Мирзо Турсунзода (1911-1977)


Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ

Чун ба иқлими ватан бисёр одат карда буд.

Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,

Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.

(Бозор Собир)

Зиндагинома

Мирзо Турсунзода дар гузари Чармгарони деҳаи Қаратоғ ба дунё омадааст Моҳи майи соли 1911 дар хонадони Турсунмуроди ҳунарманду фарҳангдӯст Писар ба дунё омад. Падар тифли навзодро Мирзо ном ниҳод ва ба тарбияи фарзанд машғул шуд.

Соли 1920 минтақаи Ҳисорро бемории вабо фаро гирифт. Ин офат модари Мирзо - Холбибиро низ ба коми марг кашид. Мирзо ҳамагӣ нӯҳ сол дошт, ки аз меҳрубониву навозиши модар маҳрум монд:

Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест,

Қомати ту, чашми ту, абрӯйи ту дар ёд нест.

Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кую дар,

Чунки то имрӯз, модар, кӯи ту дар ёд нест...

Тарбияи баъдии Мирзо пурра ба зиммаи падар вогузор мешавад. Шоири оянда чанд муддат дар мадрасаи назди деҳи худ ба таҳсили ибтидоӣ мепардозад. Баъди таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон (1924) дар мамлакат мактабҳои усули нав мавқеъ пайдо мекунанд. Чунин мактаб дар Қаратоғ соли 1925 ба фаъолият пардохт ва Мирзо яке аз аввалин толибилмони ин мактаб буд. Мирзо соли 1926 ба Душанбе омада, дар сафи толибилмони интернат қарор мегирад. Маъмурияти интернат Мирзоро соли 1927 ҳамроҳи як гурӯҳ ҷавонони лаёқатманд ба Дорулмуаллимини Тошканд мефиристад.

Чор соли таҳсил дар Дорулмуаллимини Тошканд ва вохӯрӣ бо устод Айнӣ барин шахсиятҳои фарҳангӣ дар такмили ҷаҳонбинӣ ва маърифатшино- сии Мирзо мусоидати комил намуд. Соли 1930 Мирзо Турсунзода дар асоси роҳхати Кумитаи марказии комсомол ба Душанбе бармегардад ва дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аввал ба сифати ходими адабӣ ва баъдан чун котиби масъул фаъолият мекунад.

Соли 1933 Мирзо Турсунзода аз падар маҳрум гардид. Соли 1934 ба муносибати Анҷумани аввали нависандагони СССР як гурӯҳ адибони тоҷик, аз ҷумла М. Турсунзодаро ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфтанд. Солҳои пурдаҳшати сиюм адиб аз рӯйи зарурат як муддат Душанберо тарк карда, дар Хуҷанд истиқомат мекунад. М. Турсунзода солҳои 1934-35 дар Театри мусиқию мазҳакаи шаҳри Хуҷанд вазифаи мудири қисми адабиро ба ӯҳда доштааст. Соли 1934 ҳангоми ба саҳна гузоштани песаи «Маликаи Турандот» ба ҳунарпешаи театр Сабоҳат Низомиддинова муносибати дўстӣ пайдо карда, бо ӯ издивоҷ мекунад.

М. Турсунзода соли 1936 ба Душанбе омад ва то соли 1946 дар вазифаҳои гуногуни адабиву рӯзноманигорӣ фаъолият намуда пайваста эҷод менамуд. Соли 1946 раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт ва то охири умр дар ин вазифа фаъолият намуд. Аз соли 1946 сар карда М. Турсунзода ҳамеша намояндаи халқ дар парлумони шӯравӣ буд ва шоир дар паҳлуи корҳои эҷодӣ бо тамоми ҳастӣ фаъолияти ҷамъяитии хешро ҳам идома медод.

Баъди хатми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1945) мавзӯи ҷанг ва сулҳ бори дигар ҷомеаи башариро фаро гирифт ва М. Турсунзода чун мунодии сулҳ дар тамоми ҷаҳон Иттифоқи Шӯравиро намояндагӣ намуд. Фаъолияти ҷаҳонгардии шоир аз соли 1947 қувват гирифт.

Дар натиҷаи сафарҳояш ба Деҳли, Исломобод, Париж, Варшава, Вена, Қоҳира, Стокголм, Хелсинки, Доруссалом, Ҷакарта, Конакри барин шаҳрҳои ҷаҳон М. Турсунзода чун шахсияти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ ба камол расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистону халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуд. Шоир дар «Ватан» ном шеъраш муддати ҷаҳонгардии хешро чунин ёдоварӣ намудааст:

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,

Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.

Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,

Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

Аввалҳои тирамоҳи соли 1977 устод Турсунзода бистарӣ шуда, 24 сентябри соли 1977 шоири шаҳир аз дунё гузашт.

Ҷасади шоирро дар яке аз баландиҳои шаҳри Душанбе –теппаи Лучоб ба хок супориданд ва минбаъд ин теппа бо номи «Марқади Турсунзода» маъруф гардид.

Мирзо Турсунзода ба чандин ордену медалҳои ҳукуматӣ қадр шудааст. Ӯ академики АИ Тоҷикистон (1951), Шоири халқии Тоҷикистон (1961), Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967) ва барандаи ҷоизаҳои бисёри давлатию байналмилалӣ гардид. Ҳукумати давр баъди марг як ноҳияву як донишкада ва хиёбонеро ба номаш гузошт, ҳайкалҳо сохт, ҷоизаҳо ва идрорпулӣ таъсис дод. Моҳи майи соли 2001 ба муносибати 90–солагии зодрӯз ба шоир ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Осор ва марҳалаҳои эҷод. Мирзо Турсунзода ҳанӯз солҳои 1927-28 ба эҷоди асарҳои бадеӣ мепардозад.

