Яке аз шоирони хушзавқи нимаи дуюми асри ХIХ–1-8 Абдулқодирхоҷа Савдо дар рушди адабиёти давр саҳми сазовор гузоштааст. Ў асосан шоири ғазалсаро буда, дар таҳаввули навъҳои адабии дигар низ ҳиссагузор аст.
Абдулқодирхоҷаи Савдо дар Бухоро ба дунё омадааст ва санаи валодати ўро миёнаи солҳои 1823-1825 муқаррар кардаанд. Тибқи шаҳодати Возеҳ дар «Тўҳфат-ул-аҳбоб…», баромади иҷтимоии Савдо ба хонадони олими маъруфи асри ХVII - Мавлоно Шариф тааллуқ доштааст. Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар хусуси дониши ҳаматарафаи Абдулқодирхоҷаи Савдо ва тақрибан дар овони 20 - 22 – солагӣ мадрасаро хатм намудани ў хабар медиҳад, ки хеле муҳим ва арзишманд мебошад. Савдо чи дар илмҳои табиатшиносӣ мисли риёзиёт, табииёт, нуҷум, ҳандаса ва чи дар илмҳои инсоншиносӣ ба монанди таърих, адабиёт, сарфу наҳв, луғат, мантиқ, ҳикмат ва ғайра баҳраи хеле комил дошта, нозукиҳои улуми мусиқӣ ва аз ҷумла, «Шашмақом»-ро низ азбар намуда, ҳатто дар навохтани асбоби мусиқии танбўр соҳибтабъ будааст. Тазкиранигорон-Ҳашмат ва Садри Зиё афзудаанд, ки Савдо илми хатро ҳам хуб омўхта, ба хаттотӣ низ машғул будааст. Вале пеш аз ҳама, Савдо дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун шоири лирик-ғазалсаро шўҳрат дорад. Савдо ҳанўз аз овони хурдсолӣ, ҳангоми таҳсил дар мадраса ба эҷоди шеър низ шуғл варзидааст. Муҳим он аст, ки шоир дар эҷоди ғазалиёту мусамматҳо тахаллуси «Савдо»-ро ба кор бурда, дар эҷоди осори тамоюли ҳаҷвидошта тахаллуси «Бепул»-ро кор фармудааст. Зиёда аз ин, Мирзо Абдулазими Сомӣ дар «Миръот-ул-хаёл» хабар медиҳад, ки Савдо дар аҳди Насруллоҳхон (1826-1860) ба дарбор ҷалб карда мешавад ва ў дар ин ҷо бо пешаи тарроҳӣ (кашидани тарҳи иморатҳо) ва наққошӣ касби маош мекардааст.
Муаллифи ҳамин тазкира, яъне дар аҳди амир Насруллоҳхон ба дарбор роҳ ёфтани Мирзоабдулқодирхоҷа Савдоро хотиррасон менамояд. Аз ҷумла, ў таъкид менамояд, ки:
Дар айёми султони волоҷаноб,
Амир Насруллоҳи баҳодурхитоб.
Ба тарроҳию нақш маъмур буд,
Зи инъоми алтоф масрур буд.
Баъди ба сари қудрат омадани писари Насруллоҳхон-амир Музаффархон (1860-1885) Савдо ҳамчун яке аз надимони хоси Музаффархон фаъолият кардааст. Вале маълум аст, ки амир Музаффархон хеле шахси айёшу камҳавсала ва нисбати мулку давлат бепарвотаре будааст ва аз ин рў, ин хислати ў ба Савдо чандон писанд наомадааст. Соли 1873 Абдулқодирхоҷаи Савдо бо як супориши амир Музаффархон роҳи Балҷувонро пеш мегирад, вале аз рўи тасдиқи устод С.Айнӣ, шоир дар синни 50-солагӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.
