Гулназар Келдӣ (Таваллуд 1945-)


Зиндагинома

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1961 мактаби миёнаи деҳаро бо нишони тилло хатм кардааст. Соли 1966 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло ба итмом расонидааст.

Гулназар чанд муддат дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чун ходими адабӣ, мудири шӯъба ва ҷонишини муҳаррир фаъолият доштааст. Соли 1973 мудири шӯъбаи маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин шудааст. Солҳои 1975 – 1977 дар Афғонистон бо мутахассисони шӯравӣ кор кардааст. Солҳои 1977-1991 мудири шӯъбаи назми «Садои Шарқ» буд. Аз соли 1991 сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», аз соли 1999 сардабири нашрияи «Ваҳдат» ва аз соли 2003 сардабири маҷаллаи «Пайванд» буд. Аз соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Гулназар ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1994) ва Ҷоизаи адабии ба номи Турсунзода (1991) сазовор гардидааст.

Роҳи эҷодӣ. Аввалин шеърҳои Гулназар айёми таҳсил дар мактаби миёна чоп гардидаанд. Китоби нахустинаш соли 1969 бо номи «Расми сарбозӣ» ба табъ расид. Баъдҳо маҷмӯаҳои «Дастархон» (1972), «Нардбон» (1975), «Ағба» (1979), «Паҳно» (1981), «Лангар» (1984), «Пайи дарё» (1986), «Табхола» (1992), «Ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст» (1997), «Фариштаи бомдод» (2000), «Қадаҳи шабнам» (2001), «Шӯълаи барқади сӯзони малоҳат» (2002), «Ойинаи ташна» (2005), «Фасли озод» (2005), «Шакарнам» (2006) нашр шудаанд.

Гулназар барои бачагон ҳам шеърҳо эҷод намудааст, ки дар маҷмӯаҳои «Аз барои Гулъизор» (1983), «Чашми нигин» (1987), «Се кулчаи танӯрӣ» (1990) гирд омадаанд. Китобҳои «Тахти Рустам» (Душанбе, 1990) ва «Забони ошиқӣ» (Теҳрон, 1999) бо ҳуруфоти ниёгон ба табъ расидаанд.

Гулназар асарҳои насрӣ, драмавӣ, публитсистӣ ва илмӣ низ таълиф намудааст, ки китобу мақолаҳои «Лоиқе чун Лоиқе» (2000), «Таъми тути балхӣ» (2002), «Мансури Ҳаллоҷ ва Имом Ғаззолӣ» (2005), «Хотираи муаллим» (1976), «Баҳори Вахш» (1983), «Таронаи Ватан» (1970), «Замини барӯманди шеър» (1976), «Тарона ва замона» (1986) намунаи онҳо мебошанд.

Гулназар як қатор асарҳои Г. Гейне, М.Ю. Лермонтов, Е.Евтушенко, Э. Межелайтис, Н. Думбадзе, Н. Тихонов, Е. Винокуров, Р. Рождественский, Ф. Алиева барин адибони машҳурро тарҷума намудааст. Ҳамчунин, ашъори Гулназар ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, қирғизӣ, чехӣ, латишӣ, немисӣ, булғорӣ ва ғайра тарҷума ва чоп гардидаанд.

Гулназар ҳам дар жанрҳои суннатӣ (чун рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, қитъа, маснавӣ, мусаммат, фард) ва ҳам дар шаклҳои нави шеърӣ (чун шеъри озод ва шеъри хусравонӣ) асарҳо офаридааст. Достонҳои «Савдои зиндагӣ» (1972) ва «Пайи дарё» (1983) ба масъалаҳои зиндагии халқи тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои аввали баъдиҷангӣ бахшида шудаанд.

Аз шаклҳои суннатии шеърӣ Гулназар ба рубоӣ ва дубайтӣ таваҷҷӯҳи бештар дорад. Шоир ин шаклҳои шеъриро дар китобҳои алоҳида ҷой додааст. Агар китоби «Ойинаи ташна» зиёда аз 1100 рубоиро дарбар карда бошад, пас китоби «Шакарнам» 388 дубайтиро фаро гирифтааст. Шоир дар ин жанрҳои ҳаҷман хурду фарогири шеърӣ паҳлуҳои гуногуни зиндагиро ҳунармандона тасвир намудааст:

Як субҳ пур аз тараннуми наврӯзист,

Як чашма пур аз такаллуми наврӯзист.

Аз шодии зиндагӣ лаби ғунча шукуфт,

Як пушта пур аз табассуми наврӯзист.

