Мӯъмин Қаноат (1932-2018)

Зиндагӣ ва мероси адабӣ

Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат 20 майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Падари шоир – Қаноатшоҳ ва модараш – Бегиммоҳ шахсони поку порсо ва заҳматкашу меҳрубон буда, дар таълиму тарбияи фарзандон кўшиши зиёд намудаанд.

Мӯъмин Қаноат таҳсили ибтидоиро дар деҳаи Курговад мегирад. Баъдтар таҳсилро дар шаҳраки Ғарм идома дода, мактаби миёнаро соли 1951 хатм мекунад. Баъд ба шӯъбаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1956 ба поён мерасонад.

Ҳангоми таҳсил дар мактабҳои миёна ва олӣ Мӯъмин Қаноат ба омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик ва назарияи адабиёт таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, чун мутахассиси варзида ба камол расид. Шавқу ҳавас ба шеъру шоирӣ ӯро ба доираи адабии Сталинобод ворид намуд. Мӯъмин Қаноат солҳои 1956 – 1966 дар идораи маҷаллаи «Шарқи сурх» кор мекунад ва як муддат муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» буд. Аз соли 1968 то соли 1991 ба сифати котиб ва котиби аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намуд.

Мӯъмин Қаноат чун намояндаи олирутбаи Тоҷикистон ба қитъаҳои гуногуни олам, аз ҷумла ба шаҳру кишварҳои Кобул, Уланбатор, Либия, Яман, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Япония, Фаронса, Куба сафар карда, сулҳу дӯстии халқҳоро таркиб намудааст. Устод Қаноат аз соли 1997 муовини раиси ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти эҷодӣ. Мӯъминшоҳ аввал ба ҳунари навозандагӣ ва сарояндагӣ майл доштааст. Вале баъдтар дар ӯ ҳаваси шоир шудан пайдо мегардад ва нахустин шеъраш дар синни 17-солагӣ дар васфи рӯди Панҷ гуфта мешавад. Намунаи шеърҳои шогирдонаи шоир ҳангоми таҳсил дар мактабҳои миёна ва олӣ дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳаёти нав» ва маҷаллаи «Шарқи сурх» ба табъ расидаанд. Аввалин маҷмӯаи шоир ба номи «Шарора» соли 1960 чоп гардид.

Баъдҳо «Ситораҳои замин» (1963), «Мавҷҳои Днепр» (1964), «Достони оташ» (1967), «Корвони нур» (1970), «Сурӯши Сталинград» (1972), «Сарҷӯйи сабз» (1975), «Падар» (1977), «Гаҳвораи Сино» (1980), «Ситораи Исмат» (1990), «Аз Бесутун то кунун» (1993), «Ҳамосаи дод» (1996), «Ойинаи беғубори ман» (2002) ном маҷмӯаҳо ва достонҳои М. Каноат пай дар пай ба табъ расидаанд.

М. Қаноат силсилаи шеърҳо низ эҷод кардааст. Силсилаи шеърҳои «Созҳои Шероз», аз шеърҳои «Тахти Ҷамшед», «Зоиндаруд», «Саҳар аз хилвати худ», «Чӣ маст мегузарӣ», «Маро гуфтӣ», «Надонам» фароҳам омадааст. Силсилаи шеърҳои Покистон аз се шеър («Хиёбони Иқбол», «Сафар ба Маҳинҷадара», «Меравам») ва силсилаи шеърҳои Афғонистон аз чор шеър («Инқилоби Савр», «Рӯзгорони баланд», «Субҳи мурод», «Сарваре») иборат мебошанд. Соли 2005 дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» силсилаи рубоиёти адиб бо номи «Роҳи абрешим» чоп гардид, ки дар он масъалаи роҳсозии Тоҷикистон мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтааст:

Моем ниҳода сина бар синаи санг,

Ҷўем таҷаллие зи ойинаи санг.

Мо санг шудему санги мо об нашуд,

Аз меҳри гияҳ амону аз кинаи санг.

Соли 1977 шоир барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Тоҷикистон – исми ман» сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Соли 1980 бошад, М. Қаноат барои достони «Гаҳвораи Сино» ба Мукофоти ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ қадр карда шуд.

