто касе аз ҳад зиёд хурсанд намояд ҳам, чаро даҳони ин одам ба баногӯшаш мерасаду даҳони ман не, гуфта ғашаш меомад».

Нависанда дар тасвири симои манфии Назар услуби худфошкуниро истифода кардааст. Мӯйсафеди бемор ба ёд меорад, ки Султон аз майдони ҷанг баргашта ба ӯ гуфта буд: «Ин ноодамии шуморо то дами марг аз ёд намебарорам. Баъди маргам устухонам ҳам ёд мекунад». Ва писараш – Воҳид низ сухани Султонро тақвият дода буд: «Ман ҳеҷ вақт ин гуноҳи додомро намебахшам».

Хислатҳои номуносибу ғайриинсонии Назар ба воситаи тасвири симои ӯ дар дами марг басо ҷолиб таъкид ёфтааст: «Рӯйи мӯйсафед пахтаи кӯҳнаро мемонд… Дастони лоғари то оринҷ лучаш чун ду чӯби хушк дар рӯйи кӯрпа беҳаракат мехобиданд. Рагҳои бозувон ва пушти достони ӯ, ки аз зери пӯсти лимувор зарди ҷо-ҷо доғи кунҷи такдораш ба монанди симтури зангхӯрда тира метофтанд». Ташбеҳҳои пай дар пай (рӯй ба пахтаи кӯҳна, ду даст ба чӯби хушк, зардии бадан ба лиму, сӯҳроби доғикунҷитакдор ба симтӯри зангхӯрда) гувоҳ бар он аст, ки мӯйсафед миёни ҳамдеҳагон ва аҳлу ақрабо эътиборе надорад. Ҳамин тариқ, аксари ҳикоёти Саттор Турсун асоси воқеӣ дошта, ҳикмати тоҷикии «мукофоти амал»-ро ба хотир меоранд.

Дар қиссаҳои «Сукути қуллаҳо», «Камони Рустам», «Пайванд», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Девор», «Санг дар бағал ба тӯфон», муҳимтарин масъалаҳои зиндагӣ, сарнавишти инсон дар ҷомеа ва ахлоқу маънавияти одамон тасвир ёфтаанд. Мавзӯи қиссаи «Камони Рустам» ҳаёти оилавӣ ва муҳаббати ҷавонон мебошад. Нависанда дар образҳои Фирӯз, Назокат, Шарофатхола, Носир, Шарифи шабкӯр ва дигарон ба масъалаҳои ҳалолкорӣ, сарбаландӣ ва ростқавлӣ диққат ҷалб намудааст. Образҳои асосӣ Фирўз ва Назокат дар роҳи бахт талош меварзанд ва баъди маҳрумиятҳои зиёд ба мақсад мерасанд. ҳолати рӯҳӣ ва туғёни қалбии ошиқонро дар охири асар манзараи баҳори дараи Оҳувон боз ҳам равшантар ифода намудааст. Онҳо дар пешорў тирукамонро мебинанд ва ба хушбахтии худ бовар мекунанд: «Фирӯз сар бардошта, дар пеш, дар домани сабзи дараи Оҳувон… тирукамонро дид, ки гӯё ҳама рангҳои замину осмонро дар худ ҷамъ оварда, ба як тарзи муассир ҷилва мекард.

- Боре модарам гуфта буданд, ки агар кас дар пеши роҳаш тиру камонро бинад, хушбахт мешавад, - гуфт Назокат.

- Кошки хушбахт мешудем…»

Забони қиссаи «Камони Рустам» равон, пуробуранг ва нишонрас мебошад. Воситаҳои гуногуни тасвир таровати матнро афзуда, табиату хислатҳои образҳои асарро саҳеҳтар ошкор месозанд. Мақолҳои халқии кал додари кӯр, аввал андеша, баъд гуфтор, тавсифҳои чашмони фаттонаш, каси меҳрубон, духтари хандонрӯй, зани бадқавоқ, китфи бақувват, чеҳраи заъфарон, шайтони лаъин хусусиятҳои миллӣ ва тобишҳои услубии асарро афзудаанд: «Зан худи ҳамон замон мисли кабутари зебои болҳояш нуқрафом ба осмон рафт». Ба кабутари зебои болҳояш нуқрафом ташбеҳ кардани рӯҳи модари Фирӯз муносибати хайрхоҳона ва самимонаи хонандаро ба ин зани ноком таъкид менамояд.