Савдо, асосан дар эҷоди ғазал, рубоӣ, мусаммат табъи баланд доштааст, вале бисёр афсўс, ки тангии маишӣ ўро имкон надодааст, ки ашъорашро мураттаб намуда ба табъ бирасонад. Аз тарафи дигар, Абдулқодирхоҷаи Савдо дар таҳаввули насри бадеӣ низ саҳми босазо дорад. Ашъори ғиноии Савдо аз мавзўъҳои ишқу ошиқӣ, шўру исёнҳои қалбии инсонӣ, ҳиссиёти нозуку латифи одамӣ, бемеҳрии маҳбуба, вафодории ошиқ, бесабриву ношикебоии маъшуқа ва бовафоиву шикебоии ошиқ ва ғайра иборат аст. Умуман, лирика ва осори манзуми Савдоро муҳаққиқон иборат аз ду қисмат донистаанд: лирикаи ошиқӣ ва ашъори ҳаҷвӣ-мутоибавӣ. Дар рўзгори Савдо таъсири Бедил ва ҷараёни бедилизм дар шеъру адаби Осиёи Миёна махсус буд. Аз ин рў, ин таъсир дар ашъори Савдо низ ба хубӣ ба мушоҳида мерасад. Албатта, ашъоре, ки то андозае оҳангҳои тасаввуфӣ доранд, ў дар тақлид ба ғазалиёти Ҳофиз эҷод кардааст ва чунин муносибати Савдо дар пайравии ашъори Бедил низ ба мушоҳида мерасанд. Чунончи, ғазали зерин, ки онро зери нуфузи ашъори абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил гуфтааст, мунтахабан зикр хоҳем кард:
Ғайри ранҷурон зи кас аҳволи ранҷурон мапурс,
Захм донад чист ҳоли ҷисми лоғар теғро.
Донишат гар ҳаст, асбоби тамаллуқ гў, мабош,
Зевараш лозим набошад, ҳаст гавҳар теғро.
Аз мувосоҳои53 софитинатон эмин мабош,
Фитнаҳо дар табъи ҳамвор аст музмар теғро.
Фитнаҷўёни замонро тарбият кардан хатост,
Чарх аз моҳи нав охир хўрд бар сар теғро.
Аз фусуни тарбиятҳои замон эмин мабош,
Рўй бар санг аст аз дасти фасонгар54 теғро….
Табъи Савдо пур зи истеҳсоли дунон тира аст,
Санги нохуш аз фасон созад мукаддар теғро.
Ғазали мазкур хеле ҳунармандона эҷод шудааст, мундариҷаи ғазал ва мавзўи асосии он иҷтимоӣ-шиквоӣ буда, ҳолати қаҳрамони лирикиро фаро гирифтааст. Азбаски бунёди тематикии он ҳолати иҷтимоист, аз ин рў, хусусиятҳои шаклии он низ ба мундариҷа пурра тобеият кардаанд ва ин аст, ки теғ асбоби бераҳмтарин ба сифати радиф қарор дода шудааст.
Аз нигоҳи вазн ғазали боло хеле ҷолиб аст ва пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки ғазал тобиши қавии андарзӣ-мавъизатӣ, насиҳатӣ дорад ва аз ин рў, эҷоди он дар баҳри Рамал қарор дода шудааст. Яъне ғазал дар баҳри Рамали мусаммани маҳзуф ё мақсур иншо шудааст, ки аркони он чунин аст:
-- V -- -- I – V -- -- I – V -- -- I – V – ё: --V~
-- V -- -- I – V -- -- I – V -- -- I – V –
фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё фоъилон ва ғайра.
Бояд гуфт, ки то ба имрўзҳо ҷамъоварии абёти парешони Савдо идома дорад ва он чи ки аҳли илм то кунун дастрас намудаанд, бо назардошти шумораи аниқ чунин аст: 5 қасида, 56 ғазал, 2 мусаммати мухаммас, 6 маснавӣ, 9 рубоӣ, 11 фард, 1 марсия, 1 тарҷеъбанд, 1 таърих ва ҳафт ҳикояти мансур, ки яке аз онҳо ба номи «Музҳикот»57 машҳур аст.