Соли 1982 «Осори мунтахаб»-и М. Қаноат дар ду ҷилд дастраси хонанда гардид, ки он шеърҳо ва тарҷумаҳои шоирро дарбар кардааст. Фаъолияти тарҷумонии адиб аз давраи аввали эҷодиёти ӯ оғоз гардида, мунтазам давом меёбад. Хонандаи тоҷик як қатор асарҳои А. С. Пушкин, Вилям Шекспир, Фридрих Шиллер, Генрих Гейне, Адам Митскевич, Робиндронат Такур, Мӯсо Ҷалил барин адибони шинохтаи ҷаҳониро дар тарҷумаи М. Қаноат мутолиа кардааст. Тарҷумаҳои шоир ҳунармандона буда, дар онҳо хусусият ва табиати шеъру забони тоҷикӣ нигоҳ дошта шудааст. Чанд мисраъ аз «Гарди хок» ном шеъри шоири барҷастаи ҳинд Робиндронат Такур дар тарҷумаи М. Қаноат:

Ҳам рӯйи замину ҳам дили кӯҳ зебост,

Ҳам хоки сияҳ, ки дояи неъматҳост.

З-он пеш, ки оташам мирад, сард шавам,

Дар назди ғубори ин замин гард шавам…

Шодам, ки аз ин ҳаёти бигзаштаи ман,

Як ҷавҳари асл ҷовидон мемонад.

Ман ҷинси абадият шавам, хок шавам,

Як гарди замини ҷовиди пок шавам.

Аксари шеърҳо ва достонҳои М. Қаноат ба забони русӣ тарҷума шуда, дар нашрияҳои Маскав ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, намунаи ашъори шоир ба як қатор забонҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, испанӣ, арабӣ тарҷума шудаанд. Қисмате аз ашъори шоир дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон чоп гардидаанд. Соли 1994 нашриёти «Алҳудо»-и Ҷумҳурии исломии Эрон баргузидаи ашъори М. Қаноатро пешкаши хонандаи форсизабон намуд.

Ҳамчунин, Мӯъмин Қаноат оид ба масъалаҳои гуногуни адабӣ мақолаву тақризҳо навишта, дар ҷамъомадҳои бонуфузи фарҳангӣ суханрониҳои пурмӯҳтаво намудааст. Алҳол зиёда аз панҷоҳ мақолаи илмӣ ва публитсистии адиб ба табъ расидаанд.

Мӯъмин Қаноат шоири мутафаккир аст. Дар бораи ҳар як шеър ё достонаш муддати зиёде андеша карда, тамоми паҳлӯҳои шаклӣ ва мазмунии онро дар майнааш мепазонад ва баъд онро дар шакли мукаммал ба рӯйи коғаз меорад. Аз ҷумла, достони «Сурӯши Сталинград» аз соли 1965 то соли 1970 дар тафаккури шоир кор хӯрда, дар муддати як-ду моҳ навишта шудааст.

Ҳамчунин, қисми зиёди шеърҳои лирикии шоир дар давраи аввали эҷодиёти ў таълиф гардидаанд. Ҷолиб аст, ки панҷоҳ дар сади шеърҳои лирикии шоир то синни сисолагии ӯ навишта шудаанд. Фаъолияти достоннависии адиб бошад, аз соли 1964 оғоз гардида, торафт инкишоф меёбад. Охирин дсотони шоир – «Ҳамосаи дод» соли 1995 таълиф ёфта, соли 2002 дастраси хонандаи тоҷик мегардад.

Ашъори ғиноӣ

Жанрҳои шеърӣ. Ашъори ғиноии М. Қаноат ҳам дар жанрҳои суннатии назми тоҷик чун ғазал, мустазод, маснавӣ, рубоӣ, қитъа, мураббаъ, мусаллас ва ҳам дар қолабҳои нави шеърӣ суруда шудаанд.

Дар давраи аввали эҷодиёти М. Қаноат жанри маснавӣ аз ҷиҳати миқдор дар ҷои аввал меистад. Шоир ин шакли шеъриро дар ифодаи мавзӯъҳои гуногун бомаҳорат истифода кардааст. Ӯ дар шеъри «Пири гулфурӯшон» манзараи як гӯшаи назаррабои диёри Тоҷикистонро чунин тасвир намудааст:

Кӯҳи Варзобро чӣ даврон аст,

Гўиё пири гулфурӯшон аст.