Маҷмӯаи нахустини М. Турсунзода «Байроқи зафар» (1932) ном дошта ду шеър ва даҳ ҳикояву очеркро дарбар кардааст.

Фаъолияти эҷодии М.Турсунзода дар солҳои 30-юм ҳам аз нигоҳи шакл ва ҳам аз ҷиҳати мавзӯъ ва мундариҷа васеъ ва пургунҷоиш мегардад. Шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам» (1934), «Манзараҳои Хуҷанд» (1935), «Офтоби Мамлакат» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937), «Суруди ҷавонӣ» (1937), «Мамлакати тиллоӣ» (1938), «Оҳанрабо» (1939), «Халқи далер» (1939), «Чаманистон» (1940), «Водии Ҳисор» (1940), «Мо аз Хоруғ омадем» (1940) гувоҳи садоқати шоир ба сарзамини аҷдодӣ ва ҷомеаи сотсиалистӣ мебошанд. Маҷмӯаи дуюми шоир – «Шеърҳо» (1939) мухаммас, мусаддас, ғазал, маснавӣ, тарҷеъбанд, марсия барин жанрҳои шеъриро фароҳам оварда, фаъолияти адабии шоирро дар солҳои 30-юм ҷамъбаст мекунад.

Дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Турсунзода дар қатори дигар адибону фарҳангиёни даврони шӯравӣ эҷодиёти худро пурра ба муқобили душмани ғаддор ва ҳимояи Ватани азиз равона намуд. Аввалин шеъри давраиҷангии шоир –«Хайр, модари азиз» 24 июни соли 1941 навишта шудааст, ки он аз муколамаи писару модар иборат аст:

«Модарам, меравам аз пеши ту ман,

Ба дифои шарафу шаъни Ватан...»

Гуфт: «Рав, ҷанги далерона бикун,

Ҷанг бо лашкари бегона бикун.

Бош фарзанди сазовори падар,

Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар».

Дар шеърҳои «Ҳамшираҳо» (1941), «Ба ҷанг» (1941), «Хотираи капитан» (1941), «Ҳаргиз» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Паҳлавони интиқомгир» (1944), «Рафиқи азиз» (1944) корномаҳои давраиҷангӣ бо шӯру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душманбадбинӣ талқин мешаванд. Дар солҳои ҷанг Турсунзода достонҳои «Писари Ватан» (1942) ва ҳамроҳи Абдусалом А. Деҳотӣ «Барои Ватан» (1942) – ро эҷод мекунад. Бояд гуфт, ки асарҳои солҳои 30-юм ва нимаи аввали солҳои 40-ум ба марҳалаи аввали эҷодиёти Турсунзода тааллуқ доранд.

Марҳалаи дуввуми эҷодиёт. Эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар солҳои баъдиҷангӣ ба марҳалаи нави инкишоф дохил шуд. Дар давраи дуввум қалами шоир тезтар ва ҷанбаи ҳунарии ашъори ӯ пурқувваттар гардид. Сафарҳои пай дар пай ба кишварҳои хориҷӣ (дар харитаи сафарҳои Турсунзода 25 мамлакати хориҷӣ қайд шудааст) ва вохӯриву сӯҳбатҳо бо адибони маъруфи ҷаҳонӣ ба он сабаб шуд, ки паҳлуҳои гуногуни услуби эҷодии шоир такмил ёфта, шеъри ӯ рӯҳияи умумибашарӣ пайдо намояд.

М. Турсунзода баъди силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947 – 1949) чунин асарҳои калонҳаҷмро офарид: силсилаи шеърҳои «Ман аз Шарқи озод» (1950), достонҳои «Ҳасани аробакаш» (1952-1954), «Садои Осиё» (1956), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964), «Аз Ганг то Кремл»(1970), сисилаи ашъори «Дастовез» (1975).

Дигар соҳаҳои фаъолият. Адиб зиёда аз 200 мақола, эссе, очерк ва ёддоштҳои сафарӣ таълиф намудааст, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давр мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Фаъолияти тарҷумонии М. Турсунзода низ зиёда самарабахш мебошад. Адиб як қатор асарҳои А. С. Пушкин, Т. Г. Шевченко, Н. А. Некрасов, Самад Вурғун, Зулфия, Анатолий Сафронов барин қаламкашони варзидаи халқҳои гуногунро бо маҳорати баланд тарҷума намудааст. Мероси адабии М. Турсунзода дар чор ҷилди Куллиёти адиб (1971 -- 1985) ба табъ расидаанд.

Ашъори лирикии шоир

Мавзӯи ахлоқ. Масъалаҳои ахлоқӣ аз маҷмӯаи дуввуми Турсунзода – «Шеърҳо» оғоз ёфта, минбаъд инкишоф меёбад. Шоир ба воситаи мавзӯъҳои ватанхоҳӣ, меҳнатдӯстӣ, ҷасорату диловарӣ, аҳду вафо, садоқат, меҳрубонӣ, ғамхорӣ, иззату икроми якдигар сифатҳои шоистаи инсониро ситоиш карда, ҳамзамон ахлоқи бадро мазаммат менамояд. «Дил дили Зайнаб» (1939), «Хаёли хом» (1940), «Чаманистон» (1940), «Ба кӯсори тоҷик» (1940) аз ҷумлаи беҳтарин ашъори ба ин масъала бахшидаи шоир мебошанд.

