Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492)


ЗИНДАГИНОМА

Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Ҳангоме ки Ҷомӣ 11- сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меояд. То ин дам Абдураҳмони Ҷомӣ дар назди падараш Низомиддин Аҳмад саводи пурра бароварда, инчунин забони арабиро то андозае аз худ карда буд. Баъд аз ин Абдураҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ҷомӣ аз кӯдакӣ зеҳни бурро, ақли расо ва одати аҷибе дошт. Ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари кунҷковӣ нигоҳ мекард. Фаъолияти эҷодии Ҷомӣ барвақт cap шуда буд. Ҳанӯз аз овони ҷавонӣ овоза ва ҳурмат пайдо кардани ӯ на танҳо дар ватани худаш, балки дар бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна ҳам бо далелҳо исбот шудааст.

     Ҷомӣ 9-уми ноябри соли 1492 дар Ҳирот фавтидааст. Аз Абдураҳмони Ҷомӣ асарҳои бисёри манзуму мансур мерос мондаанд. Таърихнависони Шарқ ва Осиёи Миёна асарҳои Ҷомиро аз 34 то 99 номгуй шумурдаанд. Калонтарин асарҳои ӯ "Баҳористон". китоби "Ҳафт авранг", ки аз ҳафт достони манзум иборат аст ва "Девони Ҷомӣ" - маҷмӯаи ғазалиёт мебошанд.

Ҳикоятҳо аз "Баҳористон"    

   Абдураҳмони Ҷомӣ бо шеъру сухани худ дар байни мардуми мо шӯҳрат ёфтааст. Машҳуртарин китоби насрии ӯ "Баҳористон" аст. Ин китоб дар пайравии "Гулистон"-и Саъдии Шерозӣ навишта шудааст ва аз ҳашт боб иборат буда, ҳар боби он аз ҳикоятҳои пандомез, оқилона, ҳикматҳои зиндагӣ, рӯзгори ибратбахши шахсони бузург ва шоирон ба ҳам омадааст. Як боби китоб аз масалҳои ширини амали парандагон ҳикоят мекунад. Ҷомӣ марди ҳикматшинос ва файласуф ҳам буд ва бо панду ҳикматҳо моро насиҳат мекунад ва панду андарз меомӯзад.

Ҳикоят

     Искандари Румӣ дар овони ҷаҳонгирӣ бо ҳилаи тамом ҳисореро бикушод ва ба вайрон кардани он фармон дод. Гуфтанд: "Дар он ҷо ҳакимест доно ва бар ҳалли мушкилоти ҳикмат тавоно". Вайро талаб дошт. Чун биёмад, шакле дид аз қабули табъ дур ва табъи аҳди қабул аз вай нуфур. Гуфт: "Ин чӣ сурати ғариб ва чӣ шакли муҳиб аст?" Ҳаким аз он сухан барошуфт ва хандон - хандон дар он ошуфтагӣ гуфт:

 

ҚИТЪА

Таъна бар ман мазан ба сурати зишт,

Эй тиҳӣ аз фазилату инсоф!

Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер,

Кор шамшер мекунад, на ғилоф!

     Дигар гуфт: "Ҳар киро хулқ бо халқ на некӯст, пӯст бар ба­дан зиндони ӯст, чунон аз вуҷуди худ дар тангноест афтода, ки зиндон дар ҷанби он азмгоҳест кушода".

ҚИТЪА

Касе, ки бо ҳама кас хӯи бад ба кор барад,

Ҳамеша дар кафи сад ғусса мумтаҳан донаш.

Машав ба шаҳна, ки зиндон мақоми ӯ гардон,

Ки пӯст бар тани бадхӯ бас аст зиндонаш.

     Ва дигар гуфт: "Ҳасуд ҳамеша дар ранҷ аст бо парвардигори хеш ситезасанҷ ҳар чӣ дигаронро диҳад, вай написандад ва ҳар чӣ на насиби вай, дил дар он бандад".

ҚИТЪА

Эътироз аст бар аҳкоми ҷаҳондори ҳаким,

Одати марди ҳасадпеша, ки хокаш ба даҳан.

Ҳар чӣ бинад ба кафи ғайp, фиғон бардорад,

Ки чаро дод ба вай бесабаб онро, на ба ман.

     Дигар гуфт: "Хирадмандони карим мол бар дӯстон шуморанд ва бехирадони лайм аз барои душманон бигузоранд".

ҚИТЪА

Ҳар чӣ омад ба дасти мрди карим,

Ҳама дар пои дӯстон афшонд.

В-он чӣ андӯхт сифлатабъи лаим,

Баъди марг аз барои душман монд.

