Меҳмон Бахтӣ (1940-)


Зиндагинома

Рӯзгори Арбоби шоистаи ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи нависанда Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Меҳмон Бахтӣ 25 марти соли 1940 дар деҳаи Шули ноҳияи Ғарм (ҳоло ноҳияи Рашт) ба дунё омадааст. Меҳмон омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод (1958) ва факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо (1963) хатм карда, солҳои 1973-1975 дар Донишгоҳи адабиёти ба номи Горкии шаҳри Маскав таҳсил намудааст.

Меҳмон Бахтӣ дар муассисаҳои гуногуни фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати муҳаррир, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷикфилм», сармуҳаррири шӯъбаҳои телевизиони тоҷик, мудири адабии Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Турсунзода фаъолият намудааст. Соли 2003 дар Анҷумани 12-уми нависандагони Тоҷикистон раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид.

Фаъолияти эҷодӣ. Фаъолияти эҷодии Меҳмон Бахтӣ аз таълифи сурудҳои «Хаёли ширин» (1965), «Наргис», «Мавҷигул», «Орзу» (1967), ҳикояву лавҳаҳои «Ёди лаҳзае» (1965), «Афсонаи деҳ» (1966), филмномаҳои мустанади «Корвони дӯстӣ» (1968), «Нуқра Раҳматова месарояд» (1970) ва намишномаҳои «Лаҳзаи ҷовид» (1967), «Ташнаи дидор» (1969) оғоз гардидааст. Дар тамоми фаъолияти эҷодии адиб ҳам назм, ҳам наср ва ҳам драма мавқеи муайян доранд. Ин ҳолатро, алалхусус, аз маҷмӯаҳои шеърҳои «Бӯйи баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), маҷмӯаҳои асарҳои насрии «Оҳи сабук» (1984), «Рӯҳи тавоно» (1987) ва китобҳои намоишномаҳои «Лаҳзаҳои ҷовид» (1972), «Песаҳо» (1982) ва «Фирдавсӣ» (1999) бармало мушоҳида кардан мумкин аст.

Меҳмон Бахтӣ шоири суруднавис аст. Дар сурудҳои «Қадаҳи бародарӣ», «Ба деҳқон», «Ҷавонӣ», «Ифтихори тоҷик», «Поси хотир», «Наргис», «Рози пинҳон», «Мавҷигул» ягонагиву ваҳдати миллӣ, меҳнатдӯстиву бунёдкорӣ, ҳимояи хоки поки Ватан, муҳаббати ҷӯшони инсонӣ самимона ба тасвир омадаанд. Ин сурудҳо дар иҷрои ҳунарпешагони шинохта – Нуқра Раҳматова, Саидқул Билолов, Давлатманди Хол басо гӯшнавоз ва марғуб садо медиҳанд:

Имрӯз ҷавонони зарифу ҳунаромӯз

Ошуфтаю дилдодаи ҳангомаи Наврӯз.

Ҳамрози ту, эй Наргис,

Дамсози ту, эй Наргис.

 

Аз меҳр шарар резӣ ба паймонаи ошиқ,

Обод шавад хонаи вайронаи ошиқ.

Зеби ҳама ҷо, Наргис,

Тоҷи сари мо, Наргис.

Ҳунари нигорандагӣ ва услуби мароқовари тасвирҳои Меҳмон Бахтиро ҳамчунин аз лавҳа, ҳикоя ва қиссаҳои «Афсонаҳои деҳ» (1966), «Оташ дар хатти ҳуҷум» (1966), «Ойинаи хотир» (1971), «Қӯшапир шаванд» (1972), «Хубон» (1978) ба таври возеҳ мушоҳида кардан мумкин аст. Насри нависанда чун назми ӯ самимӣ, образнок, пурғунҷоиш ва саршори ғояҳои инсонӣ мебошад.

Дар қиссаи «Хубон» ба мисли қиссаҳои «Ширмоҳ» (1973)-и М. Наҷмиддинов, «Кини Хумор» (1976)-и Ӯ. Кӯҳзод, «Рухсора» (1973)-и Баҳром Фирӯз талоши бонувони тоҷик баҳри ояндаи нек ва шарафу номус бомуваффақият ба тасвир омадааст.