Дар шеъри «Дил дили Зайнаб» масъалаи муносибати падару фарзанд ба миён гузошта мешавад. Турсунзода тамоми сифатҳои наҷиби пирамардро чун бузургиву ботамкинӣ ва хушмуомилагиву одамдӯстӣ васф мекунад ва баъд савол мегузорад, ки оё чунин падар ба ишқи озоди духтари ягонааш муқобил баромада метавонад? Шоир ҷавоби ин саволро дар сурату сират ва ахлоқу одоби духтар меҷӯяд ва ба ин восита падидаҳои ахлоқии гузаштаро дар шакли тоза пешкаш менамояд:

Дар ҳақиқат Ситора номи ӯст,

Зуҳалу Зӯҳра дар низоми ӯст.

Шеърро М. Турсунзода бо зарбулмасали халқии «Дил дили Зайнаб» ҷамъбаст намуда, ихтиёрро ба дасти бахтиёр мегузорад. Ин шеър баёнгари ишқи озод мебошад, ки ба таъбири шоир зуҳуроти ахлоқи нав буд.

М. Турсунзода барои хубтару беҳтар ошкор сохтани масъалаҳои панду-ахлоқӣ аз тасвирҳои тамсилӣ фаровон истифода мекунанд. Чунон ки аз шеърҳои «Дурахши қуллаҳо» (1959), «Дарахти булут» (1962), «Ток ва замин» (1966), «Инсон ва кӯҳ» (1967) низ бармеояд, тамсилҳои шоир ҳар кадом дорои мақсаду мӯҳтавои мушаххас мебошанд. Масалан, дар шеъри «Ток ва замин» масъалаи муносибати ҷузъу кулл ва фарду ҷомеа бардошта шудааст. Шоир бар он аст, ки агар фард ба ҷомеа вафодор бошад, аз ҳар офату носозгориҳои зиндагӣ эмин буда метавонад. Ин маъниро тасвири рамзии ток ва замин ба таври муносиб ифода намудааст. Боғбон навдаҳои токи ҷавонро мебурад, лекин чун реша дар замин дорад, он боз афзоиш меёбад:

Решаи ток, ки дар зери замин маскан дошт,

Бо замин ваъдаи як умр вафо кардан дошт,

Аз дами хоки сиёҳ, аз нафаси гарми баҳор

Ток болида амал кардану сабзидан дошт.

Тараннуми ахлоқи ҳамида, чунон ки аз шеърҳои “Ошёни баланд” (1968) ва “Дӯстонро гум накун” (1975) маълум мешавад, тамоми марҳалаҳои эҷодии шоирро фаро гирифтааст. Дар шеъри “Ошёни баланд” масъалаи мушкилиҳои рӯзгорро бурдборона паси сар намудан бардошта шудааст. Ин маънӣ ба воситаи таркиби ошён гузоштан ва ба тасвир кашидани маъноҳои аслию маҷозии он сурат гирифтааст.

Асоси мундариҷавии шеърро талқини ғояҳои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ташкил медиҳад. Содиқ мондан ба суннатҳои миллӣ ва дар заминаи анъанаҳои неки падарон созмон додани ҳама дастовардҳои нави зиндагӣ – чунин аст хулосае, ки аз бандҳои ҷамъбастии шеър бармеояд:

Гар кунӣ парвоз, бо ёди падар парвоз кун,

Бобҳои тозаро дар пеши рӯят боз кун.

Гулханеро, ки падарҳо дар раҳат афрӯхтанд,

Машъали тобандаи дастони пурэъҷоз кун.

Таваҷҷӯҳи М. Турсунзода ба масъалаҳои пандуахлоқӣ муносибати шоирро ба анъанаи бойи адабиёти классикии тоҷик муайян намуда, мундариҷаи эҷодиёти ӯро бою рангин намудааст.

Васфи занону модарон. Мавзӯи занону модарон дар эҷодиёти М. Турсунзода ба пояи баланди ғоявию бадеӣ расидааст.

Силсилаи Модарномаи Турсунзода дар маҷмӯаи “Посбони оташ” гирд омадааст. Тасвири мукаммалу муфассали образи модари тоҷик ба давраи баркамолии эҷодиёти шоир рост меояд. Аксари шеърҳои Модарнома, аз ҷумла, “Модарам”, “Дасти модар”, “Дили модар”, “Бигзор, зан бошад мудом”, “Зан агар оташ намешуд”, “Зан посбони оташ аст”, “Чашми ман” дар солҳои 60-70 таълиф гардидаанд.

Дар шеъри “Дили модар” хислати модари тоҷик, ки ба серфарзандӣ майл дораду ҳангоми тӯйи арӯсии фарзанд беихтиёр ашки шодӣ мерезад, табиӣ ва самимӣ ба қалам омадааст, ба дараҷае, ки хонанда ҳолати рӯҳӣ ва туғёни қалбии модарро ҳангоми келинфурорӣ хеле хуб эҳсос мекунад. Барои модар аз даст додани фарзанди калонаш дар ҷанг фоҷиаи ҷонкоҳ буд. Вале онро ба хотири тарбияи фарзанди хурдӣ паси сар менамояд:

Намурдам, зистам,

Фарзанди хурдамро калон кардам,

Шаби тӯйи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам.

Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро

Ба келин пешкаш кардам.

Дуо чун модарон кардам.

