Сайидои Насафӣ (аввали асри XVII-1711)


Зиндагинома

Сайидои Насафӣ яке аз шоирони машҳур дар миёнаҳои нимаи аввали асри XVII дар Насаф (Қаршӣ) таваллуд ёфтааст. Соли таваллудаш аниқ маълум нест. Солҳои кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоии ӯ дар Насаф гузаштаанд. Пас Сайидо ба Бухоро омада, таҳсилро дар Мадраса давом медиҳад. Баъди хатми Мадраса Сайидо ба зодгоҳаш барнагашта, то охири умраш дар Бухоро мемонад. Ӯ худаш косиби бофанда буд. Бинобар ин баробари шоирӣ ба касби бофандагӣ ҳам машғул шуда, зиндагиашро таъмин мекард.

Қисми зиёди шеърҳои Сайидо дар солҳои 70-уми асри XVII эҷод гардидаанд. Дар ин давр ӯ бо ҳаёти косибону ҳунармандон аз наздик шинос шуда, доираи ҷахонбинии ӯ васеъ шуда буд. Шеъри Сайидо дар дили халқ хеле зуд ҷо мегирифт, зеро бо мазмуни ҳаёти иҷтимоӣ, содагии баён ва санъати баланди бадеият манфиати табақаи заҳматкашон, бахусус, косибонро ифода мекард. Аз ин лиҳоз обрӯ ва эътибори Сайидо дар байни оммаи заҳматкаш торафт боло мешуд. Ӯ мехост, ки аз одамони бонуфузи табақаи боло ҳомие пайдо кунад ва бо Ҳоҷидодхоҳ ва Раҳимбии Юз наздикӣ пайдо мекунад. Вале дере нагузашта Ҳоҷидодхоҳ дар яке аз ҷангҳои феодалӣ ба қатл мерасад. Умедҳои аз Раҳимбӣ доштааш ҳам натиҷае намедиҳанд.

Сайидо тасдиқ мекунад, ки агар аз дастурхони золимон нӯши асал ҳавас кунӣ, ба ҷои он неши заҳролуд хоҳӣ чашид:

Нӯше, ки ҳавас мекунӣ аз суфраи золим,

Нешест, ки аз хонаи занбӯр барояд.

Сайидо худро аз арбобони давлат ва сармоядорон дур гирифт ва танҳо ба фазлу ҳунар ва калами худ такя намуд.

Хомаамро такягоҳе дар ҷаҳон пайдо нашуд,

Муттакои хеш аз теғи забон дорам ҳанӯз.

Азбаски вазъияти зиндагӣ ниҳоят сахту душвор шуд ва илму ҳунар дигар қадре надошт, як қатор шоирон ватани худро тарк намуда, ба Ҳиндустон ва кишварҳои дигар ҳиҷрат намуданд.

Дар ин давра Сайидо пиронсол буд ва ниҳоят камбағал шуда буд, барои харҷи роҳи сафар маблағе ҳам надошт. Бинобар ин аз сафари Ҳиндустон худдорӣ менамояд. Аммо синфи ҳукмрон шоири озодфикру муборизро таъқиб намуда, ба ӯ фишор меоварданд, кӯшиш мекарданд, ки шеърҳои Сайидо дар байни халқ паҳн нашаванд. Вале шеърҳои Сайидо кайҳо боз дар дили халқ нақш баста буданд:

Маро кай метавонад аз забонҳо ҷамъ кард акнун,

Ман он рози ниҳон будам, ки берун аз даҳон рафтам.

Сайидо тақрибан дар байни солҳои 1707-1711 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

Маҷмӯаи шеърҳои Сайидо, ки зиёда аз 8500 байтро дарбар мегирад, то ба мо омада расидааст.

ОМАД БА ЁД

Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,

Нолаи ҷуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.

Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг,

Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.

Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам.

Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.

Сар назад аз киштзори умри ман ғайраз сипанд,

Сӯхтам, чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.

Сайидо, дидам ба хок афтода барги лолагун,

Теғи ноҳақхӯрда сайди бисмилам омад ба ёд.

 

ҒAHИMAT ACT

Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,

Базми висоли ғунчаи хандон ғанимат  аст.