Ҷомаи беқасаб ба бар дорад,

Локии шоҳӣ дар камар дорад.

Саллаи суф гирди сар дорад,

Сабади гул ба пеши бар дорад.

Шоир дар ифодаи фикр аз жанри маснавӣ (қофияи аа, бб, вв), радиф (такрори калимаҳои аст ва дорад) ва санъати ташбеҳ (ба пири гулфурўшон монанд крадани кўҳи Варзоб) истифода кардааст. Таркибҳои ҷомаи беқасаб, локии шоҳӣ, саллаи суф ва сабади гул чун сабаби монандӣ рӯҳи миллии тасвирро таъмин кардаанд ва хонанда аз ин шеър намунаи табиати сеҳрангез ва бахори кўҳистони тоҷикро бо тамоми рангорангӣ ва дилрабоӣ пеши назар меорад.

Жанри мустазод низ дар давраи аввали эҷодиёти М. Қаноат васеъ истифода мешавад. Шоир навъҳои гуногуни мустазодро ба кор мебарад: баъди як мисраъ, як байт ё се мисраъ аксаран як мисраи кӯтоҳ илова мешавад. Ин мисраи иловагӣ мазмуни мисраъҳои комилро такмил дода, боиси возеҳии тасвир мегарданд. Маҳорати нигорандагии шоир махсусан дар мустазодҳои «Аҳсант ба одам», «Садди назар», «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ» бармало эҳсос мешавад. Шеъри « Ба ҳаводори забони тоҷикӣ» дар ниҳояти содагӣ ва самимият эҷод гардидааст. Мисраъҳои иловагии «ҳамчу шири модар аст», «чунки меҳри модар аст», «дӯст медорам варо» баёнро боз ҳам диққатҷалбкунанда ва хотирмон намудаанд:

Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб,

Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.

Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,

Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.

Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯйӣ варо

Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигў.

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо

Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигў.

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст.

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,

Чунки меҳри модар аст.

З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам

Дӯст медорам варо,

Чун навозишҳои гарми модарам,

Дӯст медорам варо!

Дар мустазоди мазкур забони тоҷикӣ чун манбаи панду ахлоқ, лаззатҳои маънавӣ ва соҳиби неруи созанда тавсиф ёфта, дар айни ҳол ягонагии таърихии забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ таъкид гардидааст.

Аз қолабҳои нави шеърӣ дар эҷодиёти М. Қаноат шеърҳои бандҳояшон чаҳормисраъгӣ ё чаҳорпора серистеъмол мебошанд. Бандҳои чунин шеърҳо чор тарзи қофия доранд: 1. аааа, 2. ааба, 3. аабб, 4. абвб. Шоир, баъзан, дар як шеър тарзҳои гуногуни қофияи мазкурро истифода кардааст. Аз ҷумла, дар шеъри «Кӯҳи маъшуқ», ки ба хотираи шоири рус М.Ю. Лермонтов (1814-1841) бахшида мешавад, ду тарзи қофия истифода шудааст:

Чун шишаи қалби поки шоир – а

Бар санги ҷаҳолати замон зад. – б

Як олами ишқ аз дили ӯ – в

Афтиду ба хок бо фиғон зад. – б

Ишқи кули он замони нопок – а

Дар ин дили шоири ҷавон буд. – б

Сад ҳайф, ки ин дақиқа дар хок – а

Афканда муҳаббати замон буд. – б

Ҳамчунин, дар эҷодиёти М. Қаноат шеъри озод, ки дар он баробарвазнии мисраъҳо ва қофияи онҳо ба таври қатъӣ риоя намешавад, низ мавқеъ дорад.

