Пайрав Сулаймонӣ (1899-1933)


Зиндагинома

Отаҷон Пайрав Сулаймонӣ адиби навовар ва бомаҳорати нимаи аввали садаи ХХ ба шумор меравад. Ӯ 15 апрели соли 1899 дар кӯчаи ҳавзи Рашиди шаҳри Бухоро дар оилаи Абдукаримҷон ном савдогари машҳур ба дунё омадааст. Навзодро ба хотири бобояш Сулаймон ном мегузоранд. Бинобар ин, ӯро Отаҷон низ меномиданд.

Отаҷон дар синни 5-солагӣ ба мактаб меравад. Аз соли 1911 то соли 1914 дар мадрасаи ибтидоии форсии шаҳри Марв ба омӯзиш машғул мешавад. Ӯ солҳои 1914 – 1916 назди муаллимони хусусӣ забони русӣ меомўзад ва солҳои 1916 – 1918 дар мактаби русии Когон таҳсил менамояд. Дар ҳамин солҳо забонҳои ӯзбекӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ ва тоториро низ аз худ карда буд.

Баъди воқеаи Колесов Пайрав дар муддати якуним сол ба таври махфӣ хонанишин буд. Дар ин муддат ба омӯхтани мероси бои адибони классикии форсу тоҷик чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино, Низомӣ, Умари Хайём, Саъдӣ ва ҳофиз ҷиддан машғул шуда, худ ба шеърнависӣ мепардозад.

Пайрав соли 1920 шоҳиди инқилоби Бухоро гардида, соли 1921 ҳамроҳи тағояш Ҳошим Шоиқ ба Афғонистон сафар намуд. Солҳои 1923 – 1924 шоир дар Машҳад буд ва баъд ба Бухоро баргашта, ба кори эҷодӣ машғул гардид. Соли 1930 ба Сталинобод омада, дар нашриёти давлатии Тоҷикистон ба кор даромад. Шоири озурдахотир соли 1931 ба Самарқанд рахти сафар баст ва дар ҳамон ҷо 9-уми июни соли 1933ин ҷаҳонро падруд гуфт. Ин ҳодиса 9-уми июи соли 1933 рух дода буд. Ҷасади шоири ҷавомаргро дар мазори Шоҳи Зинда ба хок супурданд. Марсияи устод Айнӣ дар вафоти Пайрав ҷонгудоз ва дардовар аст:

Пайрав, ки яке шоири шӯроии мо буд,

Сад ҳайф, ки дар айни ҷавонӣ зи миён рафт.

Дар даҳр баҳор асту хазон аст, валекин,

Афсӯс тавон хӯрд бар он гул, ки ҷавон рафт.

Аз маҳфили аҳбоб дар ин мотами ҷонсӯз,

То абри сияҳ дудсифат оҳу фиғон рафт…

Сад Пайрави комил ивази он бирасонем,

Як Пайрави наврастаи мо гар зи миён рафт.

Мероси адабӣ

Фаъолияти эҷодии Пайрав кам давом карда бошад ҳам, аз шоир мероси гаронбаҳо ба ёдгор мондааст. Яке аз аввалин шеърҳои шоир бо номи «Бародари ҷонӣ» соли 1916 эҷод гардида, ба духтури чех Йозеф Аул (1894-1956) бахшида шудааст. Аз мақтаи ин ғазал бармеояд, ки шоир тахаллуси худро ҳанӯз айёми ҷавонӣ интихоб намудааст:

Гӯ, ки Пайрави бедил, монда пойи ӯ дар гил,

Мисли мурғи нимбисмил монда дар қафас нолон.

Дар давраи зиндагии шоир ду маҷмӯа бо номҳои «Шукуфаи адабиёт» (1931), «Шеърҳо» (1932) ва достони «Тахти хунин» (1931) ба табъ расидаанд. Баъди вафоти Пайрав чанд маҷмӯаи шоир бо номҳои «Қадам ба панҷсолаи дуввум» (1934), «Маҷмӯаи шеърҳо» (1934, 1941, 1949), «Ба зарбдор» (1936), «Асарҳои мунтахаб» (1954), «Маҷмӯаи осор» (1959), Девон (1971) чоп гардидаанд. Соли 2006 Куллиёти Пайрав (тартибдиҳанда Хуршеда Отахонова) ба табъ расид, ки эҷодиёти адибро ба таври мукаммал фаро гирифтааст. Дар Куллиёт 122 шеър, 3 достон, намунаҳои наср (ҳикояи «Гуландом», порча аз «Ишқи духтари Чингиз»), номаҳо ва тарҷумаҳои адиб ҷойгир шудаанд.