Таркибҳои ашки шодӣ, ба келин бахшидани марҷон ва дуои модарона боиси ифодаи мушаххаси образи модари тоҷик гардидаанд. Умуман, тасвири расму русуми аҷдодӣ дар Модарномаи Турсунзода чи қадаре ки хусусияти миллии модари тоҷикро ифода намояд, бо ҳамон андоза ба тасвир моҳияти умумиинсонӣ ато мекунад. Ин аст, ки таманнои модари тоҷик, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудҳиштарин рӯзҳоро аз сар гузаронида, аз ҷигаргӯшаҳои баркамолаш абадӣ ҷудо гардида буд, ормони кулли модарони дунё мебошад:

Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,

Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,

Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,

Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!

Ҳастии модар дар шеъри “Дасти модар” боз ҳам мушаххастар ба тасвир омадааст ва воситаи асосии тасвир дар ин шеър дасти модар мебошад:

Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз

Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,

Аллагӯён тифлро хобондаӣ,

То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.

Бо ҳамон дасте, ки шодон борҳо

Пок кардӣ ашки чашмони маро,

Дар ин шеър дасти модар рамзи қувваи беҳамтои зан аст, ки он на фақат тифлро ба воя мерасонад, инчунин дар ободии дунё ва бахти тамоми сокинони сайёраи мо саҳм мегирад. Дар байтҳои боқимонда (шеър аз 12 байт иборат аст) фаъолияти созандагии модар дар дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба қалам омадааст. Боғ оростан, қасрҳову кӯшкҳо андохтан, гул бӯ кардан ва шонаро ба кокулу мӯ кардан ҷузъҳоеанд, ки фаъолияти модарро умумият дода, ӯро ба дараҷаи типи бадеӣ расондаанд. Шеър дар маҷмӯъ ҳикмати машҳури Наполеон- “Модар ба як дасташ гоҳвора бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад”- ро ба хотир меорад.

Силсилаи шеърҳои Модарнома ҷолиб ва дилкашанд. Вазну қофияи солим, забони фасеҳ, воситаҳои тасвири марғуб ва тартиби ифодаи фикр ҳар як шеъри ин силсиларо басо муассир ва диққатҷалбкунанда гардонидаанд.

Бояд гуфт, ки аксари шеърҳои Модарнома ба ду баҳри маъмули арӯзи тоҷикӣ – ҳазаҷ ва рамал эҷод гардидаанд. Махсусан баҳри рамал, ки аз баҳрҳои дӯстдоштаи М. Турсунзода ба шумор меравад, тартиб ва оҳангнокии қисми кулли шеърҳои Модарномаро таъмин намудааст. Шеъри “Дасти модар” бо чунин байт оғоз меёбад:

Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ,

Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ.

(фоилотун, фоилотун, фоилун)

(-v--, /-v--,/ -v-)

Баҳри рамали мусаддаси маҳзуф (ё мақсур) ва такрори бемайлони таркиби бо ҳамон дасте, ки (дар 12 байт ин таркиб 10 маротиба такрор ёфтааст) ба ин шеър қувваи баланди ифоданокӣ бахшидаанд.

Ё худ дар шеъри “Зан агар оташ намешуд” мавқеи модар дар зиндагӣ ҳунармандона ва ҷолиб ба тасвир омадааст. Мундариҷаи шеър аз аввал то охир ба воситаи ифодаҳои шартӣ фароҳам омадааст:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.

Ин шеър дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф (мақсур)- фоилотун, фоилотун, фоилотун, фоилун (фоилот) навишта шудааст ва оҳангнокии онро дар баробари қофияҳои хом, ҷом, беном, ноком шом ... радифи мемондем мо низ таъмин намудаанд. Ҳамчунин, дар ин шеър санъатҳои (саноеи) бадеии ташбеҳ, тазод, такрор, тавсиф, маҷоз моҳирона истифода шудаанд. Зан ба оташ монанд шудааст ва ин ташбеҳ тамоми хислатҳои сӯзандагӣ ва созандагии модарро дар худ таҷассум намуда тавонистааст. Агар дар байти боло ташбеҳкунандаи оташ табиати офарандагӣ ва парварандагии модарро (хомро пухта кардан, норасидаро парвардан) таъкид намояд, пас дар байти зерин ташбеҳкунандаи оташ ба ҳароратнокӣ ва қувваи беҳамтои меҳри модар (сардро гарм кардан, торикро рӯшан намудан) ишора менамояд:

Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,

Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.

Дар шеъри “Зан агар оташ намешуд” ҳар байт як паҳлуи шахсияти модарро табиӣ ва дилпазир ошкор сохтааст. Шири модар хусусияти табобатӣ низ дорад. Бинобар ин модарон рӯй ва чашму гӯши тифлро ҳар сари чанд вақт бо шири худ мешӯянд. Шоир аз ин одати табиии модарон нозукбинона маънӣ бардоштааст, ки он ба хонанда лаззати эстетикӣ мебахшад:

Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,

Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.

Умуман, силсилаи шеърҳои Модарнома як паҳлуи муҳими лирикаи Турсунзодаро ифода намуда, гувоҳи ҳунари волои шоир мебошад.

Мавзӯъҳои байналхалқӣ ва сулҳу дӯстӣ

Мавзӯи байналхалқӣ таваҷҷӯҳи Турсузодаро ҳанӯз аз солҳои 30-юм ҷалб намуда буд. Агар дар шеъри “Зафари халқ” (1937) сиёсати иртиҷоии фашизм ва муборизаи мардуми Испания бар зидди ин вабои аср мавриди тасвир қарор гирифта бошад, пас дар шеъри “Ба духтари Астурия” (1938) ҷасорати ватанхоҳии Долорес Ибаррурӣ ном духтари испанӣ васф гардидааст.

