Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20 ноябри соли 1953 дар деҳаи Дектури ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Гузаштагони нависанда дар деҳаи Афарди ноҳияи Ховалинг зиндагӣ доштанд. Аз ин рӯ, адиб Афардӣ тахаллус гирифтааст.
Сайф Раҳимзод пас аз хатми мактаби миёна чанд муддат дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чун рассоми кинотеатр кор мекунад. Ӯ як муддат ҳунарпешаи Тетрии давлатии мусиҚии мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ва баъдтар коргари комибинати шоҳибофии шаҳри Душанбе буд.
Сайф соли 1975 шӯъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуд. Чанд муддат телевизиони тоҷик фаъолият намуд. Баъдҳо раиси Комитети киносозони ҷумҳурӣ таъин мешавад. Як давра бо мутахассисони шўравӣ дар Афғонистон кор кардааст. Аз соли 1983 сармуҳаррири редаксияи мусиқии радио таъин мешавад. Аз соли 1997 то охири умр чун раиси Комитети телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. 20 майи соли 2000 риштаи ҳаёти Сайф Раҳимзод канда гардид.
Сайф Раҳимзод соли 1995 ба Ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ ва соли 2002 ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сазвор гардидааст.
Мероси адабӣ. Аввалин ҳикояи нависанда бо номи «Гунҷишки сафед» соли 1975 ба табъ мерасад. Нахустин маҷмӯаи адиб «Ситораҳои сари танўр» (1984) ном дошта, он қиссаи «Ситораҳои сари танўр» ҳикояҳои «Гунҷишки сафед», «Падруду пайғом» ва очеркҳои «Як ниҳоле, чанд дарахте», «Момаи Олия»-ро фароҳам овардааст. Китобҳои минбаъдаи Сайф бо номҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» (1988), «Дурӯғи сафед» (1998), «Васвасаҳои Зикривайҳ» (1999) «Падруду пайғом» (2000), «Доғҳои офтоб» (2003) дастраси ҳаводорони эҷодиёташ гардидаанд.
Сайф Раҳимзод аз рӯйи қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» бо ҳамин ном филми ҳунарӣ бардоштааст. Ҳамчунин, силсилафилмҳои мустанади нависанда бо номҳои «Ҳарф бизан, поизам», «Пете», «Чорсе» ва «Зеру рӯйи бомҳо» дилнишину зебо ва табиӣ офарида шудаанд. Осори Сайф Раҳимзод ба русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва нашр шудаанд.
Сайф Раҳимзод аз нахустин қадамҳои эҷодӣ ба тасвирҳои рангомезу шоирона майл мекунад ва аз чакидаҳои хомаи ӯ нафаси тозаву гарм эҳсос мешавад.
Мундариҷаи эҷодиёт. Бубинед, дар ҳикояи аввалини Сайф – «Гунҷишки сафед» тасвир то чӣ андоза зинда, пуробуранг ва шавқовар буда, ҷумлаҳо хушоянд, пурзарофат ва образнок садо медиҳанд. Хонанда аз шавқу шӯр ва кунҷковии қаҳрамони ҳикоя, ки писараки 6-7-сола мебошад, ба ваҷд меояд ва ҳамроҳи ӯ лаҳзае ба солҳои кӯдакияш бармегардад:
– Оча! Сояам ку? Ёфта биёр!
– Худат кофта биёв, бачам, - ба гӯшам мерасад овози модарам.
Намедонам, ки ӯ дар куҷост, дар молхона аст ё дар ошхона, гов медӯшад ё
хамир мекунад. Ҳеҷ гап не, ҳозир…
– Оча, гиря мекунам!
– Барои чӣ, бачам?
– Сояам нест!
– Ягон ҷо хоб будагист. Ҳоло ҳама сояҳо хобанд. Бубин, сояи ман
ҳам нест.
– Сояҳо дар куҷо хоб мекунанд?
– Дар ҳамин наздикиҳо.
– Пас, сояи маро бедор мекунӣ?
– Дастам хамиролуд аст, андак биист, хамира бихелам…
Насри Сайф Раҳимзод аз як асар то асари дигар такмил меёбад.
Қиссаи калонҳаҷми нависанда «Таронаҳо ва тавбаҳо» аз офаридаҳои пешини адиб тафовути ҳунарӣ дорад. Қаҳрамони марказии асар Хугара ҷавонест 14-сола, якраву кунҷков, зираку худшинос ва фаъолияти ғайриодӣ дорад. Дар нигоҳи ӯ ҷое инсони одӣ пайкари хирад мешавад, ҷое духтарони пахтакор ба даруни оби заҳролуд ҳусни париро мегиранд ва беолоишу пурназокат мешаванд: «Арвоҳи модари пирам дар саргаҳи ҷӯйбораки хотираҳо ҷомаи дорухӯрдаи умри маро мешӯяд». Ё ки: «Чойник дар кафи ӯ мисли кабк метапад».