Дар ашъори ғиноии ў, ки ғазалиёт қисмати марказии онро фароҳам овардааст, ишқ ва мавзўъҳои ишқӣ, нозу истиғнои маъшуқа, азоби ҳиҷрону дарди ҷудоӣ, умеди висолу дурии фироқ, таъҷили маҳбубаву шикебоии ошиқ ба таври хеле воқеӣ, мушаххас, дилпазиру хушоҳанг, гўшнавозу ҷаззоб, матлубу мақбул ва бо ҳунари хеле волои шоирона эҷод гардидааст:
Омадӣ, ҳарфи ниҳонӣ ба ту дорам, бинишин,
Дарди ҳиҷрон ба ту як-як бишуморам, бинишин.
Нафасе сабр намо, ин ҳама таъҷил макун,
Пеши ту қиссае аз хуни дил орам, бинишин.
Ҳама сармоя ба савдои ту дорам, ҳайҳот,
Ним ҷон мондаву он ҳам бисупорам, бинишин.
Хуштар аз ҷони ҷаҳон донамат, аммо чӣ кунам,
Мадади толеъу иқбол надорам, бинишин.
Омадӣ бар сару имрўз тараҳҳум кардӣ,
Рўи худ бар кафи пои ту гузорам, бинишин.
Аз ғами турраи ошуфтаат ошуфта шудам,
Ҷамъ гардон ба мурувват дили зорам, бинишин.
Солҳо з-он нигаҳи масти ту будам махмур,
То зи сар дур шавад ранҷи хуморам, бинишин.
Ҳаст сармашқи дабистони дилам ёди хатат,
Рўзу шаб нест ҷуз ин шева шиорам, бинишин.
Бармачин домон аз хоки ман, андеша макун,
Пок бар боди фано рафт ғуборам, бинишин.
Ҳар кас андўҳи дили хеш ба ёраш гўяд,
Дар ду олам набувад ғайри ту ёрам, бинишин.
Дил ба ҷуз васли ту бо ҳеч тасалло нашавад,
Нест дар ҳаҷри ту орому қарорам, бинишин.
Яке аз ҷанбаъҳои ҳунарии ғазалиёти Абдулқодирхоҷаи Савдо дарёфту корбасти радиф аст ва ҳунари ў дар истифодаи радиф ба ҳаддест, ки шояд кам шоире бошад, ки онро ҳис намояду дар шеъраш дар чунин шакл аз он кор бигирад. Масалан, қаблан мо огоҳ шудем, ки чун ғараз ҳасби ҳол, авзои қавии иҷтимоӣ бошад, ў аз теғ кор гирифта, барои таъкиди маъно онро (теғро) радиф қарор медиҳад. Дар ғазали зикршуда, ки ҳадаф ҳиҷрон, фироқ, дурӣ, сангдилию бемеҳрии маҳбуба аст, лаҳзаи висол, ки даме даст додааст, онро ғанимат медонад ва калимаи бинишинро (сабри маҳбубаро) барои таъкиди маъно ва қавӣ баромадани мундариҷаи ғазал радиф қарор медиҳад. Дар ғазали зикршуда, ки аз ёздаҳ байт иборат аст, дувоздаҳ маротиба калимаи (феъли амрии) бинишин ба сифати радиф таъкидан оварда мешавад, ки мақсад ҳамоно пойдории висол мебошад. Дар ашъори ғиноии Савдо, инчунин мавзўъҳои дигар аз қабили ҳаҷву танқид ва ҳазлу шўхӣ низ хеле амиқ реша дорад ва хеле қавӣ садо медиҳад. Ў дар ашъори ғиноии худ, ба хусус аҳли амирону ҳокимон, золимону мумсикон, фиребгарону қалтабонон, рўҳониёни мутаассибу риёкоронро сахт накўҳиш менамояд ва дар айни ҳол, ба ҳимояи адолати иҷтимоӣ мехезад. Чунончи, дар ин шеъраш Савдо зоҳидонро, ки ба зўҳди риёӣ рў овардаву асосҳои динро дуруст намедонанд, сахт танқид мекунад:
Зоҳид, чӣ диҳӣ маро ту пандо?
Чун панди ту нест судмандо.
Ман нўш гирифтам аз лабонаш,
Дигар чӣ кунӣ ҳадиси қандо?
Ишқидани мо на ихтиёрист,
Моро накунед ришхандо.
Тарзи дигаре биёр, Савдо,
Чун тарзи туро намехарандо.