Бо комати хамида равам сӯи бӯстон,

Наззораи бунафшаву райҳон ғанимат  аст.

Эй боғбон, зи боғ ба берун чӣ меравӣ?

Будан ба пойи сарви хиромон ғанимат  аст.

Эй ғунча, cap зи ҷайб ба девонагӣ барор,

Якчанд рӯз чоки гиребон ғанимат  аст.

Паҳлӯи худ зи хоки чаман барнамекашам,

Чун соя, хоби зери дарахтон ғанимат  аст.

Эй Сайидо, чу бод ба ҳар ҷонибе марав,

Бар гирди хеш гард, ки даврон ғанимат  аст.

"БАҲОРИЁТ"

... Мехоҳам, аз вуҳуш замоне сухан кунам,

Дафъи малол то шавад аз табъи мардумон,

Рӯзе мани ғариб дар айёми навбаҳор,

Аз кунҷи хона ҷониби саҳро шудам равон.

Дидам нишаста бар дари сӯрох мушаке,

Мекард худ ба худ сифати хешро баён:

 

МУШ

"Дорам даруни хона зи анвои хӯрданӣ,

Аз арзану ҷувориву мошу биринҷу нон.

Баққол кардааст муҳайё барои ман,

Имрӯз ҳар матоъ, ки чидаст дар дӯкон.

Ҳар кас, ки ёфтаст таваллуд ба соли муш,

Гардад чун ман баҳушу адофаҳму нуктадон.

Гоҳе, ки аз ғазаб ба замин рахнаҳо кунам,

Аз ҷони санг наъра барояд, ки алъамон.

Аҷдоди ман ба мири мушон такя мекунад,

Имрӯз дар баробари ман кист дар чаҳон?!"

 

РАСИДАНИ ГУРБА ДАР БАРОБАРИ МУШ

Дар васфи хеш буд, ки ногоҳ гурбае,

Худро расонд ҳамчу балоҳои осмон.

Зад силие, ки дар таҳи пояш фитод муш,

Гуфто: "Туӣ, ки омада даҳ пушт паҳлавон?

Эй беадаб, ту шарм надорӣ зи рӯи ман?

Аҷдоди ту шуданд ҳама пеши ман калон.

Обои олии ту бувад кӯршабпарак,

Абнои софили ту ҳам аз ҷинси сифлагон.

Пур кардаӣ зи хок ба ҳар хона рафтаӣ,

Эй хонаҳои халқ зи дасти ту хокдон!

Дандонзанист кори ту ҳар ҷо, ки донаест,

Ҳастӣ ҳамеша душмани анбори мардумон.

Бар ман бубину нек тамошо бикун маро,

Яъне зи шер сурати ман медиҳад нишон.

Пар(р)андае, ки бигзарад аз пеши чашми ман,

Ӯро ба чанги хеш дарорам ҳамон замон...

Азбаски дар миёнаи мардум муқаррамам,

Ҷоям ҳамеша ҳаст ба паҳлӯи меҳмон".

 

РАСИДАНИ САГ

Ногоҳ зи гурба ин суханонро шунид саг,

Фарёд карду гуфт, ки: -"Эй ҳамдами занон!

Монанди дуд дидадароист кори ту,

Аз дар бурун кунанд, дароӣ зи тобдон,

Дар хонае, ки як нафасе нест хӯрданӣ,

Бар бомҳо баромада гардӣ фиғонкунон.

Тифлону ақрабои ту, эй дузди косалес,

Омухтаанд дарбадариро зи модарон.

Гоҳе, ки нони сӯхтае баҳри ман диҳанд,

Аз пеши ман гирифта гурезӣ ба нардбон.

Аз хонае, ки парҷаи ноне ба ман расад,

Шаб то ба рӯз бар дари ӯям нигаҳбон.

Ба ҳар даре, ки мераваму ҳалқа мезанам,

Он хона эҳтиёҷ надорад ба посбон.

Бо он ки ҳаст мартабаи олие маро.

Дорам мани шикаста қаноат ба устухон".

 

РАСИДАНИ ГӮСФАНД

Бар гӯсфанд  чун хабари устухон расид,

Афтод оташе аҷаб ӯро ба мағзи ҷон.