Дар чунин ҳолатҳо хонанда дар шахси Хугара, бобову бибии ӯ, Зина ва дигарон ба инсонҳои поксиришту хушахлоқ ва олами маънавиашон бой шинос мешавад. Хугара дар насри муосири тоҷик қаҳрамони тамоман нав аст.
Чанд китоби Сайф Раҳим, аз ҷумла «Доғҳои офтоб», баъди марги нависанда чоп мешаванд. Китоби «Доғҳои офтоб» аз се қисм иборат аст: «Доғҳои офтоб», «Доғистони ман», «Рӯйи ману зулфи шамол». Ин китоб хонандаи соҳибзавқро ба лаҳзаҳои зиёда дилнишину хотирмон, рафтору хислатҳои аҷиб ва чеҳраҳои нотакрори нуронӣ рӯ ба рӯ месозад. Аз «Доғҳои офтоб»: «Себест нимгаз ва механдад… Себак лаби пурхоки ин роҳро бӯсида – бӯсида пеш меравад. Малахҳо аз тарс худро дар паноҳи хорҳои бари роҳ мегиранд ва чашмони бузурги бари рӯяшонро ба нақши бӯсаҳои себак медӯзанд». Аз «Доғистони ман»: «Ранги шаб канд, шаб парешону бетоб шуд; Тирагии шаб, ки шабеҳи пӯсти муш нарм буду тааффун дошт, мекоҳид, шаб сафед мешуд мисли талқон».
Қисмати «Рӯйи ману зулфи шамол» хотироти нависандаро аз воқеаҳои Афғонистон дарбар мегирад ва хеле ҷолибу пурҷило мебошад: «Ман кӯр нестам, метавонам дунёро бо чашмони худ бубинам… Ин ҷо офтобро мекушанд. Ҳар бегоҳ ба сараш санг мезананд, сангсораш мекунанд. Офтоб зери санг мемонад… Субҳ боз бо ҳазор азобе аз зери санг мебарояд…»
Маҷмӯаи «Дурӯғи сафед» бошад, аз ҳикояҳои бисёре чун «Дурӯғи сафед», «Руф», «Аз розҳо, аз розҳо», «Васвасаҳои Зикривайҳ» иборат аст ва дар он орзую умеди нависанда ба воситаи образҳои ҷолиб хеле некбинона ва зиндадилона баён гардидааст. Аз ин ҷиҳат, ҳаёти бачаи панҷсолаи «шумқадам», аз ҳикояи «Додараки фариштаҳо», басо ҷолибу мароқангез аст. Ҳама, ҳатто падару модараш ин писаракро бепою қадам медонанд. Кӯдак аз ин муносибати одамони маҳалла ниҳоят дар азоб аст. Аммо худ бовар дорад, ки бепою қадам нест. Ва кӯшиш мекунад «шумқадам» набудаашро исбот намояд. Ӯ ба одатҳои мардумӣ такя карда, рӯзи дафни хоҳари охиринаш ба дасти модар маҷбур доира медиҳад ва исрор мекунад, ки модар доира навозад. Писарак дар ҳавои доира ба рақс медарояд: «Як дунё маънӣ дошт ин рақс. Ин ҷо хашм буду нишот, андӯҳ буду бебокӣ ва дилтангӣ… Ин кӯдак, ин одамизода барои зиндагӣ мерақсид. Ин ҷо шӯри зиндагӣ, ҷовидонагӣ мечархид. Писарак бо садои дафу тарона ғамро дур месозад. Он шаб писарак доира ба даст бихобид. Доира мисли сипар ӯро гӯё аз ғаму андӯҳ ҳимоя мекард. Вай пирӯз шуда буд. Чӣ пирӯзии талх, чӣ кӯдакии душвор».