Мӯҳтавои ашъор. Ашъори Пайрав Сулаймониро ба ду давра ҷудо кардан мумкин аст. Давраи аввал шеърҳои шоирро то соли 1924 дарбар мегирад. Ашъори ин давраи суханвар ба ғазал, қасида, мустазод ва қитъа барин жанрҳои суннатӣ тааллуқ дошта, асосан ба мавзӯи ишқ бахшида шудаанд. Шоири ошиқ дар шеърҳои «Бок нест», «То кай», «Шаби ҳиҷрон бо хаёли ҷонон», «Чӣ шуд, ки?..», «Фироқнома» моҷарои ишқи инсониро табиӣ ва дилкаш ифода намудааст. Дар шеъри «Фироқнома», ки аз 37 байт иборат аст, ҳусну ҷамоли маҳбубаи сарбаланд ва ҳолати ногувори ошиқи хастадил бо тамоми рангомезӣ тасвир ёфтааст. Забони ширадор, вазну қофияи солим, ташбеҳу истиора, талмеҳу муболиға ва тавсиф барин санъатҳои бадеӣ ба матн қувваи баланди ифоданокӣ ато намудаанд:

Оҳу фиғон кашидаму гуфтам, ки дӯстон,

Ҳастам асири духтари Чингизи хунхор.

Фарёд аз он ду наргиси ҷодуи дилфиреб,

Эй вой аз он карашмаи чашмони пурхумор!

Абрӯйи теғдораш бар қалб ҷойгир,

Мижгони обдораш бар сина ҷойдор

Аз як нигаҳ ҳазор ғизолон кунад асир

В-аз як назар ҳазор – ҳазорон кунад шикор…

Пайрав чашмони ёрашро ба ду наргиси ҷодуи дилфиреб монанд мекунад, абрӯйи дилдорро теғдору мижгони ӯро обдор меномад ва хеле муболиғаомез қувваи сеҳрноки нигоҳи маҳбубаро васф менамояд. Дар тасвири шоир, нигоҳи ҳазор ғизоли зебочашм қувваи як нигоҳи сеҳрангези маҳбубаро надорад. Чунин тавсифҳои дилнишину мафтункунанда дар дигар шеърҳои давраи аввали эҷодиёти шоир фаровон мушоҳида мешаванд.

Давраи дуюми эҷодиёти Пайрав ба солҳои 1925 ва минбаъда тааллуқ дорад. Дар ин давра дар мавзӯъ, мундариҷа ва услуби баёни ашъори шоир тағйироти куллӣ ба амал омад. Дар шеърҳои лирикӣ, чунонки аз шеъри «Интихоби маъшуқ» (1925) бармеояд, қаҳрамони лирикӣ болидахотиру қаноатманд аст:

Шӯхам ба қасди қатли асирон итоб кард,

Қурбони ӯ шавам, ки маро интихоб кард.

Дар ашъори ин давраи Пайрав вобаста ба талаботи замон мавзӯъҳои танқиди замони амирӣ, озодии занон, байналхалқӣ, муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа, табиати пурсахои Ватан мавқеъ пайдо мекунанд. Шоир дар баробари жанрҳои суннатӣ аз шаклҳои нави шеърӣ истифода мекунад ва ба таълифи чанд достон низ муваффақ мешавад.

Шеърҳои «Шукуфаи ирфон ё худ озодии занони Шарқ», «Ба шарафи қиёми занони Шарқ», «Асира ё худ исён» ба занон ва мавқеи иҷтимоии онҳо бахшида шудаанд. Шеъри «Асира ё худ исён» аз нӯҳ банди чаҳормисраъгӣ иборат буда, дар он тарзи қофияи аз назми русӣ омада (абба, аабб) истифода шудааст. Дар ин шеър як лавҳаи фоҷиавии занону духтарони тоҷик дар даврони амирӣ ба воситаи оҳангу задаҳои мантиқӣ, ифоданокии таркибҳои забонӣ, нидоҳои хитобию саволӣ ва пасту баланд шудани овоз манзури хонанда мегардад:

Раъша дар ҷисму пайкарам афтод…

Аҷабо!