Он дам лабу даҳон зи чаро сохтан бубаст,

Худро ба як-ду хез расонид дар миён.

Гуфт: -"Эй палиди шумнафас, ҳадди худ шинос

Бар устухони ман марасон ин ҳама забон!

Кори ту хунхӯрист ба саллоххонаҳо,

Ин ҷо шудӣ гурехта аз дасти сагкушон.

Пайваста кори ту ҷадалу ҷанг бо гадост,

Бар остон ту нолакунон, ӯ асозанон.

Бедории шаб аз ту бувад то дами саҳар,

Созад маҳалли файз туро хоб саргарон.

Ҳар рӯз вақти субҳ шубон мебарад маро,

Гоҳе ба сӯи дашт, гаҳе сӯи бӯстон...

Қассобро зи хуни манат теғ сурхрӯст,

Бошад канорааш чу хиёбони арғувон.

Симинбарон кабоби дилу гурдаи мананд,

Пайваста аст равғани ман шаъни дегдон".

 

РАСИДАНИ ГУРГ

Чун ин мубоҳиса ба биёбон фасона шуд,

Худро расонд гург бад-эшон давон-давон.

Бар гӯсфанд гуфт: -"Дилу гурдаи ту чист?

Чун аст рӯдаҳои ту резам ба як замон?!

Гоҳе ба зери пушта ниҳон гардӣ аз гала,

 Созад ба соҳиби ту маро куштанӣ шубон.

Доим даҳон ба равғани ту чарб мекунам,

Худ гӯ, ба пеши чанги ҳарисон туро чӣ шон?

 Аҳволи ман чу шамъ ба ҳар базм равшан аст,

Дар пеши халқ нест маро ҳоҷати баён.

Дар хоби хеш ҳар кӣ бубинад шабе маро,

Гардад зи юмни ман ҳамаи рӯз шодмон.

Гови замин чу дар назарам ҷилвагар шавад,

Созам ба як ишора ҷудо рони ӯ зи рон".

 

РАСИДАНИ ГОВ

Дар гӯши гов бод расонид ин хабар,

Фарёд карду гуфт: -"Чӣ гуфтӣ? Бигӯ ҳамон!

Ҳар ҷо ки дидаӣ ту маро, гаштаӣ душох,

Бовар намекунӣ, бикун имрӯз имтиҳон.

Гургӣ, валек қатраи борон надидаӣ,

Нашнидааст гӯши ту овозаи сагон.

Гаҳ сулҳ мекунӣ ту ба чӯпону гоҳ ҷанг,

Гургоштист кори ту пайваста бо шубон.

Шаб то ба рӯз дӯхтаам чашм бар замин,

Аз ман нагашта ҳеҷ кас озурда дар ҷаҳон.

Гоҳе ба гирди хирмани деҳқон шавам ба чарх,

Гоҳе ба халқ шир диҳам ҳамчу модарон.

Аҷдоди ман ба Одаму Ҳавво баробар аст,

Яъне маросг гови замин аз бародарон".

 

РАСИДАНИ УШТУР

Уштур шунида гуфт, ки: -'Гӯсолаӣ ҳанӯз,

Берун накардаӣ сари худро зи коҳдон.

Обои ту ба ҳеҷ қаторе набудаанд,

Овардаӣ ба зӯр ту худро дар ин миён.

Як paҳ ба пушту паҳлӯи худ ҳам нигоҳ кун,

Аз хотири ту рафта магар чӯби говрон?

Бар гарданат зананд чу дузд айрии душох,

Аз коҳдон баранд сӯи дашт каш-кашон...

Пайваста хор мехӯраму бор мекашам,

Ҳаргиз нагашта хотирам аз сорбон гарон.

Ҳар ҷо, ки будаам, ба ду зону нишастаам,

Дар бар кашида ҷомаи малла чу сӯфиён".

 

РАСИДАНИ САНГПУШТ

Овози гирудори шутур чун баланд шуд,

Дарҳол сангпушт биёмад тапон-тапон.

Дар пушт чор оина, дар пеши рӯ сипар,

Бар даст санг, барзада доман чу ҷимриён.