Фаъолияти ҷаҳонгардии М. Турсунзода боиси дар эҷодиёти адиб беш аз пеш инкишоф ёфтани мавзӯи байналхалқӣ гардид. Аввалин сафари Турсунзода ба хориҷи кишвар тирамоҳи соли 1940 ба Эрон рух дода буд. Вале сафари шоир ба Ҳиндустон (1947) ба эҷодиёти ӯ тағйироти ҷиддӣ ворид намуд ва ин таҳаввулоти1 услубӣ ва бадеиву мундариҷавӣ боиси шӯҳрати ҷаҳонии шоир гардид. Аз нахустин шеъри силсилаи “Қиссаи Ҳиндустон” сар карда, тамоми ашъори ба мавзӯи байналхалқӣ бахшидаи шоир маънӣ ва ғояи умуминсонӣ касб карданд. Шоир дар шеъри “Бозгашт”, аз ҷумла, гуфтааст:

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,

Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.

Халқи ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом,

Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳам болу паре!

Дар ҳақиқат, ашъори ба сулҳу дӯстӣ ва озодиву истиқлоли халқҳои мазлуми ҷаҳон бахшидаи М. Турсунзода ҳамроҳи муаллифи худ ба масал кабутари тезпарвозанд, ки ба воситаи кӯҳҳои Ҳимолой ва Карпат аз баҳрҳои Сиёҳу Миёназамин, аз уқёнусҳои Ором ва Ҳинд гузар карда, то тавонистанд дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ғояи сулҳро паҳн карданд. Дар ин гуна ашъори шоир калимаҳои сулҳ, озодӣ, дӯстӣ, амонӣ, хушбахтӣ ва бародарӣ бо хатти заррин сабт шудаанд.

Дар шеърҳои минбаъдаи ин силсила чун “Қиссаи Ҳиндустон”, “Меҳмони мағрибӣ”, “Рӯди Ганг”, “Боғи муаллақ”, “Тара - Чандри”, “Дар ёди кас”, “Қадаҳи ман”, “Кулоҳи профессор Ахвледиани”, “Ду роҳ” ҳисси баланди инсондӯстӣ ва бародарию муттафиқии қаҳрамони лирикӣ беш аз пеш инъикос меёбад. Мушоҳидаҳои амиқ, муҳокимарониҳои мантиқӣ шоири воқеънигорро водор мекунад, ки ба тору пуди зиндагии мардум дохил шавад ва решаҳои иҷтимоии қашшоқиву беқадрии меҳнаткашони ин сарзаминро ҷустуҷӯ намояд.

Таваҷҷӯҳи шоири инсонпарварро, пеш аз ҳама, гурӯҳи беҳуқуқтарини мардуми Ҳиндустон - кастаи “нафратзадагон”, ки ба 60 миллион нафар мерасидааст, ҷалб менамояд. Дар шеъри дуюми силсила – “Қиссаи Ҳиндустон” ҳамин нобаробарии нанговари ҷомеаи инсонӣ мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтааст. Ин шеър бо чунин ҳикояти воқеӣ оғоз меёбад:

Маро рӯзе ҳикоят кард бобо,

Ки бишнав, ҷони бобо, қиссаеро:

“Замоне буд берун аз Самарқанд,

Ба чашми кас намоён кулбае чанд.

Дар он манзил, ки дур аз дигарон буд,

Махавҳоро ҷудоӣ як макон буд.

Намеафтод онҳоро гузоре

На аз ёре, на аз хешу таборе...

Хуб аст, ки мафҳуми “махав” дар Ватани шоир барҳам хӯрдааст, вале боз аҳволи бади кастаи “нафратзадагони” Ҳиндустон қалби ӯро озурда месозад. Ин эҳсосоти қалбии шоири башардӯст ба воситаи санъати таҷоҳули ориф барҷаста ва ҷолиб ифода ёфтааст:

Магар ин каста авлоди башар нест?

Ки аз ӯ дигаронро ҷуз ҳазар нест?

Магар ин расм як расми қадим аст?

Магар чухра гунаҳкори азим аст?...

Ҳамин тариқ, дар ҳар як шеъри «Қиссаи Ҳиндустон» масъалаи инсони озод, инсони соҳибҳуқуқ, ки дар ҳама ҳолат шарафи инсонии худро муҳофизат карда тавонад, ба миён гузошта шудааст. Дӯстӣ ва ҳамрайъии шоири тоҷик ба мардуми меҳнатқарини Ҳинд фаъол аст ва он дар мақтаи шеъри «Рӯди Ганг» чунин садо медиҳад:

Ҳар чӣ бошад, бузург рӯдастӣ,

Ҳиссаи баҳри беҳудудастӣ.

Рӯдворона зиндагонӣ кун!

Ҷӯш зан,

Ҷӯш зан,

Ҷавонӣ кун!

М. Турсунзода дар дигар асарҳояш, аз ҷумла, дар достони «Садои Осиё (1956) ва манзумаи «Хоҳари мубориз, Африқо» (1961) низ ба мавзӯи байналхалқӣ муроҷиат намудааст. Ин асарҳо маҳсули сафарҳои пайдарпайи М. Турсунзода ба кишварҳои гуногуни дунё ва фаъолияти бардавоми шоир ба сифати раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо мебошанд.

