Мирсаид Миршакар (1912-1993)


Заррае дар ин ҷаҳон бе партави хуршед нест,

Дил набошад он диле, гар раҳбараш уммед нест.

(Миршакар)

Зиндагинома. Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар суханвари бомаҳорати адабиёти тоҷик дар асри ХХ мебошад. Шоир соли 1912 дар деҳаи Синдеви Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар оилаи чорводор ба дунё омадааст. «Деҳаи Синдев хеле хурд буд, – ба ёд овардааст адиб, – ҳамагӣ панҷ-шаш ҳавлӣ дошту халос, вале атрофи он харобаҳои чаҳор қалъа сар ба фалак афрохта буданд. Баъди вафоти падарам, ки ман он вақт 7-8 сол доштам, модарам ба Поршнев, ба назди хешовандонаш кӯчида омад».

Мирсаид Миршакар аввал дар мактаби деҳаи Поршнев ва баъд дар мактаб-интернати шаҳри Хоруғ таҳсил мекунад ва солҳои 1928-1930 дар мактаби ҳизбии шаҳри Душанбе таҳсилро идома медиҳад. Соли 1929 Мирсаид Миршакар дар қатори хонандагони пешқадами Тоҷикистон дар маҷлиси умумииттифоқии пионерон дар Маскав ширкат меварзад. Таассуроти неку фараҳбахши шоир дар ин сафар дар достони «Мо аз Помир омадем» тасвир ёфтааст.

Мирсаид Миршакар солҳои 1931-1934 дар муассисаҳои рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», кумитаи комсомоли ноҳияи Шӯрообод ва сохтмони Канали бузурги Вахш фаъолият менамояд ва соли 1934 ба хизмати Ватан даъват мешавад. Шоир соли 1937 муҳаррир ва котиби рӯзномаи «Васияти Ленин» таъин мегардад.

Мирсаид Миршакар солҳои 1940-1960 дар вазифаҳои масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст ва як муддат раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Шоир аз соли 1966 то охири умр аввал ба сифати котиби масъул ва баъд чун раиси Кумитаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ фаъолият намуд. Суханвар соли 1993 дар Душанбе вафот кард ва ӯро дар мазори Лучоб ба хок супурданд.

Мирсаид Миршакар соли 1950 барои достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Панҷи ноором» ба Мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидааст. Суханвар соли 1964 ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ ва соли 1972 ба Мукофоти комсмоли Тоҷикистон сарфароз шудааст. Шоир, инчунин, ба як қатор ордену медалҳои ҳукуматӣ қадр шудааст.

Мероси адабӣ

Фаъолияти адабии Миршакар аз шеърнависӣ оғоз гардидааст ва аввалин шеъраш соли 1930 бо номи «Душманро кун торумор» ба табъ расидааст. Нахустин достони шоир «Ливои зафар» (1934) ном дошта, дар он меҳнати бунёдкоронаи халқи тоҷик дар водии Вахш ва дўстии халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ тараннум мешаванд. Шеърҳои солҳои 30-юми шоир, ки рўҳи замон ва афкори мардуми заҳматкашро таҷассум намудаанд, дар маҷмӯаи «Баҳори ҷавонӣ» (1940) фароҳам омадаанд. Шеъру манзумаҳои дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷод кардаи шоир дар маҷмӯаҳои «Шеърҳо ва поэмаҳо» (1945) ва «Даъвати Ватан» (1945) гирд омадаанд.

Дар солҳои баъдиҷангӣ эҷодиёти Мирсаид Миршакар аз ҷиҳати мазмуну мӯҳтаво васеъ гардида, аз нигоҳи ҳунар такмил меёбанд. Дар ин давра махсусан фаъолияти достонсароии шоир инкишоф меёбад. Баъди «Қишлоқи тиллоӣ» (1942) дар замони ҷанг ва баъд «Калиди бахт» (1947), «Панҷи ноором» (1949), «Ленин дар Помир» (1955), «Дашти лаванд» (1961), «Ишқи духтари кӯҳсор» (1962), «Одам-офаридгор» (1962) «Варақҳои муҳаббат» (1975), «Исёни хирад» (1979) барин достонҳои шоир пай дар пай таълиф мегарданд.