Дар эҷодиёти Саттор Турсун романи «Се рӯзи як баҳор» мавқеи калон дорад. Ин асар мухолифати табақавии мардуми тоҷикро дар солҳои бистуму сиюми асри ХХ дарбар мегирад ва аз ҷиҳати тарзи тасвири образ дар адабиёти тоҷик нав аст. Образи асосии асар – Усмон Азиз ба Ҳукумати Шӯравӣ мурасо карда наметавонад. Бинобар ин, ба ҳукумат ва одамони ҳукуматӣ мухолифат карда, оқибат ба ҳалокат мерасад. Ӯ ватанашро дӯст медорад ва ҳангоми сафари маҷбурӣ аз деҳааш – Нилу ба нафаронаш чунин маслиҳат медиҳад: «Мегӯянд, ки хоки ватан аз тахти Сулаймон беҳтар. Пас, тадбир ин аст, ки ба саратон ҳар чӣ ояд, дар ватан монед. Ғам нахӯред, ки мо ба мақсад нарасидем… Шояд фарзандонатон роҳи дуруст ёбанд».

Чи хеле ки мушоҳида шуд, каломи Усмон Азиз мантиқан қавӣ буда, бо маколу зарбулмасал ва ҳикматҳои халкӣ таквият ёфтааст. Анвар, Комрон, Таманно барин образҳои романи «Се рӯзи як баҳор» низ пурқуввату омӯзандаанд.

Қиссаи «Санг дар бағал ба тӯфон»

Қиссаи Саттор Турсун «Санг дар бағал ба тўфон» ба масъалаи муҳими зиндагӣ бахшида шудааст. Нависанда ба воситаи тасвирҳои мӯътамад ва ҷолиби бадеӣ заминаҳои воқеии зиддият, кинагирӣ ва анҷоми фоҷиабори онро табиӣ ва боварибахш ба қалам додаст.

Мундариҷаи асар. Қиссаи «Санг дар бағал ба тӯфон» ба айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои аввали баъдиҷангӣ иртибот дорад. Хати сужети асар аз тасвири тӯфони сахти тундбод дар фасли зимистон оғоз меёбад. Манзараи тундбоди шадид аз пешомади ногувор дарак медиҳад.

Дар ҳамин вазъияти басо таҳлуканоки зимистон Рашод ном даҳмардаи бистуҳаштсола рамаи колхозиро бонӣ мекунад. Ӯ дар доманаи кӯҳи Фарҳод тани танҳо мебошад. Ҳамроҳаш Собир чанд рӯз пеш ба деҳа рафта буд. Рашод дар ҳолати бади рӯҳӣ қарор дорад ва худро дар зиндагӣ сиёҳбахту таҳқирдида медонад. Ӯ дар ин шаби дарозу сарди зимистон барои он ки ғами зиндагиро фаромӯш кунад, ба арақ рӯ меорад, вале таъсири арақ боиси аз нав тоза гардидани хотираҳои номатлуб мегардад.

Рашод ба ёд меорад, ки айёми кӯдакӣ бо Насрин ном духтари ҳамсоя дӯстӣ дошт. Дар замони ҷанг ӯ ҳамроҳи падар ба чӯпонӣ пардохт ва баъди марги падар нӯҳ сол боз ин касби душворро идома медиҳад. Махсусан ба ёд овардани аҳдшикании падару модари Насрин, ки гаҳворабахши ӯро ба Раҳими Акбар ном сарватманд ба занӣ дода буданд, барояш хеле вазнин буд. Боз Раҳими Акбар мудири фермаи колхоз буда, хӯҷаини ӯ ба шумор меравад…

Рашодро дар вазъияти нобоби рӯҳӣ хоб мебарад. Саҳар аз хоб дер мехезад. Мебинад, ки шаб саги бақуввату бағайраташро гургҳо кушта, ду меши хароб аз сардӣ мурдаанд. Рашод бо табъи гирифта то пешин ба нигоҳубини гӯсфандон ва сагҳои дигари рама андармон мешавад. Ногоҳ дар рӯ ба рӯяш Раҳими Акбарро, ки барои хабардорӣ аз аҳволи рама омада буд, мебинад. Рашоди кинахоҳ, ки аз шаб боз дар симои Раҳими Акбар душмани ҷониашро медид, ба ӯ дастбагиребон мешавад ва хӯҷаинашро кушта, худ низ кушта мешавад. Ҳамин тариқ, воқеаи асар як рӯз давом карда, он бо фоҷиаи образҳои асосӣ ба поён мерасад.

