Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат (1878-1902)


Зиндагинома

Яке аз шоирони тавонои ибтидои асри XX тоҷик Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат аст, ки бо эҷодиёти худ ба адабиёти давр ва минбаъда таъсири муайян гузоштааст. Ҳайрат соли 1878 дар гузари Арўсони Бухоро таваллуд ёфтааст. Номи шоир Муҳаммадсиддиқ буда, «Ҳайрат» тахаллуси адабии ўст. Падари шоир дар масҷиди гузари Арўсон муаззин буда, барои тарбияи писараш ҳаматарафа саъй доштааст. Шоир дар овони ҳафтсолагӣ аз модар ва дар дувоздаҳсолагӣ аз падар ятим мемонад. Ҳайрат дар синни 15-солагӣ ба мадраса дохил шуда, илмҳои ҷории замонро комилан фаро мегирад. Вай соли 1895 бо устод Садриддин Айнӣ рафоқат пайдо намуда, онҳо аз ҳамдигар хеле баҳраҳо мебаранд.

Ҳайрат аз нигоҳи иқтисодӣ чандон доро набуд ва аз ин ҷиҳат танқисӣ мекашид. Ин аст, ки шоир барои беҳбудии ҳолати иҷтимоии хеш, соли 1898 ба сифати мирзо, ба хидмати Ашўрбек ном даллоли пўсти қароқўлӣ дохил мегардад. Аз сабаби он ки Ҳайрат бемор шуда буд, соли 1900 бо маслиҳати дўстону наздикон барои тағйири муҳит ба Фарғона меояд. Бемории шоир вазнин гардида соли 1902 Ҳайрат аз дунё чашм мепўшад.

Ҳайрат махсусан бо таъсири мактаби адабии Шарифҷон Махдум назокати илми шеърро хеле барвақт аз худ менамояд. Аз тарафи дигар, муҳити илмӣ-адабии шаҳри Бухоро низ ба эҷодиёти ў таъсири зиёд менамояд. Ин аст, ки ў ба шеъргўӣ аз овони хурдсолӣ шурўъ мекунад.

Мероси адабии Ҳайрат

Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат ҳанўз аз даврони хурдсолӣ то таҳсили мадраса ба шеъру шоирӣ рў оварда буд. Устод Садриддин Айнӣ дар ин бора менависад, ки: «… аз камоли истеъдод ва ишқи адабиёт дар хурдсолӣ ба мартабаи устодӣ расида буд». Ҳайрат тавонист дар муддати кўтоҳ аз худ ашъори зиёде ба ёдгор гузорад. Ашъори шоирро баъд аз вафоти ў яке аз бузургону фозилони замон-Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ба сифати девон мураттаб намудааст. Ба ҳамин тариқ, девони ашъори Ҳайрат дорои 2447 байт буда, аз шаклҳои шеърии зерин: ғазалу қасида, қитъаву рубоӣ, мусаммати мухаммас, мусаммати мусаддас ва ғ. иборат мебошад.

Дар девони ў ғазал нисбат ба шаклҳои дигари шеърӣ мавқеъ дорад. Мавзўи марказии ашъори Ҳайрат ишқу ошиқӣ, шўру валвалаҳои ботинии инсон, садои дилҳои лабрези вафодирию муҳаббат, садоқату самимият мебошад. Бахусус ғазалиёти ў аз ин ҷиҳат афзалияти бештаре дорад.

Масалан, ғазали зерини Ҳайрат, ки аз нигоҳи мавзўъ, мазмуну мўҳтаво ишқӣ - васфӣ буда, дар он ҳусну ҷамоли маҳбуба васф карда мешавад, хеле ҷолиб аст. Ин ғазал, ки аз ҳар ҷиҳат аз нигоҳи хусусиятҳои мундариҷавӣ: маъниофарӣ, мазмунсозӣ, интихоби лафзу назокати ифода, ҳунари коргирӣ аз санъатҳои бадеии маънавию лафзӣ ва ғ. ҷолиб аст.