Драматургияи Меҳмон Бахтӣ

Меҳмон Бахтӣ драманависи номвари тоҷик аст. Ӯ то имрӯз зиёда аз сездаҳ китоб ба табъ расондааст, ки қисмати зиёди эҷодиёташро намоишномаҳо ташкил медиҳанд. Аксари драмаҳои Меҳмон Бахтӣ, аз ҷумла «Бародарон», «Лаҳзаи ҷовид», «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ», «Захми забон», «Роҳзан ва кӯзагар», «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ба адабиёти тоҷик чун насими тоза ворид гардиданд. Онҳо на танҳо дар театрҳои Тоҷикистон, инчунин дар театрҳои Русия, Украина, Финландия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Молдава барин мамлакатҳо ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар драмаҳои Меҳмон Бахтӣ масъалаҳои иҷтимоӣ ва таърихӣ мавқеи сазовор доранд. Агар дар драмаи «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ» масъалаи ахлоқи ҷавонони тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифта бошад, пас дар песаҳои «Бародарон» ва «Лаҳзаи ҷовид» муборизаи иҷтимоии мардуми тоҷик дар солҳои 20-уми асри ХХ ба тасвир омадааст.

Намоишномаҳои таърихӣ. Дар эҷодиёти Меҳмон Бахтӣ намоишномаи “Фирдавсӣ”, ки ба муносибати ҳазораи “Шоҳнома” солҳои 1993-1994 таълиф гардидааст, мавқеи муҳим дорад. Ин асар аз намоишномаҳои пурарзиши солҳои охири адабиёти тоҷик маҳсуб меёбад. Муаллиф барои ин намоишнома сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ гардидааст.

«Фирдавсӣ» чун песаҳои пешини драматург ба парда ва намоишҳо тақсим намешавад. Воқеаҳо дар кӯча, ҳавлию боғи Фирдавсӣ, дарбори Султон Маҳмуд ва дигар ҷойҳо паси ҳам ба вуқӯъ меояд. Дар намоишнома аз Фирдавсӣ сар карда, 16 образи мусбату манфӣ ширкат меварзанд.

Меҳмон Бахтӣ аз аввал Фирдавсиро дар маркази воқеаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву динӣ қарор додааст. Шоири солхӯрда аз сафари якмоҳа бармегардад ва ҳанӯз нафас рост накарда, дар рӯйи ҳавлии хеш ба арабзода Амр ибни Мунзир вомехӯрад. Амр ибни Мунзир шахсест, ки ба шоирону фозилони ватанхоҳи тоҷик Масъуди Марвазӣ, Абӯмансурӣ, Дақиқӣ ва Фирдавсӣ кина дорад. Дар бархӯрди аввалин Фирдавсӣ чун муҷассамаи ақлу хираду одамият, Амр ибни Мунзир чун шахси бадахлоқ ва кинаҷӯй намоён мешаванд.

“Фирдавсӣ: Туро ба шоир Дақиқӣ, ба он варзида чӣ кор? (дилашро дошта мешинад)

Амр ибни Мунзир (ба ҳамон дуруштӣ): Маро бо Дақиқӣ чӣ кор?.. Ҳеҷ кас он бадхӯи зиндиқ ва зардуштпарастро мисли ман рӯшан намедонад. Э кош, то занахдон ба хунаш ғарқа мегардид. Он худоношинос бо кибр ва тундхӯӣ ба чашмам нигариста мегуфт: «Бидон, эй ғуломзода, исломро аҷам бузург дошта, на араб» ва дашна ба ҷонам мезад.

Фирдавсӣ: Ин нуктаро банда низ комил медонам. Исломро хирад ва сухани аҷам ба бор меорад, на шамшери араб.

Дар ин бархӯрдҳо таваҷҷӯҳи хонандаро образи зани арабзода – Тобон ба худ ҷалб менамояд. Чаро Тобон, духтари Абӯҷунайди Эҳсони Бухороӣ, бо ин ҳама нуфузи оилавӣ, ақлу фаросат ва ҳусну ҷамоли комил ба як ғуломи зоҳиран бадбашара ва ботинан касиф ба шавҳар баромадааст? Адиб гиреҳи ин муамморо чунон моҳирона кушодааст, ки симои ин зан бо тамоми барҷастагӣ пеши назари хонанда ҷилвагар мешавад. Тобон дар хонаи падари шоирдӯсташ Фирдасии ҷавонро дида, ба ӯ дил мебандад. Ӯ чун мешунавад, ки душманони фарҳанги аҷам Фирдавсиро бо дасти Амр ибни Мунзир ба қатл расонданианд, дар пайи наҷоти маҳбубаш меафтад. Тобон ягона роҳи наҷоти шоирро дар хонадоршавии худ ба ин марди бадбашараи араб мебинад. Баъди солҳои зиёде он рӯзҳоро дар назди шоири рӯзгордида ба ёд меорад.