Образҳои асар. Дар қиссаи «Санг дар бағал ба тӯфон», асосан, образҳои Рашод, Раҳими Акбар ва Насрин мушоҳида мешаванд. Рашод чун қаҳрамони асосӣ дар ҳалли зиддиятҳои асар мавқеи сазовор дорад. Рашод ҷавони боғайрату ватандӯст ва халалкор аст, аз понздаҳсолагӣ рамаи колхозро бонӣ мекунад ва манфиати ҷомеаро аз манфиати шахсӣ боло мегузорад. Ӯ орзу дошт, ки дар ягон шаҳри калон хонда муаллим шавад. Вале дар замони ҷанг чӯпон буданро ба ҷомеа заруртар донист.

Аз андешаҳои Рашод маълум мешавад, ки ӯ иззати нафс дорад, ба анъанаҳои ниёгон эътиқодманд аст ва ростию росткориро мепарастад. Вақте ки Раҳими Акбар аз ҷанг баргашта, гаҳворабахши ӯ– Насринро ба занӣ гирифт, ин ҳодиса барои ӯ зарбаи сахти зиндагӣ шуд. Аввалан, дилаш аз падару модари Насрин монд. Дуввум, аз Насрин озурдахотир шуд. Аз ҳамон Насрине, ки бо тамоми ҳастӣ дӯст медошт ва ҳангоми дидори ҷамоли ӯ «на танҳо дилаш, овозаш, балки дасту пойҳояш низ меларзиданд». Маълум мешавад, ки муҳаббати Насрин рӯякӣ ва риёкорона будааст.

Махсусан, дидаву дониста анъана ва расму русуми бобоёнро пушти по задани Раҳими Акбар «бечора Рашодро яксони замин» кард. Рашод амали Раҳими Акбарро ба амали гург монанд мекунад ва аз таҷрибаи зиндагӣ чунин хулосаи мантиқӣ мебарорад: «Аҷаб дунёе! -худ ба худ ғурунгид Рашод. – Худои карим дар муқобили гӯсфанд – як ҷонвари беозор ва явош - гург низ офаридааст, то битозад, бидарад, хун бирезад… Ин ҳақиқат ба мисли он аст, ки дар баробари ӯ барин зердаст забардасте бамонанди Раҳими Акбар дар саҳни ҳаёт вуҷуд дорад. Наход мувозинати зиндагиро танҳо бо ҳамин роҳ пайдо кунанд? Оё дигар илоҷе набуд? Не, буд, албатта. Ва ҳаст».

Нависанда ҷараёни тағйироти сифатии образи Рашодро нишон додааст. Рашод аввалҳо нисбат ба Раҳими Акрам танҳо дар дил кина мепарварид. Суханҳои пасту баланди ӯро бо хомӯшӣ паси сар мекард. Вале як рӯз дар вақти тӯлгирӣ1 ӯ тавонист, ки «ба чашмони Раҳими Акбар чун теғ рост нигариста, ба миёни гапаш лагад занад».

Вале он гуфтугӯ хеле ором сурат гирифта буд ва минбаъд баробари эҳсоси қадру қимати инсонӣ суханҳои Рашод қувват мегиранд ва ба дараҷае таъсирнок садо медиҳанд, ки Раҳими Акбар дар ҷавоб оҷиз мемонад:

- Ту чӣ, гушнаӣ?

- Бигузор гушна бошам, лекин дар имону инсоф аз ту беҳтарам.

- Ту чӣ мехоҳӣ, ман намефаҳмам, - китф дарҳам кашид

Раҳими Акбар. – Айбу шармро надониста, ба рӯйи одами аз худат калон чӣ хел медавӣ?

- Туф кардам ман ба ту барин калон, - таёқашро маҳкам фишурда, гуфт ба як нафас Рашод.

Аз ин муколама маълум мешавад, ки Рашод ба душмани худ дигар муросо карда наметавонад ва ҳисси кинаву адоват боло гирифта, ба дараҷаи интиқом расидааст.

Рашод қурбонии беадолатӣ ва беинсофиҳои давраи худ буд. Оташи кинаву кудурат саропойи вуҷуди ӯро сӯзонда ва зиндагияш моҳияти худро гум карда буд. Рашод дар набард душманаш – Раҳими Акбарро бо корд аз пушташ зада кушт. Вале бо ин корро тамомшуда намедонист: «Ҳарчи зудтар ба деҳа рафта, нӯҳсола дарду аламашро, тану ҷони пур аз ранҷашро, ниҳоят ишқи саргардонашро дар ҳамон манзили орзуҳои бачагӣ мегӯронад. Якҷоя бо Насрин мегӯронад».