Мундариҷаи ашъор. Шеърҳои М. Қаноат дар ду давраи аз нигоҳи сиёсӣ фарқкунанда эҷод шудаанд. Шоир ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти инсонӣ, аз ҷумла ба мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, зан ва фаъолияти иҷтимоию тарбиявии ӯ, Ватан ва ҳимояи он, сулҳу дӯстӣ, забон ва фарҳанги миллӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва байналхалқӣ, таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Қисмате аз ин мавзӯъҳо дар шеърҳои «Обшор» (1965), «Нарав, қӯи сафеди ман» (1966), «Дар паноҳи шохсорон» (1965), «Давоми нек роҳатро» (1966), «Гули бодом» (1966) ҳалли бадеии худро ёфтаанд.

Дар шеъри тасвирии «Обшор», ки аз ёздаҳ банди семираъгӣ иборат аст, ҳунари шоирии М. Қаноат ба таври барҷаста ошкор гардидааст. Шоир обшорро мухотаб қарор медиҳад ва ба ин восита беҳтарин лаҳзаҳои айёми ҷавонии худро ба ёд меорад. Махсусан, тасвири ҳусну ҷамол, нозу карашма ва ҳаракату хироми дилбар басо табиӣ, самимӣ ва гуворо буда, хонандаро ба ваҷд меорад:

Дорӣ ба ёд лаҳзае, марғуб манзаре,

К-омад ба об субҳидам он куртапарпарӣ,

Пойи бараҳна рӯйи гул он чӯҷаи парӣ.

Мўйи сиёҳ бар қади мавзун чу обшор.

Чашме чу чашмаи сафо, рӯе чу навбаҳор,

Қадде ба мисли шаршара ларзону беғубор…

Моҳияти тасвирии шеърро ташбеҳ, истиора ва тавсифҳои табиӣ боз ҳам афзудаанд. Шоир, аз ҷумла мӯйи дарози маҳбубаро ба обшор ва қомати мавзуни ӯро ба шаршара нисбат дода, бо ҳамин дар тасвир тобишҳои калимаҳои муродифиро истифода бурдааст.

Шеърҳое, ки ба шахсиятҳои воқеӣ бахшида шудаанд, баъзан аз лиҳози баён тафсил меёбанд. Қаҳрамони лирикии шеъри «Гули бодом» иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Саидаҳмад Каримов мебошад. Дар ҳаҷми 17 банди шашмисраъгӣ ҳусни таваҷҷўҳ ва рағбати Каримов ба аспи дўстдоштаи худ баён мегардад. Човандози хатлонӣ ин аспро аз Ҳисор гирифта ба он Гули бодом ном мениҳад ва ҳар ду се баҳору се зимистон роҳи душвори ҷангро тай намуда, душманро ба лонаи худ бармегардонанд. Мутаассифона, асп дар бешазорҳои канори Одер тир мехӯрад ва човандози хатлонӣ маҷбур мешавад, ки минбаъд роҳашро бе Гули бодом идома диҳад.

Дар ин шеър Гули бодом ҳамчун дӯсти содиқ ва такягоҳи беминнати инсонҳо самимӣ ва муассир тасвир ёфтааст. Маҳорати ҷангии Гули бодом Рахши Рустамро ба хотир меорад. Асп ба душман беамон аст ва чун тўфон қувваи бузурги пахшкунанда дорад, дар айни ҳол рафтори ин ҳайвони безабон барои инсонҳо пандомўз аст:

Агар душман ба по бошад,

Зи рўяш хез мекардӣ.

Агар афтода бошад, зер не,

Парҳез мекардӣ.

Аҷаб рафтори пандомез мекардӣ,

Гули бодом!

Дар охири ҳар банд чун мухотаб такрор ёфтани таркиби Гули бодом қувваи ифоданокии матнро меафзояд. Махсусан, навҳаи қаҳрамони лирикӣ бар марги Гули бодом чун марсияи пурсӯзу гудоз аз садоқат ва меҳру муҳаббати инсон ба ҳайвоноти вафодор дарак медиҳад. Ба фоҷиаи инсонӣ баробар кардани марги аспи дар майдони корзор саҳм дошта ҷавононро водор мекунад, ки қадру қимати амали некро бештар эҳсос намоянд:

Чу одам гиря кардӣ,

Чашм пӯшидию ларзидӣ.

Ҷаҳонро лолагун дидию

Хандидӣ;

Маро ду пой бубридӣ,

Гули бодом!