Аз санг рафта - рафта чу оташ забона зад,

Оғози гуфтугӯй бигуфт: -"Эй сабукинон!

Кунҷора дидаӣ магар имшаб ба хоби хеш?

Ё гов гаштаӣ ба хаёли ҷувозрон?

Дар умри хеш мисли ту лӯъбат надидаам,

Кӯтоҳақлу пойдарозу шикамкалон.

Дар зери бор нолакунон хоб меравӣ,

Хезӣ зи ҷой ҳамчу заифони погарон.

Дандони ту саросар агар бишканам, равост,

Ҳаргиз туро касе назада санг бар даҳон.

Маълум шуд ба даҳр, шутурдил ту будаӣ,

Бошад ҳамеша чашми ту бар дасти сорбон.

Аз фоқа рӯзу шаб ба шикам санг бастаам,

Донанд халқ, дар бағалам ҳаст тоҳи нон.

Дар гӯшае нишастааму хок мехӯрам,

Бигзаштаам ба чилланишинӣ зи зоҳидон.

Рӯзе , ки офтоб ба гармӣ шавад алам,

Он рӯз эҳтиёҷ надорам ба соябон”.

 

РАСИДАНИ ХОРПУШТ

Бар гӯши хорпушт чу ин моҷаро расид,

Ҳар мӯй гашт бар тани ӯ неши хунфишон.

Чун мӯр нарм - нарм қадамро ба раҳ ниҳод,

Паҳлӯи сангпушт нишасту бигуфт: -"Ҳон!

Бар гирди хеш маъракае ҷамъ кардаӣ,

Дорӣ ба пушт сандалие ҳамчу қиссахон.

Аъҷубавор дар таҳи сандуқ ҷо шавӣ,

Айёри косапушт туро аз мусоҳибон.

Саҳроиён зи косаи чӯбини ту ба танг,

Исқотиёну косагарон аз ту дар фиғон.

Ҳаргиз надидаам ба барат ҷомаи дуруст,

Домони ту ҳамону гиребони ту ҳамон.

Аз дидани ту сӯҳбати ин қавм шуд хунук,

Эй баднамой, хезу бирав зуд аз миён!

Ман умри худ ба хоркашӣ сарф кардаам,

3-он ваҷҳ гармрӯй намоям ба мардумон.

Пероҳане ба сӯзани худ бахя кардаам,

Дорам ба дӯш ҷомаи шодӣ чу ҳоҷиён.

Бошад ҳамеша дар шаби моҳтоб хоби ман,

Болину бистарам ҳама хорест парниён".

 

РАСИДАНИ РӮБОҲ

Оҳанги хорпушт чу рӯбоҳ гӯш кард,

Аз шиддате, ки дошт равон гашт думзанон.

Фарёд карду гуфт: -"Маро дур дидаӣ?

Имрӯз ҳамчу хор баровардаӣ забон.

Дорӣ ба худ ғурур чу пирони хоркаш,

Оташ занам, ки дуд барояд туро зи ҷон!

Аз ҷунбиши ту дар ҳаракат буттаҳои хор,

Пайваста хурду резаи ман аз ту дар гумон.

Гар бинии ту канда ба дастат диҳам равост,

То пеши халқ cap набарорӣ ба ину он.

Ман муддатест, хона дар ин дашт кардаам,

Накшодаам ба ҳеҷ кас аз хеш достон.

Паҳлӯ ба офтоб занад пӯстини ман,

Доранд орзуи маро пир то ҷавон.

Шабҳои дай ба воситаи пӯст мекашам,

То субҳ ҳамчу мағз дар оғуш дилбарон...

Гоҳе ки рӯбарӯй шавад душмане маро,

Ёбам зи рӯн ақди худ аз дасти вай амон".

 

РАСИДАНИ ХАРГӮШ

Харгӯш cap ба хоби фароғат ниҳода буд,

Бедор гашту гуфт ба рӯбоҳ он замон:

"Як зарра ақлу ҳуш агар доштӣ ба cap,

Ҳаргиз зи хона по наниҳодӣ бар остон.