Дар эҷодиёти Мирсаид Миршакар драматургия низ мавқеи калон дорад. Дар драмаҳои «Муаллими ишқ» (1945), «Фоҷиаи Усмонов» (1957), «Задухӯрд дар биёбон» (1974), «Тӯҳматшоев» (1953), «Тошбек ва Гулқурбон» (1946) ва ғайра паҳлӯҳои мухталифи зиндагии мардуми тоҷик бомаҳорат инъикос ёфтаанд. Аз Мирсаид Миршакар қариб 40 адад мақолаи адабӣ ва танқидӣ ба мерос мондааcт.

Мероси бою гуногунпаҳлӯи Мирсаид Миршакар дар маҷмӯаҳои сершумори алоҳидаву дастҷамъӣ дастраси хонанда гардидааст. Солҳои 1970- 1974 Куллиёти сеҷилдаи адиб (Ҷилди сеюм дар ду китоб) аз чоп баромад. Соли 2002 мунтахаби ашъори шоир бо номи «Панҷи ноором» (Душанбе- Теҳрон, 2002) ба табъ расид. Ҳамчунин, қисмате аз мероси адабии Мирсаид Миршакар ба забони русӣ ва як қатор забонҳои дигари хориҷӣ тарҷума ва чоп гардидаанд.

Ашъори лирикӣ. Ашъори шоир асоси воқеӣ дошта, муҳимтарин масъалаҳои давру замонро фаро гирифтаанд. Масалан, ӯ дар рӯзи дуввуми оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеъри «Таронаи уқоби озод»-ро менависад. Дар ин шеър ватандорон ба уқоби озод ва ҷангҷӯён ба шағоли мурдахӯр монанд гардида, бо баҳои ҷон ҳифз намудани Ватан таъкид меёбад:

Бале! Ман ҳам яке аз он уқобон ,

Ки озодӣ ба онон беҳтар аз ҷон.

Сарамро медиҳам бо фахр, аммо

Нахоҳам дод озодии худро!

Баъзе шеърҳои шоир ҳаҷман кӯтоҳ буда, ҳамагӣ чанд мисраъ мебошанд ва ягон ҳикмати зиндагиро талқин менамоянд. Аз ин ҷиҳат, шеъри «Чаро чун шамъ месӯзӣ?» ҷолиби диққат аст:

Чаро чун шамъ сӯзӣ?

Бебақо ӯст,

Ки андар оташаш маргаш ниҳон аст.

Ту аз хуршед омӯз ин ҳунарро

Ки месӯзад, валекин ҷовидон аст.

Ташбеҳи чун шамъ сӯхтани қаҳрамони лирикӣ дар назми тоҷик фаровон истифода шудааст. Аз нигоҳи Мирсаид Миршакар ин ташбеҳ ноқис аст, зеро сӯзиш шамъро ба нестӣ мебарад. Инсон, агар ҷовид мондан хоҳад, бояд ҳунари сӯхтанро аз хуршед омўзад. Шоир ҳолатҳои рӯҳии инсонро ба сӯзиши шамъу хуршед монанд карда, оид ба аҳамияти кӯшишу талош дар зиндагӣ хулосаи ҳикматомезе баровардааст.

Дар шеъри «Чун уқоби тезпарвоз» низ фикр ба воситаи ташбеҳу тазод ифода гардидааст. Шоир ҷавониро ба уқоб ва рақиби ҷавонӣ –пириро ба каргас монанд мекунад ва ба воситаи муқобил гузоштани хислатҳои ду паранда ба ҷавонон панд медиҳад:

Ҷавонӣ,

Чун уқоби тезпарвоз

Ҷасур астиву чусту зӯрбозӯй,

Рақибат назди ту чун каргаси пир,

Сари хам дораду аз тарс хушгӯй.

Машав мағрур, мағрурӣ шикаст аст,

Макун бовар ба гуфтору ба кораш.

Туро дар пеш пирӣ интизор аст,

Ки беандоза вазнин аст бораш…

Уқоби тезпарвозу сахтчангол аз мағрурии худ оқибат шикаст хӯрда, тӯъмаи каргас мегардад. Модом ки чунин аст, бояд ҷавонон аз ҷасуриву иқтидори худ мағрур набошанд. Онҳо қувваву ғайрати ҷавониро оқилонаву дурандешона истифода баранд, то дар пирӣ афсӯс нахӯранд.