Дар ҷойи дигар шоир ҳаҷми хурди дубайтиро нозукбинона ба умри кӯтоҳи одамӣ монанд кардааст:

Дубайтӣ, меҳри ту дар мағзи дилҳост,

Ба ҳар давру замон қадри ту волост.

Чу ширин аст умри кӯтаҳи мо,

Ду байти кӯтаҳи ту ҳам гуворост.

Дар ҳақиқат, рубоӣ ва дубайтиҳои Гулназар бисёр масъалаҳои ҷомеаи инсониро дар шакли мӯъҷазу дилнишин ифода намудаанд.

Шаклҳои нави шеърӣ. Гулназар аз шаклҳои нави шеърӣ бештар ба бандҳои чаҳормисраъгӣ майл дорад. Ва дар шеъри озод низ кӯтоҳбаёниро меписандад. Шоир кӯшиш дорад, ки фикр ҳарчи мӯъҷаз ва фарогир ифода ёбад, то хонанда дар сари ҳар мисраъ андеша кунад. Таваҷҷӯҳ шавад ба шеъри «Ниёиш», ки ҳамагӣ аз се мисраъ иборат аст:

Эй Ватан,

Аз ту бихоҳам лаби ноне,

Ки набандад лаби ман.

Хонанда баъди андешаи амиқ мазмуни баланди ватанхоҳии шеъри мазкурро дарк менамояд: қаҳрамони лирикии шоир Ватанро холисона ва аз рўйи меҳр васф менамояд ва аз Ватан лаби ноне хоҳиш карданаш барои он аст, ки ногоҳ аз бемадорӣ лабаш аз тавсифи диёр хомӯш намонад.

Мавзӯъҳои ашъори лирикии Гулназар васеъ ва густурда мебошанд. Аз ҷумла, мавзўъҳои ватану ватандорӣ, ишқу муҳаббат, сулҳу дӯстӣ, кўшишу кор, баҳору ҷавонӣ сар то сари ашъори Гулназарро фаро гирифтаанд. Шоир кўшидааст, ки ҳар мавзўъро бо ҷилои тоза манзури хонанда намояд. Гулназар ҳанӯз дар синни 18-солагӣ деҳаи кўҳии хешро бо суханҳои самимӣ ва хотирмоне васф кардааст, ки хонандаро ба ваҷд меорад. Шеъри «Лаълии пур аз неъмат» ҳамагӣ аз ду байт иборат аст:

Деҳаам дар домани кӯҳпораест,

Ҳамчу лаълии пур аз шаҳду шакар.

Кўҳ гўйӣ дар каф онро дошта,

Марҳамат гӯяд ба ҳар як раҳгузар.

Деҳа ба лаълии пур аз шаҳду шакар монанд шудааст ва кӯҳ чун инсони саховатпеша тасаввур гардидааст, ки ин лаълиро ба каф гирифта, ҳосили ранҷи худро ба раҳгузарон пешкаш менамояд. Чунин тасвирҳои мушаххасу табиӣ, ки гувоҳи истеъдоди фитрии Гулназар мебошанд, дар «Кӯҳсорам, қарори ман бингар», «Дар он марзе», «Замини мо», «Тоҷикистон ба кӣ ҳамсон аст», «Таронаи бозгашт» барин шеърҳои ватанхоҳонаи шоир боз ҳам дилкашу мафтункунанда ҷило медиҳанд.

Мавзӯи ишқу муҳаббат дар шеърҳои «Эй ишқ», «Масҷиди ишқ», «Гулдухтарони Душанбе», «Духтари субҳ» ва як қатор рубоиву дубайтӣ ва ғазалиёти Гулназар ҷолибу саҳеҳ ифода ёфтааст. Ишқ дар тасвири шоир гавҳари муқаддас, воситаи покию мубарроӣ ва камолоти маънавии инсон аст. Дар ғазали «Дили тангам ба оҳи ту намеарзад» тамоми воситаҳои тасвир чун вазни сабук (ҳазаҷи мусаддаси солим: V - - -/ V - - -/ V---), қофияи аслӣ (оҳ, роҳ, кулоҳ, нигоҳ…), радиф (ту намеарзад), тавсиф, муболиға ва тазод барин санъатҳои бадеӣ дар ифодаи мазмуни ошиқонаи шеър саҳм гирифтаанд. Дар матлаъ истифода шудани ҳамоҳангии калимаву таркибҳо ва боз як қофияи дигар ( тангам, сангам) ғазалро боз ҳам ҷолибтар намудааст:

Дили тангам ба оҳи ту намеарзад,

Сари сангам ба роҳи ту намеарзад.