Кушо чашмони бодомӣ,

Бубин, дар пеш як дарё.

Бубин, дар пушт як дунё,

Бихез аз ҷо, бихез аз ҷо!

Намур, эй муждаи гулҳо,

Гули бодом!

Муносибати шоир ба масъалаи миллию нажодӣ дар шеъри «Тахти Ҷамшед» (аз силсилаи шеърҳои «Созҳои Шероз») боз ҳам возеҳтар ба мушоҳид мерасад. Шоир дар қисмати аввал ба садоқати бепоёни худ ба духтари тоҷик ишора карда, баъд таассуроти сафарашро баён менамояд:

Кунун дар Қасри Доро ҷоми Ҷамшед аст дар дастам,

Зи бӯйи бодаю мӯйи бути Шероз сармастам,

Лабамро бар лабони оби Рукнобод пайвастам,

Ба рӯят лаҳзае оҳиста дар бастам.

Қаҳрамони лирикӣ аз дидан ва тамошои Қасри Доро, тахти Ҷамшед, оби Рукнобод, бути Шероз, ки ба таърихи ниёгони ӯ пайвастагӣ доранд, ба ваҷд меояд ва як лаҳза худро дар олами пурасрори дерин эҳсос менамояд.

Дар шеъри «Тахти Ҷамшед» шукӯҳу шаҳомати гузаштагон ва пайванди ногусастании онҳо ба ҳамзамонони мо дар пояи баланди миллӣ тасвир гардидааст.

Хулоса, ашъори ғиноии М. Қаноат ба қалбу рӯҳи хонанда таъсир расонда, ӯро ба дӯстдорӣ, худшиносӣ, ватанхоҳӣ ва покию некӯкорӣ ҳидоят мекунад.

Достонҳои Мӯъмин Қаноат

Маълумоти мухтасар. Нахустин асари калонҳаҷми Мӯъмин Қаноат – «Мавҷҳои Днепр» (1964) маҳсули сафари шоир ба Украина (1962) мебошад. Ин асар аз ҷиҳати жанр достони лирикӣ буда, аз Қисматҳои оғоз, ҳашт фасл («Мавҷи нур», «Мавҷ дар пешонаи поки Тарас», «Мавҷ дар саҳро», «Мавҷи одам», «Мавҷи пӯлод», «Мавҷи суруд», «Мавҷи ханда», «Мавҷи бародарӣ») ва анҷом иборат аст. Мӯъмин Қаноат вожаи «мавҷ»-ро чун воситаи ҳампайвандиву ягонагии фаслҳои асар истифода кардааст. Чунин образҳои рамзӣ дар достонҳои минбаъдаи шоир низ истифода шуда, чун нишонаи асосии услуби эҷодиёти ў қарор гирифтаанд.

Асари дуввуми калонҳаҷми нависанда «Достони оташ» ном дошта, бори аввал соли 1967 чоп шудааст. Достон аз оғоз, шаш фасл ва анҷом иборат мебошад ва вожаи нур образи рамзиест, ки фаслҳои асарро ба ҳам мепайвандад: 1. «Нур дар зулмот», 2. «Нури саҳар», 3. «Нур дар роҳ», 4.«Нур дар қуллаҳо», 5. «Нур дар пойи мазор», 6. «Нур дар дарё». Ин достон асари иҷтимоии таърихӣ мебошад. Шоир дар он таърихи сохтмони истгоҳи барқии Норак ва зиндагии гузаштаву кунунии мардумонашро ба қалам додааст. Дар достон чун байти зерин тасвирҳои ҷолиб бисёранд:

Дина дар ин ҷо ба лабҳо ханда буд,

Ғусса аз завқи ҳама шарманда буд.

Мӯъмин Қаноат баъди достонҳои «Китобҳои захмин» ва «Сурӯши Сталинград» достони «Тоҷикистон-исми ман» (1974)–ро менависад. Достон аз сарахбор ва панҷ нақш (боб) иборат мебошад. Дар ин асар сухан аз тақдири халқи тоҷик меравад:

Замин дар зери суми аспҳои турку тозӣ буд,

Ва ин рӯбоҳи румиро ба думи шер бозӣ буд.