Дар баъзе ҳикояҳои Сайф Раҳимзод оҳангҳои маҳзунӣ эҳсос мешавад. Қаҳрамонҳои ҳикояҳои «Дурӯғи сафед», «Руф» бемор ҳастанд. Майвалӣ (қаҳрамони ҳикояҳои «Тавбатаронаҳои Хугара», «Доғистони ман», «Башорат») девона аст. Майвалӣ девонаи беозор аст ва ҳастии худро дарк менамояд. «Вай бештар аз торикӣ метарсад. Ғуруби офтоб ӯро ғамгин мекунад, ба ваҳшат меорад ва ҷунунаш мегирад. Ҳар куҷое рӯшании чароғ ё оташи дегдон бошад, ба ҳамон ҷо мешитобад. Вақте бибиаш фонусе ба дасташ медод, «ҷаҳоне мешуд фусуномезу пурҷазаба». Яъне, девонагии ӯ ҷониби рӯшноӣ, накӯӣ нигаронида шудааст. Мардуми бедард бошад, ба ҳоли ӯ механданд.
Дар ҳикояи «Доғистони ман» заминаҳои аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ нишон дода шудааст. Ин ҳикоя бо манзумаи пурсӯзу гудозе оғоз меёбад ва манзараи даҳшатовареро ба хонанда пешниҳод мекунад. Аз заҳри селитра ҳама – ҳам одамон, ҳам ҳайвоноту парандаҳо ва ҳам наботот дар азобанд, аз одамон бӯйи дору меояд. Баъд ин манзараи мудҳиш ба воситаи образҳо таъкид меёбад. Масалан, кӯдакони дардманд Булаю Сафар пряникҳояшонро дар оби заҳролуди пахта тар карда мехӯранд. Ё худ раиси колхоз ба сари Хугара чанд бор заҳр мепошад ва ғайра.
Ҳамин тариқ, образҳои ҳикояҳои маҷмӯаи «Дурӯғи сафед» якдигарро аз ягон ҷиҳат такмил медиҳанд ва пурра мекунанд ва ҳама якҷо як образи куллро ба вуҷуд меоваранд. Сайф Раҳим инсонеро ситоиш мекунад, ки худ роҳи зиндагиашро муайян карда тавонад ва тақдирсоз бошад. Ин инсон, ки моҳияти ҳастии худро дарк кардааст, қаҳрамони нави адабиёти тоҷик мебошад. Сайф Раҳимзоди Афардӣ барои ба вуҷуд овардани асари асили адабиёт кӯшиш намуда, ба пояи баланди эҷодӣ расидааст.
Мўҳтаво ва сохтори қисса. Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» соли 1978 эҷод гардида-аст. Воқеа ва ҳодисаҳои қисса дар яке аз деҳоти кӯҳистони тоҷик дар солҳои шаст-ҳафтоди асри ХХ ба вуқӯъ пайвастаанд. Деҳае, ки он ҷо гурӯҳи мутахассисон ба кашидани хатти барқ машғуланд. Дар охири деҳа Сайрам ном зани ҷавон бо духтарчаи ҳашт-нӯҳсолааш зиндагӣ дорад. Азбаски айёми таътили тобистона мебошад, Робия ҳангоми дар саҳро будани модараш хонаро нигаҳбонӣ мекунад. Асар ба бобҳо ҷудо намешавад ва бо чунин сарахбор оғоз меёбад:
– Офтоб аз шаб метарсад!
– Барои чӣ, духтарам?
– Вақте ки шаб меояд, офтоб мегурезад…
– Офтоб аз торикӣ зӯртар аст.
– Барои чӣ, писарам?
– Офтоб, ки баромад, торикӣ ғайб мезанад…
Ин сарахбор гувоҳ бар он аст, ки дар бандубаст ва хатти сужети қисса фаъолияту андешаҳои кӯдак мавқеи асосӣ дорад. Дар ҳақиқат, тамоми мундариҷаи қисса ба Робия ва андешаву ҳаракатҳои ӯ вобаста аст.
Образи Робия. Робия қаҳрамони асосӣ мебошад ва аз лаҳзаҳои аввал чун духтарчаи дилсоф, самимӣ ва орзупарвару ҳассос ба назар мерасад. Робия лухтаку ҳайкалчаҳои бисёре сохтааст ва ҳамеша бо бозичаҳояш машғули бозӣ ва «сӯҳбат» мебошад. Рӯзе Қодир ном симчӯббардор дар домани ӯ ҳайкалчаҳои бисёреро мебинад ва байни Қодиру Робия чунин гуфтугӯ сурат мегирад:
– Охир, духтаракон аз лой одамча намесозанд!
– Барои чӣ?
– Ин кори мардҳо аст, писаракон…
– Не-е. Маро модарам сохтааст-ку?
– Ту падар надорӣ?
– Маро модарам сохтааст-ку?! Маро модарам сохтааст-ку?!
