Маликушшуаро Баҳор (1886-1951)


Зиндагинома

Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор яке аз шоирон ва нависандагони бузурги давраи охири Эрон мебошад. Адабиётшиносон ӯро "яке аз ситорагони тобони осмони адаби Эрон" мешуморанд.

Баҳор  як умр барои мудофиаи ҳуқуқи халқи худ, барои халосии вай аз чанголи истисморгарони дохилӣ ва империалистони хориҷӣ, барои ба зиндагонии осуда, озод ва маданӣ расонидани мардуми ватанаш мубориза бурдааст. Баҳор  яке аз насрнависони барҷастаи замони худ буда, дар эҷоди насри нави сода ва фаҳмо яке аз арбобони пепқадами матбуоти Эрон будааст. Вай бо асарҳои илмии худ ба омӯзиши забону адабиёти форс ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Баҳор  бо шеърҳои худ ба муқобили зӯроварони замона ва ба тарафдории халқи худ ҷидду ҷаҳд кардааст.

Муҳаммад Тақии Баҳор  соли 1886 дар шаҳри Машҳад дар оилаи шоири машҳури Хуросон Маликушшуаро Муҳаммад Козими Сабурӣ ба дунё омад. Ҳануз дар айёми наврасӣ истеъдод ва завқи шоириаш маълум гаштааст. Ӯ аввалин шеърҳояшро ба падараш нишон дода, нахустин дарси шеърнависиро аз падараш гирифт. Ӯ донишҳои замони худро дар пеши устодони машҳури Хуросон аз худ карда ҳануз дар ҳаждаҳсолагиаш ба қасидасароӣ шуғл варзидаасг.

Бо cap шудани аввалин ҳаракатҳои инқилобӣ дар Эрон соли 1907 шӯҳрати Баҳор  низ ибтидо ёфт. Баҳор  аз соли 1910 ба нашр намудани рӯзномаҳои "Навбаҳор " ва "Тозабаҳор" шурӯъ кард. Бо мақолаҳои оташин ва шеърҳои ҳаяҷонбахши худ ба муқобили мустамликачиёни хориҷӣ - империалистони англис ва ҳукумати подшоҳии Русия, ки дар он давра барои дар байни худ тақсим карда гирифтани Эрон ҷангу ҷидол доштанд, садои эътироз баланд кард. Баҳор  дар сафи аввали муборизони роҳи озодӣ истода, аввалин натиҷаҳои фаъолияти озодихоҳонро ҳимоя намуд ва чандин бор ҳабс ва бадарға карда шуд.

Вақте Ризохон бо қасди ҳукмрони Эрон шудан ба майдон омад, Баҳор  аз ҷумлаи муқобилони ӯ буд ва дар тамоми муддати ҳукмронии Ризохон, ки баъд худро шоҳи Эрон эълон намуд, аз бадхоҳони он ба шумор мерафт, дар таҳти таъқибу назорати политсия мегашт. Бинобар ин дар зиндагиаш нашр кардани куллиёти ашъораш ба вай муяссар нагардид. Куллиёти дуҷилдаи шоир фақат пас аз вафоташ, дар соли 1956 нашр гардидааст.

Баҳор дар баробари фаъолияти сиёсй фаъолияти пурсамари илмии худро низ давом дод. Ӯ аввал дар Дорулмуаллимин ва пас аз ташкил карда шудани Донишгохи Теҳрон дар он ҷо дарси адабиёти форсӣ ва услубпшносӣ мегуфт. Асари машҳури сеҷилдаи Баҳор "Сабкшиносӣ ё татаввури (дигаршавии) насри форсӣ" дар содаи тадқиқоти забон ва услуби насри форсӣ - тоҷикӣ асари хеле муфид ва мӯътабаре буда, барои таърихи адабиёти форсу тоҷик аҳамияти бузурги илмӣ дорад.

Тарҷумаҳои Баҳор аз забони паҳлавӣ ("Андарзи Озарбади Меҳраспандон", "Рисолаи мотигони шатранҷ" ва "Ёдгори Зарирон"), иштироки вай дар таълифи сарфу наҳви дуҷилдаи забони форсӣ ва китобҳои хониш барои мактабҳои миёнаи Эрон, асарҳои адабӣ ва таърихии вай дар бораи аҳволи Фирдавсӣ, Монӣ, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, "Таърихи аҳзоби сиёсии Эрон" аз ёдгориҳои пурарзиши илмӣ мебошанд.

Баҳор охирин рӯзҳои умри худро, ки бештар дар бистари беморӣ мегузаштанд, ба мубориза барои сулҳ ва осоиш сарф намуд. Ӯ аз рӯзи аввали таъсиси ҷамъияти тарафдорони сулҳ дар Эрон дар сари ин ҳаракат меистод. Ӯ байрақдори сулҳ шуданро барои худ ифтихори бузурге мешумурд. Баҳор дар ин давра яке аз қасидаҳои ҷовидонии худ "Ҷуғзи ҷанг"-ро навишт. Ӯ аз борони тӯҳмат ва иғвоҳое, ки аз тарафи муқобилонаш ба сараш меборид, парвое накарда мегуфт: "Ман амри (кори) сулҳро ба хотири сулҳ, на ба хотири он касоне, ки дар бораи он сӯҳбат мекунанд, дӯст медорам. Хоҳ ҳаводорони сулҳ аз Амрико ва Инглистон бошанду хоҳ аз Шӯравӣ ва Чин, фарёди сулҳхоҳи асил қобили эҳтиром аст".

