Раҳим Ҷалил 3 июни соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи косиби мӯзадӯз ба дунё омадааст. Падари Раҳим шеърдӯст ва модари ӯ мухлиси китобҳои саргузаштӣ буданд. Бинобар ин адиби оянда аз хурдӣ ба шунидан ва хондани ғазалҳои Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ҷангномаҳою саёҳатномаҳо шавқу ҳавас пайдо намуд.
Раҳим маълумоти ибтидоиро дар мадраса гирифтааст. Баъди инқилоби Октябр таҳсилро дар мактаби нав давом дода, соли 1927 онро ба итмом мерасонад. Баъдтар мактаби яксолаи муаллимтайёркунии шаҳри Хуҷандро ба поён расонда, то соли 1931 ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Дар солҳои муаллимӣ ба омӯхтани асарҳои адибони тоҷик ва рус, аз ҷумла С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, А.П. Чехов, М. Горкий, ҷиддан машғул гардида, бо таъсири онҳо аввалин шеъру ҳикояҳояшро иншо мекунад.
Раҳим Ҷалил ба рӯзноманигорӣ рағбат дошт ва аз соли 1921 сар карда, беш аз бист сол дар рӯзномаҳои «Пролетари Хуҷанд», «Ҳақиқати Ленинобод», «Тоҷикистони сурх» ва маҷаллаи «Шарқи сурх» адои вазифа намудааст. Аз соли 1952 то охирин рӯзҳои ҳаёт котиби масъули шӯъбаи хуҷандии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Раҳим Ҷалил соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардид ва соли 1970 ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сазовор дониста шуд. Мавсуф Нависандаи халқии Тоҷикистон мебошад. Нависанда 10-уми октябри соли 1989 дар шаҳри Хуҷанд аз олам мегузарад. Марқади адиб дар гӯристони зодгоҳаш қарор дорад.
Мероси адабӣ. Раҳим Ҷалил ба гурӯҳи адибоне дохил мешавад, ки фаъолияти эҷодиашонро аз ибтидои солҳои 30-юм оғоз намудаанд. Адиб аввалҳо ба эҷоди шеър майл доштааст. Маҷмӯаи аввалини адиб– «Мавҷҳои музаффарият» (1933) шеърҳои солҳои 1931-1933 иншо гардидаро фаро гирифтааст.
Раҳим Ҷалил асосан бо эҷоди ҳикоя ба адабиёти шӯравии тоҷик дохил шудааст. Дар давраи аввали эҷодиёташ ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ зиёда маъруфият пайдо кардаанд. Маҷмӯаи дуввуми адиб бо номи «Орзу» соли 1934 ба табъ мерасад, ки дар он беҳтарин ҳикояҳои ҳаҷвии муаллиф чун «Марги Хушомадхӯҷа», «Хар ва сабукрав», «Гурба ва рашк», «Хоҷаи борон», «Хонаи нав» ва ғайра гирд омаданд.
Баъдҳо дар маҷмӯаҳои «Шеърҳо ва ҳикояҳо» (1939), «Ҳисса аз қисса» (1941), «Ҳикояҳои замони ҷанг» (1944), «Умри дубора» (1949), «Ҳикояҳо» (1954), «Баҳор» (1960), «Ҳамида» (1961), «Шикасти тилисмот» (1964), «Илҳом» (1973), «Духтари мармарин» (1975), «Бозгашт аз биҳишт» (1976), «Баъди борон» (1978) шеъру ҳикоя ва очеркҳои адиб дар мавзӯъҳои гуногуни рӯзгори одамони даврони шӯравӣ дастраси хонанда гардиданд.
Нависанда дар ҳикояҳои ҳаҷвӣ аз адабиёти шифоҳӣ ва таъбирҳои халқӣ бамаврид истифода намуда, падидаҳои номатлуби ҷомеаро зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Дар ҳикояи «Марги Хушомадхӯҷа» Хайруллохӯҷа хушомадгӯ ва тамаллуқкори гузаро мебошад. Бинобар ин, мардум ӯро «Хушомадхӯҷа» лақаб додаанд. Агар раиси корхона Сангини Сатанг сулфа кунад, Хушомадхӯҷа «Лаббай, чӣ мефармоед?» гуфта таъзим мекунад. Ӯ тез ба бозор давида, ба Сангини Сатанг сигор меоварад ва гӯгирд гиронда, ба нӯли хӯҷаин медорад. Ба хонаи хӯҷаин майда-чуйдаҳои рӯзгорро мекашонад. Дар атрофи Сангини Сатанг парвонавор чарх мезанад.
