Зебуннисо (1639-1702)


Зиндагинома

Духтари шоҳам, валекин рӯ бо фақр овардам,

Зебу зиннат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост.

Зебуннисо дар гӯшаи танҳоӣ нишаста, аз рӯзгор, нобаробариҳои замон менолид, оби чашм мерехт. Ӯ барои он ашк мерехт, ки озод набуд, мурғе буд дар қафас фарёдрасе надошт:

Сад таъна бар оташ зада дуди нафаси мо,

Эй вой, агар сабр набудӣ қафаси мо.

Гар замзамаи мо шунавад санг, шавад нарм,

Андар дили пурдард садои чараси мо.

Кардем басе аз ситаму ҷаври ту фарёд,

Ҷуз гиря нишуд ёд зи фарёдраси мо.

Зебуннисо соли 1639 дар Деҳлӣ таваллуд ёфтааст. Падари шоира Аврангзеб (1658-1707) подшоҳи Ҳиндустон буда, бо ҷоҳилию золимии худ дар байни шоҳони ин сулола машҳур буд. Модари Зебуннисо Дилрасбону духтари яке аз саркардагони Эрон Бадеуззамон буда, хату саводи хубе дошгааст. Бинобар ин барои савод омӯзонидани Зебуннисо кӯшиши зиёд карда, ба хонадони худ Ҳафиза Марям ном зани оқила ва фозилаеро даъват мекунад. Марям дар ях муддати кӯтоҳ ба Зебуннисо, ки духтари хушзеҳн ва закӣ буд, хату савод омӯзонида, шавқу завқи ӯро ба адабиёту каломи мавзун афзун мегардонад.

Зебуннисо аз китобхонаи падар, ки дар он ҷо китобҳои нодиру камёфти шоирони бузурги гузашта маҳфуз буданд, пайваста мутолиа мекунад ва абёти зиёдеро аз бар менамояд. Бо ёрии муаллимаи худ дар маънидоду омӯхтани санъати сухан малакаю маҳорат пайдо мекунад. Инчунин забони арабӣ ва «Қуръон»-ро дар давоми ду солу се моҳ аз бар менамояд.

Зебуннисо аз синни 13-14-солагиаш барои шеър гуфтан қалам ба даст мегирад. Шеърҳои аввалини ӯ ба устодаш писанд омаданд. Устодаш шеърҳои шогирдонаи ӯро суфтаю равон намуда, дар рушду камолоти ӯ ёрӣ ва мададгорӣ менамояд.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ Зебуннисо дар дарбори падараш китобхонаи калоне ташкил карда, гоҳ-гоҳ аз падар пинҳон базми шеър меорост ва шоиронеро, ки аз дигар кишварҳои дунё ба Ҳиндустон меомаданд, пуштибонӣ мекард ва ёрии моддӣ мерасонд.

Аврангзеб намехост, ки духтараш шеър гӯяду шоира шавад. Аз ин ҷост, ки рафтору кирдори духтараш ба ӯ маъқул набуд. Ҳар гоҳ ӯро сарзаниш менамуд. Зебуннисо ба ҳамин маънӣ дар як ғазалаш ишорат менамояд, ки хомӯш бошу дам назан, зеро султон тоқати шунидани суханҳои булбули хушилҳонро надорад. Дар ин ҷо шоира худашро ба булбули хушилҳон монанд кардааст:

Эй булбули хушилҳон, махрӯшу дам фурӯ каш,

Табъи латифи султон, тоби сухан надорад.

Вале ин духтари ҷасуру нотарс аз хашму ғазаби падар наҳаросид ва пайваста ғазалҳои шӯрангези худро эҷод кард. Зебуннисо кору кирдорҳои ношоиста, маҷлису базмҳои назарфиребонаи аҳли дарбори падарро дида, дилаш танг мешуд, худашро бечораю танҳо ҳис мекард, ба зебу зинатҳои шоҳона чандон майл надошт. Зеро зебоии инсонро на дар зебу зинати зоҳирӣ, балки дар ақлу тамиз, донишу камолоти вай медид.

Зебуннисо дар оянда низ дониши худро такмил медод, ӯ илмҳои мантиқ, таърих ва хикматро омӯхта, инчунин машқи хат мекунад ва дар навиштани хати настаълиқу насх ҳунарманд мешавад. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо шоира аз сӯҳбатҳои адибони машҳури ҳамзамонаш Носиралии Сарҳиндӣ, Неъматхони Олӣ ва Мирзо Абдулқодири Бедил баҳра бурдааст.