Турсунзода - мунодии сулҳ Дар адабиёти садаи ХХ чанд тан шахсиятҳои эҷодкоре буданд, ки ба сифати ташвиқгарони сулҳу салоҳ миёни қавму миллатҳо ва кишарҳо шинохта шудаанд. Ба ин ҷумла Николай Тихонови рус, Мирзо Иброҳими озарӣ, Халилуллоҳи Халилии афғон, Файз Аҳмади Файзи покистонӣ, Мирзо Турсунзодаи тоҷикро метавон шомил намуд. Чунон ки аз шеърҳои “Ду дастрӯмол” (1949), “Суруди сулҳ” (1950), “Нону намак” (1962), “Дил барнагашт” (1962), “Дӯстонро гум макун” (1975) маълум мешавад, мавзӯи сулҳу амонӣ ва ҳамраъйӣ яке аз рукнҳои асосии эҷодиёти М. Турсунзода мегардад. Сулҳу амонӣ, дар тасвири шоир, асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии инсонҳо мебошад. Бинобар ин, ҳастии он дар ҳама қувваҳои некии табиат эҳсос мешавад. Сулҳ монанди офтоб, ё баҳор, ё худ замин азизу шафиқи1 ҳамагон аст:

Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,

Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.

Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,

Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон…

Сулҳро дар чашми бедори модарон ва хоби ороми кӯдакон мушоҳида кардан тасвири тазодии хубест. Дар ҳақиқат, оромиву осудаҳолии кӯдакон натиҷаи заҳмату бедорхобиҳои модарон аст. Пас, сулҳу амонӣ худ аз худ ва ба осонӣ ба даст намеояд. Шоир барои он ки душвории ғалабаи сулҳпарваронро бар ҷангҷӯён нишон диҳад, дар шеъри “Суруди сулҳ” таркибҳои хуни дил ва тапиданҳои рӯзафзуни дилро истифода кардааст:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.

То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯйи ҷаҳон.

Дӯстӣ – неъмати бебаҳо. Дар ашъори устод Турсунзода мавзӯъҳои сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат чун гӯшту нохун ба ҳам пайвастанд. Зеро сулҳу амонӣ дар натиҷаи дӯстиву рафоқат барои ҳар фард ва кулли халқҳову кишварҳо неъмати бебаҳои зиндагӣ аст. Ин маънӣ дар шеъри “Дӯстонро гум макун” сода ва самимӣ таъкид гардидаст:

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкункасонро гум макун...

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Шеъри “Дӯстонро гум макун” аз силсилаи шеърҳои “Дастовез” аст ва ин силсила аз 17 шеър иборат буда, моҳҳои июн – июли соли 1975 дар бемористони Кунсевои Маскав эҷод гардидааст. Бинобар ин шеъри мазкур як навъ васияти шоири бемор ба мардуми тоҷик мебошад.

Умуман, шоир дар шеърҳои сулҳхоҳона ва ба дӯстиву рафоқат бахшидааш тавонист, ки ҳам ҳунари нигорандагӣ, ҳам ҷаҳонбиниву мавқеи иҷтимоӣ, ҳам таҷрибаи аз ҷаҳонгардӣ андӯхтаи худро дар либоси сухани бадеӣ ба ҷилва орад ва таваҷҷӯҳи хонандаи тоҷикро ба ин неъматҳои бебаҳои зиндагӣ гаштаю баргашта ҷалб намояд.

Достонҳои Турсунзода

Достонсароӣ қисми муҳими фаъолияти М. Турсунзодаро ташкил медиҳад. Шоир дар солҳои 30- юм «Офтоби мамлакат», «Хазон ва баҳор» ва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ «Писари Ватан» ва «Барои Ватан»-ро (ҳамроҳи Деҳотӣ) навишт.Фаъолияти достонсароии М. Турсунзода баъди ҷанг самаранок гардид ва шоир «Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин» ва «Аз Ганг то Кремл» ном достонҳоро таълиф намуд.

«Чароғи абадӣ» «Чароғи абадӣ» (1957) ба хотираи абадии устод Айнӣ бахшида шудааст. Дар як рӯзи моҳи апрели соли 1953 дар ҳаёти М. Турсунзода ду воқеаи муҳим рух медиҳад: субҳ дар хонаи шоир писар ба дунё меояд ва андаке баъдтар адиб устод Айниро, ки ба Душанбе омада буд, пазироӣ мекунад. Ин ду воқеа асоси мавзӯи «Чароғи абадӣ» мегардад ва дар чор боби достон - «Интизорӣ», «Мулоқоти якум», «Мулоқоти дуюм», «Дар боғ» симои хирадмандонаи устод ба назар мерасад.

Боби «Интизорӣ» аз шабҳангом оғоз ёфта, ба ҳолати рӯҳии шоире, ки фардо ду воқеаи муҳимро интизор аст, бахшида шудааст. Дар боби «Мулоқоти якум» шоир хонандаро «ба таваллудхонаву дунёи тифлон» мутаваҷҷеҳ месозад. Мулоқот бо тифлакон чунон самимӣ ва воқеӣ тасвир ёфтааст, ки хонанда худро бевосита дар таваллудхона эҳсос мекунад:

Яке фарёд лӯлакпеч мезад,

Дигар поро ба по бе ҳеҷ мезад.

Яке чашмони худ накшода ҳоло,

Ғизо меҷуст во карда даҳонро...

Яке бе мӯй буду сап- сафедак,

Дигар мӯйи сияҳ буд печ-печак.

Яке ором, дигар бесаранҷом,

Яке шакле гирифта, дигаре хом.