Ин чоплусӣ ва лаганбардориҳо оқибат боиси марги Хушомадхӯҷа мегарданд. Ӯ гоҳи ба хонаи хӯҷаин керосин овардан аз саросемагӣ меафтад ва либосҳояш ба сӯзишворӣ олуда мегарданд. Ба ҳавлӣ даромада мебинад, ки хӯҷаин омодаи сигоркашӣ аст. Сигори сардорро гиронданӣ шуда гӯгирд мезанад, ки худ оташ гирифта месӯзад.
Ё худ дар ҳикояи «Васвасабону» симои зане, ки «аз охури баланд ем хӯрда одат кардааст» ва ба ӯ танҳо «пӯшоки навбанаву рангбаранг, ҷоҳу ҷалоли ба чор кас маъқул мешудагӣ» даркор аст, тасвир гардидааст. Мӯнисабону зани зебову соҳибҷамол аст, вале ботини нопок ва нафси қонеъ нашаванда дорад. Ин хислатҳои бад ӯро хандаовар ва нафратовар намудааст. Нависанда таваҷҷӯҳи хонандаро ба оила ва тарбияи фарзандон ҷалб карда, таъкид менамояд, ки сарчашмаи хислатҳои манфии Мўнисабону тарбияи нодурусти оилавӣ аст. Истифодаи санъатҳои саҷъу тазод ва таркибҳои рехтаи забонӣ боиси ифоданокии тасвир гардидааст: «Онҳо вайро, ки фарзанди ягонаашон аст, рӯзе чанд бор гули сабади хона, ӯро шамъу худро парвона, нури дидаю тоҷи сари падар, сафедию сиёҳии чашми модар меномиданду тайёр буданд, ки ҳар вақт хӯрокашро хӯронида либосашро пӯшонида монанд».
Дар баробари ин, Раҳим Ҷалил ба навиштани асарҳои калонҳаҷм машғул мешавад. Дар охири солҳои сиюм нависанда дар заминаи воқеаҳои самти шимоли Тоҷикистон ба эҷоди романе пардохт, ки қисми аввали он соли 1941 бо номи «Гулрӯ» ба нашр расид. Баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ адиб қисми дуввуми романро ба анҷом расонд ва ҳар ду қисм соли 1949 бо номи «Одамони ҷовид» дастраси хонанда гардиданд. Ин асар аз ду қисм ва 30 боб иборат буда, ба мавзӯи ҷангҳои дохилӣ баҳри барқарор намудани сохти шӯравӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон ва шаҳри Хуҷанд (солҳои 1916-1927) бахшида шудааст. Образҳои асосии асар Пӯлод Қодиров ва Гулрӯ Рустамова ҳамчун инсонҳои дӯстдошта миёни хонандагон шӯҳрат доранд. Пӯлод ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ бачаи ҳушёр, дидадаро ва раҳмдилу адолатхоҳ буд ва ин хислатҳо дар баробари омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ такмил меёбанд. Пўлод фарзанди халқ аст ва нависанда ӯро дар маркази ҳодисаҳои роман мегузорад. Ба қавли мардум, Пӯлод бо марг мубориза бурда, бар он ғолиб мебарояд. Садоқат ба халқ, дилбастагӣ ба кор ва муносибати оқилонаву хайрхоҳона ба оила Пӯлодро азизу маҳбуби сокинони деҳоти Тагоб, Басманда, Қистакӯз, Масчоҳ ва дигар туманҳои Хуҷанд гардондааст. «Такягоҳи мо, ҷавон бошӣ ҳам, падари мо ҳастӣ » - мегӯяд ба ӯ мӯйсафеде.
Образи Гулрӯ боз ҳам диққатҷалбкунанда аст. Нависанда дар аввали роман тавуҷҷӯҳи хонандаро ба ҳусну ҷамоли Гулрӯ ҷалб менамояд: «Чашмони сиёҳ, мижгони дарозу боло бардоштаи ӯ соҳибҷамолони қишлоқро ба ҳасад меоварад… Вақте ки ӯ механдид, дандонҳои майдаю зичи марворидвор дурахшонаш гӯё рӯяшро равшан менамуданд». Симои зоҳирии қаҳрамон хонандаро водор мекунад, ки ба тақдири ояндаи ӯ бетараф набошад. Ин образ ҳамеша дар ҳаракат аст ва ва аз духтари одии қишлоқ то ба раиси артели бофандагон, мураббии садҳо занони тоҷик инкишоф меёбад. Гулрӯ дар ишқу муҳаббат ҳам собитқадам аст. Ӯ Пӯлодро бо тамоми ҳастияш дӯст медорад ва дар оянда ҳамсафари ҳаётӣ, дилсӯз ва маслиҳатгари Пӯлод мешавад. Дар роман муҳаббати гарму ҷӯшони зану шавҳар – Пӯлод ва Гулрӯ самимӣ ва воқеӣ тасвир ёфтааст. Романи «Одамони ҷовид»-ро метавон саҳифаи тозае дар таърихи адабиёти солҳои 30- юми тоҷик номид.