Шукӯҳи осмонгири кулаҳдорон,

Ба як гарди кулоҳи ту намеарзад…

Дусад дафтар агар шеъри сафедам ҳаст,

Ба як холи сиёҳи ту намеарзад…

Макун пинҳон гуноҳи чашми мастатро,

Ки дунё бар гуноҳи ту намеарзад.

Қаҳрамони лирикии ашъори Гулназар шахси бедордил, зирак ва таҷрибадида мебошад. E аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бардошта, ба зиндагӣ ба дидаи ибрат менигарад. Ин аст ки дар шеърҳои Гулназар фикрҳои пандуахлоқӣ фаровон истифода шудаанд. Шоир аз рустани сабза дар рўйи қабри инсон маънӣ бардошта, ғанимат шумурдани умрро таъкид мекунад:

Ба саҳро рав, ки ин саҳро ғанимат,

Чароғи хандаи гулҳо ғанимат.

Замоне зери пойи сабза монӣ,

Туро ин сабза зери по ғанимат.

Умр ҳамон вақт қимат пайдо мекунад, ки агар он ба омӯхтани илму маърифат ва хизмати халқу ватан сарф шавад. Дар зиндагӣ ҳар кас бояд ҳушёр, зирак ва ҳамқадами замон бошад, вагарна умр гӯё ки ба хоб мегузарад. Гулназар аз маънои маҷозии калимаи хоб (ғафлат, бепарвоӣ) ва ташхиси калимаи дарё (дарё чун инсон нола мекунад) истифода карда, байти ҳикматноке офаридааст:

Вақте ки мардумон ҳама хобанд,

Баҳри кӣ нола мекунад дарё?

Ё худ дар байти зерин падидаи номатлуби гадоӣ хеле образнок мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст:

Эй дасти кушодаи гадоӣ, то чанд,

Борон нарасад ба сабзаҳои сари роҳ?

Дар ҳақиқат, гадоӣ ва талбандагӣ моҳияти иҷтимоӣ дорад ва агар зиёд шавад, боиси бадномии миллат ва ҷомеа мегардад. Зарур аст, ки ҳар шахси солим аз он парҳез намояд. Умуман, ашъори Гулназар хонандаро ба роҳи ахлоқи ҳамида ҳидоят менамоянд.

Ашъори ба модар бахшида

Дар шеърҳои «Модар», «Замин чун модари ман масти хоб аст», «Модари ҷаҳонгирам», «Нони гарме, ки меканӣ зи танӯр», «Дар раҳи охирин», «Ҳар шабат хоб мебинам», «Ману волидайн» модар самимона ва дилсӯзона ситоиш гардидааст.

Ашъори ба модар бахшидаи Гулназар дар шаклҳои мураббаъ ва шеъри озод дар давраҳои гуногуни фаъолияти эҷодии шоир суруда шудаанд. Шеъри «Модар» аз чор банди чаҳормисраъгӣ иборат мебошад ва дар он ҳолати модар дар мавриди гусели фарзанди баркамол тасвир меёбад. Шеър бо пухтани тӯшаи роҳ оғоз мешавад. Дар ин ҳолат модар хеле муносиб ба ахгар ташбеҳ мешавад:

Кунун вақти саҳар шуд, модари ман,

Бароям мепазӣ ту тӯшаи роҳ.

Чу ахгар тоб дорӣ, сӯз дорӣ,

Ки дар нон гармии худро гузорӣ.

Бо вуҷуди бо тамоми ҳастӣ омода намудани тӯшаи сафар гусели фарзанд барои модар басо душвор ва сангин аст. Изтиробу ошуфтаҳолии ӯ дар банди мақтаъ ба тавассути такрори калимаи хомӯш ва таркибҳои чашмони тар ва чашмҳои интизор ифода ёфтааст:

Гуселам мекунӣ, хомӯш, хомӯш,

Панаҳ бинмуда чашмони тари худ

Фидои чашмҳои интизорат!