Шабҳо равӣ гу дузд ба сӯи маҳаллаҳо,

Чашмони худ чapoғ кунӣ баҳри мокиён.

Бисёр зинда-зинда туро пӯст кандаанд,

Афкандаанд мурдаи ту паҳлӯи сагон.

Бар ҳар каси фақир муяссар намешавам,

Ҷон медиҳанд дар талабам мардуми калон.

Моланд агар ба пайкари худ равғани маро,

Бешакку шубҳа, дафъ кунад дарди устухон.

Гоҳе, ки ман ба одамиён ром мешавам,

Пайваста умри хеш кунам сарфи он макон".

 

РАСИДАНИ МАЙМУН

Харгӯш чун ҳикояти худро тамом кард,

Маймун шунида пахлӯяш омад нафасзанон.

Гуфт: -"Эй дарозгӯш, чаро лоф мезанӣ?

3-одамгарӣ на туро ному на нишон!

Чун муши думбурида намоӣ ба чашми ман,

Ё баччаи бузе, ки бувад ҳар тараф давон.

Зин доштӣ ба пушт, туро мешудам савор,

Ҳастӣ ба пеши ман ту ҳам аз ҷумлаи харон.

Бикшо зи хоб чашму сари худ баланд кун,

Дар дасту пои ман назари хешро бимон.

Яъне ки нест сурати ман кам зи одамӣ,

Аммо кашидаам қадами худ аз он миён.

Нашъунамои ман шуда дар кӯҳсори Ҳинд,

Асли ман аз Фарангу маро ном кордон.

Ҳар ҷо ки бешаест, дар ӯ сайр мекунам,

Ҳастам ба гирду гӯшаи ӯ ҳамчу боғбон.

Аз меваҳо ба паҳлӯи худ паҳн кардаам,

Гоҳе зи туршу гоҳ зи ширину нордон".

 

РАСИДАНИ ОҲУ

Оҳу расиду гашт ба ӯ рӯ ба рӯву гуфт:

"Кам дидаем одами думдор дар чаҳон.

Одам касе ба сурати одам намерасад,

Бе мағз эътибор куҷо дорад устухон.

Гоҳе зи сӯи шаҳр туро уфтад гузар,

Гардӣ ту пойкор ба арбоби лӯлиён.

Дар пеши халқ масхарагӣ пеша мекунӣ,

Тифлон ба кӯчаҳо зи қафои ту кафзанон.

Гаҳ найнавозу гоҳ шубонӣ, гаҳе гадо,

Гоҳе асо ба даст шавӣ аз ясовулон.

Дар даҳр агарчи сурати ман нест одамӣ,

Лекин марост сурати неку чу дилбарон.

Чашмам бувад зи ғамзаи Лайлӣ барандатар,

Девонаи мананд чу Маҷнун паривашон.

Гардад зи бӯи мушк муаттар димоғҳо,

Бар ҳар тараф, ки рӯй ниҳам ҳамчу навхатон.

Гоҳе, ки ҳамчу бод шавам дар давандагӣ,

Барқи ситезакор наёбад зи ман нишон".

 

РАСИДАНИ ПАЛАНГ

3-ин гуфтугӯ паланг даромад ба ҷастухез,

Худро расонд дар паси оҳу ҳамон замон.

Гуфт: -"Эй гурезапой, зи чангам куҷо равӣ?

Бо ман масоз ҷилвагарӣ ҳамчу духтарон!

Нофи туро ба коми ҳарифон буридаанд,

Бошанд хонаводаи ман аз ту комрон.

Гар бар сари ту сояи калхот уфтад,

Дар зери пой хоб равӣ ҳамчу мокиён.

Яъне, ки ман ба хуни ту имрӯз ташнаам,

Аз роҳи ташнагӣ ба лаби ман расид ҷон.

Аз қаҳр агар ба хок занам чанги хешро,

Чангу ғубор тира кунад рӯи осмон.

Аз силиям кабуд бувад рӯи фили чарх,

Акси думи ман аст, ки гӯянд Каҳкашон".

 

РАСИДАНИ ФИЛ

Ошуфта гашт филу равон шуд сӯи паланг,

Дандон ба якдигар зада ҳамчун муборизон.