Р. Ҷалил солҳои 70-ум асари ёддоштие бо номи «Маъвои дил» эҷод мекунад, ки он аз ду қисм иборат буда, қисми аввал соли 1970 ва қисми дуввум соли 1982 ба табъ расидаанд. Нависанда аз ҳаёту фаъолияти одамони шинохтаи вилояти Суғд ва пойтахти он – шаҳри Хуҷанд, иштирокчиёни ҷангҳои дохилӣ ва барпокунандагони сохти нав, қаҳрамонони меҳнат, олимон ва санъаткорони машҳур, ҳофизону мутрибон, ходимони давлатӣ ҳикоят мекунад. Дар маҷмӯъ «Маъвои дил» моҳияти таърихиву кишваршиносӣ пайдо кардааст ва барои наслҳои минбаъда метавонад ҳамчун шиносномаи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд хизмат намояд.
Р. Ҷалил дар боби адабиёти бачаҳо низ ҳикояҳо дорад, ки онҳоро аз маҷмӯаҳои «Кабӯтар» (1963) ва «Табиби ман» (1973) мутолиа кардан мумкин аст. Дар ҳикояҳои бачагонаи Р. Ҷалил, чун дар тамоми эҷодиёти ӯ, тасвирҳои мутоибаомез мавқеъ доранд. Ин ҷиҳатҳо ҳикояҳои барои бачаҳо навиштаи адиб, аз ҷумла, «Зангӯла», «Қумрӣ ва мӯсича», «Сочҳо», «Ҳикояи Бобобарот»-ро хонданбоб ва писандида кардаанд.
Р. Ҷалил дар эҷоди асарҳои саҳнавӣ низ комёбиҳо дорад. Аввалин песаи адиб бо унвони «Саодат» (1932) дар саҳнаи театрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Соли 1940 мазҳакаи «Зани 96-ум»-ро эҷод мекунад, ки санъатшиносон онро аввалин кӯшиш дар эҷоди мазҳакаи мусиқии тоҷикӣ номидаанд. Песаҳои «Муҳаббат» (1932), «Санавбар» (1938), «Ду вохӯрӣ» (1943), «Дарди шоир» (1963, дар бораи Камоли Хуҷандӣ), «Бедорӣ» (1975) намунаи беҳтарини асарҳои саҳнавии нависанда мебошанд.
Раҳим Ҷалил аз солҳои 30-юм сар карда ҳикояҳои алоҳидаи М. Горкий, А. Чехов, песаҳои «Раъду барқ»-и Н. Островский ва «Афсонаи ишқ»-и Нозим Ҳикмат, асарҳои Ғафур Ғулом, Ҷ. Мамадқулизода ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ҳамчунин, як қатор асарҳои нависанда, аз ҷумла «Одамони ҷовид», «Шӯроб», «Маъвои дил», «Духтари мармарин» ба забонҳои русӣ, олмонӣ, полякӣ, чехӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.
Ҳамин тариқ, Р. Ҷалил ҳамчун адиби соҳибистеъдод ба ҳамаи навъҳои адабӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст ва, бешубҳа, ӯ дар таърихи адабиёти садаи ХХ тоҷик мавқеи муносиб дорад.
Романи «Шӯроб» аз се китоб иборат аст. Китоби якуми роман солҳои 1956-1958 (дар саҳифаҳои маҷаллаи «Шарқи сурх») бо номи «Ангиштканон» ва соли 1959 бо номи «Шӯроб» ба табъ расид. Китобҳои дуюм ва сеюми «Шӯроб» соли 1967 чоп мегарданд. Китоби якум 30 боб, китоби дуюм 22 боб ва китоби сеюм 17 бобро ташкил медиҳанд.
Мавзӯъ ва мундариҷаи асар. Романи «Шӯроб»-и Р. Ҷалил рӯзгор ва фаъолияти табақаи коргари тоҷикро дар ду давраи иҷтимоӣ дарбар кардааст. То барпо шудани сохти шӯравӣ дар самтҳои ҷанубии сарзамини Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ вуҷуд надоштанд. Аммо дар қисмати шимолии Тоҷикистон, ки акнун номи вилояти Суғдро гирифтааст, то инқилоби Октябр чанд муассисаи саноатӣ фаъолият мекард. Шаҳрчаи Шӯроб дар ҳудуди ноҳияи Исфара яке аз чунин марказҳои коргарӣ буд, ки он ҷо насли аввали коргарони тоҷик тарбия ёфтааст.