Назодӣ охирам танҳо бари худ…

Дар шеъри «Модари ҷаҳонгирам» тарафи дигари бузургии модари тоҷик ва ба модарони тамоми дунё ҳамтақдир будани ў ба тасвир омадааст. Шеъри мазкур аз нўҳ банди чаҳормисраъгӣ иборат буда, қофияи бандҳо ба тарзи ббба, ввва, ггга… сохта шудаанд. Яъне, се мисраи ҳар банд қофияи алоҳида дошта, дар ҳамаи бандҳо мисраи чорум дар шакли Модарам, модари ҷаҳонгирам такрор ёфтааст. Мисраи такрор ё васила бандубасти шеър ва муносибати маънавии бандҳоро таъмин намудааст. Шоир аз маънои рамзии калимаи «ҷаҳонгир» истифода карда, мавқеи ҷаҳонии модарро нишон додан хостааст. Дар ин ҳолат мафҳуми ҷаҳонгирии модар бар хилофи амали ҷаҳонгирони воқеист:

Сад Сикандар ба пеши ту ҳеҷ аст,

Фавқи лашкар ба пеши ту ҳеҷ аст,

Теғу ханҷар ба пеши ту ҳеҷ аст,

Модарам, модари ҷаҳонгирам.

Гулназар ба воситаи талмеҳу муболиға (Сад Сикандар ба пеши ту ҳеҷ аст) барин воситаҳои тасвир баландии мақоми модарро нисбат ба яке аз ҷаҳонгирони ҳарис – Искандари Мақдунӣ (356-323 то м.) таъкид менамояд. Модар «дасти ларзон», «дили пурармон» ва «чашми гирён» дорад. Бо вуҷуди ин, Искандар бо ҳамон тавоноӣ, фавҷи лашкар ва яроқу аслиҳа қувваи ҷаҳонгирии модарро надорад.

Дар бандҳои минбаъда роҳҳои ҷаҳонгирии модари тоҷик тасвир меёбанд. Қувваи ҷаҳонгирии модар дар оҳкашию дарду доғи ӯст, ки дар ҳама ҷо асар доранд. Фарзандҳои ӯ дар гӯшаҳои мухталифи олам ба мукобили душманони молу ҷони инсонӣ пайкор карда ҳалок гардидаанд ва модар ба ин восита дар тамоми дунё иртибот пайдо кардааст. Ин маънӣ ба воситаи таркибҳои маҷозии нури чашм, пораи дил ва рӯҳи гирён (фарзанд дар назар аст) ва талмеҳҳои Лаҳистон, Олмон ва Фаронса хеле муносиб ифода ёфтааст:

Нури чашми ту дар Лаҳистон аст,

Пораи дил ба хоки Олмон аст.

Рӯҳи ту дар Франса гирён аст,

Модарам, модари ҷаҳонгирам.

Бузургӣ ва безаволии модари тоҷик махсусан ба тавассути тасвири хаёлҳои ширин (бибӣ шуд келини хаёлии ту, танг шуд хонаҳои холии ту), муносибат ба мактубҳои ёдгорӣ (номаҳо кӯҳнаву ғами ту ҷавон) ва истодагарии ӯ дар интизори фарзанд (кӯр гаштӣ, валек раҳпоӣ) равшану возеҳ ифода ёфтааст. Дар банди мақтаъ моҳияти ҳақиқии ҷаҳонгирии модар ҳунармандона ҷамъбаст гардидааст. Шоир ба воситаи тобишҳои маъноии калима ва таркибҳои рехтаи рӯсиёҳ1, куштаи оҳ, ҷаҳони зинда ба гунаҳгории ҷаҳонгирон назди модар ишора карда, вориси ҳақиқии дунё модарро медонад:

Ҳар ҷаҳонгир рўҳсиёҳи туст,

Куштаи пургуноҳи оҳи туст.

Ин ҷаҳон зинда дар паноҳи туст,

Модарам, модари ҷаҳонгирам.

Шеъри «Нони гарме, ки меканӣ зи танӯр» ҳаҷман калон нест. Ин шеър аз шаш банди чаҳормисраъгӣ иборат буда, ҳар банд қофияи абвб дорад. Гулназар кӯшиш намудааст, ки дар шеър чанд хислати зотии модари тоҷикро мавриди тасвири бадеӣ қарор диҳад ва баъди тасвири одатҳои меҳмоннавозӣ ва серфарзандии модари тоҷик шеър чунин ҷамъбаст шудааст:

Бод равшан ситораи бахтат,

К-аз ту равшан ситораи тоҷик.

То ту ҳастӣ, ҳамора меҷунбад,

Дар замин гоҳвораи тоҷик.

Гулназар ба воситаи тасвирҳои маҷозиву рамзии ситораи бахт, ситораи тоҷик, гоҳвораи тоҷик ва таносуби калом (ситора, равшан, мазор, гоҳвора, ҷунбидан, замин) ба тасвир қувваи баланди ифоданокӣ ато намуда, мақоми модарро дар зиндагии орому осудаи фарзандон нишон додааст. Махсусан, ба ҷунбидани мунтазами гаҳвора нисбат додани ҷараёни мӯътадили зиндагии халқи тоҷик зарурат ва шарофати ҳастии модар – гаҳвораҷунбонро ба таври барҷаста ифода намудааст.