Дар таваллудхона образи марде пайдо мешавад, ки аз духтар зодани занаш норозӣ буда, ӯро таънаву маломат мекунад. Шоир бар хилофи ин марди ҷоҳил фарзандро ҳамчун неъмати гаранбаҳо, давомдиҳандаи умри инсонӣ, бақои оила ва ояндаи неки мамлакат тавсиф менамояд. Тифл, писар аст, ё духтар, умеди падару модар ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин шоир ба тифли навзодаш, ки писараки дӯстрӯе аст, замини сарсабзи Тоҷикистон, деҳоту шаҳрҳои обод, рӯдҳои пуртуғёну кӯҳҳои осмонбӯси тоҷикро тақдим мекунад, ба умеде, ки баъди гузашти солҳо фарзанди баркамоли Осиё мегардад. Бо ҳамин хатти сужети асар ба тасвири рӯзгори фарзанди баруманду боэҳтироми қитъаи Осиё устод Айнӣ равона мегардад.

Дарвозаи роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо ҷӯшу хурӯш ва ҷараёни муносибати мусофиронаш аз зиндагӣ ва фаъолияти пурсамари фарҳангию адабии устод дарак медиҳад. Устод Айнӣ ҳангоми аз ҳуҷраи поезд фуромадан бо мӯйи сафед, чашмони камнур ва дасти ларзон чун пири хирадманде ба назар мерасад, ки тамоми дониш, таҷриба ва қуввату ғайраташро баҳри ҳифз ва рушду нумӯи фарҳанги миллати тоҷик сарф намудааст. Ин аст, ки кулли мардуми Душанбе устодро шодбош ва хайра мақдам мегӯянд:

Ба устоди қаламкаш дод пайғом

Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом.

Салом омад, дуруд омад ба Айнӣ,

Саломи чун суруд омад ба Айнӣ.

Дар боби ҷамъбастии асар устод Айнӣ дар боғи шоир тасвир ёфтааст. Табиати сеҳрангези Душанбе ва офтоби ҷонбахши баҳорӣ ба ҳолати рӯҳии қаҳрамон созгор афтод ва устод дар ин ҳолат “саропо ба нур ғарқ” ва “аз нур давлатманд” гашта буд. Дар ин боб такроран истифода шудани калимаҳои нур, машъал, алав, чароғ, оташпора, офтоб талошу муборизаи устодро баҳри илму маърифат таъкид менамояд:

Ба чашми нурҷӯ, марди адабгоҳ

Гаҳе Хайём мешуд шӯълаи моҳ.

Зи Саъдӣ гоҳ оташпора мешуд,

Ба гирди Рӯдакӣ сайёра мешуд.

Чароғ аз назм, нур аз назм меҷуст,

Ба ишқи назм мисли сабза меруст.

Дар боғ шоир андешаҳои устодро ба таваллуди фарзанд ва давом ёфтани насли инсон мекашад. Ба қавли устод таълиму тарбияи фарзанд ҷиддитарин ва муҳимтарин масъалаи ҷомеаи инсонӣ мебошад, зеро фардои неки ҳар мамлакат ба насли ҷавон вобаста аст:

Ба фарзандат сабақ омӯз, зинҳор,

Ки аз макри адӯ бошад хабардор

Ба ҳар ҷо илм бурда ҷаҳл ронад,

Қасос аз ҷаҳлу нодонӣ ситонад.

Фишорад гарм дасти дӯстонро,

Мададгорӣ кунад афтодагонро.

Ба мисли заррае тобанда бошад,

Ба ҳар маҳфил чароғи зинда бошад.

Ба олам насл аз мо ёдгор аст,

Ба ӯ фардои инсон чашмдор аст.

Бо суханони ҳикматомези устод Айнӣ ба поён расидани хатти сужети “Чароғи абадӣ” хусусиятҳои миллӣ ва ҷанбаи маърифатии достонро афзун гардондааст.

Дар адабиёти бадеии ватанию хориҷӣ чун С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, П.Толис, Ғ. Абдулло, Р. Ҳодизода, ӯ. Кӯҳзод, Ш. Лоиқ, Б. Собир, И. Зарайский (шоири рус), Зулфия (шоираи ӯзбек), Қилич Қулиев (нависандаи туркман), Алӣ Асғари Ҳикмат (шоири Эрон) адибони зиёд дар офаридани симои устод Айнӣ кӯшиш ба харҷ додаанд. Дар байни асарҳои адибони мазкур достони “Чароғи абадӣ”-и Турсунзода мавқеи босазо дорад.

«Ҷони ширин» Достони “Ҷони ширин” (1959) дар эҷодиёти М. Турсунзода мавқеи муҳим дорад. Адиб барои достони “Ҷони ширин” соли 1963 Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро сазовор шудааст. “Ҷони ширин” чун достонҳои “Ҳасани аробакаш” ва “Чароғи абадӣ” хусусияти тарҷумаиҳолӣ дорад. Шоир лаҳзаҳои тарҷумаиҳолии асарро чунон умумият додааст, ки он аз доираи маҳдуди ҳаёти як оила баромада, моҳияти иҷтимоӣ ва умумиинсонӣ касб кардааст.

Устухонбандии достон “Ҷони ширин” достони лирикӣ мебошад ва қаҳрамони лирикӣ дар шахси шоир амал мекунад. Достон дар жанри маснавӣ (қофиябандиаш: аа, бб, вв..) буда, зоҳиран ба бобҳо ҷудо намешавад. Муносибати қисматҳои таркибии асар ва оғози бобҳои навбатӣ ба воситаи байтҳое, ки бо ибораи “Ҷони ширин” сар мешаванд, таъмин мегардад. Дар асар чунин байтҳои васила ёздаҳто мебошанд:

Ҷони ширин, худ ки озод аз ғамӣ,

Аз ғами мазлумҳо огаҳ камӣ.