Романи «Шӯроб» дар заминаи ҳаёту фаъолияти бошандагони ҳамин шаҳрча ба вуҷуд омадааст. Ин ҷо аз тамоми ноҳияву деҳоти атрофи Исфара, Конибодом, Масчоҳ, Истаравшан, Хуҷанд намояндагони аҳолии меҳнатӣ ҷамъ омада буданд. Нависанда ба гузаштаи онҳо рӯ меорад ва аз нигоҳи таърихӣ ҷараёни рӯзгори коргаронро аз поёни қарни ХIХ то солҳои 60-уми асри ХХ идома медиҳад.
Хатти сужети роман. Нависанда сужети романро аз даврони бачагии Давлат оғоз мебахшад, ки ӯ дар як гӯшаи дурдасти кӯҳистони Бадахшон дар ҳолати ятимию бенавоӣ қарор дошт. Дар бобҳои «Сафари диёри дур», «Аҳди бародарӣ» ва «Дар оғӯши кӯҳистон» аз кӯҳистони Помир ба тарафи Фарғона сафар кардани Давлат бо собиқ аскари қисми ҳарбии ҳукумати подшоҳии рус Петр Данилов ва дар кони ангишти Шӯроб ба кор даромадани онҳо тасвир ёфтааст.
Бобҳои минбаъдаи китоби якуми «Шӯроб» ба меҳнати пуразобу талошҳои озодихоҳонаи ангиштканон бахшида шудаанд. Давлат миёни коргарони гуногунмиллат қарор мегирад, ба беадолатиҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад ва мебинад, ки бошандагони шаҳраки коргарии Шӯроб низ дар вазъияти бади иқтисодӣ қарор доранд. Давлат бо мурури замон инкишоф ёфта, ба дараҷаи шахсияти шинохтаи кони ангишти Шӯроб мерасад ва ҳамроҳи Петр, Холи ворухӣ, Даря, Маҳками Мухтор барин озодихоҳон ба амалиёти пинҳонкорона мепардозад. Воқеаҳои китоби якуми роман бо ғалабаи инқилоби Октябр ба охир мерасад.
Воқеаҳои китоби дуюми роман аз давраи ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта, то охири соли 20-ум давом мекунад. Симоҳои мусбати асар, ки акнун соҳибони кони ангишти Шӯроб гардида буданд, худ ба фаъолияти роҳбарӣ мепардозанд. Холи ворӯхӣ, Давлат, Петр, Арслоналӣ, Аверченко барин образҳои мусбат бештар амал карда, зиддиятҳои симоҳои мусбату манфӣ камтар ба назар мерасанд. Арслоналӣ ва Петр аз сафи артиши шӯравӣ ба кони ангишти Шӯроб бармегарданд ва баҳри ободии кон ва истеҳсоли ҳарчи бештари ангишт меҳнат мекунанд.
Дар китоби сеюми романи «Шӯроб» замони воқеаҳо ба охирҳои солҳои 50-ум ва ибтидои солҳои 60-уми асри ХХ тааллуқ дошта, он фаъолияти иҷтимоӣ ва ташкилотии персонажҳои асосиро дар айёми пиронсолӣ дарбар кардааст. Р. Ҷалил дар боби аввал – «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд» воқеаро аз маъракаи ба нафақа баромадани Давлат Назаров оғоз намуда, баъд ба таври вопасгирона (ретроспективӣ) ба замони 30-40 сол пеш мегузарад. Дар панҷ боб воқеаҳои даврони баркамолӣ ва ба ҳаёти оилавӣ қадам гузоштани Давлату Иноят, Петру Лида ва Акбару Рокия тасвир меёбад.
Нависанда дар чанд боби дигари асар масъалаҳои тарбияи фарзанд ва дар асоси илм пеш бурдани истеҳсолотро ба миён мегузорад. Зиддият миёни нафақагир Давлат Назаров ва раиси кони ангишт Шукуров авҷ мегирад ва он ба ғалабаи Назаров анҷом меёбад.
Романи «Шӯроб» асари серперсонаж буда, дар он 236 нафар иштирок менамояд. Р. Ҷалил ба воситаи Холи ворухӣ, Давлат, Петр, Акбар, Буров, Эсанпай, Даря, Арслоналӣ, соҳибони кони ангишт Александров, Петухов, Идрисенко, сардори маҳалла, ҳисобчӣ Писин, қурбошӣ, Ҳасанкӯса барин персонажҳои мусбату манфӣ зиндагии табақаҳои мардуми тоҷикро аввали асри ХХ нишон додааст.