Рашод бо қарори мушкил омада буд. Вале мушкили ӯро аспи Раҳими Акбар, ки то ҳол дар назди мурдаи соҳибаш истода буд, осон намуд. Асп зоҳиран ором буд, аммо «нигоҳи чашмони амиқаш ханҷарвор тез ва гӯшҳои хурд-хурдаш сих буданд». Рашод телпаки Раҳими Акбарро дар сар карда, камони ӯро дар китф ва қамчинашро дар даст гирифт ва акнун ба лаҷом даст бурданӣ буд, ки асп аз мағзи ҷигар сахт шиҳа кашида ба вай ҷуфтлагад андохт ва Рашод аз ин зарбаи ҷонкоҳ ба зиндагии пурмоҷарои худ падруд гуфт.

Образи Раҳими Акбар низ ҷолиб ва қобили мулоҳиза аст. Моҳияти ин образ асосан аз нигоҳи Рашод кушода мешавад. Рашод ба Раҳими Акбар душманӣ дорад, бинобар ин табиист, ки танҳо хислатҳои бади рақибашро пеши назар меорад.

Раҳими Акбар дар қисса танҳо ду маротиба ба назари хонанда намоён мешавад. Бори аввал ҳангоми тӯлгирии гӯсфандон дар аввалҳои баҳор ва бори дуввум дар зимистони шадид. Дар ҳар ду маврид ҳам Раҳими Акбар бо Рашод мунозира мекунад. Мунозираи дуввум бо ҷанги танбатан оварда, боиси ҳалокати Раҳими Акбар мегардад. Хислатҳои бад ва амалҳои номатлуби ӯро Рашод ҳангоми афтонда мушткорӣ карданаш чунин мешуморад: «Инаш барои он ки чӣ будани раҳму шафқатро намедонӣ! Инаш барои он ки дар лаб ханда дошта бошӣ ҳам, дилат ба мисли ангишт сип-сиёҳ! Инаш барои он ки ҳаргиз мусулмон нестӣ, - аз Худо бехабарӣ! Инаш барои он ки бо вуҷуди давлатманд будан дуздӣ мекунӣ, - як гӯсфанди колхозро дута шудан намемонӣ! Инаш барои он ки мани камбағалро аз сони одам баровардӣ, - пулу молатро пеш андохта ва фиребу найранг гаҳворабахши маро ба занӣ гирифтӣ! Инаш барои он ки дидаву дониста, расму оини падару бобоёнамонро зери по кардӣ».

Бо вуҷуди ин, образи Раҳими Акбар тамоман манфӣ ба назар намерасад. Ӯ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад ва бо Насрину се фарзандаш оилаи хуб барпо намудааст. Бекинагӣ ва рафтори мардонаи Раҳими Акбар махсусан ҳангоми набард бо Рашод бармало маълум мешавад. Ӯ бо пофишориҳои Рашод маҷбур шуд, ки ба ҷанги танбатан бархезад ва ҳангоми набард тавонист, ки рақиби кинахоҳашро мағлуб созад. Ва ин муқоиса ҳам ҷолиб аст: Рашод вақте ки мағлуб мешавад, афсӯс мехӯрад, ки камонашро ҳамроҳ нагирифтааст, вале Раҳими Акбар корду камон дошта бошад ҳам, онҳоро ба ёд намеорад.

Дар ҳар сурат, ба анъана ва урфу одати ниёгон эътибор надода, гаҳворабахш ва дӯстдоштаи Рашодро ба занӣ гирифтани Раҳими Акбар хатои зиште буд, ки оқибат ба ҳалокати ӯ боис гардид. Раҳими Акбар намунаи одамони пулдор ва худхоҳу худбовар мебошад, ки ба суннатҳои миллӣ ва қонуниятҳои табиии зиндагӣ муносибати саҳлангорона доранд.

Дар қиссаи «Санг дар бағал ба тӯфон» тасвирҳои гуногуни бадеӣ, аз ҷумла, тасвирҳои рамзӣ, андешаҳои ботинӣ ва психологӣ якдигарро такмил додаанд. Ширкати ҳайвонот, манзараҳои табиат, лаҳзаҳои хоббинӣ ҳолатҳои рӯҳии образҳоро мукаммалтар намуда, ба мундариҷаи асар таъсири мусбат расондаанд. Ин асар саҳифаи тозае дар насри давраи нави тоҷик мебошад.

Дида шуд: 135