Аз ҷиҳати талаботи хусусиятҳои шаклӣ ҳам хеле дилнишину хотирмон мебошад. Зеро ҳатто диққати устод С. Айниро ҷалб намудааст ва устод ин ғазалро яке аз беҳтарин ғазалҳои суннатӣ меҳисобад. Чунончи, матни пурраи он ғазал:

Ай сарв, беибо ба чаман сар кашидаӣ!

Моно, ки сарви қомати ўро надидаӣ?

Ороми сарви ман бувад аз ҷўйбори чашм,

Ай сарв, агар ту бар лаби ҷў орамидаӣ.

Ў сарви дилбар асту равон аст дар хиром,

Ту сарви бебариву ба кунҷе хазидаӣ!

Ў реша дар дил асту зи дил об мехурад,

Ту реша дар гил астиву аз гил дамидаӣ.

Ў нозпарвар асту бувад шох-шохи лутф,

Ту боғпарвар, аз ду- се шохи буридаӣ.

Ҳайрат, зиёда мўътакиди сарви нози ў

Гаштӣ, магар мунозираи мо шунидаӣ?

Ғазали зикршуда бешубҳа хеле ҳунармандона эҷод шудааст. Бунёди тасвири шеъри боло ду сарв буда, яке дарахт ва дигаре маҳбуба мебошад. Аз ибтидо то интиҳо ташбеҳи баргаштаву ташбеҳи тафсилӣ ба кор гирифта шудааст, то ин ки шоир бартарии маҳбубаро нишон бидиҳад. Сарви чаман, ки аз дарахтони дигар дар қаду қомат бартарӣ дорад, ифтихор мекунад. Шоир ўро огоҳ месозад, ки фахри ту беҷост, зеро аз рўи тамоми хусусияту аломатҳои муқоисашаванда қомати маҳбуба бартарӣ дорад. Хусусиятҳои шаклии шеъри боло низ басо ҷолиб ва хотирмон аст. Зеро интихоби калимаҳову ибораҳо, хусусиятҳои табии дарахту инсон, ҷобаҷогузорӣ, мантиқи бадеии сухан ва ғайра радифро талаб намекунад. Вале калимаҳои қафияшаванда: кашидаӣ, надидаӣ, орамидаӣ, хазидаӣ, дамидаӣ, буридаӣ, шунидаӣ низ бозёфти шоиранд. Онҳо хеле хуб «чинда» шудаанд. Дар калимаҳои ҳамқофия решаи қофия - идаӣ буда, ҳарфи равӣ «д» мебошад. Аз ин рў, қофияҳои ғазали боло мутлақ мебошанд.

Аз нигоҳи вазн низ ғазали мазкур нисбатан дилнишин аст, зеро дар баҳри Музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф ё мақсур иншо шудааст. Афоъили он чунин шакл дорад:

- - v/ - v - v / v - - v / - v -

- - v/ - v - v / v - - v / - v -

Яъне: мафъулў, фоъилоту, мафоъӣлу, фоъилун

Ҳайрат шоири ғазалсарост ва дар ин ҳунар хеле панҷаи қавӣ дорад. Ў ғазалҳои тақлидкорона ҳам дорад, вале дар тақлид ҳам на ҳар кас муваффақият пайдо карда метавонад. Масалан, ба ғазали мазкури Ҳайрат агар таваҷҷўҳ карда шавад, хеле ҳунармандона эҷод карда шудааст:

Чашм андозам, ки он гулпираҳан ёдам кунад,

Гўш як дам аз тараҳҳум сўи фарёдам кунад.

Чанд бошам аз фироқаш банда бо оҳу фиғон,

Кош сўям як назар он сарви озодам кунад.

З-он лаби ширинлабе ширин нашуд, охир маро,

Ҳамнишини кўҳи ғам монанди Фарҳодам кунад.