Тобон: Он фаришта он рӯз худро ба ин ҳол андохт, то ки ин шоири хуросонӣ зинда бимона… (дар чашмонаш ашк ҳалқа мезанад) ва қиссаҳои меҳтароини мо анҷом бидиҳа.

Фирдавсӣ (аз ҷой бархоста назди Тобон зону мезанад ва домони ӯ мебӯсад): То қиёмат, то рӯзи бозхост ин фидохоҳӣ фаромӯш намекунам. Меҳрабонӣ ва накӯкорӣ нишонаи имон аст. Ба меҳрабонӣ ва ҷонфишонӣ ба бадон монеъ шудӣ, то бадсозӣ накунанд. Ман ба имони бузургу шоистаи бону саҷда меорам. Он ҳама шавкат ва арванди шоҳон, ки ситоиш кардаам, дар мақоми фурӯғи сурат ва покии тинати бону баробар наояд.

Ҳамин тариқ, Тобон бо як ҷасорат гуворотарин лаҳзаи айёми ҷавониро дар дили шоири рӯзгордида бедор кард ва ин эҳсосот то лаҳзаи охирини ҳаёт ҳамроҳи ӯ боқӣ монд.

Дар намоишномаи «Фирдавсӣ» Султон Маҳмуд, Дақиқӣ, Унсурӣ барин шахсиятҳои таърихӣ ва Абӯ Дулаф, Манижабону, Нӯшозар, Тобон, Амр ибни Мунзир, Лашкарӣ, Арслон Ҷозиб, Зирак, Навруста барин образҳои хаёлӣ амал менамоянд ва ба воситаи фаъолияту бархӯрдҳои онҳо симои комили Фирдавсӣ офарида мешавад. Ин асар аз муҳимтарин дастовардҳои драматургияи тоҷик дар солҳои охир мебошад.

Намоишномаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»

Намоишномаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» соли 1999 ба муносибати ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён навишта шудааст. Меҳмон Бахтӣ фаъолияти асосгузори аввалин давлати миллии тоҷикон – Исмоили Сомониро дар Мовароуннаҳру Хуросон тасвир намудааст. Намоишнома аз сари қудрат омадани шоҳ Исмоил оғоз меёбад. Сужети песа набарди шоҳ Исмоил ба бародараш Наср, ҳуҷумҳои пайдарҳами халифаҳои араб, Муҳаммади Башоро ва Амри Лайс ба зидди Бухоро ва ғалабаҳои Исмоили Сомонӣ, муносибати хонҳои бодиянишини турк ба шоҳи Бухоро, хиёнаткориҳои баъзе дарбориён ва кӯшишҳои мунтазами шоҳ Исмоилро баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мамлакат фаро мегирад.

Дар намоишнома воқеаҳо асосан дар қароргоҳи шоҳ Исмоил мегузаранд. Мазмуну мӯҳтавои асар дар ҷараёни гуфтугӯ, баҳсу мунозира ва амалиёти образҳои воқеию тахайюлӣ ошкор гардидаанд. Дар байни 18 персонаж (чун вазир Ҷайҳонӣ, девондор Балъамӣ, Сипаҳсолор Бозувон, Насри Сомонӣ, Муҳаммад Башоро, Амр ибни Лайс, Мансури Кешӣ, модар, Меҳрбону, Хотуной) таваҷҷӯҳи хонанда ва тамошобинро бештар образи асосӣ – Исмоили Сомонӣ ба худ ҷалб менамояд. Ҳар як саҳна, намоиш ва муколама ягон тарафи хислату характери қаҳрамонро (чун қобилияти мамлакатдорӣ, донишу фаросат, дурандешӣ, адолатҷӯию раиятпарварӣ ва ватанхоҳию саховатмандӣ) нишон медиҳад.

Шоҳ Исмоил сабаби авҷ гирифтани шӯру ошӯбҳои халқро дар ниёзмандӣ ва нодорӣ медонад ва ҳатто андозеро, ки барои таъмири девори азими Бухоро аз аҳолӣ ситонида мешуд, қатъ намуда ва мегӯяд: «То ман зинда бошам, бораи1 вилояти Бухоро ман бошам».