Дар «Кавкаби ишқу умед», «Савори корвони орзуям», «Даъват», «Гуфтугӯ бо дил», «Роҳи зиндагӣ», «Одам», «Инсон» барин шеърҳо инсони озод ва бошараф васф мешавад. Қаҳрамони лирикии шоир зиндагиро дӯст медорад, ба сулҳу дӯстӣ эътиқод дорад ва худро дар ҳаёт масъул мешуморад.

Мирсаид Миршакар ба ашъори Рӯдакӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Муҳаммад Иқбол, Турсунзода барин суханварони машҳур ҷавобияҳо гуфта, ба комёбиҳо ноил гардидааст. Байтҳои зерин гувоҳи хаёлоти рангин ва ҳунари нигорандагии шоир мебошанд:

Хор гардад гул,

агар булбул фаромўшаш кунад,

Хор гардад гул

даме, ки булбул оғўшаш кунад.

* * *

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,

Зиндагиро орзу орзу ширин намуд,

 

Достонҳои Мирсаид Миршакар

Достони «Ливои зафар» аввалин таҷрибаи шоир дар роҳи достонсароӣ мебошад. Ин достон хусусияти тарҷумаиҳолӣ дорад ва дар панҷ боби он саёҳати якрӯзаи шоир ба сохтмони Вахш тасвир ёфтааст. Дар охири солҳои 30 шоир нусхаи аввали достони «Қишлоқи тиллоӣ»-ро ба анҷом мерасонад. Баъдтар ин достон такмил ёфта, боиси шӯҳрати эҷодии муаллифаш мегардад.

Достони сеюми М. Миршакар «Панҷи ноором» ном дорад. Асар аз шаш боб иборат аст ва ҳар боб ба воситаи банди васила пайваст мешавад:

Мевазад боди тозаву форам,

Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он.

Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам

Ин суруди қадими кӯҳистон:

«Рӯзу шаб рӯди Панҷи ноором

Мезанад доду мезанад фарёд,

Меравад худсарона,

Лекин ром

Ҳеҷ касро намешавад.

Ҳайҳот!»

Мундариҷаи достон ба воситаи муқоисаи тарзи ҳаёти мамлакатҳои хориҷӣ ба тарзи зиндагии мардумии шӯравӣ ифода ёфтааст.

Достони «Ленин дар Помир» бошад, як саҳифаи таърихи зиндагии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дарбар кардааст. Дар достон солҳои аввали ҳукумати Шўравӣ дар кўҳистони Бадахшон паҳн шудани ғояҳои ленинӣ тараннум мешавад.

Дар байни асарҳои калонҳаҷми М. Миршакар достони «Исёни хирад» боз ҳам ҷолибтар мебошад. Ин достон солҳои 1977-1978 эҷод гардида, ба рӯзгори пурмоҷарои шоир ва файласуфи тоҷик Носири Хусрав бахшида шудааст.

«Қишлоқи тиллоӣ». Достони «Қишлоқи тиллоӣ» дар асоси афсонаи халқӣ эҷод гардидааст. Достон чунин оғоз меёбад: сайёде ҳангоми шикор ба як дараи кӯҳӣ меравад, ки он ҷо ҷӯйи обе равон буд. Дар даруни ҷӯй себи сурхеро дида, дар ҷустуҷӯйи боғ мешавад ва дар роҳ ба деҳаи зебое дучор меояд:

Халоиқ ҷумла он ҷо бахтиёранд,

Ҳама шоду ҳама масти баҳоранд.