Хоки раҳ гардидаам боре ба роҳи тавсанаш,

Як нигаҳ аз лутф ё якбора барбодам кунад.

Абрўяш тири ғазаб ҳар лаҳза бар дил мезанад,

Наргиси масташ ба ҷон сад фитна эҷодам кунад.

Заҳр менўшам зи ҷоми дида аз саҳбои ашк,

Шоядам ҷоми май он маҳ нўш бар ёдам кунад.

Зору маҳҷуру ҳазинам, Ҳайрат, аз ҳиҷрони ў,

Бар умед он маҳ зи васли хеш дилшодам кунад.

Дар ғазали зикршуда истеъдоди воқеии Ҳайрат, ҳунари волои ў, донишу ҷаҳонбинӣ, табъу тавони суханварии вай боз ҳам бештар ошкор мешавад. Чашм андохтан-киноя аз пиндоштан, ба умед будан ва гулпироҳан-истиора, зеро ташбеҳшаванда нест ва танҳо ташбеҳкунанда зикр шудааст. Гўш сўи фарёд кардан- гапи касеро гирифтан, розӣ шудан ба фикри касе; ҳамнишини кўҳи ғам будан-ғамшарикӣ; абрў-тири ғазаб ва ғ. Ғазали боло ишқӣ буда, ҳадафи шоир шикоят аз ҳаҷри ёр, фироқу дурӣ аст. Ошиқ муштоқи висол аст, вале маҳбуба ғазабноку бадқаҳр мебошад.

Аз нигоҳи ҳунари эҷод низ ғазали зикршуда хуб эҷод шудааст. Ғазал дорои радифи содда буда, калимаи кунад ба ҳайси радиф оварда мешавад. Радиф танҳо аз таъкиди маъно иборат набуда, бештар бори ғоявӣ мекашад. Ғазал бо тақозои қофия ҳам ҷолиб буда, дар он калимаҳои ёдам, фарёдам, озодам, Фарҳодам, бодам, эҷодам, ёдам, дилшодам ҳамқофияанд. Аз ҷиҳати навъҳои қофия бошад, қофияҳои ғазали мазкур мутлақ аст, зеро пас аз равӣ («д») унсурҳои дигари қофия омадаанд. Ҳадафи шоир аз истифодаи чунин тарзи қофия баёни ҳолати пешомада мебошад.

Дар эҷоди ғазал шоир аз баҳри Рамал истифода кардааст. Ин аст, ки ғазал дар баҳри Рамали мусаммани маҳзуф таълиф шудааст. Афоъили вазни ҳосилшуда чунин аст:

- v - - / - v - - / - v - - / - v –

- v - - / - v - - / - v - - / - v -

Яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.

Намунаҳои дар боло овардашуда далели онанд, ки ашъори Ҳайрат дар адабиёти замони худ нисбат ба дигар муосирон аз ҳар ҷиҳат бартарӣ дорад.

Дар ғазалиёти Муҳаммадсидиқи Ҳайрат мавзўъҳои танқидӣ, ҳаҷвӣ хеле зиёданд. Масалан, ў зоҳидро хеле сарзаниш менамояд:

Зоҳид аз дайр ба масҷид зада саъйи ботил,

Кист ин гумшударо дар роҳи Ҳақ гардонад.

Ҳарфи имрўзи ту бо моҳ ҳамагӣ кину ҷафост,

Худ муаллим зи вафо кош сабақ гардонад.

Яке аз хусусиятҳои ҷолиби ғазалиёти Ҳайрат аз он иборат аст, ки ҳатто мавзўъҳои ишқӣ низ тобиши ҳазлу шўхӣ гирифтаанд.

Чунончи:

Мо ба узлат мурда, ёди дилситони мо ба хайр,

Барнамегирад хабар, сарви равони мо ба хайр.

Ёди ў дорем аҳде, ҳеҷ ёди мо накард,

Ёди бепарводили номеҳрубони мо ба хайр!