Албатта, дар танқиди зоҳидони риёӣ ў ба пояи Камоли Хуҷандӣ нарасида бошад ҳам, пазироии анъанаро идома додааст. Зеро ҳаҷву танқиди Савдо ҷанбаи ҳазлу шўхии кинояомезе дорад, ки ин падида хоси худи ин шоир аст. Ин ҷиҳатро Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва Шамсуддин Шоҳин низ тақвият додаанд. Ҳамин ҳиссиёти баланди ҳазлу шўхӣ ҳатто дар ғазалиёти ишқии шоир низ ба мушоҳида мерасад. Чунончи:
Дил гум шуда ман ба пеши раммол
Рафтам, ки барои ман бизан фол.
Оҳид, ки : «Ин матоъ бурдаст,
Маҳбубаки шўхи хурдакаксол».
Як зарра вафо бурун наомад,
Хоки ҳама бехтам ба ғирбол,
Саҳл аст, ки дар ҷафо бисабрам,
Хосияти сабр ҳаст исҳол.
Ай ҷони балокашида, меоҳ
В-ай қалби ситамрасида менол.
Акнун ту ба дасти ишқи ўӣ.
Монандаи мурда пеши ғассол.
Пас дар ҳама умри худ надидам
Ороми тану фароғати бол.
Хубон чу ба мо баилтифотанд,
Моро чӣ зарурат аст ин ҳол?
Савдо, сари ишқбозият ҳаст,
Аввал ба каф ор маблағу мол.
Ин шеър аслан ишқӣ буда, оҳанги бисёр нозуки шўхиомезе дорад, ки хоси сабки Савдо аст.
Ҳадафи шоир баёни арзи ҳоли ошиқ буда, зимнан ҳаҷви раммол низ хеле устодона ба тасвир омадааст, ки танқиди хурофот мебошад. Шоир дар маъниофариву мазмунсозӣ аз санъатҳои шеърии иғроқ, киноя, маҷоз, тавсиф, таносуби сухан, нидо, ташбеҳ, истиора ва ғайра хеле ўҳдабароёнаву ҳунармандона кор гирифтааст.
Аз нигоҳи хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали боло ҷолибу хонданист. Ғазал мураддаф нест. Қофияҳои ғазал калимаҳои раммол, фол, хурдакаксол, ғирбол, исҳол, менол, ғассол, бол, ҳол, мол аст. Дар ин калимаҳои қофия ҷузви «-ол» решаи қофия буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад ва ҳарфи «л» равист. Худи қофия қофияи муқайяд мебошад, зеро пас аз равӣ унсури дигар надорад.
Ғазал дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи мақсур (ё маҳзуф) эҷод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:
- - v / v - v - / v - ~
- - v / v - v - / v - ~
яъне: мафъўлу мафоъилун, фаъўлон ё ин ки фаъўлун.
Вале аз нигоҳи истифодаи калимаҳо чанд феъли худсоз (ихтирои худи Савдо) дида мешавад. Он калимаҳо: оҳид-ба маънии сабр кардан, меоҳ- оҳ кашидан ё оҳ гуфтан мебошад. Албатта, чунин тарзи калимасозӣ хоси сабки Савдо буда, хилофи иштиқоқ аст. Вале барои оҳанги шўхиомез касб кардани ғазал хизмат мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар лирикаи Савдо андешаҳои маорифпарварӣ ва ҷунбишҳои мафкуравию бархўрдҳои сиёсӣ ҳанўз мушоҳиданашаванда аст, зеро чунин ҷунбишҳо, бедоршавиҳо, растохезҳои зеҳнӣ, бардоштҳои ақлонӣ, раҳоӣ аз тафаккури сирфан ғуломона то андозае пас аз нашрҳои «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмад Махдуми Дониш, «Савонеҳ-ул- масолик…»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, «Тўҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷ ва ғайра ба миён омад ва аз ин рў, яке аз хидматҳои хеле шоистаи