Образи Холи ворӯхӣ. Дар романи «Шӯроб» симои аз ҳама назаррасу хотирмон Холи ворӯхӣ мебошад. Хол монанди Лутфуллогӯппон (аз «Ёддоштҳо»-и Айнӣ) ва Восеъ (аз «Восеъ»-и Улуғзода) дорои қувваи азими ҷисмонист. Хол зодаи яке аз қарияҳои кӯҳии Исфара – Ворух мебошад, ки дар кони ангишти Шӯроб заҳмат мекашад. Ӯ аввал чун шахси дағал, майзада ва бесару сомон тасвир ёфтааст. Баъд аз кор ба шароб дода шуда, зану фарзандонро ҳақорат ва лату кӯб мекунад.
Вақте ки Хол ба коргарони русу украин ошноӣ пайдо мекунад, оҳиста-оҳиста дар шуури ӯ ҳисси муқобилият ба зулму ситам пайдо мешавад. Ӯ дар сари қабри ҳампешааш Суренко мардуми ҷамъомадаро ба корпартоӣ даъват мекунад: «Нафсуламри гапро гӯям, одам ба дунё чанд бор меояд? – пурсид ӯ ва худаш ҷавоб дод: -- Як бор. Ҳамин тавр, ки бошад, як омадан ҳасту як рафтан. Раҳматии Суренко дирӯз ҳамин вақт дар ҳамин ҷо, дар байни мо буд. Имрӯз бурда гӯр мекунанд. Мо бошем, монанди сангпушт сари худро ба даруни ҷома мекашем, ба гӯр карданаш ҳам намеравем, ба болокориаш аз ин нокасон гап мешунавем.Ман рафтам».
Ҷаҳду талоши Хол баҳри ҳуқуқҳои худ баъдҳо характери муташаккилона мегирад. Нависанда сурату сират ва амалиёти Холи ворухиро дар ҷараёни меҳнату муносибат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад. Сухани Хол низ мувофиқи характери ӯ ибратомӯз ва пандомез аст. Аз нутқи қаҳрамон, ки бо мақолу зарбулмасалҳо ва порчаҳои шеърӣ оро ёфтаанд, хислатҳои инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва некандешии ӯ маълум шуда меистад:
- Ҳамин тавр гуфтию мондӣ, додарҷон. Туф кунӣ, ба рӯи худат меафтад, -- гуфт Хол-бобо. –Муфаттиш шинос буду маро аз худам хубтар медонист. Аммо ширро сафед гӯям, қабул намекард.
Аз душманон баранд шикоят ба дӯстон,
Чун дӯст душман аст, шикоят куҷо барем?
-гуфтаанд.
Ҳамин тавр, Холи ворухӣ дар охири роман ҳамчун муаллими коргарони ҷавон шӯҳратёр мешавад. Роҳбарони кон ҳамеша аз вай маслиҳат мепурсанд ва ҳамчун собиқадори кони ангишти Шӯроб қадршиносиаш менамоянд.
Образи Давлат. Дар образи Давлат беҳтарин хислатҳои мардони заҳматкаши тоҷик тасвир гардидаанд. Меҳнатдӯстӣ ва хушзеҳнии Давлат ҳанӯз аз давраи кӯдакиаш аён мегардад. Давраи кӯдакӣ назди падараш Ҳакимбек ҳунар ёд мегирад, баъди вафоти падару модар дар тарбияи Саломатшоҳу Петр монда, аз Пётр забони русӣ меомӯзад. Ин ятимбачаи зирак ба воқеаҳои замон дуруст сарфаҳм меравад. Давлат ҳамроҳи бародархондаш Пётр ба Шӯроб омада, тақдирашро ба кони ангишт, ба шаҳрчаи коргарӣ ва сокинони ин макон мепайвандад. Давлат вақти дар нафақа будан ҳам назди халқу мамлакат масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Ӯ дар рӯи ҳавлии корхона беҳуда талаф ёфтани ғарамҳои ангиштро дида, аз бепарвоӣ ва бесалоҳиятии роҳбари кони ангишт – Шукуров озурдахотир мегардад ва ӯро ба инсофу адолат водор менамояд: Давлат Назаров типи коргарони тоҷики замони шӯравӣ мебошад, ки устухонашон дар меҳнати ҳалол мустаҳкам шудаанд.