Намедонанд номи зулму золим,

Хирадманданду доноянду олим…

Ба зери пояшон марҷону гавҳар,

Ҳама асбобашон аз симу аз зар…

Занон ҳам мисли мардон сарфарозанд,

Ғазал хонанду рақсанду навозанд…

Сайёд барои ба он макони ободу зебо бурдани аҳли оилааш ба хона бармегардад. Вале вафот карда, орзуҳояшро ба гӯр мебарад. Нақли сайёд дар бораи қишлоқи тиллоӣ паҳн мешавад. Дувоздаҳ нафар аз камбағалон ба ҷустуҷӯйи қишлоқи тиллоӣ мебароянд. Аксарияти онҳо ҳангоми ҷустуҷӯ ба сахтиҳо тоб наоварда талаф мешаванд. Як нафари онҳо зинда монда, ба орзуи Ватан аз баҳри мусофират мебарояд. Ӯ ба деҳае меояд, ки ба ҳамон қишлоқи тиллоии афсонавӣ шабоҳат дошт. Мусофир ба писараш – Шарафҷон дучор меояд. Шарафҷон ба падар мефаҳмонад, ки ин ҳамон деҳаи пешина ҳаст. Вале дар натиҷаи меҳнати дастҷамъонаи одамон ба қишлоқи тиллоии ҳақиқӣ бадал гаштааст:

– Падарҷонам, нарезон ашки худро,

Нигар, охир, диёри туст ин ҷо!

Нигар, акнун туӣ андар диёрат,

Дар он ҷое, ки мондӣ рўзгорат.

Ҳар он чизе, ки мебинӣ дар ин ҷо

Гулу гулзору бустонҳои зебо.

Иморатҳои зебою дилоро

Бувад маҳсули ранҷу меҳнати мо.

Дар қисмати охири достон ба ҳақиқат табдил ёфтани афсонаи мардуми Помир ва дар оянда боз ҳам беҳтару ширинтар гардидани ҳаёти халқ таъкид ёфтааст.

Достони «Қишлоқи тиллоӣ» дар шакли маснавӣ (қофиябандиаш аа, бб, вв…) ва дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур (V---/V---/V- - ё V - ~) навишта шудааст.

Нишастам дӯш бо марди куҳансол,

Аҷаб пири суханвар буду хушҳол.

Мафоӣлун / мафоӣлун/ мафоӣл

V - - - V- - - V- ~

Достон ба бобҳо ҷудо нашудааст ва дар шакли монолог аз забони пири суханваре, ки баъди азобу машаққати ҷонгудоз ҳаёти хушбахтона насибаш гаштааст, эҷод гардидааст.

Образҳои достон. Дар достони «Қишлоқи тиллоӣ», асосан, се образ мушоҳида мешавад, ки ҳар се мусбатанд. Яке сайёд мебошад, ки бо вуҷуди кӯшиши зиёд дар роҳи зиндагии хушбахтона ба мақсад намерасад. Сайёд аз зиндагии бофароғат, муносибату муомилаи хайрхоҳонаи сокинони қишлоқи тиллоӣ ба ваҷд омада, мехоҳад аҳли оилаашро низ он ҷо барад. Вале баъди ба хонааш баргаштан дигарбора барои ба он диёри зебо рафтан ҷуръат намекунад. Суханҳои пеш аз марг гуфтаи пирамард ҷонгудоз ва пурҳасрат садо медиҳанд:

Дареғо, мемурам акнун, дареғо,

Надида як дами роҳат ба дунё.

Зи аввал бенаво будам, дареғо,

Раҳи ҳасрат бипамудам, дареғо!

Бикардам орзуи бахтро, лек

Ба сӯи бахт роҳам гашт торик.

Образи асосӣ падари Шарафҷон мебошад. Падари Шарифҷон дар ҷустуҷӯйи қишлоқи тиллоӣ бародараш, дигар ҳамдеҳагонаш ва боз ҷавониашро аз даст медиҳад. Ба тасвир калимаҳои тазодии баҳору хазон ва ҷавониву пирӣ қувват бахшидаанд:

Ба ҳар ҷое, ки рафтему расидем,

Ба ҷуз хорию бадбахтӣ надидем.

Баҳори умри мо охир хазон шуд,

Ҷавонӣ рафту пирӣ ҳамъинон шуд.