Савдо дар инъикоси мафкураи аср дар лирика ва насри бадеист. Дар ашъори ғиноии ў мавзўъҳои дигари иҷтимоӣ аз қабили: шиква аз камбизоатӣ, аз тангии маишӣ, норизоӣ аз беқадрии аҳли илм, маориф, фарҳанг, санъат, беқадрии ҳунар, эҷоди бадеъ, танқиди хислатҳои разилаи инсонӣ аз қабили: кибру ғурур, бузургманишиву худхоҳӣ, ҳавобаландиву такаббур, пастфитратӣ, мардумфиребӣ, ғаммозиву чоплусӣ, муфтхўриву ҳаннотӣ ва ғайра хеле хуб ба тасвир омадааст. Аз тарафи дигар, дар ашъори Савдо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ васф карда мешавад ва аз ҷумла, шоир чунин сифатҳои инсонӣ, саховатмандӣ, олиҳимматӣ, хайрхоҳӣ, некўкорӣ, илмдўстӣ, хирадмандӣ, раиятнавозӣ, халқдўстӣ, ватанпарварӣ, меҳнати софдилона, фурўтанӣ, шикастанафсӣ, хоксорӣ, пуртоқатӣ, сабурӣ ва ғайраро ҷонибдорӣ менамояд. Албатта, Савдо дар оғози эҷодиёти хеш бештар ба шуарои номии таърихи адабиёти тоҷик мисли Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил барин шоирони соҳибмактаб пайравӣ намуда, ашъори ўҳдабароёна эҷод кардааст. Вале мо ҳеҷ гоҳ чунин даъво надорем, ки эҷодиёти Савдо ба куллӣ тақлидист. Аз тарафи дигар, агар мантиқан андеша карда шавад, пас ҳар шоире наметавонад ба Ҳофизу Бедил барин симоҳои ҷаҳонии адабиёти тоҷик сару кор бигирад. Аз ин рў, худи далели ба ашъори Ҳофизу Бедил рў овардани Савдо башорати истеъдоду маҳорат ва донишу малакаи эҷодии ўст, ки тавассути осори маҳфузмондаи ў қазоват карда мешавад.
Дигар аз ҷанбаъҳои фурўзони ашъори Савдо ва осори мансури ў тобиши хеле қавии ҳаҷвӣ доштани онҳо мебошад. Ў ҳам дар назм ва ҳам дар наср аз ҳикоёту латифаҳо, аз таъбироту суханҳои вирдизабонӣ хеле нозук кор мегирад ва дар натиҷаи он ҳаҷви малеҳе рўи кор ҳувайдо мешавад. Инчунин, оҳанги тасвир тобиши ҳаҷвию танқидӣ касб мекунад. Адабиётшиносон мероси Савдоро, ки ҷанбаи мутоибавӣ дорад, дорои се бахш донистаанд:
1. Ашъори мутоибавие, ки ба тариқи зарофат-ҳазломезу шўхиомез эҷод шудааст;
2. Ашъоре, ки дар пайравии Абўисҳоқи Атъимаи Шерозӣ таълиф гардидааст;
3. Ашъори мутоибавие, ки тавассути он иллатҳои ҷомеъа танқиду мазаммат шудаанд.
Чунин табақабандӣ, ки зикраш дар боло рафт, ҳатто ашъори ошиқонаи Савдоро низ фаро мегирад. Ҷанбаи ашъори мазкури Савдоро муосирони ў-Шоҳину Ҳайрат идома бахшидаанд ва гуфтан мумкин аст, ки ҳатто муваффақият ҳам пайдо кардаанд. Албатта, ин мавзўъ дар эҷодиёти Савдо нав нест, зеро ҳаҷву мутоиба дар адабиёти тоҷик яке аз мавзўъҳои ҷовидона мебошад ва ғолибан яке аз мавзўъҳои марказии ашъори шоирони то устод Рўдакӣ будааст. Танҳо ба ёд овардани он кифоя аст, ки ҳатто дар адабиёти шифоҳӣ низ он мавқеи махсус дорад ва далели ин қазоват як қитъаи ҳаҷвии мардумони Балх дар ҳиҷои Асад ибни Абдуллоҳ аст, ки тибқи шаҳодати «Таърихи Табарӣ», ки соли 725 эҷод шудааст ва ҳаҷви сиёсӣ аст:
Аз Хуталон омадаиҳ,
Рў ба табоҳ омадаиҳ.
Хушку низор омадаиҳ,
Овора боз омадаиҳ.