Шоҳи мутаассиб Аврангзеб аз шеърҳои эҷодкардаи духтараш худро ҳамеша нороҳат ҳис мекард ва Зебуннисоро азоб медод. Шоира худашро дар зиндон ҳис мекард. Ҷои гурез надошт. Ӯ ҳамаи дарду алами худро ба воситаи ашки чашмон ва ғазалҳои шӯрангезаш андаке сабук мекард:

Зи хуни дида зиндонро беҳ аз рашки чаман дорам,

Зи доғи ғусса сад гулшан ба зери пираҳан дорам.

Ба сони ғунча гар бастам лаб аз гуфтушуинд, аммо

Ба хуни дида оғушта саропои бадан дорам.

Ба сони абри найсонӣ зи ашки дидаи ҳиммат,

Кашида дар раги ҷон сад ҷаҳоне дар сухан дорам.

Зебуннисо аз дӯстон ва наздиконаш хоҳиш мекунад, ки дар шаҳри Лоҳур барояш боғе бунёд кунанд. Барои боғи оянда худи шоира ҳар гуна ниҳоли мевадиҳанда интихоб менамояд. Ниҳолҳо сарсабз гашта, боғи шоираро зебу оро медиҳанд. Зебуннисо дар синни 63-солагӣ соли 1702 дар Деҳлӣ вафот мекунад. Ӯ пеш аз вафоташ васият карда буд, ки ҷасадашро дар шаҳри Лоҳур дар боғи худаш дафн намоянд. Дӯстони наздики Зебуннисо васияташро иҷро мекунанд. Ӯро дар боғи худаш дафн намуда, дар санги болои қабраш байти зерини адибаро хаккокӣ намудаанд:

Бар мазори ман, ғарибон, не чароғе, не гуле.

Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.

Мероси адабии Зебуннисо

 

Девони ашъори ӯ чандон бузург нест. 4000 байтро дар бар мегирад. Асосан қисми зиёди девони шоираро ғазал ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ғазал 7 қасида, 5 тарҷеъбанд ва як мухаммас низ эҷод кардааст. Дар баъзе сарчашмаҳо омадааст, ки Зебуннисо «Зеби тафосир» ном асаре иншо кардааст. Асари номбурда дастрас нест.

Мавзӯи ғазалиёти Зебуннисо гуногун аст. Шоира дар ғазалҳои худ ҳаёти вазнину беҳуқуқии занони мазлуми Шарқро инъикос кардааст. Ӯ дар образи қаҳрамони лирикӣ, яъне худаш, садои шикоятомез ва эътирози занони замонаашро нишон додааст.

Зебуннисо лар ғазали зерин аз бахти баргашта, аз ранҷу озорҳои рӯзгор шикоят дорад. Ӯ нишон медиҳад, ки ин бахти баргашта насиби миллионҳо одамони мазлуму бечора аст. Ба ҳамаи ин «чархи ҷафопеша», «каҷниҳод» айбдор аст. Шоира зимни ин ибораҳо золимон, ҳокимон ва шоҳони замонааш­ро тасвир намудааст. Ӯ дар анҷоми ғазал садои эътирози худро баланд карда, ба ситамгарону золимонро огоҳӣ месозад, ки аз оҳи дили мазлумон, бечорагон ҳазар кунанд, зеро тири оҳи онҳо синаи шумо - золимонро маҷрӯҳ месозад:

Фиғони булбулон имшаб ба ҳар гулшан асар дорад,

Магар даpдy алам оҳе зи дунболи саҳар дорад.

Ба кини ман камар баста магар ин бахти биргашта,

Ки аз рӯзи дигар ҳар рӯз ҷонамро батар дорад?!

Гаҳе парвона месӯзад, гаҳе шамъ аз ҷудоиҳо,

Ба олам ҳир киро бинӣ ту, доғе бар ҷигар дорад...

Ҷафоҷӯё, ситамгоро, ҳазар аз оҳи мазлумон,

Ки тири оҳи мазлумон ниҳон дар санг асар дорад!

Шоира ҳамин маъниро боз дар ғазали «Дар бағал дорам» равшантар баён намуда, ба золимон таъкид менамояд, ки ба дардмандон ҷафою ситам кардан оқибати хуб надорад. Зеро оҳи мазлумон басо дарднок ва сахт аст. Ин оҳ ба мисли тири заҳролудест, ки пинҳонӣ ба нишон мерасад ва аз ин ҷон ба саломат бурдан муҳол мебошад. Ин оҳ мавҷи тӯфони даҳшатнокеро ба ёд меорад. Барои ҳамин дурусттар андеша кунед ва оқибати онро неши назар оред:

Ману он cap, ки сад савдо зи ҷонон дар бағал дорад,

Мину он дил, ки сад новак зи мижгон дар бағал дорад.