Донишмандӣ, заковат ва дурандешии шоҳ Исмоил ҳангоми набард бар муқобилонаш боз ҳам возеҳтар ошкор мегардад. Ӯ бо истифода аз усулҳои самараноки муҳориба ба ҳарифони пурзӯри худ ғолиб меояд. Вале ба асирафтодагон кина намегирад ва онҳоро водор менамояд, ки ба воқеият аз рӯйи ақлу фаросат баҳо диҳанд. Аз ин ҷиҳат, гуфтугӯйи шоҳ Исмоил ба ҳокими Хуросон Амри Лайс ва сипаҳсолори ӯ Муҳаммади Башоро, ки дубора ба мағлубият дучор шуда буданд, ҷолиби диққат аст. Исмоили Сомонӣ: Бигӯ, эй Башоро, мо туро ба ҷомаи дӯстӣ фиристодем, на бад -он андеша, ки бар рағми ҷони мо бо ҷавшан ва зиреҳпӯш бозгардӣ. Муҳаммад Башоро: Шикасти пешин ман амри тасодуф донистаме, эй амир Исмоил! Хостам қувва биозмоям, ному насаб ва шӯҳрати дубора бозгардонам. То абад ба бадномӣ маро ёд набаранд.

Исмоили Сомонӣ: Дубора асирӣ бори бадномӣ бар сипаҳсолор наафзояд?

Муҳаммади Башоро: Оре, бадномӣ гаронтар биафзояд… Валек равшан донистаме, ки шикасти аввал низ тасодуф набуда, аз амри воқеъ рух дода. Эзид таъоло ин ҳақиқат бар дили ман биандохтӣ ва бори андӯҳ ва навмедӣ сабук гардондӣ. Имрӯз кишвар ва лашкари амир Исмоил тавоност.

Амри Лайс: Чун ту подшоҳ надида, ки душманон ва асирони хеш ба ҳаммом биоварӣ ва сару тан озода гардонӣ…

Исмоили Сомонӣ: Кирдори бад осон тавонистан. Бори накӯкорӣ мушкил тавон бурдан…

Образҳои дигари намоишнома низ табиию воқеӣ ва барҷаставу муассир ифода ёфтаанд. Аксари шахсоне, ки дар дарбор фаъолият доранд, аз ҷумла, вазири даргоҳ Ҷайҳонӣ, девондори ҷавон Абулфазли Балъамӣ ва сипаҳсолор Бозувон мардони хирадманд, ботамкин ва дурандешу доно мебошанд. Махсусан, саҳнаи муколама ва амалиёти Бозувон бо бонуи хизматгор Хотуной ҷолиб ба назар мерасад. Дар ин саҳна дар ниҳоди сипаҳсолор бархӯрди ду ҳиссиёти ба ҳам мухолиф – яке майлу хоҳиши ишқварзӣ ба Хотуной ва дигаре ҳисси эҳтирому садоқат ба шоҳ Исмоил мушоҳида мешавад.

Бозувон (сараш сахт такон хӯрда даст аз синаи ӯ мегирад): Эй ҷодугар… Ин даст ба хиёнат биёлудӣ (ба панҷаи ангуштаридораш нигариста). Ин ангуштар аз чашмаи беолоиши меҳри шоҳам берун омадӣ ва бар панҷаи гунаҳпешаи ман дармондӣ. Оҳ, гуноҳ кардам ва басо хиёнати бузург (бо хашму ғазаб давр мезанад ва ханҷар аз наём мекашад).

Эй Яздон, ман ин хиёнат ва гуноҳ ба чӣ сурат пок гардонам. Илоҷи кор нахуст ин бошад… (панҷаи ангуштаридорашро якбора бурида аз даст ҷудо мекунад ва хуншор ба вай менигарад). Ин аст сазои ту, эй хиёнатпеша… Эй Яздон, аз ту бахшоиш хоҳам, омурзиш!

Дар байни образҳои манфӣ симои девондор Абӯ Мансури Кешӣ ҷолиб аст. Ин шахс айёру хиёнатпеша мебошад ва барои амалӣ сохтани ниятҳои нопокаш аз ҳеҷ пастӣ рӯ намегардонад. Ӯ барои соҳиб шудан ба мансаби вазирӣ ба хиёнати давлатӣ даст мезанад ва ба хони кишвари Яғмо Уғруқхон нома навишта чунин пешниҳод мекунад: «Агар боисрор ва қатъӣ хони кабир Уғруқхон аз амир Исмоил вазири даргоҳ шудани маро хоста бошад, ин ғулом ҳам орзуҳои ӯ ба амал биёварад».