Албатта, дар ашъори шоирони асри Х ин мавзўъ хеле устувор гардида, ҳатто ба ҳамосаҳои миллӣ ворид шудааст ва далели қавии он эпизодҳои ҳаҷвӣ-танқидӣ ва мутоибавии «Шоҳнома»-и Фирдавсии Тўсӣ мебошад. Мо дар ин асар, яъне «Шоҳнома», ҳаҷви сиёсиро мебинем, ки ғолибан шоҳон, сиёсатмадорон танқид карда мешаванд, ба хусус Ковусшоҳ, Афросиёб, Заҳҳок, Ҷамшед, Салм, Тур ва дигарон. Инчунин рўҳониёни зардўштӣ, ки риё кардаанд, сарлашкарон, паҳлавонон ва ғайра. Дар асри ХII Сўзании Самарқандӣ ҳаҷвро аз ҳадди эътидол бароварда ба ҳаҷви қабеҳ бадал сохт. Дар эҷодиёти Убайди Зоконӣ оҳанги хеле ҷиддӣ касб намуд. Анъанаи ўро то андозае Абдурраҳмони Мушфиқӣ қабул карду тақвият бахшид ва ғайра.
Вале ҷанбаи малеҳи онро адабиёти тасаввуфӣ пазируфт, ки намунаҳои беҳтарини он дар маснавиҳо ва ашъори лирикии Ҳаким Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам Саноии Ғазнавӣ (махсусан, дар «Корномаи Балх») тақвият бахшид. Дар осори Фаридуддини Аттор ва махсусан, дар маснавии Ҷалолуддини Балхӣ ҷилои тозаву нодир гирифт ва писанди ҳамагон шуд. Аз ин нуқтаи назар, Савдо анъанаи мазкурро дар давраи тамоман нав, бо тобиши дигар эҳё кард. Муосирони ў ба ин ҷанбаи умумибашарӣ бахшиданд ва манзури мо эҷодиёти Аҳмади Дониш, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва Мирзо Сироҷи Ҳаким мебошад. Тозакориҳои Савдо ҳам дар назм ва ҳам дар наср идома бахшидани мавзўи мазкур мебошад.
Савдо на танҳо шоири тавоно, балки дар насри адабӣ ҳам табъи баланд доштани худро нишон додааст. Аз ў асари насрӣ низ боқӣ мондааст, ки намунаи хеле хуби насри мутоибавӣ мебошад. Ин асари мутоибавӣ таҳти унвони «Музҳикот» машҳур аст. Асари мазкур аз панҷ қисм иборат буда, муаллиф онҳоро таҳти унвони «Нағма» ёд кардааст. Жанри «Музҳикот» анъанавӣ нест. Масалан, ба асарҳои машҳуртарин нависандаи ҳаҷвнигори асри XIV-Убайди Зоконӣ («Ахлоқ-ул-ашроф», «Сипанд», «Даҳ фасл» ё «Таърифот» ва ғайра) монанд нест. Яъне аз ҷиҳати хусусиятҳои жанрӣ асари Савдо навоварӣ дар насри бадеист. Аз ин рў, дар лексикаи забони адабии тоҷик низ таъсири фаровон гузоштааст. Аз жанри дигар, дар насри ҳаҷвию мутобавии Савдо унсурҳои насри мусаҷҷаъ ба назар мерасад, ки ин унсур яке аз хусусиятҳои насри бадеии мутоибавии нависандаро фароҳам овардааст: «Аммо мисрае намехонд, ки каломоташ пўла нашуда бошад ва аркони авзонаш шўла. То ҳалворӣ гоҳе лўндае ҳалвое дар кори мулло кардӣ ва муллоро аз ин ҳавлои бедуд хушнуд сохтӣ. Мулло бо даҳони ширин ба ширинмақолӣ ба мадҳи зуҳур-ул-ғайбаш низ пардохтӣ.