Шеърҳои ба модар бахшидаи Гулназар заминаи воқеӣ дошта, ба ҷараёни зиндагии шоир пайвастагӣ доранд. Аз ин ҷиҳат, «ҳар шабат хоб мебинам», ки дар шакли шеъри озод эҷод гардидааст, ҷолиби диққат аст. Ин шеър аз чор банди семисраъгӣ ва ду банди панҷмисраъгӣ иборат буда, мисраъҳои охири ҳар банд ҳамқофия мебошанд:

Ҳар шабат хоб мебинам, -а

Ки ҳарири симгуни саҳоб3 ба бар, -б

Аз миёни себзори шукуфта мегузарӣ. – в

Боди бомдод мекунад пар-пар - б

Барги гулҳову сарандози сафеди туро –г

Ва ту ошуфта мегузарӣ. – в

Дар боғи биҳишт ошуфтаву бехоб ва ноором будан рамзи он аст, ки модар баъди марг ҳам рўҳан ҳамроҳи фарзанд буда, аз ғами бозмондагонаш озод нест. Худафрўзиҳои модар ба хотири фарзанд ва пайванди ногусастании онҳо дар банди хотимавӣ ба воситаи таркибҳои марги нобаҳангом, хобҳои дурўғин, розҳои нуҳуфта равшану возеҳ тасвир ёфтаанд:

Ё дурӯғ аст марги нобаҳангомат,

Ё ки хобҳои ман дурӯғинанд…

Розҳои нуҳуфта мегузарӣ…

Мавқеи воситаҳои бадеӣ

Чи хеле ишора гардид, дар ашъори Гулназар воситаҳои тасвири бамавқеъ ва устокорона истифода шудаанд. Дар ашъори тасвир шоир таносуби сухан қавӣ буда, калимаву таркибҳо дар ҷои худ ва дар муносибати комили якдигар истифода шудаанд. Як шеъри ватанхоҳонаи шоир чунин ҷамъбаст шудааст:

Дар он марзе, ки шоирҳои мо бо сабза ҳамрозанд,

Бигуфтӣ: «Як замонат ҳаст ин ҷо навбати хуфтан».

Чи бемаргист, зери чанбари гардуни бобоӣ

Баҳорон аз замин рӯидану бо ғунча бишкуфтан.

Дар ин порча калима ва таркибҳои марз, замин, сабза, шоир, беморӣ, ҳамроз, замон, гардуни бобоӣ, баҳор, рӯидан, ғунча, бишкуфтан байни худ муносибати комил доранд ва барои тақвияти ҳамдигар хизмат намуда, зикри яке зикри дигареро талаб мекунад. Шоир гуфтан мехоҳад, ки дар хоки Ватан мурдан барои ҳар ватандор хушбахтист. Дар ифодаи малеҳу дилкаши фикр ҳам калимаҳои ҳамнисбат ва ҳам маҷозу тазод (баҳорон аз замин рӯидани марҳум, хуфтан, рӯидан) барин санъатҳои бадеӣ саҳм гирифтанд.

Гулназар аз мақолу зарбулмасал ва афоризмҳои халқӣ мувофиқ истифода мекунад. Дар порчаи зерин шоир маънии ҳикмати «гандум корӣ, гандум бидравӣ, ҷав корӣ -ҷав»-ро тағйир дода, фикри ҷолибу пандомез баён намудааст:

Бубояд ҳамчу об омад ба ҷунбиш,

Ки бахшояд ба гул ҳусни табассум.

Агар бар қасди мо ҷав кишта буданд,

Зи хоки мо дамад амвоҷи гандум.

Дар ин порча табиати некбинона ва хайрхоҳонаи халқи тоҷик, ки бо вуҷуди озорҳои пайдарпайи бадхоҳон танҳо некию некӯкориро салоҳ медонад, таъкид ёфтааст. Ё худ бо тағйир додани маънои ҳикмати «кўри хешу бинои мардум» зарурати масъулиятшиносии ҳар фардро дар ҷомеаи инсонӣ басо ҷолиб баён намудааст:

Ғайри ман нуқсе надорад зиндагӣ,

Ин манам кӯри касу бинои хеш!

Гулназар шоирест, ки ба зиндагӣ назари амиқ дорад ва воқеъбинона аз ҳодисаҳои сершумори давр хулосаҳои мӯътамади бадеӣ мебардорад.

Дида шуд: 3


2020 SHOIR.TJ