Образи Пётр Данилов. Р. Ҷалил дӯстиву ҳамкории халқҳои гуногунро, пеш аз ҳама, дар симои Пётр Данилов васф намудааст. Аскари қатории армияи подшоҳии рус дар яке аз деҳаҳои дурдасти Бадахшон хизмат менамояд ва ба аҳолии он ҷо дӯстӣ пайдо мекунад. Пётр ба эҳтироми мардуми Бадахшон сазовор гардидааст. Муносибату муомилаи ӯ ба оилаи осиёбони помирӣ Саломатшоҳ, Давлату Даря, оҳу афсӯсаш аз вафоти бемаҳали Суренко симои ӯро ҳамчун инсони комил ва хайрхоҳ нишон медиҳад. Ба муносибати хешутаборӣ табдил ёфтани дӯстии Пётру Давлат дар вохӯрие, ки баъди се соли ҷудоӣ, ҳангоми аз ҷанги якуми ҷаҳонӣ баргаштани Пётр ба вуқӯъ мепайвандад, самимӣ ва табиӣ тасвир ёфтааст:
– Акаҷон, акаҷони азизи ман! – ба тоҷикию русӣ фарёд зад Давлат ва ӯро ба оғӯш кашида бӯсидан гирифт.– Укаҷони ман, Давлати ман! – мегуфт дар навбати худ Пётр ба оғӯши худ ҷавони нозукандом, лекин боқуввату симпайро маҳкам кашида, -- Ҳой, ту ба ман нигар! Ин қадар калон шудӣ? – сонияе аз бӯсу канор боз истода ба рӯйи укаи худ нигарист. Пётр Данилов типи шахсони ғамхору поквиҷдон аст, ки умри азизро баҳри хушбахтии мардум ва беҳдошти ҷомеа сарф кардаанд.
Образи занон. Даря Суренко, модари Арслоналӣ, духтур Любов Василевна, Ҳидоят, Ҷамила симоҳое мебошанд, ки баробари мардон бори зиндагиро ба душ доранд, чун маҳбубаву ҳамсар хеле содиқ, чун модар басо меҳрубон ва чун корманд фаъолу ҳалолкор мебошанд. Духтари ширфурӯши деҳотӣ Ҳидоят дар назди Любов Василевна шогирд истода, касби табибиро аз худ мекунад ва ҳамроҳи устодаш деҳ ба деҳ мегардад, то ба дарди мардум даво бахшад. Давлат маҳбубаашро дар либоси мардона дида, ҳайрон мешавад:
–Наход ҳеҷ кас надониста бошад, ки духтар дар либоси мард аст? - нобоварона пурсид Давлат. – Ман охир ӯро аз дур шинохтам.
–Барои ин чашмони Давлат даркор буданд, - далели баҳснопазир овард модархонд.
Меҳнати софдилона ва шароити мусоиди оилавӣ ба Ҳидоят обрую эътибор меорад. Ӯ ҳамчун намояндаи занони тоҷик дар анҷумани аввали занон дар Маскав ширкат варзида, баъдҳо чун мудири боғчаи бачагон дар таълиму тарбияи фарзандони халқ саҳм мегирад.
Аз образҳои лаҳзавие, ки ба таври ҷолиб тасвир ёфтаанд, модари Арслоналӣ мебошад. Дар бобҳои “Наузанбиллоҳ!” ва “Ҳодисаи ҳайратангез”–и китоби аввали роман ин пиразани қирғиз бо илтимоси домодаш Даряро дар хонааш пинҳон кардааст. Дар ниҳоди кампир ду қувваи ба ҳам зид пайдо шуда, ӯро азоб медиҳад. Аз як тараф, ӯ хурсанд аст, ки ин ятими бекасро дар хонааш пинҳон кардааст. Аз тарафи дигар, ӯ дар тарсу ҳарос аст, ки Даря “кофир” аст ва аз “касофати ӯ” мумкин аст дар хонааш бадбахтие рӯй диҳад. Вақте ки ба ин духтар дил бохтани писараш Арслоналиро мушоҳида намуд, ҳуш аз сараш парид. Наход, ки “писари қирғиз, бачаи мӯъмину мусулмон, ба урусдухтар, ба духтари ғайри дин дил додааст?!» Дар ботини ин кампири солхӯрда оқибат ҳисси раҳму шафқат ба Даряи ятим ғалаба мекунад ва ӯ ин духтари бадбахтро ба ҳимоя мегирад.