Ту бераҳму ҷафоҷӯӣ, мани озурда метарсам,

Ки оҳи синаи маҷрӯҳ пайкон дар бағал дорад.

Ду чашмам гиряолуду дилам чун бед меларзад,

Ки ашки дарлминдон мавҷи тӯфон дар бағал дорад.

Зи оҳи сарди мазлумон ҳазар, золим, намедорӣ,

Ба заҳр олуда сад пайкони пинҳон дар бағал дорад.

Аз ин порчаҳо равшан мегардад, ки Зебуннисо ҳаёти пуразоб, қашшоқӣ ва муфлисии мардуми оддии ватанашро басо хуб медонистааст. Аз ин рӯ, аз ин зиндагии талхи омма дилаш ба дард омада, ашк мерехтааст ва садои эътирозашро ба муқобилии золимон баланд намуда, чунин мегӯяд:

Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолие,

Пас дили аҳли ситам афгор хоҳам карду рафт.

Ба ҷои зулму тааддӣ, - мегӯяд Зебуннисо, - ба дармондагон некӣ кардан лозим. Ба касони мусибатзада кӯмак расон, мисли булбулу парвона бош:

Гар сари осудагӣ дорӣ, ба ғам ҳамхона бош,

Аз тариқи офият маҷнунсифат бегона бош,

Ҳар куҷо базми мусибат ғари гардад дар чаҳон,

Дар такаллум булбулу дар сӯхтан парвона бош.

Дили шоира ба ҳоли дармондагону бечорагон месӯзад. Аз ин ҷост, ки Зебуннисо онҳоро дилбардорӣ мекунад, таъкид менамояд, ки ҳаёт тағйир меё­бад, дар оянда зиндагиашон беҳтар хоҳад шуд. Зеро аз пайи шом саҳар аст:

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳaст.

Ё ки:

Баст агар Махфӣ дари гулшан ба рӯят боғбон,

Бо умеди нашъаи бӯ дар паси девор бош!

Дар поёни умр диду эҳсос намуд, ки дар дарбори падар шахсони нолоиқ, хушомадгӯ, пастфитрат ҷамъ омадаанд, онҳо барои беҳбудии зинда­гии меҳнаткашон чорае намебинанд ва баръакс бо чоплусию порадиҳӣ соҳиби мансаб мешаванд, қалбаш реш-реш мегардад. Ӯ мебинад, ки аҳли ҳунар хору забун аст, қадру қимате надорад, сабр аз дасташ меравад ва ошкоро мегӯяд, ки дар ин рӯзгор Хари Исо агар зар дошта бошад, соҳибҳунар ба ҳисоб меравад:

Ба кори кас намеояд ҳунар, Махфӣ, дар ин олам,

Хари Исо ҳунарманд аст, агар дар киса зар дорад.

Барои ҳамин акнун косаи сабрро бояд бишкаст, ба по бояд хест, то ки ҳақ ба ҳақдор бирасад:

Зи ҷаври аҳли ситам, дӯстон, чӣ чора кунам?

Ба ғайри он ки гиребони сабр пора кунам?

Тараннуми муҳаббати поки инсонӣ дар ғазалиёти Зебуннисо

Мавзӯи ишқу муҳаббат дар ғазалиёти Зебуннисо покн мавқеи асосӣ дорад. Албатта, ин бесабаб нест. Зеро қаҳрамони лирикӣ пеш аз ҳама зан аст. Аз ин рӯ, дарду алами зан, ишқу муҳаббати занро беҳтару хубтар эҳсос мекард. Аз тарафи дигар, дар ишқ ӯ ноком буд. Ӯ 63 баҳорро дид, аммо аз гулистонн муҳаббат гуле начида, хазон гашт:

Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,

Лолаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.

Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн,

Пир шуд Зебуннисо, ӯро харидоре нашуд.

Ё ки:

Рафт ҳангоми баҳору гули боғам нашукуфт,

То кай ин ғунча дар ин парда ниҳон хоҳад буд?