     Дигар гуфт: "Бо хурдон дар ҳазлу фисус овехтан обрӯи бузургӣ рехтан аст ва ғубори зиллату хорӣ ангехтан".

ҚИТЪА

Эй, ки бар сифла медарӣ ҷома,

Ном, тарсам, ба гургият биравад.

Машин афсӯспеша бо хурдон

В-арна фарри бузургият биравад.

     Дигар гуфг: "Ҳар кӣ бо зердастон шеваи муштзанӣ бар даст гарад, дар лагадкӯби забардастон бимирад".

ҚИТЪА

Дило, гӯш кун аз ман, ки ин нуктаи хуш,

Ки мондаст дар гӯшам аз нуктадонон.

Ки ҳар кас кашад теғи номеҳрубонӣ,

Шавад куштаи теғи номеҳрубонон.

 

ҲИКОЯТ

     Дар маҷлиси Кисро се тан аз ҳукамо ҷамъ омаданд: файласуфи Рум, ҳакими ҳинд на Бузургмеҳр. Сухан ба он ҷо расид, ки сахттарини чизҳо чист. Румӣ гуфт: "Пирию сустӣ ба нодорию тангдистӣ". Ҳиндӣ гуфт: "Тани бемор бо андӯҳи бисёр". Бузургмеҳр гуфт: "Наздики аҷал бо дурӣ аз ҳусни амал". Ҳама ба қавли Бузургмеҳр бозомаданд.

 

ҲИКМАТ

     Се кор аз се гурӯҳ зишт ояд: тундӣ аз подшоҳон ва ҳирс бар мол аз доноён ва бухл аз тавонгарон.

ҚИТЪА

Ин се кор аст, ки-ш нигорад зишт,

Аз се кас хомаи нигоранда:

Тундхӯии подшоҳи қавӣ,

Ҳирси донову бухли доранда.

АЗ ТАМСИЛОТИ "БАҲОРИСТОН"

ҲИКОЯТ

     Рӯбоҳбачае бо модари худ гуфт:

     -Маро ҳилае биёмӯз, ки чун бар кашокаши саг дармонам, худро бираҳонам.

     Гуфт:

     -Он ҳила фаровон аст, аммо беҳтарини ҳама он аст, ки дар хонаи худ бинишинӣ, на ӯ туро бинад ва на ту ӯро бинӣ.

 

ҚИТЬА

Чу бо ту хасм шавад сифлае, на аз хирад аст,

Ки дар хусумати ӯ макру ҳила соз кунӣ.

Ҳазор ҳила тавон сохт в-аз ҳама он бех,

Ки ҳам зи сулҳу ҳам аз ҷангаш эҳтироз кунӣ.

 

ҲИКОЯТ

     Сурхзанбӯре бар магаси асал зӯр овард, то вайро тӯъмаи худ созад. Ба зорӣ даромад, ки:

      -Бо вуҷуди ин ҳама шаҳду асал маро чӣ қадру маҳал, ки онро бигузорӣ ва ба ман рағбат орӣ?

     Занбӯр гуфт:

     -Агар он шаҳд аст, ту шаҳдро конӣ ва гар он асал, ту сарчашмаи онӣ.

 

ҚИТЬА

Э хуш он марди хақиқат, ки зи пайғому салом

Рӯ битобад, ба сӯи моидаи васл равад.

Асл чун рӯй намояд зи паси пардаи фаръ,

Фаръро боз гузорад, ба сари асл равад.

 

ҲИКОЯТ

Мӯреро диданд ба зӯрмандӣ камар баста ва малахеро даҳ баробари худ бардошта. Ба тааҷҷуб гуфтанд:

  -Ин мӯрро бинед, ки бо ин нотавонӣ бореро ба ин гаронӣ чун мекашад?

Мӯр чун ин сухан бишунид, бихандиду гуфт:

  -Мардон борро бо нирӯи ҳиммату бозуи ҳамийят кашанд, на ба қуввати тану захомати бадан.

ҚИТЬА

Боре, ки осмону замин cap кашид аз он,

Мушкил тавон ба ёварии ҷисму ҷон кашид.

Ҳиммат қавӣ чу аз мадади раҳравони ишқ,

К-он борро ба қуввати ҳиммат тавон кашид.

“СИЛСИЛАТ-УЗ –ЗАҲАБ”

ҚИССАИ РУСТОӢ, КИ ДАРОЗГУШИ ПИРИ ЛАНГИ ПУШТРЕЗ БА БОЗОРИ ХАРФУРӮШОН БУРД

Содамарде зи ақд дуртарак,

Дошт дар деҳ яке заиф харак.