Ё ки:

Ҷони ширин, ин суханҳоро шунав,

Дардмандонро ту ҳам ҳамдард шав...

Дар асар мавзӯи оила ва муносибатҳои оилавӣ мавқеи муайянкунандагӣ дорад ва дигар муаммоҳо дар муносибат ба ин мавзӯи асосӣ ҳал мешавад. Аз ин ҷиҳат, чун соҳибхона фаъолият намудани ҳамсари шоир дар ҷашни 1100 – солагии устод Рӯдакӣ (1958) ҷолиби диққат аст. Барои меҳмонони кишварҳои хориҷӣ, ки дар хонаи шоир ҷамъ омада буданд, дар баробари меҳмоннавозии тоҷикона, симои миллӣ ва мӯйи дарозу пироҳани атласи зани тоҷик хотирмон буд:

Кокули маъшуқаи ошиқнавоз

Буд мисли мӯйҳои ту дароз...

Чун зани тоҷик – соҳибхоназан

Доштӣ пироҳани атлас ба тан.

Доштӣ дар сар хаёли меҳмон,

Аз чунин ташвиш будӣ шодмон.

Дар маркази тасвироти Турсунзода оилаи хушбахт қарор гирифтааст, оилае, ки асоси онро меҳру муҳаббат, самимият ва эҳтироми ҳамдигарии зану шавҳар ташкил медиҳад.

Достони “Ҷони ширин” мавзӯъҳои гуногунро фаро гирифтааст. Махсусан, сулҳ, дӯстӣ ва ватанхоҳӣ дар ин асар мавқеи босазо доранд. Шоир, чи хеле ки аз байти василаи зерин бармеояд, масъалаҳои сулҳу дӯстиро тавъам медонад ва онҳоро якҷо мавриди тасвир қарор медиҳад:

Ҷони ширин, бин, чӣ сон сулҳ аст зӯр,

Бин, чӣ сон шуд дӯстӣ моро зарур.

Дар тасвири муаллифи “Ҷони ширин» сулҳ барои ҷомеаи инсонӣ бузургтарин неъмати рӯи замин аст, ки файзу баракати онро ба саховати офтоб баробар кардан мумкин аст. Шоири тоҷик ба воситаи тасвири лаҳзаҳои зиндагӣ ва кору пайкори Файз Аҳмади покистонӣ ва Николай Тихонови рус таъкид мекунад, ки сулҳу амонӣ ва озодӣ маҳсули ҷонбозиҳои фарзандони бедордилу баруманди халқҳои гуногун мебошанд. Махсусан, образи Файз Аҳмад хеле муассир ба қалам омадааст:

Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон

Файз буд дар хонаи мо меҳмон.

Аз ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,

Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.

Печу тобаш мисли мавҷи об буд,

Обҳои ноҳаи Панҷоб буд.

Таркибҳои маҷозии ба мисли ҳезуми тар дар гирифтан, чун мавҷи об печӯтоб хӯрдан, дар сари мӯ бозии ҷон дидан гувоҳи сахтӣ ва душвории муборизаи озодихоҳонаи Файз Аҳмад мебошад.

Умуман, таҷрибаи зиндагӣ ва ҷаҳонбиниву ҳунари нигорандагии шоир боиси ифодаи барҷастаи хусусиятҳои маърифатии достон гардида, баъзе байтҳо шакли ҳикматомезро гирифтаанд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

* * *

Қалъа аз як пояи девор нест,

Боғ ҳам аз як буни пурбор нест.

Ҳамин тариқ, “Ҷони ширин” намунаи беҳтарини достонҳои лирикии адабиёти давраи нави тоҷик мебошад.

Достонҳои ҳамосии Турсунзода

«Писари Ватан». Калонтарин асари дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ навиштаи М. Турсунзода «Писари Ватан» мебошад. Мундариҷаи достон дар асоси роҳи ҷангии фарзандони халқи тоҷик ва дӯстиву рафоқати онҳо ба фарзандони халқи украин фароҳам омадааст. Дар ёздаҳ боби достон Қодир, падари ў, Саодат, Микола, Марина ва духтур амал мекунанд.

Достон аз панди падари Қодир оғоз мешавад. Симои падар чун шахси ватандӯст, ҳалолкор, таҷрибадида ва соҳиби рӯҳи қавиву орзую омоли наҷиб намоён мешавад. Вақте ки ҷанги хонумонсӯз оғоз меёбад, пеш аз ҳама, писарашро ба ҳимояи Ватан бармехезонад:

Ту ҳам бо дӯстонат рав ба майдон,

Нишон деҳ қудрати хулро, писарҷон!

Далери ман, сазовори падар бош,

Чушамшери падар соҳибзафар бош!

Мирзо Турсунзода ба воситаи образҳои Қодир ва Микола ҷавонони ватандӯсти Иттиҳоди Шӯравиро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасвир намудааст, ки барои онҳо тамоми хоки паҳновари давлати Шӯравӣ азизу муқаддас буд. Маҳз дӯстиву муттафиқии1 онҳо ғалабаи халқҳои Шӯравиро бар Германияи фашистӣ таъмин намуд.

Қодир бо хешу табор ва ёру диёр видоъ карда, ба майдони ҷанг меравад ва дар бешазорҳои Украина ҳангоми набард Миколаро аз марг наҷот дода, ба ӯ аҳди дӯстӣ мебандад. Дар

Дида шуд: 2441


2020 SHOIR.TJ