Мо ба фикри он ки дорад ёр фикри ҳоли мо,

Боракаллаҳ фикри мову ҳам гумони мо ба хайр.

Нуқли маҷлис ҳар куҷо зикри парешонии мост,

Мо ба худ ҷамъем, асрори ниҳони мо ба хайр!

Ў намерафтаст худ ҷуз дар раҳи шарри рақиб,

Ёди чоқи кардаю чўту нишони мо ба хайр.

Хостем аз лаъли ў як ҳарфеву расво шудаем,

Дар бари ёрони дерин имтиҳони мо ба хайр.

Ғазали зикршуда андаке тамоили ҳазломез дорад. Ошиқ-қаҳрамони лирикӣ ҳамоно гирифтори ҳиҷрон аст, вале маҳбуба хеле бепарводилу номеҳрубон мебошад.

Ин аст, ки ошиқ ўро: аҳсант, мегўяд. Аҳсанти гуфтаи ў маънии зоҳиран офаринро дорад. Маҳз бори ғоявӣ бардоштани радифи мураккаби «мо ба хайр», тобиши ҳазлангези мақсади қаҳрамони лирикиро таъмин кардааст. Аз ин рў, шоир онро ба ҳайси радиф баргузида, то ба охири ғазал ба кор мебарад.

Аз нигоҳи ҳунари шоирӣ низ ғазали дар боло овардашуда хеле ҳунармандона аст. Шоир аз санъатҳои бадеии таносуби сухан, истиора, маҷоз, киноя, ташбеҳ, муболиға, тазод, тавсиф ва ғ. хеле ўҳдабароёна истифода мебарад.

Аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ низ ин ғазал хуб аст. Чунон ки қаблан ишора рафт, шоир дар ин ғазал радифи мураккабро ба кор мебарад, то ин ки бори ғоявии ҳадафро вазнинтару таъсирбахштар намояд.

Қофияҳои ғазал калимаҳои дилситон, равон, номеҳрубон, гумон, ниҳон, нишон, имтиҳон, ҷон… буда, қофияҳои муқайяд мебошанд, зеро баъди ҳарфи равӣ («н») унсури дигар иштирок надорад.

Ғазали боло дар баҳри Рамали мусаммани мақсур эҷод шудааст. Афоъили вазни мазкур чунин шакл дорад:

- v - - / - v - - / - v - - / - v ~

- v - - / - v - - / - v - - / - v ~

Яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.

Ҳайрат дар эҷодиёти худ махсусан дар эҷоди ғазал ба шоирони пешина пайравӣ кардааст. Ў ба ашъори Саъдӣ, Бадруддини Ҳилолӣ, Мушфиқӣ бештар пайравӣ мекунад. Хусусан дар муносибат ба образи лирикии маҳбуба Ҳайрат асосан ба Ҳилолӣ ва эҷодиёти ў рў меорад. Барои намуна ба ин ғазали Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат муроҷиат менамоем, ки хеле ҳунармандона рўи кор омадааст. Албатта, сўзу гудоз дар ғазалиёти Ҳилолӣ ва назокати ифодаи ҷузъиёти тасвирҳои лирикӣ дар шеваи эҷоди ў афзалияти том дорад. Чунончи:

Ай мўниси дил, дўш ту меҳмони кӣ будӣ?

Дил бе ту ба ҷон омаду ҷонони кӣ будӣ?

Маст аз маи ишқат ману бо ғайр задӣ ҷом,

Ранҷури ту ман будаму дармони кӣ будӣ?

Ҳамсўҳбати ағёриву як бор нагуфтӣ,

Бо худ, ки қарини дили бирёни кӣ будӣ?

Бурдӣ ту, қарор аз ману ороми кӣ гаштӣ?

Мурдам зи фироқи ту, бигў, ҷони кӣ будӣ?

Аз гиряи ман киштии афлок равон гашт,

Ай рўҳи равон, лўъбати хандони кӣ будӣ?