Дар достон рӯзҳои охири оворагардиҳои пирамард боз ҳам хотирмонтар тасвир ёфтааст. Пирамарди танҳову озурда аз баҳри қишлоқи тиллоӣ гузашта, роҳи хонаашро пеш мегирад. Бадбахтона, роҳи хонаро низ гум мекунад. Дар ин ҳолат тасвир шиддат мегирад ва шоир дар ифодаи ҳолати рӯҳии образ аз ташбеҳу истиора, тавсиф ва саволу хитоб барин воситаҳои тасвир истифода мекунад. Пирамард аз ғояти ғаму дард ва гуруснагию хастагӣ аз ҳуш меравад ва дар беҳушӣ ҳам симоҳои аҷиби ба қишлоқи тиллоӣ монандро мебинад:

Зи байни абрҳо қасри кабуде,

Кабуду дилписанду хушнамуде.

Намоён гашт:

Ҳайронам чӣ бошад?

Агар қаср аст вай, пас аз кӣ бошад?

Магар ин гунбади Тоҷи Маҳал буд?

Ва ё ин ҳилакории аҷал буд?

Ниҳоят, ин мард ҳангоми пирӣ ба деҳаи худ баргашта, онро шабеҳи қишлоқи тиллоӣ мебинад. Ӯ аз нав рӯҳ мегирад ва баҳри боз ҳам зеботар намудани Ватан камар мебандад.

Шарафҷон аз ду образи аввал фарқ дорад. Ӯ босавод аст ва ба қудрати одам бовар дорад. Суханҳои пурҳарорати Шарафҷон дар бораи ободии диёр симои ӯро чун шахси ватандӯсту воқеъбин ва сухандону маънирас ба назар ҷилва медиҳад. Ӯ дастгоҳи барқҳосилкуниро чунин тасвир менамояд:

Нигар бар хонаи болои дарё…

Ту гӯйӣ чанги пуртор аст он ҷо

Ва ё зулфи каҷи ёр аст он ҷо.

Дар он ҷо торҳои мусиқӣ аст,

Кунад нохун бар онҳо паҳлавондаст.

Чу мутриб бар навозиш мекунад сар.

Шавад равшан диёри мо саросар…

Мирсаид Миршакар анъанаи эҷодиёти шифоҳӣ ва Низомӣ Ганҷавӣ («Искандарнома»), Абдурраҳмони Ҷомӣ («Хирадномаи Искандарӣ»), Аҳмади Дониш («Наводирулвақоеъ»), Сиддиқии Аҷзӣ («Миръоти ибрат») барин суханваронро эҷодкорона истифода карда, асари басо ҷолиб таълиф намуд. Ғояи афсонаи қишлоқи тиллоӣ адолат, бахту саодат ва озодӣ мебошад. Шоир роҳҳои воқеии ба хушбахтӣ ва бахту саодат расидани ҷомеаро тасвир намудааст. Ба қавли адиб, ободии Ватану хушбахтии ватандор дар натиҷаи кӯшишу талош ҳосил мегардад.

Достони «Қишлоқи тиллоӣ» бо забони содаву фасеҳ, услуби дилкаши бадеӣ ва мазмуни баланди худ дар адабиёти даврони шӯравӣ эътибори калон пайдо кард ва ҳоло ҳам яке аз асарҳои дӯстдоштании назми тоҷик ба шумор меравад.

«Исёни Хирад» ва ашъори бачагона

«Исёни хирад». Достони «Исёни хирад» ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва файласуфи асри ХI тоҷик Носири Хусрав бахшида шудааст. М. Миршакар дар ду қисм ва ёздаҳ боби достон бо услуби тамсил – ҳикояти Чашмаи Носир рӯзгори ноором, таҳқиру сӯиқасдҳои бардавоми душманон ва як қатор фикру андешаҳои мутафаккирро мавриди тасвири бадеӣ қарор додааст.

Дар достон Носири Хусрав чун шахсияти собитқадам, донишманд ва озодандешу бедордил ба назар мерасад. Мутафаккир мавқеи инсонро дар рўи замин аз ҳама боло медонад ва таъкид мекунад, ки сарчашмаи бадбахтиҳои одам дар ҷоҳилӣ, коҳилӣ ва беэътиноӣ ба қудрату имконияти худ мебошад. Пас, барои раҳоӣ ёфтан аз ин олудагиҳо ҳамвора дар талош будан зарур аст:

Гули мақсуд то ба даст ояд

Хештанро шинохтан бояд.