Ин чӣ саҳнаи мудҳиш?

Чист афтода?

Духтаре мадҳуш…

Ҳамла оварда кист, ҳон?

Эй дод!!!

Дев!

Ифрит!

Ваҳшии хунхор!..

Чеҳраашро ба хок мемолид,

Бо садои гирифта менолид:

- Ку даҳо?!

Ку ҳимоя?!

Ку имдод?!

Ку тараҳҳум?

Хароб шав!

Барбод!

Чунин навпардозиҳои ҳунармандона дар баҳорияҳои Пайрав, аз ҷумла дар шеърҳои «Баҳори Тоҷикистон ва нолаи чӯпонӣ», «Насими баҳорӣ», «Баҳория ба баҳорикорон» равшан мушоҳида мешавад. Шоир дар шеъри «Насими баҳорӣ» ҳам аз қолибҳои адабиёти классикӣ ва ҳам аз вазну оҳангҳои шеърҳои халқӣ истифода карда, дар назми давраи нави тоҷик намунаи беҳтарини баҳорияро эҷод кардааст:

Саҳаргаҳ, ки дар бистари беқарорӣ,

Шаберо ба сар бурда будам ба хорӣ,

Ҳамебудам аз сардии дай ба зорӣ,

Ки ногаҳ насими хуше шуд аёрӣ

Насими баҳорӣ, насими баҳорӣ.

Ин шеър аз шаш банди панҷмисраъгӣ иборат буда, мисраи панҷум дар ҳар банд такрор меёбад. ҳамчунин, мисраи васила ба мисраи чоруми ҳар банд ҳамқофия мешавад: ааааа; бббаа; ввваа; гггаа… Дар назми тоҷик ин тарзи шеърсозӣ ва қофиябандиро Пайрав бори аввал ба кор бурдааст. Чунин навпардозӣ ва тозакориҳо дар дигар соҳаҳои ашъори шоир ҳам бармало мушоҳида мешавад.

Накӯҳиши зулму истибдод

Дар ашъори гуногунмавзӯи шоир зулму истибдод ва поймолкунии ҳуқуқҳои инсонӣ мазаммат мешавад. Ин ҳолатро дар шеърҳои «Ду ҳуҷум», «Якуми Май ва МОПР», «Ба тахтнишин», «Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо» равшан мушоҳида кардан мумкин аст.

Шеъри «Як қурбонии…».  Дар шеъри «Як қурбонии кўчаи буржуазии Аврупо» беқадрӣ ва беҳуқуқии инсони меҳнатӣ дар ҷомеаи сармоядорӣ ба тасвир омадааст. Ин шеър бо тасвири симои зоҳирии зани сарсону саргардон ва беҳолу бемадор дар фасли зимистон оғоз меёбад:

Бо сару пойи бараҳна фасли зимистон.

Пираҳани пора-пора пӯшида бар тан,

Хаставу бемору бемадор яке зан

Дар бағал андар гирифта кўдаки гирён…

Пайрав дар бандҳои минбаъда сабабҳои ба ин вазъият гирифтор шудани зан ва ҳолатҳои рӯҳии ӯро ба воситаи калимаҳои таҷнисӣ, тазодӣ, хитобӣ ва махсусан тавсифӣ (хаставу бемору бемадор, бекасу беёру бемакону бепарастор, дилфигору парешон) нишон медиҳад. Зан, кӯдаки гуруснааш дар бағал, навмедона аз кӯчае мегузарад, ки чашмаш ба бинои мунаққашу шишакории «ошхонаи кафешантан» меафтад. Аз девори шишакорӣ манзараи айшу ишрат ва дастурхони пурнозу неъмат равшан намудор буд. Зани бечора ба ин манзара хомӯшона менигарист, вале кӯдаки гурусна тоқат надошт:

Кӯдак чашмаш чу ба таом бияфтод,

Аз алами гуруснагӣ ба шиша дарафтод.

Модараш оғоз кард зорию фарёд,

Мусю, як луқма гӯшт!

Мистирис, нон!