Достони «Падар» (1976) ҳамагӣ аз 255 байт иборат аст. Асар аз достонҳои пешинаи шоир аз ҷиҳати тарзи баён фарқ дорад ва дар шакли маснавӣ (аа, бб, вв…) суруда шудааст:

Осмон ҳамчу ташти зар будӣ,

Вақт вақти ситорапар будӣ.

Мавзӯи достон воқеаҳои таърихии ибтидои солҳои 20 ва макони амалиёт ҷойи таваллуди шоир – деҳаи Курговад ва атрофи он мебошад. Образҳои асар – Диловар, Ғайратшоҳ ва Қаноат ( падари шоир) ҳар кадом дорои симои ба худ хос буда, дар ҳалли масъалаҳои асосии асар саҳм мегиранд.

Достони «Гаҳвораи Сино» соли 1980 ба муносибати ҷашни ҳазорсолагии мутафаккири оламшумули тоҷик Абӯалӣ ибни Сино эҷод гардидааст. Он аз оғоз, даҳ «Мушкилот» (боб) ва анҷом («Ҳалли мушкилот») иборат мебошад. Дар ин достон шоир бори аввал аз мавзӯи замон дур рафтааст ва бо равиши достонсароии гузашта як асари санъаткорона ва ҳакимона сурудааст.

Соли 1990 достони «Ситораи Исмат» ба табъ расид, ки он аз рӯзгор ва корномаи ҷангии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмат Шарифов (1915- 1944) баҳс мекунад. Ин достон аз се боб ва хотима иборат аст. Шоир ба тавассути тасвирҳои барҷастаи бадеӣ хонандаро ба раҳму шафқат ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳидоят менамояд.

Достони «Ҳамосаи дод» бошад, ҳангоми мусофирати шоир дар шаҳрҳои Алмаато ва Бишкек таълиф гардида, бори аввал соли 1999 дар маҷаллаи «Симурғ» дар Теҳрон ба табъ мерасад. Достон аз оғоз, ҳафт боб, ду фасл ва анҷом иборат мебошад ва воқеаҳои нангини Тоҷикистонро дар солҳои 1992-1994 инъикос менамояд.

«Китобҳои захмин». Достони «Китобҳои захмин» аз ҳафт фасли беунвон иборат мебошад. Достон ба тасвири мактаби деҳа дар айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз меёбад. Ногоҳ муаллима омада ба шогирдон хабари ба ҷанг рафтани муаллимро мерасонад ва таъкид мекунад, ки ӯ ба ҷойи шавҳараш низ дарс медиҳад. Муаллима талабагони чор синфро дар як синфхона ҷамъ оварда, ба дарс шурӯъ мекунад. Бо вуҷуди худро ба даст гирифтан вазъи ногувори муаллима аз чашми мактаббачагон пинҳон намемонад:

Аз ин тахта ба он тахта муаллима гузар мекард,

Ба як соат зи худ мерафт,

Оламро сафар мекард.

Миёни тахтаҳову бачаҳо озод меболид,

Зи рӯйи лутф механдид,

Даруни сина менолид.

Дар боби сеюми асар лаҳзаи аз ҳамсари ҷанговараш мактуб гирифтани муаллима тасвир мешавад. Муаллима як пагоҳӣ шоду хандон ба мактаб меояд ва мактуби сегӯшаеро назди шогирдон мехонад. Муаллим ба ҳамсари маҳбуб ва шогирдони азизаш салом фиристода, ба ёди онҳо будан ва дар назди Ленинград мардонавор ҷангиданашро ёдрас шудааст.

Мактаббачагон ҳам аз меҳр ба муаллими азизашон мактуби ҷавобӣ менависанд ва илтимос мекунанд, ки муаллим ба онҳо китоби нав фиристад. Дар боби панҷум аз Ленинград китоб фиристодани муаллим тасвир гардидааст:

Китоб омад,

Ба ҷӯйи хушк об омад.

Ва ҳар кас бо китоби тоза саргардон,

Намуда з-аввалу охир варақгардон:

Дар онҳо бӯйи аскар буд,

Захми тиру ханҷар буд.