Он ки худро шинохт дар дунё,

Мешиносад замири ҳастиро…

Гар зи омӯхтан натобӣ сар,

Бар сари даҳр мешавӣ сарвар.

Тобеъат мекунӣ фалакро ҳам

Чархро, аршро,

Малакро ҳам.

Хурофотпарастон ин суханони Носири Хусравро нодуруст шарҳ дода, шоирро кофир ҳукм мекунанд ва шогирдаш – Равшанро сангсор менамоянд. Дар ҳамин вазъи ноҳинҷор ду марди миёнарав Носири Хусравро ба Хуросон, ба дарбори амир даъват мекунанд. Шоир даъвати онҳоро бо қатъият рад карда, дар Юмгон монданро авло медонад:

Манзили ман, ки ғори Юмгон шуд,

Ғор ақлу улумро кон шуд.

Хуб медонад он ки пурдон аст,

Лаъл дар қалби кӯҳ пинҳон аст.

Ман чу лаълам даруни санги сиёҳ,

Гавҳари бебаҳои ин маъво…

Дар порчаи боло, аз як тараф, иззати нафс ва, аз тарафи дигар, мақому манзалати Носири Хусрав барҷаста тасвир ёфтааст. Шоир худро ба лаъли сурх ва Юмгонро ба кӯҳ ё санги сиёҳ ташбеҳ кардааст. Чи хеле ки лаъл боиси шукӯҳи кӯҳ мешавад, ғори Юмгон ҳам бо шарофати ин мутафаккир чун кони ақлу илм дар ҷаҳон шӯҳрат меёбад.

Дар қисми дуюми достон айёми пирии Носири Хусрав тасвир ёфтааст. Шоири ранҷидахотир ва бекасу танҳо хеле эҳтиёткор ва пурбардошт ба назар мерасад. Ӯ дигар ба мухолифон баҳсу талош намекунад ва майли ба по хезондани мардумро ҳам надорад. Мутафаккир вақташро зиёдтар сарфи эҷоди асар менамояд ва бо оташи илму дониш решаи ҷаҳолатро аз бунёд сӯхтан мехоҳад:

Балки имрӯз мири кӯҳсорам,

Лашкар аз шеъру достон дорам.

Бо ҳамин лашкари диловари ман,

Зарба меоварем бар душман.

Решаи ҷаҳлро ҳамесӯзем,

Ки чароғи хирад барафрӯзем.

То шавад шоми зиндагӣ равшан,

Бикунад гул харобазори Ватан.

Мирсаид Миршакар ба воситаи ташбеҳ (монанд кардани Носири Хусрав ба амир ва китобҳо ба лашкар), ифодаҳои маҷозӣ (решаи ҷаҳл, чароғи хирад, шоми зиндагӣ, гул кардани харобазори Ватан) ва таркибҳои муқобилмаъно (хирад ва ҷаҳл, барафрӯхтан ва сӯхтан, шом ва равшан) мавқеи олимону суханваронро дар ҳаёти иҷтимоии инсон ва ободии диёр таъкид намудааст.

Достон бо вафоти Носири Хусрав ба охир мерасад. Мутафаккир пеш аз вафот ба вопасмондагон васият мекунад. Адиби оламшумул орзу дорад, ки эҷодкорони олами нав ба мероси гуногунпаҳлую гуногунмавзӯи ӯ муносибати хайрхоҳона дошта бошанд.

Ашъори бачагона. Мирсаид Миршакар чун шоири бачагон низ маълуму машҳур буда, яке аз поягузорони адабиёти бачагонаи тоҷик шинохта шудааст. Беҳтарин шеърҳои бачагонаи шоир дар маҷмӯаҳои «Ғунчаҳои хандон» (1949), «Ҷӯробҳои гулдор» (1954), ҷилди якуми Куллиёти сеҷилда ва мунтахаби ашъори «Панҷи ноором» ба табъ расидаанд.

Асарҳои бачагонаи Мирсаид Миршакар дар жанру шаклҳои мураббаъ, суруду тарона, чистону афсона, масалу маснавӣ ва драма навишта шудаанд ва мавзӯъҳои ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, дӯстиву рафоқат, муҳаббат ба хонишу мактаб, эҳтироми падару модар, манзараҳои табиат ва ғайраро фаро гирифтаанд.