Образҳои манфӣ. Дар тасвири симоҳои манфӣ нависанда аз ҳаҷв истифода кардааст. Соҳиби кони ангишт Александров марди ҷисман ғафсу ботинан пуч аст. Ӯ типи роҳбарони муфтхӯру бадахлоқ, бевиҷдону фиребгар мебошад ва маънии зиндагиро танҳо дар танпарварию фориғболӣ медонад. Симои зоҳирии Александров ботини нопоки ӯро ҷилва медиҳад: «Александров марди тақрибан шастсола, миёнақад, ба андозае фарбеҳу лабу лунҷаш ба ҳар сӯ овезон буд, ки бинанда гумон мекард, вай ҳозир ба як тараф шорида меравад. Шиками вай аз ҳад калон буд. Ба назар чунин менамуд, ки ӯ ба болои ишкам аз зери либос бӯғчаи калонро ҳам бастааст…»
Ба ҳамин тариқ, сарнавишти Холи ворухӣ, Давлат Назаров, Акбар ва дигар коргарони кони ангишти Шӯроб баёнгари пайдоиш ва ташаккули синфи коргари тоҷик мебошад.
Забони асарҳои Раҳим Ҷалил дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Нависанда кӯшиш кардааст, ки забони асарҳояш равон, образнок ва ҷолиб бошад. Тасвирро хусусан манзараҳои табиат ҷоннок ва таъсирбахш менамоянд. Масалан, романи «Одамони ҷовид» бо тасвири манзараи баҳори деҳаи Тагоб оғоз меёбад: «Пагоҳии баҳор. Насими навозишгар бӯйи димоғпарвари гулҳои дарахтони шафтолу, себ, нок, олуболуи пасу пеш шукуфтаро аз боғҳо ва гулҳои худрӯйро аз доманаи кӯҳҳо ба қишлоқ, даруни дарахту сабзазор пароканда мекард… Дар миёнҷойи осмон як порчаи калони абри сафед, ки ба монанди хирмани пахта менамуд, наҷунбида меистод.
Духтаре рӯйи яке аз ҳавлиҳои қишлоқро, ки шабнами баҳорон ба он шакароб зада буд, мерӯфт ва дар васфи баҳори дилфиреб таронае мехонд:
Дар домани ҳар шукуфабоғе,
Ҳар барги гуле чу шабчароғе.
Гулҳои шукуфта ҷом дар даст,
Бардошта бонг булбули маст.
Серобии сабзаҳои навхез,
Аз лӯълӯи тар зумуррадангез.
Духтар қомати худро гоҳ-гоҳ рост карда, кокулҳои то хами зонуяш фуромадаро даст намуда, ба тахтапушт мепартофт ва дар ҳангоми нафасросткунӣ нигоҳе ба дарахтон менамуд, насими пагоҳӣ шохҳои пур аз гули марворидмонанди дарахтонро оҳиста-оҳиста меҷунбонд».
Ин тасвир, аввалан, таваҷҷӯҳи хонандаро ба деҳаи Тагоб ва духтаре, ки минбаъд дар маркази воқеаҳои асар қарор мегирад, ҷалб менамояд. Ғайр аз ин, тасвири боло ба услуби эҷодии Р. Ҷалил, ки барои пурқувват намудани таъсири асарҳояш аз порчаҳои шеърӣ фаровон истифода мебарад, ишора мекунад. Қувваи муассирии порчаи мазкурро махсусан ташбеҳ, истиора, тавсиф барин санъатҳои бадеӣ афзун гардондаанд. Ба хирмани пахта монанд кардани пораи калони абри сафед воқеӣ ва ба ҳаёти халқ наздик аст.
Воситаҳои тасвии бадеӣ забони асарҳои Раҳим Ҷалилро дилчаспу форам намуда, моҳияти этетикӣ ва маърифатии сухани нависандаро афзун гардондаанд. Ҳар як санъати бадеӣ хусусияти хос дорад ва ягон ҳодисаи муҳимеро равшан инъикос менамояд: а) «ҳоло вай…дар курси нест кардани бесаводӣ… сарашро лучу ҳафтоду ду тори асабашро якто карда мехонд». б) «чунон ки ҷӯю ҷӯйчаҳои майда ба ҳам пайваста ба дарё мубаддал мешаванд, ғайрати якҷояи одамон ба қувваи тавоное мубаддал мегардид».
Дар мисоли аввал барои нишон додани тағйироти сифатии халқи меҳнатӣ дар солҳои 30-юм муболиға (ҳафтоду ду тори асабашро якто карда) саҳм гирифтааст. Дар мисоли дуюм бошад, қудрати фаъолияти дастҷамъонаи мардум ба воситаи ташбеҳи мураккаб (ба якҷошавии ҷӯйчаҳои майда монанд кардани ғайрати якҷояи одамон) таъкид ёфтааст.