Воқеа торафт шиддат мегирад. Полиси шаҳр аз доду фарёди кӯдак дар ғазаб шуда, занро лагадкӯбӣ мекунад. Аз зарби лагад кӯдак аз дасти модар афтида нобуд мешавад. Банди ҷамъбастии шеър басо риққатовар ва пурсӯз аст:

Хӯрд сари ӯ ба санги сахти сари роҳ,

Мағзи сараш пош-пош гашт ба ҳар ҷо.

Мӯйканон модар уфтод, ки:

–Эй воҳ!

Тифлаки бечораам талаф шуда.

Қурбон!

Шеъри «Як қурбонии кӯчаи буржуазии Аврупо» аз 10 банди чаҳормисраъгӣ иборат аст. Пайрав Сулаймонӣ дар ин шеър ба воситаи нидоҳо, муроҷиатҳои хитобӣ, такрор, таҷнис, тавсиф ва калимаҳои ҳамовоз (Хӯрд сари ӯ ба санги сахти сари роҳ) ифоданокии шеърро боз ҳам афзун мегардонад ва нисбат ба гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ҳам раҳму шафқат ва ҳам нафрату бадбиниро бедор мекунад.

«Тахти хунин». Пайрав Сулаймонӣ достонҳои «Тахти хунин», «Ҷумҳурияти Тоҷикистон ва матбуоти ранҷбарии тоҷик» ва асари нотамоми «Манораи марг» низ дорад, ки ҳар се дар жанри маснавӣ (аа, бб, вв…) эҷод гардидаанд. Достони «Тахти хунин» (1931) аз оғоз ва ҳашт боб иборат аст ва чунон ки худи шоир ишора кардааст, дар он манзараҳои истибдоди охирин амири сулолаи манғитияи Бухоро – Олимхон (1880-1946) тасвир гардидааст. Дар оғоз макони воқеа нишон дода мешавад. Аз ифодаҳои пайдарпайи тазодиву маҷозӣ дар баробари намуди зоҳирӣ маркази зулму истибдод ва қатлу ғорат будани қасри подшоҳӣ равшану возеҳ эҳсос мешавад:

Дар миёнаҷойи боргаҳ ба ҳашам

Тахти сангин ситода мустаҳкам.

Ранги ӯ ранги гулгуни сиёҳ,

Нест гулгун, балки хуни сиёҳ.

Зери ў чорпояи пӯлод,

Назди ҳар поя буд як ҷаллод.

Шоир ба воситаи калимаҳои хун, сиёҳ, ҷаллод, шамшер, гург, ханҷар ва такрору тавсиф барин санъатҳои бадеӣ моҳияти ҳақиқии ин қасри зоҳиран боҳашамату ботинан даҳшатнокро ошкор месозад.

Образҳои асар. Дар боби якум образи соҳиби ин тахти даҳшатбор – амир Олимхон тасвир меёбад. Симои образи асосӣ чунон ҳунармандона офарида шудааст, ки хонанда аз тасвир ботини даҳшатноку воҳимаангези ӯро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунад. Санъатҳои ташбеҳ, тавсиф, такрор ва махсусан муболиға (аз нигоҳаш ба ларза сад Чингиз) хислатҳои ғайриинсонӣ ва ботини нопоки ин амири ситамгарро ҷамъбаст намудаанд. Ифодаҳои чашмони пурхун, абрӯвони хамидаи пурчин, лаби ташнаи хун, панҷаи хунрез ва мисли бабр нохуни тез доштан дар ифодаи мукаммали образ саҳм гирифтанд:

Рӯйи он тахтасанги пурдаҳшат

Буд биншаста марди бадҳайбат.

Чашмҳо хира-хираву пурхун,

З-он ҳувайдост қаҳру хашму ҷунун.

Абрӯвони хамидаи пурчин,

Чини ӯ сар кашида то ба ҷабин.

Риши хурмоирангу пурхаму тоб

Бар занах печ хўрда ҳамчу таноб,

Лаб ба хун ташна, панҷааш хунрез,

Бабрсон нохунаш дарандаву тез,

Синааш пур зи ҷавру зулму ситез.