Дар ҳақиқат, пурсишҳои беҷойи Қодир Робияро озурда сохт, зеро ӯ падарро надида ва мактубҳои модарашро пинҳонӣ хонда, ба он падари фосиқ ғоибона нафрат пайдо карда буд. Аз муколамаи боло ҷавоби асосноку сазовори Робияро эҳсос намоем (панҷ бор ҷумлаи «Маро модарам сохтааст-ку»-ро такрор мекунад).
Робия духтараки мушоҳидакор ва зирак аст. Ҳар як тағйироти олами атрофро зуд ба мушоҳида мегирад. Махсусан, хурдтарин ҳаракат, муносибат ва тағйири ҳолати рӯҳии модараш аз назари ӯ дур намемонад. Аз мушоҳидаҳои духтарак маълум мешавад, ки модараш ба Қодир меҳр пайдо кардааст. Робия аз симчӯб паридани Қодирро мебинад, вақти бозӣ яке аз зочаҳояшро «Қодир» ном ниҳода, онро ба болои «симчӯб» мебарорад. «Қодир» аз болои «симчӯб» афтида «мемурад». Робия бо овози баланд «Қодирой…» гӯён гиря мекунад. Модараш:
– Робия! Чӣ кор кардӣ?
– Ҳеҷ чӣ!
– Чаро мегирйӣ?
– Қодир мурд!
– Чӣ! Кӣ мурд?
Модарам давида назди ман омад. Ранг дар рӯяш намонда буд. Лабонаш пир-пир мепариданд. Дока аз сараш афтода буд. Занҷирчаҳои қасабаи гиребонаш ларзида, ҷиринг-ҷиринг садо мебароварданд.
– Чӣ гуфтӣ?
– Ҳеҷ чӣ не, симчўббозӣ карда истодаем.
Модарам, гӯё зонувонаш шикаста бошанд, якбора ба замин нишаст…
– Об биёр! – гуфт ӯ оҳиста.
Робия дили поку беғаш дорад. Ба касе, ки меҳр дошта бошад, ӯро самимона дӯст медорад. Вале ба шахси бад муросо карда наметавонад. Духтарак модарашро ба дунё монанд мекунад: «Медонам, дунё мисли модари ман аст – сафеду покизаву зебо ва шармгин…» Аз нигоҳи Қодир дилаш равшан мешавад: «Қодир.. рӯяшро ба тарафи мо гардонду хандид, хандаи ӯ софу покиза буд ва чароғ барин дилро равшан мекард». Вале чашмони Бекмурод, ки одами бад аст, дар назараш чунин метобад: «Ман ҳам ба чашми ӯ нигоҳ кардам: чашмонаш тутаи дудагирифтаи печка барин буданд – сиёҳ, чуқур, холӣ».
Робия образи пурқуввати бадеист. Ӯ аз бригадир Валихӯҷа ва Козим барин мардони нохалаф, ки шомгоҳон чун кўршабпарки, болшикаста ба ҳар баҳона ба хонаи онҳо меоянд, хавф дорад. Бинобар ин, орзу мекунад, ки ӯ ва модараш Қодир барин муттакое1 дошта бошанд. Духтарак ба воситаи бозичаҳояш модарашро бо Қодир «тӯй» мекунад.
Симои модар. Образи модар низ ҷолиби диққат аст. Симои ҳақиқии модар ҳангоми бемории фарзанд бармало намоён мешавад. Робия ҳангоми дар касалхона афтидан ҳолати рӯҳии модарашро чунин мушоҳида намудааст: «Бо алам мегиристу печутоб мехӯрд, гӯё чашму дасти ман не, даруни ӯ месӯхт.
– Духтаракам, барои ту зиндагӣ мекунам, - пичиррос мезанад ӯ, - намемонам, ки дигар дар мӯят хор часпад, духтаракам».
Сайрам зани покдоман ва баору номус аст. Вай ризқу рӯзии худ ва фарзандашро бо меҳнати ҳалол ба даст меорад ва ба шахсони маккору дурӯя нафрат дорад. Рӯзе бригадир Валихӯҷа ба ивази пулу чиз ӯро барои вақтхушии меҳмонони ба колхоз омада истифода карданӣ мешавад. Сайрам ба ин марди берӯ чунин ҷавоби сазовор медиҳад: «Ана, модари бачаҳоятонро баред, тару тоза, соягӣ, ман рӯзи дароз дар таги офтоб будам».