Боигарӣ ва ифоданокии забони асарҳои Р. Ҷалил аз ҳисоби истифодаи фаровони мақолу зарбулмасалҳо ва афоризмҳои халқӣ низ таъмин гардидаанд. Нависанда барои тасдиқи фикру андеша ва амалиёту муомилаи персонажҳо мақолу зарбулмасал ва суханҳои ҳикматноки халқро айнан истифода кардааст: «Дасти одамизод гул», «Тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт», «Гап зану муомила шунав», «Бе шамол шохи дарахт намеҷунбад» ва дигарҳо. Ду мисол: «Дар маҳаллаи мо тамоми навигариҳоро аввал занон мефаҳманд. Аксар хабарҳои ёфта омадаашон пурра набошанд ҳам, қисман тасдиқ мегардад. Бечиз намегӯянд, ки, «бе шамол шохи дарахт намеҷунбад». Ё худ: «Котиби ҳавзаи фирқа Усмон Баротовро ҷустуҷӯ кардаму наёфтам. «Асои пир ба ҷои пир » гуфта ба назди котиби комсомол омадам».
Р. Ҷалил вобаста ба тарзи баён ва мавқеи зарбулмасалу мақолҳо дар ҷумла, баъзан, сохти грамматикии онҳоро тағйир медиҳад. Дар ин маврид нависанда кӯшиш менамояд, ки тағйироти шаклӣ боиси костагии мазмун нагардад, балки фикр дар либоси боз ҳам ҷолибтар ифода ёбад. Масалан, адиб аз мақоли «бачаи эрка – балои ҷон» (ё «бачаи бисёр балои ҷон») таркиби ҳикматноки «бачаи бисёр - ҳузури ҷон» сохтааст; Аз зарбулмасали «дасти одамизод гул аст» таркиби «дасти одами озод гул аст»- ро офаридааст; Ба ҷойи мақолҳои «пай ҳасту Ҳайдар нест», «на пай ҳасту на Ҳайдар» шаклҳои дигар – «пай ҳасту вай нест», «на пай буду на Ҳайдар»- ро истифода кардааст ва ғайра. Мисол: «Дасти одамизод гул аст» -- мегӯяд зарбулмасали тоҷик. Мо ба ин калима «озод»-ро ҳамроҳ карда мегӯем: «Дасти одами озод гул аст». Чунки меҳнати озод набудагӣ барои одамизод ранҷу кулфат аст. Меҳнат озод бошад, гул аст, ки димоғи одамизоди меҳнаткашро муаттар мекунад».
Раҳим Ҷалил аз ибораҳои рехта низ бомаҳорат истифода кардааст. Ибораҳои рехтаи «гарданшахӣ кардан», «кӣ кашад ҷабру ҷафо, кӣ кунад кайфу сафо», «дили касеро гирифтан», «нафас рост гирифтан», «ба рӯйи худ пӯстак кашидан», «аз қаду бари чизе задан» ва ғайра ифоданокӣ ва ҷозибанокии забони асарҳои нависандаро афзуда, сабаби боз ҳам барҷаста ва табиӣ баромадани образҳо гардидаанд. Аз ҷумла, дар порчаи зерин ҳаяҷони қалбӣ ва майли зиёди ба ҳам вохӯрдани Пӯлод ва Гулрӯ ба воситаи ибораҳои рехтаи «чашмро хато кардан» ва «чашм дӯхтан» равшану возеҳ тасвир ёфтааст: «Вақте ки Гулрӯ оббиёриро баҳона карда наметавонист, чашми Саодатбибиро хато карда,… ба бошишгоҳи аскарони сурх нигоҳ мекард. Дар он ҷо он ҷавон чашмони худро хеле вақт ба дари кӯчаи Гулрӯино медӯхт»
Чунин таркибҳои рехта ва суханҳои ҳикматнок ҳам дар сухани тасвирии муаллиф ва ҳам дар нутқи персонажҳо фаровон истифода мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо суханони ҳикматнок ҳиссаи асосии нутқи персонажро ташкил медиҳад. Масалан, Салимбой ҳангоми сӯҳбат ба Пӯлод чунин мегӯяд: «Каждум аз роҳи он, ки бадгуҳар аст, монданаш айбу куштанаш ҳунар аст», гуфтаанд. Дар вақти ба даст афтиданаш гази умри ин хел ноҷинсро кӯтоҳ кардан даркор буд… «Душмани хурд ҳаст балои бузург, ғафлат аз ӯ ҳаст хатои бузург», мегӯянд».
Ҳамин тариқ, забони асарҳои Р. Ҷалил бо бисёр хусусиятҳои худ аз забони дигар нависандагони садаи ХХ тоҷик фарқ дорад.
Дида шуд: 26