Хараке пиру сусту лоғару ланг,

Ки нарафтӣ ду рӯз як фарсанг...

Ҳаргиз аз зарби газ напаймудӣ,

Роҳро ҷуз ба газ напаймудӣ.

Буд доим зи захми марди салим,

Сурх кемухти ӯ ба ранги адим.

Гар расидӣ ба ҷӯяке борик,

Ҳама олам бар ӯ шудӣ торик...

Рӯзе он содарӯй шаҳраш бурд,

Ба ҳарифони харфурӯш супурд.

Яке аз ҷамъ харфурӯшона

Баҳри ин кор риш зад шона.

Бонг мезад, ки кист дар бозор,

Кӣ харад баҳри худ хари раҳвор?

Хар магӯ, астари ҷавону равон,

Сахт дар роҳу тунд дар майдон.

Ҷахад аз ҷой, агар расад ба масал,

Сояи тозиёнааш ба кафал.

Балки дар сояаш гар ояд пеш,

Гомҳо бугзарад зи сояи хеш,

Меҷаҳад ҳамчу бод ҷой ба ҷой,

Меравад ҳамчу об дар гилу лой.

Ҳаст ҷӯйи бузургу наҳри азим,

Пеши ӯ кам зи ҷадвали тақвим.

Халқ аз он гуфтугӯй механдид,

Лекин он содамард чун бишнид

Сар фарогӯши харфурӯш овард:

- К-эй ба бозори харфурӯшон фард,

Агар ин қисса рост мегӯй,

Роҳи ин арса рост мепӯй,

Сухане гӯямат, ба ман кун гӯш,

Ба манаш боз деҳ, ба кас мафрӯш.

Дер шуд, к-инчунин сутуда улоғ,

Ки ту гуфтӣ, кунам ба шаҳр суроғ,

Эй аҷаб, к-он худ они ман будааст,

Рӯзу шаб зери рони ман будааст.

Ёр дар хонаю ба гирди чаҳон

Ман талабгораш ошкору ниҳон.

Посухаш дод, к-эй салимулқалб,

Карда даҳр аз ту фаҳму дониш салб,

Балки ҳаргиз туро набудаст он,

К-аз ту, гӯям касе рабудаст он.

Солҳо шуд, ки рокиби ӯӣ,

Қиссаи ӯ зи ман чӣ меҷӯӣ?

Ба газофе, ки дар забон ду-се бор,

Рондам аз баҳри гармии бозор.

Дар сифатҳои ин матоъи сақат

Аз ҷаҳолат чӣ уфтӣ ба ғалат!?

 

ҚИССАИ ОН ХИРС, КИ ОБАШ МЕБУРД

Хирсе аз ҳирси тӯъма бар лаби рӯд,

Баҳри моҳӣ гирифтан омада буд.

Ногаҳ аз об моҳие барҷаст,

Бурд ҳоле ба сайди моҳӣ даст.

Пояш аз ҷой шуд, дар об афтод,

Пӯстин з-ин хато дар об ниҳод...

Об бас тез буду паҳновар,

Хирси мискин дар об шуд музтар.

Дасту по зад басеву суд надошт,

Оқибат хешро ба об гузошт.

Аз бало чун ба ҳила натвон раст,

Бояд он ҷо зи ҳила шустан даст.

Ҳамчу хике, ки пашм ноканда.

Бошад аз рахту бахт оганда.

Бар сари об чархзан мерафт,

Даст шуста зи ҷону тан мерафт.

Ду шиновар зи дур бар лаби об,

Баҳри коре ҳаме шуданд шитоб.

Чашмашон ногаҳ фитод бар он,

Аз таҳайюр шуданд хира дар он.

К-он чӣ чизаст, мурда ё зиндаст,

Пӯсте аз гумош огандаст?

Он яке бар канора манзил сохт

В-он дигар хешро дар об андохт.

Ӯ шино кард, то бар он бирасид,

Хирс худ махласе ҳаме талабид.

Дар шиновар ду даст зад маҳкам,

Боз монд аз шино шиновар хам.

Андар он мавч гашта аз чон сер,

Гох боло хамешуду гах зер.

Ёр чун дид холи у зи канор,

Бонг бардошт, к-"Эй киромй ёр!

Гар гарон аст пӯст, бигзораш,

Ҳам бад-он мавҷи об биспораш".

Гуфт: - "Ман пӯстро гузоштаам,

Даст аз пӯст боздоштаам.

Пӯст аз ман ҳаме надорад даст,

Балки пуштам ба зӯри панҷа шикаст"!

Ҷаҳд кун, ҷаҳд, эй бародари пук,

Пӯст донӣ зи хирсу хик зи хук.