Боре накашидӣ зи дилам хори ҷафоро,

Бо орази гул сарви гулистони кӣ будӣ?

Ханҷар ба кафу маст паи қатли ту омад,

Ҳайрат, бинигар захмии пайкони кӣ будӣ?

Ғазали мазкур пайравӣ бошад ҳам, басо ўҳдабароёна ва ҳунармандона аст. Мавзўи ғазали боло ишқӣ буда, бемеҳрӣ, ҷафокорӣ, бепарвоӣ, бераҳмӣ, ситамгорӣ, золимӣ, бесабрӣ, дилсардӣ, бевафоӣ дар симои маҳбуба мавриди тасвир қарор дорад. Ошиқ бошад баръакс: бовафо, бомуҳаббат, пуртоқату пурсабр, ҷафокашу раҳмдил, хушмуомилаву хушсухан аст. Ошиқ аз маҳбуда шиква кунаду нолад ҳам, амалҳои ў аз сидқи дил нест. Зеро ў сидқан маҳбубаро дўст медорад. Рўзгори хешро бе маҳбубааш ҳеҷ меҳисобад.

Маҳбубаро баробари ҷон пазмон аст. Ин аст, ки бунёди мавзўии ғазал ишқӣ буда, ҳиҷрон, фироқ, дурӣ аз висол, канорагирӣ асоси онро фароҳам овардааст. Аз ин рў, шоир барои таъсирнокӣ, дилчаспӣ, гўшнавозӣ дар коргирӣ аз хусусиятҳои шаклӣ, унсурҳои ёвари мазмунсозӣ хеле хуб ҳунарнамоӣ мекунад. Гуфтан мумкин аст, ки ҳунарманд аст.

Истифодаи радиф дар ғазали боло хеле ҷолиб буда, шоир барои таъсирнокии баён радифи мураккабро истифода бурдааст. Албатта, дар ғазали Ҳилолӣ ин ҷиҳати баён боз ҳунармандонатар аст. Яъне радифи мураккаби «кӣ будӣ?» бори ғоявӣ ба дўш дошта, суоли ошиқ бар маҳбуба мебошад.

Калимаҳои қофияшаванда низ ҷолибанд: меҳмон, ҷонон, дармон, бирён, ҷон, хандон, гулистон, пайкон дар ғазали боло ҳамқофияанд ва ба воситаи бандаки изофии «и» миёни радифу қофия иртиботи забонӣ сурат гирифтааст. Аз сўи дигар, мантиқи ифода низ хеле баланд арзёбӣ шудааст.

Қофияшавандаҳои боло аз нигоҳи навъҳои қофия муқайяд буда, пас аз равӣ («н») ҳарфи васл наомадааст. Ин унсур барои низоми калимаҳо ва рабти мисраъҳову байтҳо то тамомияти ғазал, бо таъмин намудани оҳангнокӣ идома мекунад.

Аз нигоҳи истифодаи вазн низ ғазали боло хеле ҷолиб ва дилкаш аст. Ғазал дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф (ё мақсур) иншо шудааст, ки афоъили он дар чунин шакл сомон ёфтааст:

- - v / v - - v / v - - v / v - - ( v - ~)

Яъне: мафъўлу, мафоъӣлу, мафоъӣлу, фаъўлун.

Ба ҳамин тариқ, Ҳайрат ба воситаи ашъори лирикии худ ва махсусан ғазалиёташ ба адабиёти нимаи асри XIX ва ва оғози садаи XX ва ҳамчунин ба адабиёти муосири тоҷик нуфузи судманде расонидааст. Саҳми ў дар ғановати таҷрибаи эҷодӣ, ҳунари шоирӣ, санъати маъниофарӣ, ҷузъиёти тасвирсозиҳо, коргирӣ аз радифсозиву қофияёбӣ ва ҳамчунин боигарии таркиби луғавию фонди лексикаи забони адабӣ ва ғайра ниҳоят бузург аст.

Дида шуд: 136