Дум хода карда омаду хобонд гӯшро,

Хартум бар замин заду гуфт: -"Эй алочапон!

Аз нохуни паланг чӣ нуқсон ба пои фил?

Тоҷи хурӯсро чӣ ғам аз нӯли мокиён?

Тундӣ макун, ки чарми ту бисёр дидаам,

Чун тахтапӯст дар таҳи пои қаландарон.

Гӯӣ, ки ҳеч кас набувад дар баробарам,

Дар ҳар канор ҳаст, маро чун ту чокарон.

Дар рӯзи ҷанг зери алам по сутун кунам,

Бошам бар остони дари фатҳ пуштбон...

Чун теғи обдор саропой ҷавҳарам,

Дандони ман равост, ки созанд зарнишон.

Дар пушти ман ниҳанд агар кӯҳи Қофро,

Монанди барги коҳ наёяд маро гарон.

Хартуми ман чу гурз бувад вақти гирудор,

Ҳар мӯи ман ба тундиву тезӣ бувад синон.

Умрам ҳазор сол бувад дар миёни халқ,

Кам нест зиндагониям аз умри ҷовидон.

Бузругтаре зи ман набувад дар миёни қавм,

Имрӯз зиндафил маро гуфта метавон".

 

РАСИДАНИ КАРК

Карк ин сухан зи фил шуниду қадам ниҳод,

Сар то ба пой чину гиреҳ карда абрӯвон.

Дар пушту пахлӯяш халае зад ба шоху гуфт:

-"Эй тангчашм, ҳарф магӯ ин ҳама калон!

Аз филмоти ҳодиса ғофил нишастаӣ,

Дорӣ ту эътимод ба умри сабукинон.

Хартум наяст он, ки ба ӯ фахр мекунӣ,

Андохта ба биният айём ресмон...

Хат мекашӣ ба бинии худ кӯчаҳои шаҳр,

Аз пушту паҳлӯи ту гуломон саводхон...

Рӯзи масоф синаи худ мекунам сипар,

Гарданд рӯбарӯй зи пуштам диловарон.

Хоҳам, ки ҳамла дар сафи пиру ҷавон кунам,

Дар дил маро на бим зи тиру на аз камон.

Хосияти аҷиб ба шохам навиштаанд.

Ҳар кас нигох дошт, гурезанд ҷинниён".

 

РАСИДАНИ ШЕР

Шер аз камин баромаду омад, ба карк гуфт:

-"Эй шохношикаста, бикаш пой аз миён!

Бо ҳар кӣ монда шох ба шох истодаӣ,

Азбаски дар канори биёбон шудӣ калон.

Эй сахтрӯй, сустқадам, чобукӣ макун,

Ҳастӣ ту пеш як қадам аз гови подабон.

Тифлонат аз забони ту парҳез мекунанд,

Бошӣ ту дар миёнаи ин қавм бадзабон...

Ҳаргиз шикори дигареро нахӯрдаам,

Як раҳ ба хуни мурда наёлудаам даҳон.

Дар бешае, ки мераваму мекунам қарор.

Берун зи қаҳтсол шаванд аҳли он макон.

Бо ҳар кӣ бингарам, ҷигараш об мешавад,

Аз мӯр камтаранд ба чашмам баҳодурон".

 

РАСИДАНИ МӮРЧА

Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар,

Омад ба шеру гуфт, ки: -"Эй Рустами замон!

Аз иттифоқи мӯрчагон ғофилӣ магар,

В-арна чаро ҳақир шумориву нотавон?

Хӯроки аҳли байти ман аст аз нитоҷи ту,

Доим пур аст хонаам аз шербаччагон.

Тифлони ширмасти ман имрӯз шергир,

Хешони нотавони мананд аз ту комрон.

Мӯре шунидаӣ, ки Сулаймони вақтро

Бар аҳди худ ба рони малах карда меҳмон.

Ин рутба шуд муяссари ӯ аз шикастагӣ

В-арна чӣ ҳадди мӯрчаву лашкари гарон?"

Чун аз забони мӯрча ин ҳарф шуд баланд,

Таслим карда-карда расиданд ваҳшиён...

Дида шуд: 150