Асарҳои ба хурдсолон бахшидаи Мирсаид Миршакар бо забони ширин, зарбу оҳанги сабук ва рангорангии тасвир ба табиат, олами ҳастӣ ва шавқу завқи бачагон мувофиқат доранд. Бинобар ин, «Гунҷишкак», «Бозии ҳарбӣ», «Ватан», «Рост мегӯям», «Рақси Зебо», «Бо айби кӣ?», «Алифбои зинда», «Ҷӯробҳои гулдор», «Дугонаҳо», «Киштии орзу», «Бачагони мо», «Ҷон Тоҷикистон», «Обаки ширин», «Гули лола» барин шеъру сурудҳои шоир вирди забони кӯдаконанд. Ҳатто хурдтарин шеъри бачагонаи шоир дар баробари ба тахайюли наврасон мусоидат кардан, онҳоро ба роҳи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят менамояд. Ба талмеҳ, таҷнис ва тавсифи шеъри «Куҷост Рустам?» таваҷҷӯҳ намоед:

Хезеду хезед

Ба кӯча чаққон.

Камони Рустам

Гаштаст рахшон.

Бо ин камонаш

Рустами Дастон

Бар Ватанаш буд

Содиқ нигаҳбон!

Мирсаид Миршакар як қатор достонҳои бачагона эҷод намудааст, ки «Мо аз Помир омадем» (1939), «Неъмат» (1942), «Федка» (1942-1948), «Қалами ман» (1951), «Одам - офаридгор» (1962) намунаи онҳост.

Шоир ба адабиёти бачагонаи тоҷик асосан бо достони «Мо аз Помир омадем» дохил гардид. Мундариҷаи асар дар асоси сафари гурӯҳи бачагони Помир ба Маскав (1929), ки дар он даста шоир чун роҳбар иштирок дошт, фароҳам омадааст. Барои мусофирон ҳама чиз нав аст. Онҳо ба қатора савор мешаванд ва медонанд, ки то Маскав роҳ дур аст. Бинобар ин осуда мехобанд. Аммо баъди чанде ҷои оромиро изтиробу беқарорӣ иваз мекунад:

Хобидем андар вагон,

Бедор шудем дар Когон.

Хурсандӣ, шодӣ кардем,

Аз шодӣ бозӣ кардем.

«Ана, - гуфтем, -Москва

Москваҷон, Москва».

Воқеа аз номи шахси якум баён мешавад ва дар асар такрори калимаву таркибҳо мавқеъ доранд. Ин услуби тасвир боиси ифодаи ҷолиб ва содаву равони фикр гардидааст. Махсусан такрори байти:

Мо аз Помир омадем,

Москва равон шудем.

- фикри шоирро қувват дода, олами рӯҳии мусофиронро равшан таҷассум менамояд. Мусофирони наврас дар роҳ Когон ва Самараро дида ба ваҷд меоянд ва ин шаҳрҳоро Маскав гумон мекунанд. Ниҳоят, ба Маскав мерасанд, ки тасвири он басо мароқовар аст:

Аҷаб шаҳри мӯҳташам!

Сар то сар сабзу хуррам.

Аввалу охири он

Намеёбед, эй ёрон!

Қабат-қабат хонаҳо,

Сар кашида дар ҳаво.

Чароғҳояш дурахшон

Дурахшону нурафшон.

Дар кӯчаҳо одамон

Чун оби дарё равон…

Забони ширин, вазну оҳанги сабук, тавсиф, такрор, муболиға ва ташбеҳ барин воситаҳои тасвир ҳолати хурсандӣ ва шавқу завқи мусофирони наврасро аз дидори пойтахти онрӯзаи Иттиҳоди Шӯравӣ самимона ифода менамоянд ва ба хонанда лаззати бадеӣ мебахшанд.

Хулоса, ашъори бачагонаи Мирсаид Миршакар бо услуби равону суфта, оҳангҳои сабуку шӯхи хақӣ дар дилу дидаи хонандаи хурдсол ҷой гирифтаанд.

Дида шуд: 167


2020 SHOIR.TJ