Зебуннисо зани соҳибмаърифат, боандешаю соҳибҷамоле будааст. Ӯ зиндагиро фаҳмид, дарк кард. Духтари шоҳ буд, зару зевар, молу чиз дошт, вале ӯ худашро хушбахт ҳисоб намекард. Шоира озод набуд. Барои инсон озодӣ муҳим аст. Ӯ касеро дӯст дошта, ба мурод расида наметавонист. Адиба орзу дошт, ки шавҳар, фарзанд, хонаи мустақиле дошта бошад, аммо ба доди ӯ падари ҷоҳил нарасид. Бинобар ин, Зебуннисо дар ғазали «Вайронае пайдо кунам» дарду алам, мақсадашро бисёр мӯҷаз тасвир кардааст:

Меравам, то баҳри худ вайронае пайдо кунам,

В-андар он вайрона аз ғам хонае пайдо кунам.

Шуд баҳори умру боғи орзу хуррам нашуд,

Меравам то гиряи мастонае пайдо кунам.

Paҳ биёбам пеши шамъе аз барои сӯхтан,

Махфиё, бояд пари парвонае пайдо кунам.

Аммо умри шоира ба охир расиду издивоҷ накард. Аз ин рӯ, бо сӯзу гудоз, бо сухан дарду аламашро ифода намуда, аз духтари шоҳ буданаш хиҷил мегардад. Барои худ шарму ҳаёро занҷири по ҳисоб мекунад. Ӯ худашpo ба Лайлии дар ишқ ноком, ба булбули чаман, ба парвона монанд кардааст, ки дар ғами ёр менолад, месӯзад:

Гарчи ман Лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост,

Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост.

Булбул аз шогирдиям шуд ҳамнишини гул ба боғ,

Дар муҳаббат комилам, парвона ҳам шогирди мост.

Дар ниҳон хунем, зоҳир гарчи ранги нозанин,

Ранги ман дар ман ниҳон чун ранги сурх андар ҳиност.

Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,

Зебу зинат бас хаминам, номи ман Зебуннисост.

Доир ба ин масъала афкори Зебуннисо, яъне қаҳрамони лирикӣ характери умумӣ ва ҷамъбастӣ дорад. Ишқи ӯ, муҳаббати ӯ, дарду алами ӯ ба ҳамаи зенону духтарони ҷомеаи онрӯза баробар тааллуқ дошта, шоира аз номи онҳо нобаробарӣ, беадолатии занро дар рӯзгори гузашта ҳаққонӣ ба қалам додааст.

Ишқи каҳрамони лирикӣ ҳаётист, поку беолоиш аст. Яъне дар ғазалҳои ишқии ӯ муҳаббати байни марду зан инъикос ёфтааст. Шоира ба ҳамин маънӣ ишорат карда, дар мақтаи як ғазалаш мегӯяд:

Дили марде ба даст овар, агар мардонаӣ, Махфӣ,

Ки дилҳоро ба дилҳо дар ҳақиқат кор меафтад.

Умуман, ғазалҳои ишқии шоира илова ба ҳаётӣ буданашон боз як хусусияти ба худ хос доранд. Дар онҳо дарду сӯз, эҳсосоти амиқи зан ба дилдодагон хеле табиӣ тасвир ёфтааст.

Баъзе андешаҳои ахлоқию тарбиявии шоира. Ба ҳар ҳол Зебуннисо бо зиндагии мардуми оддӣ, аҳли ҳунар, ки ба дарбори шоҳ барои беҳбудии ҳаёташон мерафтанд, ошно буд. Ҳаёти талх, оби чашми бенавоёнро дида, дилаш реш мегашт. Аз ин рӯ, ба худ ва ба аҳли дарбор хитоб карда мегӯяд, ки набояд мо танҳо дар ғами худ бошему халос. Лозим аст, ки ба дармондагон низ кӯмак расонем.

Эй дил, асири доми ҳавою ҳавас мабош,

Ғофил зи ёди ҳамнафасон як нафас мабош.

Зебуннисо дар масъалаи одоби сухан, ҳамсӯҳбатони лоиқ пайрави адибони бузурги гузашта буда, бо сухани худ фикрҳои онҳоро тақвият медиҳад. Масалан, ӯ бо шахси хирадманд, доно, сӯҳбаторо дар зиндон нишастанро беҳтар медонад аз он ки бо ашхоси худписанд, бехирад дар гулистон бошӣ:

Дар гулистон доштан сӯҳбат ба ноҷинсон аз ин,

Назди доно беҳтар аст танҳо ба зиндон зистан.

Шоира ҳангоми сӯҳбатҳо бо ашхоси гуногун мебинад, ки як гурӯҳ нокасон фақат айби дигаронро мегӯянд, одамони дилсофро тӯҳмат мекунанд. Аз ин рӯ, ба онҳо таъкид мекунад, ки пеш аз ҳама бояд айби худро дид:

Махфӣ, мабин ба айби касон, дида боз кун!