Дигар образҳои асар. Дар ҳалли зиддиятҳои қисса як қатор образҳои дигар, аз ҷумла Қодир, Бекмурод, падари Робия, Валихӯҷа низ саҳм доранд. Дар байни образҳои мардон образи Қодир хотирмону омӯзанда аст. Қодир ҷавони меҳнатӣ, ҳақталош ва собитқадам буда, ба наздикӣ аз сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷавоб шудааст. Таваҷҷӯҳи Қодири муҷаррадро дар деҳа зани ҷавон Сайрам ва духтарчаи зираку мушоҳидакори ӯ ба худ ҷалб менамояд. Ин муносибати самимӣ оҳиста-оҳиста ба ишқи ҳақиқӣ табдил меёбад.
Қодир дар ҳифзи шарафу номуси ин оилаи бемардина талош меварзад ва ҳатто барои даҳони бефаровезаш ба Бугмурод, ки аз ӯ калонсол буд, дастбагиребон мешавад. Қодир барои Сайрам ва духтари ӯ нур ва рушноӣ меорад. Ва ин нури чароғи барқӣ рамзи бахту саодати онҳо низ буд. Робия дар равшании чароғи барқӣ тамоми нону кулчаҳои танўрро аз назар гузаронида чунин андеша меронад: «Шодӣ мекунам, ки офтобаки болои танӯри мо фурӯзон мемонад, дигар нисфи шаб касе ба тирезаи мо нохун намезанад, ҳамсоя ҷорўби оташгирифтаро ба ҳавлии мо намепартояд. Ман акнун ҳам модар дорам, ҳам… Қодир. Ва мо танӯри баланде дорем».
Забон ва услуби асар. Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» аз ҷиҳати забон ва услуби нигориш марғуб ва мафтункунанда аст. Забони асар образнок ва рангину гуворост. Махсусан, таркибҳои маҷозӣ ба тасвир қувваи баланди ифоданокӣ ато намудаанд. Робия шодию сурурашро аз чароғи барқӣ чунин ифода мекунад: «Дар хандаи ман модарам механдад, сафедорҳои назди танӯр низ ҷӯгивор зару зевару тангаҳои сару синаву пеши барашонро ларзонда механданд. Офтобаки болои танӯр низ механдад. Ман ба ситораҳои рахшони сари танӯр – ба чашмони модарам менигараму медавам, рӯямро ба домани пургули куртаи чакани ӯ мемолам ва пойҳояшро оғӯш мекунам».
Дар порчаи боло маъниҳои аслӣ ва маҷозии таркибҳо якдигарро пурра кардаанд. Агар хандаҳои Робия ва модари ӯ ба маънои аслӣ омада бошанд, пас хандаҳои сафедорҳои назди танӯр ва офтобаки болои танӯр маънои маҷозӣ доранд. Такрори пайдарпайи калимаи хандидан болидарӯҳӣ ва ниҳояти шодиву хурсандии персонажҳои асарро равшану возеҳ ифода намудааст. Ба ҳаракатҳои лӯлизанҳо ташбеҳ кардани ҷунбиши баргҳои сафедорон ва ба офтоб монанд кардани чароғи барқӣ низ дилкашу табиӣ ба назар мерасад. Инчунин, аз матни боло маънои аслии таркиби ситораҳои сари танӯр, ки номи қиссаро фаро гирифтааст, маълум мешавад. Робия чашмони модарашро, ки гоҳи нонпазӣ дар пеши танӯр медурахшиданд, ба ситораҳо монанд кардааст.
Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» намунаи барҷастаи услуби баёни Сайф Раҳимзод мебошад. Дар тасвирҳои қисса ҳар калима ва ҳар таркиб ҷилои махсус пайдо мекунад ва ҳама якҷо олами афсонавии кӯдаконро пеши рӯ меоранд. Бекмурод мебинад, ки Робия ҳангоми арӯсакбозӣ «Қодир» ва «модараш»-ро «пеши тахт» мемонад ва ба духтарак таҳдид мекунад, ки ин сирро фош мекунад. Робия чунин андеша мекунад: «Наход бигӯяд! Шояд нагӯяд. Ё касал шаваду то аз хонаи мо рафтани симчӯббардорон сиҳат нашавад! Касали сабукак. Зуком. Ё чашмаш дард кунад. Чӣ чашмони хунуку нигоҳи сарде дорад ӯ… Агар гунг шавад, чӣ? Не, ин афсона аст, банохост одам гунг намешавад-ку. Ҳама дардҳо ҳасту забондард нест. Афсӯс, бисёр мехоҳам, ки ӯ забондард шавад».
Ҷумлаҳои кӯтоҳ (ҳатто ҷумлаҳои ду ё яккалимагӣ: касали сабукак; зуком) ва пурмаъно, муҳокимаҳои ҷаззоб ва мафҳумҳои наву тоза (забондард) баёнгари услуби эҷодии ин нависандаи борикбин мебошад.
Дида шуд: 134