Баъзе аз бобҳои «Музҳикот»-и Савдо хеле хотирмону ҷолибанд Аз ҷумла, боби «Нағмаи чаҳорум: Достони Бибипанирии Кайвонӣ ва Она Маҷони Ходим». Эпизоде дорад, чунончи:«Рўзе дар маҷлисе, ки ҷамъе аз занони акобиру аъён ҳозир буданд, келинбикаи баландҳиккаро зиён гирифт (бемор шуд). Лаб мегазиду дандон мехоид. Бибипанирии Кайвонӣ ба тарзи муомилашиносӣ ва қоидадонӣ ба дастур дар кораш кард, муфид наяфтод. То Она Маҷони Ходим пеш омада гуфт:
-Эй, дугона, корро бебаёна (номаълум) бояд кард ва тадбирро мавқеъ бояд шинохт, то ки чарх чун тир бар нишона ояд. Биби Маҳрўй- модаршўи ман, дасте дорад эм ва таҷрибае дорад қадим, касе ўро биёрад, то аласе фармояд.
Чун ўро овардаанд, чўбе гирифту латтаву дастмони чарбӣ бар он печида, оташ дардода алиларо (беморро) чодире дар сар андохта, дар ҷое нишонда, оташро дар гирди сараш чарх гардонда, хондан оғоз кард, ки:
Алас, алас, алас,алас!
Кулли балолардан халас,
Чўлларга бор, кулларга бор!
Чанд бор бар ў дамиду кафи обе бар рухсорааш пошид. Фурсате ҳанўз нарафта, ки келинбикка чашм кушода ба ҳол омад ва мутаранними ин мақол гардид:
Ай очаҷон, бар нафаси покат офарин,
Бар хиштаки эзори дусад чокат офарин.
Ҷўгизанони шаҳру мазангони бодия
Доранд бар фатонату идрокат офарин.
Бо ин ҳама наҳифию58 барҷоймондагӣ
Бар дасти чусту бозуи чолокат офарин…»
Ҳикояти мазкур ба нодонии хусусан занони он рўзгор бахшида шудааст, ки чунин рафтори онҳо боварӣ ба дин нею балки бадномкунии дин аст. Инҳо тоифаи занону бонувони оддӣ набуда, ашрофзодагонанд. Онҳо дар камақлию эътиқод ба хурофот ҳаҷв карда мешаванд. Аз ин рў, шеъри ҳаҷвиро Савдо аз забони ҳамон «келинчаки беморшуда» меорад, ки ба риёи зани аласкунанда дахл дорад.
Як хусусияти ниҳоят ҷолиби дигари эҷодиёти мутоибавии манзуму мансури Абдулқодирхоҷаи Савдо боз дар он аст, ки ў таркиби луғавии хеле аҷоиб дорад. Истифодаи калимаҳову ибораҳои халқӣ-гуфтугўӣ, эзор, хиштак, даму нафас, алас, дугона, бебаёна, дастмол ва ғайра. Инчунин Савдо баъзе калимаҳоро худ месозад, кашф мекунад, ки онҳо ба қоидаҳои сарфу наҳв чандон итоат намекунанд. Масалан: сихи хала (чўбчае, ки маркабро бо он идора мекунанд), ишқидан (ошиқ шудан), меоҳ (оҳ гуфтан), палавидан (ош хўрдан), чико (чи кор), тўғрӣ (рост), фиребидан (фиреб додан), чалидан (мутобиқ шудан) ва ғайра. Яъне ў исмҳоро ҳамчун феъл ба кор бурдааст ва ин тарзи корбурд дар забони адабӣ нест.
Бояд гуфт, ки дар таърихи адабиёти тоҷик, агар чуқуртар андеша шавад, оддитарин адиб ҳам мавқеъ дорад, зеро анъана дар ин адабиёт, ки ниҳоят қавист, пас андак адиб ҳам, дар заминаи он даъвии тозаҷўӣ мекунад.
Аз ин нуқтаи назар, Савдо низ дар таърихи адабиёт мақоми худро дорад. Ў яке аз он шахсонест, ки сабки бедилиро қадре ҳам бошад, заминаҳои воқеӣ бахшид. Дар рушди адабиёт, истиқболи суннат саҳм гирифт. Ба адабиёти давр, муосирон ва адабиёти минбаъдаи тоҷик андаке бошад ҳам таъсир гузошт ва мавқеи худро ёфт.
Дида шуд: 139