Бингар ба айби худ, ки ҳунарҳо дар ӯ гум аст.

Дар замони гузашта ва махсусан дар асрхои XVII-XVIII чӣ дар Ҳиндустон ва чӣ дар Осиёи Миёна хушомадгӯӣ, тамаъкорӣ хеле ривоҷ ёфта буд. Аз ин ҷост, ки Зебуннисо ба муқобили тамаъ ва тамаъкорон баромада, онҳоро сахт накӯҳиш менамояд ва дар баробари ин таъкид менамояд, ки инсон бояд иззаташро нигоҳ дорад. Барои ин чун магас дар дастархони аҳли ҷоҳу мансаб нашавад:

Хоҳӣ, ки обрӯй нарезад ба зери хок,

Бар суфраи замонаи дун чун магас мабош!

Зебуннисо ба масъалаи дӯстӣ аҳамияти калон додааст. Албатта, ин бесабаб набуд. Пеш аз ҳама шоира ба дӯсти ҳақиқӣ мӯҳтоҷ буд. Барои ҳамин бисёр мехост, ки дӯст, ҳамсӯҳбат дошта бошад, дарди дил гӯяд. дилашро таскин диҳад. Аз тарафи дигар, дар он рӯзгор дар Ҳиндустон дар байни ҳиндуҳою мусулмонон зиддиятҳои динию мазҳабӣ хеле тезу тунд шуда буданд. Зебуннисо ҳамчун як инсони ватанпараст, адолатхоҳ ба муқобили ҳамаи ин низоъҳои миллӣ буд. Аз ин рӯ, дӯсти ҳақиқиро аз ҳамаи неъматҳои дунё болотар мегузорад. Дар ғазали зер шоира таъкид менамояд. ки садои дӯст дилро равшан мегардонад. Агар аз дӯст камбудие дидӣ, наранҷ, зеро дашноми дӯст аз саховату дуои душман афзалтар аст:

Тоза созад гулбуни умедро пайғоми дӯст,

Бишкуфонад ғунчаи дилро насими номи дӯст.

Гар ғубори хотире аз дӯстон бинӣ, маранҷ,

К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дӯст.

Не хумор орад, на бадмастию не дарди cape,

Нашъаи оби ҳаёте дар сарам аз ҷоми дӯст.

Чунон ки дидем, ғазалҳои шоира бо камоли маҳорат ва санъати баланд иншо шудаанд. Зебуннисо аз мактаби шеъру шоирӣ ба хубӣ гузашта, дар ин ҷода соҳибмақом аст. Ғазалҳояш равону сода, тару тоза ва хушоҳанг ҳастанд:

Меравам, имшаб, туро бедор хоҳам карду рафт,

Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.

Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор,

Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.

Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,

Бас дили аҳли ситам абгор хоҳам карду рафт.

Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,

Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.

Ғазали боло бо санъати баланд эҷод шудааст. Ташбеҳоти мувофиқ, тавсифҳои табиӣ ғазалро пуробу ранг кардаанд, ки ба кас ҳаловат мебахшад.

Ибораҳои «нақди ҷон», «сарфи як дидор», «водии ҳиҷрон» тавсифҳои марғубанд. Такрори радифи «карду рафт» ва ҷонишини «ин» низ шеърро боназокат гардонидаанд.

Барои ҳамин Зебуннисо кӯшиш намудааст, ки ба мазмун шакли мувофиқ пайдо кунад. Ӯ ягонагии шаклу мазмунро дар асари бадеӣ аз ҳама муҳим ҳисоб мекунад. Шоира мазмунро ҷон ва шаклро тани ӯ мешуморад. Агар мазмуну шакл ҳамбастагӣ надошта бошанд, дурри мақсуд ба даст намеояд:

Шеър бувад ҳамчу тан, маънии ӯ - ҷони ӯ,

Гармии бозори ӯ - равнақи дӯкони ӯ.

Дояи ман шуста буд сина ба хуноби дил,

Шир зи хун хӯрдаам аз сари пистони ӯ.

Аҳли сухан нохуне беҳуда бар дил занад,

Марҳами захми дил аст гарди намакдони ӯ.

Хулоса, дар ғазалҳои шоира ишқ, дарду алами занон дар симои каҳрамони лирикӣ ҷамъбаст гардидаанд.

Дида шуд: 99


2020 SHOIR.TJ