Мактаббачагон ин китобҳои захминро бо шавқу завқ мутолиа мекунанд, саводнок мешаванд ва мактубҳои омадаро назди падару модар ва хешовандон мехонанд.

Дар боби VI муаллима аз майдони ҷанг хатти сиёҳ мегирад ва ба марги шавҳари ҷавонмаргаш навҳа мекунад. Хатти сиёҳ ба дасти мактаббачагон меафтад. Онҳо он хатти манҳусро пора-пора карда, китобҳои захминро чун ёдгории муаллим ба рўйи сина пахш менамоянд. Дар қисмати хотимавӣ шоир сабаби таълифи китобро чунин ёдовар шудааст:

Ба ёди рӯзҳои рафтаю монда,

Ба ёди номаҳои ишқи нохонда,

Ба ёди захмҳои дар ҷигар монда,

Ба ёди мурдаҳои дар сафар монда,

Ба ёди ҳар ду устодам

Зи дунёи дарунам роз бикшодам.

Дар достони «Китобҳои захмин» тасвирҳои рангорангу диққатҷалбкунанда бисёранд ва ин тасвирот дар ифодаи равшану возеҳи мактабу мактаббачагон, муаллимони замони Ҷанги Ватанӣ ва дигар мушкилоти зиндагии он айём саҳми муносиб доранд.

Образҳои асар. Дар асар, пеш аз ҳама, симои муаллима ба назар мерасад. Ӯ баъди ба ҷанг рафтани шавҳараш бори зиндагиро мардона ба дӯш мегирад ва кӯшиш мекунад, ки ғаму шодӣ ва вазъи ноҳинҷори худро аз шогирдон пинҳон дорад. Вале шогирдони кунҷков ба хурдтарин тағйироти ҳолатҳои рӯҳии муаллима эътибор медоданд ва аз ҳар дигаргунии симои устод рамуз мегирифтанд. Шоир вазъияти муаллимаро баъди дар назди шогирдон хондани аввалин мактуби шавҳари ҷанговараш чунин ба қалам додааст:

Муаллима табассум кард, аз чашмони хандонаш

Бурун омад

Сиришки дона-дона мисли марҷонаш.

Касе дар рӯйи коғаз мӯҳраро дидаст, медонад,

Аз ин сурху сафедӣ номаи душвор мехонад.

Нахустин бор дидам гиряи талхи худоёнро,

Баландиҳои инсонро,

Сукути абру боронро.

Санъатҳои бадеии ташбеҳ, тазод ва муболиға ифоданокии тасвирро афзун намудаанд. Сиришки муаллима ба марҷон ва мӯҳраҳои рӯйи коғаз монанд шудааст. Ашке, ки аз чашмони хандони устод баромадааст, гиряи талхи худоёнро ба хотир меорад. Ва ин гиряи талх қадри устодро назди шогирдон боз ҳам афзудааст.

Дар достони «Китобҳои захмин» ҳаёти мактаббачагон низ табиӣ ва самимӣ тасвир ёфтааст. Рӯзҳои вазнини ҷанг хурдсолонро водор намуд, ки дар паҳлӯи калонсолон қарор гирифта, дар ғаму шодии онҳо шарик бошанд. Хусусан хабари ба ҷанг рафтани муаллим ба қалбу рӯҳи кӯчаки мактаббачагон таъсири манфӣ расонд:

Ва духтарҳо газида рӯймоли заргарониро,

Фурӯ бурданд фарёди айёниро.

Писарҳо – чӯҷаҳои навпари шаҳбоз

Фурӯ монданд аз парвоз.

Нахустин дарси мо бо ин сабақ сар шуд,

Варақҳо – боли ширкафтар ҳама тар шуд,

Сабақҳо бастаю парвозҳои мо таҳи пар шуд,

Кашида занг овози ҳазину дарс дигар шуд.