 

ТАМСИЛ

Гуфт рӯбоҳбачча бо рӯбоҳ,

К-"Эй зи макри сагони деҳ огоҳ

Бозие кун кунун маро таълим,

Ки бад-он аз сагам набошад бим".

Гуфт: "Аз он бозие набинам беҳ,

Ки ту дар дашт бошӣ, ӯ дар деҳ.

Чашми вай бар ту, чашми ту бар вай,

Нафитад варна афтадат дар пай".

 

ҲИКОЯТИ ПИРЗОЛЕ, КИ РОҲ БАР САНҶАР ГИРИФТА

Буд дар Марви Шоҳи ҷон золе,

Ҳамчу золи ҷаҳон куҳансоле.

Рӯзе омад зи ханҷари ситаме,

Бар вай аз як-ду лашкарӣ аламе.

Аз тазаллум забон чу ханҷар кард,

Рӯй дар раҳгузори Санҷар кард.

Дид, к-аз роҳ мерасад Санҷар,

Бурда аз саркашӣ ба кайвон cap.

Бонг бардошт, к-эй парешон кор,

Гӯши худ сӯи синарешон дор!

Гӯши Санҷар чу он нафир шунид,

Борагӣ сӯи гандапир кашид.

Гуфт, к-эй пиразан, чӣ афтодат,

Ки зи гардун гузашт фарёдат?

Гуфт: "Ман ранҷкаш яке золам,

Камтар аз сад ба андаке солам.

Хуфта дар хонаам се-чор ятим,

Дилашон баҳри ним нон ба ду ним.

Ғайри нони ҷавин нахӯрда таом,

Карда ширин даҳон зи мева ба ном.

Бо ман имсол гуфтугӯ карданд

В-аз ман ангур орзӯ карданд.

Сӯи деҳ ҷустам аз ватан дурӣ,

Тан ниҳодам бар ранҷи муздурӣ,

Дастам инак чу панҷаи муздур

З- обила пур чу хӯшаи ангур.

Чун зи деҳ дастмузди хеш ситадам,

Пур шуд аз орзӯшон сабадам.

Бо дили хурраму лаби хандон,

Рӯ ниҳодам ба сӯи фарзандон.

Як- ду бедодгар зи лашкари ту,

Дар раҳи адлу зулм ёвари ту.

Бар мани хаста ғорат оварданд,

Сабадам з-орзӯ тиҳӣ карданд...

Ту чунин фориға ҷигархорон

Аз ҷафои ту хуни дил борон.

Ин чӣ шоҳиву мамлакатдорист,

Дар дили халқ тухми ғамкорист?

Даст аз адлу дод доштаӣ,

Золимон бар ҷаҳон гумоштаӣ.

Гарчи имрӯз нест ҳадди касе,

Ки барорад зи зулми ту нафасе,

Чун ҳувайдо шавад садои нуҳуфт.

Чӣ ҷавоби Худой хоҳӣ гуфт?!...

Пеш аз он к-ат аҷал даҳон бандад,

Хасмат аз ашки дӯстон хандад,

 Чашм букшо, чу оқибатбинон,

Бинигар ҳоли зори мискинон".

Шоҳ Санҷар чу ҳоли ӯ донист,

Сабр бар ҳоли хеш натвонист.

Даст бар рӯ ниҳоду зор гирист,

Гуфт бар худ, ки ин чӣ коргарист?

Туф бар ин Хусравиву Шоҳии мо,

Туф бар ин зиштию табоҳии мо...

Баъд аз он гуфт, к-он ду золимро

В-он ду сардафтари мазолимро,

Дафтари умр пора-пора кунанд,

То ҳама золимон назора кунанд.

 

ҲИКОЯТИ ҲОТАМ

Ҳотам, он баҳри ҷуду кому ато,

Рӯзе аз кавми хеш монд ҷудо.

Уфтодаш гузар ба қофилае,

Дид асире, ба пой силсилае.

Пешаш омад ба баҳри кушод,

Хост з-ӯ фидя, то шавад озод.

Ҳотам он ҷо надошт ҳеҷ ба даст

Бар вай аз бори он расид шикаст.

Холӣ аз лутф пой пеш ниҳод,

Банди ӯро ба пои хеш ниҳод.

Сохт з-он банди сахт озодаш,

Изни рафтан ба ҷои худ додаш.

Қавми Ҳотам зи пай расидандаш,

Чун асирон ба банд дидандаш,

Фидяи ӯ зи моли ӯ доданд,

Пои ӯ ҳам зи банд букшоданд.

Дида шуд: 3


2020 SHOIR.TJ