Дар песаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» образи занон мавқеи босазо дорад. Ҳам Хотуной, ҳам Меҳрбону ва ҳам модарбузург дар зоҳиру ботин фарди комил ва намунаи бонувони дарбор мебошанд. Хислатҳои нотакрору собитқадамонаи модарбузург ҳангоми муомила ба фарзандонаш - писарони Аҳмади Сомонӣ ва дигар дарбориён комилан намоён мешавад. Модарбузург вақте ки дар набард бо Амри Лайс шикаст хӯрдани шоҳ Исмоилро (ин хабари дурӯғ барои озмоиши аҳли дарбор буд) мешунавад, дар замири ӯ қувваи мағлубнопазире туғён мекунад: «Эй фарзанд, бигӯ, моро чӣ ҳоли забун ва бадахтарӣ пеш омада? (якбора намуди ҷиддӣ гирифта): На-а, фарзандони Аҳмад ибни Асади Сомонӣ намурдаанд. Рӯҳ ва нерӯи Сомонхудот бо мост. Шамшер аз наём баркашед ва аҳли Бухоро ба пой бардоред!»

Комёбии дигари Меҳмон Бахтӣ дар офаридани характерҳои Меҳрбону ва Хотуной мебошад. Меҳрбону, духтари Яъқуби Лайс, аз аҳли Хуросон аст, ки чун нишони иззату икром ба хизмати шоҳ Исмоил фиристода шудааст. Хотуной туркзода буда, ӯ ҳам бо супориши падараш Уғруқхон ба хидмати Исмоил омадааст. Меҳрбону ботамкин аст, анъанаву одатҳои хонадони Сомониёнро беҳтару хубтар медонад ва кӯшиш дорад, ки бо фурӯтаниву шикастанафсӣ ба муҳаббати шоҳ Исмоил ноил гардад. Пеш аз набард бо Амри Лайс миёни шоҳ Исмоил ва Меҳрбону чунин гуфтугӯ ба вуқӯъ мепайвандад.

Исмоили Сомонӣ (ҷомро бардошта): Ниёиши ту киро ҷавшан бар размгоҳ бошад?

Меҳрбону: Ман ба ҳар ду оштӣ хоҳам, на разм, шоҳам!

Исмоили Сомонӣ (бо лабханди нобоварона): Имрӯз (ҷомро нанӯшида пас мегардонад) ман бо бародари падари ту набард кунам. Рост бигӯ, эй духти хонадони саффорӣ, бар сари ин соат чӣ андеша парварӣ!

Меҳрбону (аз назди шоҳ дур рафта): Чӣ чора кунам, бузургмодар. Маро духти Яъқуби Лайс гӯянд, на Амри Лайс. Маро душман ба хонадони боавранг1 мапиндор, шоҳам… (гиря ӯро гулӯгир мешавад)

Хотуной бошад, чолок ва дар роҳи иҷрои мақсад фаъол аст. Ӯ ба шоҳ Исмоил боҷасорат сухан мегӯяд ва беибо изҳори андеша мекунад.

Хотуной (бо нозу адо): Ё амирам, маро духти хони шерчангол Уғруқхон гӯянд ва падар бар ман панд аз меҳр гуфта, ки бар ин ҷойгоҳи олӣ хидмат аз ҷон кунам. Ин гулоб нӯши равон бошад ва муждагонӣ аз пирӯзиҳои амирам бар Саффориён!

Исмоили Сомонӣ (гулобро гирифта): Ту дилбарона ва меҳрҷӯёна гап мезанӣ. Бовар кунам ё на?

Хотуной лаълии ҷомҳоро бар фарш гузошта бо суръат ва чолокии тамом ханҷар аз наёми Аҳмади Сомонӣ мегирад ва бар дили хеш рост мекунад.

Хотуной: Эй беназирам, агар бӯйи бовар аз сухани ман нахезад, дили хеш пора кунам, то он мурод аз пирӯзиҳои амирам бошад.

Ба Исмоил нармгуфторӣ, малоҳат ва одоби шоистаи Меҳрбону хуш меояд ва шоҳ ин бонуи хуросониро ба занӣ мепазирад. Хотуной аз ин беилтифотии амир нисбат ба худ навмед намешавад ва бо тамоми вуҷуд ба сипаҳсолор Бозувон дил баста, ӯро низ ба роҳи ишқи пок ҳидоят мекунад. Умуман, дар симои Меҳрбону ва Хотуной ду хислат ва ду роҳи талош барои бахт моҳирона тасвир гардидааст.

Ҳамин тариқ, намоишномаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» бо сужети ҷолиб, ҷараёни мувофиқи амалиёти образҳо ва забони фасеҳу услуби гирои худ аҳамияти калони маърифатӣ ва таълимию тарбиявӣ касб карда, ба хонанда ва тамошобини имрӯз ғояи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро талқин менамояд.

Дида шуд: 134