Вале даҳшату наҳсии ҷанг иродаи бачагони деҳаро ботамом шикаста натавонист. Онҳо худро ба шароитҳои давраиҷангӣ мувофиқ карда, аз имкониятҳои андаки дилхушӣ истифода мебурданд. Аз ин ҷиҳат, тасвири лаҳзаи бозии мактаббачагон дар байни дарсҳо ҷолиби диққат аст. Бозӣ аксаран «муҳорибаҳои ҷангӣ» буд. Мактаббачагон овози занги баромадро бонги хатар тасаввур карда, дартоз ба саҳни мактаб мебароянд ва ба ду ҷабҳа ҷудо шуда, ба «шамшерзанӣ» мепардозанд. Дар ин «ҷангҳо», албатта, «аскарони шӯравӣ» ғалаба мекарданд ва онҳо «фашистони истилогар»-ро ҷазо медоданд. Ин тасвир айёми бачагии падаронро пеши рӯйи фарзандон меорад, ки хеле ҷолиб ва омӯзанда аст.

Достони «Китобҳои захмин» заминаи воқеӣ дорад. Шӯъбаи ленинградии Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар солҳои сиюм ва аввали солҳои чилум ба забони тоҷикӣ китобҳои зиёд ба табъ расондааст. Шаҳри Ленинград дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 900 рӯз дар муҳосира қарор дошт. Табиист, ки дар қатори китобҳои дигар китобҳои фиристодаи муаллим низ аз тири душман захмин гашта буданд. М. Қаноат ҳамин хотираи айёми бачагиашро ба риштаи назм кашидааст.

Достони «Сурӯши Сталинград»

«Сурӯши Сталинград» солҳои 1965-1970 эҷод гардида, бори аввал соли 1971 ба табъ расидааст. Ин асар ба шаддидтарин муҳорибаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ – муҳорибаи Сталинград бахшида шуда, аз оғоз, ҳашт сурӯш ва хотима («Сурӯши модарон ва фарзандон») иборат мебошад. Шоир достонро бо эпиграф – сухани ходими ҷамъиятии Испания Долорес Ибаррури (1895 – 1989), ки «барои ман агар дар бораи шаҳре сухан гуфтан муҳол бошад, он шаҳри Сталинград аст» гуфта буд, шурӯъ менамояд. Ҳамчунин, дар охири ҳар боб (ғайр аз боби ҳаштум ва хотима) аз дафтари хотираи як сарбози немис порчаҳо оварда мешавад.

Дар оғози асар М. Қаноат суханро васфу ситоиш менамояд. Шоир аз каломи бадеъ тамкину устуворӣ, қудрати ҷонофарин ва дили сарбоз доштанро таманно мекунад, то ки «дар равони мурда ҷон оварда» дуои модаронро гирад:

Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро қудрати ҷонофарин бояд,

Дили сарбозу мисли ту камин бояд,

Замини ман,

Ки дастони туро хонад…

Сухан бояд раҳи тақдирро гирад,

Дуои модарони пирро гирад.

Ки бо ҳикмат дами шамшерро гирад,

Ба нимовоз эъҷози туро гӯяд.

Мӯъмин Қаноат сурӯши якумро «Замин» ном ниҳодааст. Замин ҷои таваллуд, макони зиндагӣ ва шарики шодию ғами инсон мебошад. Шоир аз санъати ташхис истифода карда, заминро ба сухан даровардааст. Замин худро гаҳвораи фарзанди одам меномад ва таъкид мекунад, ки ин ҳама ғамхориву меҳрубониҳои модаронаи ӯ барои хушбахтӣ ва зиндагии осудаи инсон аст. Бадбахтона, аз Ғарб фарзандони нолоиқе пайдо шудаанд, ки ба қадри меҳрубониҳои модар нарасиданд. Сухани замин дар охир оҳанги имдодталабона мегирад:

Ба ҳам часпид лабҳоям,

Диҳедам косаи обе…

Диҳедам косаи обе,

Ки бе хуни ҷигар бошад!..

Мадад, эй зодагони ман!

Ҳазар, эй қавмҳои ҷонситони ман…

Маро озод бинмоед,

Ман сайёраам,

Дар банд мемирам.

Тамсил дар боби дуюм бо номи «Дарё» идома ёфтааст. Дарё низ фарзанди замин аст ва фарёди имдодталабонаи модар – замин ӯро ба ҳимоя бармехезонад. Дар ин боб матлаби шои

Дида шуд: 46

2020 SHOIR.TJ