Баҳор яке аз аъзои фаъоли ҷамъияти алоқаи мадании Эрон ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, барои мустаҳкам шудани ин алоқа хизматҳо кардааст.

Баҳор 21-уми апрели соли 1951 дар Теҳрон аз дунё гузашт.

Шеърҳо

ЭЙ ЗАН

Ҷавонбахту ҷаҳонороӣ, эй зан,

Ҷамолу зинати дунёӣ, эй зан.

Садаф хон асту соҳибхона ғаввос,

Ту дар вай гавҳари яктоӣ, эй зан.

Ту якто гавҳарӣ дар дурҷи хона,

В-аз он беҳтар, ки гавҳарзоӣ, эй зан.

Ту дар айни латофат зӯрмандӣ,

Ту ҳам гавҳар, ту ҳам дарёӣ, эй зан.

Чу мағз андар сару чун ҳуш дар мағз,

Баҷову лоиқу шоёӣ, эй зан.

Ту нури дидаи равшандилонӣ,

Азеро дархӯру дарбоӣ, эй зан.

Табиат худ чу коне пур зи лафз аст,

Ту он алфозро маъноӣ, эй зан.

Таолиллаҳ, ки дар боғи накӯӣ,

Чу гул покизаву зебоӣ, эй зан.

Хато гуфтам, зи гул некӯтарӣ ту,

Ки ҳам зебову ҳам доноӣ, эй зан.

Туро ҳоҷат ба ороиш набошад,

Ки худ по то ба cap ороӣ, эй зан.

Наими зиндагиро бо ту бинам,

Ҳамоно нури чашми моӣ, эй зан.

Муаммои ҷаҳон ҳал кардию боз,

Ту худ асли муаммоҳоӣ, эй зан.

Набудӣ зиндагӣ, гар зан набудӣ,

Вуҷуди халқро мабдоӣ, эй зан.

Бинои некбахтиро ба гетӣ,

Ту ҳам меъмору ҳам банноӣ, эй зан.

Кавокиб ҷумла тан гӯшанд, чун ту,

Шабонгаҳ гарми ло-лолоӣ, эй зан.

Биғалтад ашки анҷум чун бари тифл,

Ту чашм аз хоби хуш бикшоӣ, эй зан.

Табиат ҷазбаи ишқ аз ту омӯхт.

Ки ту худ ишқро мабноӣ, эй зан.

Табоеъ гоҳ лутфу гоҳ қаҳранд,

Ту лутф аз фарқи cap то поӣ, эй зан.

Биҳишти воқеӣ ҷоест, к-аз меҳр,

Ту бо фарзандгон он ҷоӣ, эй зан...

Дареғо, гар ту бо ин ҳушу идрок,

Ба ҷаҳл аз ин фузунтар поӣ, эй зан.

Дареғо, к-аз ҳисоби худ ватанро,

Ба ниматан фалаҷ фармоӣ, эй зан!

 

ЧАШМА ВА САНГ

Ҷудо шуд яке чашма аз кӯҳсор,

Ба раҳ гашт ногаҳ ба санге дучор.

Ба нармӣ чунин гуфт бо санги сахт:

- "Карам карда роҳе деҳ, эй некбахт!"

Гарон санги тирадилу сахтсар,

Задаш силию гуфт: - "Дур, эй писар!

Наҷунбидам аз сели зӯрозмой,

Киӣ ту, ки пеши ту ҷунбам зи чой?!"

Нашуд чашма аз посухи санг сард,

Ба кандан дар истоду ибром кард.

Басе канду ковиду кӯшиш намуд,

К-аз он санги хоро раҳе баркушуд.

Зи кӯшиш ба ҳар чиз хоҳӣ расид,

Ба ҳар чиз хоҳӣ, камоҳӣ расид.

Бирав, коргар бошу уммедвор,

Ки аз яъс ҷуз марг н-ояд ба кор!

Гарат пойдорист дар корҳо,

Шавад саҳл пеши ту душворҳо.

 

ВАРЗИШ

Тани зинда воло ба варзандагист,

Ки варзандагӣ мояи зиндагист.

Ба варзиш гарою сарафроз бош,

Ки фарҷоми сустӣ сарафкандагист.

Ба сахтӣ диҳад марди озода тан,

Ки поёни танпарварӣ бандагист.

Диле боядат равшану тан дуруст,

Агар ҷон-т ҷӯёи фархундагист.

Касе, к-ӯ тавоно шуду тандуруст,

Хирадро ба мағзаш фурузандагист.

Ҳунар ҷӯй, то ком ёбиву ноз.

Ки ҷӯяндагӣ роҳи ёбандагист!

Зи варзиш маёсою кӯшанда бош,

Ки бунёди гетӣ ба кӯшандагист.

Дурахшидани ин баланд офтоб,

Зи бисёркӯшию гардандагист.

Ниёгон-тро варзиш он моя дод,

Ки "Шоҳнома" з-эшон тобандагист.

Ту низ аз ниёгон биёмӯз кор,

Агар дар сарат шӯри сарзиндагист.

 

Дида шуд: 490


2020 SHOIR.TJ