Аз нигоҳаш ба ларза сад Чингиз…

Таркибҳои тафсилии чашмҳои хира-хира, абрӯвони пурчини то ба пешона сар кашида, риши мисли таноб ба манаҳ печу тобхӯрда бо тобишҳои ҳаҷвии худ ҷаҳолати амирро боз ҳам бештар ошкор месозанд.

Образи дигари достон мири ғазаб мебошад, ки ки он ҳам асоси таърихӣ дорад. Қӯшбегии аморати Бухоро Низомиддинхӯҷа бо ҳаммасла- конаш моҳҳои март-апрели соли 1918 дастгоҳи нави одамкушӣ – ба ғарғара кашидани одамонро «ихтироъ» мекунад. Амир Олимхон барои ин «хизматаш» ба ӯ «мири ғазаб» ном мениҳад, ки маънои раиси ҷаллодонро дошт. Образи мири ғазаб дар бобҳои чорум ва панҷуми достон тасвир меёбад.

Мири ғазаб бо ифодаҳои такрор ба такрори каммазмун амирро васф мекунад. Вале дар суханони бетартибу каммазмунаш нисбат ба амир садоқату самимият ҳис намешавад. Пайрав Сулаймонӣ ба воситаи киноя, тазод, муболиға ва талмеҳ барин воситаҳои тасвир рўҳи ҳаҷвии суханони мири ғазабро афзудааст:

Эй ба фармонат шаҳрҳо вайрон,

Фуқаро кӯ ба кӯю саргардон!

Эй ки бо як ишора, дар як он

Мамлакатро намуда гӯристон…

Эй ту бо амну сулҳ дорӣ ситез

Эй ки паймонаат зи хун лабрез!

Таркибҳои киноявии «авлоди поки шоҳи араб будан», «дар олам шўҳрат афкандан», ташбеҳи ба гӯристон монанд кардани мамлакат ва муболиғаи ба як амр сад ҳазор фақир ҳалок намудан кулли хислатҳои манфури амирро ошкор месозанд.

Дар айни ҳол аз суханони мири ғазаб симои нафратовару ботини нопоки худи ӯ ҳам маълум мешавад. Мири ғазаб дар бераҳмӣ, ваҳшигӣ, ҷаллодӣ ва бадмастиву бадахлоқӣ аз амир камӣ надорад. Ӯ беибо назди амир аз қатлу ғоратҳояш ҳисобот медиҳад ва аз ин рафтори ваҳшиёнаи худ ифтихор ҳам мекунад:

Кӯдаконро ба кӯра дардодам,

Сўз дар синаи падар додам.

Наъшҳо дар танӯр сӯзондам,

Чашмҳоро ба тир дӯзондам.

Дасту бинию гӯш буррондам,

Зинда-зинда ба гӯр гӯрондам,

Хун чун дар ҷӯйҳо равон кардам,

Даштро боғи арғувон кардам…

Дар боби ҳафтуми «Тахти хунин» образи намояндагони халқи мазлум мушоҳида мешавад. Инҳо шаш нафар аз нажоди кўҳистонанд ва азбаски аз супурдани андози подшоҳӣ саркашӣ карданд, навкарон онҳоро дасту по баста назди амир овардаанд. Фақирони кўҳистонӣ чунон «пиру ранҷуру хаставу беморанд», ки ҳатто қувваи додхоҳӣ кардан ва ба пурсишҳо ҷавоб доданро надоранд. Шоир сабаби тарсӯӣ ва беҷуръатии фақирони кӯҳистониро дар мустаҳкам будани пояи зулм медонад:

Хостанд то зи шаҳ суол кунанд,

Додхоҳиву арзи ҳол кунанд.

Муштҳои қавии ҷаллодон

Хӯрд бар фарқҳояшон чандон,

Чашмҳо аз ҳадиқа берун шуд,

Мағзҳо ҳар тараф парешон шуд.

Пайрав Сулаймонӣ дар ҳафт боби достон ба дараҷаи ниҳоӣ расидани ҷабру зулмро дар аҳди ҳукумати манғития нишон медиҳад. Дар боби хотимавии асар шоир бо қувваи халқи меҳнатӣ аз байн бурдани тахти хунини амир Олимхонро мухтасар тасвир мекунад ва бо ҳамин ғояи бебақо будани пояи зулм талқин мешавад.

Дида шуд: 113


2020 SHOIR.TJ